Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 39 (9454) *** Чоршанбе, 19. 10. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии Тоҷикистон ва Қирғизистон Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи тарафҳо, рӯзҳои 10-15 октябри соли 2022 дар Душанбе вохӯрии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Т
арафҳо оид ба гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда мубодилаи афкор намуда, ба мувофиқа расиданд, ки муҳокимаро дар вохӯрии навбатӣ, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.
Ғамхорӣ нисбат ба нобиноён Бахшида ба Рӯзи нобиноён дар Маркази фарҳангиии «Шоҳона» ҳамоиш баргузор гардид.
М
уовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён дар назди ҳозирон баромад намуда, доири эътибор, таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату ҳукумат нисбат ба қишри осебпазири ҷомеа ҳарф зада, аз ҷумла таъкид дошт, ки «Дар кишвари мо бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба нафарони имконияташон маҳдуд таваҷҷуҳи ҳамаҷониба ва ҳамарӯза зоҳир мегардад. Мунтазам аз аёдату кумакҳои моддӣ бархурдор будани ин қишри ҷомеа далели амалигардии сиёсати инсонпарваронаи Сарвари давлат аст". Муовини раиси шаҳр ҳамзамон зикр намуд, ки бо мақсади ҳифзи иҷтимоию маънавии нобиноён Мақомоти иҷроияи
Маҳфили идона барои тарбиятгирандагони мактаб-парваришгоҳи махсуси кӯдакони қувваи босираашон суст ва зарири шаҳр ороста шуд.
Д
ар ҷараёни он муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён омӯзгорон ва тарбиятгирандагони ин боргоҳи
ҳокимияти давлатӣ ба масъалаи ба касбомӯзӣ ҷалб ва бо кори доимӣ таъмин намудани онҳо эътибори хосса медиҳад. Минбаъд ба масъалаи ба шахсони имконияташон маҳдуд омӯзонидани кор дар компютер ва ҳунарҳои мардумӣ таваҷҷуҳи махсус дода хоҳад шуд. Дар раванди ҷамъомад ҳамчунин намояндагони ҷамъиятҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятии нобиноён баромад намуда, аз ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти ҷамъиятҳояшон дар самти ҳаллу фасли муаммову мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии нобиноён ёдовар шуданд. Минбаъд ба чанде аз соҳибкорони маҳаллӣ, ки ба таври ҳамешагӣ нафарони имконияташон маҳдудро дастгирӣ ва сарпарастӣ менамоянд, бо сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд. Маврид ба зикр аст, ки бо қарори раиси шаҳр дар ин рӯз ба нафарони нобино ва қувваи босираашон суст кумакҳои моддӣ расонида шуд. Маҳфил сари дастархони идона ва таҳти суруду навои дилангез идома дошт.
М
удирони шуъбаҳои кор бо занон ва оила Фараҳноз Асламӣ, рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Шаҳира Юлдошева ва сардори раёсати Агентии давлатии меҳнат ва шуғли аҳолӣ Муҳаббатхон Мирзомансурова зимни баромадҳо бо маъние таъкид доштанд, ки вазъи ниҳоят ҳассосу ноороми ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон - истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем. Чанде аз сокинони маҳаллӣ изҳор доштанд, ки минбаъд дар ҷодаи гиромидошти фазои қонуният, тарбия дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, садоқат ба давлату миллат ва заҳмати созанда, инчунин пешгирии зуҳуроти хатарзои гаравиш ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ҳам пешгирии тамоюли парастиши фарҳанги бегонаву хурофот аз ҳар вақти дигар бештар ҷидду ҷаҳд хоҳанд кард. *** Дар самти баландбардории рӯҳияи сокинони дар манотиқи наздимарзӣ зиндагӣ ба сар дошта ва ҷиҳати кумаки моддиву маънавӣ ба нафарони дар муноқишаҳои сарҳадӣ зарардида аз ҷониби шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иқдомоти нек рӯйи кор оварда мешавад. Тибқи дастури раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ҷиҳати дастгирии моддию маънавӣ ва рӯҳбаландсозии сокинони деҳаҳои наздисарҳадӣ, сафари модарон бо дастовезҳо (аз нони танурӣ то шириниҳо) ба маҳаллаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ сурат гирифт. Бонувони шаҳр барои сокинон ва ҳашарчиёни маҳаллаи Сомониён дастархони пурфайзе густурданд. Зимни суҳбат бо сокинони маҳалла бо баробари арзи ташаккур ба онҳо барои ҳифзи марзу бум, дар лаҳзаҳои ҳассос масъулиятшиносӣ зоҳир намудан ва азиз доштани Ватан, аз ҷумла гуфта шуд, ки мутобиқ ба дастуроти Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Ҷабҳаи фаъолияти бонувон
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оила дар ҳамкорӣ бо занони фаъолу ниҳодҳои дахлдор дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ҷиҳати эҳтироми либоси миллӣ, арҷгузорӣ ба суннатҳои қадимаи тоҷикӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги либоспӯшии ба маданияти миллии тоҷикӣ бегона, ҷалби духтарон ба таҳсил ва пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуданд.
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ миллат, Президенти Ҷумҳурии Раҳмон ва фаъолияти густурдаи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ раисони вилоят ва шаҳр хонаҳои Раҳмон ва фаъолияти густурдаи харобгардидаи сокинон дар раиси шаҳр Баҳоваддин муддати кӯтоҳтарин барқарор Баҳодурзода дар ин ҷода ёдовар карда мешаванд ва ба мардуми гашта, зикр намуд, ки дидорбинии деҳоти наздисарҳадӣ кумакҳои модарони заҳматпеша, ниёзи аввал мунтазам дастрас собиқадорони меҳнат, бонувони шуда истодааст. содиқ бакасб ҳамеша дар меҳвари фаъолияти Шӯрои занон *** ва шуъбаи кор бо занон ва оила Мудири шуъбаи кор бо занон қарор дорад. ва оилаи Мақомоти иҷроияи Маврид ба зикр аст, модари ҳокимияти давлатии шаҳр садсола - Мунаввара Раҳимова Фараҳноз Асламӣ якҷоя бо дар тӯли умри пурбаракати худ аъзои Шӯрои занон Муҳаббат шоҳиди ҳодисаҳои зиёди таърихӣ Мирзомансурова, Сабоҳат гардидаанду ҷиҳати таъмини Саидова, Шаҳира Юлдошева ва Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ Гулчеҳра Раҳимова дар деҳаи дар ақибгоҳ фидокорона меҳнат Хушободи Ҷамоати деҳоти намудаанд. Хонобод модари садсола Ҳамчун рамзи эҳтиром ба Мунаввара Раҳимоваро аёдат заҳматҳои кашидаашон ба он намуданд. кас аз номи Мақомоти иҷроияи Зимни аёдат Фараҳноз Асламӣ ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷойгоҳ ва мавқеи бонувон дар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда сиёсати пешгирифтаи Асосгузори шуд. сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои
Маҳфили идона дар мактаб-парваришгоҳ маърифатро муборакбод гуфта, аз ғамхориҳои пайваста ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳаққи кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд ёдовар гардид. Бо ибтикори сартабиби Беморхонаи марказии шаҳр Тайибиддин Муҳаммедов дар
ин рӯз барои тарбиятгирандагон дастархони пур аз нозу неъмати идона густурда шуда, соҳибкор Мавҷудахон Комилова ба тарбиятгирандагони мактабпарваришгоҳ маҷмуи сару либосҳои зимистона туҳфа
намуд. Дар идомаи маҳфил ба 8 нафар омӯзгорони имконияташон маҳдуди мактаб туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Раёсати маорифи шаҳр тақдим карда шуд. Ҳамзамон ғолибони мусобиқа оид ба шашка бо ифтихорномаҳои маъмурияти таълимгоҳ қадрдонӣ шуданд.
2
"Насими ИСФАРА"
19 октябри соли 2022
№ 39 (9454)
"...Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард...Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам." Э.РАҲМОН.
Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иҷлосияи саодатбахш “Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон барои давлату миллати мо нақши сарнавиштсоз, дар пойдории сулҳу суббот, мустаҳкам намудани пояҳои ҳуқуқӣ ва сохти конститутсионии мамлакат нақши муҳим бозидааст”. ЭМОМАЛӢ РАҲМОН Бале, чӣ тавре мегӯянд тақдири ҳар халқу миллат бояд бо дасти худи ӯ навишта шавад. Агар ба сафҳаҳои таърихи сӣ сол қабли Тоҷикистон бингарем, равшан аён мегардад, ки соли 1992 вакилони Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати 12-ум) бо дарки масъулияти баланди ватандорӣ дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ ба мушкилиҳои рӯз нигоҳ накарда, дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ гирд омаданд. Вакилони мардумӣ маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷиконро тарҳрезӣ намуда, ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ, сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузоштанд, Яке аз нахустин иқдоми неки Иҷлосияи таърихӣ дар шаҳри Хуҷанд дар он зоҳир мегардад, ки бо назардошти равандҳои ҳаёти ҷомеа, ки аз шахсиятҳои сиёсӣ қобилияти ҷиддан ва мустақилона идора карда тавонистани ҳодисаҳо ва роҳбарӣ намудани оммаҳои васеи ба ҷунбиш омадаро тақозо менамуд, ба саҳнаи сиёсӣ овардани яке аз намояндагони халқ Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Маҳз ин ҷавонмарди чилсола тавонист дар оянда таҳкими асосҳои сулҳу ваҳдат, тартиботи ҷамъиятӣ ва рушди давлатдории навини тоҷиконро бо фаъолияти дурандешонаю Ҷиноятҳои иқтисодӣ ин кирдори ба ҷамъият хавфнок ва ғайриқонунӣ мебошанд, ки ҳангоми содир гардидани онҳо ба манфиати шаҳрвандон, корхона, муассиса, ташкилот ва давлат зарари моддиву молиявӣ мешавад. Афзоиш ёфтани ҷиноятҳои иқтисодӣ бештар бо сабабҳои вазъи моддиву молиявии шаҳрвандон робитаи зич дошта, онҳо баҳри ба даст овардани даромади муфт содир мегарданд. Дар самти пешгирии содиршавии ҷиноятҳои иқтисодӣ тамоми мақомотҳои давлатиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо якдигар баҳри пешгирии ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд. Зеро, ки ҷиноятҳои иқтисодӣ ба иқтидори иқтисодии давлат, буҷаи Ман Салоҳиддин Махмудов аз деҳаи Боғистон мебошам. Дар муноқишаи сарҳадии санаи 16 сентябр рухдода ҳамсарам - Мунавварахон Маҳмудова вафот кард. Ӯ дар ин даргириҳо ба шаҳодат расид. Ҳеҷ аз ёдам он лаҳзаҳои даҳшатнок намеравад, лаҳзаҳое, ки азизонамро аз даст додам. Шукр, ки дар лаҳзаҳои вазнини ҳаёт Ҳукумати кишвар, мақомотҳои иҷроияи
созандааш пайдо намояд. Чунин интихоби вакилони мардумӣ асосҳои воқеӣ дошт, зеро ҳанӯз дар оғози нооромиҳои иҷтимоӣ ва муҳокимаи онҳо дар ҷаласаҳои пештараи Шӯрои Олӣ, баромадҳои ҷасуронаи вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон маҳз барои волоият ва ҳимояти қонунҳои амалкунанда равона гардида буданд. Роҳбари навтаъини парламенти мамлакат ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз бӯҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Андешаҳои солиму хирадмандона, муҳаббату иродати инсонӣ, рӯҳияи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ бо ҳамсафон, ташкил намудани фаъолияти судманди шохаҳои ҳокимияти давлатӣ аз омилҳое буданд, ки ба амалӣ гардонидани нақшаҳои Иҷлосияи тақдирсоз мусоидат намуданд . Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон собит намуд, ки дар кишвар, аз ҷумла дар байни намояндагони ба парлумон интихобкардаи халқ қувваҳои солиму тавоное мавҷуд аст, ки метавонад пеши роҳи ҳамагуна муноқишаву иғвоангезиро гирад ва миллатро аз вартаи
парокандашавию нобудӣ наҷот дода тавонад. Иҷлосия давоми рӯзҳои 16 ноябр - 2 декабри соли 1992 дар ҷаласаҳои худ баҳри барқарорсозиву мустаҳкамии шохаҳои давлату давлатдорӣ ва рушду ба эътидол омадани ҷумҳурӣ 74 санади ҳуқуқиро қабул намуд, ки онҳо асосан муҷиби ба даст овардани ризоияти миллӣ ва ба ҳам омадани неруҳои солими ҷомеа гардиданд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гурезаҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир карданд» ва як қатор қонунҳои дигар баррасӣ ва қабул карда шуданд. Дар ҳамин иҷлосияи барои миллат сарнавиштсоз Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Ба шарофати ин Иҷлосияи таърихӣ халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморида, аҳамияти
соҳибихтиёрии давлати хешро дарк намуда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, Конститутсияи нави мамлакатро қабул намуд. Баъди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба дастоварду муваффақиятҳои зиёде комёб гардид. Аз ҷониби беш аз 155 кишвари олам ба расмият эътироф шудани Тоҷикистон, барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ бо аксари давлатҳои ҷаҳон, ворид гардидан ба Созмони Милали Муттаҳид, пазируфта шудан ба узвияти даҳҳо созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ, баромад ва пешниҳоди ташаббусҳои аҳамияти ҷаҳонӣ дошта аз ҷониби Садри муаззами тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияҳои Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаҳои наверо боз намуд. Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иҷлосияи шонздаҳуми
Роҳҳои пешгирии ҷиноятҳои иқтисодӣ ташкилотҳо ва шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида, вазъи давлатро дар ҳолати ногувори иқтисодӣ қарор дода, бӯҳронҳои иқтисодӣ ва молиявиро ба бор меорад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва беғаразӣ дар хидмати давлатӣ равона гардида, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ, ошкоркунӣ, кушодан
иқтисодидошта фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ ва барҳам додани оқибатҳои бояд бетараф набошанд». Хулоса, ҳаминро бояд ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани қайд намуд, ки мо ҳамчун барои шахсро муқаррар карда, ҳуқуқшиносон иқтисодиёти навъҳои ҳуқуқвайронкуниҳои пешравии таъмини ҳуқуқу ба коррупсия алоқаманд ва ҷомеа, чораҳои ҷавобгариро барои озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва аз байн бурдани ҷиноятҳои онҳо муайян месозад. иқтисодидошта Чуноне, ки Асосгузори хусусияти сулҳу ваҳдати миллӣ- ҳаматарафа ва ҳамаҷониба арзандаи худро Пешвои миллат Президенти саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузорем. муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ш. МУЗАФФАРОВА, дар ҳамаи Паёмҳои худ ба ҳуқуқшиноси давлатӣ Маҷлиси Олии кишвар, қайд дар ш.Исфара. намудаанд: «Фаромӯш Б. ШАРИФЗОДА, набояд кард, ки мубориза нотариуси калони ба муқобили коррупсия давлатӣ. ва ҷиноятҳои хусусияти
Аз шумоён миннатдорам! ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр дар паҳлуи мо буданд. Дилбардорӣ менамуданд, дасти мадад дароз карданд. Инчунин миннатдор ҳастам, ки бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
сарбаландамон карданд. Биноан аз фурсат истифода намуда, миннатдории худ ва аҳли оилаамро ба онҳо Эмомалӣ Раҳмон шахсони мерасонам. Бигзор Худованд масъул, ба мисли дар паноҳаш нигаҳ дорад ва Сулаймон Давлатзода, Ватани азизамон ҳамеша Раҷаббой Аҳмадзода ва шукуфон бошад. Баҳоваддин Баҳодурзода моро танҳо нагузоштанд. Салоҳиддин МАҲМУДОВ, Аз ҳолу аҳволамон хабар сокини деҳаи Боғистони гирифта, кумак расониданд. Ҷамоати деҳоти Чилгазӣ. Мардуми деҳа низ бо ёрмандиҳои беғаразонаи худ
таърихиву тақдирсоз баҳои баланд додаанд: «Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гаҳвора будаи истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи ӯро муайян сохт ва Тоҷикистони тозаистиқлолро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башарӣ ҳидоят намуд». Пас мо, ҳар як пиру ҷавони Тоҷикистонро мебояд имрӯз аз осоишу оромии зиндагии пурғановат, тараққиёту пешрафти кишвари маҳбубамон, ки аз иҷлосияи саодатбахши таърихӣ об мехӯрад, шукрона кунем, аз комёбиву муваффақиятҳои шоистаи тӯли 30 сол ба даст омада бо арҷгузорӣ ёдовар шавем ва ҳамчун фарзандони бонангу номуси ин сарзамин ҷашни 30солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо эҳсоси баланди ватандориву ватандӯстӣ истиқбол гирем. Х. ДОДОХОНЗОДА, нотариуси давлатӣ.
