Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 42 (9325) *** Панҷшанбе, 05.12. 2019.
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Иштироки Пешвои миллат дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Д
ар вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахустин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Туркманистон Гурбангули Бердимуҳаммедов ширкат варзиданд. Сарони давлатҳо аҳамияти Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид карда, маҷмӯи васеи масоили мубрами ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла дурнамои ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории кишварҳои минтақа, рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамгироӣ дар бахши илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ ва масъалаҳои амнияти минтақавиро баррасӣ карданд. Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои пазироии самимӣ ва ташкили сатҳи баланди вохӯрӣ изҳори сипос намуданд. «Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдори таҳким ва рушди муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикии байни давлатҳо мебошад» изҳор доштанд Сарвари давлат. Таъкид гардид, ки натиҷаи машварати созанда бори дигар мавқеи наздики давлатҳоро оид ба таъмини ҳамгироии минтақавӣ ва беҳсозии вазъи зиндагии мардумони кишварҳо муайян менамояд. Президенти мамлакат соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ,
кишоварзӣ, бахшҳои гуногуни саноат, рушди инфрасохтори нақлиётию коммуникатсионӣ, истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои обии минтақаро аз самтҳои муҳимми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ карданд. Зимни суханронӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сарони давлатҳои Осиёи Марказиро ба ҳалли масъалаҳои глобалии тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ ҷалб карданд. Дар Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин масъалаҳои таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Аз рӯи натиҷаи Вохӯрии дуюми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Изҳороти муштараки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Дастури корӣ оид ба ташкили Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид. Дар охири вохӯрӣ ҳамчунин раисӣ дар Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал ба таври гузариш ба муҳлати се сол, шурӯъ аз соли 2020 ба Тоҷикистон гузашт. Дар ин зимн сарони давлатҳо номзадии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ карда, қарори Хазинаи Байналмилалии наҷоти Аралро ба имзо расониданд. Бо ин қарор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Раиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал интихоб гардиданд.
Дар маҷмааи фарҳангиву фароғатии "Ориён" таҳти унвони "Занон нерӯи ояндасози ҷомеа" Форуми бонувони Исфара баргузор гардид, ки дар он раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин ширкат ва суханронӣ кард.
Н
ахуст ширкатдорон имкон доштанд аз намоиши дастранҷи ҳунармандони халқӣ, аз ҷумлаи занон, ки бо номи "Дастони пурэъҷози модар" дар даромадгоҳи макони баргузории ҳамоиш ороста шуда буду аз маҳорату истеъдоди баланди бонувони Исфарамарз шаҳодат медод, боздид ба амал оранд. Дар маросими ифтитоҳи форуми бонувон, ки таҳти раёсати муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён сурат гирифт, шаҳрдори Исфара Саломзода Сиҷоуддин баромад намуда, бо баробари муборакбодии ҳозирин ва орзумандии комёбӣ ба кори форум, бо маъние зикр кард, ки имрӯз занон ва духтарони кишвар бо истифода аз шароити созгори фароҳамовардаи давлат таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи навини Тоҷикистон соҳибмақом гардида, бо масъулияти зиёд арзишҳои оиладорӣ, инсонӣ ва миллиро гиромӣ медоранд. Дар асл ободиву суботи ҷомеа аз оилаи солим вобастагӣ дошта, ҷавҳари ободии ҳар хонадон аз сатҳи маънавиёту маърифати зан - модар сарчашма мегирад. Маврид ба зикр аст, ки алъон мувофиқи маълумоти оморӣ шумораи умумии аҳолии шаҳри Исфара 270 ҳазору 720 нафар буда, аз он 134 ҳазору 307 нафарро занон ташкил медиҳанд. Шумораи аҳолии қобили меҳнат айни ҳол беш аз 172 ҳазор нафар буда, аз он 83 ҳазор нафар занон мебошанд. Дар байни кадрҳои роҳбарикунанда 8 нафар занон сарварии раёсату идораҳо, шуъбаҳову бахшҳои
