Skip to main content

"Насими Исфара", № 4 от 26 января 2022 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №4 (9419) *** Чоршанбе, 26. 01. 2022

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Исфара: бо як ҷумла Санаи 20 январи соли 2022 дар ҳудуди деҳаи Оқсой қирғизҳо нақлиёти боркашони тамғаи КАМАЗ-ро, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Асламов идора мекард, сангборон карданд. *** Вобаста ба рӯйдоди 20 январи соли ҷорӣ баамаломада ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот намуданд, ки Тоҷикистонро раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ва Қирғизистонро раиси ноҳияи Бодканд Учқунбек Жоробоев роҳбарӣ карданд. *** Дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ бо 10000 сомонӣ маблағи ҷудонамудаи раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин ба китобхонаи марказии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 500 дона китобҳои нав харидорӣ карда шуд. *** Дар шаҳри Хуҷанд озмуни вилоятии “Беҳтарин китобхонаи наздимактабӣ” ҷамъбаст гардид

Бозори шуғл

Соҳиби кор шуданд Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара ҷиҳати бо кор таъмин намудан ва ба таҳсили касбӣ фаро гирифтани нафарони бешуғл дар ФМД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон дар шаҳри Исфара" ярмаркаи ҷойҳои

ва дар он китобхонаи МТМУ №68 бо Сипосномаи сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода Осим Қосим сарфароз гардонида шуд. *** Дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мулоқоти масъулини “Амонатбонк” бо роҳбарони ташкилоту муассисаҳо доир гардид, ки дар он масъалаҳои сатҳи хизматрасонӣ, усулҳои беҳтарин кардани фаъолияти бонкӣ, роҳҳои гирифтани қарзҳои имтиёзнок баррасӣ шуданд. *** Аз тарафи шуъбаҳои дахлдори мақомоти иҷроия, аз ҷумла шуъбаҳои рушди иҷтимоиёт ва кор бо ҷомеа ва кор бо занон ва оила баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус ва иммунизатсияи аҳолӣ гардишҳои "Хона ба хона" гузаронида шуда истодаанд. *** Аз ҷониби бахши ҷавонон ва варзиш таҳти унвони “Паёмроҳнамо барои ҷавонон” бо ҷавонони синни 14-18 сола суҳбатҳо гузаронида шуд.

холии кориро доир намуд, ки дар ҷараёни он намояндагони 11 корхонаву муассисаҳо ба интихоби корҷӯяндагон 530 адад ҷойҳои кориро бо музди меҳнати аз 600 то 2000 сомонӣ пешниҳод карданд. Дар натиҷа 15 нафар ба ҷойҳои кори доимӣ ва 15 нафари дигар барои таҳсил дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд. М. МИРЗОМАНСУРОВА, сардори Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Исфара.

Мавқеъ

Мавзеи Зарафшон пурра аз мост М

утобиқ ба протоколе, ки Садир Жапаров ёдрас шудааст, 3 марти соли 2009 қитъаи роҳ бо дарозии 275 метр дар соҳили дарёи Исфара дар мавзеи Зарафшон ба муддати 49 сол ба маблағи рамзӣ ба иҷора ба ҷониби қирғиз дода шудааст. Онро аз ҳар ду ҷониб котибони Шӯрои амният А. Азимов ва А. Мадумаров имзо кардаанд. Аслан натанҳо ин 275 метр роҳи ба иҷорадодашуда, балки ҳамаи заминҳои атрофи деҳоти Чоркӯҳу Воруху Сурх бебаҳс ба Тоҷикистон тааллуқ доранд. Далели ин гуфтаҳо санаду фактҳои раднавшандаи таърихӣ мебошанд. Имрӯз С. Жапаров ба гуфти мардум дар калимаи “худойбердӣ” “худояш”-ро дидаасту “берди”ашро не. Зеро ӯ вобаста ба даҳҳо ҳазор замини ба иҷорагирифтаи Қирғизистон ҳарфе намегӯяд. Ин гуна заминҳо бештар аз 2500 километри квадратӣ мебошанд. Барои ин бигзор як бор ба ҳамаи харитаҳои то соли 1956 мавҷудбуда назар кунад. Ҳудуди Қирғизистон дар соли 1927 вақти таъсисёбии Ҷумҳурии автономии Қирғизистон 195 740 километри квадратӣ буд, баъд соли 1936 он 196,3 километри квадратӣ шуд. Дар соли 1975 бошад, ба 199,951 километри квадратӣ расид. Ба наздикӣ метавонад аз 200 000 километри квадратӣ гузарад. Аз кадом ҳисоб? Албатта, аз ҳисоби худсарона ғасбу азхудкунии заминҳои ҳамсоякишварҳо, хосса Тоҷикистон. Дар баробари ин дарёи Исфара аз саргаҳаш, чӣ ҳудуди Оқсой бошаду чӣ дигар ҳудудҳои ба ном баҳсӣ сифр ҳудуди тоҷикон ва Тоҷикистон мебошад. Барои

Амали хайр

Покизагӣ нишони неки одамист

Меҳмони аз шаҳр омада, ба кӯчаҳои тозаву оростаи деҳа назар дӯхта, суол кард: “Шанбегӣ гузаронидед магар, тамоми кӯчаҳо ин қадар тозаву озода?” -На, - иброз дошт, марди кушодачеҳра ва зиёинамое бо номи Мукаррамхоҷа, - Иқдоми ҷавонони деҳа аст, ки ҳамарӯза аз паи тозагии манзили худ ҳастанд. Ҳар субҳгоҳон пирону бознишастагони русто вақти бозгашт аз ибодати бомдодӣ аз ҳолати риққатовари кӯчаҳои марказии деҳа дар шигифт меафтоданд. Қоғазпораҳои рангоранги шириниву хӯрданиҳои замони муосир, ки зери пой паҳну парешон мехобиданд аз маданияти пасти деҳдорӣ гувоҳӣ медод. Бастаҳои гуногуни нони хушк, қуттиҳои яхмос, халтачаҳои офтобпараст ҷо-ҷо ба назар мерасид.