Ҳамсоя ба ҳаққи худ баробар аст, вале...
Гуфторе ҳаст, ки “Ҳамсоя ба ҳаққи худ баробар аст”. Мавзуи ҳамсоядорӣ аз мавзуъҳоест, ки дар Шарқ ҳамавақт дар зиндагии мардум мавқеи калидӣ дошт ва дар пешрафту ободии ҳар маҳаллу хиёбону шаҳре саҳми бориз мегузошт. Рафоқату эҳсоси масъулияти ҳамсояи вафодор ба андозае дар ҷараёни зиндагии мардуми мо нақш дошт, ки дар ҳама маврид - ҷашну сур, хонасозӣ ва мотам гирди ҳам омада, масъулияти ин ва ё он корро бар дӯши яке аз ҳамсояҳо вогузор менамуданд. Ин анъана то ба замони мо омада расидааст ва мардуми тоҷик халқи меҳмондӯсту ҳамсояпарвар аст. Вале баъзе нафароне пайдо мешаванд, ки дорои ин гуна хислатҳо нестанд. Дар замонҳои пеш мардуми қирғизу тоҷик бо ҳам дӯсту тифоқ буданд, муносибати хешутаборӣ доштанд рафту омад, доду гирифт мекарданд, дуҷониба савдо мекарданд, дастаҷамъона ҳосил мекоштанд. Вале воқеаҳое, ки солҳои охир байни Қирғизистону Тоҷикистон рух дода истодаанд, ҳамагонро ба ташвиш овардааст. Мо, тоҷикон мардуми сулҳхоҳ ҳастем ва Исфара як ҷузъи хоки Тоҷикистон аст, вале намегузорем, порае аз ин хоки муқаддасро дигарон соҳиб шаванд. Имрӯзҳо мардуми сулҳдӯсту фарҳангпарвар новобаста аз мушкилот дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба ободкориву созандагӣ ниҳода, дар барқарорсозии оқибатҳои муноқишаҳои сарҳадӣ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Дилмурод АБДУЛЛОЕВ, магистранти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо номи академик Бобоҷон Ғафуров.
3
"Насими ИСФАРА"
19 октябри соли 2022
№ 39 (9454)
Рӯзи меҳру моҳи меҳру ҷашни фаррух Меҳргон, Меҳр бифзой, эй нигори моҳчеҳри меҳрубон. МАСЪУДИ САЪД.
Меҳргон - ҷашни меҳру муҳаббат Доир ба пайдоиши ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои таърихӣ андешаҳои мухталиф баён шудаанд. Ҷашни Меҳргон таърихи қадима дошта, аз замонҳои ориёиҳо то ба мо мерос мондааст. Вожаи "Меҳргон” аз решаи калимаи "меҳр" буда, номи яке аз эзидон ё худоёни қадимии ориёист. Тахмин меравад, ки Меҳргон 4-5 ҳазор сол пеш ҳамчун ҷашн ташаккул ёфта, моҳияти он шукрона кардан ба хотири неъматҳои Худованд аст. Баъдтар дар давраи Сосониён "меҳр"-ро ба маънии офтоб ҳам гуфтаанд. Аммо аслан чунин набуд, мутобиқи асотири бостонӣ, ривоятҳо эзиди офтоб Хвара ном дошт ва эзиди мустақил буд. Меҳрпарастӣ аз қадимтарин динҳои башарӣ маҳсуб меёбад, ки дар замони зуҳури он динҳои зардуштӣ, масеҳиву будоияву яҳудия ба вуҷуд наомада буданд. Ҳамчун дини мукаммал меҳрпарастӣ дар Осиёи Марказӣ дар байни ниёгони мо Ориёиҳо, Суғдиён, Бохтариҳо, Хоразмиён ба вуҷуд омадааст. Меҳр нигаҳбони аҳду паймон ва адолати иҷтимоӣ дар рӯи замин буд. Ҷашни Меҳргон қабл аз ҳама иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқат, накӯкорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи деҳқонон буда, ниёгонамон баъди ҷамъоварии ҳосил ин рӯзро ҷашн мегирифтанд. Дар тирамоҳ чун айёми гирдоварии ҳосил фаро мерасад, аз Меҳр, ки Худои баракатбахш буд, мардум баракату фаровонӣ талаб мекарданд. Ҳамин тариқ оммаи мардум ҳамчун нишонаи шукргузорӣ барои неъматҳои худодода Меҳргонро ҷашн мегирифтанд ва хурсандиҳо мекарданд. Воқеан ин ҷашн бо рӯзи меҳрубонӣ ва раҳо шудан аз зулм ва расидан ба ёру дӯст ва қавму қабоили хеш баробар ва дуруст меояд, ки худ як нишонаи базмгоҳист. Меҳргон ҳанӯз аз замонҳои
қадим тӯли 6 рӯз ҷашн гирифта мешуд ва аз Меҳррӯз оғоз гашта, дар Ромрӯз хотима меёфт. Аз нигоҳи табиӣ ва нуҷумӣ баробаршавии шабу рӯз агар дар фасли баҳор 20-21 март бошад, баробаршавии тирамоҳӣ ба 21 сентябр рост меояд. Аммо мувофиқи тақвимҳои баъдӣ “Меҳргон” ба 8 сентябр кӯчидааст. Чунки тақвимҳои қадимӣ мукаммал набуданд, рӯзҳо тағйир ёфта, пасу пеш мешуданд. Баъзан Наврӯзро ҳам дар моҳи апрелу май қайд мекарданд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бошад, ин ҷашн бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст, ки таърихи беш аз 3000 соларо дорад. Дар давраи Сосониён, ҷашни Меҳргон ба меҳри рӯз аз меҳри моҳ ё шонздаҳуми моҳи меҳр муайян карда мешавад. Далели баргузории ҷашни Меҳргон дар оғози меҳрмоҳ ва усулан номгузории нахустини фасли тирамоҳ ба номи меҳр дар он аст, ки дар давраҳое, аз даврони бостон ва аз ҷумла дар замони Ҳахоманишинҳо оғози тирамоҳ оғози соли нав будааст ва аз ҳамин рӯз нахустин моҳи солро ба номи меҳр нисбат додаанд. Дар солшумории зардуштӣ, авастоӣ, сол дорои 12 бурҷ ва бурҷ дорои 30 рӯз будааст ва
ҳар рӯз аз бурҷ номе доштааст. Баъзе аз ин номҳо бо номи бурҷҳои 12-гона ёд мешудааст. Ҳар гоҳ, ки номи рӯзу номи бурҷ тадбиқ мешудааст, ниёгони мо он рӯзро ҷашн мегирифтанд. Мисол, даҳумин рӯз бо номи Тир, шонздаҳумин бо номи Меҳр ва панҷумин бо номи Сипандормуз будааст, ки ба тартиб ҷашнҳои Тиргон, Меҳргон ва Исфандгонро ҷашн мегирифтанд. Ҷоизи қайд аст, ки ниёгони мо ин ҷашнро ба расмият шинохта, дар сатҳи баланд истиқбол мегирифтанд. Мардум дар ин рӯз то ҳадди имкон бо ҷомаҳои арғувонӣ бар гирди ҳам меомаданд ва ҳар нафаре бар дасти хеш номаи табрикотӣ дошт. Ин номаҳоро маъмулан ба бӯи хуш ҳамроҳ месохтанд ва дар лифофаи зебо мепечониданд. Дар миёни хон ё суфраи меҳргонӣ, ки аз порчаи арғувониранг густурда мешуд, гулҳои навшукуфтаро мегузоштанд. Бар замми ин бо меваҳои гуногун мисли санҷид, ангур, анор, себ, биҳӣ ва дигар хӯрокҳои хони меҳргонӣ дастархонро оро медоданд. Дар ин ҷашн нони махсуси Меҳргон аз омехтаи орд ва ҳафт навъи ғаллаи гуногун таҳия мегардид: гандум, ҷав, биринҷ, нахӯд, лубиё, мош ва арзан. Ҳамзамон мардум дар ин
Аз тарҷумаҳо
Падар муҳаббати аввалини духтар аст Агар қаҳваатон хунук (сард) ҳастанд нафароне, ки лаб во шуд, ҳоҷат ба гарм карданаш накарда шуморо мефаҳманду нест. Ҳамин амал нисбати "мешунаванд". дӯстон низ пазируфтанист. *** *** Надоштани маблағ ваҳмовар Танҳоиро одамони қавӣ нест, аммо ба ҷуз маблағ чизи тоқат мекунанд. дигаре надоштан ваҳмовар *** аст. Падар қаҳрамони нахустини *** писар ва муҳаббати аввалини Агар ман хомӯшам, ин бозгӯи духтар аст. он нест, ки шумо ҳақ ҳастед. *** Ин собит мекунад, ки ман Қудрати зан воқеан бузург мутмаинам беҳуда аст бо аст: шабонгоҳ кӯдакаш шумо сарбасар шудан. соатҳо бо гиря азияташ *** медиҳад, аммо ӯ дар субҳ Имрӯз соҳиби қалби бо симои зебову табассуми меҳрубон будан бозгӯи малеҳ берун меояд! ҷасурист. *** *** Дар дунё ду миллат ҳаст: Қимматтарин чизе, ки одамон ва ноодамон. метавонед ба дигаре ҳадя *** кунед, вақти шумост, чун Имрӯз эътимод кардан ба онро ҳеҷ гоҳ наметавонед нафаре хафвноктар аст аз бозгардонед. сигоркашӣ. *** *** Вохӯрии тасодуфӣ нест: Онҳое ҳастанд, ки бо вохӯрӣ бо ҳар нафар ин ҳадя фаҳмонидану гуфтан шуморо аст, ё санҷиш ва ё ҷазо. намефаҳманд... Хушбахтона, ***
Аз солҳои рафта не, балки аз гуноҳу иштибоҳ пир мешавем. *** Зане, ки ба худ боварӣ дорад, зебогии бонуи дигарро эътироф мекунад. *** "Ба манзилат расидӣ, занг зан!" - ин ҳам як намуди изҳори муҳаббат аст. *** Агар ба нафаре маъқул нашуда мондед, пас барояш зиёд хубӣ кардаед. *** Дурӯғ бегумон инсонро ба
АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД Аттестати маълумоти асосии силсилаи А № 563366, ки МТМУ № 5 солҳои таҳсили 1990-1991 ба Амаков Ҳамза Баҳовадинович додааст. *** Аттестати маълумоти асосии
ҷашн сурудҳои гуногуни идонаро бо овози баланд месароиданд. Ҳама саргарми суруду мусиқӣ шуда, гурӯҳ-гурӯҳ мерақсиданд. Ошиқон, якдигарро табрик мекарданду ба дӯстдоштаашон туҳфаҳо ва гулҳои хушбӯйро тақдим мекарданд. Меҳр ё митра дар забони форсӣ ба маънои фурӯғ, рушноӣ, дӯстӣ, пайвастагӣ ва муҳаббат буда, зидди дурӯғ ва дурӯғгӯӣ, паймоншиканӣ ва номеҳрубонӣ равона шудааст. Ҷашнҳои бостонии тоҷикон “Наврӯз”, “Меҳргон”, “Сада”, “Тиргон” ва ғайра то замони ҳамлаи муғул ба таври расмӣ ва хеле пуршукуҳ таҷлил карда мешуданд ва баъдан дар аҳди муғул тира гаштанд. Аммо дар байни мардум ҷашн гирифта мешуданд ва ҳатто баъзеяшон номҳои худро дигар карда буданд. Ҷашни Меҳргон дар байни тоҷикон дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 на номи Меҳргон балки ҳамчун сайрҳои тирамоҳӣ баргузор мешуд. Устод С. Айнӣ дар “Ёддоштҳо"-яшон роҷеъ ба баргузории ин ҷашн чунин қайд кардаанд, ки “ Ҷашне, ки метавонад бо ҳама дигаргуниҳояш боз монда бошад, ҷашни Меҳргон аст”. Ва дар ин ҷо ёдовар мешаванд, ки “Сайри Дарвешобод” дар моҳи октябр бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешуд. Баъди соҳибистиқлолӣ озодии комил насиби мардуми тоҷик гардид ва давраи эҳёву рушди арзишҳои фарҳангии миллӣ фаро расид. Дар эҳёи ҷашну суннатҳои миллӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебинем, ки барои эҳёи дубораи фарҳанги асили миллат талошҳои зиёде ба харҷ медиҳанд. Наврӯз, Меҳргон ва Сада ба қатори ҷашнҳои давлатӣ шомил карда шуд ва чуноне, ки мебинем ҳамасола ин идҳоро бо шукуҳу шаҳомати хосса дар мамлакат таҷлил менамоянд. Муҳаммадхоҷа ЯҲЁЕВ, дотсенти кафедраи "Фанҳои гуманитарӣ"-и ФДТТИ
пастӣ мебарад. *** Муҳаббат - вақте ба ӯ менигариву ба худ мегӯӣ: "Ба ҳар ҳол ман дигареро намехоҳам!" *** Вақте дурӯғ мегӯӣ, боварии атрофиёнро ба даст меорӣ, вақте ҳақиқатро мегӯӣ, атрофиёнро аз даст медиҳӣ. Аҷиб, не? *** Бояд камтар ғизо истеъмол кард, вазни солҳои донишҷӯиро нигаҳ дошт, бештар мутолиа кард, ҳар рӯз чизе омӯхт, ба хотири нафаре зиндагӣ кард, ба нафаре ҳамдардиву дигаре мадад кард... Осон нест, аммо зебогии мо дар андешаву амали мост. Не??? ТАҲМИНА. силсилаи А № 216436, ки МТМУ № 21 солҳои таҳсили 1992-1993 ба Кенҷаев Лоиқ Ҳотамович додааст. *** Шартномаи хариду фурӯши квартираи № 18, воқеъ дар шаҳри Исфара, кӯчаи Навобод, хонаи 35, ки дар идораи нотариалии шаҳри Исфара санаи 27 майи соли 2008 дар феҳрасти 4Ш-685 ба қайд гирифта шудааст.
Риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳатмист Кормандони шуъбачаи Бозрасии давлатии автомобилии Шуъбаи 1-уми Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Исфара бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ошкор намудани ҳолати риоя нагардидани талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва баланд бардоштани маданияти ронандагону пиёдагардон тадбирҳои зарурии тарғиботиву ташвиқотиро роҳандозӣ менамоянд. Аз ҷумла, бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, махсусан кӯдакону наврасон ва коҳиш додани сатҳи садаманокӣ бо иштироки онҳо дар муассисаҳои таълимӣ мулоқоту суҳбатҳо доир карда мешаванд. Чунин як мулоқоти судманд дар МТМУ №69-и маркази шаҳр баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ёрдамчии прокурори шаҳр А. Мирсайзод ва нозири калони тарғибу ташвиқоти ШБДА ШВКД1 дар шаҳр, лейтенанти хурди милитсия Ш. Бобоҷонзода баромад намуда, таъкид доштанд, ки кормандони БДА-и ШВКД-1 дар шаҳр дар самти иҷрои рисолати касбии худ таҳкими фазои қонуният, ошкору пешгирии қонуншиканиҳо ва танзими муназзами ҳаракати воситаҳои нақлиёт суботкорона заҳмат мекашанд. Бо мақсади риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон ва ронандагон, пешгирии садамаҳои роҳу нақлиёт аз тарафи кормандони БДА дар байни ронандагон ва пиёдагардҳо чорабиниҳои мақсаднок ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Ҳамзамон аз падару модарон ва омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки ба кӯдакону наврасон қоидаҳои дурусти ҳаракат дар роҳро фаҳмонида, риояи ҳатмии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро талаб намоянд. Боиси қаноатмандист, ки дастаи «Нозирони навраси роҳ»-и мактаб фаъолияти назаррас дошта, иштирокчии озмунҳои шаҳриву вилоятӣ мебошад. Нозирони наврас миёни ҳамсолон дар тарғибу ташвиқи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард ва пешгирии ҳодисаҳои нақлиётӣ, ки бо иштироки наврасон содир мешаванд, саҳми худро мегузоранд. Дар ҷараёни ҷамъомад аъзои даста саҳначаҳои гуногунро дар мавзуъҳои донистани аломатҳои роҳ, интизоми кӯдакону наврасон ва риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ намоиш доданд.
4
"Насими ИСФАРА"
Полное имя этого блестящего историка было Адольф-Андрей Павлович Юшкевич (на снимке). При рождении его мать хотела дать ему имя Андрей, но незадолго перед этим скончался его дед по матери и бабушка упросила его мать дать имя дедушки – Адольф. Адольф Павлович Юшкевич родился 15 июля 1906 года, а скончался 17 июля 1993 года. Его отец - историк и философ Павел Соломонович Юшкевич был специалистом по гносеологии, социальной философии, истории философии, переводчиком философской и историко-научной литературы. Матерью Адольфа Павловича Юшкевича была Рашель Адольфовна Шенталь, которая оказала значительное влияние на своего сына. С её помощью маленький Адольф уже в 4 года выучил русскую азбуку, а в 6 лет освоил начальные основы французского языка. Тем не менее, на выбор профессии больше повлиял его отец-учёный – сам хороший математик. Павел Соломонович подбором литературы исподволь прививал любовь Адольфа к математике, а когда пришла пора поступать в университет, убедил идти на математический, а не на философский факультет, куда так стремился Адольф. В 1914 году Юшкевич поступает в парижский лицей Генриха IV для младшего возраста, но уже в октябре вынужден покинуть его из-за начавшейся Первой мировой войны. В том же году семья А.П. Юшкевича переезжает в Россию, и он поступает в Санкт-Петербургскую гимназию Мая, в одну из лучших гимназий тогдашней России. В октябре 1917 г. из-за болезни матери Адольфа Павловича его семья переезжает из Петрограда в Одессу. А.П. Юшкевич сначала поступает в местную гимназию, затем через два года после переезда продолжает обучение на Единых трудовых курсах. Осенью 1922 года семья Адольфа Павловича переезжает в Москву. Ровно через год А.П. Юшкевич поступает на Математическое отделение физикоматематического факультета Московского госуниверситета. В то время в МГУ будущие математики изучали следующие дисциплины: аналитическая геометрия, энциклопедия высшей математики, интегральное исчисление, высшая алгебра с теорией детерминантов, дифференциальная геометрия, интегрирование обыкновенных дифференциальных уравнений, интегрирование дифференциальных уравнений с частными производными, вариационное исчисление, теория конечных разностей, теория аналитических функций, эллиптические функции, тригонометрические ряды, теория чисел, теория
19 октября 2022 года
№ 39 (9454)
"Тот, кто посвятит свою жизнь служению науке, то его имя и после смерти будет бессмертным." Алишер Навои.
В копилку учителя
Выдающийся историк математики – Адольф Павлович Юшкевич вероятностей, начертательная геометрия, механика, физика, неорганическая химия, общая астрономия, французский язык, политическая экономия, Конституция СССР, исторический материализм, введение в историю и философию естествознания, интеграл Denjoy. Занятия вели лучшие математики страны: Н.Н. Лузин, Л.К. Лахтин, Д.Ф. Егоров, А.Я. Хинчин, Д.Е. Меньшов, П.С. Александров, И.И. Привалов, В.В. Степанов, А.Н. Колмогоров, М.А. Лаврентьев, И.Г. Петровский, Л.А. Люстерник, И.В. Арнольд, Н.К. Бари, В.И. Гливенко, В.В. Немыцкий, С.А. Яновская, математики и преподаванию её Л.М. Лихтенбаум, О.Ю. Шмидт. в России. У учёного появляются Нематематические дисциплины планы написать всю историю вели тоже известные учёные: математики России от древности физик К.П. Яковлев, химик А.Н. до настоящего времени. И его Реформатский, механик Н.Н. целеустремлённость даст плоды Бухгольц, астроном С.Н. Блажко. – он выполнит большую часть В 1926 году А.П. Юшкевич из запланированного им, как вместе с А.О. Гельфондом ни грандиозно это не казалось впервые устраиваются на работу вначале. Уже в 1944 году А.П. в качестве младших научных Юшкевич является одним сотрудников в Отдел философии из руководителей научного и истории естествознания Научно- семинара по истории математики исследовательского института в Московском университете. С имени К.И. Тимирязева. 1945 года А.П. Юшкевич также В 1929 году Адольф начинает работать в Институте Павлович заканчивает физико- истории естествознания и математический факультет техники Академии наук СССР. В Московского университета. Летом этом месте он проработает до 1929 года А.П. Юшкевич перешёл конца своей жизни. из Научно-исследовательского В 1948 году Адольф института имени К.И. Тимирязева Павлович Юшкевич и Георгий в Секцию естественных наук Фёдорович Рыбкин основали Коммунистической академии. В знаменитую серию книг по этом же году Адольф Павлович истории математики "Историковпервые публикует свою статью, математические исследования". посвящённую философии Лазаря В том же году А.П. Юшкевич Карно – это его первая работа, публикует статью "Омар Хайям посвящённая истории науки. и его алгебра", с чего фактически С 1930 по 1952 годы Адольф начинается серьёзное изучение Павлович работал в Московском средневековой арабоязычной высшем техническом училище математики. И речь не только имени Баумана. С 1940 года он о более глубоком изучении трудился в качестве профессора, восточной математики. Во а начиная с 1941 года, был введении к четвёртому тому заведующим кафедрой. "Историко-математических С 1933 года Юшкевич исследований" (1951 год) А.П. постоянный участник семинара Юшкевич и Г.Ф. Рыбкин пишут: по истории математики, "В первой статье последнего организованного С.А. Яновской и раздела выпуска ставится М.Я. Выгодским, а впоследствии принципиального значения один из её руководителей. вопрос о характере математиков В 1934 году А.П. Юшкевич Средней Азии: хорезмийцев, опубликовал перевод работ таджиков, узбеков и др., которая Вейля, очень сложного для до настоящего времени понимания математика, под неправомерно именовалась общим названием "О философии арабской математикой, и математики". В 1936 году Адольф глубокая оригинальность которой Павлович опубликовал перевод отрицалась историками науки. работы А. Гейтинга "Обзор Помещая эту статью, редакция исследований по основаниям надеется, что поставленные в математики". В 1940 году ней вопросы привлекут внимание А.П. Юшкевич защищает историков математики. Особенно докторскую диссертацию важно приступить к изучению тех по теме "Математика и её богатейших рукописных фондов преподавание в России в XVIII на арабском, таджикском и веке", посвящённой истории
"Насими Исфара" Муассис: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №321/РЗ-97
Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Бобо Маҳкамов 63. Телефон: (8 34 62) 2-49-73. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
других языках, которые хранятся в архивах советских библиотек и научных учреждений". В 1951 году Адольфа Павловича награждают орденом Трудового Красного Знамени. В 1952 году А.П., покинув МВТУ имени Баумана, полностью переходит на полную ставку в Институт истории естествознания и техники Академии наук СССР. В октябре 1954 года, выступив на заседании Учёного Совета Института истории естествознания и техники Академии наук СССР, которое было посвящено пятилетию образования Китайской Народной Республики, с докладом о математике древнего и средневекового Китая, фактически дал старт советским исследованиям по истории китайской математики. В 1956 году он становится членом-корреспондентом Международной академии истории науки. В 1957 году А.П. Юшкевич был одним из организаторов международных торжеств, посвящённых 250-летию знаменитого петербургского академика Леонарда Эйлера, где исполнял обязанности учёного секретаря Организационного комитета. В 1957 году А.П. Юшкевичу вручается первая медаль им. Леонарда Эйлера Академии наук Германской демократической республики. В 1958 году он избирается членом Германской академии естествоиспытателей «Леопольдина». С 1960 года Адольф Павлович является действительным членом Международной академии истории науки. В 1961 году Адольф Павлович публикует свою знаменитую книгу "История математики в средние века", ставшей одной из лучших книг, посвящённых истории математики средневекового Востока. С 1965 по 1968 годы А.П. Юшкевич - президент Международной академии истории науки. В 1966 году на Международном конгрессе математиков в Москве Адольф Павлович выступил с докладом "Исследования по истории математики стран Востока в средние века: итоги и перспективы". В своём выступлении он наметил программу действий в этой области исторической науки, наподобие Эрлангенской программы Феликса Клейна, и определил направление исследований на многие годы вперёд. В том же году ему
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 18. 10. 2022. Адади нашр 4300. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
присуждается почётное звание Заслуженного деятеля науки РСФСР. С 1967 года А.П. Юшкевич член-корреспондент Научного общества им. Лейбница и в том же году ему присуждается Серебряная медаль Г. В. Лейбница Научного общества им. Лейбница. В 1968 году изпод пера Адольфа Павловича выходит одна из лучших книг по истории математики двадцатого века - "История математики в России до 1917 года". В том же 1968 году Адольф Павлович организовал исследовательскую Группу истории математики, в которую кроме него вошли видные историки науки Б.А. Розенфельд, Л.Е. Майстров, Ф.А. Медведев, Э.И. Берёзкина, А.Б. Паплаускас, А.Е. Володарский. Позднее к этой группе присоединились Е.И. Славутин, С.С. Демидов, Т.А. Токарева, Е.А. Зайцева, И.О. Лютер. В 1971 году Юшкевич удостаивается медали им. А. Койре Международной академии истории науки. С 1976 года он - членкорреспондент Германского общества историков естествознания, техники и медицины и в том же году ему присуждается медаль им. Г.В. Лейбница Академии наук Германской демократической республики. В 1976-77 годах под редакцией и при активном участии А.П. Юшкевича в кооперации с выдающимся советским математиком Андреем Николаевичем Колмогоровым выходит широко известный двухтомник "Хрестоматия по истории математики". В 1978 году он награждён медалью им. Дж. Сартона Американского общества историков науки. С 1979 года А.П. Юшкевич - почётный член Чехословацкого общества историков науки и техники. С 1982 года Адольф Павлович - член Французского математического общества. В 1982 году ему присуждается премия ДуастоБлютеля Парижской Академии наук. В 1983 году он награждён второй медалью имени Леонардо Эйлера Академии наук Германской демократической республики. Список работ Адольфа Павловича Юшкевича насчитывает порядка 600 наименований. Сюда помимо авторских трудов входят комментированные переводы классиков науки, а также редактирование и рецензии. Адольф Павлович по праву считается лучшим историком математики двадцатого века. Ф.САЛИМОВ, С.МАМАДЖОНОВ, старшие преподаватели филиала Технологического университета Таджикистана в г. Исфаре.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________