Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 36 (9365) *** Чоршанбе, 18. 11. 2020
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Маъракаи ниҳолшинонӣ Исфара бо мақсади иҷрои Мавсими нави дастуру супоришҳои Асосгузори ниҳолшинонӣ дар шаҳри сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои Исфара аз хиёбони ба миллат, Президенти мамлакат номи Исмоили Сомонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардид дар самти ободонию сабзу хуррамгардонии муҳити атроф ва о иштироки раиси муассисаву ташкилотҳо тадбирҳо шаҳри Исфара Акрам зарурӣ андешида мешаванд. Сулаймонзода бо мақсади оғоз Дар ин рўз аз тарафи бахшидан ба мавсими нави кормандони Бахши хифзи ниҳолшинонӣ дар хиёбони ба муҳити зисти шаҳр бо иштироки номи Исмоили Сомонӣ иқдом фаъолонаи аҳли меҳнати ЧДММ гирифта шуд ва дар ин рӯз бо «Заводи сементбарории шаҳри ҷалби ҳашарчиён беш аз 200 Исфара» беш аз 200 бех ниҳоли адад ниҳолҳои ороишии навъи дарахтони каталпа шинонида каталпа шинонида шуданд. шуд, ки ба шукӯҳи шаҳр шаҳомати Шаҳрдори Исфара дар тоза зам хоҳанд кард. канори роҳ аввалин ниҳолҳои Дар маҷмуъ, дар ин мавсим ҳамешасабзро шинонида, таъкид тибқи нақшаи пешбинишуда дошт, ки ин тадбир дар партави дар ҳудуди шаҳри Исфара дастуру супоришҳои Асосгузори беш аз 4423 бех дарахтони сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои сояафкану ороишӣ ва зиёда аз миллат, Президенти мамлакат 100 ҳазор адад гулҳои мавсимиву муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бисёрсола, аз ҷумла 2000 дона эълон гардидани "2019-2021 - дона гули лола шинонда хоҳад солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ шуд. ва ҳунарҳои мардумӣ» пиёда Раиси шаҳри Исфара баробари мегардад. Ӯ ҳамзамон баҳри оғоз намудани мавсими нигоҳубини ин ниҳолҳо ва ниҳолшинонӣ масъулинро ба андешидани тадбирҳои доимӣ вусъат бахшидани маъракаи баҳри ободонии кӯчаву хиёбонҳо ободониву сабзу хуррамгардонӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара дод. даъват намуд. Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри
Б
ТАЪИНОТИ КАДРӢ Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тағйироти кадрӣ ба амал омад. Бо қарори марбутаи раиси шаҳр Мирсаидзода Анвар Умар
роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва бо фармони директори генералии КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" Муҳибуллоев Аскаралӣ директори хоҷагии манзилию коммуналии шаҳр таъин гардиданд.
Дар шаҳри Исфара Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сатҳи баланди ташкиливу ғоявӣ бо нишони садоқат ва вафодорӣ ба Ватан, Президент ва миллат, бо шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ таҷлил намуданд.
Д
ар арафаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаву муассисаҳо силсилачорабиниҳо аз қабили мизҳои мудаввару конфронсҳои илмиву адабӣ, дарсҳои кушоди тарбиявӣ ва чорабиниҳои оммавӣ ва варзишӣ баргузор гардиданд. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даромадгоҳи макони ҷамъомади умдаи идона - Кохи фарҳанг китобҳои ситоишгари Ватани азизу Сарвари маҳбуб ба маърази тамошо гузошта шуда буданд. Дар раванди ҷамъомади тантанавӣ раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода баромад намуда, бо баробари сидқан муборакбод намудани сокинони шаҳр, аз нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун татбиқкунандаи сиёсати дохиливу хориҷӣ ва кафили рушди ҳамаҷонибаи Ватани азизамон Тоҷикистон ёдовар шуд. Ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил шудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мазмуну моҳияти баланд дошта, он ифодагари аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу
Доғи рӯз
Ҳанӯз марз муайян нашуда, боз як чарогоҳро аз худ карданианд
И
н мавзеъ оби Муллонурмат ном дошта, ривоят ҳаст, ки Муллонурмат ҳамин обро кашф карда, заминҳои ин мавзеъро аз сангу шағал тоза намуда, кишту кор кардааст. Яке аз чарогоҳҳои хуби хоҷагии Ворух ба ҳисоб мерафту чорвои калони шохдор парвариш меёфт ва ҳар пагоҳӣ мошини колхоз аз ин ҷо ширро ба ферма мерасонд. Баъди пош хӯрдани хоҷагӣ ферма ҳам барҳам хӯрду чӯпонони маҳаллӣ 4-5 хоҷагӣ дар ин мавзеъ мол чаронида, рӯзгорашонро пеш мебурданд. Аз соли 2014 ин тараф “Шу ён биздикист” гӯён, онҳоро пеш карда, оғалхонаву хонаҳоро вайрон карданд. Чӯпонҳои тоҷик ҳанӯз дар ҳаёт ҳастанд ва мӯйсафедон нақл мекунанд, ки Бежим ном ҷангалбони қирғиз дар ҳамин роҳ аз асп афтида, ҷон медиҳад. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон баробар ба сари ҳодиса ҳозир мешаванд ва ҳамон ҷо қарор мекунанд, ки ин роҳ ба ду давлат хос асту тарафи чап Қирғизистон,
Таҷлили Рӯзи Президент
тарафи рост Тоҷикистон мебошад. Бежим, ки дар тарафи чап афтидааст мақомоти Қирғизистон тафтишу чораҷӯйи мекунанд. Имрӯзҳо чӣ? Тарафи рости роҳ низ Қирғизистон шудаасту чӯпонҳоро баромадан намемонанд. Болотари оби Муллонурмат “Ялангии Файзулло” ном дораду он тарафаш Охон ҳарду ҳам сокинони Ворух мебошанд. Баъди “Оби Муллонурмат”-ро забт кардан , он мавзеъ, “Савуқ булоқ” ном гирифтаасту он ҷо кӯшиши ба даст овардани чарогоҳи “Ҳезуми сиёҳ”-ро карданд, раҳмат ба чӯпони далеру шуҷоъ Абдусалим Шарипов, ки ба таҳдиду тазъиқи силоҳбадастони қирғиз тан надода, худаш танҳо ҳоло ҳам чорво парвариш карда истодааст. Кош чунин далерон бисёр мешуданд... Ман мақолаҳои “Моҷарои Хоҷаи Аъло”Бобоҷон Тӯйчизода ва “Аз мост, ки бар мост”-и Абдулло Соҳибзодаро мутолиа
тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Хушбахтона, мардум бо гузашти ҳар сол аҳамияти онро бештар дарк намуда, шинохташ аз хидматҳою ҷоннисориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амиқтар мегардад. Зимнан гуфта шуд, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистон, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таҳкими
Истиқлолияти давлатӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо бахшиданд, инчунин, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуда, ҳама талошу кӯшиши хешро барои фароҳамсохти зиндагии орому осудаи мардуми он равона карданд. Сипас, аҳли фарҳанги шаҳр барномаи ҷолиби омоданамудаи худро манзури ҳозирин гардониданд, ки саршори шукргузорӣ ба Ватани соҳибистиқлол, зиндагии осудаву ором ва арзи эҳтиром ба сарвари давлатамон буд.
