Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 36 (9451) *** Чоршанбе, 21. 09. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Гуфтугӯи телефонии президентҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд. 18-уми сентябр суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин доир гардид. Дар ҷараёни суҳбат сарони ду давлат дар идомаи муколамаи мунтазами худ ҷанбаҳои алоҳидаи мубрами муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегиро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамзамон бо вазъи дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон баамаломада масъалаҳои рушди вазъият дар Осиёи Марказӣ низ дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт. Ҳамчунин, дигар ҷанбаҳои таъмини амнияти минтақавӣ, аз ҷумла қазияи Афғонистон, баррасӣ гардиданд. Президентҳо ҳамзамон ҷадвали корӣ ва масъалаҳои рӯзномаи чорабиниҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи дарпешистодаро мавриди муҳокима қарор доданд. ДУШАНБЕ, 16.09.2022. /АМИТ «Ховар»/. 16 сентябри соли 2022, тахминан соати 04:50-и субҳ, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кӯлканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Новобаста аз он ки соати 06:30 дақиқаи субҳ ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Ҷумҳурии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд.
қарор додаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Аз тарафи мақомоти марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба, соатҳои 06:30 ва 07:30 дақиқа иқдоми якҷонибаи оташбас амалӣ шуда, роҳандозии гуфтушунид пешниҳод гардид, аммо хизматчиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ин пешниҳодотро нодида гирифтанд ва аз ҳама намуди силоҳҳои инфиродӣ, гурӯҳӣ ва техникаи ҳарбӣ нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистонро зери оташи шадид қарор доданд. Хизматчиёни воҳидҳои таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон дар маҳаллаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лаккони шаҳри Исфара ба хонаҳои сокинони осоишта ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом дода, манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро оташ заданд. Айни замон, талошҳои ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият, бо сабаби ба инобат гирифта нашудани пешниҳодоти гуфтушунидҳои сулҳомез аз тарафи низомиёни Қирғизистон, натиҷаи мусбат надода истодаанд.
***
***
ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати соати «Ховар»/. Кӯшишҳои ҷониби 10:00-и 16 сентябри соли 2022 Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол дар тамоми самтҳои Сарҳади овардани вазъият дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон давлатии ҶТ ва ҶҚ то соати бо Ҷумҳурии Қирғизистон 11:10-и 16 сентябри соли 2022 муноқишаҳои мусаллаҳона идома натиҷа надода истодаанд, зеро дошта, қувваҳои низомии кишвари тарафи Қирғизистон муноқишаҳои ҳамсоя аз тамоми намуди мусаллаҳонаро идома дода, силоҳҳои вазнину оташфишони аз роҳи ҳалли қазия тариқи дар ихтиёрашон қарордошта гуфтушунид сарпечӣ мекунад. деҳаҳои наздисарҳадии Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва дар маркази матбуоти Қӯшунҳои хонаҳои истиқоматкунандагонро сарҳадии Кумитаи давлатии таҳти гулӯлаандозӣ ва тирпарронӣ амнияти миллии Ҷумҳурии
Тоҷикистон хабар доданд. «Ду маротиба ба оташбаси якҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомиёни қирғиз бо оташкушоии пуршиддат аз тамоми намудҳои силоҳ ҷониби нуқтаҳои аҳолинишин посух доданд», омадааст дар иттилоия. Ба замми ин, ҷониби Қирғизистон тавассути шабакаҳои интернетӣ дар идомаи муноқиша Ҷумҳурии Тоҷикистонро гунаҳкор карданӣ мешавад, ки асоси воқеӣ надорад. Онҳо бо роҳи иғво дар расонаҳои қирғизӣ хабари истифода шудани ҷангиёни ришдорро бо либоси сиёҳпӯши бенишон паҳн кардаанд, ки аз ҳақиқат дур аст. Маҳз аз тарафи низомиёни қирғиз воҳидҳои таъйиноти махсус истифода шуда истодаанд, ки далели собитгардида мебошад. Маълумоти иғвоангезе, ки аз ҷониби Қирғизистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардида истодаанд, мақсаднок ба мураккабтар намудани вазъият дар хатти сарҳади давлатии ду кишвар нигаронида шудаанд. Тоҷикистон ҷонибдори тариқи гуфтушунид ва бо роҳҳои дипломатӣ ҳал намудани муноқишаи сарҳадӣ буд ва дар ҳамин мавқеъ устувор боқӣ мемонад.
