24-СОЛАГИИ ИСТИКЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИ МУБОРАК! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
Оғози нашр 24/04/1932
НАСИМИ
ИСФАРА
***
№ 40 (9121) ***
Сешанбе,
8 сентябри соли 2015
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Раиси шахр - Зохидзода Даврони Абдукодир:
Истиклолият дастоварди бузурги мост!
Ҳамдиёрони азиз! Ҳар яки Шуморо бо фарорасии 24-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имсол бо 700-солагии мутаффакир ва адиби тавонои Машриқзамин Мир Саид Алии Ҳамадонӣ тавъам омадааст, муборакбод намуда, пеш аз ҳама муваффақиятҳо, пирӯзиҳо ва гулгулшукуфии кишвари офтобиамонро таманно дорам. Чӣ тавре Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ
Р
ўзи дониш, оғози соли нави таҳсил ва Дарси сулҳро ҳайати 3238 нафараи омӯзгорон, беш аз 46700 нафар толибилмони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла зиёда аз 4700 нафар кӯдаконе, ки бори аввал ба остонаи мактаб қадам мегузоранд, дар сатҳи шоиста истиқбол ва таҷлил намуданд. Нахустин падидаи хушоянд ва армуғони шоиста - баистифодадиҳии бинои иловагӣ ва ҳам 9 синфхонаи наву муҷаҳҳазгаштаи таълимӣ дар литсейи шуҳратёри №3-и деҳаи Ворух буд, ки дар раванди он раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ширкат дошт. Литсейи №3 ҳамчун як мактаби типпи нав падидаи неки даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз аст ва соли 1996 бо иқдом ва саъю эҳтимоми педагоги маъруфи диёр, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шораҳматов Раҳмон арзи ҳастӣ кардааст. Гурӯҳе аз омӯзгорони варзидаю навандеши деҳа таҳти сарварии оқилонаи мавсуф тавонистаанд
Раҳмон қайд намудаанд: “Мо бояд ҳамеша аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз намоем”. Маҳз туфайли Истиқлолияти давлатӣ, ки дигар кишварҳо дар орзуяш ҳастанд, Тоҷикистони азизи мо дар сатҳи ҷаҳонӣ ба нишондиҳандаҳои баланд ноил гардида, ҳамчун кишвари рӯ ба тараққиётниҳода ном баровардааст. Дар миқёси Ҷумҳуриву вилоят ва шаҳр доир гаштани Форумҳои инвеститсиониву тиҷоратии байналхалқӣ бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, бастани шартномаҳои дуҷониба бо хазинаҳои маблағгузории сатҳи ҷаҳонӣ худ далели самараҳои неки Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Имрӯз ҳамаи Шумо шоҳидед, ки корҳои ободониву созанда-
гӣ дар Исфараи зебоманзари мо дар пасманзари Соли 2015Cоли оила, гулҳо ва рушди фарҳангу идомаи ободии роҳҳо вусъати тоза касб кардааст. Ба туфайли ғамхориҳои Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд, мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ шароити мусоид ба ободониву созандагӣ, алалхусус рушди соҳибкории хурду миёна дар тамоми гӯшаву канори мамлакат фароҳам оварда шудааст. Бо кӯшишҳои зиёди мақомоти иҷроия, дастгирии ташкилоту муассиса, соҳибкорону шахсони инфиродӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ даҳҳо иншоотҳои муҳим мавриди истифода қарор гирифтанд. Бунёди варзишгоҳҳову марказҳои хизматрасонӣ, нуктаҳои табобатию синфхонаҳои иловагии таълимӣ, асос гузоштан ба бунёди мактабҳои нав ва ғайра ба ҳусни шаҳру деҳоти мо ҳусни нав зам намудаанд. Метавон бо дилпурӣ гуфт, ки соли 2015 барои мардуми ободкори Исфара воқеан ҳам марҳилаи тозаи созандагию бунёдкориҳо маҳсуб меёбад, зеро айни замон сохтмони зиёда аз 60 иншоотҳои таъиноти гуногуни ис-
теҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ роҳандозӣ гардидааст. Айни ҳол дар ҳудуди деҳоти Исфара бошад, сохтмони 36 иншоот идома дорад, ки аз онҳо 3 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 1 адад муассисаи таълимӣ, 1 адад муассисаи тиббӣ, 2 адад муассисаи фарҳангӣ ва 20 адад марказҳои савдову хизматрасонӣ мебошанд. Инчунин дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Исфара марказҳои адрасу атласбофӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки туфайли он даҳҳо бонувони деҳот бо ҷойи кор таъмин гаштанд. Ҳамаи ин бунёдкориҳо ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ рӯйи кор омада истодаанд. Мардуми Исфара табиатан мардуми боғайрату меҳнатдӯст ва хушбину некназар ҳастанд ва боварии комил дорам, ки минбаъд низ ба хотири ободию пешрафти Тоҷикистони азиз ва рӯзгори хуши ҳамдиёрон фазилати созандагӣ ва бунёдкории худро таҳким мебахшанд. Бо истифода аз фурсат бори дигар ҳар яки Шумо, ҳамдиёрони арҷмандро ба ифтихори ҷашни бузург ва муқаддаси миллӣ- 24умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям. Бигузор парчами Истиқлолият бар сари миллати кӯҳанбунёду соҳибтамаддун ва сарбаланду озодаи мо асрҳои аср парафшон бошад. Ид муборак, дӯстони азиз!
