24 ноябр - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 41 (9410) *** Чоршанбе, 24. 11. 2021
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
«Парчами имрўзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Пешвои миллат Эмомалӣ РАҲМОН.
Парчам рамзи озодии миллат аст Дар баробари Нишон, Артиш ва пули миллӣ Парчам низ яке аз муқаддасоти миллӣ ва рукнҳои давлатдорист. Парчам баёнгари хусусият, ифшогари ниёзҳо ва инъикоскунандаи сарватҳои маънавию моддии миллат аст. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти воқеии Тоҷикистон буда, дар худ тамоми арзишҳои милливу мазҳабиамонро таҷассум намудааст. Парчам дар тӯли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдорӣ мақому манзалати пурарҷ доштааст. Вақте ки ба таърихи гузаштаи халқамон назар меандозем, возеҳ мебинем, ки ниёгонамон дар зери Парчам саф кашида, барои ҳимояи марзу буми хеш чӣ ҷонбозиҳо кардаанд. Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад. Аз ин рӯ эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва гузашта аз ин эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рўзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ҷашн гирифта шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти телевизиониашон ба муносибати Рўзи Парчами давлатӣ 23 ноябри соли 2009 қайд намуда буданд, ки «Парчами имрўзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳимми истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду
маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Дар Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъю кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамоянд. Ранги сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз - нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад. Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад. Итминони комил дорем, ки минбаъд низ ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвари тоҷик бо Парчами миллии худ ифтихор менамояд, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ ва озодиву истиқлоли Ватан ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои оянда мерос мегузорад. Бигзор Парчами давлатӣ, ки файзи Истиқлоли давлатӣ ва рамзи озодии миллати тоҷик аст, то абад партавфишон бошад!
Дар Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ аз тарафи соҳибкор Бобоев Абдуманнон ошхонаи таомҳои миллӣ ва маркази хизматрасонӣ бунёд ва дари худро барои муштариён боз намуд, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини раиси шаҳр Ҷ. Ҳайдарзода иштирок ва суханронӣ дошт. *** Дар толори бонки "Имон Интернешнл"-и Исфара бо ҷалби субъектони пешгирикунандаи Барномаи давлатӣ "Оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023" машғулиятҳои дурӯзаи омӯзишӣ доир шуд, ки мақсади он баланд бардоштани иқтидор, малака ва маҳорати субъектҳои пешгирикунанда буд.
Исфара: бо як ҷумла
Парчами давлатӣ озмуни шаҳрии "Тараннуми Ватан" бо *** мақсади дарёфти истеъдодҳои Дар шаҳри Исфара нави соҳаи санъати касбӣ, конференсияи вилоятии илмӣ- баланд бардоштани маҳорати амалӣ дар мавзӯи “Сайёҳии касбӣ, тақвият бахшидан дохилӣ - омили рушди ба маҳорати ҳунари рақс, иқтисодиёти кишвар” барпо гашт, сарояндагӣ, навозандагӣ ва ки ҳадафи он муаррифии ҷойҳои рассомӣ, ки тарғибу тараннуми сайёҳӣ ва баррасии масъалаҳои Ватанро доранд, баргузор марбут ба рушди сайёҳии дохилӣ шуда, дар он довталабон аз маҳсуб ёфт. рӯйи номинатсияҳои сарояндаи анъанавӣ, сарояндаи эстрадӣ, *** навозандаи анъанавӣ, Дар филиали Донишгоҳи навозандаи эстрадӣ, беҳтарин технологии Тоҷикистон дар рақси якка ва рассоми беҳтарин шаҳри Исфара бахшида ба Рӯзи маҳорату истеъдоди хешро Парчами давлатӣ конференсияи нишон доданд. илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Парчам – рамзи садоқат ва истиқлолияти *** миллӣ” доир шуд ва дар ҷараёни Дар китобхона - бахши Ҷамоати он директори филиал, номзади деҳоти Кӯлканд бо иқдоми мудири илмҳо М. Холиқзода вобаста ба китобхона Муродҷон Шокиров ва ҷойгоҳи парчам дар давлатдорӣ бо дастгирии фаъолони ҷомеаву баромад намуд. хонандагони китобхона осорхонаи мардумии деҳоти Кӯлканд расман *** ифтитоҳ ёфт, ки он дорои 347 Дар асоси қарори раиси нигораҳо буда, мансуб ба асрҳои шаҳр бахшида ба Рӯзи Х-XIX мебошад.
*** Корхонаи «БаракатИсфара» маҳсулоти худро дар 5-умин Саммити тиҷоратии байналхалқии Селангор-2021 ва намоиши байналмилалии маҳсулоти хӯрока ва нӯшокӣ, ки дар Малайзия таҳти номи “Фардо, имрӯз” баргузор шуд, дар қатори 500 корхонаҳои ҷаҳонӣ ба намоиш гузошт. *** Бино ба иттилои "Sputnik Тоҷикистон" сокини навраси деҳаи Сомониёни шаҳри Исфара Довудҷони Муҳаммад бегоҳии санаи 21 ноябри соли равон аснои ҷустуҷӯи чор сар чорвои калони шохдор мавриди ҳамлаи қирғизҳо қарор гирифтаву то ба ҳол чорво ба соҳибаш баргардонида нашудаасту ҷиҳати ҳалли масъала гуфтушунид бо иштироки масъулони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара ва Оқсойи Ботканд сари ин масъала дар марз идома дорад.
Дар ҳавои 90-солагӣ
Аз маймана то майсара Ҷашни мавлудат муборак? эй “Насими Исфара”, Қосиди пайку навиду тозаахбори сара. Мекунӣ чун оина моро ба худ ту инъикос, Воқиф аз вазъи ҷаҳон аз маймана то майсара. Қиссаю шеъри латифа-т бошаде ғизои рӯҳ, Саҳфаи пуробурангат гӯшаи хушманзара. Мактаби эҷодии садҳо суханвар гаштаӣ, Бар ҳаводорони шеъру навқалам маҳфилвара. Дар наваддум соли чопу интишору нашрҳо, Аз баёз аҳром гашту ёдгору пайкара. Бош ту дар рӯзгорон чун забони иттилоъ, Бо паёми рӯҳпарвар чун насими Исфара. Баҳроми СУРӢ.