Ба ифтихори 40-солагии осоишгоҳи «Зумрад» ва 80-солагии табиби ҳозиқ, шодравон Мирзо Олимов Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
ИСФАРА
Оғози нашр 24 апрели соли 1932 ***
№ 43 (9124) ***
Панҷшанбе, 08. 10. 2015.
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА қаламрави кишвар, балки дар хориҷи он маъруфият пайдо кунонад. Шодравон Мирзо Раҳимович ҳамзамон мураббии муваффақе буд ва дар баробари исму насаби ин бузургмард номи неки кормандони соҳибтахассусу заковатманди он Восидов Зоирбой, Шодиев Каримбой, Ҳомидов Болтабой, Зоидбоев Зуҳурулло, Ҷўраев Содиқ, Эргашев Хурсанд, Довудов Мирбаҳо ва даҳҳои дигар ҳанӯз аз замони шӯравӣ вирди забонҳо гашта буд. Мирзо Олимов ҳамчун шахсияти донишманд ва дар як вақт илмҷӯву эҷодкор муаллифи зиёда аз 50 мақолаҳои илмию оммавӣ, се китоби алоҳида ва ду филми мустанад андар ситоиши «Зумрад» буда, ба узвияти Иттифоқи журналистони Ҷумҳури пазируфта шудааст. Баъд аз ба нафақа рафтани Мирзо Раҳимович тайи чандин сол сардухтурии шифогоҳро Восидов Зоир Воситович ба зимма дошт. Боиси қаноатмандист, ки имрӯз сарварии осоишгоҳро фарзанди нек тарбиятдидаашон Олимов Зафар Мирзоевич муваффақона пеш мебарад.
Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, раиси шаҳр:
“ЗУМРАД” – ОИНАИ ПУРЧИЛОИ ИСФАРА
Далелҳо ва шаҳодати пирони кор ба онанд, ки маҳз бо ташаббуси роҳбари вақти шаҳр Ортиқбой Қурбонов ҳанӯз соли 1970 барои бунёди як фароғатгоҳе баҳри кишоварзону мардуми меҳнатии Исфара иқдом рӯйи кор омада, аз 9 майи соли 1972 чун Хонаи истироҳатӣ расман ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ибтидо аз моҳи декабри соли 1975, ки табиби ҳозиқу шинохта ва дӯстдори асили тибби ниёгон Мирзо Олимов сардухтури осоишгоҳи байниколхозии «Зумрад» тасдиқ гардид, маҳз бо шарофати заҳматҳои бардавоми ӯ осоишгоҳ пайваста ташаккулу такомул ёфт. Ҳамин зайл, силсилаиншоотҳои муҳташами осоишгоҳи “Зумрад”, ки яке паси дигаре қомат афрохтанд, зодаи зеҳну тафаккур ва маҳсули эҷоду меҳнати накӯфарзандони диёр - Ортиқбой Қурбонов, Мансурҷон Умаров, Мирзо Олимов, Обидхӯҷа Собитов, Азизхӯҷа Қасимов, Ҳусейнхӯҷа Нуриддинов, ҳамчунин саҳмгузориҳои собиқ сарварони хоҷагиҳои кишоварзӣ - Шаҳобиддин Нуриддинов, Ҳамроҳхӯҷа Мукаррамов, Тӯрахӯҷа Каттаев ва даҳҳо дигарон маҳсуб меёбад. Ба гуфтори Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Таърих одамонеро бузург меҳисобад, ки ба халқ хизмат карда, ба мардум хушбахтӣ овардаанд” Хидмати бузурги фарзонамард Мирзо Олимов дар он аст, ки ӯ тавонист ҳамчун як сарвари соҳибтадбир натанҳо осоишгоҳро рушду нумӯъ бахшад, ҳамчун як сармеъмор ободу зеботар гардонда, ба макони воқеии фароғату табобат табдил бидиҳад, балки ҳамзамон ба ҳайси як минтақаи осоишгоҳӣ натанҳо дар
Осоишгоҳи Зумрад натанҳо мавзейи арзишманди таърихӣ, фароғатгоҳу макони шифобахш, балки қадамҷойи бузургоне чун Эмомалӣ Раҳмону Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзодаву Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шераливу дигар абармардони миллат, макони воқеии сулҳу ваҳдат ва дӯстиву рафоқати аҳли ҷомеа аст. Чун шаҳри Исфара дар масири таърих беш аз се ҳазор сол ба миллат хизматҳои бузургеро ба иҷро расонида омадааст, бояд, ки дар замони имрӯз низ дар марҳалаи навини таърихи соҳибистиқлолии кишвар ҳамон рисолати хешро ба анҷом расонад. Мо тасмим гирифтаем, ки тибқи дастуроти Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи осоишгоҳи “Зумрад” ва дигар мавзеъҳои таърихиву хушманзараи деҳаҳои Воруху Чоркуҳ ва Сурх, инчунин дар ду соҳили дарёи Исфара ҷойҳои истироҳатӣ барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бунёд намоем. Итминони комил дорам, ки ҷомеаи тифоқи ”Зумрад”-и овозадор барои ба минтақаи беҳтарини сайёҳиву осоишгоҳӣ табдил додани шаҳри азизамон садоқатмандона хизмат хоҳанд кард. Бо чунин умедҳои нек чиҳилсолагии Осоишгоҳи маъруфи «Зумрад» ва ҳам 80-умин солгарди рӯзи мавлуди яке аз асосгузорони он, Ходими шоистаи сиҳатии оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, равоншод Олимов Мирзо Раҳимовичро ба кулли кормандони осоишгоҳ ва алоқамандону пайвандони онҳо муборакбод мегӯям. Ид муборак, дӯстони азиз!