"2019-2021 - Cолҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ"
Озмуни ҳунармандон Дар маҷмааи фарҳангии “Ориён” озмуни шаҳрӣ байни ҳунармандон оид ба истеҳсоли маҳсулотҳои сайёҳӣ ва армуғони беҳтарин доир гашт. Озмуни мазкур дар доираи тадбирҳо бахшида ба “2019-2021 - Солҳои рушди деҳот сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо
Бошандагони маҳаллаи “Сайфи Исфарангӣ” солҳои зиёд орзу доштанд, ки маҳаллаи худро ободу зебо бубинанд. Хусусан кӯчаи Абдуллоев, ки солҳои сол мардум партовгоҳи сунъиро ба вуҷуд оварда буданд, як муаммои сарбастае мемонд. Сокинон борҳо талош намуданд, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти давлатӣ мушкилоти ба миён омадаро ҳаллу фасл намоянд, вале мушкилот ҳалношуда боқӣ монд. Баъди Саломзода Сиҷоуддин ба вазифаи раиси шаҳр таъин гардидан дар як муддати кӯтоҳ натанҳо кӯчаи Абдуллоев озода шуд, балки симои маҳаллаи "Сайфи
мақсади тақвияти ҳисси ватандўстӣ, мусоидат ва тавсеа бахшидани эҳсоси худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан, арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни халқи тоҷик, фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ, фарҳангӣ ва дастгирии
Баёни меҳр
Сарбаланд бошед, раис! Исфарангӣ" ба кулли тағйир ёфт. Имрӯз кӯчаву маҳалла чароғон асту пиру барно дуои ҷон раиси шаҳрро мекунанд. Зеро шаҳрдор воқеан ҳам раиси мардумӣ асту
Форуми бонувони Исфара мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро ба ӯҳда дошта, 2 нафар ҳамчун муовинони раис ва 4 нафар ба сифати котиби ҷамоатҳо фаъолият мебаранд. Дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз 157 нафар хизматчиёни давлатӣ 50 нафарро занон ташкил медиҳанд. Агар шумораи занони роҳбарикунанда дар ҳамаи зинаҳо то соли 2005 189 нафар бошад, пас ин нишондод дар соли 2016 290 нафар ва дар соли 2019 304 нафарро ташкил дод. Шумораи занони роҳбар дар мақоми хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр агар соли 2015 6 нафар бошад, пас ин нишондод соли равон ба 10 нафар расидааст. Имрӯзҳо 2163 нафар дар соҳаҳои маориф, 2655 нафар дар соҳаи тандурустӣ, 826 нафар занон дар соҳаи саноат, беш аз 7500 нафар дар соҳаи кишоварзӣ ва 2500 нафар дар соҳаҳои савдою хизматрасонӣ босамар меҳнат мекунанд. Ин ҳама рақамҳо ва нишондодҳо аз соҳиби мақому мартабаи хос будан, инчунин аз пайваста болоравии эътибору нуфузи занон дар мақомоти қонунгузору намояндагӣ, ҳокимияти давлатӣ ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шаҳодат медиҳанд. Минбаъд сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Хуршеда Хоҷазода ва собиқадори меҳнат, ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова низ бо тақвияти фикри шаҳрдор вобаста ба нақши зан дар ҷомеа, беш аз 150 нафар фаъолзанони ҷамъомадаро сидқан шодбош гуфтанд. Қобили тазаккур аст, ки мақсад аз ташкилу баргузории ин маҳфил, ки бо ҳидояти раиси шаҳри Исфара
соҳибистеъдодон гузаронида шуд. Дар озмун ҳунармандон, рассомон ва ширкатҳои сайёҳӣ иштирок намуда, маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи худро ба бинандагон пешкаш карданд. Тибқи хулосабарории аъзои ҳакамон Музафаров Исмоилҷон - Корхонаи "Исфарафарфор" ҷойи аввал, Ортиқова Гулнора -зардӯз ҷойи дуюм ва ду ҷойи сеюмро Иномова Тилобат-корхонаи Нилуфар" ва Шодиева Маруфа - юрмадӯз ишғол намуданд. Ба ғолибон аз ҷониби раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоуддин бо Дипломҳои дараҷаҳои I, II, III ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тақдим карда шуд. ба арзи ҳар сокини он мерасад. Натанҳо сокинони маҳаллаи “Сайфи Исфарангӣ” балки аҳолии шаҳри Исфара аз фаъолияти ҳамарӯзаи шаҳрдор қаноатманданд, воқеан ҳам рӯз аз рӯз симои шаҳр зеботар шуда истодааст, биноҳои нав сохта мешаванд, гулгашту роҳравҳо гулпӯш мегардад. Мо, сокинони маҳаллаи “Сайфи Исфарангӣ” ба раиси мардумсолори хеш барои саҳмгузориаш дар ободии маҳалла самимона изҳори сипос менамоем. Ба Саломзода Сиҷоуддин барори кор ва саодати рӯзгор хоҳонем.
