Skip to main content

"Насими Исфара", № 4 от 1 февраля 2023 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №4 (9466) *** Панҷшанбе, 2. 02. 2023

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Аз маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр

Бояд нақшаҳо саривақт иҷро гарданд Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маҷлиси назоратии назди раиси шаҳр баргузор гардид.

Д

ар маҷлис муовинони раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд. Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода бо ёдоварӣ аз маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат, ки рӯзи 24 январ доир шуд, иброз дошт, ки дар ҷараёни он нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар дар соли 2022 натиҷагирӣ ва вазифаҳо барои соли 2023 муайян карда шуданд. Аъзои Ҳукумат аз ҷумла, вазъи воқеии иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, иҷрои стратегияву барномаҳо ва нақшаҳои қабулшуда ва дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, ҷаласаҳои Ҳукумат ва ҷараёни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузошта шудаанд, инчунин камбудиву норасоиҳо ва мушкилоту масъалаҳои дар соҳаҳои мухталиф ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳоро мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор доданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2022 дар маҷмуъ барои мардуми тоҷик соли бобарору таърихӣ ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талоши сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид. Раиси шаҳр бо баробари баёни нуктаҳои асосии маҷлис дар назди масъулин ҷиҳати истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, рушди саноат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми содироти меваи хушк, иҷрои барномаҳои соҳавӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳаққи истифодаи қувваи барқ, беҳтар кардани сифати хизматрасонии тиббӣ, беҳсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, рушди сайёҳию ҳунарҳои мардумӣ, ҷалби занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарӣ, беҳтар ба роҳ мондани кори комиссияи даъвати ҳарбӣ ва ҷонноксозии тарғиботу ташвиқот дар ин самт, беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои бонкӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, воридсозии тухмиҳои нав барои кишти зироатҳо, омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ, рушди соҳаҳои моҳипарварӣ, кирмакпарварӣ, ниҳолпарварӣ, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, фаъол намудани корхонаҳои бозистода, ташкили гармхонаҳои замонавӣ, вусъати корҳои ободонӣ, тақвият бахшидани корҳои мафкуравӣ, пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа ва назорати рафти омодагиҳо ба ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои мушаххас гузошт.

Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахр ҷаласаи кории назди раиси шахр вобаста ба рушди соҳаи саноат ва чораҳои иловагӣ оиди баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот баргузор гашт. Дар кори ҷаласа роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти ичроия ва нозироти андоз иштирок намуданд.

Машварат бо саноатчиён

Д

ар машварат раиси шаҳр зикр дошт, ки дар асоси дастуру супориш ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола соҳибкории хурду миёна рушд ёфта, дар қаламрави шахр як қатор корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Дар баробари ин барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ -саноатикунонии босуръати кишвар ва рушди соҳа қабл аз ҳама роҳандозии тадбирҳое чун ташкили минтақаи озоди саноатӣ-инноватсионӣ, ҷалби сармоягузорони потенсиалӣ

ва воридсозии технологияи пешқадам, ташаккули системаи пешбурди лоиҳаҳои инвеститсионӣ ва фазои созгори инвеститсионӣ лозим аст. Амалигашти ин тадбирҳо имконият медиҳад, ки масъалаҳои иҷтимоии шаҳру деҳоти Исфара, махсусан таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва мушкилоти инфрасохтор ҳал карда шаванд. Сипас, муовини раиси шаҳр Ҷаъфархўҷа Ҳайдарзода оид ба бурду бохти соҳаи саноати шаҳр дар давоми соли 2022 ва натиҷаҳои моҳи январи соли

самараноки иқтидорҳои мавҷуда, истеҳсоли маҳсулот бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ ва таъмини рақобатпазирӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ бо корбасти технологияҳои ҳозирзамон сафарбар карда шаванд. Инчунин саноатчиёни Исфараро зарур аст, ки бо меҳнати босамар ва амалҳои некбинонаи худ баҳри бунёди ҷомеаи навин ва накуаҳволии халқ якдилона саъю кӯшиш ба харҷ дода, бо истифода аз имконоти мавҷуда бо иҷрои Барномаҳои умумидавлатӣ ва соҳавӣ ба ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи хеш саҳмгузор бошанд. -Вақти он аст, ки масъулини 2023 маълумот дод. Мудири бахши саноати Мақомоти соҳа доир ба ҷалби сармояи иҷроияи ҳокимияти давлатии мустақим, бунёди корхонаҳои шаҳр Баҳром Косимов бошад, нави истеҳсолӣ, ба кор дар баробари пешравиҳо оид андохтани корхонаҳои аз бозмонда, ба мушкилоти ҷойдоштаи соҳа фаъолият маҳсулоти ва таъсири рӯйдодҳои ҷаҳони истеҳсоли муосир ба рафти истеҳсолот баландсифату рақобатпазир, истифодаи технологияҳои изҳори назар кард. Дар идома Баҳоваддин муосир ва дар ин замина намудани ҳаҷми Баҳодурзода хоссатан афзун зикр намуд, ки барои ба истеҳсоли маҳсулоти мутобиқ нишондодҳои баланд ноил ба талаботи бозор аз ҳамаи истифода гардидан бояд тамоми захираю имкониятҳо имкониятҳо ва саъю кӯшиши намоянд, - таъкид дошт раиси роҳбарону мутахассисони шаҳр. соҳа ба истифодаи

