Skip to main content

Насими Исфара

Page 1

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: "Забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад." Н/И

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

ИСФАРА

5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносномаи миллат Забон шиносномаи миллат аст ва миллат инъикоскунандаи вазъи забони мавҷуда мебошад. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бою қадима буда, аз ниёгонамон чун мероси гаронбаҳо ба ивази фидокориву ҷонбозиҳо ба мерос мондааст. Миллати бофарҳангу бомаърифати тоҷик тавонист, ки дар тӯли таърих, дар кашмакашу тороҷгариҳо забони хешро аз газанд эмин нигоҳ дорад. Хазинаи бою рангини забони тоҷикӣ бо асарҳои бузургоне чун Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Хайём, Бедилу Форобӣ, Аҳмади Донишу Айнӣ, Лоиқу Турсунзода ва даҳҳо дигар фарзонафарзандони миллат ба мо боқӣ мондааст. Забон яке аз рукнҳои асосии давлату миллат ба ҳисоб меравад ва он миллате, ки забон дорад, чун давлат муттаҳид шуда метавонад. Забони тоҷикӣ яке аз он омилҳое, буд, ки баъди тақсимоти миллӣҳудудӣ ба таъсиси давлати тоҷикон замина гузошт. Баъди истиқлолият ба даст овардани Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои устувор ба бунёду тоза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ гузошта шуд: Забони тоҷикӣ забони давлатӣ эълон гардид. Соли 2009 таҳти №553 қонун дар бораи забон қабул карда шуд ва ба рушду такмили он диққати махсус зоҳир гардид,

Хабарҳо

Мулоқот дар Коллеҷи тиббӣ Дар Коллеҷи тиббӣ вохӯрии муовини раиси шаҳр М. Бобоиён бо устодону донишҷӯён баргузор гардид. М. Бобоиён нисбати бекоршавии ақди никоҳи оилаҳои ҷавон, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, тақлид ба фарҳанги бегона, номзадкунии бармаҳали духтарон ва пайомадҳои никоҳи хешутаборӣ изҳори назар намуд. Дар хотима М. Бобоиён Сипосномаи раиси шаҳрро барои иштироки фаъолона дар Фестивал- озмуни “Атласу адраси Суғд-2018”-ро ба сарвари муассисаи таълимӣ Г. Бобоева супорид.

Саховати соҳибкор Ба корхонаи давлатии фаръии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"-и шаҳри Исфара бо ташаббуси раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 2 мошини партовкашони тамғаи "ГАЗ - 53" ва аз тарафи оилаи соҳибкорон Зикриёевҳо 1 адад мошини обпошаки тамғаи "ЗиЛ" тақдим гардид. Ҳангоми дар вазъи тантанавӣ ба корхона супоридани

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 38 (9269) *** Чоршанбе, 03. 10. 2018

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

ки мутобиқи ин қонун коргузории ҳамаи корхонаю муассисаҳо бо забони давлатӣ сурат мегирад. Ҳамасола 5 октябр чун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Китоби дуҷилдаи “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ” бо тағйиру иловаи калимаҳои нав бознашр гардид. Баробари пешрафти илму техника забон ҳам дар татбиқи пешрафт ҳисса гузошт. Дар сомонаҳои интернетӣ саҳифаҳо бо забони тоҷикӣ фаъол гаштанд. Албатта, донистани забонҳои дигар моро бо аҳли олам мепайвандад, вале бе донистани забони модарӣ омӯхтани дигар забонҳо муяссар намешавад: Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад, Донистани сад забон осон гардад. Вазифаи мо, соҳибзабонон тоза ва беолоиш нигоҳ доштани забони модариамон аст. Мо бояд забонамонро аз калимаҳои бегона орӣ нигоҳ дорем ва нагузорем, ки забони шевои мо олуда ба калимаҳои ғайр гардад. Ба таъбири Пешвои миллатамон "Забони тоҷикӣ поянда аст! То даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад монд." Тайибахон МАҲМУДОВА.

Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин бо мақсади шиносоӣ бо шароити зисту хизмати марзбонон аз қисми сарҳадии воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ дидан намуд. Ватан вазифаи давлату ҳукумат аст. Минбаъд раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин барои хизматҳои пурарзиши ҳомиёни Зимни суҳбат бо сарҳадбонон Ватан дар ҳифзи сулҳу субот ар ин дидбонгоҳи дурдаст, ки дар минтақаи баландкўҳи Саломзода Сиҷоуддин таъкид ва марзу буми кишвар ба марзи байни Тоҷикистону дошт, ки таъмини дахлнопазирии беҳтарин сарбозону афсарон Қирғизистон ҷойгир шудааст, сарҳади давлатӣ яке аз омилҳои Сипосномаҳои мақомоти иҷроияи раиси шаҳр бо рафти хизмати муҳимтарини ҳифзи истиқлолият, ҳокимияти давлатии шаҳрро арзии кишвар, супорид. марзбонон аз наздик ошноӣ пайдо тамомияти кард ва бо афсарону сарбозони амнияти миллат ва давлат буда, Дар анҷом аз ҷониби аҳли ҳунар далеру шуҷоъ, ки шабу рўз дар фароҳам сохтани шароитҳои хуби барномаи рангини фарҳангӣ ҳифзи марзу буми кишвар қарор хизматию истироҳатӣ ва зисту намоиш дода шуд. зиндагонии шоистаи ҳомиёни доранд, сўҳбати самимӣ орост.

Боздид аз қисми ҳарбӣ

Д

Мавқеъ

мошини обпошак директори ҶДММ "Ҳоҷиоя" Шафоатбону Сайфиддинова изҳор дошт, ки оилаи Зикриёевҳо ба ин иқдоми нек бо нишони дастгирии амалии даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва саҳмгузории соҳибкорон дар корҳои ободониву созандагӣ даст задаанд. Сарвари "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" -и шаҳр Бадриддин Шаҳобиддинов дар навбати худ изҳор дошт, ки 3 мошини ҳафтаҳои охир ба корхона воридшуда, дилгармии коргаронро ба адои рисолати вазифавиашон ва имконияти ҷомеаи меҳнатиро дар ҷабҳаи тозаву озода нигоҳ доштани маркази шаҳр бештар мегардонад.

