Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 35 (9450) *** Чоршанбе, 14. 09. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Мардуми фарҳангиву бунёдкори шаҳри Исфара ҷашни бузурги 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки барҳақ муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад, бо армуғонҳои шоиста истиқбол ва шукуҳи хосса таҷлил намуданд.
Таҷлили Истиқлоли давлатӣ дар Исфара
ҷолиби васфкунандаи сулҳу субот, ваҳдату сарҷамъӣ ва истиқлолияти милливу давлатӣ бо иштироки санъаткорони диёр лаззат бурданд. Дар раванди ҷамъомади ботантанаи идона арзишмандию аҳамияти бузургу тақдирсози Эъломия оид ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳму нақши сулҳоварӣ, мақому манзалати ваҳдатофарӣ ва хизматҳои бебаҳои Асосгузори ун ҳамешагӣ исфарагиён сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои ба идгоҳи асосӣ – гулбоғи миллат, Президенти мамлакат ба номи Сайфуддини Исфарангӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварда, аз намоиши ва дастовардҳои замони таому хуришҳои миллӣ, соҳибдавлатии кишвари ҳунарҳои мардумӣ, маҳсули соҳибистиқлоли мо зимни дасти пазандагону қаннодони муборакбодиҳои идонаи раиси моҳир, барномаи зебову шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода
ва муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода возеҳу равшан баён гардиданд. Тавре зикр гардид, маҳз азми устувор, ҷаҳду талоши пайвастаи Пешвои асили халқу миллат, сармеъмор ва мунодии сулҳу ваҳдат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи мардуми соҳибтамаддуни тоҷик буд, ки Созишномаи сулҳ сангарҳоро шикаст, кинаҳоро дур кард, захмҳоро шифо бахшид, мардуми тоҷикро ба гирди дастархони ваҳдат ҷамъ овард. Зимнан гуфта шуд, ки Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин неъмат, боарзиштарин муқаддасот ва бошукуҳтарин ҷашн ба ҳисоб меравад. Зеро он мояи
Қадршиносии хизматҳо
Дар рӯзи таҷлили солгарди навбатии қабули Эъломия оид ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба қисмҳои низомии мустақар дар шаҳри Исфара ташриф оварда, сарбозону афсарони шуҷои Ватанро ба ин муносибат муборакбод гуфт.
Ч
Дар арафаи таҷлили 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 нафар ҳамдиёронамон - Бобоиён Мадина Абдуяқинзода, Савриддин Раҷабов ва Абдубақо Амаков бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардонида шуданд.
Т
аъкид карда шуд, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвият бахшидани
ифтихори ҳар шаҳрванд буда, такондиҳандаи ғурури миллӣ, заминасози рушду такомул ва пойдевори мустаҳками ваҳдату якпорчагист. Истиқлолияти Тоҷикистон, пеш аз ҳама, дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдорӣ, сиёсати мустақилонаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат, вусъати худшиносиву худогоҳӣ ва талошу муборизаи бардавоми ҳар як фарди бонангу номус ба хотири ободӣ ва шукуфоии Тоҷикистон аст. Барномаи зебои фарҳангии омоданамудаи аҳли санъати шаҳр ифодагари он буд, ки Истиқлолият барои мо як вожа ё калимаи одӣ нест, балки номаи тақдири мо, шарти пешрафти кишварамон
Таҳнияти сарбозон иқтидори мудофиавӣ аз тамоми имкониятҳо истифода гардида, имрӯз Артиши миллӣ ҳаёти осоиштаи мардум ва амнияти кишварамонро сарбаландона ҳифз менамояд. Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад. Бо дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ҳамаи қисмҳои низомии мамлакат барои афсарону сарбозон шароитҳои созгори хизмату истироҳат муҳайё карда шудаанд.
Б
а ин муносибат дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маъракаи супоридани мукофотҳои давлатӣ доир гардид. Дар ҷараёни он раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода аз ҷаҳди шоёни эшон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ҳалли муаммову мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии шаҳру деҳоти Исфара ёдовар шуда, ба онҳо миннатдории самимонаи роҳбарияти давлат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро иброз дошт. Зикр намуд, ки қадршиносӣ бо мукофоти давлатӣ имконияти муносиби муаррифии дастовардҳои мукофотгирандагон буда, намунаи барҷастаи пайомади неки ободкориву созандагӣ ва
фаъолият ба манфиати давлату миллат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва меҳанхоҳиву ватанпарастист. Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наими Аламхон дар вазъи тантанавӣ ба накӯфарзандони зикршудаи Исфарамарз мукофотҳои давлатиро супорид. *** Лозим ба таъкид аст, ки санаи 31 август вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Исфара, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Муҷиба Ҷавҳарӣ низ бо медали "Хизмати шоиста" қадршиносӣ гардида буд.
Д
ар ин радиф, сафари "Корвони модарон" таҳти унвони "Аскарбачаам, фахри манӣ" ба дидбонгоҳҳои сарҳадии Сурх, Чоркӯҳ, Сомониён ва Хоҷаи Аъло сурат гирифт.
Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода изҳори боварӣ намуд, ки афсарону сарбозони шуҷоъ ба савганди ҳарбии худ то ба охир содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан, миллат ва давлати худ ҷавонмардона адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ сафарбар месозанд. Низомиён дар навбати худ изҳор доштанд, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳо рисолати сарбозӣ ва қарзи шаҳрвандии худро бо сарбаландӣ ба ҷо меоранд.
ки дар ин рӯз ба таҳниятгӯйии афсарону сарбозон омада буданд, аз ташкили чунин як чорабинии муассиркунанда изҳори қаноатмандӣ намуда, Модарони рӯзгордидаю барнодил бо дастовезҳои идона, иқдоми модаронро шоистаи иборат аз фатиру кулчаҳои дастгирӣ ва намунаи ибрат ширмол, шириниву меваҷот ба номиданд ва таъкид доштанд, дидорбинии сарҳадбонон иқдом ки амалӣ намудани чунин иқдом намуда, барояшон дастархони дар ҷодаи қадршиносии ҳомиёни Ватан ва таҷассуми ягонагиву пурфайзи идона густурданд. якмаромии артиш ва халқ басо Зимни суҳбат бо аскарону афсарон бо баробари арзи муҳим аст. Ширкатдорони "Корвони ташаккур ба онҳо барои модарон" аз макони хизмату хизмати содиқонаи шабонарӯзӣ тамрингоҳҳо, ва таъмини амнияту осоиши истироҳат, сокинони мамлакат, аз ҷумла анборҳои нигаҳдории маводи гуфта шуд, ки Қувваҳои озуқа ва хобгоҳи ҳайати шахсии Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дидан ин сипари боэътимодест дар намуда, бо шарту шароитҳои муқобили ҳамагуна кӯшишҳои будубоши аскарон аз наздик нооромсозии маҷрои муътадили ошно шуданд. Ҳамин гуна ташаббусу иқдомот зиндагии мардуми кишвар ва неруи тавоноест дар ҷабҳаи ҳамчунин дар дигар ҷамоатҳои пеши таҳкими дастовардҳои шаҳраку деҳоти Исфара рӯи кор омаданд. Истиқлолияти милливу давлатӣ. Муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ва гурӯҳи собиқадорон,
"Корвони модарон" Тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии моддию маънавӣ ва рӯҳбаландсозии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи мустақар дар шаҳри Исфара силсилаи тадбирҳои чорасоз амалӣ карда шуданд.
ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъиву хушбахтии имрӯзу ояндаи халқамон аст. Дар ҷараёни ҷамъомади идона як қатор пешқадамони соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд. Дар ин рӯз ҳамчунин дар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода 10 нафар собиқадороне, ки барои пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузоштаанд, бо маблағҳои пулии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қадршиносӣ гардиданд.
