"Насими Исфара", № 43, от 8 декабря 2021 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 43 (9412) *** Чоршанбе, 8. 12. 2021

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Б

Аз қабули раиси шаҳр Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандонро баргузор намуд.

Б

аҳоваддин Баҳодурзода қабл аз оғози қабул зикр дошт, ки қабули шаҳрвандон дар партави сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, ҳадафи он баррасии масъалаҳои муҳимми сокинон ва ҳалли саривақтии онҳо мебошад. Боиси зикр аст, ки дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр сокинон бо масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, муаммоҳои оилавӣ, кумакҳои моддию молиявӣ пазируфта шуданд. Раиси шаҳр дар суҳбат бо сокинон иброз дошт, ки роҳбарияти шаҳр ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва арзу шикояти сокинон сари вақт омӯхта шуда, мушкилоти иҷтимоӣ бартараф карда мешавад. Баҳоваддин Баҳодурзода аз қабули шаҳрвандон натиҷагирӣ намуда, ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супориш дод, ки ба ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон эътибори зарурӣ дода, мушкилоти онҳоро сари вақт ҳал намоянд.

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия мебошад. Фаъолияти Вазорати молия аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар бахши молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Вазорат бар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди ҳуқуқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва Низомномаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Ҳамасола санаи 7 декабр дар кишвар Рӯзи кормандони мақомоти молия таҷлил карда мешавад. Вазорати молия дар Тоҷикистон

а ин муносибат раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин ба қароргоҳи дастаи таъиноти махсус ташриф оварда, дар чорабинии идона онҳоро ба Рӯзи касбиашон муборакбод намуд. Аз ҷумла зикр кард, ки Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсия дар набарду муборизаҳои вазнин аз мактаби шуҷоату мардонагӣ ва имтиҳону озмоишҳои сангин гузашта, донишу маҳорат ва малакаи касбӣ, шаклу усулҳои мухталифи кории худро такмил дода, бо техникаву таҷҳизоти муосир таъмин гардидааст ва имрӯз ба як ниҳоди боэътимоди таъминкунандаи амнияти кишварамон табдил ёфтааст. Бахусус нақши онҳо дар вазъи мураккаби имрӯзаи ҷаҳон ва раванди ҷаҳонишавии бошитобу ҳимояи марзу бум хеле равшан ва муҳим аст. Сипас, дар вазъияти тантанавӣ як қатор кормандони Дастаи таъиноти махсус бо Сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд. Дар рафти чорабинӣ намояндаи ВКД ҶТ ҳузуру баромад дошт ва як зумра кормандонро мутобиқ бо Фармони вазири корҳои дохилӣ бо нишони сарисинагӣ ва Ифтихорномаву медалҳо сарфароз гардонид. Барномаи фарҳангӣ қисмати дигари чорабинӣ буд.

Сипари боэътимоди Ватан Рӯзи таъсисёбии Воҳидҳои таъиноти махсуси милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид.

Исфара: бо як ҷумла

мубориза алайҳи хушунат дар оила” таҳти сарпарастии бевоситаи сардори ШВКД 2-и шаҳри Исфара барои муассисаҳои Раиси шаҳр Баҳоваддин ҷоизасупории дастаҳои ғолиб духтарони ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ Баҳодурзода кормандони ва футболбозони беҳтарини Раёсати молияро бо Рӯзи иди мусобиқаи ҷумҳуриявии “Тӯби ва Сурх озмуни "Зиндагӣ бе соҳавиашон таҳният гуфта, чармин-2021” доир гардид, ки зӯроварӣ " гузаронида шуд. *** пешқадамонро бо Сипоснома дар он дастаи МТМУ № 38 аз Дар Исфара аксияи тозагӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ шаҳри Ифара ҷойи дуюмро таҳти унвони "Мо ҷавонон қадршиносӣ кард. ишғол кард. Тоҷикистони маҳбубамонро *** *** сабзу хуррам мекунем" шуда Дар шаҳри Исфара ҳамоиши Дар Коллеҷи тиббии “Парчамат бодо парафшон, шаҳри Исфара тибқи нақшаи гузашт. *** Тоҷикистон!” доир шуд, ки дар он тасдиқгардидаи Мақомоти Дар МТМУ № 39-и Ҷамоати муовини раиси шаҳри Исфара иҷроияи ҳокимияти давлатии Лаккон барои Бобоиён Мадина, роҳбари шаҳри Исфара мубоҳисаи деҳоти гурӯҳи ҷавонони "Авангард" кураторӣ дар доираи маъракаи омӯзгорону волидайн чорабинӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон умумиҷаҳонии "16 рӯзи дар мавзӯи "Неруи омӯзгор дар Фирӯз Қодиров иштирок ва мубориза алайҳи хушунат дар пешрафти ҷомеа" дар доираи лоиҳаи "Рушди деҳаҳои суханронӣ намуданд. оила" баргузор гардид. осоишта" баргузор гардид. *** *** Дар шаҳри Хуҷанд маросими Бахшида ба “16 рӯзи