Аз ҳунар то забон Семинари мудирони хонаҳои фарҳанги шаҳру деҳоти Исфара бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” таҳти унвони “Ҳунар калиди дари ганҷҳост” дар Клуби деҳаи Чилгазӣ бо намоиши ҳунарҳои халқӣ оғоз ва дар Хонаи фарҳанги деҳаи Боғистон бо қироати шеърҳо ва саҳнаи театрикунонидашудаи “Пайдоиши забон” ҷамъбаст гардид.

ва ифшои ҳадафҳои нопоку ҷоҳталабонаи онҳо, аз азобу уқубатҳои мудҳиши худ дар хориҷа ёдовар шуда, аз падару модар ва хешу пайвандони ҷавонони ҳанӯз ҳам дар кишварҳои ҷангзада қарордошта даъват ба амал оварданд, ки фарзандони худро ба Ҷиҳати таъмини дастуру минтақавии мубориза бар зидди Ватан баргардонанд. супоришҳои Асосгузори сулҳу ҷиноятҳои муташаккил дар шаҳри Онҳо иброз доштанд, ки ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Исфара баромад намуда, хавфи нафарони гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон азими терроризму экстремизм ба фиребхӯрдаву дар имрӯзҳо сидқан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо оромиву осудагии ҷомеа, ҳадафҳои пушаймоншуда чун худи онҳо ба ибтикори шуъбаи минтақавии нопоки паҳнкунандагони ақоиди туфайли сиёсати инсондӯстонаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои ифротӣ ва пайомадҳои фоҷианоки Пешвои миллат ва эзоҳу иловаҳои муташаккил дар вилояти Суғд шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дар ин робита ба моддаҳои дар маҷлисгоҳи калони мақомоти террористиву экстремистиро марбутаи Кодекси ҷиноятии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ тазаккур доданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда мулоқоти намояндагони ин ниҳод, Минбаъд бошад, дар назди аҳли ҳатман авф карда мешаванд роҳбарияти мақомоти иҷроияи нишаст се нафар ҷавононе, ки дар шуда, ва ба ҳаёти осоишта бармегарданд. ҳокимияти давлатии шаҳр ва пайи ба доми фиреби таблиғгарони Дар анҷом чанде аз ширкатдорон кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ақоиди ифротӣ ва ҷаҳолат афтодаи вобаста ба масъала ибрози андеша дар Исфара бо аҳли ҷомеа, аз бо азми ширкат дар муноқишаҳои карда, кирдорҳои аъзои гурӯҳҳои ҷумла волидайн ва хешовандони мусаллаҳонаи мамолики Шарқи террористиву экстремистиро сахт наздики он нафароне, ки алъон бо Наздик ба хориҷа сафар карда ҷурми ширкат дар муноқишаҳои буданд ва чанде пеш бо афсӯсу маҳкум намуданд ва изҳор доштанд, ки ба Ватан баргардонидани мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ пушаймонии самимӣ ба Ватан ҷавонони раҳгумзада ва пешгирии дар кофтукови ҷиноятӣ қарор баргаштаанд, баромад намуда, шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу доранд, баргузор гардид. бо баробари аз чеҳраи манфури ҳаракатҳои ифротӣ бояд кори Дар ҷараёни он раиси кумитаи саркардагону аъзоёни фаъоли иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Бурҳонбек ҳизбу ҳаракатҳои террористиву аввалиндараҷаи тамоми аҳли Асадуллоев ва намояндаи шуъбаи экстремистӣ бардоштани парда ҷомеа бошад.

Фирефтаи даъватҳои бардурӯғ нашавед!

Ба таваҷҷуҳи аҳолӣ

12 октябри соли 2018 аз соати 9.00 то 13.00 дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Аз соати 14.00 то соати 16.00 бошад, вохӯрии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки ҶТ бо намояндагони мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба нақша гирифта шудааст.


2

"Насими ИСФАРА"

ИЗИДИНОВА Усния Усмановна

Муаллимӣ ҳама ишқ асту сўхтан, Онро, ки ишқ нест, магў к-он муаллим аст. Бино бар гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: "Тоҷикон ҳамчун халқи куҳанбунёд дар тӯли таърих бо бузургону фарзонагони илму фарҳанги оламгир, фарзандони ҷасуру фидоӣ ва содиқу сазовори номи неки миллат соҳиби шуҳрати ҷаҳонӣ гардидаанд ва эҳтироми онҳоро дар ҳар давру замон ба ҷо овардаанд». Исфараи бостонию биҳиштосои мо бо омўзгорони бузургу равшанзамир, соҳибистеъдод ва сахтгири хеш боиси фахру ситоиш гардидааст. Чунин нафарони барўманд натанҳо дар кишвари азизамон, балки берун аз он ҳам номбардори диёри хеш шудаанд. Номҳои устодони варзида, дилдодагони касби хеш Изидинова Усния Усмановна ва Тинчерова Фаузия Мавлютовна дар дилу дидаҳои ҳама маскан гирифтаанд.

3 октябри соли 2018

№ 38 (9269)

Дар хизмати халқу Ватан

Якшанбеи аввали моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон

Агар дар соҳаи маориф ҷоннисороне бошанд, инҳоянд. Агар ғамхортаре аз волидайн нисбат ба фарзандон пайдо карданӣ ҳастед, пас дар симои онҳо меёбед. Дар ҷустуҷӯи омӯзгоре бо маъноми томаш МУАЛЛИМ афтодаед, дур наравед, мана онҳо: Изидинова Усния Усмановна ва Тинчерова Фаузия Мавлютовна. Нафароне, ки кору пайкорашон худ достони зиндагист. Зиндагие, ки тамоми роҳу пайроҳаҳояш ба сӯйи макони маърифат - мактаб мебарад.

ТИНЧЕРОВА Фаузия Мавлютовна

Ишқро оғоз ҳаст...