ба нақша гирифта шудааст. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ аз 184 адад иншооти ба нақша гирифташудаи соли 2022, 147 адади он ба маблағи 76,2 млн. сомонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, дар иншооти новобаста аз ҳодисаҳои боқимонда корҳо бомаром Дар робита ба маълуми дар марз рухдода ва идома доранд. натиҷаҳои рушди Минбаъд намояндагони дигар мушкилоти ҷойдошта, дар иқтисодиву иҷтимоии расонҳои хабарӣ ба раиси натиҷаи истифодаи самараноки шаҳри Исфара дар шаҳр оид ба вазъи корхонаҳои имконияту захираҳои мавҷуда давраи соли 2022-юм рушди иқтисодӣ аз ҳисоби истеҳсолӣ, таъминоти аҳолӣ бо нишасти матбуотии афзоиши ҳаҷми маҳсулоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ раиси шаҳр Баҳоваддин саноатӣ ба андозаи 42%, ва оби ошомиданӣ, бунёду Баҳодурзода баргузорр муассисаҳои маҳсулоти кишоварзӣ 19,2%, нигаҳдории гардид, ки дар ҷараёни он маблағузорӣ ба сармояи асосӣ томактабӣ, тадбирҳо ҷиҳати кормандони расонаҳои -1,8 маротиба, савдо 5,3 % ва рафъи норасоии кадрҳо дар хабарии ҷумҳуриявӣ, хизматрасонии пулакӣ 5,1%, соҳаи тандурустӣ, раванди таъмиру азнавсозии хонаҳои вилоятӣ ва маҳаллӣ ҳузур таъмин карда шуд. сокинон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти истиқоматии доштанд. инфрасохтории давлатии шаҳр барои иншоотҳои наздисарҳадӣ, ки ишастро муовини раиси иҷрои дастуру супоришҳои деҳоти шаҳр Суруриддин Президенти мамлакат оиди дар раванди муноқишаҳои Зиёваддинзода ифтитоҳ намуд. вусъат бахшидани корҳои мусаллаҳонаи марзии 16-18 Сипас, шаҳрдори Ифара ободонию созандагӣ ҷиҳати сентябри соли 2022 хароб оид ба натиҷаҳои фаъолияти сазовор пешвоз гирифтани шудаанд, кумакҳои моддиву соли сипаришудаи соҳаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлолияти маънавӣ ба сокинони дар иқтисодиёту иҷтимоиёт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи раванди муноқишаи мазкур захираҳои зарардида, таъмиру таҷдиди таври мухтасар маълумот пеш имконияту мавҷударо сафарбар менамояд. роҳҳои манотиқи наздисарҳадӣ, овард. гуфтушунидҳо Тибқи қарори Раиси ҷараёни Зимнан шаҳрдори Исфара ва «Нақша оид ба муайян намудан ва тавҷҷуҳи ҳозиринро ба вазъи шаҳри Исфара иҷроиши нақшаи буҷет, чорабиниҳои мақомоти иҷрояии аломатгузории хатти сарҳади байни Ҷумҳурии натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои ҳокимияти давлатии шаҳр давлатӣ ва Ҷумҳурии саноату кишоварзӣ, сохтмону оид ба омодагӣ ба ҷашни 35– Тоҷикистон ободонӣ, маорифу тандурустӣ, солагии Истиқлолияти давлатии Қирғизистон саволҳо пешниҳод бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон» сохтмон, карда, ҷавобҳои қонеъкунанда ва таъмиру тармими роҳҳо ҷалб азнавсозӣ, таъмиру тармим гирифтанд. ва таҷҳизонидани 571 адад намуд. Аз ҷумла гуфта шуд, ки иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ

Нишасти матбуотии раиси шаҳр

Н

МУРОҶИАТНОМАИ Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Исфара Дар моҳи январи соли 2023 дар ҳудуди шаҳри Исфара 4 адад ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шуд, ки ҳамаи онҳо дар манзилҳои истиқомтии шаҳрвандон ба амал омадааст. Сабаби сар задани ҳодисаҳои сӯхтор дар сардиҳои шадиди фасли зимистон нодуруст пайваст намудан ва истифода бурдани печҳои бухорӣ мебошад. Ҳангоми истифодабарии таҷҳизотҳои гармидиҳӣ ҳар як шаҳрванд бояд ба ҳолати бехатарии таҷҳизот боварӣ дошта бошад, аз болои ҳолати коршоямии он назорати доимӣ барад. Хатҳои барқӣ ва таҷҳизотҳои барқии нуқсондорро истифода набаред, таъмири онҳоро танҳо ба мутахасисони соҳаи барқ вогузор намоед. Дар хонахои истиқоматӣ хурдсолон ва шахсони беморро беназорат нагузоред. Бо риояи тавсияҳои номбаршуда шумо худ ва наздиконатонро аз ҳодисаҳои нохуши сӯхтор эьмин нигоҳ медоред! Х. ФАРҲОДЗОДА, нозири калони НДБС ҚМ 35-уми ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳри Исфара, капитани хизмати дохилӣ.


2

"Насими ИСФАРА"

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чун анъана муҳимтарин вазифаҳои ҷомеаи моро муайян намуд. Аз ҷумла дар Паёми имсолаи Сарвари давлат, ки 23 –юми декабри соли 2022 ироа гардид, вазифаҳои мушаххас барои омӯзгорон ва ҷавонон садо дод. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар қатори ҳамаи қишри ҷомеа таваҷҷуҳи Ҷаноби Олӣ ба ду табақаи ҷомеа, ки пояи маърифат дар фаъолияти онҳо устувор мебошад ва яке тухми маърифат мекорад, дигаре аз он баҳра мебардорад, нигаронида шудааст. Таваҷҷуҳи хосаи Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва омӯзгорон аз он шаҳодат медиҳад, ки мактаб ва муаллимон воқеан ҳам, равшанкунандаи роҳи маърифат ҳастанд ва сарчашмаи асосии тарбияи инсон мебошанд. Ояндаи босаодат ва муваффақияту бурдбориҳои инсон аз шахсияту тадриси омӯзгор вобастагии махсус дорад. Ҳангоме, ки маорифи миллӣ ташаккул ёфтааст, тарбияи инсон аз ҳадафҳои миллӣ бояд сарчашма бигирад. Маорифи миллӣ воқеан, зодаи даврони истиқлолият аст ва ворид гаштани он ба фазои таҳсилоти байналмиллалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат қарор дода шудааст. Чуноне дар Паём зикр ёфт: “Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”. Аз ин ҷост, ки Ҳукумати мамлакат ҳар сол ба соҳаи маориф дастгириҳо ва ғамхориҳои афзун дорад. Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё

2 феврали соли 2023

№ 4 (9466)

Бузургонро бузургон зинда медоранд, Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд.