накунад, ки аз онҳо монем. Аз маҳалла ҷудо шуда, аввал Санги калон пеш меояд. Тарафи рост Таги банди зард, Ҳезумпартоӣ, Хазонӣ, Новаи якдара, Хафии девор, Таги қалъа, Сари қалъа номҳо доранд. Тарафи чапаш бошад, Новачаи сурхак, Бумхонаи поён, Девори кех, Равоти об, Шохчаи сиёҳак, Бумхонаи боло, Қурғанча ном гирифтаанд. Сари чашмаи моро имрӯзҳо Булоқбошӣ ном ниҳодаанд. Дар газетаи “Дӯстӣ” депутати Маҷлиси олии Қирғизистон шоири халқӣ Эгамберди Эрматов навиштааст: “Баъди аз байн рафтани Ҳукумати Шӯравӣ муомилаи байни халқҳо камтар суст шуд, лекин решаҳои дӯстии байни миллатҳо ба ин нигоҳ накарда бояд боз ҳам пурқувват гардад. Барои ин аз ҳама пеш мо нияти худро, хислати худро, ҳиммати худро дуруст намуда, бо ҳамдигар карда, аввал ба газетаи “Насими Исфара” ҳамчун дӯст, ҳамфикр муомила намоем, он ташаккур мегӯям, ки халқ онро хонда, таскин гоҳ дар сарзамин ҳастӣ ва хушбахтӣ барпо меёбанд, ки хайрият чунин сарсупурдаҳои мегардад". Бале, халқи тоҷик таҳаммулгар буда, миллат ҳастанд. Хуб мешуд, ҳамаи он мақоли халқии “Ба пойи душманат протоколҳои байни ду давлат имзо шуда, бошад ҳам, хоре нахалад”-ро шиори худ манзури халқ гардонида мешуданд, зеро медонад ва боварӣ дорад, ки мушкилоти дар ин моҷароҳо шаҷараҳои соҳибони марзӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои замин ба комиссияи ҳамонвақта пешниҳод миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон карда шуда буду ҳоло намедонем, ки он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаллу фасли ҳуҷҷатҳо дар куҷо ва ё дар дасти кист? худро меёбад. Тасмим гирифта шуд, ки дараи КЕХ-ро ба хонандагони имрӯзаи Ворух шинос кунам, С. БОБОХОЛОВ. зеро боварӣ дорам, баъди гузашти солҳо ин мавзеъҳо аз ёдҳо фаромӯш мешаваду Худо
2
"Насими ИСФАРА"
18 ноябри соли 2020
Минбари прокуратура
Заминро бояд оқилона истифода бурд
МИРСАЙЗОД А.Ҳ. ёрдамчии калони прокурори шаҳри Исфара, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 Дар моддаи 13-и қонуни асосии кишварамон, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст, ки “Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самаранокии онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад”. Аз мазмуни моддаи мазкур бармеояд, ки замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд. Яъне, объектҳои мазкур ба сифати объекти ҳуқуқии моликияти дигар субъектҳо баромад карда наметавонанд, ин объектҳо аз тарафи дигар субъектҳо танҳо бо иҷозати давлат истифода бурда мешаванд. Аз ин рў, тартиби пешниҳоди қитъаи замин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, бақайдгирии давлатии онҳо, ҳуқуқ ва уҳдадории заминистифодабарандагон, кафолати ҳимояи ҳуқуқи онҳо мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 13 декабри соли 1996 таҳти №326 ба имзо расидааст, ки аз 18 боб ва 104 модда иборат мебошад. Кодекси мазкур муносибатҳои заминистифодабариро танзим намуда, барои истифода ва ҳифзи замин, ҳосилхез кардани он, ҳифз ва беҳтар намудани муҳити табиат ва инкишофи баробари ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ шароит фароҳам меоварад. Таҳлилу ҷамъбасти ҳолати иҷрои меъёрҳои Кодекси мазкур нишон дод, ки мақомоти прокуратураи шаҳри Исфара бо назардошти муҳиммияти он дар давраи сипаригардида дар ин ҷода як қатор корҳоро иҷро карда, фаъолият дар ин самт ҳамарўза идома дорад. Чунончӣ, прокуратураи шаҳри Исфара ҳолати иҷрои Фармоиши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазифаҳои мақомоти прокуратура оид ба пурзӯр намудани назорати прокурорӣ оид ба риояи иҷрои қонунгузории истифодаи замин” таҳти №5-24 аз 27.02.2019 сол дар давоми 11 моҳи соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Исфара мавриди таҳлилу ҷамъбаст қарор дод. Мавриди зикр аст, ки прокуратураи шаҳри Исфара фаъолияти худро дар самти мазкур дар асоси муқаррароти
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, супоришу дастурҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори вилояти Суғд, қонунгузории замин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, дар ин самт корҳои муайянеро ба сомон расонид. Боиси қайд аст, ки бо назардошти самти афзалиятноки назорати прокурорӣ эътироф гардидани ҳолати иҷрои қонунгузории замин, прокуратураи шаҳри Исфара ба масъалаи самаранок ва оқилона истифода кардани он диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, доир ба пешгирӣ, ошкоркунӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо дар бобати заминистифодабарӣ, алалхусус вобаста ба хариду фурӯши замин, сӯистифода аз ваколатҳои мансабӣ дар тақсимоту ҷудокунии замин, қаллобӣ, худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва ғайра чораҳои қатъӣ андешида истодааст. Вобаста ба ин, санаи 20 январи соли 2020 аз ҷониби прокуратураи шаҳри Исфара ҷадвали вохӯриву суҳбатҳо бо масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Кумитаи идораи замин, мақомоти меъморӣ, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳа баромадҳо дар воситаҳои ахбори омма омода карда шудааст. Мутобиқи ҷадвали мазкур кормандони прокуратураи шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо дигар масъулини соҳа вазифадор гардиданд, ки дар мақомоту ташкилотҳо, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ, дар байни аҳолӣ доир ба самараноку оқилона истифодабарии замин, худсарона ишғол ва бунёд намудани сохтмонҳои мухталиф, ҳифзи заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани масъулияти заминистифодабарандагон суҳбату вохўриҳо доир намоянд. Ҳамчунин, номбурдагон муваззаф шуданд, ки дар воситаҳои ахбори омма, телевизиону радио мизҳои мудаввар ва баромадҳо ташкил намоянд. Бояд қайд намуд, ки баҳри таъмини иҷрои ҷадвали мазкур аз ҷониби банда, рўзи 10 ноябри соли 2020 бо масъулини Кумитаи идораи замин, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Исфара, санаи 13 ноябри соли 2020 дар бахши меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва санаи 16 ноябри соли 2020 бо сокинону фаъолони ҷамоати деҳоти Навгилем, Хонобод ва Шаҳрак вохўрӣ гузаронида шуд. Дар вохӯриҳои мазкур ба масъалаҳои баланд бардоштани маданияти истифодабарии замин, оқилонаву самаранок истифода бурдани он, роҳ надодан ба ҳолатҳои худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин ва дигар қонунвайронкуниҳо дар ин самт диққати ҷиддӣ дода шуда, ба саволҳои иштирокчиёни вохӯрӣ бобати ҳифзи заминҳои корами обӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуданд. Дар маҷмӯъ, бо мақсади пешгирии саривақтии қонунвайронкуниҳои замин аз тарафи кормандони прокуратураи шаҳри Исфара дар кумитаи идораи замин, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”, ҷамоати деҳот, мақомоти
№ 36 (9365)
Тоҷикистон сарбаланд асту ту низ, Кишвари олиписанд асту ту низ!
маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳр 18 суҳбату вохӯриҳо гузаронида, дар воситаҳои ахбори омма 5, аз ҷумла радио 3 ва телевизион 2 маротиба баромадҳо доир гардида, моҳияту мазмуни талаботи қонунгузорӣ ба самъи аҳолӣ расонида шуд. Ҳамчунин, нисбати 50 шаҳрвандон барои худсарона ишғол ва бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, яъне Шаҳодатномаи истифодаи қитъаи замин истифодабарии замин бо моддаҳои 141, 143 ва 148-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба Кумитаи идораи замин ирсол карда шудааст, ки нисбаташон ҷазои ҷарима таъин гардидааст. Чунончӣ, шаҳрванд Назиров Мамаюнус Раҷабович, сокини шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Сурх, кўчаи А.Фирдавсӣ 98 бархилофи талаботи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 2,7,15,17,18 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон қитъаи замини ғайрикишоварзии Ҷамоати деҳоти Сурхро ба масоҳати умумии 21,2 метри мураббаъ, бидуни ҳуҷҷатҳои дахлдор ва иҷозати мақомоти ваколатдор худсарона ишғол карда, ба дарозии 106 метр таҳкурсии бетонӣ бунёд намудааст. Бинобар ин бо қарорҳои прокурори шаҳр нисбати номбурда бо моддаи 141 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба кумитаи идораи замини шаҳр равон карда шуд. Назорати прокурорӣ оиди ошкор ва тафтиш намудани ҷиноятҳо вобаста ба ғайриқонунӣ ҷудокунии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, хариду фурўши он, даст ба омилҳои коррупсионӣ задани шахсони мансабдор пурзўр гардида, ҷиҳати пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо тадбирҳои судманд андешида, бо натиҷаи санҷишҳо нисбати шахсони гунаҳгор парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Чунончӣ, Сайфиддинов Бақоҷон Садриддинович таърихи таваллудаш 08.05.1967 сокини шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Навгилем, маҳаллаи Қӯшдевор, хонаи №69 дар вазифаи заминсози ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара кор карда омада, соли 2016 ба шаҳрванд Нурматов И. ба маблағи 10 000 сомонӣ ғайриқонунӣ қитъаи замин ҷудо карда додааст. Аз рўйи ин ҳодиса 22 августи соли 2020 аз ҷониби прокуратураи шаҳри Исфара нисбати Сайфиддинов Б.С. бо аломати моддаҳои 338 иловаи 1, қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ё ин ки Раҳимзода Фирдавс соли таваллудаш, 2 ноябри соли 1985, сокини шаҳри Исфара, ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, кӯчаи Сари Ҳисор, хонаи №90 дар вазифаи мудири бахши сармоягузорӣ ва идоракунии амволи давлатии шаҳри Исфара кору фаъолият намуда, аз ҳиссиёти қаллобӣ ба шаҳрванд Пулотов А. барои қитъаи заминашро ба фонди манзили шаҳри Исфара гузаронидан 7000 доллари ИМА гирифтааст. Аз рўйи ин ҳодиса 10 феврали соли 2020 аз ҷониби прокуратураи шаҳри Исфара нисбати Раҳимзода Ф. бо аломати моддаҳои 247, қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Прокуратураи шаҳр бо мақсади таҳкими қонуният дар самти қонунгузории замин тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ ба ин масъалаҳо диққати зарурӣ дода, барои таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пурзўр намудани назорати иҷрои қонунгузории замин тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Фидоиёни маърифат
Сутуни хирад бурдборӣ бувад Олимов Абдумалик Абдуразоқович аз зумраи олимони варзида ва мураббиёни соҳибмалака ба шумор рафта, 44 сол инҷониб пайгирона ва босамар ба фаъолияти илмӣ-таълимӣ ва истеҳсолӣ машғул аст. Ин ҷавонмарди хоксор фаъолияти меҳнатиашро соли 1976 дар корхонаи Раёсати сохтмон ва таъмири Вазорати хизмати маишӣ ба сифати рассом оғоз намудааст. Сипас, ба риштаи биология ва кимиёи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шомил гардида, соли 1982 хатм намуд. Рӯ ба корҳои илмӣ овард. Лаборанти калони институти илмии тадқиқотии зироат, корманди хурди институти илмии тадқиқотии чорводорӣ, асистенти кафедраи физиологияи институти хоҷагии қишлоқ, муаллими калони кафедраи физиология буд ва соли 1991 рисолаи номзади илми биологияро ҳимоя намуд. Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон то соли 1997 фаъолияти илмӣ ва педагогиро идома дод. Сипас, рӯ ба истеҳсолот оварда, сардори озмоишгоҳи марказии ҷамъияти муштараки дорои масъулияти маҳдуди Тоҷикистону Австрия “Петролеум-Суғд” то соли 2014 фаъолият намуд. Дар ин марҳила мавсуф худро ҳамчун мутахассиси ботаҷриба, донишманд, нисбат ба худ серталаб ва роҳбари принсипнок муаррифӣ намуд. Аз сентябри соли 2014 боз ба олами назария баргашта, дар кафедраи геология ва корҳои нафту гази Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз вазифаи муаллимӣ то мудири кафедра бори заҳмат мекашад. Бо мақолаҳои илмиаш дар конференсияҳои байналмилалӣ ва Ҷумҳуриявӣ ва берун аз он иштирок намудааст. Дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ мақолаҳои ӯ оид ба масоили сиёсатшиносӣ ва равандҳои сиёсӣ, татбиқ ва корандозии сиёсати давлатӣ мунтазам чоп мешаванд. Муаллифи якчанд асари арзишманди илмӣ буда, дар онҳо масъалаҳои мубрами соҳаҳои геология, нафту газ ва корҳои кӯҳӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудаанд. Зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ва методии вай ба нашр расидааст. Дотсент Олимов Абдумалик Абдуразоқович дорандаи Сипосномаи кумитаи Иттифоқи касабаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи раиси вилояти Суғд, Ифтихорномаи вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якчанд ифтихорномаю сипосномаҳои ректори Донишкадаи кӯҳи-металургии Тоҷикистон мебошад. Ӯ узви Шӯрои олимони Донишкадаи кӯҳи-металургии Тоҷикистон ва Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба ифтихори 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дотсент Абдумалик Олимовро шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ намуданд. Беш аз чиҳил соли умри худро ба илму истеҳсолот бахшида, устод А.Олимов дар синни 61-солагӣ ба дарёфти мукофоти давлатӣ мушарраф гардид. Ин самараи бурдборӣ ва заҳмати пай дар пай дар ҷодаи илм мебошад. Абулқосими Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” овардааст: Сутуни хирад бурдборӣ бувад, Чу тезӣ кунӣ, тан ба хорӣ бувад. Он бегоҳӣ сутуни хонадон, падари меҳрубон Абдумалик Олимовро дар ҳавлиашон ҳамсари меҳрубон муаллима Матлуба Олимова, фарзандон Аҳрорҷон ва Асрорҷон, келини хонадон Дилоромхон бо гулдастаи меҳру муҳаббат истиқбол гирифтанд. Зайниддин ОРИФӢ.
3
"Насими ИСФАРА"
18 ноября 2020 года
Меридианами дружбы и мирного сосуществования
Дочь двух соседних народов
Студентка выпускного курса Исфаринского медицинского колледжа, гражданка Таджикистана, 33-летняя этническая кыргызка Кундузой Гозиева мечтает с отличием завершить учебу, поступить на работу в одно из медицинских учреждений города и служить народу. Для достижения своих благих целей она досконально изучает все учебные предметы, участвует во всех учебнообразовательных, а также культурных программах своего учебного заведения. Кундузой прекрасно знает, что знание языка пациента является одним из важнейших ключей успеха медицинского работника. Чтобы свободно общаться с пациентами, лечить их добрыми словами, она стала серьезно изучать государственный язык. По словам заместителя директора по учебным вопросам Исфаринского медицинского колледжа Халимы Миркаримовой, Кундузой к ним поступила продолжать учебу в прошлом году. Тогда она училась на втором курсе. До этого, Кундузой являлась студенткой Канибадимского медицинского коллежа. В силу того, что она воспитывала несовершеннолетнего ребенка, а также на ее попечении
находилась 72--летняя мать, Кундузой была вынуждена каждодневно ездить в город Канибадам и после занятий возвращаться к своим родным. Зачастую, в связи с отсутствием транспорта, она сталкивалась с немалыми трудностями. Поэтому, решила перейти в Исфаринский медицинский колледж, чтобы больше своего времени уделять подготовке к занятиям, более досконально изучать учебные предметы. - В настоящее время Кундузой является одной из отличниц факультета «Сестринское дело» нашего колледжа,говорит Халима Миркаримова. – Примечательно, что она, хотя и окончила среднюю школу на кыргызском языке, отлично владеет таджикским языком, быстро и всесторонне осваивает все медицинские дисциплины. Она является одной из активных участниц всех общественных мероприятий нашего учебного заведения. Мы ей гордимся. Кундузой рассказывает, что она родилась в большой и дружной семье этнических кыргызов, в селе Матпари Исфаринского района. Училась в общеобразовательной школе родного села, где учебный процесс шел на кыргызском языке. Ещё в школьные годы мечтала быть медицинской сестрой. После окончания школы в 2004 году Кундузой решила поступить в медицинский колледж, однако ее мечта не сбылась. Финансовые трудности стали барьером в реализации ее мечты. Была вынуждена ждать улучшения материального состояния семьи. Потом родила ребенка. Пришлось еще подождать, пока единственный ребенок чуть-чуть подрастёт. В 2017 году Кундузой сдала свои документы в Канибадамский медицинский колледж. После
успешной сдачи экзаменов она стала студенткой. Наконец, сбылась ее долгожданная мечта. - Я родилась в многодетной семье. Нас в семье было 11 детей. Младшая сестра учится в Бишкеке. Другие сестры и братья вместе со своими семьями живут в городе Баткене Кыргызстана. До наступления пандемии коронавируса они часто приезжали в Исфару, чтобы навещать своих сестер, а также родную мать. Они очень любят свою Родину- Таджикистан. Мы тоже часто ездили в Баткен, к своим родным. Однако, я не могла там долго оставаться. Скучала по Исфаре, по своему родному селу Матпари. Здесь я себя чувствую более уютно и комфортно. Мне, как и родной кыргызский, очень нравится таджикский язык. Я решила более серьезно изучать его, чтобы более глубоко ознакомиться с произведениями классиков персидско-таджикской литературы. Я люблю произведения основоположника современной таджикской литературы Садриддина Айни. Не зря Народный писатель Кыргызстана Чингиз Айтматов считал его, наряду с великим писателем казахского народа Абаем Кунанбаевым, своим духовным наставником. Себя я считаю дочкой двух братских и соседних народов Центральной Азии: таджиков и кыргызов. Хочу служить им наравне. Желаю, чтобы дружба наших народов укрепилась еще больше и никогда не было между ними противостояния. Думаю, недалёк тот день, когда граница между Таджикистаном и Кыргызстаном будет открыта, и мы вновь, как было раньше, свободно будем ходить друг к другу в гости, вместе будем играть интернациональные свадьбы и торговать, обмениваться своим опытом, путешествовать по обеим странам, - говорит в заключение Кундузой Гозиева. Маъсум МУХАМАДРАДЖАБ, журналист.
шуд. Як адади онро соҳибкор Нуриддин Азизов харидорӣ намудааст. Таҷҳизоти дуюмро бошад, занони фаъоли маҳаллаи Холисони деҳа бо роҳбарии Р. Содиқова ва Б. Салоева тақдим карданд. Инчунин ду адад балони кислород Дар деҳоти Чоркӯҳ соҳибкорону аз ҷониби вакилони Маҷлиси ашхоси саховатпеша кӯшиш доранд, ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Ч. Маҷидова то саҳми худро дар беҳдошти рӯзгори ва Р. Муҳиддинова туҳфа карда шуд. Маврид ба зикр аст, ки алҳол аҳолӣ ва баландбардории сатҳи хизматрасонӣ дар муассисаҳои дар назди ҷамоати деҳот ситоди доимоамалкунанда оид ба тиббӣ гузоранд. Аз ин ҷост, ки ба беморхонаи №2 пешгирии паҳншавии COVID-19 –и ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ 2 адад фаъолият дорад ва он мунтазам таҷҳизоти оксигенератор ба маблағи корҳои тарғиботию ташвиқотиро 2000 доллари Амрико тақдим карда бурда истодааст.
COVID-19
Саҳмгузории саховатмандон
Ярмарка
Бо кор таъмин шуданд Санаи 11 ноябр дар саҳни бинои ҷамоати деҳоти Шаҳрак ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо намоиши дастранҷи ҳунармандони маҳаллӣ
№ 36 (9365)
баргузор гардид. Ба таваҷҷуҳи корҷӯяндагон 12 корхонаву муассисаҳои ширкат варзида, дар маҷмӯъ 370 адад ҷойҳои холии кориро бо музди меҳнати аз 400 то 2300 сомонӣ пешниҳод карданд. Аз 260 нафар корҷӯяндагон 15 нафар ба кори доимӣ роҳхат гирифта, 13 нафар бо ҷои кор таъмин гардиданд. 10 нафар ба касбомӯзӣ номнавис карда шуданд, ки аз ин шумора шаш нафари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд.