7 декабр - Рӯзи кормандони мақомоти молия

ва 3 нафар кормандони техникӣ фаъолият мекунанд: Нозимҷон Ҳомидов – сардори шуъбаи Раёсати молия; Мунаввархӯҷа Азизов – Вазорати молия дар рушди и.в.сардори шуъбаи Раёсати иқтисодиёти ҷумҳурӣ умед аст, ки молия; Тоҷикистон ба сафи кишварҳои Бурҳонхӯҷа Умаров – мутараққии дунё мепайвандад. сармутахассиси Раёсати молия; Тӯли фаъолияти пурсамари Раънохон Қаюмова худ Вазорати молияи кишвар сармутахассиси Раёсати молия; ба афзоиши сол ба соли Анварҷон Қосимов – буҷети давлатӣ, зиёд намудани мутахассиси пешбари Раёсати даромадҳои воқеии аҳолӣ, молия; инкишоф додани молияи Миҷгона Юлдошева давлативу пешбурди сиёсати мутахассиси пешбари Раёсати молиявӣ ва истифодаи оқилонаи молия; захираҳои мавҷуда ноил гардид Ҳабибахон Комилова ки ин муваффақиятҳо бешубҳа мутахассиси Раёсати молия; ба некуаҳволии мардум мусоидат Наргис Аъзамҷонова намудаанд. мутахассиси пешбари Раёсати Дар раёсати молияи шаҳри молия; Исфара аз рӯи басти вазифавӣ Зебо Саидова – сармутахассиси 18 нафар хизматчиёни давлатӣ Раёсати молия.

Молия сутун давлат аст соли 1924 таъсис ёфта, имрӯзҳо 97 сола мешавад. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ ва гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозоргонӣ мақсаду вазифа ва уҳдадориҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон куллан тағйир ёфта, системаи молияи давлатӣ мувофиқи сохтори нав ташкил карда шуд. Вазорати молия сиёсати андозу буҷетиро суботкорона пеш мебарад ва дар рушди иқтисодиёт нақши арзанда дорад. Муътадилии молиявӣ бошад, дар ҳама давру замонҳо омили асосии устувории давлат ба ҳисоб меравад. Бо саҳмгузории бевосита ва арзишманди

ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ! Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар асоси фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандоне, ки аз ҷои истиқомат (аз Исфара ба Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои кишвар) ба сафар мебароянд, бояд бо худ сертификати ваксинатсияи COVID-19-ро дошта бошанд. Дар ҳолати надоштани сертификат идома додани сафар ғайриимкон аст. МДНСЭ шаҳри Исфара. Вазифаи асосии Раёсати молия: - Таҳияи лоиҳаи буҷети шаҳри Исфара барои соли минбаъда; - Назорати маблағгузориҳо аз болои ҳамаи муассисаҳои буҷетии шаҳр; - Таъмини саривақтии пардохти музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ; - Корбарӣ дар самти иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет; - Пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ; - Назорати истифодаи мақсаднок ва сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ ва ғайраҳо. Х.АБДУШУКУРЗОДА, сардори Раёсати молияи шаҳри Исфара.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.