2
"Насими ИСФАРА"
- Ба ақидаи Шумо, намояндаи халқ имрӯз чӣ кор кунад, то рӯзгори мардуми ҷумҳурӣ як дараҷа бомарому бонизом гардад? - Имрӯз мо ба ҳаводиси рӯзгор бо назари дигар менигарем. Доираи назарҳо фарохтару таҳлилҳо амиқтар мегарданд. Мо акнун бештар ба фаъолияти сиёсии касбӣ рӯ меоварем. Он бошад, вақт ва дониши зиёдтареро талаб мекунад. Намояндагон вазифадор ҳастанд, ки хатоиву носозгориҳои ҳам гузашта ва ҳам имрӯзаи ҷомеаро комилан бар дӯши худ бардоранд. Ин душвор аст, аммо чӣ илоҷ? Охир, моро мардум баҳри ҳамин интихоб кардааст. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд як дараҷа ҳисси “хавотирии иҷтимоӣ” ҳам дошта бошем, вагарна ҷавобгӯву масъули дигарон буда наметавонем. Ҳеҷ кас ба ҷои мо ва ғайри мо ба суолҳои “ин бад бошад, хубаш куҷост?” ва ё “ин хато бошад, дурусташ кадом аст?” ҷавоб дода наметавонад. - Ҷомеаи мо тарозуеро мемонад, ки дасти нохалафе онро бозӣ медорад ва он ҳеҷ намешавад, ки бозистаду ба ҳолати мувозина ояд... - Бале, ҳақ асту рост. Ғайри ҳамаи ин нобасомониҳо як чизи дигари аз ин ҳам ташвишовартар ба мушоҳида мерасад. Дар ҷамъият як бемасъулиятии ҳамаро фарогиранда инкишоф ёфта истодааст, ки ин ҳам хеле мудҳиш аст. “Шароит чунин аст” – гӯён коре накарда нишастани баъзеҳо маро аз худ бехуд мекунад. Мисли баъзеҳо виҷдонамро саркӯб карда, “ба ман чӣ” гуфта, ором буда наметавонам. Агар ҳамин тавр рафтан гирад, оқибатамон боз бадтар мешавад. - Муборизаи некӣ бо бадӣ на дар ягон макони тахаюлӣ, балки дар саҳни зиндагӣ сурат мегирад ва ин ҳодисот аз марзи дили инсонҳо мегузарад. Имрӯз ҳар яке, ки худро “мубориз” меҳисобад, оё медонад, ки баҳри чӣ мубориза мебарад ва мақсади ниҳоияш чист? Оё дарк мекунад, ки амалаш ба бадӣ тасниф мешавад ё некӣ? - Ҳар амале ва ҳар сухане, ки зиндагии нобасомони моро боз ҳам вайронтар мекунад, ба ҷои бунёдкорӣ харобӣ меоварад, албатта қувваи баду марговар ҳисобида мешавад. Мо воқиф гаштем, ба хатоҳо мардона иқрор шудем, вале қодир ҳастем, ҷуръат дорем, ки бар ҳимояи ҳақиқат бархезем? Боз мегӯям, аз мавқеи намояндаи халқ, аз тинату кирдори ӯ бисёр чизҳо вобаста аст. - Аз сари мардуми мо ва ҳамсояҳои мо дар гузашта ҳам ҷангҳо, ҳодисоти сахту мудҳиш, маҳрумиятҳо зиёд гузаштаанд, лекин то ин дараҷа одамон ноумед нашуда буданд. - Чунки ҳоло дар мардум истиноди ахлоқӣ коста шуда, эътимод қариб, ки намондааст. Ва боз ҳам моро зарур аст, мардумро бовар кунонем, ки ин айём даргузар аст, рӯзҳои нек дар пешанд, баҳри ба он расидан ва онро наздик кардан ҳама баробар кӯшиш кунем. Дар чунин лаҳзаҳо нақши оила ва модар хеле барҷаста гардиданаш зарур. Чунки ҳар як инсон ба кӯчаву бозор, ба коргоҳ, ба сари минбарҳо аз дари хонаи хеш баромада меояд. Муҳити оила, суҳбати сари дастархони оила бояд солим бошад. Кину ғазаб, рашку вайронкории дар қалби мард лабзадаро ду сухани ширини зану модар фурӯ нишонданаш мумкин. Сухани ноҷояву харобиовар дар ҳар куҷое, хоҳ дар оила ва хоҳ дар майдони митинг, хоҳ дар экрани телевизион ё хоҳ дар саҳифаи рӯзнома садо диҳад, дар қалбҳо таркиш ба амал оварда, рӯҳро мешиканад. Боисрор мегӯям, ки акнун ба ахлоқи мардум, ба масоили имрӯзаи ҷомеа занҳо бояд мудохила кунанд. Орому бепарво набошанд, ки вазъият мураккаб аст. - Фикр мекунам, сухану садои занони мақоми иҷтимоӣ дошта боз ҳам нишонрастар хоҳад буд. Бигӯед, ки чаро дар парлумон, умуман дар вазифаҳои роҳбарикунанда занон каманд? - Ин як тамоюли нодуруст солҳои охир на танҳо ҷумҳурии мо, балки ҷамоҳири дигарро низ фаро гирифтааст. Торафт вазъи зиндагӣ сахттар мешавад, дар мардҳо ба пиндор ҳисси танҳо бо қувва, бо зӯриву зӯроварӣ ҳал кардани масъалаҳо боло мегирад ва ҳамин боис мешавад, ки ба занҳо муносибати камгирона дошта бошанд. Мардҳо ба занон на танҳо дар автобусҳо, балки дар президиумҳо, идораҳои салоҳиятдор ва парлумон ҳам бо хоҳиши том ҷой намедиҳанд. Ва ин на танҳо бохти ҷомеа, балки бохти худи мардҳо ҳам ҳаст. Ин ҷо бояд ҳатман қайд кунем, ки сухан дар бораи занҳои ҳақиқатан кордону донишманд меравад. Магар мардҳои мамолики Ғарб аз мардҳои мо камандешатаранд, ки қариб ҳамаи муовинону мушовирон ва котибони масъулу ёваронашонро аз ҷумлаи занони кордон интихоб мекунанд? Онҳо хуб медонанд, ки занон аз мардҳо дида муташаккилтар ва корашон мураттабу муназзам аст. - Яъне барои он ки садои бофаросатонаву дурандешонаи зан дар мақомоти давлатӣ қонунан садо диҳад, дар парлумон будани занҳои ба ин амал омода, дар сатҳи ҳукумат фикркунанда ва коршинос амри зарурист? - Бале! Вале ҳангоми пешбарии бонувони кордон меъёри интихоб ҳам барои мардон ва ҳам барои занон бояд як бошад, яъне пеш аз ҳама кордонӣ ва сатҳи дониши онон ба назар гирифта шавад. - Гулафзо Савриддинова, ҳамвора ҳам
14 сентябри соли 2022
№ 35 (9450)
Ба 75-солагии ходими давлатию ҷамъиятӣ Гулафзо Савриддинова
Шаҳрдор, шаҳрзод ва шаҳрбону = Аз саҳифаҳои таърих. Маҷаллаи "Фирӯза", № 1, соли 1995 =