Дар партави Паёми Пешвои миллат

Номаи ҳидоят ба маърифатомӯзӣ

худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад. Зимнан, бояд гуфт, ки дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст. Дар даврони истиқлолият мактабу омӯзгори тоҷик тавонист соҳиби муваффақиятҳои зиёд гардад. Масалан, барои муассисаҳои миёна ва олии касбӣ зиёда аз 350 ҳазор мутахассисони равияи омӯзгорӣ, аз ҷумла 125 ҳазор нафар барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ тайёр карда шудааст. Паси ин теъдод омӯзгорон ва муаллимоне қарор доранд, ки дар олами маъонӣ аз пайи амали шоиста ҳастанд ва касби пурифтихори инсонофариро бар дӯш доранд. Пешвои миллат ба ин қишри ҷомеа аз аввали фаъолияти хеш эътимод доштанд ва пайваста тақозо менамуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои муҳимми сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар шахсияти омӯзгор ва дарси муаллим саҳми калидӣ дорад. Доир ба хусусиятҳои шахсии муаллим Абӯалӣ Ибни Сино гуфта буд: "Тарбиякунандаи кӯдак бояд дорои сифоти зерин бошад: оқил, донандаи хуби масоили тарбияи нафс, донандаи хуби роҳҳои тарбияи кӯдакон, бовиқору ҷиддӣ, хушахлоқу нармхӯ, зирак, ҷавонмард ва поксурату поктинат". Ҳамчунин, омӯзгор аз лиҳози ҷисмӣ бояд солиму тандуруст бошад, то тавонад ба тавфиқ рисолати касбиашро адо намояд. Зоҳири ӯ пок, либосҳояш шинам бошад, зеро толибилм дар симои

муаллим идеали худро мебинад. Аз лиҳози хусусияти ақливу илмӣ, омӯзгор бояд соҳиби хираду заковат бошад, донишу фаҳмиши ӯ хонандаро қаноатманд ва онҳоро барои эҷодкориву офарандагӣ роҳбаладӣ карда тавонад. Хусусиятҳои ахлоқӣ барои омӯзгор аз муҳимтарин ҷузъиёт ба ҳисоб меравад. Агар, воқеан ҳам, ин хусусиятҳо дар фаъолияти ӯ дида шавад, дарси ӯ дарси одамсоз мешавад. Дастпарварони ӯ шахсиятҳои ҷомеасоз ва муваффақу пешрав ба воя мерасанд ва миллатро дар арсаи олам муаррифӣ менамоянд. Тавассути ғамхориҳои бемайлони Пешвои миллат омӯзгори тоҷик рисолати хешро шарафмандона иҷро намуда истодааст, вале дар соҳа ҳанӯз омӯзгороне ҳастанд, ки аз усулҳо ва конспектҳои кӯҳна истифода мебаранд. Академик Б. Лихачев замоне гуфта буд: “муаллим бояд “ҳунарманд (артисти)-и саҳнаи педагогӣ бошад”, бале ҳунарманде бошад, ки ҳар лаҳза завқи хонандаро ба илмҷӯӣ бедор кунад ва ошиқи дарси хеш намояд. Замони муосир ва рушди технологияи ҷадид тақозо менамояд, ки соати дарсии омӯзгор пур аз маводҳои барномавӣ ва иловагӣ бошад. Агар омӯзгори имрӯз бо технологияи муосир балад набошад, боиси истеҳзои наврасон мегардад. Бо вуҷуди дастовардҳои калидӣ, дар баъзе минтақаҳо ҳанӯз ҷараёни таълим дар дасти омӯзгорест, ки саводи кофӣ ва малакаи таҳсин надорад, дарсаш пучу холӣ аст. Дар ин ҳолат наврасро на дар хона ва на дар мактаб ба имломӯзӣ ташвиқ карда намешавад. Тадриси беҳадаф ва холӣ аз иттилооти мушаххас бетаъсир ба шавқи хонанда мегузарад, ки наврас аз маърифат тиҳӣ назди волидон меравад ва дар он ҷо ҳам бардошти

Пешниҳоди хонанда

Бояд номашонро зинда дорем!

марзу буми Ватан бархостанд. Он субҳ Камолиддин Ашӯров аз ҳаррӯза барвақттар назди падар даромад, то дуои мӯйсафедро гирифта, ба кор, ба бунгоҳи деҳаи Сурх равад. Агарчи синнаш ба 50 дакка мехӯрду чор нафар фарзандони накӯро ба камол расонида бошад ҳам, ӯ ягон маротиба бидуни дуои неки падар ба кӯча пой намениҳод. Падар албатта, ба хубӣ медонист, ки муҷиби имрӯз барвақттар ба дуоталабӣ омадани фарзандаш дар чист. Охир Камолиддин дар бунгоҳи тиббӣ фелдшер аст ва имрӯз аз ҳар вақти дигар бештар мардум ба ӯ рӯи ниёз меоранд. Ҳусейнбой ВАЛИЕВ, Камолиддин АШӮРОВ, Мӯйсафед ба фарзандаш дуои ронанда. фелдшер. нек доду бо овози андак ларзони Субҳи 16 сентябр самои деҳоти Тоҷикистонро мавриди ҳамла илтиҷоомез "Писарам, шояд ин дафъа даруни ҷанг намедароед..." Воруху Чоркӯҳ, Сурху Чорбоғ ва қарор доданд. Чорқишлоқу Кулканди шаҳри Субҳи нав ба сокинони деҳоти гуфт. Парешонии падар аз он буд, Исфараро чангу ғубор ва дуди наздисарҳадӣ даҳшат овард. Ба ки писараш дар муноқишаи ғализи тиру туфанг фаро гирифта сари мардум тиру туфанг меборид, буд. таркиши беист ҷисму ҷонро ба мусаллаҳонаи сарҳадии соле пеш ҳангоми аз майдони набард Неруҳои кишвари ҳамсоя ларза меовард. берун овардани ярадорону ҷасади сарфи назар аз созишномаи Ҳароси занону духтарон ва гиряи байнидавлатӣ, бар хилофи дилрешкунандаи кӯдакон ба зудӣ фавтидагон ҷароҳат бардошта буд. Он вақт теъдоди мошини ёрии меъёрҳои қонунҳои байналмилалӣ, орияту номуси ҷавонмардонро ба таъҷилӣ барои интиқоли ҳамаи бе огоҳӣ, вақти намози бомдод ҷунбиш даровард. Онҳо дарҳол бо истифода аз яроқҳои вазнини занону кӯдакон ва пиронсолонро ба захмиён кифоягӣ намекард ва ҷангӣ ва дронҳо қаламрави ҷои бехавфтар кӯчонида, ба ҳифзи барои наҷоти ҳаёти баъзе аз онҳо

