Skip to main content

39 2015

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

ИСФАРА

Оғози нашр 24/04/1932 ***

№ 39 (9120) ***

Cешанбе,

1 сентябри соли 2015

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон

ОГОХИНОМА

оид ба катъ намудани фаъолияти гайриконуни

Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳамчун ҳизби ҷумҳуриявӣ сабти ном гашта, тибқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ӯҳдадор аст, ки талаботи Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд. Бо вуҷуди ин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон вақтҳои охир ба қонуншиканиҳои пайдарҳам роҳ дода истодааст. 1. Ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нусхаи қарорҳои сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон оид ба қатъи фаъолият дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ дастрас гардидаанд, ки нусхаи аслии он ба Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ирсол карда шудаанд. Аъзоёни ҳизб бо хоҳиши худ аъзогии хешро дар Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон қатъ кардаанд. Дар маҷмӯъ ба вазорат 76 санаду протоколҳои сохторҳои ибтидоии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон аз 58 шаҳру ноҳияҳои зерини Ҷумҳурӣ вобаста ба барҳам додани фаъолияти онҳо дастрас гардидааст: 1. Протокол аз натиҷаи баргузор намудани ҷаласаи шӯъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд аз 20 июни соли 2015, шаҳри Хуҷанд. 2. Протокол аз натиҷаи баргузор намудани ҷаласаи ячейкаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Хуҷанд аз 18 майи соли 2015, ш. Хуҷанд. 3. Протоколи маҷлиси Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ғончӣ

аз 06 апрели соли 2015, шаҳраки Ғончӣ. 4. Протокол аз натиҷаи баргузор намудани ҷаласаи бахши шаҳрии ҲНИТ дар шаҳри Панҷакент аз 23 июни соли 2015, шаҳри Панҷакент. 5. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, д. Чоркуҳ. 6. Қарори ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Исфара аз 19 июни соли 2015, д. Чоркуҳ. 7. Протокол оиди қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ аз 11 июни соли 2015, шаҳраки Бӯстон. 8. Протоколи ҷаласаи бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 10 майи соли 2015, шаҳраки Меҳрон. 9. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ оиди қатъ намудани бахши ҳизби номбурда дар ноҳияи ба номи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аз 07 майи соли 2015, шаҳраки Пролетар. 10. Протокол аз натиҷаи баргузор гардидани ҷаласаи Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шаҳристон аз 28 майи соли 2015, ноҳияи Шаҳристон. 11. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ҳизб дар ҳудуди ноҳияи Спитамени вилояти Суғд аз 06 марти соли 2015, шаҳраки Нов. 12. Протокол аз натиҷаи баргузор гардидани ҷаласаи Раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Айнӣ

аз 20 апрели соли 2015, ноҳияи Айнӣ. 13. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИТ оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Ашт аз 29 майи соли 2015, шаҳраки Шайдон. 14. Суратҷаласаи маҷлиси фаъолони ҲНИТ дар шаҳри Истаравшан аз 15 майи соли 2015, шаҳри Истаравшан. 15. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Зафаробод аз 18 апрели соли 2015, шаҳраки Ҳ.Алиев. 16. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии ҲНИТ оиди қатъ намудани фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз 18 апрели соли 2015, шаҳраки Ғафуров. 17. Протокол аз натиҷаи баргузор намудани ҷаласаи бахши ҲНИТ дар шаҳри Конибодом аз 14 апрели соли 2015, шаҳри Конибодом. 18. Қарори ташкилоти ибтидоии Ҳавзи баланд аз 20 январи соли 2015, шаҳри Конибодом. 19. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар шаҳри Чкалов аз 15 майи соли 2015, шаҳри Чкалов. 20. Протоколи маҷлиси баҳши ҲНИТ дар шаҳри Қурғонтеппа аз 11 июни соли 2015, шаҳри Қурғонтеппа. 21.Протоколи конфронси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз 10 июни соли 2015, шаҳраки С. Исоев. 22. Протоколи ҷаласаи аъзоёни бахши ҲНИТ-и ноҳияи Шаҳритуз аз 10 июни соли 2015, ноҳияи Шаҳритуз. 23. Протоколи маҷлиси бахши шаҳрии ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд аз 04 июни соли 2015, ш.Сарбанд. 24. Протоколи маҷлиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Бохтар аз 05 июни соли 2015, ҷ/д Меҳнатобод. 25. Протоколи маҷлиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиликул аз 20 апрели соли 2015 ҷ/д Ҷиликул. 26. Протоколи маҷлиси умумии бахши ҲНИТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ аз 25 майи соли 2015, шаҳраки А. Ҷомӣ. 27. Протоколи маҷлиси умумии бахши ҲНИТ дар ноҳияи А. Ҷомӣ аз 28 майи соли 2015, шаҳраки А. Ҷомӣ. 28. Санад аз 08 июни соли 2015,

ноҳияи А. Ҷомӣ. 29. Санад дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиликул аз 08.06.2015, ҷ/д Ҷиликул, н. Ҷиликул. 30. Протоколи ҷаласаи моҳонаи бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қумсангир аз 15 майи соли 2015, ш. Дустӣ. 31. Санад аз 08 июни соли 2015, шаҳраки Дустӣ н. Қумсангир. 32. Санад дар бораи қатъ гардидани фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Ёвон аз 21 майи соли 2015, ш. Ёвон. 33. Протоколи маҷлиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Панҷ, аз 20 майи соли 2015 н.Панҷ. 34. Санад дар бораи гирифтани аризаи аъзоёни ҲНИТ дарноҳияи Панҷ аз 20 майи соли 2015, шаҳраки Панҷ. 35. Санад дар бораи қатъ намудани фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Хуросон аз 18 майи соли 2015, д. Уялӣ. 36. Суратҷаласаи ҷамъбастии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Хуросон аз 18 майи соли 2015, ноҳияи Хуросон. 37. Протоколи ҷаласаи аъзоёни раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Қубодиён аз 10 апрели соли 2015, ноҳияи Қубодиён. 38. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии раёсати бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ аз 11 июни соли 2015, ш. Хоруғ. 39. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Рушон аз 10 июни соли 2015, д. Рушон. 40. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии раёсати бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ишкошим аз 28 майи соли 2015, д. Ишкошим. 41. Қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Ишкошим аз 28 майи соли 2015, н. Ишкошим. 42. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шуробод аз 03 июли соли 2015, н. Шуробод. 43. Қарор оиди фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ дар ноҳияи Ховалинг аз 21 июли соли 2015, н.Ховалинг. 44. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ховалинг аз 21 июли соли 2015, н.Ховалинг. 45. Қарори фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ дар ноҳияи Мӯминобод аз 15 майи соли 2015, н. Мӯминобод. 46. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мӯминобод аз 15 майи соли 2015, н. Мӯминобод. 47. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи М. А. Ҳамадонӣ аз 25 майи соли 2015, н. М. А. Ҳамадонӣ. 48. Қарори ҷаласаи ғайринавбатии бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи М. А. Ҳамадонӣ 25 майи