Ӯ бо вуҷуди чандин сол мансабдор будан, ягон ҷузъи хислати занонааш, ягон ҷиҳати тинати табииашро набохтаву тағйир надодааст. Ӯ на аз онҳоест, ки дар худ фишурда шуда, беҷуръатона ба кунҷи курсӣ нишинад, аз оҳанги дурушт ё суханҳои сахти мансабдорони волотар аз худ рангаш канаду забонаш ба комаш фурӯ равад. Бори масъулияташ дучанд ва сардору соҳибмақомест аз ҷумлаи занон. Ин аст, ки бо тамоми ҳастиаш чун ҳомии эътибори зан ва пойдории мақоми вай кӯшишҳо ба харҷ медиҳад, то аҳли ҷомеаи мо бубинанд ва эътимод ҳосил кунанд, ки зан ҳам “кулоҳдориву оини сарварӣ донад”. Воқеан, Гулафзо Савриддинова чун мояи умеди занони ҷумҳурӣ рӯи саҳнаи кору корзор омадааст. Аз мабдаъ то кунун, ба истиснои чанд соли таҳсил дар Маскав ва муддате кор дар пойтахт дар хоки файзбори Исфара умр ба сар мебарад. Дар ҳамин манзилу макон ба олам омадаву ба воя расидааст, дар пеши чашми мардуми ҳамин ҷо ба камол расидаву хонаву дар кардааст, модару бибӣ шудааст. Ба халқ барои ӯро интихобу ба худ сарвар интихоб карданаш бо муҳаббат ва меҳнати ҷонфидоёна ҷавоб мегӯяд. Ӯ дар пеши назари мардум бо донишу малака, ҷуръату кордонӣ хоксориву инсондӯстӣ зина ба зина баромада, ба мақоми имрӯзааш расид. Ва ба ин иртифоъ на баҳри он расид, ки ба дигарон аз боло нигарад, балки барои он расид, то аз боло онҳоро хубтар бинад... Ҳангоми доир гардидани сессияҳои Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Шӯрои вакилони вилоят мушоҳида мешавад, ки суханронии намояндагони халқ ва маданияти сиёсии онҳо дар сатҳҳои гуногун қарор дорад. Дилсӯзиву ташвишҳояшон нисбат ба тақдири ҷумҳурӣ дар як дараҷа нестанд. Сухангӯиҳои Гулафзобону на танҳо саршори эҳсосоти солиманд, балки асосноку мукаммал ва таҳкимёфта бо бурҳону далеланд. Дар оғози суҳбат бо Гулафзобону дар атрофи масоили мухталифи ҳаёти имрӯза ва мавқеи вакилони парлумон чунин як муколама сурат гирифт: роҳбари хуб ва ҳам кадбонуи хуб будан магар мушкил нест? - Ин ду нақш ба таври бояду шояд, ба пуррагӣ ба ҳам омаданаш аз имкон берун аст. Чунки ҳамеша якеи он аз ҳисоби дигараш рӯи кор меояд. Мутаассифона, вақти ба оила сарфшуда боиси коста гардидани вақти корӣ мешавад, ё ин ки баръакс. Шароит маҷбур месозад, ки чашм пӯшиву чандин вазифаҳои дигари рӯзмарраро иҷро накунӣ. *** Махсусан, ҳангоми ҳодисаи чор сол пеш рухдода – давраи ҷанҷолҳои тезутунди сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон ба чашми ӯ хонаву дар, ҳаёти шахсӣ гӯё маънои худро гум кард ва барои таваҷҷуҳ зоҳир кардан ба он ягон лаҳзаи холӣ ҳам набуд. Ҳафт моҳ дар вазъияти соати комендантӣ, шароити муташанниҷ, мардум дар таҳлука. Раиса дар ҳайрат мешуд, ки бо вуҷуди як лаҳза оромӣ надоштану шабҳои зиёди бедорхобӣ кашидан эҳсоси хастагӣ намекард. Он қувваю он ҳушёрӣ аз куҷо маншаъ мегирифт, худ намедонад. Аз солҳои 1925-1926 то инҷониб баҳси сарҳадии байни ноҳияи Бодканди Қирғизистон ва шаҳри Исфараи Тоҷикистон борҳо байни роҳбарони ин ду ҷумҳурӣ муҳокима гардида бошад ҳам, то ҳол ҳалли худро наёфтааст. Аз 800 километри сарҳади байни ин ду ҷумҳурӣ 200 километраш, ки ба вилояти Ленинобод ва шаҳри Исфара рост меояд, боиси баҳси доимист. Дар зарфи 20-30 соли охир аҳолии ҳар ду давлати ҳамсоя дар ҳолати сулҳу салоҳ мезистанд, замин ба ҳама мерасид. Солҳои охир бо сабаби афзоиши босуръати аҳолӣ дар ин минтақа ҷанҷолҳои вобаста ба замин пеш омаданд. Ин масъала солҳои 90-ум зери пардаи “демократия” дар шакли шадидтар авҷ гирифт. Ин давра барои Гулафзобону гӯё як давраи санҷиши ҷиддӣ буд. Маҳз дар ҳамин давра роҳбари хирадманд, матину устувор будани ӯ боз возеҳтар ҷилвагар шуд. Муддати он ҳафт моҳ Савриддинова чандин маротиба ба палатаи миллатҳои Шӯрои Олии ИҶШС муроҷиат намуда, боисрор ҳалли масъаларо талаб мекард, аммо бенатиҷа. Сарвари ин палата Рафиқ Нишонов нисбати ин масъала бепарвоии маҳз зоҳир мекард. Хушбахтона, баъзе мутахассисони Девони Вазирони ИҶШС экспертизаи махсус гузаронида, ба хулоса омаданд, ки ҳақ ба ҷониби мардуми Исфара будааст. Комиссияи паритетӣ сарҳадҳои ҳар ду ҷумҳуриро муайян кард, вале ин ҳуҷҷатҳо ба таври расмӣ ва қонунӣ тасдиқи худро наёфтаанд. Азбаски имрӯз як довари боэътимоди омӯзандаи ин баҳсҳо нест, масъала кушода мондааст. Вале роҳбарони Бодканд ва Исфара барои пойдории дӯстии тоҷикону қирғизон корҳои зиёде мебаранд. Воқеан, ҳангоми сафар, вақте дар истироҳатгоҳи “Зумрад” будем, шоҳиди он гаштем, ки як ҷуфт арӯсу домоди қирғиз бо ёру ҷӯраҳояшон ин ҷо сайр ва расмгирӣ мекарданд. Ин боиси хурсандии ҳамагон буду нишони дӯстии ин ду халқ. Бо вуҷуди он, ки сатҳи зиндагии мардуми Исфара нисбат ба сокинони мавзеъҳои дигари ҷумҳурӣ беҳтар ҳисоб мешавад, Гулафзобону дар бобати ояндаи он хеле зиёд андеша мекунад. Зимни суҳбат гуфт: "Охир, барои кушодани заминҳои нав дигар марз нест, чарогоҳ ҳам нест. Магар мардуми деҳот бе молпарварӣ зиста метавонанд? Худи Чоркӯҳ 23 ҳазор аҳолӣ дораду он соле 3,5 фоиз зиёд мешавад. Ғами онҳоро имрӯз нахӯрем, фардо дер мешавад. Як масъалаи дигар – таъмини ҷавонон бо ҷои кор. Ният дорем, онро аз ҳисоби васеъ гардонидани заводи гидрометаллургӣ, заводи кимиё, заводи чароғҳои техникӣ, афзун намудани
истеҳсоли молҳои талаботи ҳаррӯза ҳал намоем. Ба туфайли ин чораҷӯиҳо 2,5-3 ҳазор нафар бо кор таъмин мешаванд. Азхуд кардани дашти ташналаби Моҳпарӣ чандин масъалаҳои рӯзгорамонро ҳал хоҳад кард. Ҳоло ҳазор гектари он омода гардонида шуда, дар ояндаи наздик 3-4 ҳазор гектари дигараш мавриди истифода қарор мегирад. Муҳим ин ки мардум дилгармона меҳнат мекунанд. Заминҳои кишту боғоти моро дидед? Ҳама маҳсули дастони меҳнатқарин ва муҳаббат ба пешаи аҷдодист. Таҷрибаи кишоварзии Исфараро ҳамчун асос қабул карда, қарор шуд, ки аввалин семинари умумиҷумҳуриявии коркунони хоҷагии қишлоқ маҳз дар ҳамин ҷо доир гардад. Ин қадр шудани меҳнати деҳқонони мо ва эътирофи соҳибкасбии онҳо аз ҷониби ҳукумат буд. Ҳамин заҳматқаринии мардум аст, ки сатҳи зиндагӣ дар Исфара нисбатан баланд аст. Соли гузашта аз шаҳри мо зиёда аз 200 нафар ба ҳаҷ рафтанд. Ин боз як шаҳодати муътадил будани ҳаёти иқтисодии сокинони диёри мост. *** Вақте ҳамроҳи раиси кумитаи кор бо занон ва оилаи комиҷроияи шаҳри Исфара Башоратхон Раҳимова вориди ҳавлии раиса шудем, ӯ дар либоси хонагӣ, бо дастони тар, ки зоҳиран бо коре машғул буд, баромада, бо чеҳраи шукуфон ва ҳусни истиқболи нек моро пазируфт. Дарёфтем, ки дар маснади мансаб нишастанаш аз соҳибхонагиаш авлотару соҳибхонагиаш аз мансабдориаш зеботар аст. Зимни суҳбати тӯлонӣ хонаву дари раиса, муносибат бо авлоду ақрабояш ва зиндагии шахсиаш чун авроқи бозгардидаи китоби хонои замиру ботини ӯ вонамуд гашт. Меҳрубониву меҳмоннавозии акаи Пӯлодҷон аз кадбону кам набуд. Ин марди чорпаҳлӯ, ки дар кони ангишти Шӯроб сармуҳандис аст, воқеан марди хона эҳсос шуда, тамоми рафтору гуфтораш саршори салобату эътибори гуворои ба худаш хос аст. Дидаем занҳои мансабдорро, ки назди шавҳар худро кам мегиранд, то иззати нафси ӯ накоҳад ва ё баръакс, ҳастанд занҳое, ки бо оҳанги дурушт гап зада, аз шавҳари одӣ бартар буданашонро намоиш медиҳанд. Ва дидаем оилаҳоеро, ки шавҳарон назди зани мансабдорашон худро хору ночиз мегиранд ва ё баръакс ӯро дар чашми ҳозирин хор медоранду таҳқир мекунанд, то худро шавҳари “босиёсат” вонамуд кунанд ва нишон диҳанд, ки завҷаашон пеши онҳо ҳеҷ аст, як зани хона асту бас. Лекин дар муносибати ин ду нафар ҳеҷ гуна тамаллуқ нисбати якдигар эҳсос намешуд. Дарвоқеъ, инсонҳои бохирад, инсонҳое, ки қадру манзалати хешро медонанд, бо ҳам маҳз чунин муошират мекунанд. Суҳбате, ки перомуни мавзуи зиндагии шахс, муҳиту наздикони ӯ ҳамвора бо варақ задани албоми хонагӣ сурат мегирад, арзиши дигаре дорад. Кадбону аксҳои падари азизашон Савриддин Ҳакимовро нишон дода, ашк дар чашмон дар ҳаққашон хеле суханҳои самимӣ иброз доштанд: "Ҳангоми душвориҳои вазъи сиёсӣ ва беадолатиҳову нобасомониҳо ниҳоят дилтангу ноумед шуда, боре назди падар гуфтам, ки “дигар наметавонам, бояд аз кор равам”. Он кас ба ман нигоҳи ҷиддӣ дӯхта гуфтанд: “Вақтҳои шароит хуб будан чизе нагуфта кор кардед, акнун дар вақти душворӣ партофта меравед?”. Ин суханҳояшон ба ман таъсир кард ва дигар ҳеҷ гоҳ чунин фикрро ба сар роҳ надодам. Падарам адабиётдӯсту санъатдӯст буданд, мусиқиро низ дӯст медоштанд. Зебоипараст буданд, рӯйи ҳавлиашон пур аз гулҳои рангоранг буд.
Падарам ба қавле бадаступою пазанда ҳам буданд. Гарчанде баъди сари модарамон танҳо монда буданд, зуд-зуд ягон хӯроки хуб пухта, моро наздашон даъват мекарданд. Хӯрок баҳона дидорбинӣ мекардаанд падарҷонамон. Вақте бемор шуданд, мо ҳама бехабар, ба кулолон сесад табақ фармудаанд. Аз он ба ҳамаи дӯстони ба аёдаташон омада “аз ман ёдгор” гӯён тақдим мекарданд. Ғайр аз ин, бо акси худашон бист қолинча фармуда, васият карданд, ки ба набераҳо дар шаби тӯяшон туҳфа кунем..." Аз албом расми бузурги зани зебову пуррае ба мо менигарист. Он кас хушдомани кадбону холаи Рисолатхон будаанд: -Агар дастгирии он кас намебуд, шояд ман ҳеҷ гоҳ ба ин дараҷа намерасидам, - бо як меҳри самимӣ гуфтанд Гулафзобону, - Пӯлодҷон, ки фарзанди ягонаашон буданд, кӯдакони маро чун гавҳараки чашм эҳтиёт карда, аз думоҳагӣ пурра ба нигоҳубин мегирифтанд. Мегуфтанд, ки шири туршидаю тарсидаи худро ба кӯдак надиҳед... Бачаҳоямро калон карданд, то рӯзҳои охир рӯзгорро бар дӯши худ медоштанд. Чунин хушдоман насиби ҳар кас намешавад. Баъзан ба худ меандешам, ки шояд назди фарзандон чун модар қарздор мондам? Аз меҳрам сер нашуданд? Охир, аксаран ҳангоми шаб хоб буданашон аз кор меомадаму ҳоло онҳо бедор нашуда, ба кор мерафтам. Ба тарбияашон ҳам кам машғул шудаам. -Зиндагии пурмаънии шумо худаш тарбия, - бо оҳанги тасалло илова карданд Башоратхон. Боз албом варақ мезанем. Як симои дигари ҷавон ва шабеҳи Гулафзо вонамуд шуд. Акси модарашон будааст: -Модарам Ибодатбону. Худ, ки зани бесавод буданд, ҳамеша мегуфтанд, ки як илоҷе карда хон, ҳоло савод даркор аст. Ман якумин духтаре будам, ки аз Исфара ба Маскав рафта, ба Институти хоҷагии халқи ба номи Г. В. Плеханов дохил шудам. Ҳангоми донишҷӯи курси дуюм буданам модарам ба Маскав рафта, ҷои зисту таҳсиламро диданд. Дар шифохонаи Исфара муддате хоб буданд. Рӯзе ба аёдаташон рафтам. Ба фаррошзан ишора карда, гуфтанд: “Ин фаррошро мебинӣ, модарашро гуфта, хонданро партофтааст, кори нодуруст кардааст, кайҳо дипломдор мешуд”. Баъди маросими дафн додарам гуфтанд, ки модар он қиссаи фаррошро барои шумо шуда гуфтанд. Бармаҳал рафтанд... Кор карда, ба пояшон як пойафзол гирифта медодам, он қадар алам намекард. Он чӣ хидмате, ки ба модар карда натавонистам, шукр, ба падар кардам. Хеле зиёд дуо мекарданд... -Ана ин кас бародари калонии ман Толибҷон Савриддинов, дӯсти ғамхор, рафиқи ғаму шодиҳоям, - ба акси дигаре ишора намуда, афзуд мизбон, - ин кас ба ман ва хоҳаронам ба ҷои падар, такягоҳи боэътимоди тамоми оила. Мо аз даҳ фарзанди падар ҳамагӣ чор нафар мондаем. Як додарамон дар синни 32-солагӣ аз олам гузашта, аз худ чор фарзанд боқӣ гузоштаанд. Ҳама якҷоя онҳоро сарпарастӣ мекунем. Ин дам ба хона писари калонӣ Рустамҷон – донишҷӯи соли охири Донишгоҳи саноати хӯроквории шаҳри Маскав, хоҳари соҳибхона Гулзӯҳро даромада омаданд. Ҳанӯз ба ҷойҳои худ нанишаста, аз долон овози ҷарангоси набера баланд шуд. Чеҳраи бибӣ гул кард, дар чашмонашон нури шодӣ барқ зада, бетоқатона назди дар рафтанд ва ин ҷисми гарму хурд, ин пайванди ширинро ба сина пахш карданд. Ин лаҳза Гулафзобону хушбахттарин инсон буданд, саршори саодати модарӣ, инсонӣ!... Мушаррафаи ШАРИФЗОД.
3
"Насими ИСФАРА"
14 сентябри соли 2022
Амали хайр
Иқдоми неки навбатии муассиси "Контакт"
Муассис ва бунёдгари Муассисаи таълимии байналмилалии “Контакт”-и шаҳри Исфара Исроилҷон Ӯлмасов, ки бо шарофати амалҳои густурдаи созандаю бунёдкорона, хайрандешона ва накӯкориҳояш байни мардум соҳибэҳтирому соҳибэътибор гардидааст, боз як иқдоми некро амалӣ сохт. Ахиран бо ташаббуси ин нафари хайрандеш дар соли хониши нав 50%-и хароҷоти таҳсил дар гурӯҳҳои тоҷикӣ ва русӣ дар ин боргоҳи маърифат аз ҳисоби ширкати асосии «Контакт» пардохт карда мешавад.
И
мрӯзҳо дар ин муассисаи бонуфузи таълимӣ қабули хонандагон ба гурӯҳҳои тоҷикӣ ва русӣ аз синфи 1 то 11 барои соли хониши 2022-2023 идома дорад. Бояд тазаккур дод, ки дар таълимгоҳ шароитҳои созгори муосир барои илмомӯзӣ фароҳам гардида, раванди таълим бо истифодаи технологияҳои навтарини таълимӣ, ки ба баланд бардоштани салоҳиятнокии амалӣ ва малакаҳои ҳамаҷонибаи хонандагон нигаронида шудааст, роҳандозӣ мешавад. Мактаб дорои 40 синфхонаи ҳар кадоме бо 20 ҷойи нишаст буда, ҳамчунин 12 синфхонаи маҳфилҳои шоҳмот, расмкашӣ, мусиқӣ, химия, биология, физика, омодагии дифоии ҳарбӣ, 2 кабинети информатика ва китобхона бо адабиёти гуногун ва китобхонаи электронӣ мавҷуд аст. Дар синфхонаҳои таълимии муассиса омӯзгорони соҳибтахассус бо истифода аз асбобу аёниятҳои дарсӣ бо хонандагон машғулият
мегузаронанд. Дар мактаб забонҳои русӣ ва англисӣ хеле амиқ омӯзонида мешаванд. Омӯзишро омӯзгороне бар уҳда доранд, ки аксари онҳо таҷрибаи бойи педагогӣ дошта, соҳиби унвонҳои баланди илмӣ мебошанд ва аз Федератсияи Россия, кишварҳои Аврупову Африқо даъват шудаанд. Дар муассисаи таълимии байналмилалӣ ба ҳунаромӯзии хонандагон низ таваҷҷуҳи хосса равона шуда, синфхонаҳои барҳавову алоҳидаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошанд, таъсис дода шудааст. Дар ин ҷо ҳамчунин барои гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Дар ин росто толори маҷлис бо 300 ҷойи нишаст, иншооти варзишии кушодаву болопӯшида, майдончаи футбол ва ҳамчунин ошхона барои 350 нафар дар ихтиёри толибилмон қарор дорад.
Бонуи ободкор аз Сомониён Бояд мардона иқрор шуд, ки имрӯзҳо на ҳар сарватманду пулдор ҳиммат дорад, ки барои ободонии шаҳр, деҳа, маҳалла ё ҳатто беруни дарвозаи худаш маблағ харҷ намояд. Бархе агар харҷ карданӣ шаванд ҳам ҳатман барои худ суде меҷӯянд. Мехоҳанд, ки маблағи харҷкардаашон дар оянда ба онҳо даромади бештар орад. Аммо яке аз занҳои одии маҳаллаи мо, бонуи накӯкору дасткушод Мақсуда Тӯхтаева ҳамранги баъзе нафарон давлату сарвати зиёди ҳангуфт надошта бошад ҳам, дар анҷоми корҳои хайру савоб дорои ҳиммату матонати бузург аст. Мақсуда Тӯхтаева мудом саъй мекунад, то ҳар дирами маблағи бо машаққати сангин ҷамъ овардаи худро дар роҳи ризоияти мардум харҷ намояд. Ӯ ба хубӣ дарк кардааст, ки зиндагии шоиста аз ободии Ватан ва осудагии ҳамватанон аст ва Ватанро бошад, ба ҷуз худи мо каси дигаре обод нахоҳад кард. Маҳз ин андеша ва хислати неки ватандӯстиву инсонпарвариаш ӯро байни мардуми маҳаллаи Сомониён иззатманду соҳибэҳтиром кардааст. Албатта, ин зани олиҳиммат таи чанд соли охир ҷиҳати осон гардонидани мушкилоти бархе аз ҳамдиёрон корҳои мушаххасу муайянеро ба сомон расонидааст, ки зикри оммавии онҳоро ба худ раво намедонад, аммо тазаккур додани ду кори хайри ахиран ба анҷом
расонидаи ӯро мо - ҳаммаҳаллагиҳояш ҷоиз донистем, то ки барои баъзе аз одамони доро намунаи ибрат ва пайгирӣ бошад. Солҳои охир боришоти зиёд ва омадани сел дар фаслҳои баҳору тирамоҳ роҳҳо ва пули мошингузари маҳалларо хароб карда буду равуои мардумро душвор сохта, онҳоро зиёд нороҳат мекард. Аз ин хотир вақте Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соҳибкорон ва нафарони саховатманд даъват ба амал оварданд, ки дар ободонии Ватан саҳмгузор бошанд, барои Мақсуда Тӯхтаева ҷабҳаи кори ӯ аллакай маълум буд. Ҳамин зайл ӯ аз ҳисоби маблағҳои шахсии пасандоз кардааш барои таъмири роҳ ва бунёди кӯпруки нав дар маҳаллаи Сомониён саҳмгузорӣ намуд. Акнун сокинони маҳалла ҳамарӯза дар ҳаққи Мақсуда Тӯхтаева дуои хайр мекунанду ин номаи мо ба идораи рӯзномаи дӯстдоштаамон "Насими Исфара" ҳам як навъ сипосгузории хоксорона ба ин бонуи ободкор мебошад. Бигзор теъдоди нафарони баландҳиммату ободкор дар диёрамон бештар бошаду Исфараи биҳиштосои мо рӯз то рӯз боз ҳам нозанинтар гардад.
АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД Аттестати маълумоти миёнаи умумии №784880, ки МТМУ № 5 солҳои таҳсили 19751976 ба Сидиқова Меҳрихон Олимҷоновна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии А №535384, ки МТМУ № 31 солҳои таҳсили 1973-1974 ба Рустамова Ротифа Азимовна додааст. *** Аттестати №8279, ки Омӯзишгоҳи касбии техникии № 6 шаҳраки Шӯроб бо фармони №107к аз 16.06.1998 аз рӯи ихтисоси “Кафшергари барқӣ-газӣ” ба Мусин Станислав Гарифуллаевич додааст. ***
ГУРӮҲИ СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ СОМОНИЁН.
№ 35 (9450)
Имрӯз тафаккури танги ифротӣ, фаъолияти харобиовари гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва нақшаҳои шуми қудратҳои ҷаҳонӣ, ки бо дасти ин гурӯҳҳо амалӣ мешаванд, Ватани мо, давлати мо, миллати мо, фарҳанги мо, зиндагии ободу осудаи мо, номуси модарону хоҳарони мо ва осудагии шахсии ҳар яки моро ҳадафи таҳдиди бераҳмонаи худ қарор додааст. Яке аз ин гуна хатарҳо аз ҷониби ТТЭ ҲНИ роҳандозӣ карда мешавад ва ҳадафу мақсади ин ҳизби худкомаи ифротгаро бори дигар ҷудоӣ андохтан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон ва пиёда кардани ниятҳои пасипардагист. Ин аст, ки мубориза бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ як ҳаракати умумимиллӣ буда, бояд ҳар як шаҳрванди ватандор, новобаста аз касбу кор, синну сол ва мавқеи сиёсию иҷтимоии худ дар ин муборизаи бузург, дар ин набарди муқаддас ва дар ин муборизаи рӯшаниву торикӣ саҳми худро гузорад. Воқеан ТТЭ ҲНИ ва гурӯҳҳои характери террористиву экстремистидошта ба ҷомеа таҳдидҳои ҷиддӣ доранд ва аз ҷониби коршиносони марказҳои бонуфуз хатарҳои ин гуна гурӯҳҳо зикр шудаанд, ки чандеи онро ин ҷо меорем: ТТЭ ҲНИ зидди мавҷудияти давлати мустақили Тоҷикистон аст. Мувофиқи тафаккур ва таълимоти гурӯҳҳои ифротии динии имрӯза, ки ТТЭ ҲНИ аз шумори онҳост, ягон давлати мусулмоннишин бояд ҳамчун давлати мустақил вуҷуд надошта бошад. Тибқи назари онҳо, бояд ҳамаи ин давлатҳо маҷбуран ишғол шуда, ба таркиби «хилофати ягонаи исломӣ» дохил карда шуда, ҳамчун як ноҳияи «хилофат» бечунучаро ба халифаи ягонаи онҳо итоат кунанд. ТТЭ ҲНИ ба сохти давлатдории мо ва бо тарзи зиндагии озодонаи мо моҳиятан мухолиф буда, онҳоро аз байн бурда, ба ҷойи он ба мо ғуломию беҳуқуқиро таҳмил мекунад. Аз назари гурӯҳҳои ифротгарои динӣ бояд низомҳои давлатии демократӣ ва дунявӣ аз байн бурда шуда, ба ҷойи онҳо «давлати исломӣ» ҷорӣ карда шавад. Масалан рафтору кирдори аъзои ТТЭ ҲНИ то соли 2016 далел аз ин гуфтаҳоро дошт. Исломи ин тоифа ҳамон шакли маҳдуд, хашину бераҳмона ва торики фаҳмиши исломро, ки гурӯҳҳое чун ДОИШ дар амалҳояш нишон додааст, таҷассум мекард. ТТЭ ҲНИ бо асолати таърихӣ ва ҳуввияти миллии тоҷикон шадидан мухолиф буда, онро бераҳмона аз байн мебарад. Яке аз хусусиятҳои ифротгароии динӣ, аз ҷумла хусусияти гурӯҳҳои террористӣ дар он аст, ки ба миллигароии ифротӣ дар заминаи дин сахт пайваст мебошад. Арзишҳои миллиро чашми дидан надорад, гоҳе зери шиорҳои миллӣ, гоҳе зери шиорҳои мазҳабӣ ва гоҳи дигар зери шиорҳои сиёсию геополитикӣ ҳадафҳои нопоки худро пиёда карданӣ мешавад.
Шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ дар суроғаи Маҳаллаи 13-ум, ки дар бойгонии КДФ БММҒ №10799 ба номи Кудусов Шукриллоҳ ҳамчун истифодабар ба қайд гирифта шудааст. *** Шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ дар суроғаи шаҳри Исфара, кӯчаи И.Файзуллоев 158, ки дар бойгонии КДФ БММҒ №8050 ба номи марҳум Ғоибов Узоқҷон ҳамчун соҳибмулк ба қайд гирифта шудааст. *** Шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ дар суроғаи шаҳри Исфара, ҷамоати Хонобод, деҳаи Арабқишлоқ, ки дар бойгонии КДФ БММҒ №25124 ба номи Ҳоҷиева Рабиниссо ҳамчун истифодабар ба қайд гирифта шудааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии Т-АТУ № 0612388, ки Литсейи № 2 солҳои таҳсили 2018-2019 ба Охонов Муҳаммадхӯҷа
=МАВҚЕЪ=
Хатари тафаккури ифротии ТТЭ ҲНИ Гурӯҳҳои ифротии динӣ маърифат, адабиёт ва фарҳанги миллии тоҷиконро маҳкум карда, онро аз байн мебаранд.
Яке аз хусусиятҳои асосии ақида ва таълимоти гурӯҳҳои навпайдои ифротии динӣ, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ дар он аст, ки онҳо ба фарҳангу маърифат назари манфӣ дошта, ҳарчанд дунёсозӣ мекунанд, аммо дар амал онро эътироф намекунанд. Ифротгароёни динӣ ҳамаи мазҳабҳои исломӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафиро нодуруст ва бидъат дониста, пайравони онро мусулмон ҳисоб намекунанд. Ин мавқеи онҳо боиси сар задани бӯҳрони ҷиддии ақидатӣ дар ҷомеа мешавад, ки оқибатҳои вазнин дорад. Агар чунин намебуд ТТЭ ҲНИ ташкил намегашт ва хилофи дину оини аҷдодӣ амал наменамуд. Пӯшида нест, ки аъзои ТТЭ ҲНИ то чанд соле пеш фақат худашонро пайравони воқеии ислом медонистанд, тамоми ибодатҳои дигаронро зери суол мебурданд. Онҳоеро, ки бо онҳо набуданд ва ё дар масҷид ибодат намекарданд, ҳатто мусулмон ҳисоб наменамуданд. ТТЭ ҲНИ нисбати мазҳабҳои гуногуни исломӣ назари ҷангҷӯёна ва такфирӣ дошта, ҳамзистии осоиштаи байнимазҳабиро дар кишварамон аз байн мебарад. Ба ин восита он ба Ваҳдати миллӣ, суботу амният ва ҳатто мавҷудияти миллат ва давлати ягонаи Тоҷикистон хатар ба вуҷуд меоварад. Фаъолияти чандсолаи ин гурӯҳ дар Тоҷикистон маҳз ҳаминро нишон дод ва бозгӯйӣ аз он кард, ки барои пайравон ва аъзои ин гурӯҳи террористиву экстремистӣ муқаддасоти мазҳабӣ ва ягонагии мазҳабӣ ҷой надорад. Онҳо бештар ҷудоиандози байни мазҳабҳо буда, вобаста ба манфиат ҳар чор мазҳабро ба ҳам омезиш медиҳанд, ё ҳамаро инкор мекунанд. Ақидаи ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротии динии муосир, ба мисли ТТЭ ҲНИ дар асл силоҳи муборизаи геополитикии қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буда, дар сурати бори дигар ба Тоҷикистон роҳ ёфтани ТТЭ ҲНИ кишвари мо ба майдони муборизаҳои калони геополитикӣ табдил шуданаш мумкин аст. Дар натиҷа на танҳо суботу амният, балки истиқлолияту мавҷудияти худи Тоҷикистон бо хатари воқеӣ рӯ ба рӯ мегардад. Тамоми далелҳои таърихӣ, илмӣ ва мантиқӣ исбот мекунанд, ки ТТЭ ҲНИ аз батни худи ҷомеа ташаккул наёфта, бо дастгирӣ ва ҳимояти ҳамаҷонибаи доираҳои махсуси сатҳи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ташкил карда шудааст. Ин доираҳо, хусусан,
Нуридинович додааст. ** * Аттестати маълумоти миёнаи умумии БП № 712370, ки МТМУ № 29 солҳои таҳсили 19781979 ба Нурматова Қумрӣ Маҳмудовна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии А № 069591, ки МТМУ № 5 солҳои таҳсили 19861987 ба Шокирова Махсуда Муҳидиновна додааст. *** Шиносномаи миллии силсилаи А 5933420, ки ШКД-2-и шаҳри Исфара санаи 20 июли соли 2011 ба Қаландаров Қаландар Пӯлотович додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи БР №681975, ки МТМУ № 32 солҳои таҳсили 1984-1985 ба Ҷӯраева Хафияхон Абдухамидовна додааст.
