Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ шуморо ба мулоқоти озоду созанда, ки санаи 3 феврали соли 2017, соати 10. 00 дар маҷмааи «Ҷаҳони нав» сурат мегирад, даъват менамояд. Дар мулоқот соҳибкороне, ки расман фаъолият мебаранд, метавонанд ширкат варзанд. Ҳамчунин дар раванди мулоқот гуфтугўи онлайнии шаҳрдор бо соҳибкорони муваффақи Исфарамарз, ки дар хориҷи кишвар кору фаъолият доранд, баргузор мешавад. Таклифҳои мушаххас, пешниҳодоти ҷолиб, лоиҳаҳои асоснок ва ташаббусу иқдомоти навини шумо мавриди таваҷҷуҳ ва пазироии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ қарор хоҳанд гирифт. Омодагии худро ҷиҳати иштирок дар ин мулоқот қаблан бо масъулин тавассути телефони (918) 79 – 35 – 66 ва 2 – 37 - 83 мувофиқа намоед.
и ҳ у ҷ ! ҷ а в рон а т Ба ибко соҳ
Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
Оғози нашр 24/04/1932
НАСИМИ
***
ИСФАРА
№ 4 (9187) ***
Чоршанбе,
25 январи соли 2017
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Натиҷабардорӣ баҳри пешрафт Таҳти сарварии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ фаъолияти соҳаҳо дар солҳои гузашта ва вазифаҳо барои соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Н
ахуст саноатчиёни шаҳр фаъолияти худро ба риштаи таҳлил кашиданд. Муовини аввали раиси шаҳр Содир- соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳхон Қосимӣ вобаста ба масъала сулоти саноатӣ нисбати соли гузориши муфассал пеш овард. сипаригардида дар маҷмӯъ на кам аз 30% афзуда, бо дарназардошти саҳми сектори хусусӣ ва хизматрасонии пулакӣ бояд Агар дар соли 2011-ум нишондиҳандаҳои корхо- 362,9 млн. сомониро ташкил наҳои саноатӣ ва хизматра- диҳад. Дар ҷамъбасти соҳаи кишосонии пулакӣ ба маблағи умумии 131,1 млн. сомонӣ варзӣ бошад, муовини сарпароҳандозӣ шуда бошад, пас раст Муҳаммадхӯҷа Муҳидинин нишондиҳанда дар соли зода гузориш дод.
фоиз таъмин шудааст. Корхонаи фаръии давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ба ҷойи 1 миллиону 967 ҳазор сомонии даромади нақшавӣ ба андозаи 1 миллиону 709 сомонӣ даромад ба даст овардааст. Тавассути Маркази алоқаи почта барои соли 2017 дар Исфара ба 24 ҳазору 991 нусха матбуоти даврӣ обуна қабул карда шуда, ки ин нишондод дар муқоиса ба се сол пеш ба маротиб зиёд мебошад.
Дар давраи ҷамъбастӣ аз ҷониби муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 11,5 километр роҳҳо пурра мумфарш ва 87,4 километр таъмири ҷорӣ карда шудаанд.