созгор намеёбад. Дар натиҷа мафкураи холии ӯро интернет бо маълумоти ҳадафмандонааш пур мекунад. Мо шоҳиди ҳолем, ки наврасону ҷавонон аз берабтӣ ва бенизомии таълиму тарбия тавассути сомонаҳо зери таъсири гурӯҳҳои ифротӣ мондаанд. Дар ин радиф, бояд зикр намоем, ки гурӯҳҳои ифротӣ ҳуҷуми ақлӣ ба наврасону ҷавононе менамоянд. Зеро онҳо бесаводанд, ҷаҳолат ва хурофотро дар мағзи онҳо қолаб кардан осонтар аст. Мебояд, ки омӯзгорони замони муосир донандаи хуби фанни технологияҳои нав бошанд, дар дарсҳои хеш аз онҳо босамар истифода баранд. Барои тарбияи насли ояндасози пешрафта дар кишвар ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи талошҳои Ҳукумати кишвар танҳо барои ояндаи шоистаи ҷавонон аст. Дар ҳошияи таъкидҳои Президенти кишвар оид ба самти фаъолияти ҷавонон қайд кардан ба маврид аст, ки ин қишри ҷомеа дар меҳвари асосии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мавқеъ гирифтаанд. Таваҷҷуҳи хосса ва ғамхориҳои беҳисоби Роҳбарияти давлат дар 31 соли соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳамаи самтҳои фаъолияти ҷавонон дида мешавад. Таъсиси Квотаи Президентӣ барои ҷавонони лаёқатманд, стипендияи байналмиллалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон”, ҳазорон ташаббусҳои дигар ва аз ҳама муҳим, ташкил ва баргузории се озмуни ҷумҳуриявӣ “Тоҷикистон Ватани азизи ман” , “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм - фурӯғи маърифат”, ки маҳз бо ибтикороти Пешвои миллат дар кишвар роҳандозӣ шудааст, кафили саодати ҷавонону наврасон мебошад. Дар Паёми имсола низ, Пешвои ҳар сония хеле муҳим дониста мешуд. Аз ин хотир Камолиддин Ашӯров низ нотарсона бо нақлиёти шахсиаш захмиёнро то ба беморхона мебурд. Пас аз чанд саъйи бобарор, оқибат гулӯлаи душман ба мошини ӯ расида, корношоям карда буд. Камолиддин дар ҷавоби хоҳиши падар бо табассуми узрхоҳона, бо сари хам афзуд: "Додоҷон, ман табибам ва қасами Гиппократ хӯрдаам!". Камолиддин имрӯз ҳам баробари ба ҷои кор омадан мувофиқ ба рисолати касбӣ ба мошини ёрии таъҷилӣ ҷароҳатбардоштагонро савор карда, роҳ ба сӯи маркази шаҳр гирифт. Аммо афсӯс мошини ёрии таъҷилӣ то беморхонаи марказӣ рафта нарасид... Дар километри 8-уми роҳи Исфара - Сурх, байни деҳаҳои Чорбоғ ва Чорқишлоқ, дар қарибии пули Чорбоғ мошини ёрии таъҷилӣ ҳадафи ҳамлаи БТР-и низомиёни қирғиз қарор гирифт ва Камолиддин Ашӯров, ронанда Ҳусейнбой Валиев, 5 узви як хонавода аз деҳаи Чоркӯҳ, як кӯдаки 8-моҳа дар батни модар ҳамроҳи мошин сӯхта, ба хокистар мубаддал шуданд. Сардори ситоди гурӯҳи худмуҳофизи Ҷамоати деҳоти Сурх ҷанговари интернатсионалист Азимҷон Турсунов мегӯяд, ки Камолиддин Ашӯров яке аз чавонони бо нангу номуси деҳа ба шумор мерафт ва аз рӯзҳои аввал ба ин гурӯҳи худмуҳофиз худро

ҶАВҲАРӢ Муҷибахон Одил, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ. миллат барои ҷавонон имконияти васеи омӯзиши бештари илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ, забонҳои хориҷӣ, технологияи нав ва касбу ҳунарро фароҳам оварданд. Ҷавонон созандагоне мебошанд, ки бақову мондагорӣ ва оламшумуливу шуҳраи офоқ гаштани миллат дар оянда ба дасти онҳост. Ҷавонони ҳуввияти миллидошта ва шахсиятшуда дар оянда метавонанд ин умедҳои ҳукумати мамлакатро амалӣ намоянд. Ҷавонони саодатманди кишвар имрӯзҳо дар замоне зиндагӣ менамоянд, ки таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ вусъат ёфта, авзои ҷомеаи ҷаҳониро мураккаб намудааст. Аз ин ҷост, ки Президенти кившар ҷавононро ҳар сари вақт ба ҳушёриву зиракӣ даъват менамоянд. Танҳо хусусиятҳои шахсии ҷавонон, аз ҷумла имландӯзиву касбомӯзӣ, шуғл бо варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, ахлоқи ҳамидаву ҷавонмардӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштан ба фарҳангу суннатҳои миллӣ сипари боэътимоди пешгирии терроризму экстремизм шуда метавонад. Ҳамзамон ҷавонон масъулияти бошарафе бар дӯш доранд, ки ба боварии Пешвои муаззами миллат сазовор шаванд. номнавис карда, ҳамеша дар сафи пеш қарор дошт ва тактикаҳои ҷангиро ҳам, хеле хуб аз худ карда буд. Дар рафти набард баҳри ҳифзи марзу буми Ватан дар он рӯзҳои даҳшатнок чандин нафар сокинони деҳаи Сурх ҳамин зайл қаҳрамонона шаҳид ё захмӣ шудаанд. Яке аз чунин родмардони Меҳан Абдураҳим Каримов мебошад, ки дар муҳориба бар зидди душман дар ҳудуди деҳаи Чорқишлоқ аз тири аз деҳаи Қаробоғи қирғиз паронида шуда, ба шаҳодат расидааст. Мо, сокинони маҳаллаҳои Ҳофизи Шерозӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Сурх аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, аз раиси шаҳр муҳтарам Баҳоваддин Баҳодурзода ва рохбарияти Ҷамоати деҳоти Сурх эҳтиромона хоҳиш мекунем, ки кӯчаҳои деҳа ҷиҳати гиромидошти хотираи неки фарзандони шаҳиду қаҳрамон Камолиддин Ашӯров, Ҳусейнбой Валиев, Абдураҳим Каримов, Бахтовар Маҳмудов ба ифтихори онҳо номгузорӣ карда шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 26, 29 ва 56 баҳри баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии насли наврас вобаста ба шуҷоати онҳо гӯшаҳои хотиравӣ ташкил карда шаванд. Бозорбой БОЗОРОВ, сокини деҳаи Сурх.


