Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
Оғози нашр 24/04/1932
НАСИМИ
***
ИСФАРА
№ 36 (9117) ***
Чоршанбе, 12 августи соли 2015
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Базмгохи "Чилгази"
Таҳти сарварии муовини аввали раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон як гурӯҳи босалоҳият ба шаҳри Исфара сафари корӣ анҷом дод.
Ҷ
Расм аз телевизиони Исфара
ойизи зикр аст, ки тадбири мазкур тибқи дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси мувофиқаи тарафайни роҳбарияти вилоятҳои Суғду Хатлон рӯйи кор омада, ҳадаф аз он густариши ҳамкориҳои судманди ноҳияҳои боғпарвари вилояти Хатлон бо корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзии Исфара мебошад. Гурӯҳи корӣ, ки ба ҳайати он раисони навоҳии боғпарвари Балҷувону Мӯъминобод ва Ховалингу Шӯробод, инчунин сардорони раёсатҳои кишоварзии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон шомил буданд, зимни ин сафар бо фаъолияти корхонаҳои коркард ва банду басти меваи хушки “Исфарафуд”, “Оро”, корхонаи истеҳсолӣ оид ба консерва ва нӯшобаҳои ҶДММ “Субҳи Ватан” аз наздик шинос гардида, ҷиҳати густаришбахшии ҳамкориҳо ва коркарди меваҳои боғоти вилояти Хатлон тавассути корхонаҳои коркарди шаҳри Исфара, ки аз лиҳози иқтисодӣ ба ҳар ду ҷониб манфиатовар аст, ба мувофиқа расиданд. Ҳайати меҳмонон ҳамзамон аз саҳроҳои кооперативи истеҳсолии “Кишоварзони Навгилем” дидан намуда, аз таҷрибаи ғании деҳқонони навгилемӣ баҳра бардоштанд. Бояд тазаккур дод, ки моҳи апрели соли ҷорӣ роҳбарияти корхонаҳои
Хамкории богдорони Хатлон бо корхонахои коркарди Исфара коркарди маҳсулоти кишоварзии шаҳри Исфара таҳти сарварии раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода ба ноҳияҳои боғпарвари вилояти Хатлон сафари корӣ доштанд. Дар натиҷа, бо хоҷагиҳои боғпарвари вилояти Хатлон ҷиҳати харидории мевагиҳо ва коркарди онҳо
шартномаю қарордодҳо баста шуда, зиёда аз 100 нафар соҳибкорони Исфара, ки дар самти тиҷорат бо меваи хушк сарукор доранд, имкон ёфтанд, ки дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон меваи зардолуро хушку ҷамъоварӣ намоянд.
Бехтарин суханвари чавони вилоят Дар озмуни вилоятии суханварони ҷавон, ки таҳти унвони «Ворисони Ҳамадонӣ» дар толори китобхонаи ба номи Тошхоҷа Асирии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, толибилми мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №19-и шаҳри Исфара Ҳадиятулло Мамадов дар байни 27 сабқаткунанда ба дарёфти мақоми аввал шарафёб гардид.
С
озмондеҳи озмуни мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳадаф аз баргузорсозии он баланд бардоштани маърифати фарҳангии ҷавонон ба воситаи қироати шеъру
ғазал, дарёфти истеъдодҳои нав аз ҳисоби ҷавононе, ки маҳорати хуби суханварӣ доранд ва бар ин васила омӯзишу таблиғи осори пурғановати адибони тоҷику форс, бедорсозии ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ дар ниҳоди насли ҷавон мебошад. Дар раванди озмун ҷавонони синну соли гуногун аз 14 шаҳру навоҳии вилоят, инчунин донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ва Донишгоҳи
давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳунарнамоӣ доштанд. Ҳадиятулло Мамадов суханварони ҷавони вилояти Суғдро дар озмуни ҷумҳуриявии “Ворисони Ҳамадонӣ”, ки моҳи октябри соли равон, дар толори КВД “Маркази ҷумҳуриявии фарҳангии ҷавонон "Ориёно”и шаҳри Душанбе баргузор мегардад, намояндагӣ ва муаррифӣ хоҳад кард.
Дар шаҳри Исфара ҷиҳати амалигардонии дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар самти саҳмгузории соҳибкорон дар ободии маҳалли зист бахшида ба 24 - солагии қабули Эъломия "Дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари деҳаи Чилгазӣ базмгоҳи зебову хушнамуди дигаре бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ бародарон Эшоновҳо мавриди истифода қарор дода шуд.
С
охтмончиёни ҳунарманди маҳаллӣ дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд, ки бинои замонавии дуошёнаи «Базмгоҳи Чилгазӣ»-ро бо харҷи 640 ҳазор сомонӣ бо тарҳу намуди муосир бунёд намоянд. Боиси қаноатмандист, ки ба шарофати ифтитоҳёбии иншооти мазкур 12 нафар сокинони деҳа соҳиби ҷои кори доимӣ гаштанд. Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир зимни каломи муборакбодӣ аз ҷумла тазаккур дод, ки дар давоми ду соли охир дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чилгазӣ 4 иншооти тозабунёд, аз ҷумла иншоотҳои аҳамияти истеҳсолию иҷтимоӣ дошта - корхонаи коркард ва банду басти меваи хушки «Саодат», варзишгоҳи замонавӣ барои 4 ҳазор тамошобин сохтаю ба истифода дода шуданд.
Тибқи дастури корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик» дар вилоят аз 10 август маъракаи обунашавӣ ба матбуоти даврии соли 2016 оғоз ёфт.
Мутобиқи нақша то рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ду иншооти муҳим - маркази таълимию истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва маркази байторӣ ифтитоҳ меёбад. Айни замон дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чилгазӣ сохтмони боз 5 иншооти нав идома дорад. Моҳе қабл ба корҳои сохтмонии бинои нави таълимии МТМУ № 55 барои 240 ҷойи хониш оғоз бахшида шуд. Шаҳрдори Исфара ҳамаи инро маҳсули ҳамкориҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо бахши хусусӣ арзёбӣ намуд. Шоистаи таҳсин аст, ки дар доираи чорабинии мазкур соҳибмулкони базмгоҳ хатнасури 4 нафар фарзандони деҳаро баргузор сохтанд.
Обуна ба соли 2016 огоз ёфт
Алҳол ба шаҳрвандон 17554 нусха рӯзномаву маҷаллаҳо дастрас гардида истодааст ино ба гуфти сардори маркази алоқаи ва итминон дорем, ки дар соли оянда маъпочтаи шаҳр, Аълочии матбуоти Ҷумҳу- рифатдӯстони Исфара ин нишондиҳандаро рии Тоҷикистон Саҳобахон Ҳусейнова дар 16 аз 20000 нусха мегузаронанд ва ҳамчунин нуқтаҳои шаҳру деҳот обуна бе маҳдудият бо дастгирии онҳо теъдоди "Насими Исфара" низ ба маротиб меафзояд. қабул карда мешавад.
Б
Н/И
Вокуниш
Рохравхо таъмир мешаванд Ба унвони идораи р=знома аз номи раиси жамъияти матлуботи шаьр А. Аброров мактуб ворид гардид, ки вокуниш ба маыолаи «Дакка нах=ру ыандата х=р!» («НИ» №35 аз 5.08.2015) буда, дар он аз жумла омадааст:
«Маыола дар мажлиси умумц муьокима карда шуд. Ыайд менамоем, ки бо сабаби аз тарафи соьибкорон бунёд шуда истодани иншоотьо дар пеши хонаи савдои «Исфара» роьравьои он таъмир нашудаанд. Ьоло
мутахассисони сохтмони ЖМШ вазифадор гардиданд, ки дар к=тоьтарин м=ьлат лоиьаи таъмири мавзеи зикршударо таьия намоянд. Баъди тасдиыи лоиьа роьравьои хонаи савдо пурра таъмир карда мешаванд.»