гашта, беминнат ба халқу Ватан хизмат кардаанд. Ду бонуи сахӣ дар ҳама ҳолат дасти сахо ба ниёзмандон дошта, посдори анъанаҳои поки инсонианд. Фаузия Мавлютовна дар ҳамдастӣ бо шогирдонаш барои омўзгорон истироҳату саёҳатҳо ташкил менамояд, аёдати ҳамкоронро аз хотир намебарорад. Усния Усмановна бошад, мабодо касе бемор, ё ба қавле “ агар атса ояд аз димоғаш” дарҳол даво мебахшад. Дониши баланди тиббӣ дорад. Доимо хотири волидон, устодон, дўстони аз ҳаёт рафтаро ба некӣ ёд мекунад. Ба шогирдон ва омўзгорони ҷавон беминнат ёрии методии худро мерасонад. Дар сари ҳар маъракаи исфарагиҳо гули сари сабад (аз самими дил ба забони тоҷикӣ чунон нияту дуо мекунанд, ки кас ангушти ҳайрат мегазад) ҳастанд.

Шаҳло АБДУМАНОНОВА, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба номи Ю. Байзоқов.

Усния Усмановна дар вақташ “Педагогическая поэма” унвон карда буд, ки имрўз ҳам ин сухан маънияшро гум накардааст. Фаузия Мавлютовна бо лаҳни ширин дар анҷоми ҳар дарс “ Ребята, а у вас есть “Мо исфарагӣ ҳастем, ба нону намак, мегўянд вопросы?” дастархони ин сарзамин хиёнат Яке аз сифатҳои баланди Усния Усмановна ин серталабии намекунем! Ватани мо ин ҷост! адолатхоҳона мебошад. Ба Моро дар Қриму Рязан касе интизор дониш, маҳорат ва рафтори шогирдонаш холисона, берўйбинӣ нест. Қабри падару модарро бесоҳиб баҳо мегузорад. Хеҷ гоҳ манфиати худашро аз манфиати шогирд боло намегузорем.” намегузорад. (Баъзе волидон ба серталабӣ хурдагирӣ Ҳарду соҳиби хазинаи ҳикмат- мекунанд). Ин ду муаллимаҳои асил зиндагии пуршараферо тай намудаанд, ки китобхонаи шахсии бузурганд, Дар тарбия рўйихотир ба зиёни бо ҳам тавъаманду мондагор. Чун гарчанде манзилашон хуҷраҳои кўдак аст. шогирд нақши рўзгорони ин ду танги бисёрошёна аст. Тасаввур бузургустодонро дар 3 нукта ба худ кунед, 81 солаву 75 сола доимо омўзиш, таҳлил, ВАФО таҳлил кардаам: САХО, САФО, мутолиа, баҳсу ибрози назар... Барои ВАФО. ҳалли муаммо аз маслиҳати Дар садоқату эътимод ду бонуи “Энсиклопедия-оча-муаллим” мардсифат ҳамто надоранд. Ягон САХО истифода мебарем. соат, ё лаҳза манфиати худро бериёву беибо аз манфиати Хонаводаҳои Изидиновҳо ва Ватан, Оила, Волидайн, Касб боло САФО Тинчеровҳо аз қавми тоторҳо нагузоштаанд. Ҳар супорише, ки солҳои 30-ум аз рўи сиёсати Ватану замон тақозо медошт, бо Ҳарду аз ҷинси латифу отифа, дилу ҷон, бе гузоштани ягон шарту шўравӣ чун муҳоҷир ба Исфара сокин гаштаву баҳри бекарони орифа, поку беолоишанд. Бо шароит, ба қавле хунуку тунук илму фазлро ба фарзандони сафои илму амал соҳиби ҳама нагуфта, иҷро кардаанд. Гарчанде гуна унвонҳо гаштаанд. Аълочиёни баъди хатми донишкада ба яке Исфара бахшидаанд. маорифи халқ, собиқадорони аспирантура, ба дигаре квота Оилаи Изидиновҳо ҳама зиёӣ даҳҳо ба Маскав барои идомаи таҳсил буда, фарзандон олим, ҳуқуқшинос, меҳнат, дорандагони ифтихорномаю сипосномаҳо,.. муҳандиси саноати хўрокворӣ пешниҳод шуда буд, аммо таълим ва муаллим мебошанд. Ҳар яке аз ҳама муҳиммаш эҳтироми дар мактабро авлотар донистанд. дар самту мақоми хеш муваффақ шогирдон -“Учителю всенародное 1. Ҳарду баъди хатми ИДПЛ ба спасибо”. гаштаанд. номи С.М.Киров фаъолияти худро Дили чун тифл ва оина соф дар минтақаҳое, ки муаллими Оилаи Тинчеровҳоро оилаи доранд. Нуқсеро рў ба рӯ, бекина, забони русӣ надошт, сар кардаанд: муаллимон мегўянд, ки барҳақ аст. Падар маъюби Ҷанги Бузурги орӣ аз ғараз баён медоранд. Дар Усния Усмановна соли 1959 дар Ватанӣ, модар Тинчерова Фарида ҳазлу базлагўйӣ ҳамто надоранд. мактаби миёнаи №9-и деҳоти Дар мактаб ба дунёи кўдакон Сурх, Фаузия Мавлютовна соли Иноятовна яке аз аввалин омўзгорони забонҳои немисию ворид гашта, муҳаббату самимияти 1963 дар мактаби миёнаи №27-и русии мактабҳои Исфара, минбаъд худро ба онҳо мебахшанд. деҳоти Чоркӯҳ. Тасаввур кунед: Яке аз кормандони вазорати маош 78 сўми шӯравӣ, шароити 3 нафар фарзандон пайрави модар маорифи ИҶШС ба сабақи

деҳот барои духтарони қадраси 21 сола, лекин ғурурмандона бо дониши баланд, бо нигоҳ доштани шаъну шараф дар байни мардум сазовори эҳтиром гаштаанд. (Имрўз барои омўзгори ҷавон чӣ қадар имтиёзҳо, квотаҳо, дастгириҳо, аммо...) 2. Усния Усмановна соли 1960 -1997 барои тайёр кардани кадрҳои техникии соҳаи саноати кўҳӣ-металлургӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ дар мактаби-интернати махсуси омўзиши амиқи забони русӣ фаъолияти пурсамар дошт. Шогирдонаш дар тамоми соҳаҳои саноати Тоҷикистон имрўз фаъолияти густурда доранд. Бо олимон – докторони илмҳои филологӣ, профессорон Башорат Осимӣ ва Гусейнова Наталья