3

"Насими ИСФАРА"

Ростӣ, наворҳои пайвастаи интернетӣ оиди сарнавишти талхи келин ва зулму тааддии хушдоман дар ҷомеа сару садоҳои баланд ба вуҷуд овард ва бисёр нороҳатам кард. Аслан навиштанӣ набудам, зеро одат кардаем, ки сари як қазияе ҳама ба якборагӣ шӯру ғавғо мебардорем, онро маҳкум менамоем, баъд якбора гӯё чизе нашуда бошад, ҳамагӣ хомӯш мегардему ба осиёби оташи ғайратамон оби сард мерезад. Натиҷаи ниҳоии қазияро боисрор талаб намекунем. Ё ҳалли онро ба нимараҳ мемонем, ё ба ҳалли сарсарӣ, хому хаталаи он, ки дар илоҷи дарде намехӯрад, иктифо менамоем... Симои ноумеди келинчаки бекасу кӯй, ятимаки бахтбаргаштаро дида, ваҷоҳати ваҳшатзадаи кӯдаки маъсуми ироқӣ ба хотирам расид, ки дар рӯ ба рӯйи ғосибони ғарбӣ оҷизона истода, бо ашки шашқатор, аз беилоҷӣ мегӯяд: “ Ман аз шумо дар пеши Худо шикоят мебарам”... Боиси фахр аст, ки истиқлолияти мо сиюяксола шудааст. Ба чизе мардуми мо эҳтиёҷ надоранд. Ба таъбире дар мағозаю бозорҳоямон, ҳатто тухми анқоро ҳам дарёфт намудан имконпазир аст. Иддае аз мӯйсафедони рӯзгордидаи равшанзамир мегӯянд, ки “мо ин гуна даврони серию пуриро дар 200 соли пешин дар ёд надорем”. Ба туфайли меҳрубонию дастурҳои созанда ва саривақтии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саодати воқеии мо комилтар мешавад ва хушбахтона, пайваста дар ҳоли рушди бесобиқа аст. Ҳангоми ҷашну маъракаҳо, идҳо ба муҳтоҷон, маъюбон, ятимону камбизоатон нисори муҳаббат намудану дасти саховат бар сарашон ниҳодани Пешвои муаззам магар барои ҳар як фарди ҷомеаи мо дарси ибрату муҳаббат нест?! Барои як буридаи нон коҳиш намудани як инсон, модари набера-келини хонадон магар нанги ногуфтанию ношуниданӣ нест?!...

Ҳадиси келин ва хушдоман Ҳадиси моҷарои хушдоману келин падидаи нав нест. Ин мушкилот ё теорема куллан ҳалли мусбӣ надорад, ё ин ки ҳаллаш ғайриимкон аст. Табиати ин ҳарду аз гоҳи офариниш мутақобил асту аҳён-аҳён ба ҳам созиш мекунад. Аслан чун оташу об алорағми ҳам меситезанд. Дар ин мавзуъ, китобҳо, рисолаҳо, кинофилмҳо, саҳначаҳо

2 феврали соли 2023

№ 4 (9466)

Проблема ва мулоҳиза

Келин, ё каниз?!

эҷод шудаанду боз ҳам дар ҳоли эҷоданд... Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, хушбахтона дар ҷомеа хушдоману келинҳои оқилу отифае ҳастанд, ки бо неруи хиради созанда, андешаю афкори солим, ихлосу боварӣ, сабурию таҳаммул ҳамаи мушкилотҳоро пушти сар месозанд. Онҳо ҷӯяндаю эҷодкоранд. Аҳсану офарин ба ин гунаҳо, ки ҳалли муаммоҳои зиндагиро аз роҳи созиш, насиҳат, меҳрубонӣ, гузашт, бахшиш ба роҳ монда, корвони вазнину сангини зиндагиро сӯйи ҷодаи нуру саодат мекашанду билохира онро дарёфт менамоянд... Хушдоман кист? Ӯ сардори хонадон аст. Яъне ташкилу идораи раванди ҳаёти хонаводагӣ ва низоми он ба дӯши ӯст. Дараҷаи бешу камии оромию қарори хонавода ба дараҷаи бешу камии хирад ва маҳорати ӯ вобаста аст. Вале ӯ ҳам замоне келини хонадоне буд. Яъне худ дар тафдони арӯсӣ афтодаву он ҷо обутоб ёфтааст. То сардори як хонадон шудан, чандин пойизу баҳорро пушти сар намудаасту чандин либоси навро кӯҳна кардааст. Аз ин рӯ бояд ӯ пеш аз ҳама отифаю оқила ва намунаи ибрат бошад. Зиёда аз ин ӯ дар синну сол низ нишонаи бузургӣ дорад. Аз ин рӯ нахуст набояд аз бузургон зиштӣ зояд. Сониян хушдоман истеъдоди аз гил гул сохтанро бояд доро бошад. Аз зуволаи хамираи хом маҳорати офаридани фатиру кулчаҳои алвонро омӯзонанда бошад. Аз қабзаи хору хас гулдастаи асил тавлид карда тавонад. Ҷанҷолию хӯрдагир ва латмаи доғи марди хонадон набошад. Ба қавле ҳадди сиёсату дахолати худро дар низоми давлати хонадон хуб шиносад. Беҳуда намегӯянд, ки “мардро мард мекардагӣ ҳам зан асту номард мекардагӣ ҳам зан аст”... Келин кист?! Духтари бечораю бегонае дар муҳити асрорангези ноошно. Дар чашми ӯ муҳити оилаи шавҳар як олами дигар аст. Ба он бояду ҳатман унс гирифт. Ҳусну қубҳи онро бо оби меҳр бояд пазируфт. Масъулияти хушдоман дар тарбияти ин ниҳолак басо бузург аст. Ба ҷои талабу даъво ӯро бояд бо меҳр, ақлу хирад, сабурӣ чун бози гиро дастомӯз намуд. Қабл аз талабу исрори ноҷо

ДИҚҚАТ: ОЗМУН

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара озмунро оид ба иҷора додани амволи давлатии зерин эълон менамояд. Маҳалли баргузории озмун: шаҳри Исфара, ошёнаи 1-и бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ №20. Вақти баргузорӣ – 22 феврали соли 2023, соати 15-00. Кабули дархостҳо барои иштирок дар озмун ва бақайдгирии иштироккунандагон аз рӯзи нашри эълон оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии озмун анҷом меёбад.

варо бояд қавонини низоми хонадон омӯхт, то ба маҷрои зиндагии нав одат намояду дар баробари он шино намояд. Хӯрдагирӣ, таъна, дашному ҳақорат, зикри айбу нуқсон келинро хастаю парешон ва аз зиндагӣ дилмонда месозад. Ҳеҷ кас аз пеши худ омӯзгору духтуру муҳандис нашуд, то таълиму тарбияти устод нагирифт. Келин низ то шогирду пайрави хушдомани оқил нашуд, ҳеҷ гоҳ куллу комил намегардад.