Мӯйсафедон худ ба ҷамъоварии қоғазпораҳо ҳамарӯза машғул мешуданд. Пас аз гузаштани якчанд рӯз Афзалшоҳ Раҳматзода - толибилми мактаби деҳа бо чанде аз ҳамсабақонаш маслиҳат намуда, барои ислоҳи ин мушкилот ба тамоми симчӯбҳои канори роҳи марказӣ қуттиҳои партов насб намуданд. Ин иқдом агарчӣ содда аст, аммо ба ҳама маъқул афтод. Вақте ки сарчашмаҳои ин рӯйдоди наҷибро пурсуҷӯ намудем, маълум гашт, ки сарвари мактаб зани оқилаву хирадпеша Шарифабону Маликова ба маслиҳати пирони деҳа гӯш дода, ба шогирдонаш ташкили чунин қуттиҳоро маслиҳат додааст. Саҳни мактаби деҳа серодам буд. Волидайни хонандагон ба ҳарфҳои омӯзгори фанни кимиё Ҳоҷизода

Довудҷон бодиққат гӯш медоданд. Наздикии дусад нафар хонандагони мактаб ҷоиза гирифтанд. Туҳфаҳо аз китоб ва дигар лавозимоти хониш иборат буд. Он хонандагоне,ки давоми як чоряк бе ғоиб ва бо баҳои хубу аъло таҳсилашонро ҷамъбаст намудаанд, соҳиби ҷоиза гардиданд. Ҳам падару модарон ва ҳам хонандагон ниҳоят қаноатманд буданд. Омӯзгори собиқадор Бобоҷон Тӯйчизода иброз намуданд: “Ман ниҳоят хушҳолам,ки Довудҷон ҳамчун инсони асил бисёр саховатманд аст. Умуман ҳамаи аъзои оилаи Ҳоҷиевҳо дар ҳамаи ҷабҳаи корҳои ободонии деҳа намунаи ибратанд. Дар тамоми тарҳҳои ба саҳлгардонии рӯзгори мардум равонашуда фаъоланд. Садҳо бех ниҳол барои боғи мактаб, ташкили боғи хуч, ҳавзи об барои

Президенти ҳамсоядавлат Садир Жапаров дар мусоҳиба бо “Вечерний Бишкек” ба масъалаи аз ҷониби Қирғизистон ба муддати 49 сол ба иҷора гирифтани заминҳои Тоҷикистон дар мавзеи Зарафшони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара дахл намуда, онро нодуруст арзёбӣ карда, саҳеҳияташро зери суол бурдааст. Ин рафтор ва амалкарди Жапаров аз популизме беш нест. Зеро бо ин усул сиёсатмадорони ҳамсоякишвар мехоҳанд диққати шаҳрвандонашонро аз мушкилоти аслӣ дур кунанду дивиденти сиёсӣ гиранд. ин танҳо кифоя аст ба харитаҳои то соли 1975 назар кунем. Оё беҳтару хубтар аз он далели қотеъ буда метавонад? Кас ҳайрон мешавад, ки дар кадом асос ҷониби Қирғизистон аслан даъвои қадимият мекунанду давлату давлатдорӣ. Биёед ба фактҳои таърихӣ рӯй меоварем. Баъди Инқилоби Октябр қариб ҳама ҳудуди Осиёи Марказӣ ба ҳайати ҶМШС Туркистон дохил мешуд. Қирғизҳо аз ҳайати ҶМШС Туркистон 14 октябри соли 1924 баромада, танҳо моҳи майи соли 1925 номи вилояти Автономии Қирғизистон дар ҳайати РСФСР-ро гирифтанд. Аз ин пештар бошад, мутобиқ ба декрет аз 21 августи

беморхона, дастгирии камбизоатон, ёрии ҳамасола барои мактаб-интернат ва ғайраро барои оилаи худ қарз меҳисобанд, зеро падари эшон пеш аз фавт зарурати анҷоми ин гуна амалҳоро таъкид карда буд. Пайравони Довудҷон зиёданд, Шуҳайбиддин, Бибифотима, Ситорабону, Неъматҷон, Илҳомҷон, Холдорбой амсоли онҳо имрӯз аз паи устоди худ мераванд. Дар ин маърака Афзалшоҳ низ ҷоиза гирифт. Соҳибият ба ин ҷоиза ба ӯ бо кумаку дастгирии падару модар, омӯзгорон ва ҳамдеҳагонаш муяссар гардид. Фарҳанги баланди рӯзгордорӣ ин аз аркони муҳимми миллатдӯстиву ватанпарварист. Биёед бо ҳам ҳавлӣ, маҳалла, деҳа, шаҳру вилоят ва дар маҷмӯъ мамлакати худро обод ва боз ҳам зеботар мегардонем. Барои анҷоми ин кор тамоми воситаву имкониятҳоро дорем, зеро миллати мо аз азал шаҳрнишину шаҳрсоз буд. Андалеб ШАРИФЗОДА, деҳаи Хоҷаи Аъло.

соли 1920 Ҷумҳурии Қазоқистон таъсис ёфтааст, на Қирғизистон, зеро муаллифони декрети мазкур он ҳангом дақиқан намедонистанд, ки қазоқ кӣ асту қирғиз кӣ аст. Яъне аз қадимулайём дар минтақаҳои имрӯзаи ба ном баҳсӣ сифр тоҷикон зиндагонӣ мекарданд ва ин ҳудудҳо куллан аз они Тоҷикистон мебошад. Яъне бо ибораи дигар гуфтаҳои популистонаи С. Жапаров асос надоранд, балки ин ҳама ҳудудҳои имрӯзаи ба номи баҳсӣ ва ҳатто ғайрибаҳсӣ то қаторкӯҳҳои Туркистон, ки аз болои Чоркӯҳу Сурх мегузаранд, комилан ҳудуди Тоҷикистон мебошад.

