37 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

ИСФАРА

***

№ 37 (9172) ***

Чоршанбе,

5 октябри соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И

Таҷлил

Ҷашни забони модарӣ Умри миллат ба умри забон вобаста аст. Чунин буд муҳтавои аслии маҳфили бошукуҳе, ки дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ баргузор шуд. Ба маҳфили бузургдошти забони тоҷикӣ шоир Нарзуллои Азизиён ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ табрикоти хешро бо эҳтирому арҷгузорӣ ба мақому манзалати забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати гиромӣ донистану ҳифз кардани забони ноби тоҷикӣ ба аҳли нишаст ва ба кулли мардуми шарифи Исфара ироа намуд. Минбаъд омӯзгорони ФДТТИ У.Нуъмонов, коллеҷи тиббӣ О.Бобоҷонова ва аҳли қалами диёр Исматуллоҳи Абдулло, Расул Додхоҳи Раҳимиён, Хоҷаи Исфарангӣ ва толибилмони дабистонҳои шаҳр дар ситоиши забон маърӯза ва шеърхонӣ карда, маҳфилро рангину таассуротбахш гардонданд.

аз ҳама бештар ба маркази шаҳр- 17 нафар, ба ҷамоатҳои деҳоти Навгилем- 15, Чорӯҳ-13, Ворух-10 нафарӣ ва боқӣ ба дигар ҷамоату шаҳракҳо рост меояд. Сарбози қаторӣ Эмомалӣ Раҳмон, ки айни замон дар Артиши миллӣ хизмат мекунаду зодаи деҳаи Сурх мебошад, аз шароит ва ҳаёти аскарӣ бо меҳр сухан гуфта, ҳамсолони худро ба ҳимояи содиқонаи марзу буми кишвар ҳидоят намуд. Модари даъватшаванда аз ҷамоати деҳоти Хонобод Сафияхон Азимова ба наваскарон роҳи сафед хоста, ба падару модарон диёр муроҷиат кард, ки ободиву осудагии Тоҷикистони азизро танҳо фарзандони мо ҳимоят хоҳанд намуд. Даъватшавандагон Муҳаммадалӣ Ҷалилов аз Навгилем ва Достонҷон Самадов аз Хонобод ваъда доданд, ки хизмати Модар-Ватанро бошарафона иҷро намуда, ба зодгоҳашон бо Дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии рӯи сурху сари баланд бармемаркази шаҳр ҳамоиши ботантанаи гусели гарданд. Раиси шӯрои собиқадорони аввалини наваскарон дар мавсими тирашаҳр Ҷамолиддин Нуриддинов моҳ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуба муҳофизони ояндаи мамлакат фотеҳаи нек дод. рии Тоҷикистон баргузор гардид. Аҳли санъати шаҳр бо суруду Раиси шаҳр Расулзода Дил- даъвати кунунии тирамоҳӣ ал- таронаҳои дилошӯб даъватшашод Ҷабборӣ зимни баромади лакай 120 нафар хоҳишмандон вандаҳо ва волидайни онҳоро хеш бо изҳори миннатдорӣ аз аз комиссияи тиббӣ гузаштаву ба рақс дароварданду танҷавонони баору номус, ки их- номнавис шудаанд ва имрӯз танаи гусел бо шодиву сурур тиёран баҳри адои қарзи фар- 80 нафари онҳо ба хизмати поён ёфт. Субҳиддин САЙФИДДИНОВ. зандӣ ба хизмати ҳарбӣ раво- ҳарбӣ фиристода мешаванд. наанд иброз дошт, ки дар оғози Шумораи даъватшавандагон

Хайр модар, салом аскарӣ!

Расулзода дар мактабҳои санъат Раиси шаҳр аз 5 мактаби санъат боздид ба амал овард.

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз сатҳу сифати таълим дар макотиби санъати шаҳр изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки ба мактабҳои санъат дар харидории асбобҳои мусиқӣ ва ба мактаби рассомӣ дар ташкили намоиш ва фурӯши дастранҷи рассомони ҷавон кӯмак хоҳад кард. Имрӯз дар Исфара 4 мактаби мусиқиву як мактаби рассомии бачагона фаъолият мебаранд, ки дар онхо 52 нафар омӯзгорон ба 619 нафар хонандагон аз рӯйи 16 ихтисос сабақ медиҳанд. Дарсҳо дар мактабҳои санъат асосан ба таври инфиродӣ сурат мегиранд. Айни ҳол бошад, дар Консерваторияи миллӣ 7 нафар, дар Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунари ба номи Мирзо Турсунзода 8 нафар, дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 10 нафар ва дар Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз 10 нафар дастпарварони макотиби санъати шаҳри Исфара таҳсил мекунанд.

Дар воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тағйироти кадрӣ ба вуҷуд омад. Гавҳархон Ҳамроева, ки дар вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оила фаъолият дошт, аз вазифа озод ва мудири бахши агентии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроия таъин шуд. Бо амри раиси шаҳр Мавҷудахон Назирова иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оила таъин гардид.

Дар доираи таҷлили 70-солагии рӯзноманигор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Атобеков Бобоҷон Наврӯз силсилаи мулоқотҳо доир шуда истодаанд. Мулоқоти навбатӣ бо омӯзгорон ва муҳассилини мтму № 36, деҳаи Чилгазӣ шуда гузашт, ки дар дар қатори Бобоҷон Наврӯз, инчунин сармуҳаррири рӯзномаи «Насими Исфара», раиси бахши исфарагии Иттифоқи журнали-

Таъиноти кадрӣ

*** Ҳамчунин маҷлиси вакилони ҷамоати деҳоти Шаҳрак доир гардида, дар он муовини раиси ҷамоат аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Шуҳратҷон Икромов интихоб гардид. Ш.Икромов то ин дам дар шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара фаъолият менамуд.

Қадршиносии "Шери тоҷик"

Дар толори қасри «Шифокорон»-и ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» ба муносибати пирӯзии Шералӣ Маҳмадалиев дар вохӯрии ҷавобӣ оид ба бокс бар ҳарифи худ аз Ҷумҳурии Гурҷистон Ҷаба Шалуташвилӣ ҷамъомад доир гашт. Бояд қайд намуд, ки Шералӣ Маҳмадалиев варзишгари номии тоҷик, ғолиби чандин мусобиқоти байналхалқӣ, имрӯзҳо корманди осоишгоҳи «Зумрад» буда, мавсуф ҳамчун намояндаи ҶСП «Сомон Суғд» (сарвараш Нарзулло Соҳибов) дар мусобиқаи мазкур, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд, баромад кард. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳӣ сардухтури осоишгоҳ Зафарҷон Олимов ифтитоҳ намуд. Раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ғолибони мусобиқаи бокс Шералӣ Маҳмадалиев ва Асрор Воҳидовро табрик гуфта, туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро супорид. Намояндаи раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят Аҳрорхон Ваҳҳобов номаи шодбошии раиси кумитаи Ҷумҳуриявӣ Аҳтам Абдуллозодаро ба самъи ҳозирон расонид. Аз номи кормандони осоишгоҳ сарвари он Абдумуъмин Ҳалимов ба сухан баромада, ғолибонро шодбош гуфт. Ҳамчунин аз ҷониби соҳибкор Муҳаммадзоҳир Соҳибов ба Шералӣ Маҳмадалиев автомашинаи тамғаи «Тойота» такдим гардид. Мухтадил ҶӮРАЕВ.

Наврӯз дар Чилгазӣ стони Тоҷикистон Абдумуталиб Шарифов, директори телевизион ва радиои Исфара Саҳбон Қурбонов, шоир Нарзуллоҳи Азизиён, собиқадорони матбуот Мавлониддин Пӯлодзода ва Болтахӯҷа Саидшоев иштирок доштанд. Дар оғози мулоқот сарвари мактаби мазкур Мукаррамхӯҷа Мелиев оид ба ҳадафи нишаст ва нақши Бобоҷон Наврӯз дар рушди матбуоти минтақа ҳарф зад. Баъдан соҳибҷашн оид ба лаҳзаҳои хотирмони худ дар рӯзно-

маи «Насими Исфара» ҳарф зада, муҳассилинро ба омӯзиши илмҳо ва дар зиндагӣ устуворона қадам ниҳодан ба сӯйи мақсади дар пешгузошта ҳидоят кард. А.Шарифов, Б.Саидошев бошанд, оид ба мавқеи рӯзнома дар ташаккули адибону нависандагон намунаҳо оварда, бобати ҳамкории навқаламон бо нашрияҳо баёни андеша карданд. Аз ҷумла раиси бахши исфарагии ИЖТ Абдумуталиб Шарифов гуфт, ки таҷлили 70-солагии Б.Наврӯзро бояд фаротар

аз таҷлили солгарди як шахсият дид. Зеро бо қарори раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ таҷлил намудани ин сана ин эҳтиром ба хидмат ва заҳматҳои журналистон мебошад. Ҳамсоли Бобоҷон Наврӯз омӯзгори мактаб ва масъули осорхонаи кишваршиносии назди мактаби № 36 Каримбой Ҳамроев бошад, ёддоштҳояшро оид ба ҳамкорияш бо Б.Атобеков баён дошт. Қироати порчаҳои насриву назмӣ ва иҷрои сурудҳои ҷолиб аз ҷониби хонандагон ба маҳфил ҳусни тозае зам намуд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.