Суроби яхи бузург Муноқишаи сабти интернетии муносибати хушдоман ва келин падидаи нав нест. Ин фоҷеаи нанггин, ин латмаи доғ бемуҳобот қариб дар зиндагии навад дарсади оилаҳо, хусусан, мардуми деҳот ҷой дорад. Ин амал мағз андар мағзи тану қатраҳои хуни оилаҳо ҷой дораду бемайлон ҷорӣ аст. Ин амал ба яхпораи бузурги рӯйи домони уқёнус шабоҳат дорад, ки тамоми ҳастиаш зери об асту танҳо як пораи хурдаш ба чашми мо мехӯрад. Бадбахтии оилаҳои ҷавон, талоқу ҷудошавӣ, зиндаятимии тифлон асари ҳамин яхпораи манхуси нонамоён аст. Маҳз ҳамин сарнавишти талх, ғамангез ва тоқатзудоро ҳанӯз хеле барвақт шоири миллат Бозор Собир эҳсос намуда, бо алам гуфта буд: Аз Балху Бухорою Ҳарӣ то Ҳамадон, Зиндонӣ занону мардҳо зиндонбон. Онон, ки дар ин билод беиқболанд, Ҳамфалсафаи Муҳаммади Иқболанд.

Войи духтардор Мегӯянд, ки инсонҳо нисбати якдигар ҳангоми ҷангу офатҳо, қаҳтию сахтиҳои шадид нармдилтару меҳрубонтар мешаванд. Яъне ғуссаю андӯҳ одамизодаро ба ҳам наздику қарин месозад. Баракс дар айёми серию пурӣ, фароғату шикамсерӣ, сарвату дороӣ инсонҳо бештар сангдилу бетараҳҳум мегарданд.

Андозаи кафолатпулӣ барои иштирок дар музояда бо пули сомонӣ мутаносибан ба 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар мебошад. Барои иштирок дар озмун аз тарафи иштироккунанда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - барои шахсони ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ ва оинномаи шахси ҳуқуқӣ; - барои шахсони воқеӣ- нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият; - лифофаи сарбаста, ки дар дохили он номи пурраи объекти иҷора ва пешниҳоди иштироккунандаи озмун дар бораи нархи объекти иҷора гузошта шудааст;

Ҷомеаи меҳнатии идораи рӯзномаи "Насими Исфара" ва созмони шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба корманди рӯзнома Фатҳулло Сайидов нисбати даргузашти

"Хушбахт касест, ки дар хонадони ӯ касе бе илму бе тарбият набошад". Садриддин АЙНӢ. Имрӯзҳо бо шарофати анвори сулҳу ваҳдати миллӣ, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сад шукри борӣ, ки рӯзгорамон хуб аст. Қишри зиёди ҷомеа аз чизе камию костӣ надоранд. Вале, дардо, ки мафҳумҳои адл, инсоф, раҳм, шавқат дар вуҷудамон, ақлу андешаамон ба маротиб костааст. Келин дар бисёр оилаҳо ба беқадртарину беҳуқуқтарин кас табдил ёфтааст. Диламон хоҳад таҳқираш мекунем, дашному озораш менамоем, диламон нахоҳад бо баҳонаи пишт гуфтани гурба аз хона зада пешаш мекунем. Бовар намо, хонандаи нуктафаҳм, ӯро дар баъзе оилаҳои тухми таборашон, ба андешаи худашон “олӣ” ҳатто инсон ҳам намеҳисобанд. Бо дидаи кинаю нафрат менигарандаш. Бесабабу босабаб ба иззати нафсаш мерасанд. Ҳоли ӯ дар миёни чаҳордевори ҳавлӣ, ки он ҷо ҳанӯз ҳам форматсияи ҷамъиятии ғуломдорӣ ҳукмфармост, аз ҳоли канизу ғуломи асримиёнагӣ фарқе надорад. Ин ҷо чанд шингил аз хирмани одатҳои маъмулии келиндорон меоварам, ки итминон дорам баъзеҳо ба ҳақиқати воқеии рӯзгори мо буданаш шубҳа менамоянд. Вале, дардо, ки ин ҳақиқати талхи тақдири келинҳост, ки солҳо нияти навиштан доштаму инак бо баҳонаи навори интернетӣ қисса менамоям: Бори сангинтарину тоқатнопазиртарини тӯйҳои арӯсӣ, мисли ҳамон яхпораи бузурги зери об, ба дӯши духтардор аст. Ҷиҳози қиммати замонавӣ накунию тарафи домод аз ту розӣ нашаванд, аз рӯзи нахустини зиндагӣ, зиндагии арӯс ҷаҳаннам аст. Оқибати ин, албатта, ҷудоисту халос. Пас духтардор маҷбур аст, ки сар ба сад дар занад, қарз гирад, ба муҳоҷират равад, то тӯяш мақбули тарафи домод бошад. Ин ҷо як ҳикояте ба хотирам расид, ки ҷанбаи воқеӣ дорад. Ду сол пеш як шиносам духтарашро ба шавҳар баровард. Баъди иҷрои расму русум, таомулҳои пешазтӯйӣ тарафи домод ба дасти падари духтар 2-ҳазор сомонӣ “ҳаққи шир” медиҳад. Ошноям бо маслиҳати пешакии ҳамсараш ҳамон лаҳза якуним ҳазор сомониашро барои хариди сару либоси домод бармегардонад. Боқӣ дар кафи ӯ 500-сомонӣ мемонаду халос. Ӯ ба ҳамсараш баъди рафтани қудошавандаҳо мегӯяд: “Ҳаждаҳ сари сол мо наход барои ҳамин 500 сомонӣ духтар ба воя расонида бошем?”. Ин афсӯси падари духтар аз хасисӣ нест, балки беқадрию беҳуқуқии духтарон аст...

-нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатпулӣ. Ғолиби озмун дар давоми 5 рӯзи бонкӣ пас аз ба имзо расидани протоколи натиҷаҳои озмун боҷи комиссиониро ба андозаи 5 фоиз аз ҳаҷми иҷорапулии солона ба суратҳисоби иҷорадиҳанда ва боҷи давлатиро ба андозаи 0,1 фоиз аз ҳаҷми иҷорапулии солона ба суратҳисоби дахлдор пардохт менамояд, ки ин маблағҳо ба арзиши объекти иҷора дохил намешавад. Маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои; 2-77-47, 2-14-96, 98-898-21-21 гирифта метавонед.