- ватани аҷдодиашон баргаштанд, гуфтанд: “Мо исфарагӣ ҳастем! Ба нону намак, дастархони ин замин хиёнат намекунем, Ватани мо ин ҷост, моро дар Қриму Рязан касе интизор нест. Қабри падару модарро бесоҳиб намегузорем.” Оча-муаллима доиман таъкид мекунанд: “Убегают от чужих, от своих куда убежишь?” Ин ҳаққу ҳамсояҳо нон хӯранд, нон, дон хӯранд, дон мехӯрем, - мегуфтанд онҳо. Нооромии сиёсӣ, навбати нон, бемаошӣ, бебарқӣ руҳияи муаллимаҳоро нашикаст, ҳамааш мегузарад.... сабрро талқин мекарданд.- “Всё будет хорошо” Хулоса: Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст... 6. Ҳар ду шукргузору соҳибназаранд. Доимо шукронаи ҳамин хоку Ватан ва сиёсати Пешвои муаззами миллатро менамоянд. Зеро шукр гўйӣ неъматат афзун шавад... 7. Устодонро шогирдони дилдода доимо хабаргиранд, бо хонаводаҳо рафту омад доранд, номаҳои

“Убегают от чужих, от своих куда убежишь?” Ин ҳаққу ҳамсояҳо нон хӯранд, нон, дон хӯранд, дон мехӯрем. Владимировна дар таҳияи китоби дарсии забони русӣ барои мактабҳои тоҷикӣ ҳаммуаллиф мебошанд. (Таззодро бинед: имрўз ба омўзгори ҷавон бо вуҷуди дастрасии ҳамаи имкониятҳо навиштани як маърўза, ё омодаи як аёният малол меояд.) 3. Соли 1979 бо супориши Ҳукумати вақти шўравӣ барои омода намудани мутахассисон ба ноҳияҳои саноатӣ дар мактаби миёнаи №12 (“40-солагии Тоҷикистон”-и онвақта) таълими амиқи забони русӣ ба роҳ монда шуда, 20 нафар мутахассисони баландпоя сафарбар карда шуданд. Фаузия Мавлютовна чун пешоҳанг яке аз аввалинҳо шуда, ба ин ҷо омаданд. Натиҷа, имрўз аксарияти мо - дастпарварон забони русии адабиро хуб медонем. 4. Эҳ, қурбони супоришҳои шўравӣ: интихоботҳо, вакилии маҷлисҳои ҳизбӣ, лексияҳо дар чамани колхозҳо, пахтачиниҳои 2-3 моҳа, иҷрои нақшаҳои панҷсола, лагерҳои меҳнативу истироҳатӣ бо хонандагон... Дар ҳама ҳолат садоқат ба касб, ишқи худодода ба фарзанди одамӣ! 5. Вақте душвориҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба сари мардуми тоҷик омад, ҳардуи ин хонавода ғамшарик буданд. Лаҳзае, ки хешу ақрабояшон ин сарзаминро тарк гуфта, ба Россия

меҳру ихлос мефиристанд. Дирўз духтарам Бону гуфт: "Номҳояшон ҳам тоҷикӣ будааст-дия: -Ҳуснияи Усмон ва Файзияи Мавлуд." Ин таҳлил тақвияти “Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун” аст... Чанд солест, ки дар мактаби азизам сарвариро ба ўҳда дорам. Барои пешрафти корҳои таълиму тарбияи муассиса ҳар соату лаҳза аз маслиҳат, таҷриба ва малакаи чунин устодон истифода мебарам. Марҳалаи имрўзаи илми педагогика, мавқеи он дар пешрафти мактаби миллӣ ва ба шароитҳои нави ҷаҳонӣ, иқтисоди бозоргонӣ мутобиқ сохтани таълиму тарбия аз омўзгор ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ ва истеъдоди фавқулодаро талаб дорад. Мактаб имрўз ба хонанда на танҳо илму дониш, балки аз одамияту маънавиёт, одобу ахлоқ, ҳусни ботин, эҳтирому арҷгузорӣ ба урфу одат ва анъанаҳои миллии ниёгонамон сабақ медиҳад. Бинобар ин ба кору пайкори устодон пайравӣ намудан гарави ба мақсад расидани шогирд аст. Бузурге гуфта: ”Мумтозу намуна шудан барои як сол аст ва мондагору бузург будан барои як умр аст.” Устодоне, ки ҳар сол намунаву як умр мондагоранд ба бахти мо, шогирдон доим сиҳату саломат бошанд!


3

"Насими ИСФАРА"

Фаина Михайловна высший класс! Я безмерно доволен и горжусь тем, что среди моих учителейнаставников была Фаина Михайловна Тынчерова. С самых первых уроков русского языка и литературы в нашем классе она буквально заворожила нас своим профессиональным знанием предмета, весёлым нравом и душевной теплотой. Вместе с тем, она была и требовательным педагогом, всегда подчёркивала своё недовольство расхлябанностью, необязательностью, плохим поведением и прилежанием. И сейчас, по прошествии стольких лет, я осознаю, как важно для будущей профессии получить с самого начала фундаментальные знания и ответственное отношение к ней. Всё это в полной мере дала нам наша любимая Фаина Михайловна. З. АМАКДЖОНОВ, председатель родительского комитета СОУ № 12.

"Генералы педагогических карьеров" Так, перефразируя название широко известного кинофильма прошлого столетия, можно назвать замечательных педагогов нашей школы – Хусние У с м а н о в н у Изидинову и Фаину Михайловну Тынчерову. Обе они – бриллианты и гордость коллектива, обе – образцы для подражания в педагогической деятельности, обе заслуживают самых тёплых слов за беззаветную преданность избранной профессии, за настоящее беззаветное самопожертвование ей. Вся их жизнь была посвящена детям и школе, школе и детям и ни на что другое времени уже не оставалось. Характеры у них совершенно разные, можно сказать , прямо противоположные друг другу, но, ведь, именно благодаря разнополярности приводятся в действие электродвигатели и другая техника. Главное – результат, и у обеих он просто превосходный, потому что основывается на высокой ответственности , которую они сами на себя возложили и продолжают нести , несмотря ни на что. Коллеги, ученики и их родители говорят сегодня тысячекратное спасибо за их незабвенный труд! В. МАРТЫНЕНКО, учитель русского языка СОУ № 12, Отличник образования и науки РТ.

Умратон дароз бод! ...Солҳои мактабхониамро ёдовар шавам, беихтиёр симои муаллимаи

азизам Фая Михайловна пеши назар меояд. Чеҳраи он кас, суханҳои меҳрангезу дарсҳои пурмазмунашон чун сабти навор пеши назар мегузарад. Ба муаллимаи азиз, Фая Михайловна сиҳативу саломатӣ, умри дароз таманно менамоям. Д. ИНОЯТОВА, муҳандиси пешбарандаи КДФ БММҒ-и ш Исфара.

Бо Шумо фахр дорем Барои корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ донистани забони русӣ чун забони модарии худ зарур аст. Сабақҳои аз устодони азиз Изиддинова У.У ва Тинчерова Ф.М омӯхтаам, мушкилосонкуни ман ҳастанд. Бинобар ин барояшон сидқан раҳмат мегӯям. Н. ФАРҲОДЗОДА, роҳбари дастгоҳи суди шаҳри Душанбе.

3 октябри соли 2018

"Инсонҳои бузург муқаддимаи китоби башарият мебошанд." Ф.ГЕББЕЛ.

№ 38 (9269)

Зан офарандаи бузургист

Фидоии касб Усния Усмановна бузургшахсест, ки тамоми вуҷудаш, ҳастияшро барои таълиму тарбияи насли наврас ба х ш и д а а с т. Қуввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Мекӯшад, ки шогирдонаш соҳибмаълумот шаванд. Г. ҶЎРАЕВА, ҷонишини директор оид ба синфҳои ибтидоӣ.

Зан офарандаи бузургест, ки мисоли он дар симои устодон У. Изидинова ва Ф. Тинчерова акс ёфтааст. Ба ин ду шоҳсутуни мактабамон сиҳативу бардамӣ ва хастанопазириро дар кори таълиму тарбия бо шогирдон таманно дорам. Б. АШӮРОВ, ҷонишини директор оид ба таълим ва тарбия, Аълочии маорифи ҶТ.

Забономӯзи сад омӯзгоранд Тӯли солҳои дароз ман бо ин симоҳои шинохтаи Исфарамарз Изидинова Усния Усмоновна ва Тинчерова Фаузия Мавлютовна дар як дабистон кор кардаам. Ба ин шахсони бениҳоят бароям азиз эҳтироми зиёде

дорам. Онҳо забони халқи кабирро ба насли наврас омӯзониданд ва омӯзонида истодаанд. Дар ҳаққи ин омӯзгорони варзида чӣ қадарҳо ситоиш кунӣ кам аст... Аз фурсат истифода бурда, аз даргоҳи Худованд хоҳонам, ки муаллимаҳои азиз сиҳату саломат бошанд, дар тарбияи насли наврас монда набошанд. С. МАМАДОВА, Аълочии маорифи ҶТ, омӯзгори собиқадори муассиса.

Их жизнь отдана детям и школе

«Им (учителям) вручена превосходная должность, выше которой ничего не может быть под этим солнцем, - говорил выдающийся педагог с мировым именем Ян Амос Каменский. В эти праздничные дни хочу от всего сердца поздравить двух моих любимых и уважаемых учителей – наставников : Изидинову У.У. и Тынчерову Ф.М. с профессиональным праздником - Днём учителя, а также первую - с 60-летием начала трудовой деятельности, а другую - 54 летием. Эти самые замечательные педагоги посвятили всю свою жизнь школе, ученикам и народному образованию.

Я очень горжусь, что работаю с такими уважаемыми и замечательными л ю д ь м и , профессионалами наивысшего класса. С праздником, мои дорогие и любимые наставницы!

Призвание- наставник Более 50-ти лет в одной из крупнейших школ города Исфары – СОУ №12 им. Ю.Байзокова преподает наша любимая и уважаемая Фаина Михайловна Тынчерова. Для учеников она учитель и друг, наставник и путеводитель в мир прекрасного русского языка и литературы. Без доли сомнения утверждаю, что почти все её ученики отлично понимают русскую речь, а многие еще и говорят без акцента на этом великом языке . Многим ученицам она была примером для подражания, немало из них сами стали учителями русского языка. И мы - её ученики, желаем ей многие лета жизни и преподавания. Не стоит забывать учителей: Они о нас тревожатся, вздыхают И в тишине задумчивости помнят, Ждут наших сообщений и вестей. Заррина ТУХТАЕВА, учительница русского языка, выпускница с/ш № 12.

Э. ДЖУРАЕВА, учительница русского языка СОУ № 12.

Учитель –дар божий У каждого из нас есть в жизни Учитель в высочайшем понимании этого слова. Мне повезло. В моей жизни есть именно такой учитель. Учитель с большой буквы - Изидинова Усния Усмановна. Первые шаги в любой профессии сложные, а в нашей, учительской, тем более.Слова огромной благодарности хочется сказать моей дорогой наставнице. Благодаря ей, я смогла состояться в своей профессии .Она учит меня не только, как проводить уроки, но и как правильно поступать в той или иной ситуации образовательного процесса. Она для всех находит нужные слова и советы. Они бесценны для многих её коллег, которые делают свои первые шаги . Какие у неё замечательные уроки! Я счастлива, что на моём жизненном пути встретилась такая наставница. М. БАФОЕВА, молодой специалист.

Муаллимаи ғамхор Фаина Михайловна омӯзгори асиланд. Бо шогирдонашон чун ҳамсоли худ муносибат мекунанд. Муаллимаи меҳрубону ғамхор ва дар навбати худ хеле сахтгир буданд. Заминаи асосии забондонию огоҳӣ аз забони русиро дар мо, шогирдонашон маҳз муаллима Фаина Михайловна гузоштаанд. Чунон бо шавқу завқи беандоза дарс мегузаштанд, ки ба олами забону адабиёти рус ворид шуда, гузашти вақтро намефаҳмидем. Дарсҳои пурҳикмати ин муаллимаи ғамхор буд, ки дар зиндагӣ мавқеи худро пайдо кардем. Бигзор ҳамеша машъалафрӯзи роҳи илму маърифат боқӣ бимонед! С. ҲУСЕЙНОВА, сардори Маркази алоқаи почтаи шаҳр.

Модарони маънавии мо Нақши муаллим дар таълиму тарбияи насли наврас басо назаррас мебошад. Яке аз чунин шахсоне, ки дар соҳаи маориф солиёни дароз хизмат

намуда, шогирдони зиёдеро тарбия кардаанд, устодон Изидинова У.У. ва Тинчерова Ф.М. мебошанд. Онҳо модарони маънавии мо – шогирдон ҳастанд. ДАВРОНӢ Сорбон Шоғуфронзода, иҷрочии суди шаҳр.

Дар дилҳо машъал афрӯхта Вақте номи устоди азиз, ҳамкасби гиромӣ, муаллимаи меҳнатқарин Фаузия Мавлютовнаро ба забон меорем, беихтиёр ана ҳамин суханҳо, яъне “Машъале дар дилҳо афрӯхта “ ба забон меояд. Чаро?... Зеро ман шогирди ин зани бузург ва ҳамкасби ин устоди муътабар ҳастам. Устоде, ки ба ман ва ман баринҳо муошират карданро бо забони русӣ омӯзонд ва машъали илмро дар дилам шуълавар кард. Н.ПОЧОЕВА, раиси иттифоқи касаба.

ОЧА муаллима Чунин ном м е б а р а н д ҳамкорон ӯро. Албатта ин бесабаб нест. Зеро қариб ҳамаи омӯзгорони таълимгоҳ шогирдони ӯянду синну солаш 81. Нафақат ба синну соли “оча”, балки ба соли “очакалон” баробар аст. Ба ӯ аз рӯи ҳурмату эҳтиром ва муҳаббати самимӣ чунин муроҷиат менамоянд. Баъзан ба андеша фурӯ меравам: сирри ин дарозумрӣ (81) ва дарозфаъолиятӣ (60) чӣ бошад? Ба ин саволҳоям дере нагузашта ҷавоб ёфтам. Боре, тасодуфан ҳамроҳ ба таълимгоҳ ворид шудем. Чанд нафар духтаракону писаракон чун селаи кабӯтарон ба сӯямон тохтанд, ба наздамон омаданду баъди ба ҷо овардани одоби салом китобу дафтарҳои муаллимаро яке ба ҷону ҳолаш намонда, аз дасташ гирифт. Ду нафар хушбахт (зеро хоҳишмандон зиёд буданд) аз чапу рост дастонашро дошта, хушҳолона сӯи таълимгоҳ равон шуданд. Нигаристам: чеҳраи муаллима шукуфон асту бо шогирдонаш самимона суҳбат дорад. Чун дар муаллимхона сари мизи кориаш менишинад, дарҳол тамоми китобу расму дигар чизҳои дар ғаладони мизи кориаш бударо мегираду аз байни онҳо аёниятҳои ба дарси имрӯза лозимиро пайдо мекунад. Боқимондаҳояшро ба ҷояш мегузораду баъд нафаси озод мекашад ва мегӯяд:”Хайрият ёфтам, набошад чӣ тавр дасти холӣ ба дарс медаромадам." А.ШЕРМАТОВ, ҳамкор, Аълочии маорифи ҶТ.

Равшанзамир

Фаина Михайловна роҳбарии синфи моро аз соли чоруми таҳсил ба ўҳда гирифтанд ва ба мо то хатми мактаб роҳбари синф шуданд. Бо ташаббуси он кас саёҳати шаҳрҳои Москваю СанктПетербург ва лагери меҳнатӣистироҳатии шаҳри Волгоград дар хотирамон нақш бастааст. Бароямон гуворост, ки муаллима шаби тўйи арўсии ҳар яки мо иштирок кардаанд, тоҷикона, зебо рақсидаанд.

Дар ғаму шодӣ шарики шогирдонашон ҳастанд. Вақте, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рўзҳои таҷлили Наврўз дар боғи фарҳангии шаҳр ба ҳунари ман баҳои баланд доданд, шунидам, ки устодам бофахр аз самими дил гуфтаанд: “Это мой Дилшод.” Шумо дилу дидаи моед, "Наша учительница"! Д. МАМАДОВ, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қутбнамои мо Барои ман У. Изидинова ва Ф. Тинчерова сабабгори хуб аз худ кардани забони русӣ ва ғолибият дар озмунҳо гаштаанд. Ба ин устодони беҳамто солиёни зиёди фаъолиятро таманно дорам. М. ПОЧОЕВА, гирандаи идрори раиси шаҳр, хонандаи синфи 11.

Идораи рӯзнома аз ҷонишини директор оид ба таълим Ҳ.Раззоқова барои кумакашон дар омода кардани маводҳо миннатдор аст.


4

"Насими ИСФАРА"

3 октябри соли 2018

№ 38 (9269)

Чеҳраи аслии гурӯҳаки ватанфурӯш

Ҷавонмарди матин бо иродаи қавӣ Исматулло Тағоев 20 июли соли 1996 дар деҳаи Чоркӯҳ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми МТМУ № 25 ба факултаи тиҷорат, гумрук ва ҳуқуқи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли равон бомуваффақият хатм кард. Алҳол хизмати ҳарбиро интихоб кардааст. варзиш шавқи беандоза дошт. АЗ МАКТАБИ ОЛӢ Чанд сол дар толори варзишии БА МАКТАБИ ҶАСОРАТ Исматулло Тағоев баъди хатми донишгоҳ ба фаъолияти корӣ оғоз накард. Сараввал адо намудани қарзи фарзандиро дар назди Ватан муқаддасу муқаддам донист. Ӯ ба комиссариати ҳарбӣ омада, барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ариза навишт ва рӯзҳои наздик яке аз аввалинҳо шуда, ба сафи Артиши миллӣ сафарбар карда мешавад. Овони донишҷӯӣ ҳам боре азм намуда, мехост, муҳлати таҳсилро ба таъхир гузошта, ба хизмат равад...