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
ба самти минтақаҳои ОвчиҚалъачаи ноҳия Б.Ғафуров, Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара аз силоҳҳои гурӯҳӣ ва техникаҳои ҳарбӣ тирпаррониро дубора оғоз *** карданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти ДУШАНБЕ, 16.09.2022 /АМИТ Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи «Ховар»/. 16 сентябри соли 2022 давлатии амнияти миллии соати 14:00 ҷиҳати ба эътидол Тоҷикистон хабар доданд. овардани вазъият дар хатти Тарафи Қирғизистон қувва ва Cарҳади давлатии Ҷумҳурии воситаҳои иловагии низомиро Тоҷикистон ва Ҷумҳурии аз маркази ноҳияи Боткени ҶҚ Қирғизистон дар ННГС Равоти ба минтақаҳои наздисарҳадӣ шаҳри Конибодом вохӯрии интиқол дода истодааст. ҳайатҳои ду ҷониб таҳти роҳбарии Боиси нигаронист, ки ҷониби Раиси КДАМ ҶТ Ятимов Саймумин Қирғизистон бо истифода Сатторович ва Раиси КДАМ ҶҚ аз чархболҳои ҳарбӣ ва Ташиев Қамчибек Кидиршаевич ҳавопаймоҳои бесарнишини баргузор гардид. Дар ин бора зарбазананда манзилҳои ба АМИТ «Ховар» дар маркази истиқоматии шаҳрвандон ва матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии иншооти мулкии Тоҷикистонро Кумитаи давлатии амнияти мавриди ҳамла қарор дода миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст. хабар доданд. Дар ҷараёни мулоқот роҳбарони *** ҳайатҳо ба мувофиқа омаданд, ки шуруъ аз соати 14:30 ҳамин рӯз ДУШАНБЕ, 17.09.2022 /АМИТ оташбас эълон карда мешавад. «Ховар»/. Ба ҳолати 10:00-и Бо мақсади ба эътидол овардани 17 сентябри соли 2022, вазъият вазъият ва таъмини риояи дар хатти Cарҳади давлатии талаботи санади оташбас аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии ҳисоби ҳайати роҳбарикунандаи Қирғизистон нисбатан муътадил сохторҳои қудратии ду кишвар арзёбӣ мегардад. Вале дар гурӯҳи кории муштарак ташкил мавридҳои алоҳида аз ҷониби карда шуд. Айни ҳол, вазъият низомиёни Қирғизистон талаботи дар хатти сарҳад нисбатан ором созиши оташбас вайрон карда мебошад. мешавад. Дар ин бора ба АМИТ Аз ҷониби ҚС КДАМ ҶТ вазъият «Ховар» дар маркази матбуоти дар хатти сарҳади давлатии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи Тоҷикистон бо Қирғизистон пурра давлатии амнияти миллии таҳти назорат гирифта шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. *** Чунончӣ, аз самти маҳаллаҳои Самарқандак ва Коктоши ноҳияи ДУШАНБЕ, 16.09.2022. / Боткен ҷониби мавзеъҳои АМИТ «Ховар»/. Новобаста аз наздимарзии Ҷумҳурии баргузории вохӯрии роҳбарони Тоҷикистон аз силоҳҳои гурӯҳӣ сохторҳои аввали мақомоти тирпарронӣ сурат мегирад. ҳифзи ҳуқуқ ва эълон намудани Ҳамзамон бо ин, ҷобаҷокунии оташбас, бо гузашти якуним соат, қувва ва воситаҳои иловагии ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон
ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон дар хатти сарҳад ва мустаҳкамкунии мавқеъҳои ҷангӣ мушоҳида мегардад, ки аз омодагӣ ба амалҳои навбатии иғвоангезонаи низомиёни қирғиз ҷиҳати ноором кардани вазъият шаҳодат медиҳад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори барқарор намудани амну субот дар марзи ду кишвари ҳамҷавор буда, тамоми талошҳоро барои баргузор намудани гуфтушунидҳо ва ҳал намудани муноқиша бо роҳҳои дипломатӣ равона намудааст. *** ДУШАНБЕ, 17.09.2022. / АМИТ «Ховар»/. Соати 07:30-и 17 сентябри соли 2022 вобаста ба иҷро намудани шартҳои оташбаси эълоншуда вохӯрии Фармондеҳони Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ду ҷониб масъалаҳои ба эътидол овардани вазъият, ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагиро баррасӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Вале новобаста аз мувофиқаи бадастомада, соати 11:10-и имрӯз командири қисми ҳарбии 707-и ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, ки дар бинои собиқ мактаби ба номи Ш. Ғании деҳаи Коктоши ноҳияи Боткен қароргоҳ дорад, бар хилофи талаботи созиши оташбас, худсарона, барои зери тирборон қарор додани дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Отряди сарҳадии «Исфара» ва маҳаллаи (Давомаш дар саҳ.2).
2
"Насими ИСФАРА"
(Аввалаш дар саҳ.1).
«Сомониён»-и шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми намуди силоҳҳо амр додааст. Ҳолати мазкур аз он гувоҳӣ медиҳад, ки фармондеҳони алоҳида ба ситоди марказии Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон итоат намекунанд. Илова бар ин, соати 11:50-и ҳамин рӯз Қувваҳои мусаллаҳи Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди аслиҳаи вазнини ҷангӣ ҷониби дидбонгоҳи сарҳадии «Сарҳадчӣ»-и Отряди сарҳадии «Лахш»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд.
21 сентябри соли 2022
№ 36 (9451)
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
*** ДУШАНБЕ, 17.09.2022 / АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои низомии Ҷумҳурии Қирғизистон шарту талаботҳои оташбаси эълоншударо нодида гирифта, 17 сентябри соли 2022, соати 11:50 аз мавқеи ноҳияи Ҷонолойи вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон ҷониби хонаҳои сокинони деҳаи Тоҷварони ҷамоати Сайлиободи ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон аз техникаи ҷангии “Град” оташ кушоданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа 4 сокини деҳаи мазкур захмдор шуда, 3 манзили истиқоматӣ хароб гардиданд. Соати 14:30-и ҳамин рӯз вохӯрии намояндагони ниҳодҳои марбутаи ду кишвар баргузор гардида, тарафҳо оиди оташбас ва ба эътидол овардани вазъият мувофиқа намуданд. «Аммо соати 17:20 ва такроран соати 18:10 сарҳадбонони Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона аз тамоми намуди силоҳи оташфишони вазнин, гурӯҳӣ ва техникаи ҷангии “Град” ҷониби нуқтаҳои аҳолинишини ноҳияи Лахши Ҷумҳурии Тоҷикистон оташ кушоданд», омадааст дар иттилоия. Соати 19:00-и бегоҳ ду ҷониб оид ба оташбаси навбатӣ ба созиш расиданд. Аммо вазъият дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи мазкур мураккаб боқӣ мемонад. *** ДУШАНБЕ, 18.09.2022 / АМИТ «Ховар»/. Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастгирии дигар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи ҶҚ 14 сентябр, соати 07:15 бе ягон сабаб нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти таҷовузкоронаи мусаллаҳона анҷом доданд. Дар натиҷаи
амалҳои душманона, аз ҷумла тирборон кардани мавқеи посгоҳи «Кех»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз миномёт, пулемёт ва дигар аслиҳаи оташфишон ду нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардиданд. Дар ин бора дар иттилоияе, ки дар саҳифаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Facebook нашр шудааст, гуфта мешавад. Ғайр аз ин, аз ҷониби Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаҳои сарҳадӣ интиқол дода шуданд. Худи ҳамон рӯз, тахминан соати 14:10, баъди эълони оташбас, низомиёни Қирғизистон бо истифода аз силоҳи гурӯҳӣ ба маҳаллаҳои аҳолинишини Лангар ва Сари Бозор ҳамла карданд. Илова бар ин, ҳангоми тирборон кардани бинои мактаби таҳсилоти умумии рақами 47-и ҷамоати Чоркӯҳ хонандагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ ҷароҳат бардоштаанд. Новобаста аз тавофуқи бадастомада оид ба эътидол овардани вазъ ва ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагӣ, 16 сентябр соати 04:50 низомиёни қирғиз бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Кормандони низомии Ҷумҳурии Қирғизистон бо истифода аз техникаи ҳарбӣ деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кӯлканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд. Аз ҷумла, маҳаллаҳои аҳолинишини деҳаи
Чорқишлоқи шаҳри Исфара бо истифода аз БМП ва БТР тирборон карда шуданд. Худи ҳамон рӯз тахминан соати 06:30 низомиёни таъйиноти махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳудуди деҳаи Боғдории ҷамоати Чилгазии шаҳри Исфара ворид шуда, 16 манзили сокинони маҳаллиро оташ заданд ва дуздиву ғоратгарӣ карданд. Ғайриқонунӣ ба хонаи пиразан даромада, ӯро бо бераҳмии махсус куштанд. Ҳамчунин иншооти инфрасохтори шаҳрвандӣ зери ҳамлаҳои мақсадноки хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон қарор гирифтанд. Хатти интиқоли неруи барқи «Шӯроб» вайрон шуд, пули деҳаи Чорқишлоқ мавриди ҳамла қарор гирифт ва дар маҳаллаҳои аҳолинишини Боғистон ва Лаккони шаҳри Исфара хонаҳои шаҳрвандон ва иншооти ёрирасон ба таври оммавӣ оташ зада шуданд. Бар асари оташи низомиёни Қирғизистон дар ҷамоати Чоркӯҳ панҷ узви як хонавода, аз ҷумла як духтарчаи 6-сола, як писарчаи 5-сола ва як зани ҳаштмоҳа ҳомиладор кушта шуданд. Аз соати 07:30 ҷониби Қирғизистон дар тамоми хатти сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон оташ кушод. Дар деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷ.Расулов ҳамлаҳои оммавӣ бо истифода аз аслиҳаи вазнин ба маҳалҳои аҳолинишин ба қайд гирифта шуд. Дар ин самт ҚМ ҶҚ 20 адад мошинҳои зиреҳпӯши вазнин, ки пешакӣ барои ҳамлаи мусаллаҳона ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар карда шуда буданд, истифода карданд. Бинои мактаби миёнаи деҳаи Боғистони шаҳри Исфара тирборон карда шуд. Дар деҳаи
Дар натиҷа зери роҳбарии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев комиссияи муштарак ташкил гардид. Вазифаи асосии комиссияи муштарак назорати риояи оташбас дар минтақаҳои наздисарҳадӣ буда, комиссия кори худро оғоз намуд. ***
Боғистони Исфара бар асари оташи 8 танк ва 2 БТР 8 хона хароб ва сӯзонда шуданд. Ҳамзамон, манзилҳои мардуми осоиштаи деҳаи Сомониён аз ҷониби 10 БРДМ-и ҚМ ҶК мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Илова бар ин, тахминан соати 07:35, 16 сентябри соли 2022, дар натиҷаи ҳамлаи миномётии ҷониби Қирғизистон ба маҳаллаи аҳолинишини ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров ду зани соли таваллудашон 1948 ва 1962 кушта шудаанд ва 5 нафар аъзои оилаи онҳо, аз ҷумла ноболиғон ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд. Бо вуҷуди талошҳои чандинкаратаи ҷониби Тоҷикистон барои расидан ба оташбас ва азсаргирии музокироти сулҳ, ҷониби Қирғизистон тирборони маҳалҳои аҳолинишини шаҳри Исфара ва ҳамчунин ҳудудҳои ноҳияҳои Б.Ғафуров ва Ҷ.Расуловро идома дод. 16 сентябри соли 2022, тахминан соати 19:10, баъди эълони оташбас, низомиёни қирғиз ба сӯи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25-и ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара дубора оташ кушоданд, ки дар натиҷа ба муассисаи таълимии мазкур зарари калони моддӣ расонида шуд. Ҳамчунин, ҳангоми тирпарронии ҷониби Қирғизистон бинои мактаби таҳсилоти умумии №64-и ҷамоати мазкур пурра сӯхт. Бар хилофи принсипҳои умумэътирофи инсондӯстӣ ва бар хилофи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстона низомиёни Қирғизистон бо истифода аз мошинҳои зиреҳпӯш мошини ёрии таъҷилиро дар деҳаи Чорқишлоқи ҷамоати Зумради Исфара, ки ҳомили сокинони осоиштаи маҷруҳ буд, зери тирборон қарор доданд. Бар асари ин ҳамла панҷ узви як хонавода, аз ҷумла ду кӯдак — Асмоа, соли таваллудаш 11 июли соли 2016 ва Имрон, соли таваллудаш 5 декабри соли 2017, фелдшери ёрии таъҷилӣ ва ронанда кушта шуданд. Ба ҷуз аз мошинҳои зиреҳпӯши вазнин, пас аз имзои Протоколи №41 аз 16 сентябри соли 2022 дар бораи эълони оташбас аз соати 16:00-и ҳамон рӯз байни роҳбарони ду комиссия - Ятимов С.С. ва Ташиев Қ.Қ., ҷониби Қирғизистон ҳангоми ҳамла аз чархболҳои ҷангӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини зарбазананда (БПЛА) истифода кард. Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавопаймои бесарнишини ҷониби Қирғизистон ба бинои мактаби
аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон таҳти роҳбарии раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев ва дар ҳайати роҳбарони мақомоти қудратӣ барои риояи ҳатмии Субҳи рӯзи 17-уми сентябр дар оташбас таъкид карданд. Дар рафти мулоқот фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" комиссияи муштарак оид ба муназзами комиссияи муштарак эътидол овардани вазъ дар барои назорати риояи оташбас минтақаҳои наздисарҳадии дар минтақаи марзӣ муҳим арзёбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии гардида, вазъ таҳти назорати Қирғизистон ба кори худ идома ҷонибҳо қарор дорад. Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии дод. Гурӯҳи корӣ аз ҷониби Ҷумҳурии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмоналӣ ва Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Раҷабалӣ вилояти Суғд ва дар ҳайати Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии роҳбарони мақомоти қудратӣ ва КДАМ Ҷумҳурии Қирғизистон
Ташкили комиссияи муштарак
Дар музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, ки нимаи дуюми 16 сентябр таҳти роҳбарии Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Тошиев доир шуд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои назорати риояи оташбас дар минтақаҳои марзӣ комиссияи муштарак ташкил карда шавад.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем, Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем. рақами 8-и ҷамоати ОвчиҚалъачаи ноҳияи Б.Ғафуров 6 нафар сокинони осоишта ва бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба масҷиди ҳамин ҷамоат 12 нафар кушта шуда, беш аз 20 нафар, аз ҷумла як кӯдаки ҳафтсола ҷароҳат бардоштанд. *** ДУШАНБЕ, 18.09.2022 / АМИТ «Ховар»/. Хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон бо идома додани амалҳои иғвоангезона ва таҷовузгаронаи худ нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон субҳи 17 сентябр боз талаботи созиши оташбасро вайрон намуда, ҷамоати Чоркӯҳ ва қитъаи шоҳроҳи Чорқишлоқи ҷамоати Зумради шаҳри Исфараро аз миномёт тирборон карданд. Дар ин бора дар иттилоияе, ки дар саҳифаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Facebook нашр гардидааст, гуфта мешавад. Соати 11:10-и рӯз низомиёни қисми ҳарбии 707-и ВКД Қирғизистон бо истифода аз ҳама намуди силоҳ ба самти дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии «Исфара» оташ кушоданд. Неруҳои воҳидҳои махсуси Қирғизистон деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфараро тирборон карданд. Соати 11:50 низомиёни қирғиз бо истифода аз системаҳои мушакӣ деҳаи Тоҷварони ноҳияи Лахши Тоҷикистонро тирборон карданд. Бар асари ин ҳамла чанд сокини осоишта, аз ҷумла занону кӯдакон ҷароҳат бардошта, 3 бинои истиқоматӣ хароб карда шуданд. Бояд тазаккур дод, ки дар ин минтақа ягон ҳодисаи муноқиша ба қайд гирифта нашудааст ва тамаркузи неруву воситаҳои ҷониби Қирғизистон дар ин минтақа бо назардошти мураккабии релеф зиёда аз як ҳафтаро тақозо мекунад. Дар давоми рӯз низомиёни Қирғизистон бо истифода аз системаҳои мушакӣ се маротиба ба мавзеъҳои аҳолинишини минтақаи марзии ноҳияи Лахш ҳамла карданд. Мактаби рақами 15-и деҳаи Тоҷварон мавриди ҳамла қарор гирифта, дар натиҷаи он 3 нафар хонандагон ҷароҳат бардоштаанд. Ҷониби Қирғизистон рӯзҳои охир ба хотири эҷоди симои «таҷовузкор» дар тимсоли ҳамсояи худ аз дурӯғу иғвоҳои рӯирост худдорӣ накарда, маъракаи иттилоотиро нисбат ба Тоҷикистон идома медиҳад ва бо ин васила ташаннуҷро дар манотиқи сарҳадӣ афзоиш медиҳад. 17 сентябр дар паёми худ ба мардум Президенти Қирғизистон дар робита ба Тоҷикистон вожаи «душман»-ро ба кор бурд, ки ба рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ мувофиқат намекунад. Уларбек Шаршеев низ дар марз қарор доранд. Фармондеҳон дар суҳбат масъалаҳои ба эътидол овардани вазъият, ба мавқеъҳои аввалаи худ баргардонидани қувваю воситаҳои иловагиро баррасӣ намуданд. *** 18 сентябр низ мулоқоти навбатӣ баргузор гардида, ба мувофиқа расиданд, ки роҳҳо барои рафтуомад кушода шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардад. Худи ҳамон рӯз роҳ ба самти Ҷамоати деҳоти Ворух боз шуд.
3
"Насими ИСФАРА"
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд
16 сентябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуданд.
С
21 сентябри соли 2022 18 сентябр раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Фармондеҳи Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҷароҳатбардоштагони муноқишаҳои ахири марзиро аёдат намуданд.
=МАВҚЕЪ=
№ 36 (9451)
Аёдати зарардидагони даргириҳо
гарму ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд. Афсарону сарбозони тоҷик бо баҳои ҷони худ марзу буми Ватанро аз ҳуҷуми мусаллаҳонаву аҳдшиканона ҳимоят карда, бо азхудгузаштагӣ қаҳрамонӣ нишон додаанд. Дар натиҷаи ҳуҷуми таҷовузкоронаи низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон чанде аз афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ, ки ҷароҳат гирифта буданд, ба табобат фаро гирифта шуданд. Вазъи зарардидагон таҳти назорати шабонарӯзии кормандони соҳаи тиб қарор дорад.
З
имни аёдати захмиёни даргирии охир иттилоъ дода шуд, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табобати сокинони зарардида табибони варзидаи вилоят ҷалб гардида, беморон бо доруворӣ ва хӯроки
Аксҳо аз минтақаҳои наздисарҳадии Исфарамарз бори дигар собит менамояд, ки қувваҳои низомии кишвари ҳамсоя аз тамоми намуди Дар натиҷаи ҳуҷуми силоҳҳои вазнину оташфишони таҷовузкоронаи дар ихтиёрашон қарордошта низомиёни Ҷумҳурии деҳаҳои наздисарҳадии Қирғизистон дар Исфара Тоҷикистон, иншооти мулкӣ ва иншооти гуногун, хонаҳои истиқоматкунандагонро аз ҷумла манзили таҳти тирборон қарор додаву истиқоматии шаҳрвандон оташ задаанд. зарар дидаву хароб Аз созмонҳои байналмилалӣ гардидааст. ва таҳлилгарону коршиносони сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ йни замон аз ҷониби даъват карда мешавад, ки мақомоти марбута зери таъсири иғвою дасисаҳо барои муайянсозии хисорот ва дурӯғпарокании дастгоҳҳои гурӯҳи корӣ ташкил шуда, таблиғотии кишвари ҳамсоя теъдоди иншоот ва манзилҳои намонда, ҳодисаҳои ахирро бо истиқоматии зарардида дақиқ чашми ҳақбин ва аз рӯи воқеият карда мешавад. баҳогузорӣ намоянд.
Оқибатҳои ҳуҷуми низомиёни Қирғизистон
арони давлатҳо вазъ дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистонро баррасӣ карданд. Президентҳо дар бораи таъсиси комиссия оид ба таҳқиқи сабабҳои ҳодисаи мусаллаҳона ба мувофиқа расиданд ва ба ҳамраисони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ дастур доданд, ки фаъолияти он, аз ҷумла фаъолияти гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ, фаъол гардонида шавад. Сарони давлатҳо изҳори мавқеи ҳамсон намуданд, ки ҳамаи масъалаҳои бамиёномада бояд танҳо бо роҳи сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шаванд.
Имзои протокол
А
Хиҷолат
=ба поси хотири шаҳидони Ватан= Абри борандаи шаҳидонам, Ҳузногандаи шаҳидонам. Мурғи рӯҳи ҷавонашон пар зад, Пири паркандаи шаҳидонам. Аз миллату аз забони худ ёд кунед, Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед. То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли Шумо, Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.
Санаи 19 сентябр дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" мулоқоти Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид.