ПАДАРАШ ҳамдардӣ баён намуда, дар ин рӯзҳои мусибат ба ӯву наздикони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил металабанд.

Зиёда аз ин кулли хонадонҳо келинро ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будани писарашон ба ҳавлии падараш мефиристанд. Баъзе хушдоманҳои ҷавони ба дарди фарбеҳию танбалӣ гирифторшуда то поси шаб пою миёну сари “дардманд”-и худро ба келини бечора мемолонанд. Иддае дигар алорағми қавонинҳои инсонӣ ва динию мазҳабӣ амал намуда, монеи аз муҳоҷират ба пеши зану фарзандон омадани ҷавонон мешаванд. Чандеи дигар соатҳои дароз бо телефони мобилӣ бо писари дар муҳоҷиратбудаи худ ҳарф мезананд, вале чанд сония бо шавҳараш сухан гуфтани келинро ҳеҷ гоҳ намехоҳанд. Бархе пайваста аз ҳурмату хизмат накардани келин ба писари муҳоҷирашон ҳисобот медиҳанд. Дар аксарияти хонадонҳо масъулияти табобати бемории келин ба уҳдаи падару модараш аст. “Равед, то дуруст шуданатон дар пеши падару модаратон табобат гиред”- бе ягон шарму ҳаё мегӯянд хушдоманҳо. Масъулияти табобати фарзандони келин, ки охир онҳо дар навбати худ наберагон ва ҷигаргӯшаҳои хусуру хушдомани ӯст, қариб ҳамеша ба уҳдаи падару модари духтар аст. Ҳангоми таваллуд кардани келин падару модари ӯ бояду ҳатман ҷониби домодро бо сару либос, кӯрпаю кӯрпача, ашёҳои рӯзгор бори дигар таъмин созанд. Дар бархе оилаҳо хушдоман вазифаи назоратчии сиёсати демографӣ ва низоми тавлид аст. Бо кинаю сахтию озору таҳдид маҷбур менамоянд, ки баъди тавлиди як ё ду кӯдак, келини бечора ба сақти ҳамл даст занад. Аз ҳама риъқатовару нафратангезу бешармонааш он аст, ки гурӯҳе хушдоманони худобехабар шаб то рӯз пушти тирезаи хонаи келину писарашон ҷосусию шипанагию гапчинию боз ба ким-чиҳо вақт мегузаронанд. Инҳо таънаю таҳқири хушдоманҳо нест, балки як ҳақиқати талхи рӯзгори мост, ки бо умеди раҳмати Парвардигор даст ба дуо мебардорему рӯза мегирему нияти зиёрати Каъба мекунем... Ҳамин ки баҳору айёми киштукор расид, ё боғи зардолу пухт, ғайрату заҳмати келин лозим мешавад. Вай бояд аз саҳар то шом дар саҳро ба киштукор машғул шавад. Моҳҳо дар Конибодому Хуҷанд зери офтоби сӯзон зардолу чида, баргак хушк намояд.... (Давом дорад) Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ узви ИЖТ, аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти ҶТ.

АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД Аттестати хатми маълумоти миёнаи умумии силсилаи Т-ШТУ № 0623840, ки МТМУ №15 солҳои таҳсили 2012-2013 ба Қаҳоров Илҳомҷон Розиқович додааст. *** Аттестати хатми маълумоти миёнаи умумии силсилаи АБ №090058, ки МТМУ №32 солҳои таҳсили 1995-1996 ба Ҳасанова Манзура Сафаровна додааст. *** Аттестати хатми маълумоти миёнаи умумии силсилаи Т-АТУ №0139632, ки МТМУ №1 солҳои таҳсили 20142015 ба Саидова Муяссархон Маъруфовна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи таҳсилоти асосии № 023111, ки МТМУ № 5 солҳои таҳсили 1991-1992 ба Умарова Зӯҳро Мамадхӯҷаевна додааст. *** Шиносномаи техникӣ, ки дар бойгонии КДФ БМҒ таҳти № 27609 дар суроғаи ҷ/ш. Шӯроб кучаи 40-солаги Тоҷикистон, бинои 34, ҳуҷраи 29 дар асоси ҳалномаи суди ш. Исфара аз 06.05. 2022. парвандаи №3-50/22 ба номи Галимов Асхад ба қайд гирифта шудааст.


4

"Насими ИСФАРА"

2 февраля 2023 года

Весьма отрадно, что Исфара в минувшую субботу в очередной раз стала большой стартовой площадкой для важных мероприятий с участием представителей из других стран: в Негосударственном общеобразовательном учебном заведении «Международная школа Контакт» была проведена Первая международная научная конференция «Исторические, культурные и литературные связи России и Таджикистана: содержание, смыслы, историко-дипломатический, культурный и литературный контекст». Она была приурочена к 30-летию установления дипломатических отношений между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией. Организатором конференции выступил коллектив вышеназванного учебного учреждения во главе с кандидатом педагогических наук Надеждой Дмитриевной Милентий, которая в своём вступительном слове отметила, что «данное мероприятие посвящено новому типу взаимоотношений между двумя государствами на основе независимости, развиваемых в духе стратегического партнёрства и взаимной заинтересованности. Этим отношениям характерны высокий уровень взаимного доверия, постоянное стремление к гармоничному развитию и огромный потенциал взаимовыгодного большую помощь и поддержку оказал сотрудничества, как в настоящем, так и Русско-язычный культурный центр в будущем. Участникам конференции г. Исфары в лице его руководителя предложены следующие направления и председателя Координационного работы : Совета российских соотечественников - вклад русских учёных в Людмилы Григорьевны Темировой». исследование и сохранение Затем участники конференции исторического, культурного и приступили к слушанию докладов, духовного наследия Таджикистана; с первым из которых выступил историко-этнографические преподаватель истории и права исследования и археологические «Международной школы Контакт» работы Исфары и Согдийской Азизджон Шухратович Хакимов, области; принявший на себя затем роль литературные и духовно- ведущего дальнейшего хода нравственные связи в истории конференции. Он рассказал народов Таджикистана и России; об исторических корнях и - уроки гражданской войны в межгосударственном диалоге России произведениях русской литературы и Таджикистана через призму двадцатого века; аналитика и историка. - Россия в исторических судьбах Учитель истории таджикского таджикского народа. народа «МШК» Абдуманнон Раупов, Оргкомитет получил 250 заявок на выступив с докладом «Исфара в участие в конференции из разных глубине веков», особо подчеркнул городов России и Таджикистана , вклад русских учёных в исследование представленных преподавателями- и сохранение исторического наследия филологами ВУЗов, работниками Исфары и Таджикистана в целом, государственных краеведческих продемонстрировал несколько музеев, общественными и интересных экспонатов, относящихся политическими деятелями, к древнейшим историческим ветеранами народного образования, памятникам. научно-преподавательским составом Интересными и познавательными «Международной школы Контакт». были доклады доктора исторических При подготовке конференции наук, профессора кафедры истории

№ 4 (9466)

«Старый друг всегда дороже новых двух». П.А. КАТЕНИН.