ҚАДАМҶОИ БУЗУРГОН
Тамоми Тоҷикистонам туро медонад, эй «Зумрад», Дуои шукри дармони туро мехонад, эй «Зумрад». Назаргоҳи Худоиву қадамҷойи бузургонӣ, Худо нуру сафояшро ба ту боронад, эй «Зумрад». Ҳазору як агар дарде дар олам одамӣ дорад, Ҳавою обат аз ҷону танаш меронад, эй «Зумрад». Табибиву ҳакимиву ҳабибиву ҳалимиро, Ба амсоли пизишконат куҷо битвонад, эй «Зумрад». Надонад лаззати осоишу роҳат дар ин дунё, Агар коми дил аз ишқат касе настонад, эй «Зумрад». Дилашро монда меҳмонат зи ихлосу вафодорӣ, Равад аз доманат, доман намеафшонад, эй «Зумрад». Субҳиддин САЙФИДДИНОВ.
Осоишгоҳи «Зумрад» дар тӯли 40соли фаъолияташ ба яке аз калонтарин муассисаи серсоҳаи табобатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Таъсис, ташаккул, афзоиш ва нуфузи осоишгоҳи «Зумрад» ба меҳнати бедареғи фарзандони фарзонаи миллат вобаста аст. Хизмати бузурги собиқ сарпизишки осоишгоҳи «Зумрад» Мирзо Олимов дар он буд, ки ӯ тавонист дар ҷои зеботарини Ҷумҳурӣ осоишгоҳи дар ҳақиқат замонавиро бунёд созад. Осоишгоҳ тӯли фаъолият ба садҳо ҳазор беморони кишвар ва хориҷи он саломатӣ ато кард. Бо баробари фаъолияти табобатӣ
МАСКАНИ ТАБОБАТ ВА ДУСТИВУ РАФОКАТ Зафарҷон Олимов – сарвари кулли ҷамъияти саҳомии кушодаи «Осоишгоҳи Зумрад»
Осоишгоҳи «Зумрад»-и овозадорамон 40 сола шуд. Табиист, ки тӯли 20 соли роҳбарии табиби ҳозиқ Мирзо Олимов (Ёдашон ба хайр!) осоишгоҳ ба номи худ мувофиқ гардид, тибқи талаби замон ниҳоят ободу зебо шуд. Биноҳои хуштарҳи якум ва чорум, қасри «Шифокорон», чойхонаи машҳури «Сино», осорхонаи тибби қадим, ошхона ва боз бисёр нуқтаҳои ёрирасон, роҳраву гулгаштҳои назаррабо ба ҳусни он ҳусн зам намуданд, барои кормандон хонаҳои истиқоматӣ сохта шуданд. Мояи ифтихор аст, ки дар маросими кушодашавии осорхонаи тибби қадим соли 1994 Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкати бевосита доштанд. Расми чойхонаи «Сино» асъори миллии моро зеб медиҳад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо баробари вусъати корҳои тармиму ободонӣ шаклу усулҳои ташхису табобат куллан такмил ёфтанд. Таҷҳизотҳои навтарини тиббӣ омодаи хизмати мизоҷон гардид. Аз оғози фаъолият то имрӯз зиёда аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони дохилу хориҷ дар оғӯши гарми осоишгоҳ саломатии худро барқарор карданд. Ҳамарӯза 300 нафар кормандон, аз ҷумла 24 нафар духтурони соҳибдараҷа, ки се нафарашон номзади илм ҳастанд, 56 нафар ҳамшираҳои шафқати дар муомилаву муошират намуна ба табобатгирандагон хизмати шоиста мерасонанд. Бояд тазаккур диҳам, ки китобхонаи осоишгоҳ дорои 7 ҳазор нусха китоб
буда, матбуоти даврии тозанашр ҳамеша дастрас аст. Вохӯриҳои пайваста бо ходимони илму адаб, дигар шахсиятҳои машҳур, ташкили консерту намоишномаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ ва сайру сайёҳат ба мавзеъҳои таърихии шаҳру вилоят ҳукми анъанаро гирифтааст. Дар интиҳо аз номи роҳбарияти осоишгоҳ собиқадорони шӯҳратманд, табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат ва кулли ҳаводорони осоишгоҳи барои ҳамаамон азизро бо ҷашни камолоти ин даргоҳи мӯътабар самимона табрик намуда, ба ҳамаи онҳо пеш аз ҳама тани сиҳату хотири ҷамъ ва баҳри хизмати софдилона ба мардуми кишвар ва меҳмонони азиз қуввату ғайрати тоза таманно менамоям. Ид муборак, ҳамкасбони арҷманд!
КАЛОНТАРИН МУАССИСАИ ТАБОБАТИ Нусратулло САЛИМОВ – вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
инчунин саҳми худро дар пешрафти илми курортшиносии Ҷумҳурӣ гузаронида, ба як мактаби пешқадами илми курортшиносӣ табдил ёфтааст. Дар ин муддат зиёда аз 200 мақола ва корҳои илмии олимон ва табибони осоишгоҳ дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар ва берун аз он дарҷ шудаанд. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳли ҷомеаи меҳнатии осоишгоҳи
«Зумрад»-ро ба муносибати 40 солагии таъсисёбӣ ва 80-солагии асосгузори осоишгоҳ, устоди зиндаёд Мирзо Олимов табрику таҳният намуда, итминон дорад, ки он минбаъд ҳам дар солимгардонии мардуми Тоҷикистони азизамон, тарбияи кадрҳои соҳаи курортшиносӣ ва пешрафти илми курортология саҳми арзандаи худро мегузорад.