«…Человек – это не просто название, но званье, притом званье высокое, и добиться его не просто». Расул ГАМЗАТОВ.
Человек и его дело
Тридцать лет за баранкой автомобиля Родители Баротбоя Хомидова были простыми колхозниками. С детства он мечал стать знатным трактористом, как его старший брат Муйдинжон. Поэтому после окончания средней общеобразовательной школы № 4 пос. Нефтеабад Баротбой сдал документы для зачисления в группу трактористовмашинистов широкого профиля в профессионально-техническое училище № 18 г. Канибадама. Здесь обучали и автоделу с выдачей соответствующих документов. В 1980 году Б. Хомидов был призван в ряды Советсткой Армии, в г. Читу Забайкальского военного округа. Так как у него было удостоверение водителя категорий «В» и «С», был направлен в автобатальон для службы военным водителем. После демобилизации в 1983 году Баротбой подал заявление на работу в Нефтеабадское нефтегазодобывающее управление п/о «Таджикнефть». С тех пор в трудовой книжке Баротбоя Олимовича Хомидова в графе «Место работы» значится одна запись: «Принят на работу водителем цеха технологического транспорта». Менялись названия предприятия: НГДУ, «Кайраккум Ойл ЛТД», «Ленинабаднефтегаз», «Петролеум-Сугд», а Баротбой оставался бессменным водителем. Сначала он сел за баранку грузового автомобиля, затем водил спецтехнику, агрегаты. Руководители цеха заметили в характере молодого, но уже довольно опытного работника трудолюбие, инициативность, высокий профессионализм и чувство ответственности за качество и своевременное выполнение порученного дела. И в 1996 году его перевели водителем легкового служебного автомобиля. Барортбой возил многих руководителей разных рангов предприятия. В их числе были Т. Охонов, А. Назиров, А. Хасанов и другие.
С 2016 года по наши дни Баротбой Хомидов – водитель вахтового микроавтобуса. Несмотря ни на какие погодные условия горной местности и зимой, и летом рабочая вахта нефтяников и газовиков всегда прибывает на буровые точки вовремя. Б. Хомидов признаётся: «Часто читаю периодическую литературу, знакомлюсь с автоновинками и изменениями в правилах дорожного движения в республике и за рубежом. Хотя у меня отмечены все водительские категории, считаю обязательным систематически обновлять свои знания, быть в курсе основных событий в отрасли и общественнополитической жизни". Все, кому довелось работать с Баротбоем, добрым словом отзываются об этом жизнерадостном и чутком человеке, хорошем семьянине. В их семье два сына и две дочери. Старший – нефтяник, младший пошёл по стопам отца. За добросовестный и многолетний труд ветеранавтомобилист неоднократно поощрялся Почётными грамотами, Дипломами и ценными подарками предприятия, профкома и вышестоящих организаций. М. ЁСИНЖАНОВ, член Союза журналистов Таджикистана.
шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе, Федератсияи Россия, Харкови Украина такмили ихтисос намуда, аз аттестатсия гузаштааст, ӯ дорои категорияи 1 мебошад. Духтури дараҷаи олӣ, Абдухалил Усмонов солҳо ба остонаи БМШ ниҳода, мӯи сиёҳашро дар хизмати халқ мудири шуъбаи муолиҷавӣ ва аз соли 2011- ум то имрӯз сафед намуд." дар вазифаи сарвари Маркази Абдухалил Усмонов 13 ноябри ҳимояи аҳолӣ аз бемории соли 1960 дар деҳаи Кӯлканд, дар оилаи зиёӣ таваллуд сил дар шаҳри Исфара шудааст. Номбурда соли 1968 бурдборона заҳмат мекашад. қадам ба остонаи МТМУ № Хоксориву фурӯтанӣ, гуфтору 33-и зодгоҳаш ниҳода, соли рафтори ҳамида, муомилаи 1978 онро муваффақона хатм шафиқонааш боис гардид, менамояд. Худи ҳамон сол ки ӯро дар ҷомеа эътироф ҳуҷҷатҳояшро ба ДДТТ ба номи ва ҳурмату иззат намоянд. Усмонов дар Абӯалӣ ибни Сино супорида Абдухалил оиладорӣ низ намунаи ибрат сазовори номи баланди донишҷӯӣ мегардад. Соли 1984 буда, дар ҳалқаи чаҳор Абдухалил Усмонов ҳамчун фарзанду даҳ набера шукронаи Абдухалил Усмонов духтури силшинос баъди осмони софи Ватани азизаш чеҳраи ошност, ӯро ҳамагон гузаштани интернатура дар Тоҷикистон менамояд. Мо мешиносанду ҳамчун табиби беморхонаи вилоятӣ ба зодгоҳи ҳамкорон ба ӯ умри дароз ва ҳозиқ эҳтиром менамоянд. Ӯ худ баргашта, ба фаъолият саломатии бардавом таманно ба синни мубораки 60 қадам пардохтааст. Соли 1987 раиси дорем. ниҳод. "Гӯиё дирӯзакак буд, -ба Иттифоқи касабаи беморхона хотир меоранд ҳамкорон, - як интихоб мешавад ва ба ҳайси ГУРӮҲИ ҲАМКОРОН ҷавони хуш қаду қомат, бо чеҳра мудири қисми диспансерӣ ВА ДӮСТОН. кушод ва одоби ҳамида, қадам фаъолият менамояд. Ӯ дар
Баёни меҳр
Садсола шавед, табиб!
4
"Насими ИСФАРА"
18 ноябри соли 2020
№ 36 (9365)
Мансурҷон ҶӮРАЕВ Сад афсӯс, ки қалби яке аз фарзандони барӯманди диёр, яке аз шахсиятҳои ба ҳамагон азизу арҷманд, директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шабакаҳои барқи Исфара”, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Мансурҷон Ҷӯраев дар синни 57 - солагӣ аз задан бозмонд. Марги беамон шахсеро аз байни мо рабуд, ки умри гаронмоя ва тамоми ҳастии худро ба рушди соҳаи энергетика, ободонии диёр ва хизмат ба халқу Ватан бахшида буд. Шодравон Мансурҷон Ҷӯраев рӯзи 10-уми октябри соли 1963 дар деҳаи Ворухи шаҳри Исфара дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1989 Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис – энергетик хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро соли 1989 ба ҳайси муҳандис-нозир дар Шабакаҳои барқи Исфара оғоз намуда, минбаъд солҳои 20012002 ҳамчун муҳандис оид ба фурӯши барқ, солҳои 20022007 дар вазифаи сардори
Шӯъбаи фурӯши Шабакаҳои барқи шаҳр кор кардааст. Маҳз бо дарназардошти лаёқату кордонӣ ва масъалиятшиносиаш минбаъд ба вазифаҳои роҳбарикунандаи идораи мазкур таъин гардида, солҳои 2007-2008 дар вазифаи муовини директор, солҳои 2008-2015 ҳамчун сармуҳандис, солҳои 2015-2016 дар вазифаи директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шабакаҳои барқи Исфара” пурмаҳсул меҳнат кардааст. Солҳои 2016 – 2018 ҳамчун муовини директор оид ба масъалаҳои умумӣ ва солҳои 2018-2020 ба сифати сармуҳандис фаъолияташро идома бахшида, аз моҳи июли соли 2020 то ба инҷониб масъулияти директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Шабакаҳои барқи Исфара”ро бо дарки масъулияти амиқ ва муваффақона ба зимма дошт. Мавриди зикр аст, ки Мансурҷон Ҷӯраев ҳамчун яке аз мутахассисони соҳибтаҷрибаю варзидаи соҳаи энергетика давоми 31
соли фаъолияти кориаш дар пешрафту инкишофи соҳа, мустаҳкамнамоии пойгоҳи моддию техникии идора ва зерсохторҳои он, чароғонкунии минтақаҳои гуногуни шаҳру деҳот, аз ҷумла наздик 10 маҳалли нави аҳолинишин саҳми шоистаю назаррас гузоштааст. Мансурҷон Ҷӯраев вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр буда, дар байни ҳамкорону ҳамдиёрон соҳиби обрӯю эътибори баланд буд. Мавсуф даҳҳо нафар мутахассисони ҷавони соҳаро тарбият намудааст, ки имрӯз дар идораи мазкур бомуваффақият кору фаъолият доранд. Барои дастовардҳои шоён ва саҳми назаррасаш дар рушди соҳаи
Чунон бояд тариқи зиндагонӣ, Ки баъд аз мурдани худ зинда монӣ. энергетика бо унвони “Аълочии барқи тоҷик”, Ифтихорномаҳои Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва дигар мукофотҳои арзишманди соҳавӣ сарфароз гардонида шудааст. Ҳакимон барҳақ гуфта, ки чаҳор чиз омили асосии саодатмандии ҳар як инсон маҳсуб меёбад:ҳамсари шоиста, фарзандони солеҳ, рафиқони хуб ва ризқу рӯзӣ дар Ватан. Хушбахтона равоншод Мансурҷон Ҷӯраев соҳиби ин чаҳор неъмат ва ҳам касбу амали нек, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, барҳақ Инсони Бузург буд. Дар маҷмӯъ зиндагиаш хушоянду шоиста ва ибратангез буд. Дар ин лаҳзаҳои ниҳоят вазнин аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҳамкорону дӯстон, фарзандон, хешу табор ва пайвандонаш ҳамдардии амиқ баён менамоем. Ба онҳо дар ин рӯзи мусибати гарон сабри ҷамил мехоҳем. Шодравон Мансурҷон Ҷӯраев бо хислатҳои неки инсонияш дар ёди мо дӯстону наздикон абадӣ боқӣ мемонад. МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲР.
Шамсиддин БАҲОВАДДИНОВ
Соҳаи тандурустии шаҳри Исфара талафоти калон дод, қалби яке аз сарсупурдагони соҳа, духтури дараҷаи олӣ Шамсиддин Баҳоваддинов дар синни 67-солагӣ аз задан бозмонд.
Шамсиддин Баҳоваддинов 31 январи соли 1953 дар деҳаи Гумбазии ҷамоати деҳоти Навгилем чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна ба ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, ин муассисаи олии тиббиро соли 1976 муваффақона ба итмом расонидааст. Шамсиддин Баҳоваддинов давоми солҳои 1978 фаъолияти меҳнатии хешро ба ҳайси духтури чашм дар дармонгоҳи маркази шаҳр оғоз намуд. Номбурда соли 1988 шуъбаи чашмро таъсис дода, бунёдгузори ин шуъба
ДИҚҚАТ : МУЗОЯДА Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара музоядаро оид ба фурӯши молҳои мусодирашуда барпо менамояд. Маҳалли баргузории музояда: шаҳри Исфара, ошёнаи 3-и бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Вақти баргузорӣ: 19 ноябри соли 2020, соати 14-00. Қабули дархостҳо барои иштирок дар музояда ва бақайдгирии иштироккунандагон аз рӯзи нашри эълон оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда анҷом меёбад. Тарзи гузаронидани музояда: англисӣ. Андозаи кафолатпулӣ барои иштирок дар музояда бо пули сомонӣ мутаносибан ба 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 870 (ҳаштсаду ҳафтод) сомонӣ баробар мебошад. Барои иштирок дар музояда аз тарафи иштироккунанда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти маблағи кафолатпулӣ; барои шахсони ҳуқуқӣ-ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатӣ; - барои шахсони воқеӣ-нусхаи шиноснома ё "Насими Исфара" Муассис: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97, аз 14 марти соли 2018.