Саломзода Сиҷоуддин рӯйи кор омад, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинӣ ва такмили маҳорати роҳбарии ҷавондухтарон, табодули афкор ва таҷрибаву малака вобаста ба дарёфти роҳҳои саҳлгардонии муаммову мушкилоти дар ҳаёти бонувон ҷойдошта, ба ҳам овардани се насли занони соҳибмақоми Исфара буд. Кори форум дар ду бахш таҳти сарварии мудири бахши кор бо занон ва оила Шаҳло Абдуманнонова ва мудири бахши САҲШ-и шаҳр Муҳиба Ёқубӣ дар мавзӯъоти "Нақши занон дар идоракунии давлатӣ" ва "Занон нигоҳдорандаи пояҳои фарҳанги хонаводагӣ" сурат гирифт. Дар ҷамъбасти форум "Муроҷиатномаи ширкатдорони форуми занон ба сокинони шаҳру деҳоти Исфара" қабул карда шуд, ки дар он аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати ҶТ ҷонибдорӣ карда шуда, аз занону духтарон даъват ба амал оварда мешавад, ки бо истифода аз рисолати пурмасъули хеш барои таҳкими сулҳу субот, тарбияи фарзандони худогоҳу хештаншинос ва ватандӯсту ватанпараст, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, инчунин риояи муқаррароти қонунҳои миллӣ – “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳар яке саҳми арзандаи худро гузоранд. Дар анҷом таҳти унвони "Ҷавонбахту ҷаҳонороӣ эй зан" бо иштироки аҳли фарҳанги шаҳр барномаи рангини васфкунандаи Зан - Модар ва зиндагии осудаву ором манзури ҳозирин гардонида шуд.
Нишаст
Пешгирии зӯроварӣ дар оила
Вохурии гурӯҳи таблиғотии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара дар мавзӯи "Пешгирии зӯроварӣ дар оила" бо занони ҷамоати деҳоти Чилгазӣ баргузор гардид.
Д
ар вохӯрӣ муовини КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Ҷӯраева Гулафзо ва собиқадор Абдуллоева Сайёҳатхон иштирок ва суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандони кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҷавҳари Конститутсияи давлати ҳуқуқбунёди моро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки пешгирии зӯроварию хушунат дар оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад, ки ҳалли он дар маркази диққат ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат қарор дорад. Мутаассифона, имрӯз дар баъзе хонадон хушунат ва зӯроварӣ нисбати зан ва кӯдак ба “як қоидаи маъмулӣ” табдил ёфтааст. Бо истифода аз ҷисми қавӣ мардон зӯриву дағалиро истифода бурда, ҳамсари худро ҳатто дар пеши чашмони фарзандонаш зери мушту лағат қарор медиҳанд. Дар сурате, ки мард вазифадор аст оилаи хешро эҳтиром намояд, хушунатро нисбати зан раво надонад ва барои тарбияи фарзандони руҳану ҷисман солим фазои солимро муҳайё созад.