Шаҳрвандони азиз! Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ҳангоми мушоҳида кардани партовҳои дар ҷойҳои номуносиб партофташуда, маҳсулоти муҳлати истеъмолашон гузашта, намуди зоҳириашон ба талаботи гигиениву санитарӣ мутобиқат намекарда ҳатман тариқи телефонҳои 834 62 2 29 90, 918 98 41 95 ба мо хабар диҳед. Зеро танҳо дар ҳамкорӣ бо шумо шаҳрамонро зебо намуда, ҷомеаи солим бунёд карда метавонем. МАЪМУРИЯТИ МНДСЭ.


2

"Насими ИСФАРА"

26 январи соли 2022

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ Иди Сада аз нав эҳё гардид ва минбаъд ҳамасола онро дар ҷумҳурӣ санаи 30-юми январ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд". Эмомалӣ Раҳмон. Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-ум ва оғози рӯзи 31уми январи солшумории милодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби ялдо (дарозтарин шаби аввалимоҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд. Сада ҷашни мулуки номдор аст, Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст. А. Унсурӣ. Ин ҷашнро барои он Сада меноманд, ки аслан аз шумораи сад гирифташуда, аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд, ки он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро ташкил менамуд. Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонд. Сарчашмаҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостоншиносӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки бузургдошти оташ ва ойини Меҳрпарастӣ дар миёни гузаштагони тоҷикон ва дигар халқҳои форсизабон тақрибан даҳ-дувоздаҳ ҳазор сол пеш, дар сарзамини паҳновари «Аирйанам Ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») падид омадааст. Дертар дар ҳамин замина ҷашнҳои мавсимии Шаби Ялдо ва Сада зимни мушоҳидаҳои бурҷҳои фалак, ҳаракати Офтоб ва дигар ҷирмҳои кайҳонӣ ба вуҷуд омадаанд. Аз рӯйи пиндори олимон тақрибан ёздаҳ ҳазор сол пеш дар қисмати шимолии Осиё, яъне ватани бумии қабилаҳои сершумори ориёӣ давраи яхбандиҳои тӯлонӣ ва сардиҳои даҳшатнок омада, зиндагии осудаҳолонаи онҳоро сахту душвор намудааст. Рӯдҳои паҳновари Об ва Енисей, ки дар маркази ватани нахустини онҳо қарор дошт, бар асари сардиҳо ях баста, хунукиҳои зимистон то даҳ моҳ тӯл мекашид. Чарогоҳҳои сарсабз зери барфҳои абадӣ монданд, ҷангалзорҳои анбӯҳ ва дарахтони ёбоӣ дигар ҳосил намедоданд ва мурдану талаф ёфтани чорво меафзуд. Метавон тахмин зад, ки дар замони яхбандии ёздаҳ ҳазор сол пеш

рӯйдода ориёиҳо аз паҳноҳои Сибир ва доманакӯҳҳои Урал сарозер шуда, дар канораҳои баҳри Хазар ва Осиёи Миёна сокин гаштаанд. Дар «Авесто» аз маҳалли сукунати минбаъдаи қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла бохтариҳо, хоразмиҳо, суғдиён, сакоиҳо маълумоти нодире маҳфузанд, ки бо номи қаламрави зисташон зикр шудаанд. Ориёиҳо аз ғояти сармо ва хунукиҳои шадид маҷбур мешаванд, ки «Аирйанам Ваеҷаҳ»-и беамсолро тарк карда, дар саргаҳи «Гава, макони суғдиён», «Моуруи (Мари) тавоною ростипараст», «Баҳдӣ (Бохтар) - и зебои бо дирафшҳои афрошта», «Нисайа, ки байни Моуру ва Баҳдӣ воқеъ аст», «Ҳарайва» (Ҳирот) ва кишварҳои дигар то мавзеи Ҳинд, «кишвари Гургониён ва Роғ» (шимоли шарқии Мод) паҳн шуда, дар ноҳияҳои асосии Осиёи Миёна, Афғонистони кунунӣ маскан бигиранд. Дар «Меҳр Яшт» (Яшти 10) омадааст, ки сипаҳбадони мағлубнашавандаи онҳо корзорҳои беададе месохтаанд, кӯҳҳои баланди пурчарогоҳаш ба касони парастори чорпоён хизмат мекардаанд. Кӯлҳои булӯринаш ба масоҳати бузург паҳн шуда, дарёҳои васеи пуробаш сӯйи Ишкату Нарут, Ҳироту Марв, Ғави Суғд ва Хоразм равон буданд». Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши ӯ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯйи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда, шарора афканд. Ӯ аз шарора афкандани ду санг ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта, дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Баъди кашфи оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истеҳсоли филизот аз санг оғоз намуд ва онро гудохта, бар зидди аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт. Фирдавсӣ пазироии ҷашни Садаро аз ҷониби Ҳушанг чунин менигорад: Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ, Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳон гурӯҳ. Яке ҷашн кард он шабу бода хӯрд, Сада номи он ҷашни фархунда кард. Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор, Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр. Агар Хуршед бо нури гармии худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби

№ 4 (9419)

Ҷашни Сада, амиро, расми кибор бошад, Ин ойини Каюмарсу Исфандиёр бошад…

Ҷашни Сада намунае аз таърих ва фарҳанги ориёист

онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошта, баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфтаанд, ки дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо кардаанд ва баъдҳо аз ҷониби мӯъбадон ситоиш ва ниёиш ёфтаанд. Ба таври дигар, пас аз садсолаҳо, он намои Ҳурмузд маҳсуб ёфта, дар оини зардуштӣ ҷойгоҳи хос дошт ва бо усулҳои мухталиф парастиш мегардид. Дар баробари ин ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйи оташу дастони худро ба сӯйи Хуршед мебурданд ва барои беҳбудии рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд, ки дар давраи ибтидоӣ мақом ва ҷойгоҳи хос дошт. Ҳамин боварҳо буд, ки дар замонҳои хеле дури пеш аз милод қавмҳои гуногуни одамӣ барои рӯзгори худ маросимҳо меофариданд ва хушҳоливу зиндагии баъдиашонро бо ин ҷашну маросим пайванд менамуданд, ки ҷашни Сада яке аз онҳост. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар навиштаҳои худ ишорати ҷолибе доранд, ки чунин аст: “Дар миёни қувваҳои сершумори бадӣ дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки ҷони инсонро дар азоб ва таҳлука меандохт, бахусус хушкӣ ва торикӣ бисёр зиёновар маҳсуб меёфтанд. Онҳо дарёфта буданд, ки бар зидди неруҳои номбаршудаи бадӣ, озар ё оташ ва раъду барқ муассир ҳастанд. Бар зидди торикӣ бошад, Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди қавмҳои зиёди олами бостон ситоиш ва парастиш шудааст”. Ҳамин хусусиятро инсонҳои замони бостон эътироф намуда, аз гармии Хуршед баҳра мебурданд ва алоҳида онро ниёиш карда, пасон рӯшноӣ ва оташро ба он нисбат дода, ин унсурҳои табииро кашф карданд ва ба онҳо эътиқод оварда, ба парастишашон оғоз намуданд, ки баъдҳо муҷиби пайдо шудани ҷашни Сада гардидааст. Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ ва торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни

Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳои ба ҳам зид гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Аҳурамаздову Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад. Якеро тобистони (ҳама [hama]) бузург меномиданд, ки он ҳафт моҳро дар бар мегирифт ва аз оғози Фарвардин (баробари 21-ум ва гоҳе 22-юми марти тақвими милодӣ) шурӯъ шуда, то охири моҳи Меҳр (баробари 22-октябри тақвими мелодӣ) идома меёфт. Дуюмиро зимистони (зайана [zayana]) бузург мегуфтанд, ки аз аввали моҳи Обон (баробари 23-октябри тақвими милодӣ) сар мешуд ва то поёни моҳи Исфандро (баробари 20 марти тақвими милодӣ) дар бар гирифта, 150 рӯз идома меёфт. Сада дар забони авастоӣ ба маънои “баромадан ва тулӯъ кардан”-ро доро будааст. Дар забонҳои эронии бостон ба гунаи «sadok» ва дар форсии миёна ба гунаи «sadag» будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро (пас аз Шаби ялдо) тавлиди дигаре барои Хуршед ё Меҳр бидонем, метавон онро ҳамоҳанг дар ҷашн гирифтан дар даҳумин ва чиҳиллумин рӯзи тавлиди ойини куҳан ва зиндаи эронӣ донист (дар ҳамаи остонҳои кишвар ва сарзаминҳои эронӣ дониста мешавад). Оид ба истилоҳи «Сада» низ фикрҳои гуногун мавҷуд бошанд ҳам, онҳо ба ҳамдигар умумият дошта, қадимияти ин ҷашнро тасдиқ менамоянд. Масалан, донишманди маъруфи эронӣ Ҳошими Ризоӣ дар бораи вожаи "сада" менависад, ки: “Ҷашни Садаро дар байни мардуми форсизабон ба тарзи гуногун истиқбол мегиранд. Яке аз усулҳои идгузаронӣ чунин аст: Дар даҳумин рӯз ё Обонрӯз аз баҳман моҳ бо афрӯхтани ҳезуме, ки мардум аз пагоҳӣ бар боми хонаи худ ё бар баландии кӯҳистон гирд оварданд, ин ҷашн оғоз мешавад. Дар ишорати таърих ин ҷашн ҳамеша ба шакле дастаҷамъӣ ва бо гирдиҳамойии ҳамаи мардумони шаҳр, маҳалла ва русто дар якҷо ва бо афрӯхтани як оташе бузург баргузор мешудааст. Мардумон

дар гирд овардани ҳезум бо якдигар мушоракат мекунанд ва ба ин тартиб ҷашни Сада ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Аз шаби таваллуди Хуршед пас аз чил рӯз барои гарму сӯзон шудани офтоб ниёгони мо ҷашни Садаро гиромӣ медоштанд”. Дар ҷашни Сада маросими афрӯхтани оташ ва паридан аз болои он ривоҷ доштааст. Ин расм дар миёни насрониҳо, ба вижа русҳо, ҳамчун ҷашни “масленница” роиҷ аст. Ҳамин тавр чилрӯзагии Хуршедро дар рӯзи даҳуми баҳман (30-юми январ) чун Сада ҷашн мегирифтанд ва пас аз 50 рӯз, яъне 21-уми март замони ба балоғат расидани онро ба таври густурда ҷашн мегиранд, ки он рӯз Наврӯз аст. Ҷашни Садаро дар даҳумин рӯзи моҳи Баҳман (баробари 29-30-юми январ) баргузор мекарданд, ки аз зимистон сад рӯз (обон, озар, дай ва даҳ рӯзи баҳман) мегузашт. Ба ақидаи ориёиҳои қадим сармо ба авҷи баланди худ мерасид ва баъдан ҳаво тадриҷан ба самти беҳбудӣ, нармӣ ва гармӣ мерафт. Аз ин рӯ, барои он ки ба кишту кори онҳо зараре нарасад ва чорвоҳояшон аз сардӣ эмин нигаҳдорӣ гардад, оташро ҳамчун рамзи Ҳурмузд меафрӯхтанд, то дар он қувваҳои бадӣ сӯзанду нобуд гарданд. Ба гуфти бархе аз донишмандон ҳамин ки аз зимистони бузург сад рӯз мегузашт, мардум ҷашни Оташ, яъне Садаро барпо менамуданд. Онҳо бовар доштанд, ки лаҳзаҳои сармои ҷонкоҳ гузаштаасту нармию гармӣ вориди рӯзгори мардум шудааст. Аз гузаштани сармои шадид, ки неруи аҳриманӣ аст, хушҳолӣ карда, аз дашту саҳро ҳезум, бутта, хошок ҷамъ оварда, хирмани бузург месохтанд. Баробари расидани торикӣ он хирмани ҳезуму хасу хошокро оташ мезаданд, ки аз ин оташ ҳама ҷо фурӯзон мегашт ва дар гирди он рақсу бозию хушҳолӣ менамуданд. Дар он рӯзгорони қадим ниёгони ориёиҳо бар он бовар буданд, ки ин гулхан ҳамчун неруи Ҳурмузд бозмондаҳои сарморо, ки марбути Аҳриман аст, нобуд месозад.


3

"Насими ИСФАРА"

26 января 2022 года

№ 4 (9419)

«Человек, который переспорил сотню людей и сбил их с правильного пути, бесконечно ниже человека, который направил на путь правды одного человека». АБАЙ.

В помощь педагогам

Шире использовать исторические материалы из наследия предков на занятиях по точным наукам

В век зарождающегося искусственного интеллекта под сомнением оказались многие интеллектуальные и нравственные богатства, доставшиеся нам от замечательных предков. Вместе с новыми методиками в образование приходят новые догмы и постулаты. И в это смутное время технологического переворота надо постараться по максимуму использовать достояние наших гениев. На уроках математики и физики при объяснении какихлибо фактов гносеологический подход к объяснению факта или теоремы, безусловно, увеличит вероятность того, что поданный так учебный материал будет воспринят учащимися как нечто целое, а не как фраза, вырванная из контекста. При этом никогда не надо жертвовать в угоду экономии времени наглядностью изложения. «Ребёнок никогда не поймёт излагаемый материал, если мы будем вводить числа аксиоматически, как объекты, не имеющие никакого реального содержания, над которыми мы Тӯли ҳаёти кӯтоҳи худ Муаззама Аҳмадова тавонист бо нигоҳи тоза, сабку шеваи хос ва қолаби ҷадид ба арсаи адабиёт ворид гардад. Ман дар ин мавод танҳо мехоҳам аз он суҳбату вохӯриҳое, ки бо Муаззамаи нависанда, шоир, ошиқ, зебоиофар доштам, хотираҳоямро нақл кунам. Охирҳои моҳи майи соли 1983 буд. Ман он вақтҳо ба ҳайси сарметодисти кабинети методии мактабҳои таълимии Ҷумҳуриявии Вазорати маданияти Тоҷикистон ва ҳамчун ҳамҷоякор дар Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода фаъолият доштам. Сардори шуъбаи кадрҳои Вазорати маданият Назаров Сергей Назарович (рӯҳашон шод бод) маро ба наздашон даъват намуда, хабар доданд, ки бояд ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сафари хидматӣ равам. Аз ин сафари ман Муаззама Аҳмадова, ки он замон дар рӯзномаи "Маданияти Тоҷикистон" фаъолият дошт, огоҳӣ ёфта, ба утоқи кориам занг зада, хоҳиш намуд, ки аз сафари хидматиам маводеро ба рӯзномаашон омода намоям. Ҳамин тавр таи ду ҳафта бо санҷиши фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои фарҳанги вилоят машғул будам.

оперируем по формальным правилам, установленным принятыми нами соглашениями. Напротив, он соединяет с числами реальное представление; они являются для него не чем иным, как количеством орехов, яблок и тому подобных хороших вещей…» (Феликс Клейн). Как когда-то хорошо сказал Анри Пуанкаре: «В преподавании хорошим определением является то, которое понятно ученикам». При этом многие понимают под наглядностью только использование видео и графики, различных технических средств, наподобие электронной доски или проектора. Однако, всё перечисленное – это только инструменты урока, теряющие свою мощь при отсутствии интеллектуального обеспечения изучаемого материала. Урок не должен превращаться в последовательность хаотически собранных клипов, презентаций и тестов. Вершиной занятия должны стать усвоенные учащимися термины, положения, а главное,

умение применить их на практике. Важно превратить категории каждой из точных наук из предмета зубрёжки в то, чем они являются – инструментами познания окружающей действительности. Важную роль играют приводимые в качестве иллюстративного интеллектуального материала исторические примеры по предмету. Данные примеры позволяют понять не только изучаемые термины, но и проследить всю логическую цепочку их появления и развития, а также вкладываемое в них значение. Проблемы передачи знаний, стоящие перед современным педагогам, были знакомы и древним учёным. Некоторые вполне эффективные приёмы объяснения сложных тем с полным правом можно использовать и в современных реалиях, дозируя информацию в соответствии с целями урока. Прекрасным примером сочетания логической сложности и доступной иллюстрации является задача о Кёнигсбергских

мостах Леонарда Эйлера, в которой спрашивалось, как можно пройти по всем семи мостам Кёнигсберга, не проходя ни по одному из них дважды. С именем этого великого учёного связана ещё одна известная задача о перессорившихся соседях, ищущих бесконфликтные пути к своим трём колодцам. Мы называем некоторых представителей точных наук гениями не просто ради красного словца. Примеры, приводимые ими для выражения какой-либо идеи, иногда и в самом деле являются шедеврами. Вот пример задачи из творчества великого Аль-Каши : «Плата работнику за месяц, т.е. тридцать дней, - десять динаров и платье. Он работал три дня и заработал платье. Какова стоимость платья?». Или задача Аль-Каши о наследстве: «Человек завещал Зейду половину имущества, Амру - треть его, Бакру - четверть его, Халиду - одну пятую его и Валиду - одну шестую его. Каков был размер имущества? Сколько получил каждый наследник?» При обращении к трудам знаменитых учёных всегда поражает разнообразие сфер, из которых они брали свои задачи, оригинальность постановки условия и, конечно же, удивительный ход мыслей. Приведём подборку задач, которые могут стать украшением любого урока. Задача Архимеда: «Определить, сделана ли корона царя Гиерона полностью из золота, выданного царём для этого заказа, или нанятый ювелир сжульничал, подмешав в расплав серебро». Задача Авиценны: «Если число, будучи разделено на 9, дает в остатке 1 или 8, то квадрат

ҳайаташ устодон Мирзоқурбон Солиев, Муродҷон Юлбарсов, дӯстонам Исмонҷон Юсупов, Абдураҳим Шерматов, Усмонҷон Қаландаров ва дигарон шомил буданд, кумак мерасонидем. Ҳар бегоҳ пас аз ба охир расидани машқҳо бо Муаззама пиёда, суҳбаткунон то хобгоҳ ҳамроҳ қадам мезадем. Муаззама Он вақт ба ман ҳамчун ба ҳамеша ёди деҳа, волидон, мутахассиси ҷавон аз тарафи дӯстон мекард. Наврасии худро Вазорати маданияти Тоҷикистон бо завқ ба ёд меовард. Орзуву аз хобгоҳе, ки дар маҳаллаи 33- ормонҳои зиёде дошт. Ҳар гоҳе, ки ба дидорбиниаш юм воқеъ буд, ҳуҷрае ҷудо карда дода буданд. Ман, ки дар хонаи мерафтам, бо шавқи том аз бурду бародарам зиндагӣ мекардам, ба бохт ва навигариҳо сухан мегуфт. ин ҳуҷра эҳтиёҷ надоштам ва ба То ҳол симои ӯ аз назарам суханҳояш дар Муаззама таклиф намудам, ки намераваду гӯшҳоям садо медиҳанд. метавонад муваққатан дар ҳуҷраи Имрӯз Муаззама Аҳмадова дар ман зиндагӣ кунад. Ҳамин тавр ман калиди хонаро ба Муаззама миёни мо нест. Аммо симои гарму супоридам ва ӯ бо дугонааш номи неки ӯ, хислату хӯйи наҷиб Машкура Содирова, ки аз ноҳияи ва самимияти афзунаш дар лавҳи Ашт буд, ҳамроҳ дар он ҷо дили мо - дӯстон ҷовидона нақш бастааст. зиндагӣ мекарданд. Ёдат ба хайр Муаззама! Дигар лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи марбут ба Муаззама Муҳаммадхоҷа ЯҲЁЕВ, ин Фестивал – озмуни ҷумҳуривии дотсенти кафедраи фанҳои "Бӯстон - 2" аст. Дастаи гуманитарии ФДТТИ, ҳаваскорони санъати Исфара узви иттифоқҳои дар шаҳри Душанбе, дар Театри бастакорон ва опера ва балети ба номи С. Айнӣ рӯзноманигорони ҶТ. барои ширкат дар даври ниҳоии ин озмун омодагӣ медиданд. Мо ҳамроҳи Муаззама давоми се рӯз ба дастаи шаҳрамон, ки ба

Ба истиқболи 70-солагии қаламкаши хушсалиқа Муаззама Аҳмадова

Ёде аз Муаззама

Ҳангоми сафар ман ба яке аз ромишгарони мумтоз, созтароши халқӣ Масайн Масайнов, ки дар назди Гармчашма истиқомат дошт, шинос шудам. Масайн Масайнов маро ба хонаи худ даъват намуда, бо он созҳое, ки маҳсули дастони худаш буданд, як - як нохун зада, шинос кард. Диққати маро бештар сози (асбоби) навтарошидааш, ки ба он "Торуди Масруд" номгузорӣ карда буд, ба худ ҷалб кард. Бояд тазаккур дод, ки ин соз ба созҳои афғонӣ - бадахшонӣ монандӣ дошт, вале торҳои пайвасткардашудааш ҳангоми навозиш 33 навъ овоз мебаровард. Вақте ки ӯ менавохт гӯё ман садои сози мусиқии Аврупоии органро мешунидам. Баъди аз

сафар баргаштан дар хусуси ҳаёт ва фаъолияти ин мутриби хушадо - Масайн Масайнов маълумот омода намудам, сози нави сохтаашро аз назари мусиқашиносӣ ба риштаи таҳлил кашидам ва онро мувофиқ ба ваъда ба рӯзномаи "Маданияти Тоҷикистон" супоридам. Мавод бо унвони “Навои масруд” 15. 07. 1983 аз чоп баромад. Муаззама Аҳмадова баъди чопи мақолаам маро табрик намуда гуфт, ки мақолаамро дар маҷлиси фаврӣ (летучка) баррасӣ намуда, ситоиш кардаанд. Баъди гирифтани гонорар (ҳаққи қалам), ки 17 - сӯмро ташкил медод, бо таклифи ман ҳамроҳи Муаззама дар ошхонаи рӯ ба рӯи бозори "Путовский", ҳамроҳ хӯроки нисфирӯзӣ хурдем ва суҳбати тӯлонӣ доштем. Суҳбати Муаззама самимӣ, табиӣ буд ва бароям аён гашт, ки шароит ва ҷойи зисташ ба корҳои эҷодӣ он қадар мувофиқ набудааст.

этого числа, деленный на 9, дает в остатке 1. Доказать.». Задача Ньютона: «Трава на лугу растёт одинаково густо и быстро. Известно, что 70 коров съели бы всю траву за 24 дня, а 30 коров – за 60 дней. Сколько коров съест всю траву на лугу за 96 дней?». Задача Пифагора: «Половина моих учеников изучает прекрасную математику, четверть исследует тайны природы, седьмая часть упражняет силу духа. Добавьте ещё к ним трёх юношей, из коих Теон самый способный. Сколько у меня учеников?». Занимательными задачами увлекались и классики русской литературы. Задача Льва Николаевича Толстого: «Пятеро братьев разделили между собой наследство отца поровну. В наследстве было три дома. Три дома нельзя было делить, их взяли старшие три брата. Каждый из старших заплатил по 800 рублей меньшим. Меньшие разделили эти деньги между собой, и тогда у всех пяти братьев стало поровну. Много ли стоили дома?». Задача Антона Павловича Чехова: «Купец купил 138 аршинов черного и синего сукна на 540 руб. Спрашивается, сколько аршинов купил он того и другого, если синее стоило 5 рублей за аршин, а черное - 3 рубля.». Точные науки могут и должны быть увлекательными. Необходимо бороться со скукой и догматизмом на занятиях. Мотивация учеников на уроках - важная составляющая современных уроков. Использование богатого исторического интеллектуального наследия при правильном оформлении и организации может стать сильным мотиватором учебного процесса. З.М. СОЛИЕВ, к.с/х.н., и.о.доцента, Ф.САЛИМОВ, И.НУМОНОВ, ст. преподаватели филиала Технологического университета Таджикистана в г. Исфаре.


4

"Насими ИСФАРА"

26 январи соли 2022

Ба 90-солагии "Насими Исфара"

Ҷавонмарде бо маънои аслӣ Баъзе инсонҳоро тавсиф намуда, «ҷони одам» мегўянд. Дар бораи ако Судуриддин Маҳкамов борҳо аз забони дигарон шунидаам: "Судуриддин Маҳкамов ҷони одаманд". Оид ба мазмуни ибораи "ҷони одам" ва мувофиқати он ба хислату пиндору гуфтору рафтори инсон ба андеша рафтам. "Ҷони одам" чӣ маъно дорад? Бе ҷон ягон мавҷудот зинда истода наметавонад, яъне дар вуҷуди инсон ҷон унсури асосисту бе он ҷасад як мушт хок. Ҷони одам гуфта, тавсиф намудани бузургони некпиндор, накўгуфтор ва хушрафтор бо он мақсад аст, ки нақшу мақомашон барҷаста нишон дода шавад. Дар ҳақиқат, бародари мо Судуриддин Маҳкамов ҷони одам аст. Дар зиндагӣ нақшу мақоми хос дошту дорад. Бо ў аз даврони донишҷўӣ шиносам ва ин шиносоӣ бо гузашти вақт ба дўстию бародарӣ табдил ёфту айни замон бо таъсири суръати бошиддати раванди замон аз чашмҳо андаке дур афтодаем, аммо вай ба дил ҳамоно наздик аст. Ба наздикӣ писари сарбаланду дилписандаш китобе дастрасам намуд. Китобе муқовааш бо тасвири табиати дилрабои Ватан ороёфта ва мисли чеҳраи одами гармрў диққатрабо, бо номи «Ҳафтод лавҳаи умр», аз номи падар. Бо чунин соядаст: «Ба додари азиз, нависандаи боистеъдод…бо таманнои барори кору бахту шодии рўзгор ва парвозҳои баланди эҷодӣ ҳадя мегардад». Китобро худи ҳамон шаб пурра

хондам. Дар бораи мазмуну муҳтаво ва забону услуби нигориши он гап намезанам, чунки ба қавле, гап нест! Дар бораи масъалаи дигаре сухан меронем. Камина ҳам мисли Судуриддин Маҳкамов аз солҳои донишҷўӣ ба навиштан машғул ҳастам, аммо ягон маротиба дар имзои поёни маводҳоям худро ба сифати рўзноманигор ё нависанда муаррифӣ накардаам. Айёме ки Судуриддин Маҳкамов корманди «Насими Исфара» буданду баъдтар вазифаи сармуҳаррирро иҷро мекарданд, баъзе маводҳоям чоп мешуданд ва ходимони идораи нашрияи писандида ба зери ному насабам калимаи нависандаро ҳамроҳ мекарданд. Бо ҳамин дар байни доираи муайяни хонандагон ба сифати рўзноманигор ва нависанда шинохта шудам. Ин муаррифии беғаразонаи журналистони газетаи шаҳрӣ таъсирам кард ва худро дар таълифи ҳама гуна маводҳои хоҳ ҳаҷман васеъ ва хоҳ мухтасар масъул мешуморидагӣ шудам ва ҳадяи гаронбаҳои бародари иззатманду соядаст ба хулоса овардам, ки дар рўӣ сайёраи нозанини Замин маро ба сифати нависанда мешинохтагӣ ҷавонмард ҳам будааст. Бигзор як нафар ҳам бошад. Ташаккури бепоён барои туҳфаи китоби нав ва ёдоварию қадрдонӣ, ки дар вуҷуди кас ҷони нав, нерўи тоза ва илҳоми пуртуғён ато месозад. Ба Шумо умри пурбаракат орзумандем, бигзор, садҳо китоби дигар таълиф кунед. Субҳон ЁДГОРӢ.

Бо дархости хонанда

Зарбулмасалҳои англисӣ

Алмосро бо алмос мебуранд. *** Бадбахтӣ омӯзгори хуб аст. *** Қашшоқ касест, ки дӯст надорад. *** Бенавоён интихобро намедонанд. *** Агар орзую умед намебуд, дил кайҳо мекафид. ***

Диққат: музояда-ауксион Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара музоядаро оид ба фурӯши иншооти зерин эълон менамояд. Маҳалли баргузории музояда: шаҳри Исфара бинои мақомоти иҷроияи

"Насими Исфара" Муассис: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97

№ 4 (9419)

"То ба купрук нарасӣ, аз он нагузар".

Бемории сӯхтанӣ (сибирская язва) – бемории шадиди сироятӣ буда, ба гурӯҳи зоонозӣ дохил мешвад. Бемории сӯхтанӣ – Антракс (ангишт), аз замонҳои қадим бо номҳои “оташи муқаддас”, “оташи форсӣ” ва ғайра маълум аст. Аз сабаби бештар дар Сибир паҳн шуданаш ин беморӣ номи “захми сибирӣ” (сибирская язва)-ро гирифтааст. Дар яке аз асарҳои Абӯалӣ ибни Сино оид ба бемории сӯхтанӣ аз ҷумла қайд шудааст: “Беморӣ аз хориш оғоз ёфта, ба обилаҳо табдил меёбад, аз он моеи сӯзишноке мешорад, мисли оне, ки баъди сӯхтан ҷои дарднокро сӯзиш медиҳад, хокистарранг ё сиёҳ мебошад”. Барангезандаи беморӣ қаламчаи ҷароҳати сибирӣ ба ҳисоб рафта, ба ду шакл тақсим мешавад: вегаттивӣ ва споравӣ. Қаламчаҳои шакли вегатативӣ дар ҳарорати баланд ва таъсири маводҳои безараргардонӣ зуд нобуд мешаванд. Қаламчаҳои шакли споравӣ бошад, нисбатан устувор буда, танҳо баъд аз 30 дақиқаи ҷӯшонидан ва дар автоклав баъд аз 2 соати нигоҳ доштан дар ҳарорати 120 дараҷа гармӣ нобуд мегардад. Ин қаламчаҳо чандин солҳо дар об ва даҳсолаҳо дар хок боқӣ мемонанд.

Манбаъҳо ва роҳҳои интиқол: Бемории сӯхтанӣ ба инсон аз ҳайвоноти хонагӣ, аз ҷумла ҳайвоноти кавшакунанда мегузарад. Ҳайвони бемор бо воситаи пешоб ва миҷоз қаламчаҳои сӯхтаниро ба муҳит паҳн мекунад. Ин беморӣ аз одами бемор ба

Аз кӯлвори "Шифо"

Сӯхтанӣ (сибирская язва) одами сиҳат намегузарад. Сироятёбӣ аз ҳайвонот ҳангоми кор ба ашё (пӯст, пашм, гӯшт, шир) ва нафаскашӣ бо чангу ғубори пашм ва мӯй сурат мегирад. Давраи ниҳонии беморӣ аз якчанд соат то 8-шабонарӯз давом мекунад.

Нишонаҳои беморӣ: а) Касолати пӯст дар шакли доначаҳои серпайса, ки муддати аз 1 то 6 рӯз ба доначаҳои везикулярӣ ва минбаъд ҳосилшавии доғи паҳни ранги сиёҳ табдил меёбад; б) Ихтилоли меъдаву рӯда, бо дилбеҳузурӣ, қайкунӣ, аноректсия ва табларзаи шадид; в) Тез инкишоф ёфтани гипоксия бо нафастангӣ ва ҳарорати баланд, ки бемории шадиди вирусро ба хотир меорад; г) Табларзаи сахт, мумкин аст дар якҷоягӣ бо рагкашиҳо, беҳушшавӣ.

Муолиҷаи бемории сӯхтанӣ: Муолиҷаи беморӣ тавассути антибиотикҳо ва иммуноглобини зидди бемории сӯхтанӣ гузаронида мешавад. Ҳамчунин дар беморони гирифтори шаклҳои вазнин талаботи фаъоли безаҳркунандаро бо истифодаи маҳлулҳои коллоидӣ ва кристаллоид ва ҳамзамон

Аз чоҳи хушкшуда об кашидан бефоида аст. *** Боигарӣ меравад, номи нек мемонад. *** Аз даруни халта аз будаш зиёд гирифта намешавад. *** Киштии калон оби чуқур мехоҳад. *** Агар сахӣ будан хоҳӣ, аввал одил бош. *** Оғози бад ба анҷоми бад мебарад. *** Корманди ноуҳдабаро асбобу аёниятҳои худро дашном медиҳад. Таҳияи Ф.САЙИДОВ.

ҳокимияти давлатӣ, кӯчаи Марказӣ,№20. Тарзи музояда – англисӣ. Вақти баргузорӣ 28 феврали соли 2022, соати 14-00. Қабули дархостҳо барои иштирок дар музояда ва ба қайдгирии иштироккунандагон аз рӯзи нашри эълон оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад. Андозаи кафолатпулӣ барои иштирок

дар музояда бо пули сомонӣ мутаносибан ба 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар буда, 22400 (бисту дуҳазору чорсад) сомониро ташкил медиҳад. Харидор ба ҳисоби фурȳшанда ба миқдори 5 фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурȳши иншоот месупорад, ки он ба нархи фурȳши лот дохил намешавад. Андозаи боҷи комиссионӣ: 5 фоиз маблағи комиссионӣ ва 0,5 фоиз боҷи давлатӣ аз арзиши фурȳши иншоотро ташкил медиҳад. Маълумоти иловагиро таввасути телефонҳои 2-77-47 ва 98-567-40-43 гирифта метавонед.

диурезӣ босуръат гузронида мешавад.

Пешгирии бемории сӯхтанӣ: Чораи нисбатан самараноки пешгирии бемории сӯхтанӣ дар байни одамон, ин роҳ надодан ба беморишавии ҳайвонот бо ташкили дурусти назорати бойторӣ ва эмгузаронии ҳамаи ҳайвоноти хонагӣ ба ҳисоб меравад. Ҷасади ҳайвоноти мурда бояд қатъиян дар ҷойҳои муқарраршуда сӯзонида шуда, маҳсулоти хӯрокаи аз ҳайвони касал ба даст омада нобуд ва пӯст, пашм ва ғайра безарар гардонида шаванд. Дар муборизаи зидди бемории сӯхтанӣ диққати асосӣ бояд ба пешгирии иртиботи одамон бо ҳайвоноти бемор (дар рафти нигоҳубин, қассобӣ, ҷудо намудани пӯсти онҳо) ва ашёи хоми онҳо равона кард шавад. И. АБДУЛЛОЕВ, корманди МНДСЭ.

Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд Шиносномаи миллии Латипов Ҳафиз истиқоматкунандаи шаҳри Исфара маҳаллаи 13-ум берақам, ки ШВКД-1-и шаҳри Исфара соли 2003 додааст. *** Аттестати маълумоти асосии силсилаи Б № 520453, ки МТМУ № 29 солҳои таҳсили 1983-1984 ба Юсупов Айюббой Мусобоевич додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи силсили Т-ШТУ № 0262169, ки МТМУ № 76 солҳои таҳсили 2008-2009 ба Эшонов Муродҷон Ҳасанович додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи БП № 268143, ки МТМУ № 29 солҳои таҳсили 1972-1973 ба Ҳикматова Биумрӣ додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи А № 104075, ки МТМУ № 33 солҳои таҳсили 1983-1984 ба Муссоева Мақсуда Қосимовна додааст. *** Дипломи таҳти № 494123, рақами қайд 3549, ки Омӯзишгоҳи касбӣ- техникии № 10 (ҳозира МТД “Литсейи касбии техникии нефт ва газ”)-и шаҳри Исфара мувофиқи фармоиши № 9-к, 11 июли соли 1994, аз рӯйи ихтисоси “Ёрдамчии пармагар” ба Амаков Абдуллохон Атохонович додааст.

Утери

Утерянный аттестат № 2904, выданный ПТУ-6 г. Шураба в 1981 году на имя Азизова Рахмата Джумаевича, согласно которому ему был присвоен 5 разряд по профессии МГВМ, считать недействительным.

Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Б.Маҳкамов, 63 Телефонҳо: (8 34 62) 2-49-73.

Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст.

Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад.

Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 25. 01. 2022. Адади нашр 4300.

Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.

САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
"Насими Исфара", № 4 от 26 января 2022 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu