Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 37 (9366) *** Сешанбе, 24. 11. 2020
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Омодагӣ ба ҳама ҳолат
Тибқи дастурҳои протоколии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкил ва гузаронидани ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва минтақаҳо" таҳти раёсати муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Ҷамшед Маҳмудзода ва раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи минтақа баргузор шуд.
Д
ар ҷараёни он рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020 "Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021" мавриди баррасӣ қарор гирифт ва масъалаи пешгирии ҳолатҳои фавқулодда дар мавсими баҳори соли 2021 муҳокима гардид. Доир ба масъалаҳои баррасишаванда ҳисоботи шахсони масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳам мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шунида шуд. Тавре зикр гардид, дар кори омода намудани соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ба мавсими тирамоҳу зимистон ва ҳолатҳои фавқуллодда Комиссияи ҳолатҳои фавқулода нақши муҳим дорад. Зеро омода будан ба ҳолатҳои фавқуллодда яке аз омилҳои асосии кам кардани зарар ва хатари
офати табиӣ аст. Бояд тазаккур дод, ки Исфара яке аз минтақаҳое мебошад, ки дар ин ҷо эҳтимолияти рух додани офатҳои табиие чун заминларзаи қуввааш 8 балла, обхезиҳо, яхбандӣ ва омадани селҳо вуҷуд дорад. Зикр ёфт, ки ҷараёни иҷрои қарори болозикр ва омодагии соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021, аз ҷумла дар муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, раёсати матлубот, шабакаҳои барқӣ ва ғайра зери назорати доимӣ қарор дорад. Дар фарҷом натиҷаҳо ҷамъбаст карда шуда, ба роҳбарон ва намояндагони хадамоти гуногуни минтақа барои иҷрои вазифаҳои ба уҳдаашон вогузоргардида супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ғолибият дар олимпиадаи байналмилалӣ 5-10-уми ноябри соли равон 19 нафар хонандаи болаёқати литсейҳои №1,2,3,5,6 дар олимпиадаи фосилавии байналмилалӣ аз фанҳои математика, физика, химия, биология ва география,
ки дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардид, иштирок намуда, сазовори 17 медал, аз ҷумла 7 медали тилло, 2 нуқра ва 8 биринҷӣ гардиданд.
Паёми шодбошии раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 24 ноябр дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Парчами Тоҷикистон ҳамчун яке аз ҷашнҳои умумимиллӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Зеро ба гуфтори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон:«Рӯзи Парчам дар қатори ҷашнҳои нави миллӣ, ба монанди Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи забон рӯзи фаромӯшнопазири таърихӣ ва рӯзи ифтихору сарфарозӣ мебошад. Худи парчам барои миллат эътибору шараф ва барои Ватан як нишони муқаддас аст». Ба ин муносибат ҳамаи шуморо самимонаву сидқан табрик намуда, бароятон пеш аз ҳама саломатӣ ва хушбахтиву хонаободӣ орзу менамоям. Далелҳои таърихӣ собит менамоянд, ки яке аз рамзҳои давлатдории тоҷикон аз қадимулайём маҳз парчам мебошад. Аксарияти муҳаққиқон бар он акидаанд, ки дар давоми бештар аз чор ҳазор сол таърихи дирафшҳо, ки аввалини онҳо дар Бобулу Мисру Чин пайдо шудаанд, қавмҳои ориёӣ дар ҷаҳон бори нахуст дирафши давлатиеро ба вуҷуд оварданд, ки ба нишонаҳои имрӯза монанд буданд. Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукўҳу ифтихор ва нангу номус буда, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрўз боқӣ мондаанд, аз ин гувоҳӣ медиҳанд. Яъне бо ифтихор метавон гуфт, ки аҷдоди пуршарафи мо аз ҷумлаи асосгузорони дирафшҳои шоҳиву давлатӣ дар олам мебошанд, ки офаридаҳояшон то ба имрӯз қариб дар ҳамон шакл боқӣ мондаанд. Рангҳои миллии тоҷикон чун дигар мардуми ориёинажод сурху сафеду сабз ҳастанд, ки то замони мо расидаанд. Аз дигар тараф Парчами миллӣ нахустин нишони муқаддаси ҳар кишвару халқ аст. Рамзи ҳуввият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои ҳар як сарзамин. Парчами миллӣ ифтихор, нанг, шарафи ҳар мамлакат ва сокинони он аст. Парчами миллӣ симои сиёсии ҳар кишварро дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷассум мекунад. Парчами миллӣ танҳо он дирафше нест, ки мо онро болои сар мебардорем. Парчами миллӣ рамз аст, рамзи бегазанди ҳастии ҳар халқу миллат. Ҷоизи қайд аст, ки моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шўрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвари тозаистиқлоли тоҷикон, инчунин рамзи нахустини давлати соҳибистиқлоламон - Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд, ки имрўз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем. Зеро он айём барои мо аввалин рўзҳои эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳалаи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон буданд. Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.
Имрӯз Парчами миллӣ ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши Ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг - ранги сурх – озодиву истиқлол, ранги сафед – сулҳу оромӣ, ранги сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад. Ҳар яки мо бояд дар назди Парчами миллӣ ватандӯстона эҳтиром зоҳир бикунем, ҳамеша, дар ҳама ҷо, дар ҳар маврид онро пос дорем, барои ҳимояи он, пок ва муқаддас доштани он бо ҳама ҳастӣ омода бошем. Зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ пос доштан ва ҳимоя кардани Ватан, падару модар, хонаводаву фарзандони худ, пос доштани рӯҳи гузаштагон ва таъриху суннатҳои халқи худу кишвари худ аст. Ҳар куҷое Парчами миллӣ боло мешавад, нишони пирӯзию ғолибияти он миллат аст. Боло шудани Парчами миллии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои варзишии дунё низ нишони пирӯзии мардуми мост. Парчам барои инсонҳо маънову ҳадаф ва аҳамияти хосса дорад ва ин моро водор мекунад, ки муносибати худро ба он муайян кунем. Парчам - даъват ба ҳимояи Ватан, парчам даъват ба сулҳу дӯстӣ, парчам дар маҷмӯъ рамзи инсоният аст. Ҳар қитъаи наве, ки дар замин кашф гардид, ҳар қуллаи наве, ки фатҳ шуд, аввалин нишоне, ки ба он гузошта мешавад, парчам аст, парчами он халқу он кишварест, ки ба ин фатҳ ноил гардидааст. Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад. Бигзор, меҳру муҳаббати мардум ба Парчами миллӣ, ки рамзи воқеии эътиқоду имон ба давлату миллат, сарзамин ва тамаддуну фарҳанг аст, беш аз пеш афзун гардад. Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд. Бигзор, парчами халқи тоҷик, парчами озодиву саодати давлати соҳибистиқлоли мо то абад парафшон бошад! Ҷашни Парчами миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!