соли 2015, н. М. А. Ҳамадонӣ. 49. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Темурмалик аз 09 июни соли 2015, н. Темурмалик. 50. Қарор оид ба фаъолиятиминбаъдаи ҲНИТ дар ноҳияи Темурмалик аз 09.06.2015, н. Темурмалик. 51. Қарор оиди фаъолияти минбаъдаи ҲНИТ дар н. Восеъ аз 22 апрели соли 2015, н. Восеъ. 52. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Восеъ аз 29 апрели соли 2015, н. Восеъ. 53. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии раёсати бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Рашт аз 14 майи соли 2015, д. Белгӣ. 54. Қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияи Рашт аз 14 майи соли 2015, д. Белгӣ. 55. Протоколи маҷлиси бахши дар ноҳияи Вахшбудаи ҲНИТ аз 04 июни соли 2015, ҷ/дТоҷикобод. 56. Санад аз 04 июни соли 2015, ҷ/дТоҷикобод. 57. Қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҲНИТ дар ноҳияиТоҷикобод. 58. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии раёсати бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Тоҷикобод аз 04 июни соли 2015, д. Нӯшори поён. 59. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии раёсати бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Нуробод майи соли 2015, д. Комсомолобод. 60. Протоколи конференсияи бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Ҷиргатол аз 18 майи соли 2015, н. Ҷиргатол. 61. Протоколи ҷаласаи ғайринавбатии раёсати бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Тавилдара аз майи соли 2015, д. Тавилдара. 62. Қарори маҷлиси бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Тавилдара аз 14 майи соли 2015, д. Тавилдара. 63. Протокол оиди фаъолияти ҲНИТ дар шаҳри Душанбе аз 02 июни соли 2015, ш. Душанбе. 64. Протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 25 июли соли 2015, ш. Душанбе. 65. Протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 24 июни соли 2015, ш. Душанбе. 66. Протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе 24 июли соли 2015, ш. Душанбе. 67. Протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 23 июни соли 2015, ш. Душанбе. 68. Протокол оиди фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ 08 июли соли 2015, н. Рӯдакӣ. (Давомаш дар саҳ.2).


Зохидзода Д.А: "Оташсанги Шуроб 1100 сол пеш дастрас буд"

Амалигашти стратегия Дар Исфара «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро комилан ҷонибдорӣ ва амалӣ менамоянд.

М

ашварати байниидоравии мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар шаҳри Исфара, ки таҳти сарварии раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир баргузор гардид, масъалаи сатҳи таъмини иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми августи соли 2013 «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020»ро мавриди баррасӣ қарор дод. Прокурори шаҳр Раҳмонзода Анвар Хол дар баромади худ таъмини бехатарии иқтисодӣ, таҳкими низоми молиявию буҷетии кишвар ва мубориза бо коррупсияро чун вазифаи ҷонии ҳар як роҳбар ва хизматчии давлатӣ арзёбӣ кард. Зимнан гуфта шуд, ки коррупсия омили хавфноки ҷомеа буда, ба амнияти миллӣ ва рушди иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонад. Мавсуф бо баробари зикри чораву тадбирҳои дар самти пешгирии коррупсия андешидашуда ва боздошта шудани тамоюли зиёдшавии чунин ҷиноятҳо, вазъро ҳамоно ташвишовар номид. Прокурори шаҳр дар ин радиф аз ҷиноятҳои коррупсионии аз ҷониби кормандони Маркази саломатии шаҳр, комиссариати ҳарбӣ ва ҶСШК «Азиа – фарм» содиргардида ёдовар шуд. Таҳлилҳо нишон додаанд, ки омилҳои содиршавии ҷиноятҳои мазкур ба вазъи иқтисодии ҷинояткорон вобастагӣ надошта, балки шаҳодати паст будани корҳои интихоб ва ҷобаҷокунии кадрҳо, ба таври мунтазам омӯхта нашудани қонунгузорӣ бар зидди коррупсия ва корбаст нашудани роҳу

(Аввалаш дар саҳ.1). 69. Протокол оиди фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Рӯдакӣ 13 июли соли 2015, н. Рӯдакӣ. 70. Протокол оиди фаъолияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Шаҳринав 15 майи соли 2015, н. Шаҳринав. 71. Протоколи маҷлиси ғайринавбатии бахши ҲНИТ дар шаҳри Турсунзода аз 12 июни соли 2015, ш. Турсунзода. 72. Қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҲНИТ дар ш. Турсунзода аз 12 июни соли 2015, ш.Турсунзода. 73. Протоколи маҷлиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Файзобод аз 23 июни соли 2015, ҷ/д Д. Алиев. 74. Протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар шаҳри Ваҳдат аз 02 июни соли 2015, ш. Ваҳдат. 75. Протокол оиди фаъолияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Варзоб аз 24 июни соли 2015, н. Варзоб. 76. Протокол оиди фаъолияти ташкилоти ибтидоии бахши ҲНИТ дар ноҳияи Ҳисор аз 03 июни соли 2015, н. Ҳисор. Бо вуҷуди ин, Раёсати Олии ҳизб ин санадҳоро бар хилофи банди 2.4 Оинномаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бе баррасӣ мондааст. Ба эътибор нагирифтани санадҳои мазкур ва аз ҷониби роҳбарияти ҳизб эҷод кардани монеа дар татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва ифодаи иродаи сиёсии онҳо, ки собиқ аъзоёни ҳизб буданд, бар хилофи талаботҳои моддаи 28 Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи он шаҳрванд ҳақ дорад ихтиёран ба ҳизбҳои сиёсӣ дохил ва аз онҳо хориҷ гардад. Амали мазкур инчунин ба талаботи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки тибқи он узвият дар ҳизб танҳо дар асоси майли

НАСИМИ ИСФАРА

Пушаймон нагардад кас аз кори нек, Накӯтар зи некӣ чӣ чиз аст нек?