Тачлили Рузи дониш
Н/И
Муждаҳои идона
Медал ба бонуи сохибкор
Б
а муносибати 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар пешқадамони хоҷагии халқ сарвари корхонаи истеҳсолии хусусии «Салимабону» Салимахон Исматова аз дасти Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медали «Хизмати шоиста» гирифт.
Канд занед, ошпазхо!
Д
ар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Оши палов», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, намояндагони 31 навоҳии Ҷумҳурӣ ҳунари худро намоиш доданд. Ошпазҳои Исфара Раҳимов Қосимҷон ва Fуломов Музаффарҷон ду дегӣ оши палов пухта ба ҳайати доварон пешниҳод намуданд. Палови пухтаи онҳо аз ҷониби доварон бо Дипломи дараҷаи дуюм, мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.
Голиби "Иди асал"
Д
ар озмуни ҷумҳуриявии иди «Асал», ки дар маҷмааи савдои «Пойтахт-90» баргузор гардид, асалпарвари моҳир аз деҳаи Навгилем Умархӯҷа Мақсудов ширкат варзида, барои сифати баланди асал ба гирифтани Сипосномаи Вазорати кишоварзӣ мушарраф шуд.
нафар шогирдони дирӯзаи мактаб дар вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ бомуваффақият кору фаъолият доранд. 9 синфхонаи наву муҷаҳҳазгаштаи таълимӣ, ки маъмурияти литсей аз ҳисоби маблағҳои худӣ, бо азму нияти нек барои толибилмон бунёд кардааст, пойгоҳи моддию техникии литсейро боз ҳам мукаммалтар намуд. *** Дар арафаи соли нави таҳсил раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз хонаи бачаҳои шаҳраки Шӯроб боздид ба амал оварда, бо баробари сидқан шодбош гуфтани тарбиятгирандагон ва суолу ҷавоб оид ба сатҳу сифати истироҳати як бинои кӯҳнаи ҳанӯз соли 1938 шудаанд. сохташударо таъмиру тармим ва Алҳол 9 нафар дастпарварони тобистонаи онҳо, ба дараҷаи омомуҷаҳҳаз намуда, дар ин замина як литсей номзади илм ва 24 нафа- дагии бачаҳо ба мавсими нави самактаби бонуфузро созмон диҳанд. ри дигар аспирант ҳастанд, 189 бақомӯзӣ мароқ зоҳир намуд. Ҳамзамон шаҳрдори Исфара ба Маъруфияти литсейи №3-и деҳаи нафар хатмкардагони таълимгоҳ Ворух, дар он аст, ки аз 734 нафар дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла 36 нафар тарбиятгирандагони ин толибилмони тайи солҳои гузашта дар Федератсияи Русия, Германия, боргоҳи маърифату шафқат сару дар ин таълимгоҳ таҳсилнамуда Япония, Испания, Ҷумҳурии Халқии либоси мактабӣ ҳадя намуда, захи99 дар сад ба донишгоҳу донишка- Хитой ва ғайра фарогири пажуҳиши раи маводи серғизои озуқаи хонаи даҳои кишвар ва хориҷи он дохил илмӣ ё таҳсили илм мебошанд, 17 бачаҳоро ҳам ғановат бахшид.
Ду синфхонаи нав
С
армеъмори шаҳр Абдумубин Фаттоев аз тариқи телефон чунин мужда расонид. Ба муносибати солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози соли таҳсили нав дар МТМУ № 16, деҳаи Чорқишлоқ ду синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд. Дар бунёди он сокинони маҳалла, вакилони Маҷлисҳои шаҳриву вилоятӣ, соҳибкор Абдуҷалил Маҷидов ва сардухтури осоишгоҳи «Зумрад» Зафар Олимов саҳм гузошта, талаботи меъёрҳои сохтмониро ҶДММ «Нури дурахшон» назорати техникӣ бурдааст.