41 2016

Page 1

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

ИСФАРА

Оғози нашр 24/04/1932 ***

№ 41 (9176) ***

Ҷумъа,

4 ноябри соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Дар иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ

Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр таҳти сарварии Дилшод Расулзода доир шуд. Дар он муовини раиси шаҳр Т. Файзуллоева дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Исфара, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Майдон» №14 А. Бобокаримов оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш баромад намуданд. Вакилон ҳамчунин масъалаҳои дигар, аз қабили оид ба номгузории объектҳои ҷуғрофӣ, дар бораи таъин намудани интихоботи вакил ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи қисми даромади буҷети маҳалии шаҳр дар семоҳаи сеюми соли 2016-ро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамзамон як қатор қарорҳои раиси шаҳрро тасдиқ карданд. Дар иҷлосия вобаста ба ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар кори иҷлосия иштирок ва дар назди ҳозирин вазифагузориҳо намуд.

Ҳамдиёрони арҷманд! Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари ормонҳои ҳазорсолаи мардуми тоҷик буда, самти инкишофи бебозгашти давлатдории миллати тоҷикро ба сӯи демократия ва бунёди давлати соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ муайян намудааст. Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади олии ҳуқуқиест, ки сарнавишт ва роҳи пешрафти ояндаи халқу давлатро дар тӯли даҳсолаҳо ва ҳатто садсолаҳо муайян мекунад. Чи хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсияи мо ба мисли чароғи раҳнамоест, ки ҷомеаро ба ояндаи нек раҳнамун месозад. Он меҳварест, ки тамоми нерӯҳои созандаи кишварро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун муттаҳид менамояд». Қабули Конститусияи Тоҷикистони тозаистиқлол тағйирнопазирии на танҳо шакли идора, балки моҳияти аслии давлатро дар ҳуқуқбунёдӣ, дунявият, иҷтимоӣ ва дорои низоми демократӣ будани он ифода намуд. Тавассути ин бахтномаи кишвар бо боварӣ метавон зикр дошт, ки алҳол дар кишвари азизамон, аз ҷумла шаҳри Исфара барои тавсеаи ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва иқтисодӣ шароитҳо мувофиқу созгор буда, марҳилаи тозаи пайкорҳои наҷиб, офарандагиву бунёдкорӣ, эҳёи ҳақиқии та-

Машқҳои муштарак

Машқҳои дурӯзаи байнисарҳадиии хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Исфара шуда гузашт.

Машқҳои муштарак бо мақсади санҷиши ҳамоҳангии нақшаи мудофиаи гражданӣ ва низоми ягонаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар мавзӯи «Амали сохторҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми офатҳои табиии байнисарҳадӣ» доир гардида, дар он 12 хадамоти мудофиаи гражданӣ, дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии вилоят ва зиёда аз 40 адад

Н/И

Роҳнамои пешрафт ва фардои нек Паёми табрикии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

маддуни миллӣ бо рӯҳияи баланди ватандорӣ идома дорад. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо эътирофи ҳастию амали Конститутсия мо ба дастовардҳои муҳими сиёсиву иқтисодӣ мушарраф шудем.Танҳо давоми соли ҷорӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони беш аз 60 иншооти муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ ва савдою хизмат- расонӣ далел аз волоияти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои шаҳрвандон дорад, ки аз Конститутсия бармеояд. Аз ин лиҳоз, солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти санаҳои тақдирсози халқу миллат ва кишвар – Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ барҳақ мавқеи хосаи ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоию маънавиро дорост. Ба шарофати қабули Конститутсия ва соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 1100 қонуни нав қабул ва мавриди амал қарор гирифт. Бо Конститутсия мо тавонистем рушду нумӯи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятию давлатиро дар Исфара таъмин намоем. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки Тоҷикистонро дар саросари олам

Дастовард

Пирӯзӣ дар озмуни вилоятӣ нақлиёту техникаҳои махсус ҷалб карда шуданд. Ҳайати наҷотдиҳандагони Қирғизистон низ бо 22 адад воситаи нақлиёт, 120 адад таҷҳизоту дастгоҳҳо ва зиёда аз 100 воситаи махсус ба макони баргузории машқҳо-шаҳраки Шӯроб ҳозир шуданд. Дар доираи машқҳо хадамоти ҳолатҳои фавқулоддаи ду кишвар амалҳои худро зимни сар задани офати табиӣ бо роҳандозии силсилаи чорабиниҳои иттилоотиву таблиғотӣ намоиш доданд.

Дӯзанда-тарроҳи исфарагӣ Зайнура Қодирова дар фестивал-озмуни вилоятии «Атласу адраси Суғд-2016» дар бахши либосҳои рӯзмарраи атласу адрас сазовори ҷои аввал ва 3000 сомонӣ мукофотпулӣ гардид.

Зайнура дар озмуни мазкур, ки дар МД «Кохи фарҳанги Суғдиён» баргузор шуд, либосҳои дӯхтаи идона, рӯзмарра, қадима ва кӯдаконаашро ба маърази тамошо гузошт ва ба баҳои баланди ҳайати ҳакамон му-

бо Конститутсияи тақдирсоз, мардуми заҳматпешаю меҳмоннавоз, бо табиати зебою афсонавӣ, обҳои зулол, кӯҳҳои осмонбӯс ва сиёсати сулҳҷӯёнаашон маълуму машҳур гардонанд. Ба шарофати истиқлолият ва тибқи Конститутсия мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ мебошем. Мутобиқи муқаррароти моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Меъёри муқаррарнамудаи Конститутсия ҳифзи Ватанро вазифаи ҳам конститутсионӣ ва ҳам маънавии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон намудааст. Ҳифзи Ватан, ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳудуди ҷуғрофӣ, сарвати табиӣ, пуштибонӣ аз маҳсули эҷодиву фарҳангии наслҳои пештара, фарҳанги аҷдодӣ ва мероси таърихиро дар назар дорад. Он ба хотири рушди давлати миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, амният ва иқтидори мудофиавии давлат, ободонии кишвар, ҳаёти хушбахтонаи наслҳои ҳозира ва оянда амалӣ карда мешавад. Итминони комил дорам, ки ҷавобан ба ғамхориву та-

шарраф шуд. Дар пешниҳоди либосҳои шинаму зебои атласу адрас гулдухтарони Исфара-донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр Саида Абдуқаюмова, Шабнам Юсуфова, толибагони мтму №1 Мутриба Азимова, Набиябону Парвиззода, Маҳдияхон Суннатова, мтму №55 Меҳрона Болтаева ва дастпарвари кӯдакистони №21 Сумайя Ҷалилова хеле дилнишину марғуб ҷилванамоӣ карданд. Барои дар сатҳи шоиста ва муваффақона гузаронидани озмуни вилоятӣ дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, инчунин сарварони раёсати маориф Бобохон Саидов ва колллеҷи тиббӣ Гулрабо Бобоева назаррас мебошад. Гулчеҳра РАҲИМОВА, мутахассиси пешбари шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД.

ваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо ҳамшаҳриёни азиз, бо шаҳомату кўшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории фарзандон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муқаддаси ватанамон саҳмгузор гардида, парчами Тоҷикистонро партавафшон менамоед. Бо чунин ниятҳои нек бори дигар бо солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама сиҳативу саломатӣ, осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рӯзгорро таманно менамоям. Ин ҷашни муқаддас муборак, ҳамдиёрони азиз!

ОЗМУНИ ВАҲДАТСАРОЁН

Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо дарназардошти эълон гардидани озмуни вилоятии нашрияи “Сухани халқ” мутобиқи Оинномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон озмун эълон мекунад. Онҳое, ки дар навиштани очерк, ҳикоя, қисса ва таронаҳо маҳорат доранд, иштирокчии озмун шуда метавонанд. Озмуни беҳтарин очерк, ҳикоя, қисса ва тарона аз санаи 15 октябри соли равон шуруъ шуда, то 27 феврали соли 2017 идома меёбад. Маводҳои беҳтарин дар саҳифаҳои рӯзномаи "Насими Исфара" нашр ва аз ҷониби ҳакамон баҳогузорӣ мегардад. Озмун 20-уми апрели соли 2017 ҷамъбаст мешавад. Дар ҳар чор бахш (очерк, ҳикоя, қисса ва тарона) якнафарӣ ғолиб муайян карда мешавад. Ғолибон 24-уми апрели соли 2017 дар рӯзи ҷашни 85-солагии рӯзномаи “Насими Исфара” бо диплом ва мукофот қадрдонӣ хоҳанд шуд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.