Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 38 (9367) *** Чоршанбе, 2. 12. 2020
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод намудани Сулаймонзода А.Р.
Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин намудани Баҳодурзода Б.Б.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Сулаймонзода Акрам Раҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод карда шавад.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 24 ноябри соли 2020, №86.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 24 ноябри соли 2020, №92.
Муаррифии раиси нави шаҳри Исфара Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ва муовини аввали раиси вилояти Суғд Хол Ҳайдар маҷлиси фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Д
ар ибтидо муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон Амонзода ҳозиринро бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди бинобар ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Исфара озод намудани Сулаймонзода Акрам Раҳим ва иҷрокунандаи ҳамин вазифа таъин шудани Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур шинос ва ба собиқ раиси шаҳр барои фаъолияти пурсамараш арзи сипос кард. Дар навбати худ Сулаймонзода Акрам Раҳим ба мардум ва фаъолони шаҳру деҳоти Исфара барои меҳнати якҷояи пурмаҳсул ва ба роҳбарони давлату вилоят барои дастгириашон миннатдорӣ изҳор намуд. Аз номи сокинон ва фаъолони шаҳр раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр Содирхон Қосимӣ ва мудири шуъбаи САҲШ Муҳибахон Ёқубӣ ба сухан баромада, барои фаъолияти пурмаҳсул ба Сулаймонзода Акрам Раҳим миннатдорӣ ва ба раиси тозатаъин Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно карданд. Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур барои боварии калони Пешвои миллат арзи ташаккур гуфта, зикр намуд, ки ӯ дар фаъолияти минбаъдаи меҳнатиаш ба ҳайси раиси шаҳри Исфара тамоми донишу малака ва маҳорату таҷрибаи худро дар такя бо халқи шарифи он барои ободонӣ ва шукуфоии ин диёри хушманзараву шуҳратманд равона сохта, сазовори боварии ҳам
мардум ва ҳам роҳбарияти ҷумҳурӣ хоҳад гашт. Ёдовар бояд шуд, ки Баҳоваддин Баҳодурзода 10 феврали соли 1976 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1999 ба ҳайси мутахассиси Раёсати адлияи вилояти Суғд оғоз намуда, сипас, дар солҳои гуногун дар вазифаҳои машваратчии Раёсати адлияи вилояти Суғд, машваратчии калони Раёсати адлияи вилояти Суғд, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд ва нотариуси давлатии идораи нотариалии давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов кор кардааст. Аз соли 2013 то 14 феврали соли 2019 дар вазифаи сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд фаъолият дошт. Бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 феврали соли 2019 муовини раиси вилоят таъин гардидааст. Рӯзи 24-уми ноябри соли 2020 бо Фармони Президенти мамлакат ба мансаби иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара таъин шуд.
Арзи эҳтиром ва дуои роҳ Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба манзили собиқадорони меҳнат, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ Мирзошариф Исломиддинов, Башорат Раҳимова ва Абдусамад Шомирсаидов, ки дар гузаштаи начандон дур ба ҳайси роҳбарони муваффақ, бо иқдому ташаббусҳои созандаи худ баҳри ободу зебо гардонидани шаҳри Исфара саҳми хосса гузоштаанд, рафта, онҳоро аёдат намуд.
Ҷ
оизи зикр аст, ки ходими давлатӣ Мирзошариф Исломиддинов яке аз мутахассисони варзида ва барҷастаи соҳаи нафту газ маҳсуб ёфта, дар гузашта сарварии Корхонаи истеҳсолии нафту гази Нефтобод, директори генералии корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «ҚайроқумОйл-ЛТД» - ро ба зимма дошт ва ҳамчунон дар вазифаҳои масъулиятноки раиси шаҳри Исфара, муовини раиси вилояти Суғд ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон пурмаҳсул фаъолияти бурдааст. Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ буд. Ходими давлатӣ Башорат Раҳимова аз ҷумлаи занони барӯманд ва шахсиятҳои маъруфи диёр аст, ки дар вазифаҳои масъули давлатӣ фаъолият бурда, дар ин радиф масъулияти раиси кумиҷроияи шаҳри Исфараро ба зимма дошт. Пири кор, ходими давлатӣ, собиқ вакили мардумӣ дар Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995), иштирокчии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамад Шомирсаидов яке аз мутахассисони варзидаи соҳаи кишоварзии шаҳр ва вилояти Суғд маҳсуб мешавад, ки суҳбату мулоқот бо ӯ барои шаҳрдори нав муфид сурат гирифт. Имконият ва заминаҳои воқеии рушди саноати Исфара, алалхусус дар соҳаи нафту газ, металлургия ва куҳкорӣ, дарёфти роҳҳои самаранок истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолии Корхонаи муштараки “Петролеум Суғд” ва “Суғднафтугаз”, ки дар самти истихроҷи нафту газ ва пешбурди корҳои иктишофӣ фаъолият доранд ва ҳам ҷамъиятҳои саҳҳомии “Тамохуш – заводи гидорметаллургии
Ба "Насими Исфара" обуна шавед!
шаҳри Исфара” ва «Ангишт», дар маҷмӯъ дарёфти роҳҳои эҳёи дубораи шӯҳрату мақоми Исфара ҳамчун минтақаи аз лиҳози саноатӣ пешрафта мавзӯи асосии суҳбати Баҳоваддин Баҳодурзода бо Мирзошариф Исломиддинов буд. Аз як тараф ҳадаф аз баргузории дидорбинию мулоқотҳои мазкур аввалан баёни эҳтиром, арҷгузорӣ ба хизматҳои шоистаи шахсиятҳои болозикр бошад, аз ҷониби дигар омӯзиши андешаю афкор, таклифу пешниҳодоти собиқ сарварони шаҳр ҷиҳати дарёфти роҳҳои беҳтару самаровари шаҳрдорӣ, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр, ҳалли муҳимтарин мушкилоти иҷтимоӣ ва масоили марбут ба муаммоҳои наздисарҳадӣ буд. Ходимони барӯманди давлатӣ Мирзошариф Исломиддинов, Башорат Раҳимова ва Абдусамад Шомирсаидов аз арҷгузорӣ ва ин иқдоми неки раиси нави шаҳр, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омадааст, изҳори хушнудӣ намуда, барои ободии Тоҷикистони азиз ва пешрафти фаъолияти шаҳрдори нав дасти дуо бардоштанд. Дар раванди дидорбинӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзодаро муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр Содирхон Қосимӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара Суруриддин Зиёваддинзода ҳамроҳӣ доштанд.
Ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳри Исфара, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ ва хонандагони доимии нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ расонида мешавад, ки маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаи «Насими Исфара» барои соли 2021 идома дорад. Лозим ба ёдрасист, ки арзиши обуна барои як сол ҳамагӣ 70 сомонӣ буда, дархостҳо бевосита дар идораи рӯзномаи «Насими Исфара» қабул карда мешаванд. Суроғаи мо: шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. Телефонҳо барои тамосгирӣ: 2 – 49 – 73 ва 2 – 44 – 57. Инчунин Шумо метавонед дар Маркази алоқаи почтаи шаҳри Исфара ба рӯзномаи "Насими Исфара" обуна гардед.
ХАДАМОТИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲРИ ИСФАРА