01 . 09. 2015

Мавкеъ

№ 39

2

воситаҳои муосири мубориза бо ин падидаи номатлуб мебошад. Минбаъд муовини раиси шаҳр Таборак Файзуллоева оид ба рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020» мушаххасан ахбор дод. Раиси суди шаҳр Тоҷиддин Ҳафиззода дар ҳошияи парвандаҳои коррупсионии дар мақомоти суд мавриди мурофиа қарор гирифта, дар иртибот бо тарзу усулҳои пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ изҳори назар кард. Сипас, чанде аз ширкатдорони ҷаласа ба музокира баромада, таклиф пешниҳод карданд, ки баҳри решакан намудани амалҳои коррупсионӣ ҳарчӣ бештар ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷалб карда шуда, дар ин самти фаъолият шаффофияти бештар таъмин гардад ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷоннок карда шаванд. Дар ҷараёни машварат раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз баъзе роҳбарони сохторҳо ва ҷомеаҳои меҳнатӣ вобаста ба тадбирҳои дар ҷодаи роҳ надодан ба ҷиноятҳои коррупсионӣ бозпурсии қатъӣ ба амал овард ва масъулинро баҳри таъмини амалигашти «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҷиддан муваззаф намуд.

• Ҳанӯз дар аҳди Сомониён конҳои ангишти Шӯроб мавриди истифода қарор доштанд. • 429 нафар мутахассисону кӯҳканони ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "Ангишт" иди касбии худро дар сатҳи шоиста таҷлил намуданд. • 83 нафар кормандони беҳтарини ҶСШК “Ангишт” қадршиносӣ гаштанд.

Д

ар раванди ҷаласаи тантанавие, ки ба ифтихори Рӯзи ангишканон дар шаҳраки Шӯроб баргузор гардид, 429 нафар мутахассисону кӯҳканони Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи "Ангишт", собиқадорони соҳа ва ҳам сокинони шаҳраки ангиштканонро Раиси шаҳри Исфара Даврон Зоҳидзода самимона шодбош гуфта, аз таърихи дирӯзаву имрӯзаи ин кони маъруфи ангишт нек ёдовар гашт. Тавре мавсуф зикр намуд :- “Сайёҳон ва ҷуғрофидонони араб Исҳоқ – ал - форсӣ ва Ибни Ҳавкал дар асарҳои худ оид ба кони ангишти Шӯроб маълумот дода, онро яке аз конҳои бемисли маводи сӯхт ва захираи зиёддошта маънидод кардаанд". Аз рӯйи ахбори ҷуғрофидон ва муаррихи араб Ал-истахрӣ: - «Дар Асбара кӯҳест, ки дар он сангҳои сиёҳест ва он ба монанди лахча месӯзад. Се хирвори он ба як дирҳам фурӯхта мешавад. Хокистари он дар вақти шустан либосҳоро сафед мекунад». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки оташсанги Шӯроб ҳанӯз дар асри Х ё аз он ҳам барвақттар дастрас буд. Ҳол он, ки дар Аврупо кандани оташсанг танҳо дар асри ХIII су-

рат гирифта буд. Дар тантана ҳамчунон табрикоти идонаи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ манзури аҳли ҷамъомад гашт. Ангиштканони Шӯробро сармуҳандиси КВД “Ангишти тоҷик” Аҳмадҷон Зиёев, директори намояндагии Вазорати саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқадддас Раҷабова, раиси иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургияи “Тоҷикметалл” дар вилояти Суғд Юнус Зикиряев, сарвари кулли ҶСШК "Ангишт" Баҳром Қосимов сидқан шодбош гуфтанд. Дар ин рӯз 35 нафар кормандони фаъолу собиқадорони меҳнат бо Ифтихорномаю Сипоснома ва мукофотҳои арзишманд, 5 нафар бо роҳхат ба осоишгоҳи “Зумрад” ва 43 нафар бо маблағҳо дар ҳаҷми як маоши моҳона сарфароз гардонида шуданд. Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти ҶСШК “Ангишт” рӯ ба пешравӣ дошта, ангиштканони Шӯроб танҳо дар давоми 8 моҳи сипаришудаи соли равон 35 ҳазору 867 тонна “тиллои сиёҳ” истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1136 тонна зиёд аст.

Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон

ОГОХИНОМА

оид ба катъ намудани фаъолияти гайриконуни ихтиёрии шаҳрванд сурат мегирад, низ зид мебошад. 1. Ҳамин тариқ, аз ҷониби Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дидаю дониста бе баррасӣ мондани қарорҳои сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ва аризаи аъзоёни ҳизб оид ба қатъ гардидани аъзогиашон дар ҳизб хилофи Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва Оинномаи ҳизб мебошад. 2. Ба масъалаи қатъи фаъолияти сохторҳои маҳаллии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон қонуншикании дигари ҳизб алоқамандии бевосита дорад. Мувофиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» дар Ҷумҳурӣ танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда метавонанд. Тибқи банди 1.1 Оинномаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ҳизб ҷумҳуриявӣ буда, он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Қонун талаботи дигареро низ муқаррар менамояд, ки тибқи он ҳизби сиёсӣ дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо ташкилоти ибтидоӣ бояд дошта бошад. Бо назардошти қарорҳои қайдгардидаи сохторҳои маҳаллии ҳизб оид ба қатъ намудани фаъолияташон Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба талаботи моддаи 3 қонуни мазкур ҷавобгӯ нест. Дар ин сурат даъвати анҷуман аз ҷониби Раёсати Олии Ҳизби наҳ-

зати исломи Тоҷикистон ғайриқонунӣ мебошад, зеро аксарияти кулли сохторҳои ҳизб фаъолияти хешро қатъ гардониданд ва намояндагии аъзоёни ҳизб аз аксарияти шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурӣ ғайриимкон мебошад. Гузашта аз ин, қатъи фаъолияти сохторҳои маҳаллии ҳизб дар аксарияти шаҳру ноҳияҳо баргузории конфронсҳои ҳизбро бо мақсади интихоби вакилон ба анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон истисно менамояд. Дар чунин шароит баргузории анҷумани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мухолифи қонунҳои дар боло зикргардида ва Оинномаи ҳизб буда, оқибатҳои ҳуқуқиро ба бор намеорад. 3. Санаи 26 августи соли ҷорӣ бо имзои муовини аввали ҳизб ба Вазорати адлия мактуб оид ба иваз гардидани суроғаи ҳизб ворид шуд. Бояд қайд намуд, ки мутобиқи қисми дуюми моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва банди 10 Оиномаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон маҳали ҷойгиршавии ҳизб муқаррароти Оинномавӣ мебошад. Муттаносибан, барои тағйир додани муқаррароти оинномавӣ ба Оинномаи ҳизб бояд тағйирот ворид карда шавад. Мутобиқи банди 4.5. Оинномаи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон салоҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи ҳизб ба ваколати Анҷуман мансуб мебошад.

4. Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон ба сифати ҳизби характери динӣ дошта эътироф мегардад, лекин он ташкилоти динӣ набуда, ҳуқуқи анҷом додани фаъолияти диниро надорад. Вале ҳизб ба қонуншиканӣ дар ин самт роҳ дода, ғайриқонунӣ расму оин ва маросимҳои динӣ, таблиғоти оммавии диниро анҷом медиҳад, ки боиси чораҳои эътиноии Вазорати адлия ва мақомоти давлатӣ гашта буд. Бо вуҷуди ин Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон фаъолияти хешро дар ин самт идома дода истодааст. Ҳам дар нашрияҳои ҳизбӣ ва ҳам дар чорабиниҳои хеш бевосита ба тарғибу таблиғоти динӣ машғул шуда, бо иштироки шумораи зиёди шаҳрвандон дар баргузории маросимҳои динӣ, адои тоату ибодат, расму оинҳо, хондани намозро амалӣ намуда истодааст. Машғул шудан ба тарғиботи динӣ ва дар шакли дигар давом додани фаъолияти Академияи исломӣ, ки нисбати он вазорат эътино зоҳир намуда буд, аз ҷониби ҳизб идома дорад. Мисол, маводҳои чопӣ дар нашрияи Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон «Наҷот» № 43 (813) аз 23.10 с.2014, № 51 (821) 16.12 с.2014, № 14 (836) аз 02.04 с.2015, № 16 (838) аз 16.04 с.2015 ва ғ. шаҳодати он мебошанд. Мутобиқи қисми 9, моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ҳуқуқи таблиғоти оммавии диниро танҳо

иттиҳодияҳои динӣ доранд. Тибқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» мақсади асосии ҳизби сиёсӣ иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон мебошад. Дар ин самт шабоҳати Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон бо ташкилоти динӣ ғайриқонунӣ мебошад, зеро мақсадҳои ташкилоти динӣ аз ҳизби сиёсӣ тафовут доранд. Аммо ҳизб бо ҳар роҳу усулҳо дар фаъолияти хеш дар самти ташаккули иродаи сиёсии шаҳрвандон аз дини ислом истифода намуда, шаҳрвандонро оид ба вазъи ҳуқуқии хеш ба гумроҳӣ мебарад. Бо назардошти қайдҳои боло ва мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон огоҳ карда мешавад: 1. Фаъолияти ғайриқонунии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро, ки дар вайрон кардани талаботҳои Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва Оинномаи ҳизб зоҳир мегардад, қатъ намояд. 2. Огоҳиномаи мазкурро дар мӯҳлати 10 (даҳ) рӯз баррасӣ намуда, аз натиҷааш ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври хаттӣ ахборот диҳад. 3. Дар сурати иҷро нагардидани талаботи огоҳиномаи мазкур нисбати ҳизб чораҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» андешида мешаванд. Вазир Р. Шоҳмурод, №10-10-415 аз 28.08.2015.


Дарахти нафси нодон бар наорад, Ҳузураш ҷуз ки дарди сар наорад.

НАСИМИ ИСФАРА

Муковимат бо коррупсия масъулияти хар яки мо Прокурори шаҳри Исфара, мушовири адлияи дараҷаи 1, Раҳмонзода Анвар Хол "... таъмини бехатарии иқтисодӣ ва таҳкими низоми молиявию буҷетии кишвар, мубориза бо коррупсия ва омилу падидаҳое, ки имрӯз садди рушди иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошанд, бояд вазифаи ҷонӣ ва масъулияти шахсии ҳар як роҳбар ва хизматчии давлатӣ бошад”.

И

н нуқтаҳо аз ҷониби Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 ферали соли 2015 зикр ёфта буд. Таъкиди Сарвари давлат вобаста ба масъалаи пурзӯр гардонидани мубориза бар зидди коррупсия, вазифаи ҷонӣ ва масъулияти шахсии ҳар як роҳбару хизматчии давлатӣ будани он беҳуда нест. Зеро мақсади ҳар як ҷомеа, давлат ва роҳбарияти сиёсии он таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқу диёр, сарсабзӣ ва сарбаландии миллат дар арсаи байналмиллалӣ мебошад. Вале барои ба ин ҳадафҳои воло расидан монеаҳое пеш меоянд, ки барои рафъи онҳо кӯшишҳои зиёде лозиманд. Мубориза бар зидди коррупсия дар ҷаҳони муосир ба як масъалаи муҳим табдил ёфтааст. Аксарияти кишварҳои олам роҳҳои мубориза бо онро пайваста ҷустуҷӯ менамоянд. Чунки коррупсия омили хавфноки ҷомеа буда, ба амнияти миллӣ ва рушди иқтисодӣ таъсири манфии худро мерасонад. Коррупсия боигарии давлатро кам ва сатҳи зиндагонии мардуми онро паст мегардонад. Маҳфуми КОРРУПСИЯ - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие) фаҳмида мешавад, ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд. Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул кардааст. Аз ҷумла; - Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахурӣ)», - Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» - Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”

Бо мақсади ташкил ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯии пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия, баҳри бартараф намудани сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда ва ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мубориза бо коррупсия бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2010 Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси он гардид, ки фазои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи назарсанҷиҳои байналмиллалӣ назар ба як соли пеш ду зина поён фаромад. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат оид ба самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи таҳкими интизоми хизматӣ, одоби касбӣ ва пешгирии коррупсия" ва "Кодекси одоби корманди Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул намудааст. Барнома ва кодекси мазкур риояи интизоми хизматӣ, одоби касбӣ, пешгирии амалҳои коррупсионӣ, набаромадан аз ҳадди ваколатҳои хизматӣ, дахолат накардан ба баҳсҳои оилавӣ, баҳсҳои қарзӣ ва дигар баҳсҳои молу мулкии шаҳрвандонро ба танзим медарорад. Прокуратураи шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ба масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ, пурзӯр намудани ташвиқу тарғиби амалҳои зидди коррупсионӣ ва ҷиҳати ба вуҷуд овардани ҳисси боварию эътимоди шаҳрвандон ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ диққати махсус додааст. Чунончи, дар идораю корхонаҳои давлатӣ, ҷомеаҳои меҳнатӣ ва маҳалли зисти шаҳрвандон дар давраи соли 2014 ва нимсолаи аввали соли 2015 ум – зиёда аз 165 сӯҳбату вохӯриҳо, ба воситаи телевизион ва радио 25 баромадҳо карда, дар рӯзномавӯ маҷаллаҳо 32 мақолаҳо ба табъ расонида шудааст. Новобаста аз ин таҳлили вазъи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта нишон дод, ки гарчанде содиршавии ин қабил ҷиноятҳо тамоюли зиёдшавӣ надошта бо-

