Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 37 (9406) *** Чоршанбе, 20. 10. 2021
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Натиҷабардории фаъолияти нуҳмоҳа
Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара таҳти раёсати раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр баргузор гардида, дар он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар давоми 9 моҳи сипаригаштаи соли 2021 мавриди баррасии амиқу ҳамаҷониба қарор дода шуд.
Т
авре муовини раиси шаҳри Исфара Ҷ. Ҳайдарзода зимни гузориши пешовардааш зикр намуд, дар ин муддат тамоми воситаю имкониятҳо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди иқтисодиёту иҷтимоиёт ва некуаҳволии аҳолӣ сафарбар гардидааст. Иҷрои нақшаи андоз нисбатан беҳтар гардида, танҳо нақшаи як намуди андоз иҷро нашудааст. Дар баробари ин то ҳадде коҳиши қарзҳои андозӣ ба вуҷуд омада, теъдоди шумораи умумии соҳибкорон 17846 нафарро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ 5 коргоҳҳои нав бунёд ва беш аз 80 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шуданду дар умум бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 501 адад иншоотҳои гуногунсамт сохта, ба истифода дода шуданд. Номбурда дар гузориши худ инчунин ба масъалаҳои таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ҳолати соҳаи тандурустиву вазъи коргоҳҳои саноатӣ ҳолати омодагӣ ба зимистонгузарониву бурдани корҳои мафкуравӣ ва дигар масъалаҳо дахл намуд. Дар раванди ҷаласа раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода аз масъулин дар алоқамандӣ бо камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият,
Дар шаҳри Исфара муаррифии лоиҳаи “Маърифати шаҳрвандӣ ва таҳкими сулҳ” доир гардид.
Д
иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, муташаккилона гузаронидани маъракаи обуна ба матбуоти даврӣ ва ҳам даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, омодагии комил ба мавсими зимистонгузаронӣ ва амсоли ин ҷиддан муваззаф намуд. Аз ҷумла дар вазифагузориҳои худ шаҳрдори Исфара масъалаҳои бурдани корҳои мафкуравӣ, ҷалби соҳибкорон барои ободониву созандагӣ, таъмини муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо мутахассисон, пешгирии ғайримақсадноки харҷи маблағҳо, таъмини нақшаи даъвати тирамоҳӣ, пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои терорристиву экстремистӣ, баландбардории ҳисси ватанпарварии ҷавонон, бурдани тарзи ҳаёти солим, истифодаи самараноки варзишгоҳҳои сохташуда ва бунёди варзишгоҳҳои замонавӣ, диққати хосса додан ба китоб ва китобхонӣ, азхудкунии забонҳо, истифодаи самаранок аз неруи аҳли сухан, хосса васоити ахбори умум, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва иқтидори корхонаҳои саноатӣ, кам кардани қарзи истифодаи қувваи барқ, ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди боғҳои нав ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳоро аввалиндараҷа ҳисобида, аз масъулин иҷрои самаранок ва саривақтии онҳоро тақозо кард. Дар маҷлиси фаъолони Исфара муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ширкат ва суханронӣ дошт.
Дар пайравӣ аз амалҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми созандаю ободкори шаҳру деҳоти Исфара ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ камари ҳиммат бастаанд.