30 лет установления дипломатических отношений между Республикой Таджикистан и Российской Федерацией

Посвящалась славному юбилею

Худжандского государственного университета Набиджона Рахимова «Археологические исследования Исфары» и этнографа, кандидата исторических наук, профессора этой же кафедры этого же университета Мухиддинджона Файзуллоева «Роль историко-этнографических исследований в воспитании подрастающего поколения». Доктор философских наук, профессор кафедры русского языка и литературы Таджикского педагогического института в г. Раште Республики Таджикистан Дмитрий Владимирович Белобородов подробно осветил тему «Социокультурные аспекты взаимодействия российского и таджикского педагогического образования». Доктор филологических наук, профессор Московского педагогического госуниверситета Российской Федерации Дмитрий Владимирович Поль представил участникам конференции интересный и содержательный доклад «Преодоление розни гражданской войны: художественный опыт Михаила Шолохова». «Народ Таджикистана на Нижегородской земле» - так назывался

доклад кандидата филологических наук, доцента Нижегородского лингвистического университета РФ Ольги Михайловны Тарасовой. Абдулазиз Абдулатифович Нематов – магистр международного права, учитель таджикского языка и литературы "МШК" занимательно и в доступной форме говорил о диалоге персидско-таджикских и русских мотивов в поэтическом мире. В рамках музыкально-поэтического мероприятия просветительского характера преподаватель музыки Шерали Мадрахимов сделал иллюстративный обзор по музыкальной истории г. Исфары на фоне выступлений ансамбля шашмакомистов, учитель музыки Хамза Хакимзода продемонстрировал виртуозную игру на гиджаке, участник ансамбля Исмоилджон Юсупов проникновенно исполнил одну из вокальных партий Шашмакома, участники танцевального ансамбля, подготовленные преподавателем хореографии ДМШ № 2 г. Исфары Роксаной Нефёдовой в красочных русских и национальных нарядах исполнили выразительную композицию «Россия и Таджикистан», учитель английского языка «МШК» Хасан Рахим и детский хор спели очень понравившуюся зрителям песню «Мы есть мир», слова которой написала сама и. о. директора «МШК» Н.Д. Милентий. В ходе последующего затем «Открытого микрофона», включавшего в себя обсуждение докладов, выступления участников конференции, обмен мнениями, выступившие Заслуженный государственный деятель Республики Таджикистан Гулафзо Савриддинова, Ветеран народного образования РТ Хайдархуджа Тухтаев, руководитель Управления образования г. Исфары Мансур Маруфзода, директор историко-краеведческого музея г. Исфары Гульчехра Рахимова и другие дали высокую оценку проведённого мероприятия, выразили благодарность его организаторам и подчеркнули, что оно войдёт еще одной яркой страницей в развитие дружбы и взаимовыгодного

сотрудничества двух наших стран. По итогам Первой международной научной конференции её участниками единодушно была принята Резолюция, в которой, в частности, были отмечены следующие выводы: - историческое, культурное и духовное наследие народов Таджикистана и России получает новое осмысление в современном мире и создаёт прочную основу для дальнейших гармонично развивающихся взаимосвязей; - гуманитарное и образовательное взаимодействие двух братских народов актуально для всех сфер жизнедеятельности в современном мире; - объективное исследование истории, этнографии, археологии, культуры, традиций и письменных источников указывает на антропологическую близость и общую историческую судьбу России и Таджикистана; - установление дипломатических отношений между Россией и Таджикистаном гарантирует гармоничное и всестороннее развитие во многих сферах, укрепляет дружбу и согласие народов; Конференция постановила: - отметить важное значение культурных, исторических и литературных связей Республики Таджикистан и Российской Федерации; - привлечь внимание специалистов в области изучения русской и таджикской литературы, письменных источников и текстов, археологических памятников к всестороннему изучению, осмыслению и сохранению для будущих поколений; - активно участвовать в развитии гуманитарных, образовательных и дружественных связей народов России и Таджикистана; - расширять дистанционные формы участия в дальнейших подобных мероприятиях. Конференция поручила организационному комитету опубликовать её Резолюцию на сайте «Международной школы Контакт» и распространить текст Резолюции среди школ города Исфары и Согдийской области. В. МАРТЫНЕНКО.

ДИҚҚАТ : МУЗОЯДА

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара музоядаро оид ба фурӯши молҳои мусодирашудаи зерин барпо менамояд. Маҳалли баргузории музояда: шаҳри Исфара, ошёнаи 3-юми бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Вақти баргузорӣ: 16 феврали соли 2023, соати 14-00. Кабули дархостҳо барои иштирок дар музояда ва бақайдгирии иштироккунандагон аз рӯзи нашри эълон оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад. Тарзи гузаронидани музояда: англисӣ. Андозаи кафолатпулӣ барои иштирок дар музояда бо пули сомонӣ мутаносибан ба 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 960 (нуҳсаду шаст) сомонӣ баробар мебошад. Барои иштирок дар музояда аз тарафи иштироккунанда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатпулӣ. - барои шахсони ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ; - барои шахсони воқеӣ - нусхаи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият. Ғолиби музояда ба ғайр аз арзиши мол боҷи комиссиониро ба андозаи 5 фоиз ва боҷи давлатиро ба андозаи 0,1 фоиз аз ҳаҷми фурӯши молҳо ба суратҳисоби бахш пардохт менамояд. Маълумоти иловагиро тавассути телефонҳо 2-77-47 ва 98-898- Эзоҳ: Дар сурати харидорӣ намудани аспи бузӣ, аз тарафи ғолиб, маблағи нигоҳдории аспи бузӣ дар алоҳидагӣ пардохт 21-21 гирифта метавонед. карда мешавад. "Насими Исфара" Муассис: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №321/РЗ-97

Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Бобо Маҳкамов 63. Телефон: (8 34 62) 2-49-73. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.

Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 1. 02. 2023. Адади нашр 3800. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
"Насими Исфара", № 4 от 1 февраля 2023 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu