4 5 2015 qxp имруз layout 1

Page 1

Гар шоирони олам як ҷо мадеҳа гӯянд, Як байт ҳам наарзад андар санои модар.

Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!

Хафтаномаи чамъиятию сиёси

№ 4-5 (283-284)

аз 6 марти соли 2015

email: gazeta-imruz@mail.ru

www.tojinfo.ru

Исфара, кeчаи Марказb-10.

зоҳидзода даврони абдуқодир, раиси шаҳр:

офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон

САД ЧОНУ ДИЛ ФИДОИ ЯК МУДДАОИ МОДАР! нерӯи бузурги ҷомеа ҳасте. зеро, ки ба боварию эътимоди мардум,

Модарон ва хоҳарони азиз, бонувони гиромиқадр! инак, соли ҳафтум аст, ки мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо санаи 8-уми мартро ҳамчун рўзи Модар ва рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи зан – Модар таҷлил мекунад. дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, бо баёни эҳтиром ва арҷгузорӣ ба бузургиву шаҳомат, наҷобату шарофат, мақому манзалат ва меҳрубониву самимияти модар, кулли модарону бонувони иззатманди исфарамарзро ба ифтихори ҷашни фархундаи милливу давлатиамон - рӯзи Модар самимона табрик мегӯям. Бино бар суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон: “ аслу ҷавҳари рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан - Модар ташкил медиҳад. дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи арҷгузории хоса ба бузургӣ ва азамати модарони поксиришт, сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд». Мавриди зикр аст, ки маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҳам ҷамоатҳо бори дигар собит намуд, ки шумо – занони гиромиқадри исфара дар ҳақиқат

маҳз ба шарофати азму иродаи неку қавӣ, дастгирии ҳамаҷониба ва саъю талошҳои аз ҷумла шумо бонувони некназар интихобот хамчун баёнгари сарҷамъии мардуми исфара дар атрофи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ муташаккилона ва дар сатҳи балади сиёсиву ташкилӣ баргузор гардид. Боиси ифтихори мост, ки яке аз занони соҳибмақом ва барӯманди шаҳр - номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии №20, исфара Шарофидинова Мавзуна бо дарёфти 76,3 дар сади овозҳои интихобкунандагон ба намояндагии мардуми исфара дар парлумони мамлакат шарафёб гардид. номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд файзуллоева Таборакхон Билоловна, ки бо аксари овозҳо вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд интихоб гаштаааст, минбаъд ҳуқуқу манфиатҳои мардуми диёрро дар Маҷлиси вилоятӣ ҳимоя хоҳад кард. 4 нафар занони баобрӯй ва шинохташудаи исфарамарз – Ҷалилова фотима Маъруфовна, Бобоева гулрабо ваққосовна, Ёқубова Марҳамат Бобоевна ва Маҳмудова рано азизбоевна вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр интихоб гардиданд. инчунин, дар 268 ҳавзаи интихоботии Мачлисҳои ҷамоатҳо 65 нафар занони фаъолаву барӯманд пирӯзӣ ба даст оварданд, ки 25 фоизи шумори умумии вакилони ҷамоатҳоро ташкил медиҳад. ин ҳама дастовардҳо, аз мавқеи муносиб, мақому мартабаи хос ва ҳам пайваста болоравии нуфузи занон дар мақомоти қонунгузор ва намояндагӣ дарак медиҳад. Бо истифода аз фурсати муносиб ман ҳамаи ин занони соҳибэътибори исфарамарзро,

ба дарёфти мақоми вакилӣ мушарраф гаштаанд, сидқан табрик мегӯям. Барояшон ҷиҳати адои вазифаҳои бошарафонаю пурмасъулияташон дар назди халқу ватан комёбию муваффақият ва сарбаландиҳо орзу менамоям. Модарон ва хоҳарони азиз, бонувони гиромиқадр! ҳар яки шумо хуб медонед, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ раҳмон соли 2015- «Соли оила» эълон гардидааст. Мо умед дорем, ки ҳар яке аз шумо занону модарони арҷманд дар Соли оила” рисолати муҳими иҷтимоии худро беш аз ҳарвақта амиқ дарк карда, барои ташкили оилаи солим, тарбияи фарзандони солеҳ,, соҳибмаърифату донишманд, пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ ва дар маҷмӯъ ба ташаккули ҷомеаи ободу озод ҳиссаи арзишманди худро мегузоред. Шумо – модарон ва бонувони азизу арҷманд гулҳои зебои ин сарзамини ҳамешабаҳор ҳастед, ки бо зебоиву малоҳат, ҳунари волою маърифат ва меҳру шафқати худ рӯзгори моро таровати хоса мебахшед. орзуманди он ҳастам, чеҳраи шумо чун гул ҳамеша хандону шукуфон бошад! Шумо тарбиятгари қаҳрамонон ва мардони майдон, ғамхору парастори ҳамсару фарзандон, нигаҳбону ҳимоятгари арзишҳои неку гармии хонадон, дуогўи пиру ҷавон ва орзуманди хушбахтии фарзандон ҳастед. Таманнои онро дорам, ки ҳамаи нияту нақшаҳои зиндагиатон ба воқеият табдил ёбанд! Бигзор, ба бахти ҳамсарону фарзандон, падарону бародарон ва мо дӯстону пайвандони худ саодати рӯзгор насибатон гардад! рӮзи Модар БароЯТон МУБораК БоШад!

Тел: 2-61-62

Модар азизтарин инсони рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро бо файзу раҳмати худованд баробар донистааст. аз ин лиҳоз, мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳими умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва

муҳаббати ӯ вобаста аст. Тавъам омадани ду ҷашн - рӯзи Модар ва баҳори хуҷастапай дар кишвари биҳиштосои мо худ рамзи баҳори шукуфони сарзамини аҷдодиамон мебошад. зеро зан – модар худ гул ва баҳори зиндагии башар аст. дар ин маврид яке аз бузургони гузашта барҳақ фармудааст: “ҳеҷ гуле атр, ранг ва зебоии модарро надорад”. аз ин рӯ ҳамаи шумо – гулҳои ҳамешабаҳори боғи зиндагӣ ва дар симои шумо тамоми занону модарон ва бонувонро бори дигар ба ифтихори бузургдошти рӯзи модар ва баҳори хуҷастапай, ки бо гузашти якчанд рӯз ба дилу ҷони мо шодиву фараҳ меорад, самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоем. идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз! КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ШАҲРИ ИСФАРА.

Модар Модар ту биҳишти ҷовидонӣ, модар. Хуршеди баланди осмонӣ модар. Дар чашми ту нури зиндагонӣ ҷорист, Сарчашмаи меҳри бекаронӣ модар. Эй кошкӣ, то абад намирад модар, Ё ҳастии ҷовидон бигирад модар. Меҳр аст саросару вуҷудаш то ҳаст, Эй кош ки поён напазирад модар. Чун меҳр, бузургу бенишонӣ, модар, Ороми дилу азизи ҷонӣ модар. Эй кош, ҳамеша ҷовидон мебудӣ, Он қадр ки хубу меҳрубонӣ, модар. Дар кӯчаи ҷон ҳамеша модар боқист, Дарёи муҳаббаташ чу Кавсар боқист. Дар гӯиши ошиқона, номи модар Шеърест, ки то абад ба дафтар боқист.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.