Ободонӣ дар Лаккон
Д
ар ин раванд сокинони Ҷамоати деҳоти Лаккон низ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзанда гузошта, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷалби соҳибкорон барои ободонии маҳал ҷаҳду талош карда истодаанд. Аз ҷумла бо ташаббусу иқдомоти созандаи мардум, саҳмгузории соҳибкорони ватандӯсту саховатпеша ва саъю кӯшишу саҳми сокинони ободкори деҳа таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш кардани роҳҳои дохилии маҳалҳои зист бомаром идома дорад. Боиси қаноатмандист, ки соҳибкорони эҳсонкору мардуми
ободгари Лаккон ҷавобан ба ғамхориҳои рӯзафзуни роҳбарияти давлату ҳукумат корҳои созандагию ободониро дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва ҳам таъмиру ободонии роҳҳои дохилимаҳаллӣ аҳлонаю дастҷамъона вусъат мебахшанд. Ҷоизи зикр аст, ки дар ташкилу
"Асои сафед" дар "Шоҳона" Дар маҷмааи фароғативу фарҳангии "Шоҳона" бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, соҳибкорону саховатмандон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Асои сафед барои аъзоёни Ҷамъияти нобиноёни шаҳр дастурхони идона ороста шуда,чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Д
ар раванди чорабинӣ муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода баромад намуда, аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, хосса аз номи раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин аъзоёни ҷамъиятро
табрику таҳният гуфт. Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати инсондӯстона ва мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз ғамхорӣ дар ҳаққи ин қишри осебпазири ҷомеа зиёд шуда, муаммову мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии онҳо саривақт ҳалли худро ёфта истодааст. Дар рафти чорабинӣ як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ҳамкор, соҳибкорону саховатмандон барои ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамешагии ҷамъиятии нобиноёни шаҳр аз ҷониби муовини раиси шаҳр бо сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. Чорабинӣ бо сурудҳои шӯху ҷаззоби сарояндаи хушовоз Юсуфхӯҷаи Қурбон, рақсу бозӣ ва нишоти умум ба анҷом расид.
Милали Муттаҳид соли 2015 таъсис дода шуда, он 140 шаҳрро аз 45 давлати дунё муттаҳид тренинги омӯзишӣ дар мавзӯъҳои мекунад. Ҳадафи аслии ин шабака баландбардории маърифати пешгирии аз масъалаҳои марбут омӯзгорон ва пешгирӣ аз хатарҳои ба хушунату нафрат, экстремизм гурӯҳҳои зӯровар бо роҳи сайқал ва зӯроварии сиёсӣ мебошад. Минбаъд иштирокдорон - раиси додани дониши омӯзгорону тавассути онҳо дониши иттифоқи касабаи соҳаи маориф хонандагони мактабҳо дар назар Зайнура Ҳасанова, корманди “Насими Исфара” аст. Минтақаҳои фарогир шаҳри рӯзномаи Исфара деҳоти Чилгазӣ ва Сурх Фатҳулло Сайидов, директори МТМУ № 52 Сулҳия Қодирова мебошад. фикрашонро оид ба самаранок Номбурда қайд сохт, ки лоиҳа амалисозии лоиҳа баён доштанд. тавассути Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Аз ҷумла ҷалби омӯзгорони Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо фанҳои гуминитариро баҳри «Strong cities» (Шабакаи шаҳрҳои иштирок дар тренингҳо мувофиқи дод. Аз ҷумла зикр намуд, ки нерӯманд) амалӣ карда мешавад. мақсад арёзбӣ карданд. давомнокии лоиҳа се моҳ буда, «Strong cities» аз ҷониби Созмони дар доираи он гузаронидани 5
Барои баландбардории маърифати ҷомеа
ар филиали Муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолон дар шаҳри Исфара муаррифии лоиҳаи “Маърифати шаҳрвандӣ ва таҳкими сулҳ” бо ширкати масъулини соҳаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, сарварони муассисаҳои фарогири лоиҳа ва намояндагони васоити ахбори умум муаррифии лоиҳаи “Маърифати шаҳрвандӣ ва таҳкими сулҳ” баргузор гардид. Бузургхӯҷаев оид ба ҳадаф ва Дар ҷараёни он ҳамоҳангсози мақсадҳои лоиҳавӣ, сармоягузор лоиҳа дар Исфара Маъруфхӯҷа ва амалисозандаи он маълумот
пешбурди корҳо дар самти анзавсозӣ ва мумфаршкунии роҳи маҳаллаҳо дар баробари соҳибкорону саховатпешагон, аъзои ҳар як оилаю хонавода ба қадри имкону тавон мусоидату саҳмгузорӣ доранд.