масъулин бозпурсӣ ба амал оварда, вобаста ба ҷалби мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ба кор дар ҷамоатҳо, дақиқу саривақтӣ пешниҳод намудани ҳисоботҳо, истифодаи самараноки заминҳо, аз ҳисоби хоҷагиҳои инфиродӣ ташкил намудани кооперативҳои истеҳсолӣ ва ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, вусъат бахшидани фаъолияти марказҳои мубориза алайҳи бемориҳои ҳайвонот ва хизматрасониҳои бойторӣ, ривоҷи соҳаи кирмакпарварӣ ва ғайраҳо супоришҳо дод. Ҷамъбасти фаъолият дар соҳаи хизматрасонӣ ва нақлиёт бошад, бо пешниҳоди гузориш аз ҷониби муовини раиси шаҳр Ҳайдарзода Ҷаъфар Маҳмуд оғоз гардид. Номбурда маълумот пеш овард, ки давоми соли 2016 аз тарафи корхонаи фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр ба муштариён дар маҷмӯъ 2,8 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ интиқол шудаву ташноб 499,4 ҳазор метри мукаабро ташкил додааст. Маблағи умумии хизматрасонӣ ба 3,9 млн. сомонӣ баробар шуда, ки комилан иҷро гардидани нақшаи пешбинишударо бозгӯйӣ мекунад. Иҷроиши нақшаи ҷамъоварии маблағи хизматрасонӣ ба андозаи 105,4
Муассисаҳои нақлиётии "МНА-35", "Танзим", "Арсенал" ва "Наҷот" соли сипаришуда дар маҷмӯъ 20 миллиону 300 ҳазор нафар мусофиронро то ба манзил расонидаанду гардиши мусофирон 236,5 миллион мусофир – километрро ташкил додааст. Минбаъд шаҳрдори Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз масъулини соҳа вобаста ба камбудиву нуқсонҳои дар фаъолияташон ҷойдошта бозпурсӣ ба амал оварда, ҷиҳати рафъи ҳарчӣ зудтари мушкилоти ҷойдошта ва баландбардории сатҳу сифати хизматрасонӣ дар наздашон вазифаҳои мушаххас гузошт. *** Бояд гуфт, ки дар радифи ҷамъбастҳои суратгирифтаистода бо ташаббуси раиси шаҳр шӯрои илм, техника ва инноватсия таъсис дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси шӯрои мазкур ҳамоҳангии соҳаҳо оид ба истифодаи навгониҳои илму техника дар рушду инкишоф мебошад. Ба ҳайати шӯро олимону навоварон шомиланд.
змуни вилоятии “МуН/И Озмун ассисаи тиббӣ, табиб ва ҳамшираи шафқати беҳтарин”, ки дар доираи “Соли 2016- соли фарди солим” ташкил шуда буд, ҷамъбаст гардид. Боиси ифтихори мо, исфара- вилояти Суғд беморхонаи мар- мукофотпулӣ қадрдонӣ карда гиҳост, ки дар байни муасси- казии шаҳрамон пирӯз гашта, шуд. Ин баҳои воқеан ҳам арзансаҳои тиббии 18 шаҳру навоҳии бо Диплом ва 25 ҳазор сомонӣ
даро ба ҷомеаи меҳнатии беморхона, хоса ба сартабиби он Тайибиддин Муҳаммедов табрик гуфта, дар фаъолияти масъулиятписанду бошарафонаи онҳо комёбиҳои бештар ва сарбаландӣ орзумандем. Қанд занед, табибон! С.АНӮШЕРВОН.
2016 ба 279 млн. сомонӣ расонида шуд.
Дар баробари ин таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки сабаби кам шудани истеҳсоли ангиштсанг, маҳсулоти ширӣ, маснуоти оҳану бетонӣ, калсит, зарфҳои алюминий, спирти этилӣ, матоъҳои нобофта ва консервагиҳо қиматшавии ашёи хом, кам шудани харидорон, фарсуда ва кӯҳна шудани таҷҳизоти корхонаҳо ва дигар омилҳо мебошанд. Дар ин радиф аз тарафи масъулини корхонаҳо дар мавриди омӯзиши бозор, масъалаи рақобатпазирӣ ва паст кардани арзиши аслии маҳсулот тадбирҳои зарурӣ андешида нашудаанд. Раиси шаҳр пас аз пурсиши сарварони корхонаҳои саноатӣ таъкид ба амал овард, ки дар
О
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар соли 2016 ба маблағи 359, 3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ин дар қиёс бо соле пеш 49,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар маҷмӯи маҳсулоти истеҳсолшуда ҳиссаи сектори ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 41 фоиз ва сектори хоҷагиҳои аҳолӣ 59 фоизро ташкил медиҳад. Дар соли 2016 нисбати соли 2015 истеҳсоли ғаллагиҳо 147 тонна, мевагиҳо 22 ҳазору 809 тонна, гӯшт 271 тонна, шир 1135 тонна ва тухм 511 ҳазор дона бештар истеҳсол карда шудаанд. Минбаъд раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз
Ҷойи аввал дар вилоят
Н/И
Минбари сармуҳаррир
Аз ҷамъасти соҳаҳо то кӯчиши истгоҳ Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ҷомеаҳои меҳнатӣ доир намудани мулоқотҳо оид ба ташреҳи Паёми Пешвои миллат. Ҷамъбасти соҳаҳо ва вазифагузориҳо ба оянда. Аз истгоҳи назди бозор ба истгоҳи нави назди варзишгоҳи марказӣ кӯчиши хатсайрҳо.