шад ҳам, вале то ҳол ташвишовар боқӣ мондааст. Аз ҷумла, дар давоми соли 2014 ва 7 моҳи соли 2015 – 20 ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионӣ ошкор ва 17 парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Дар рафти санҷиш ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ маълум гардид, ки тасарруфи маблағҳо ва порагирӣ асосан аз ҷониби шахсони мансабдор, хизматчиёни давлатӣ ва роҳбарони ҷамъиятҳо барои хариду фурӯши замин ва ғайраҳо содир шуда, бевосита ба пардохти музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ таъсири манфӣ расонидааст. Санҷиш дар фаъолияти маркази саломатии шаҳр муайян намуд, ки Файзуллоев Кароматулло Усмонхӯҷаевич дар вазифаи мудири шӯъбаи амрози дохилаи маркази саломатӣ кор карда истода, бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт аз бемор Тухтамишева Сафияхон Ҷӯрабоевна барои ба комиссияи хадамоти давлатии тиббию ташхисии иҷтимоӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳояш барои муайян кардани гурӯҳи маъюбиаш санаи 13 феврали соли 2015 маблағи 1500 сомониро ҳамчун пора талаб намуда, санаи 24 феврали соли 2015 дар ҷои кораш - маркази саломатии шаҳри Исфара ҳангоми гирифтани 800 сомонӣ дастгир карда шуд. Аз ин рӯ, нисбати мудири шӯъбаи амрози дохилаи маркази саломатии шаҳри Исфара Файзуллоев К.У. 24.02.2015 сол бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардида, номбурда бо ҳукми суд маҳкум карда шуд. Ё ин, ки Сармусоқов Одилхӯҷа Баҳоваддинович, санаи таваллудаш 21.06.1963 сол, сокини шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Навгилем, кӯчаи Ҳасанов, хонаи №45 дар вазифаи мутахассиси зершӯъбаи 4-уми комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара кор карда истода аз шаҳрванд Юлбарсов Фаррух Маърупович, сокини шаҳри Исфара, кӯчаи А.Азимов, хонаи №33 барои додани билети ҳарбӣ бо роҳи тамаъҷӯӣ 500 доллари ИМА талаб намуда, санаи 29.05.2015 сол маблағи

1300 сомонӣ, санаи 09.06.2015 сол маблағи 640 сомонӣ, санаи 15.06.2015 сол 640 сомонӣ дар ҳудуди бинои комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара гирифта, санаи 23.06.2015 сол тахминан соати 17:30 дақиқа дар назди боғи марказии ба номи Сайфи Исфарангӣ дар дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Мерседес-Бенс”, рақами қайди давлатиаш 14-27 ВВ 02 ТҶ ҳангоми аз шаҳрванд Юлбарсов Ф.М. гирифтани боқимонда 600 сомонӣ маблағи пора аз ҷониби кормандони фаврии ШВКД-1 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара дастгир ва маблағи ба сифати пора гирифтааш аз охирон дарёфт карда шуд. Оиди ин ҳолат санаи 23.06.2015 сол аз ҷониби прокуратураи шаҳр аз рӯи аломатҳои банди “в” қисми 4, моддаи 319 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани пора парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, санаи 25.06.2015 сол парвандаи ҷиноятии мазкур барои таъмини тафтиши пешакӣ аз рӯи тобеият ба прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд ирсол гардид. Ҳамзамон зимни санҷишҳои прокурорӣ муайян гардид, ки Файзуллоев Муҳаммадхон Муҳиддинович аз 15 марти соли 2013 дар вазифаи сардори менеҷери сохтори кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Исфара бо ҳуқуқи ташкилию амрдиҳӣ то инҷониб кор карда истода, бо сӯиистифода аз ваколатҳои хизматии худ бар хилофи манфиатҳои хизматӣ бо ғараз ва ба манфиатҳои шахсиаш амал намуда, ба таври ҷиддӣ ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии муассиса ва манфиатҳои қонунан ҳифзшудаи давлатро поймол карда, дидаю дониста, ки табиби гӯшу гӯлу ва бинии маркази саломатии шаҳри Исфара Исомутдинова Кимё Ибнияминовна дар фаъолияти кориаш қарор надорад, ба мудири шӯъбаи ҷарроҳии ҳамин марказ Амонов Сарват Пулотович, зертобеонаш Тағоева Насибахон Мирзоевна ва сарпарастори марказ Рӯзиева Хуршеда Алимовна аз моҳи марти соли 2013 то моҳи июни соли 2015 супориш додааст, ки табели баҳисобгирии вақти кориро ба Исомутдинова К.И. гузошта, пешниҳод намоянд. Баъдан Файзуллоев М.М бо сӯиистифода аз ваколати мансабиаш ба Исомутдинова К.И. аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ ғайриқонунӣ дар маҷмӯъ 20502,32 сомонӣ музди меҳнат додааст. Бо назардошти он, ки дар кирдори Файзуллоев М.М., аломатҳои таркиби ҷиноятӣ қисми 1, моддаи 314 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд, санаи 07.08.2015 сол нисбати Файзуллоев М.М. парвандаи ҷиноятӣ- иқтисодии хусусияти коррупсионӣ дошта оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Инчунин прокуратураи шаҳр як ҳолати азонихудкунии маблағ ба миқдори махсусан калонро ошкор намуд. Чунончӣ, Кабутов Сафархон Акбаршоевич дар вазифаи директори намояндагии ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи “АЗИА-ФАРМ” дар шаҳри

01. 09. 2015

Минбар

№ 39

3

Исфара фаъолият бурда, дар давоми фаъолияти кориаш бо сӯистифода аз ваколатҳояш ба азонихудкунии маблағ даст зада, ба ҷамъияти мазкур ба маблағи 1 836 982,99 (як милиону ҳаштсаду сию шаш ҳазору нӯҳсаду ҳаштоду ду сомонию 99 дирам) сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст, ки мавриди санҷиш қарор дорад. Таҳлил нишон дод, ки содиршавии ҷиноятҳои мазкур ба вазъи иқтисодии ҷинояткорон вобастагӣ надошта, шаҳодати паст будани интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, ба таври мунтазам ба роҳ монда нашудани омӯзиши қонунгузорӣ бар зидди коррупсия дар мақомоти давлатӣ ва истифода набурдани роҳу воситаҳои нав ба нави мубориза бо ин падидаи номатлуб мебошад. Тибқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, прокуратура, корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ, идоракунии ҳарбӣ, назорати маводи нашъаовар, андоз ва гумрук дар доираи салоҳияти худ бар зидди коррупсия мубориза мебаранд. Санҷишҳои гузаронидаи прокурорӣ муайян кард, ки корҳои анҷомдодаи мақомотҳои андоз ва гумрук, ки бевосита субъекти муборизабаранда ба зидди коррупсия мебошанд, дар самти ошкор кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва пешгирии онҳо беҳбудиро тақозо менамояд. Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолияти субъектҳои бар зидди коррупсия муборизабаранда ва ҷалби бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини шаффофияти фаъолият дар ин самт, фароҳам овардани фазои оштинопазир бо коррупсия таклифҳои зеринро пешниҳод менамоям: -бо мақсади паст кардани сатҳи ҷиноятҳои коррупсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вобаста ба мавзӯъ, моҳият, мафҳум ва оқибатҳои ҷиноятҳои коррупсиони барномаҳои омӯзишӣ таҳия карда, мунтазам тариқи вохӯриҳо, рӯзномаю маҷаллаҳо ва телевизиону радиои маҳаллӣ паҳну пахш карда шавад; -дар сохтори кадрҳои мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раёсати маориф бо мақсади пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, инчунин муайян намудани кормандоне, ки майли даст задан ба омилҳои коррупсионӣ доранд, тадбирҳои иловагӣ андешида шавад; -омӯзиши талаботҳои Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид бар зидди коррупсия ва "Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020" дар байни кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва раёсати маориф ба таври васеъ ба роҳ монда шавад; Бо итминони комил метавон гуфт, ки мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои давлатӣ дар таъмини волоияти қонун, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар беҳтар намудани вазъи пешгирии коррупсия, ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ ва умуман муқовимат бо коррупсия саҳми арзандаи худро минбаъд низ хоҳанд гузошт.


Н/И

Китоби дил ба дидан агарчӣ ки як варақ аст, Валекин ҳар сухани ин саҳифа сад сабақ аст.

Иттилои прокуратура

ли моҳи марти соли 2015 ба миқдори 38 адад сагҳои дайду ва бесоҳиб безарар гардонида шуданд. Умуман дар чор моҳи соли ҷорӣ бошад, 64 адад сагҳо ва дигар ҳайвонот безарар (нобуд) гардонида шудааст.

БЕНИЗОМИ ДАР ТАНЗИМ

Истиқоматкунандаи маркази шаҳр, кӯчаи А.Ваҳобов хонаи №8 А. Мӯсоев талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дағалона вайрон намуда, санаи 29 июли соли 2015 барои гузаронидани қайди давлатии ақди никоҳи фарзандаш Мӯсоев П. дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 6 адад автомашинаи сабукравро истифода намуда, дар ҳудуди шаҳр сайру гашт ташкил кардааст. Ё М. Ҳусейнов, сокини кӯчаи Б.Маҳкамов, хонаи №57 низ айнан ба чунин қонунвайронкунӣ роҳ дода, санаи 8 августи соли равон барои гузаронидани қайди давлатии ақди никоҳи худ ва арӯсшавандааш дар САҲШ 8 адад автомашинаи сабукравро истифода намуда, ба ҳудуди шаҳр ба саёҳату тамошо баромадаанд. Ҳамчунин М.Собитов аз ҷамоати деҳоти Шаҳрак, кӯчаи Зебопарӣ №377 санаи 10 августи ҳамин сол барои гузаронидани қайди давлатии ақди никоҳи писараш Собитов Мирзомуҳаммад бо келинаш Сафозода Зарнигор дар САҲШ-и шаҳр зиёда аз 7 адад автомашинаи сабукравро истифода намудааст.

ЙОГУРТХОИ БЕ ХУЧЧАТ

Соҳибкори инфиродӣ Ф.Додобоев, истиқоматкунандаи шаҳр, кӯчаи Бинокор хонаи берақам бархилофи талаботҳои моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баҳодиҳии мутобиқат” амал намуда, дар нуқтаи савдои яхдони №2а-и ҶДММ “Бозори Ориён”-и шаҳр ба фурӯши маҳсулоти йогурти тамғаи “Гек” ба миқдори 12 адад бе мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат машғул шудааст. Соҳибкори дигар Д. Мӯсоев аз кӯчаи Тамохуш хонаи №5 низ бархилофи талаботҳои қонунҳои дар боло зикршуда дар нуқтаи савдои яхдони №2-и ҶДММ “Бозори Ориён”-и шаҳр фурӯши маҳсулоти йогурти тамғаи “Гек-ро” ба миқдори 25 адад бе мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифат ба роҳ мондааст. Бинобар ин, нисбати соҳибкорони номбурда дар асоси моддаи 626 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардида, барои баррасӣ ба Маркази санҷиши минтақавии шаҳри Исфара (Тоҷикстандарт) фиристода шуд.

105 ОСЕБДИДА АЗ САГХО

Прокуратураи шаҳр ҳолати иҷрои талаботҳои қонунгузорӣ вобаста ба пешгирии касалиҳои сирояткунанда дар байни аҳолӣ ва аз газидани сагҳои касалӣ эмин нигоҳ доштани шаҳрвандонро дар фаъолияти мақомотҳои дахлдор мавриди санҷиш қарор дод. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки аз 121 нафар осебдидагон 105 нафарашон аз сагҳои маълум осеб дидаанд. Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳамлакунии сагҳои дайду ва девона ба одамон, ҳамчунин пешгирии сироятшавии бемориҳои ҳайвонот прокуратураи шаҳр санаи 24 феврали соли 2015 таҳти №7/197сод-15(4) унвонии мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла ШВКД-1 ва 2, КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, МНДСЭ, бахши ҳифзи муҳити зист ва раёсати назорати давлатии байтории шаҳр мактуб ирсол намуда, талаб намуда буд, ки дар якҷоягӣ санҷиш гузаронида, аз натиҷаи чораҳои андешидашуда ба прокуратураи шаҳр хабар диҳанд. Дар натиҷа аз тарафи мақомотҳои дахлдор то даҳаи авва-

КИ ЧОИ ПАРТОВРО НАМЕБИНАД?

Санҷиши прокурорӣ маълум намуд, ки бо мақсади амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012 таҳти №626 “Дар бораи тартиби ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб” аз тарафи раиси шаҳри Исфара ҳайати комиссияи доимоамалкунанда таъсис дода шудааст. Муайян гардид, ки шумораи нуқтаҳои муваққатии партовнигаҳдорӣ дар шаҳру деҳот 171 адад буда, 80 адади онҳо дар ҳудуди шаҳр ҷойгир мебошад. Гарчанде барои партовпартоӣ ҷойҳо муқаррар гардида бошанд ҳам, барои ба танзим даровардани фаъолияти партовгоҳҳои шаҳр аз тарафи мақомотҳои марбута тариқи дахлдор назорат бурда намешавад, ки дар натиҷа боиси зиёд гаштани партовҳо мешаванд. Ҳол он ки барои баровардани партовҳо аз кӯчаҳо ва партовгоҳҳои ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр барои соли 2015 нақша тартиб дода шуда, аз тарафи 4 мақомоти дахлдор тасдиқ карда шудааст. Лекин санҷиш нишон дод, ки нақшаи тасдиқгардида аз тарафи КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” оиди баровардани партовҳо иҷро карда нашуда, партовҳои дохили шаҳр, аз ҷумла кӯчаи С. Абдуллоев (собиқ Колхозчӣ), Мӯлдон, Бинокор, паси беморхонаи марказии шаҳр ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ сари вақт бардошта намешаванд. Гузашта аз ин, шаҳрвандон аз беназоратии мақомотҳои дахлдор истифода намуда, партовҳоро дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ ҷамъ кардаанд, ки ҳолати санитарию эпидемиологии он ғайриқанотбахш мебошад. Чунончӣ, дар кӯчаи С. Абдуллоев аз тарафи роҳи оҳан дар 5 ҷой, ки масофааш аз хонаҳои истиқоматӣ ва корхонаҳои дар кӯча мавҷуд буда 15 – 20 метр мебошад, миқдори зиёди партовҳо ҷамъ шудаанд. Хусусан дар рӯ ба рӯи собиқ бинои КИ ба номи Ленин, кӯчаи Абдуллоев 28, 16, 14, ки ҳаҷми партовҳои ҷамъшуда аз 15 то 50 м3-ро ташкил медиҳад, бештар ба назар мерасад. Тибқи талаботи банди 6.4 Қоидаҳои санитарӣ муассисаи хоҷагии коммуналӣ бояд дар як ҳафта ду маротиба ҳудуди шаҳрро аз партовҳои сахти маишӣ тоза намояд. Дар давраи сипаригардидаи соли 2015 нисбати 16 нафар барои ифлос кардани манбаи об ва ғайрирасмӣ ҷойгир намудани партовҳо бо моддаи 232 ва 177 КҲМ ҶТ чораҳои маъмурӣ татбиқ гардид. Чунончӣ, устои ҶДММ “Ширкати сохтмони Исфара” Почоев Абдуҳаким бархилофи талаботи моддаи 53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва моддаҳои 10 ва 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ” амал намуда, худсарона бе иҷозати мақомоти дахлдор партовҳои ҳосилшударо ба ҷойи ғайрирасмӣ ҷойгир намудааст. Ё ин ки Суннатзода Маҳрия, сокини шаҳр, микроноҳияи 13-ум, хонаи берақам ҳамчун коргар дар ошхонаи соҳибкори инфиродии “Суфро-апа” фаъолият карда, партовобҳои чарболудро ба соҳили дарёи Исфара партофта, бо ин роҳ манбаи обро ифлос кардааст. Аз ин лиҳоз, нисбати номбурдагон чораҳои маъмурӣ татбиқ карда шудааст. Далер ЮСУФӢ, ёрдамчии калони прокурори шаҳр. Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, шореҳи “НИ”.

«НАСИМИ ИСФАРА»

МУАССИС: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА САРМУҲАРРИР Абдумуталиб ШАРИФОВ

ИФЛОСИ ВА БЕИНСОФИ

Н/И

НАСИМИ ИСФАРА

6 сентября – День работников нефтяной и газовой промышленности

На вахте нефтегазодобытчики

В своём историческом Послании Маджлиси Оли Республики Таджикистан 23 января 2015 года Президент страны Эмомали Рахмон подчеркнул: « Сегодня в стране 21 отечественная и зарубежная компании занимаются работами по разведке, бурению, добыче и переработке в нефтегазовой сфере». Большой трудовой коллектив СООО «Петролеум-Сугд» уже в начале текущего года сделал из этого важного документа соответствующий вывод и разработал план конкретных мероприятий по выполнению поставленных Правительством страны задач. Несмотря на экономические и финансовые трудности, за прошедший период нынешнего года добыто 6426,1 тонны нефти, что по сравнению с тем же периодом прошлого года больше на 507,8 тонны. Добыча же газа с начала года составила 850 тысяч кубометров. Это на 27 тысяч м3 больше плана , или по сравнению с

Ба пешвози 24 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н/И

Эй Ватан, эй Точикистон!