Д
ар музокирот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Вазири корҳои дохилии мамлакат Рамазон Раҳимзода, Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд, раиси вилояти Ботканд Абдукарим Алимбаев ва сохторҳои низомии Қирғизистон иштирок доштанд. Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмии оташбас таъкид намуданд. Таъкид гардид, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хосса қарор дода шуда, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад. Аз ҷониби раисони КДАМ-и ду кишвар ҳамзамон протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида шуда, амнияти сокинон таъмин карда мешавад. www.sugd.tj
Модар - Ватан садоест, ки аз алфоз парвоз намуда, ширин ба қалбҳо маъво мегирад. Шинохти Ватан Модар парастидани ӯ аз худшиносӣ оғоз мешавад, ки решааш забон аст. Забон ифодагари доштани модару Ватан аст. Барои асли худро шинохтан бояд забонамонро хуб бидонем. Зеро тавассути забон маҷмуи калимаву ибораҳо, ҷумлаву гуфтаҳо эътиқоду андешаҳо, абёзи осорҳо рӯи қоғазҳо рехтанд, агар норехта монда бошанд, даҳон ба даҳон то ба имрӯз расидаанд. Дар дунё қавмҳое зиндагӣ доранд, ки ба ҷуз осори шифоӣ мероси дигаре надоранд. Дилбохтагиву дилбастагӣ ба забон ин пайванд ба таърих, одоб, русуми мардуми сарзамини аҷдодӣ аст. Ҳифзи забон - дифоъ аз осори адабӣ, илмӣ, тарбияи миллӣ ва маърифати шаҳрвандӣ. Имрӯз ҳама чиз дар дарёи ҷаҳонишавӣ шино мекунаду дар меҳвари он инсон қарор дорад. Ҳама паи омӯзиши забонҳои хориҷианд, ин хеле хуб аст, лекин забони модарии худро ба гӯшаи фаромушӣ ниҳодан, ин аз асли худ дур шудан аст. Кунун мардум ба Россияву Аврупо ва дигар кишварҳо на танҳо барои саёҳат, балки инчунин бо нияти дарёфти кор
Меҳри Меҳан хурӯҷи вулқон аст, Ишқи таркандаи шаҳидонам. Сарбаландона ҷон фидо карданд, Ман сарафкандаи шаҳидонам. Гиряро, гиряро кунам хомӯш, Маҳви лабхандаи шаҳидонам. Мекунам бар хиҷолатам иқрор, Шоҳиди зиндаи шаҳидонам.
Нарзулло АЗИЗИЁН.
Нуқтаи назар
Дунёи кӯдаконро тоҷикӣ бунёд кунед
ва идомаи зиндагӣ сафар мекунанд. Тибқи Конститутсия албатта, онҳо ин ҳуқуқро доранд, аммо фаромӯш кардани лафзи модарӣ ва гум кардани ҳисси ватанпарастӣ дуруст нест. Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ иброз намуданд “Забономӯзӣ бояд дар доира ва заминаи забони тоҷикӣ, яъне бар пояи меъёрҳои забони модарӣ ва риояи хусусиятҳои он ҷараён гирад”. Ба хотири арҷгузориву посдории забони тоҷикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри 2009 Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ҷиҳати таҳкими бештар бахшидан ба мақоми забон 28 ноябри соли 2020 Қарор дар бораи “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030”-ро тасдиқ намуд. Ин барои дурнамои рушди сиёсати забони давлатӣ дар ҷомеа заминаҳои мусоид фароҳам овард. Замони Шӯравӣ тамоми ҳуҷҷатнигорӣ бо забони русӣ сурат мегирифт ва ин натанҳо ба одамони одӣ, балки ба зиёиён низ дар масъалаи корҳои эҷодӣ
душвориҳои муайянро пеш меовард. Имрӯзҳо бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифтаву покизагии забони модариамонро то андозае кафолат медиҳад. Аммо ҳанӯз ҳам дар забони гуфтугӯии мо калимаҳо аз забонҳои ғайр зиёд истифода бурда мешаванд, ки ин ҷо ҳоҷат ба мисол овардан нест. Зуҳуроти дигари номатлуби ҷомеаи имрӯзаи мо боз дар алфози кӯдакони муҳоҷирони меҳнатии хориҷии тоҷик дида мешавад. Бархе аз фарзандони муҳоҷирон алъон дар хона ҳатто бо падару модари тоҷикашон бо забони ғайр муошират мекунанд, ки бисёр нигаронкунанда аст. Омӯзгори нахустин ин модар ва мактаби нахустин ин оила аст. Аз ин хотир, биёед хишти аввалро дар омӯзиши забон каҷ наниҳем, дунёи кӯдакони худро сарфи назар аз макони будубош бо забони тоҷикӣ бунёд кунем. Б. МУРТАЗОЕВА, сардори бахши идоракунии сифати таълим дар Коллеҷи тиббӣ.
4
"Насими ИСФАРА"
21 сентября 2022 года
№ 36 (9451)
«Войны и притеснения составляют величайшее зло на свете". П.СЦЕГЕННЫЙ
Информационное сообщение о ситуации на таджикско-кыргызской границе 1. Пограничные войска Государственного комитета национальной безопасности Кыргызской Республики при поддержке других формирований Вооружённых сил КР 14 сентября в 7 часов 15 минут, без какихлибо причин, совершили акт вооружённой агрессии в отношении Республики Таджикистан. В результате враждебных действий, в том числе обстрела позиций поста Кех Пограничных войск ГКНБ РТ с применением миномётов, пулемётов и другого стрелкового оружия, погибли два военнослужащих ВС РТ.