И
н рӯйдодҳои муҳимми ҳафтаи сипаришуда дар Исфара буданд. Рӯйдодҳое, ки таъсири онҳо ба имрӯз, фардо ва зиндагии наслҳои минбаъда таъсиргузор мебошад. Дар ин росто, бешубҳа рӯйдоди калидӣ ба аҳолӣ фаҳмонда додани нуктаҳои муҳимми Паёми имсолаи Пешвои миллат ва сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми соли 2017 аст. Зеро дарки комили Паём аз ҷониби аҳолӣ кафолат ва гарави болоравии дарки сиёсии ҷомеа дар пешорӯи таҳаввулотҳои ҷаҳони муосир маҳсуб меёбад. Рӯйдоди дигар ин роҳандозии ҷамъбасти соҳаҳо ва вазифагузориҳо барои оянда мебошад. Агар соле қабл ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқ дар умум бо доирсозии як маҷлис сурат гирифта бошад, имсол бо қолабшиканӣ ин ҷамъбаст соҳа ба соҳа доир шуда истодааст. Бо чунин тарз гузаронидан бартарии бештаре дорад. Зеро таҳлили амиқ роҳбарони соҳаҳоро водор мекунад, ки бештар масъулиятшинос бошанд ва барои пешбурди соҳаи худ фикру андешаҳои мондагор пешниҳод намоянд. Яъне ин иқдоми шаҳрдори Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ва шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроия таккони ҷидде дар кору фаъолияти дигарон хоҳад шуд. Дар қатори ду рӯйдоди болозикр рӯйдоди сеюмин низ таъсиргузор ба андеша ва рӯзгори мардум маҳсуб меёбад. Масъалаи кӯчондани истгоҳи асосӣ аз назди бозори марказӣ кайҳост, ки ба масъалаи мубрам табдил ёфтааст. Ҳарчанд замона солҳо инҷониб тақозои аз маркази шаҳр ба берун баровардани ин истгоҳро гузошта бошад ҳам, ба қавле “гурдадоре” пайдо нашуд, ки дасту остин барзада, воқеан ҳам Исфараро ба шаҳр табдил диҳаду маърифати шаҳрдориро боло бубарад. Ин иқдом яке аз талабҳои шаҳр будан аст, ки аз ҷониби Расулзода Дилшод Ҷабборӣ пиёда шуда истодааст. Ногуфта намонад, ки қарорҳои марбута оид ба кӯчонидани истгоҳ дар соли 2013 қабул шудаанду онҳо дар доираи нақшаи генералии шаҳри Исфара амалӣ шуда истодаанд. Ҳама гуна чизи нав дар ҷомеа бо кӯҳнапарастон сарбасарзаданиҳоро ба миён меорад. Дар масъалаи кӯчиши истгоҳ низ ин оҳанг ҷо-ҷое садо медиҳад. Аммо ин бархӯрдҳо ҷуз садо чизи дигаре нест. Зеро Исфара шаҳр аст ва бояд ба меъёрҳои шаҳрдорӣ мутобиқ шавад. Дар ин ҷода заминаи аслӣ сатҳи маърифати шаҳрдории мост. Вақти он аст, ки мо деҳаҳоро ба шаҳр табдил диҳем ва мардуми шаҳрнишин бошем. На он, ки шаҳрамон ба деҳа табдил ёбад. Дар ин самт беҳтарин мардум мову шумоем, зеро дарк мекунем, ба ҳар коре, ки иқдом карда мешавад, барои пешрафти кор ва ободии шаҳрамон аст. Саҳми мо дар ин ҷода дуруст бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ асту бас. Абдумуталиб ШАРИФОВ.