2014 годом – 103,8 процента. Руководство и специалисты , используя потенциальные возможности, организованно проводят текущие и капитальные ремонты скважин. Это даёт свои положительные плоды. Тон задают бригады мастера по капитальному ремонту скважин Акбара Джахонгирова и старшего мастера Каюмджона Абдукахорова. Инициативу и старание проявляют мастер ДНГ Парвиз Шукуров, мастер ДНГ-2 Джахонгир Сидиков, операторы по добыче нефти и газа Бахром Рахимов, Максуджон Ёсинжанов и другие. Из добытой за восемь месяцев т.г. нефти продано ОАО «Капитал» 2767,9 тн , ООО «Сомоннефть» - почти 550 тн, а также другим. Успешно реализуется и природный газ. При месячном плане реализации августа в 64 тысячи м3, фактически реализовано 74,3 тысячи м3 газа. А с начала текущего года этот показатель составил 453,596 тысяч

Бароям беҳтарин ганҷи дунёӣ. Дар ин дунёи бераҳм, ки бародар ба хоҳар шафқате надорад, ту ягона мутакко ба сӯзу рози дили ман ҳастӣ. Ту ҳастӣ, ки маро аз қаъри ҳаёт раҳо мебахшиву ба дунёи ободу ҳаёти хурраму зебо раҳнамун месозӣ. Интизори ин рӯзу соати нек ҳастам, эй Ватани ҷонам! Тоҷикистон! Кишвари меҳрофаринам. Туро чанд муддат инҷониб кишвари абадқудрати дунё мешуморам. Чунки сарвари ту марди оқилу фархунда ва равшанзамирест, ки барояш ормонҳои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ азизу муқаддасанд. Душанбе! Гаҳвораи абармардону родмардони бузурги Ватанам бори аввал меҳмонат гашта будам. Туро зебову шӯҳратманду пуршаҳомат дарёфтам. Хиёбону гулгаштҳои зебоятро фавораҳои мусаффо шукӯҳ мебахшанду гулбуттаҳои шукуфони садбарг ҷилванамоӣ доштанд. Мардуматро дилкушоду меҳмоннавоз бидидам. Дар майдони пуршукӯҳ пешвои Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ гӯиё баҳри ояндаи дурахшони халқи тоҷик дасти дуои фатҳу кушоиш бардоштааст,

01. 09. 2015

Мову Шумо

№ 39

4

кубометров, что составляет 105,2 процента плана. В основном, газ реализуется ООО «Азиз», «Расулов», «Экогаз» и другим. Хотелось бы особо отметить и добросовестный, нелёгкий труд бурильщиков. Дисциплинированности, не только выполнения, но и перевыполнения заданий добиваются в каждой смене бурильщики Анвар Эркабоев, Толибджон Мусурмонкулов, помощники бурильщиков Иршод Бурхонов, Абдувохид Кодиров и многие другие. Безусловно, экономические показатели положительно влияют на финансовое состояние всего коллектива. Так, товарной продукции в действующих ценах реализовано на 15054866 сомони, соответственно нефти – на 14678822 сомони, газа – 376044 сомони. Руководство СООО «Петролеум-Сугд» вносит немалый вклад в перечисление средств в пенсионный и социальный фонды, уплату госналогов, старается обеспечить своевременную выплату заработной платы рабочим и служащим. Кроме того, по мере возможности оказывается материальная помощь ветеранам войны и труда, малообеспеченным семьям. Нефтяники и все жители посёлка Нефтеабад постоянно чувствуют помощь руководителей области и города. Накануне профессионального праздника от всей души поздравляем всех нефтяников и газовиков Таджикистана, желаем им крепкого здоровья, успехов в труде и жизни! М. ЁСИНЖАНОВ, член СЖТ. На снимке: передовики СООО «Петролеум-Сугд» - (слева направо) геолог Б.Ганиева, оператор М. Мансурова, зав. лабораторией С. Абдумаликов, мастер ЦПС С. Атохонов.

ки баъди ҳазор соли бедавлатӣ халқи тоҷик соҳиби чунин давлати ободу зебо гаштааст. Ватанам! Ин ҷо меҳрномаи қалби худро бароят пешкаш месозам. Ҳарфҳое, ки аз ин дили ранҷу азияткашида берун меоянд, гӯиё дарду аламҳои маро зарра-зарра ба берун мерезанд ва ҳамагӣ пораҳои дили садреши мананд. Чӣ созам, эй Ватан, ки дарди ишқат ҷонсӯз будаасту он ба иншову ифшо кардан боз ҳам ҷонсӯзтару пургудозтар мегаштааст. Ай Ватани азиз! Бароям имкон бидеҳ то бароят хизмати софдилона намояму дар пешрафти ҳаёти халқи бузургат ҳиссагузор бошам. Сангро пурсиданд, ки бурдбориву матонат аз кӣ омӯхтаӣ. Ҷавоб дод, ки ҳар қадар нокасон кӯфтаанду пора намудан хостанд, боз ҳам бузургу побарҷостам. Зеро дар ҷавоби аҳмақон сукут менамояму такя ба Худованди бузург месозам. Аммо кулӯх, ки виқоре надораду доимо аз пайи ман-манӣ аст, бо боридани борон паҳну парешон шуда меравад. Ба осмони ситоразор дида медӯзам, ҳамагон чашмакзанӣ доранд, яке хурду дигаре бузург, яке хираву дигаре равшан. Парвои якдигар надоранду аз ҳоли худ хурсанду розианд. Чаро мо одамон ба қадри онҳо ҳол надорем? Чаро ба ҳамдигар ҳасад мехӯрем? Чаро ба якдигар чоҳ меканему дурахши ҳаёти якдигарро дида наметавонем? Беҳтарин чиз он аст, ки мо, ҳамватанон ҳамеша бо ҳам сарҷамъ бошем, дар садоқату вафодорӣ ба Ватан, ба Тоҷикистони азиз иродаи мустаҳкам дошта бошем. МЕҲРАНГЕЗ.

АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Т-АТУ № 0054493, ки МТМУ № 30 соли хониши 2013-2014 ба Бобоев Муҳаммадxон Абдуғаффорович додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти асосии ШМА № 0040804, ки МТМУ № 49 соли хониши 20032004 ба Шаропов Мақсадxон Ҳамдидинович додааст.

Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҷамоати Лаккон, ҳамсинфон, дӯстону хешовандон ба Ҳусниддин ва Тӯланҷон Ёдгоровҳо нисбати фавти ПАДАРАШОН Турғунбой ЁДГОРОВ ҳамдардӣ изҳор намуда, ба аҳли оила ва наздикони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд.

Ҳайати эҷодӣ: Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ.

Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муллифон вогузор аст.

Нишонӣ: ш. Исфара, кӯч. Марказӣ 10. Телефонҳо: 2-49-73; 2-44-57. Еmail: nasimiisfara@mail.ru

Матолиби рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дигар васоити ахбори омма бо нишондoди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Масъули шумора: С. САЙФИДДИНОВ Ҳуруфчин: М. ҚУРБОНОВА.

Рӯзнома таҳти рақами 002/РЗ дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст.

Дар ҶДММ "Вектор-Канд" чоп шудааст. Супориши № ____________

Иҷозат ба чоп: 31. 08. 2015. Адади нашр: 4350.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook