4 2016 qxp имруз layout 1

Page 1

4- 2016.qxp имруз_Layout 1 12.02.2016 14:32 Страница 1

Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

№ 4 (314)

аз 13 феврали соли 2016

Мулоқоти раиси шаҳр бо саноатчиён Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо роҳбарони корхонаҳои саноатии шахр мулоқот анҷом дод. Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷаласаи кории назди раиси шаҳр вобаста ба рушди соҳаи саноат ва чораҳои иловагӣ оиди баланд бардоштани ҳаҷми истеҳсолот баргузор гашт. Дар кори ҷаласа роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, нозироти андоз, раёсати омор, раёсати молия, кишоварзӣ,

сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иштирок намуданд. Дар машварат раиси шахр зикр дошт, ки дар асоси дастуру супориш ва таваҷҷӯҳу

www:7imruz.wordpress.com

email: gazeta-imruz@mail.ru

www.tojinfo.ru

Исфара, кeчаи Марказb-10.

ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола соҳибкории хурду миёна рушд ёфта, дар қаламрави шаҳр як қатор корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Давоми соли 2015 ба истифодадиҳии 8 корхонаи самти саноатӣ дошта маҳз дар партави ҳамин сиёсати Ҳукумати мамлакат рӯи кор оварда шудааст. Сипас, мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёт Мақсудчон Мамадҷонов оид ба бурду бохти соҳаи саноати шаҳр давоми соли 2015 ва натиҷаҳои моҳи январи соли 2016 маълумот дод. Қайд карда шуд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли

нишондиҳандаҳои соли 2015 5,8 фисадро ташкил дод. Дар ин давра фаъолияти саноатчиёни «Корхонаи кимиёвӣ», «Тамохуш», «Ангишт», «Петролеум Суғд», «Нилуфар», «Маҳсулоти оҳану бетонӣ», «Заводи сементбарорӣ», «Нони Исфара», «Заводи консервабарории ба номи З.Ҳасанов» назаррас арзёбӣ гардид. Мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёт баробари пешравиҳо ҳамчунин аз камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа сухан карда, зикр дошт, ки давоми соли гузашта корхонаҳои «Заводи равғанбарорӣ», «Филиз», «КМБИ», «Коркарди чўб», ва Комбинати консервбарорӣ суръати афзоишро нисбат ба ҳамин давраи соли 2014 коҳиш додаанд. Қайд гардид, ки аксари корхонаҳои банду

гузашта 270,2 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли 2014 42,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Саҳми саноатчиёни шаҳр дар маҷмўи маҳсулоти вилоят аз рўи

басти меваи хушк бинобар аз сармо зарар дидани боғоти зардолу аз фаъолият бозмонданд.

Сӯҳбатҳо бо мардуми деҳот

Раиси шаҳр аз деҳаи Чилгазӣ боздид ба амал овард ва бо сокинони деҳоти мансуб ба ҷамоати Чилгазӣ мулоқот орост. Сароғоз шаҳрдори Исфара дар беморхонаи минтақавии № 3 бо ҳайати табибон ва табобатгирандагон сўҳбати самимӣ анҷом дод. Беморхонаи мазкур барои 50 кати табобатӣ пешбинӣ шуда, аҳли меҳнати 98 нафараи он ба беш аз 50 000

аҳолии деҳаҳои Кӯлканду Чилгазӣ ва Лаккон хизмат мерасонад. Тавре ба раиси шаҳр итттилоъ доданд, бо мақсади беҳсозии таъминоти беморхона бо оби тоза аз ҷониби Салиби Сурхи Тоҷикистон 260 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, як ҳавзи ғунчоишаш 50 метри мукааб ва манораи об бунёд шудаву хатти обгузар ба пуррагӣ навсозӣ шудааст. Дар корҳои ободонии беморхона соҳибкорони маҳаллӣ низ саҳм мегиранд. Ба қарибӣ бо иқдоми соҳибкор Раҳимҷон Ӯлмасов 2 ҳуҷраи шўъбаи таваллудхонаи беморхона ба таври замонавӣ таъмир карда шуд. Баъдан шиносоии Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз раванди таълиму тарбия дар муассисаи таълимии миёнаи умумии № 55 ҷараён гирифт. Дар мактаби мазкур, ки соли 1985 бунёд гардидааст, 430 нафар толибилмон дар ду баст таҳсил мекунанд. Зикр гардид, ки бо мақсади фароҳамсозии шароити созгори таълим,

дар ин ҷо бо иқдоми кумитаи падару модарон ва дастгирии соҳибкорони деҳа сохтмони бинои иловагӣ идома дорад. Дар Маркази атласу адрасбофии деҳаи Чилгазӣ раиси шаҳр бо ҷараёни касбомўзии духтарони маҳаллӣ аз наздик шинос шуд. Дар ин маркази таълимӣ 3 адад дастгоҳи атласу адрасбофӣ ва 4 мошини дўзандагӣ гузошта шуда, дар он 10 нафар бонувон ба омӯзишу шуғл фаро гирифта шуданд. Дар ҷараёни сўҳбат бо бонувон раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ таъкид намуд, ки ҳар зани тоҷикро зарур аст, то ҳунарҳои мардумиро азхуд намояд. Раиси шаҳр ҳамчунин бо фаъолияти Маркази хизматрасонии бойторӣ, ки аз тарафи мутахассиси соҳа Қаҳрамон Раҳмонов бунёд шудааст, шиносоӣ пайдо кард. Баъди шиносоии наздик бо ҳолати муассисахои таълимӣ, тандурустӣ ва хизматрасонии деҳа Расулзода Дилшод

Тел: 2-61-62

Озмуни «Андалеб2016» гузаронида мешавад Қарори раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ оид ба гузаронидани озмуни шаҳрии «Андалеб-2016» ба тасвиб расид. Мувофиқ ба қарори мазкур озмуни телевизионии шаҳрӣ — “Андалеб-2016” аз 1 апрели соли 2016 то Рӯзи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри фарҳанги шаҳр гузаронида мешавад. Мақсад аз гузаронидани озмун сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина дарёфти соҳибистеъдодҳои ҷавон, беҳтарин ҳунармандон, тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолият, эҳё ва тарғиби санъати ниёгон ва муосир дар байни шаҳрвандони шаҳру деҳот мебошад. Озмун байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара, коллеҷи тиббӣ, беморхонаи марказии шаҳр ва раёсати маориф гузаронида шуда, ғолибон бо мукофотҳои пулӣ қадршиносӣ карда мешаванд. Инчунин дар асоси ин қарор ҳар ҳафта шоми чоршанбе шабҳои эҷодии шоирон ва ҳунармандони шаҳру деҳот таҳти унвони «Иқболу илҳоми мо аз соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст» дар толори консертии гулбоғи ба номи С.Исфарангӣ аз 1 май то рўзи ҷашни Истиқлолият барпо мегардад. Ҷабборӣ дар маҷлисгоҳи ҷамоат бо мардум гуфтугўи ошкорову самимӣ доир намуд. Дар раванди мулоқот масъалаҳои таъминот бо қитъахои замини наздиҳавлигӣ, оби полезии мавзеъҳои Ғузлон ва Боғистон, бунёди мактаб барои 240 нафар дар маҳаллаи Ғузлон, кашидани хатти оби нӯшокӣ ба деҳа дар доираи лоиҳа мавриди баррасӣ қарор ёфтанд. Аз тарафи худ соҳибкорони Чилгазӣ изҳор доштанд, ки дастгоҳҳои адрасу атласбофӣ дастрас хоҳанд кард, то қисме аз бонувону духтарони деҳа бо ҷойи кор ва манбаи даромад таъмин бошанд. Раиси шаҳр бо баробари баён доштани омодагии мақомоти иҷроия дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта, сокинони Чилгазиро ба якдилӣ, некназарӣ ва меҳнати созандаву бунёдкорона дар соли таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намуд. Ин гуна мулоқотҳои раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар ҳамаи 12 ҷамоатҳои шаҳраку деҳот шуда гузашт. “Имрӯз”.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.