МТМУ №25 зери назари мураббӣ Шукурхон Насриев ба гӯштини тарзи озод машқ кард. Аз устодонаш Исматуллоҳи Абдулло, Анварҷон Сафаров, Раҳматҷон Каримов ва Манзурахон Ҳоҷиева сипосгузор аст.

ОҒОЗИ ВАТАН АЗ ДЕҲИ ҲАМСОЯ

хизмат намояд. -Хати сарҳад ва ҳимояи он барои ман муҳим аст,- мегӯяд Исматулло бо Шаҳлохон Исматулло, -чӣ Хоруғу Хатлон оила бунёд намуда асту соҳиби ва чӣ Лаккону Ворух нури ду духтарчаи дӯстрӯяк мебошанд. чашмони ман аст. Намехоҳам, Духтарчаашонро Фараҳноз то нохалафе ба сӯи хоки поки ном гузоштаанд, то дар фазои меҳани азизам дастдарозӣ осмони софу тинҷиву амонии намояд. Тоҷикистони азиз ҳам фараҳ Мо вазифадор, то фарзанду ёбаду ҳам дар ин кишвари хоҳар, модару падар ва марзу ҲИМОЯИ ВАТАНбиҳиштосо ба камол расад. бумамонро ҳимоя намоем. Он ҲИМОЯИ МОДАР Соҳибмаълумот ва соҳиби вақт мо ҳам дар назди падару оилаву фарзанд будани модар, зану фарзанд, ҷомеа Исматулло ҳанӯз дар Исматуллоро ба инобат мактаби миёна хонданаш дар гирифта, дар назар аст, ки ӯ дар ва ниҳоят дар назди Ватан дил орзуи ҳомии марзу буми қисми ҳарбии 0215-и Қӯшунҳои сарбаланду саодатманд хоҳем Ватан шуданро мепарварид. Ба сарҳадӣ дар деҳаи Ворух адои буд. А. АКРАМОВ. Н/И

Ба таваҷҷуҳи молрасону пудратчиён

ДАЪВАТНОМАИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ ХАРИД Комиссияи муштараки озмуни хариди МИҲД, воқеъ дар ш. Исфара, кӯчаи Марказӣ 20, (телефон 2-66-01) ва ташкилоти "Харидор" довталабони салоҳиятдорро барои иштирок дар озмунҳои хариди номгӯйи зерини мол, кор ва хизматрасонӣ, ки дар як давр гузаронида мешавад, даъват менамояд. Довталабон метавонанд барои гирифтани

ҳуҷҷатҳои тендерӣ ва маълумоти иловагӣ ба суроғаи мақоми ваколатдор муроҷиат намоянд. Лифофаҳо бо пешниҳоди довталабон аз ҷониби комиссияи муштарак тибқи тартиби муқаррарӣ кушода мешавад. Лифофаҳо то вақти "сана ва вақти кушодани лифофаҳо" қабул карда мешаванд.

Предмети харид

Воҳиди ченак

Миқдор

2-66-01

Хариди масолеҳи сохтмонӣ ва хоҷагидорӣ

Сана ва вақти кушодани лифофаҳо

Тн, кг, адад

Маҷмуъ

12.10.2018 соати 10-00

2-66-01

Хариди кабинети фаннии кимиё

Маҷмуъ

1

24.10.2018 соати 10-00

Ташкилоти харидор

Телефон

ФДТТ дар шаҳри Исфара МТД МТМУ № 29

Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Т-АТУ № 0115886, ки МТМУ № 13 соли хониши 2004-2005 ба Додобоев Абдуҷамил Абдурауфович додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи БП № 361928, ки МТМУ № 28 соли хониши 1974-1975 ба Ашуров Носир Нуриллоевич додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти асосии Б № 520401, ки МТМУ № 29 соли хониши 1983-1984 ба Махсутов Сайфулло додааст. ***

Шаҳкитоби сарнавишти мо, Ватан, Такягоҳи мо, биҳишти мо, Ватан.

Шаҳодатномаи маълумоти асосии ТШТ-А №0015804, ки соли хониши 2005 МТМУ № 6 ба Қодирова Парвина Абдумуталимовна додааст. *** Сертификати ҳуқуқм истифодаи замин дар китоби бақайдгирии ҷамоати Навгилем таҳти рақами 938, дараҷаи № 0401274 ба Исматуллоев Аҳадхон додааст. *** Хонаи истиқоматӣ дар бойгонии КДФ “БММF”-и шаҳри Исфара таҳти рақами 476 дар суроғаи ҷамоати Шӯроб кӯчаи 40-солагии Тоҷикистон 23 ҳуҷраи 22 ба номи Николаев П ба қайд гирифта, дар асоси ҳалномаи суди ш. Исфара аз 06.08.2018 ба номи Лазизова Ротифахон ба қайд гирифта шудааст.

Ҷомеаи меҳнатии МТМУ № 23 ба номи Б. Азимови ҷамоати деҳоти Ворух аз даргузашти собиқадори маориф АБДУҒАФФОР FОИБНАЗАРОВ сахт андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.

Солҳои нахустини пас аз фаноравии Иттиҳоди Шӯравӣ ва қабули эъломия оид ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо истифода аз холигӣ дар фазои иттилоотиву идеологӣ ва фалаҷ шудани дастгоҳҳои идории давлатӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар шаҳру деҳоти Исфара барои ба даст овардани зимоми ҳукуматдорӣ ва пайдо намудани нуфуз байни ҷомеа роҳбарони давр ва кулли коммунистонро бадном карданд, то мардум дигарбора ба онҳо эътимод набандад. Мардуми дар чорраҳаи зиндагӣ ҳайронмонда табиист, ки дар чунин шароит барои ҳаллу фасли мушкилоти худ рӯ ба зиёиён, хоса омӯзгорон овард. Боз ҳам ифротиён муаллимонро "кофир" ва таблиғгарони ақоиди "кофирӣ" хонда, ҳатто тановули нони муаллимро бо хӯрдани гӯшти хук баробар карданд. Тамоми кӯшишу ғайрати наҳзатиён ба он равона шуда буд, ки мардум барои дарёфти ҳалли ҳамагуна мушкилоти зиндагии худ ба ҷуз ба назди муллову ба самти масҷид ба ҷои дигаре наравад. Зеро он ҷо аллакай аксаран муллоҳои чаласаводу ҷоҳталаби қаблан омодашуда, ки то ҳол байни ҷомеа заррае ҳам иззату эҳтиром надоштанд, тайёр буданд, бар ивази ба даст овардани имконияти ғорати бемамониати мардум ва соҳибнуфуз шудан, халқро дар хидмати ҳизби террористиву экстремистии наҳзати ислом гузоранд. Онҳо барои ба масҷидҳо ҷалб намудани теъдоди ҳарчи бештари одамон ва саҳл гардонидани сафарбарсозии онҳо ба амалигардонии мақсадҳои нопоки худ ба таҳдид шурӯъ карданд. Ба суроғаи нафарони якраву муллобезор номаҳо фиристода таҳдид мекарданд, ки агар мунтазам ба масҷид наоянд, ба тӯю маросими онҳо низ касе нахоҳад рафт. Муллоҳо бо мақсади тарсонидани мардум аз хондани ҷанозаи коммунистону муаллимон ва одамони ба амрашон итоат накарда сарпечӣ менамуданд. Масҷидҳо ба минбари таблиғу ташвиқ ва ҷалби аъзои нав ба ҳизбу харакатҳои террористиву экстремистӣ табдил ёфтанд. Ходимони дин меҳроби масҷидро олудаи дурӯғгӯӣ, тӯҳмату бӯҳтон, хуни ҳазорон одамони бегуноҳ, ашки талхи модарони фарзандталафдодаву занони бевашуда ва кӯдакони ятиммонда намуданд. Дар ҷараёни анҷоми маъракаву маросими мухталиф ҷавонони ҷонибдори ТТЭ ҲНИ, ки ба ҷуз чанд сураву ҳадис чизи дигареро намедонистанд, аз муаллимони 40 50 соли умри худро харҷи таълиму тарбияи насли наврас карда

"Насими Исфара" Муассис: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97, аз 14 марти соли 2018. Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. Телефонҳо: (8 34 62) 2-49-73; 2-44-57. Еmail: nasimiisfara@mail.ru. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон вогузор аст.

болотар менишастанду вобаста ба чӣ тавр зиндагӣ кардан ба дигарон беибо дастуру маслиҳат доданро роиҷ медонистанд. Аммо, хушбахтона алайҳи чунин вазъ нахустин шуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садои эътироз баланд намуда, ҷиҳати ислоҳи он чораҳои муассиру қатъӣ андешиданд. Дар ин радиф бо баробари дар доираи меъёрҳои қонунии мавҷуда таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани фаъолияти иттиҳодия ва ташкилотҳои динӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани нафарони иғвоандозу ватанфурӯш, баҳри баландбардории иззату эҳтироми муаллимон дар ҷомеа ва нақши онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ тадбирҳои муассир андешида шуданд. Агарчи ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати ислом дар азми табаддулоти давлатӣ ба шикаст мувоҷеҳ гардида, пас аз манъ карда шудани фаъолияташ дар қаламрави кишвар аъзоёнаш ба хориҷи кишвар фирор намудаанд, вале наҳзатиён ҳамоно кӯшиш мекунанд, ки бо шиору даъватҳои зоҳиран зебову адолатхоҳи дар асл муғризона дар раҳи расидан ба ҳадафҳои палиди худ зиндагии осудаву ороми тоҷикистониёнро халалдор гардонанд. Дар ҷаласаи ахири солонаи САҲА «Оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо дар соҳаи ченаки инсонӣ», ки ҷанбаҳои гуногуни таъмини ҳуқуқи инсон дар ҳудуди кишварҳои узви созмонро дар шаҳри Варшава баррасӣ намуд, ТТЭ ҲНИ бо маслиҳати хоҷагони худ талош кард, ки ҳамроҳ бо намояндагони ташкилотҳои сунъии худсохтаи ҲНИ, ҳадафҳои нопокашро оид ба бадномсозии давлату мардуми Тоҷикистон амалӣ намояд. Мувофиқи нақшаи хоҷагони худ ТТЭ ҲНИ аз ҳисоби аъзо ва муздуронаш чанд «ташкилот»-и нав сохта, сипас худаш бо худаш бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» «эътилоф» ташкил кард. «Паймони миллии Тоҷикистон» дар асл ҳамон ТТЭ ҲНИ буда, ин ном бо мақсади пӯшонидани ниқоби нав ба ин ташкилоти экстремистию террористӣ эҷод шудааст. Хиёнат то ҳадде расид, ки аъзои ин гурӯҳаки хиёнаткор бидуни истиҳола аз бегонагон хоҳиш карданд, ки кишвареро, ки дар оғӯшаш ба камол расидаанд, ҳамватанонашонро таҳрим кунанд, барои амалигардонии иқдомҳои бунёдкориву созандагӣ дар Тоҷикистон кумак нарасонанд. Ин афроди ватанфурӯшу миллатбохта бори навбатӣ бо ин кирдори зишти худ собит намуданд, ки онҳо ягон вақт дилсӯзи Тоҷикистон ва халқи тоҷик набуданд ва нахоҳанд шуд. Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ. Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Сармуҳаррир: Абдумуталиб ШАРИФОВ. Ҳайати эҷодӣ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Акмалхӯҷа АКРАМОВ, Гулчеҳрахон РАҲИМОВА, Тайибахон МАҲМУДОВА. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________ Адади нашр 5200. Иҷозат ба чоп: 02.10.2018.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Насими Исфара by Абдумуталиб Шарипов - Issuu