ба ҳисоб меравад ва то соли 2016 вазифаи мудирии шуъбаи чашми БМШ-ро бар уҳда дошт. Шамсиддин Баҳоваддинов аз соли 2016 то соли 2019 ба ҳайси духтури чашм дар хизмати халқ буд. Дар ин муддат ӯ ҳазорҳо нафарро табобат ва ҷарроҳӣ намудааст. Мардуми шаҳру деҳоти Исфара ва берун аз он номи нек ва хизматҳои содиқонаи ӯро ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Ин табиби ҳозиқ дар тӯли фаъолияти хубу назарраси хеш бо Ифтихорномаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият; Ғолиби музояда ба ғайр аз арзиши мол боҷи комиссиониро ба андозаи 5 фоиз ва боҷи давлатиро ба андозаи 0,1 фоиз аз ҳаҷми фурӯши молҳо ба суратҳисоби бахш пардохт
Раёсати тандурустии вилояти Суғд, Раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳри Исфара мукофотонида шудааст. Хотираи неки Шамсиддин Баҳоваддинов ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум зудуда нахоҳад шуд. Роҳбарият ва кумитаи Иттифоқи касабаи БМШ дар чунин рӯзҳои мусибатбор ба ёру пайвандони марҳум аз даргоҳи Яздони пок сабри ҷамил хоҳонанд. РОҲБАРИЯТ ВА КУМИТАИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ БМШ.
менамояд. Маълумоти иловагиро тавассути телефонҳо 2-77-47, 98-898-21-21 ва ва 918- 22- 58- 22 гирифта метавонед.
Рӯйхати молҳои ба фурӯш баровардашуда
Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд Дипломи № 7115, ки омӯзишгоҳи касбии техникии № 6 шаҳри Шӯроб (ҳоло МТД “Литсейи касби-техникии саноати кӯҳии шаҳри Исфара”) 26 июни соли 1994 бо фармоиши № 23к бо тахассуси “Кафшергари барқӣ” ба Раҷабов Мустафо Мамаджонович додааст. *** Шаҳодатномаи имтиёзии А № 518718, ки ба Искандаров Музафар Талхатович барои хизмат дар солҳои 1981- 1983 дар қисми низомии пп 83260 дар давлати Демократии Афғонистон намудааст. *** Шаҳодатнома имтиёзии А-926833, ки ба Тухтабоев Низомидин Субхонбоевич, барои хизмат дар солҳои 1985-1986 дар қисми низомии 97978 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи А № 627088, ки МТМУ № 35 солҳои хониши 1977-1978 ба Ӯлмасов Маъруф Юлдошбоевич додааст. *** Диплом таҳти № 534072, ки омӯзишгоҳи касбии техникии № 10 шаҳри Исфара (ҳоло МТД “Литсейи касби-техникии нефт ва гази шаҳри Исфара”) 15 марти соли 1985 мувофиқи фармоиши № 4-к аз рӯи ихтисоси “Пармагар” ба Нозиров Сафар Мусаевич додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи силсилаи Т-АТУ №0251096, ки МТМУ №10 соли хониши 2016 ба Самадова Манзура Анварҷоновна додааст. *** Шиносномаи техникӣ, ки дар бойгонии КДФ БММҒ дар шаҳри Исфара таҳти №134, суроғаи Ҷ. Лафизов 108 ба номи марҳум Ҳикматов Абдумукадам ҳамчун соҳибмулк ба қайд гирифта шудааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи Т-ШТУ № 0622904, ки МТМУ №12 солҳои хониши 2012-2013 ба Бахтиёрзода Ҷаҳоноро додааст. *** Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, ки аз тарафи Кумитаи заминсозии шаҳри Исфара, дараҷаи 0445744, ки санаи 12. 05.2014 ба Ваҳобов Соҳибҷон додааст. *** Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, ки таҳти №6955 дар бойгонии КДФ БММҒ дар шаҳри Исфара ба номи Ҷӯраев Илҳом ба қайд гирифта шудааст.
Роҳбарият ва кумитаи Иттифоқи касабаи ҶС "Шабакаҳои барқи Исфара" аз даргузашти бармаҳали роҳбари корхона МАНСУРҶОН ҶӮРАЕВ андӯҳгин буда, дар ин рӯзҳои мусибатбор ба назидкони марҳум аз даргоҳи Худованд сабру тасаллият хоҳонанд. Ҷомеаи меҳнатии рӯзномаи "Насими Исфара" ба коргузори идора Мақсудахон Қурбонова бинобар вафоти ХОҲАРАШ ҳамдардии амиқ баён карда, ба ӯву наздикони марҳум сабри ҷамил таманно доранд. Роҳбарият ва кумитаи Иттифоқи касабаи БМШ аз даргузашти бемаҳали табибмомодояи шуъбаи тавалллудхонаи БМШ ГУЛЧЕҲРАХОН ШАҲОБИДДИНОВА андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд. Роҳбарият ва кумитаи Иттифоқи касабаи БМШ нисбати вафоти табиби бемориҳои пӯсти зуҳравӣ САЛОҲИДДИН ИЛЁСОВ андӯҳгин буда, дар чунин рӯзҳои вазнин аз даргоҳи Илоҳӣ ба наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.
Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. Телефонҳо: (8 34 62) 2-49-73; 2-44-57. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 17. 11. 2020. Адади нашр 4150. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Акмалхӯҷа АКРАМОВ, Тайибахон МАҲМУДОВА. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________