КР совершили вооружённое нападение на населённые пункты Ходжаи Аъло, Куммазор, Сурх, Сомониён, Кулканд города Исфары, Хистеварз и ОвчиКалъача Бободжон Гафуровского района с применением боевой техники. В частности, жилые районы села Чоркишлок г.Исфара подверглись массированному обстрелу из БМП и БТР. 5. Примерно в 06:30 часов того же дня военнослужащие спецподразделений Кыргызской Республики, вторгаясь на территорию села Богдори, джамоата Чилгази, города Исфара сожгли 16 домов местных жителей, занимались там грабежами и мародёрством. Незаконно проникнув в дом пожилой женщины убили ее с особой жестокостью.
КР использовали 20 единиц тяжёлой бронетехники, заранее передислоцированных для вооружённого вторжения на территорию РТ. Обстрелу подверглось здание общеобразовательной школы села Богистон г.Исфара. Огнём 8 танков и 2 БТР уничтожены и сожжены 8 домов в селе Богистон г.Исфара. Одновременно с этим, дома мирных жителей села Сомониён подверглись массированному обстрелу 10 БРДМ ВС КР.
8. Кроме того, примерно в 07:35, 16.09.2022 в результате миномётного обстрела с кыргызской стороны по населённому пункту джамоата Хистеварз, Б.Гафуровского района погибли две женщины 1948 и 1962 года рождения, а также получили ранения различной 2. Одновременно с 6. Целенаправленным атакам степени пятеро членов их семьи, провокационными действиями, военнослужащих КР подверглись в том числе несовершеннолетние. кыргызской стороной объекты Несмотря на неоднократные гражданской осуществлена переброска инфраструктуры. Повреждена попытки таджикской стороны дополнительных сил и тяжёлой ЛЭП «Шуроб», атакован мост добиться прекращения огня техники к приграничным районам. в селе Чоркишлок, совершены и возобновления мирных массовые поджоги домов мирных переговоров кыргызская сторона 3. В этот же день, примерно в жителей и вспомогательных продолжала обстрел населённых 14:10 часов, после объявления сооружений в населённых пунктах пунктов города Исфара, а также режима о прекращении огня Богистон и Лакон г.Исфара. Огнём территории Б.Гафуровского и кыргызские военнослужащие кыргызских военных в джамоате Дж.Расуловского районов. с использованием группового Чоркух убиты 5 членов одной оружия атаковали населённые семьи, в том числе 6 летняя 9. 16.09.2022, примерно в пункты Лангар и Сари Бозор. К девочка, 5 летний мальчик и 19:10 часов, после объявления тому же, при обстреле здания женщина на восьмом месяце перемирия кыргызские средней школы №47 джамоата беременности. военнослужащие вновь открыли Чоркух пострадали учащиеся и огонь по средней школе N25 преподаватели данного учебного 7. С 07 часов 30 джамоата Чоркух города Исфара, заведения. минут кыргызская сторона в результате чего данному открыла огонь по всей линии учебному заведению был нанесён 4. Несмотря на договорённость о таджикско-кыргызской границы. значительный материальный де-эскалации обстановки и отводе Массированные обстрелы ущерб. Также в ходе обстрела с дополнительных сил, 16 сентября тяжёлым вооружением кыргызской стороны полностью в 04 часа 50 минут кыргызскими по населённым пунктам сожжено здание средней школы военнослужащими начат обстрел зафиксированы в селе Маданият №64 указанного джамоата. погранзаставы «Душанбе» Дж.Расуловского района. На с применением тяжелого данном 10. Вопреки общепринятым направлении ВС вооружения. Военнослужащие принципам гуманизма и в
Баёни меҳр
Арзи сипос ба табиб
Табиатан одами чандон ба дард сабук нестам. Ба духтурон хеле кам муроҷиат мекунам. Саъй дорам аз истеъмоли дорую давоҳои дар таркибашон моддаҳои кимиёвӣ дошта парҳез намоям. Мабодо, агар бемор шавам, бештар тавассути усулҳои бобоӣ - маҳс ва гиёҳу растаниҳо худро муолиҷа мекунам. Аммо ин навбат аз зӯрии чандкаратаи дард ва парешонӣ тамоми якравию меъёргузориҳои боло дар назарам аз аблаҳие беш натофт. Назди духтур рафтам, назди духтури уролог Ҷамшедҷон
Каримов. Аз муомилаи нарму нигоҳҳои тасаллибахш ва пурсишҳои пухта ва муоинаву ташхиси дақиқи духтур фаҳмидам, ки ӯ таҷрибаи ғании табибӣ дорад. Хулоса, дар шуъбаи урологияи Беморхонаи марказии шаҳр бистарӣ шудаму дар муддати кӯтоҳ ба туфайли маҳорати баланди касбии Ҷамшедҷон Каримов ва ҳамкоронаш на танҳо аз дарду парешонӣ, балки аз эҳтимолияти хурӯҷи такрории беморӣ ҳам билкул раҳо ёфтам. Дарвоқеъ, духтури дараҷаи олӣ Ҷамшедҷон Каримов хатмкардаи мактаби миёнаи №55-и деҳаи Чилгазӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон буда, 18 сол инҷониб дар шуъбаи урологии Беморхонаи марказии
"Насими Исфара" Муассис: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №321/РЗ-97
шаҳри Исфара беморонро муваффақона табобат мекунад. Шуруъ аз 2018 сарварии шуъбаи урологии БМШ-ро бар уҳда дорад. Инчунин дар ин шуъба дар қатори дигар кормандон ҳамшираи калони шафқат Дилором Тӯхтаева бо суханони нарм ва меҳрубониҳо пайи табобати беморон мебошад. Муносибати хуби ин бонуи хилъати сафедпӯшида ба дилҳо дармон ва ба дардҳо даво мебахшад. Дар анҷом ба Ҷамшедҷон Каримов ва кулли кормандони шуъба барои масъулияти баланди касбӣ ва хизмати софдилонаву содиқона миннатдории самимии худро баён мекунам. Бигзор ҳеҷ гоҳ дасташон дард накунаду мудом сиҳатманду сарбаланд бошанд! Юсуфҷон ВАЛИЕВ, сокини деҳаи Чоркӯҳ.
Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Бобо Маҳкамов 63. Телефон: (8 34 62) 2-49-73. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
нарушение норм международного гуманитарного права, кыргызские военнослужащие обстреляли из бронетехники автомашину скорой помощи в селе Чоркишлок джамоата Зумрад, города Исфары, которая перевозила раненых мирных жителей. В результате данной атаки, погибли пятеро членов одной семьи, в том числе два ребёнка - Асмоа 11.07.2016 года рождения и Имрон 05.12.2017 года рождения, фельдшер скорой помощи и водитель.
«Душанбе» Пограничного отряда Исфары. Войсками специальных подразделений Кыргызстана обстреляно село Сомониён джамоата Чоркух города Исфары.
14. В 11:50 часов кыргызскими военнослужащими с применением реактивных систем залпового огня (РСЗО) обстреляно село Тоджварон Лахшского района Таджикистана. В результате этой атаки ранения получили несколько гражданских лиц, в том числе женщины и дети, а 11. Помимо тяжелой также уничтожено 3 жилых дома. бронетехники, после подписания Следует особо подчеркнуть, что протокола №41 от 16.09.2022 в данной местности не было года об объявлении прекращения зафиксировано конфликтных огня от 16:00 того же дня между случаев и сосредоточение сил руководителями двух комиссий и средств кыргызской стороны - Ятимовым С.С. и Ташиевым на данном участке, с учетом К.К., кыргызская сторона во сложности рельефа местности, время нападения использовала требует не одну неделю. В течение боевые вертолёты и ударные дня кыргызские военнослужащие беспилотные летательные трижды обстреляли населённые аппараты (БПЛА). В результате пункты в пограничной зоне ударами БПЛА с кыргызской Лахшского района с применением стороны по зданию школы №8 РСЗО. Атаке подверглась школа джамоата Овчи-Калъача района №15 села Тоджварон, в результате Б.Гафуров погибло 6 мирных которой ранения получили 3 жителей и атакой БПЛА по мечети ученика. в том же джамоате убито 12 и ранено более 20 мирных жителей, 15. В последние дни с в том числе семилетний ребёнок. целью создания образа “агрессора” в лице своего 12. Продолжая свои соседа, кыргызская сторона, не провокационные действия гнушаясь откровенной ложью и агрессию по отношению и инсинуациями, продолжает к Республике Таджикистан информационную кампанию кыргызские военные ранним против Таджикистана, тем утром 17 сентября в очередной самым нагнетая напряженность в раз нарушили режим прекращения приграничье. 17 сентября в своем огня и осуществили миномётный обращении к нации Президент обстрел джамоата Чоркух и Кыргызстана употребил слово участка автодороги Чоркишлок “враг” в отношении Таджикистана, джамоата Чоркух города Исфары. что не соответствует духу дружбы и добрососедства. 13. В 11:10 часов дня военнослужащие войсковой части https://t.me/s/mfa_tj 707 МВД Кыргызстана открыли огонь из всех видов вооружения по пограничной заставе
АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД Аттестати маълумоти миёнаи умумии Т-АТА № 444192, ки МТМУ № 14 солҳои таҳсили 1983-1984 ба Додобоева Кибриё Бозорбоевна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии А № 206183, ки МТМУ № 49 ба Мамадова Раҳнамо Умаровна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии А № 040302, ки МТМУ № 13 солҳои таҳсили 1989-1990 ба Камолова Замира Юлдошевна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи Т-АТУ №
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 20. 09. 2022. Адади нашр 4300. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
092366, ки МТМУ № 7 солҳои хониши 1990-1991 ба Марупова Гулсара Соҳибҷоновна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии №017204, ки МТМУ № 32 солҳои хониши 1962-1963 ба Мулоҷонова Мастурахон додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии Т-ШТУ № 0040990, ки МТМУ № 13 солҳои таҳсили 20052006 ба Шарипова Сурайёхон Султоновна додааст. *** Шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин дар шаҳри Исфара, ки дар китоби бақайдгирии КДФ БММҒ ба номи саҳмдор Ҳотамова Т. хоҷагии деҳқонии “Алибек” таҳти №14964, дараҷаи А №0514027 ҳамчун истифодаи хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________