кишварҳои абарқудрат хусусияти ҷомеаи моро даҳсолаҳо, балки садсолаҳо омӯхта, фарқу ихтилоф, фарҳангу рӯҳия ва сатҳи ҷаҳонбинии мардум ва умуман, нуқтаҳои заифи ҷомеамонро ба хубӣ медонанд. Мақсади асосии қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таъмини манфиатҳои сиёсӣ, низомӣ ва иқтисодии худашон мебошанд, аммо дар ин кор гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ, ба мисли ТТЭ ҲНИ метавонанд яке аз муносибтарин силоҳҳои онҳо бошанд. Хуллас, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамаи мақомоти сиёсӣ ва қудратии кишвар хатару оқибатҳои тафаккури ифротгарои динӣ ва гурӯҳҳои ифротиро дарк намуда, ба муқобили онҳо муборизаи қатъӣ ва фарогирро ба роҳ гузоштааст. Аммо савол ин аст, ки муносибати шаҳрвандон, яъне муносибати ҳар яки мо бо ин равия ва ҳизбу гурӯҳҳо, дар мисоли ТТЭ ҲНИ бояд чӣ гуна бошад? Албатта ҳар як шаҳрванди ватандӯст дар муқобили ҳама гуна хатаре, ки ба давлат ва Ватани мо таҳдид мекунад, мавқеи мухолиф дорад ва ба муқобили ин хатар мубориза мебарад. Вале, дар масъалаи ТТЭ ҲНИ бояд гуфт, ки хатари он на танҳо ба ҳукумат ва сохтори сиёсӣ, балки хатари он бевосита ба ҳар як нафари мо равона шудааст. Зеро ТТЭ ҲНИ на танҳо ба давлат ва сохти конститутсионии мо, балки ба рӯзгори ободу осудаи мо, ба тарзи зиндагии шахсии ҳар яки мо, ба модару хоҳари ҳар яки мо, ба хонаву молу мулки ҳамаи мо, ба зану фарзанди ҳар яки мо бевосита таҳдид мекунад. Таҷрибаи фаъолияти ТТЭ ҲНИ дар Тоҷикистон нишон дод, ки аъзои он ифротгаро буда, қишри босаводи ҷомеа, аз ҷумла аҳли ҳунару фарҳангу илму зиёро ҳамчун «кофир» эълон менамоянд, намояндагони дину мазҳабҳои гуногунро чашми дидан надоранд. Пас афкори онҳо барои ҳар қишри ҷомеа, барои ҳар шаҳру деҳа, барои ҳар оила, барои ҳар шахс фоҷиа, таҳдид ва хатари мустақим аст. Мубориза бо ақидаҳои ботили ТТЭ ҲНИ, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоиву сомонаҳои гуногун паҳн мегардад, на танҳо вазифаи давлат, балки вазифаи ҳар як қишри ҷомеа, вазифаи ҳар оила ва вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Овардаи Абдумуталиб ШАРИФОВ. Ҷомеаи меҳнатии МТМУ №39 ба ҷонишини директор оид ба корҳои таълим Матибрагимова Гулнорахон нисбат ба даргузашти МОДАРАШ ва ба омӯзгори собиқадор Ҷанобиддин Мелибоев нисбати даргузашти ҲАМСАРАШ ҳамдардӣ баён намуда, дар ин рӯзҳои мусибатбор ба ӯву наздиконашон аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.
*** Шартномаи Сд №0277753 хариду фурӯши квартираи дуҳуҷрадор, воқеъ дар шаҳри Исфара, кӯчаи Навобод бинои 35, квартираи 18, ки байни шахси ваколатдор Юлчиев Валиджон Сарварович ва Шарипов Олимджон Джумаевич дар идораи нотариалии шаҳри Исфара дар феҳрасти рақами 4Ш-685 аз 27.05.2008 тасдиқ карда шудааст. *** Шиносномаи техникии манзили истиқоматӣ дар суроғаи шаҳри Исфара, кӯчаи Навобод 35, квартираи 18, ки дар бойгонии КДФ БММҒ таҳти рақами 10766 ба номи соҳибмулк Шарипов Олимджон ба қайд гирифта шудааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи А №039947, ки МТМУ № 55 солҳои таҳсили 1989-1990 ба Анорова Сафрохон Бобохоновна додааст.
4
"Насими ИСФАРА"
14 сентября 2022 года
Твои люди, Исфара
Наш физик или коротко о профессоре Абдуали Абдуманонове
Абдуали Абдуманонович Абдуманонов (на снимке) родился 22 февраля 1953 года в селе Калачаи Мазор Исфаринского района Согдийской области Республики Таджикистан. Выросший в семье учителя он с ранних лет показал особый дар к точным наукам. Любовь к ним воспитывалась в их семье и в местной школе №15 с детства и как результат - оба брата Абдуали Абдуманоновича, также как и он, стали прекрасными учителями, как физики, так и математики. В 1970 году после окончания школы Абдуманонов поступает на физический факультет Ленинабадского педагогического института имени С.М. Кирова (ныне Худжандский госуниверситет имени Бободжона Гафурова) и с отличием оканчивает его в 1975 году. В педагогическом институте заметили его задатки педагога, учёного, организатора и он становится преподавателем кафедры общей физики физфака пединститута. В ноябре того же года Абдуали Абдуманонович подаёт документы на аспирантуру в один из лучших отечественных научных центров в физико-технический институт имени А.Ф. Иоффе, относящийся к Академии наук СССР. Руководителями Абдуманонова стали
известные физики-экспериментаторы лауреат госпремии СССР, профессор В. Р. Регель и доктор физико-математических наук А.М. Лексовский. Оба физика занимались исследованиями физикомеханических свойств композитных материалов и это направление стало впоследствии основным в научной карьере Абдуманонова. В 1981 году Абдуманонов успешно защищает кандидатскую диссертацию по теме "Механизм разрушения композиции пластичная матрица - хрупкое волокно на основе системы алюминий бор". В этом же году он, получив звание доцента, возвращается преподавать на кафедру общей физики Ленинабадского пединститута. Там, отметив его организаторские способности, в 1982 году назначают заместителем декана физического факультета. Под непосредственным руководством Абдуали Абдуманоновича научноисследовательская работа на физфаке получает второе дыхание, значительно улучшается кружковая работа в области точных наук. В 1992 году Абдуманонов начинает работать над своей докторской диссертацией и с этой целью переезжает на два года в свою альма-матерь - в физикотехнический институт имени А.Ф. Иоффе. В 1995 году он становится старшим научным сотрудником в Худжандском научном центре Академии наук Республики Таджикистан. В 2002 году в Санкт-Петербургском техническом университете Абдуали Абдуманонович успешно
№ 35 (9450)
защищает докторскую диссертацию по теме "Коррелированность микроразрушений при деформировании однонаправленных композитов". В том же году он удостаивается звания профессора. В 2003 году становится заведующим кафедрой общей физики и физики твёрдого тела Худжандского госуниверситета. В 2009 году А.А. Абдуманонов заместитель председателя, а в 2010 году уже председатель Худжандского научного центра АН РТ. Под его руководством ХНЦ становится почти родным домом для многих учёных и аспирантов. Вплоть до самой смерти (20 сентября 2021 года) он лелеял этот центр. Незадолго до своей кончины этот блестящий учёный и просто хороший человек как ребёнок радовался проекту, который ему удалось «пробить» для развития своего центра. Остаётся только надеяться, что его достойные продолжатели доведут это благое дело до своего логического конца. Абдуали Абдуманонович является автором более 160 научных, научнометодических работ и изобретений. Он отмечен званием "Отличника народного образования Республики Таджикистан" и многими другими наградами. До последних дней активно печатался и потому пользовался известностью среди физиков России, США, Японии, Польши, Латвии и Украины. У себя на родине он пользовался непререкаемым авторитетом и уважением. Профессор оставил после себя многочисленных учеников и последователей, которые на всю жизнь сохранят о своём учителе и наставнике добрую память и глубокую благодарность. Л.Т.МУХТОРОВ, Ф.ДЖ.САЛИМОВ, старшие преподаватели филиала Технологического университета Таджикистана в г. Исфаре.
«Признание ценнее известности, уважение ценнее репутации, честь ценнее славы». ШАМФОР.
Дорога в самостоятельную жизнь
Нам пишут
Обучение – это очень интересный процесс, который занимает немалую часть времени, внимания и усилий. Кроме этого, оно формирует дальнейший жизненный путь, профессиональную деятельность и влияет на качество самой жизни в перспективе. Поэтому, очень важно учиться именно там, где комфортно, где можно получить необходимую профессиональную подготовку. Фундаментом нашей активной жизни является детский сад, а потом свои объятия нам открывает школа. Именно она учит нас всему в нужном объёме, раскрывает миры непознанного ранее. Наши учителя стремятся передать нам свои знания, вкладывают в свой нелёгкий, кропотливый, очень нужный труд свою любовь, теплоту души, язык нам преподавала любимая Зоя Асхатовна требовательность и понимание учительница Беркутова. Она смогла сделать своих питомцев. И вот наступил тот момент, когда я так, что все ученики любили стала настоящей студенткой. Помню её и уроки русского языка, не повторять: «Русский то трепетное чувство, прочитав уставала своё имя в списке поступивших. язык – это язык межнационального Моей радости не было предела, общения». И остальные учителя, обрадовалась так, что словами которые работают в нашей школе – Л.В. Сдобнова, А. Музаффаров, передать невозможно. В среднюю школу (ныне среднее Д.Х.Мадшоева, Ш.А. Солиева, Э. общеобразовательное учреждение) Тынчерова, С. Гиёсова, Н. Кодирова №1 им. А.С. Пушкина я поступила в и другие всегда старались ради 2011 году. Моей первой учительницей своих учеников, не жалея сил и стала Гулбахорхон Муллоева. времени, готовили их на олимпиады Во время учёбы в начальных и различные конкурсы. Я, как одна из классах я очень полюбила русский таких счастливых учеников, от всего язык, русскую речь. Нашим сердца благодарю всех учителей за преподавателем русского языка то, что они очень много сделали и была Наталья Валентиновна делают для обучения и воспитания Зильберберг. Преподавала она будущих поколений. Зарифа САЛИМБЕКОВА, нам просто замечательно, потому что в нашей школе очень много выпускница 11 «В» класса (2022г.) СОУ № 1 им. А.С. Пушкина, профессиональных учителей, студентка 1 курса факультета влюбленных в свою профессию. русской филологии ХГУ имени Именно они вдохновили меня академика Б.Гафурова. выбрать эту профессию. После начальных классов русский
Амалиёти "Автобус"
Баёни меҳр
20-солагӣ мубораку фархунда бод!
Мо, гурӯҳи ронандагони ҶДММ “Наҷот”-и шаҳри Исфара, ки аксарият ҳанӯз дар замони Шӯравӣ фаъолияти меҳнатиамонро оғоз намудаему собиқаи кории бисёрсола дорем, дар пайи бӯҳрони иқтисодиву сиёсӣ ва кашмакашҳои дохилии солҳои 90ум бекор мондем ва шабеҳи ҳазорҳо мардони нонёби оила маҷбур шудем, ки роҳ ба сӯи муҳоҷирати меҳнатӣ ба сӯи Россия гирем. Ҳарчанд медонистем, ки он ҷо низ биҳишт нест ва дарёфти буридаи нон душвориҳои сангини худро дорад. Бархе моро паст мезаданд, муомилаашон бо мо ҳамранги муносибат бо ғуломон буд, маҷбур мешудем ба иҷрои корҳои вазнинтарин ҳам розӣ шавем. Ҳамин зайл дар мулки ғурбат айёми ҷавониамонро сипарӣ кардем. Хушбахтона, 20 сол муқаддам бо сарварии модари азиз Наҷотхон Исомаддинова дар шаҳрамон муассисаи нақлиётӣ ифтитоҳ гардиду мо аз банду бори мусофириву муҳоҷирӣ наҷот ёфтем. Инак, дар зарфи 20 соли фаъолияти ҶДММ "Наҷот" ин ҷо дар маҷмуъ 423 нафар кор карда, нони ҳалол ёфтаанд.
Алъон дар ҶДММ "Наҷот" 127 нафар бардоштани малакаи касбии ронандагони микроавтобус ва 206 ронандагон ва сифати хизматрасонӣ нафар ронандагони таксӣ фаъолияти ба мусофирон ду маротиба бо босамар мебаранд ва бо баробари собиқадорони соҳа ва кормандони таъмини зиндагии шоистаи аҳли оила, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯриҳои дар ғановат бахшидани буҷаи давлат судманд ташкил карда мешавад. низ саҳм мегузоранд. Кормандони мо бо ҳидоятҳои неки Дар давоми ду даҳсолаи Наҷотхон Исомаддинова мудом зимни сипаришуда "Наҷот" барои мо баргузории маъракаҳои сиёсиву ҳамеша чун оилаи дуюм буд ва ин фарҳангии шаҳр софдилона хизмат ҷо мо сабақи ҳалолкориву ҳалолхӯрӣ мерасонанд. ва ватанпарвариву инсондӯстиро Имрӯзҳо ба таъсисёбии ҶДММ аз худ кардем. Зеро маъмурияти "Наҷот" 20 сол мешавад. Аз ин хотир коргоҳи мо ҳамеша бо баробари мо кулли кормандони ҷамъият саъйи баландбардории сатҳу сифати ронандагони микроавтобус ва хизматрасонии нақлиётӣ ба мардум таксиҳои 99-22, сарвари худ Наҷотхон дар самти тарбияи маънавии Исомадиноваро, ки ҳамчун модари кормандон низ ҷаҳду талош ба харҷ ғамхору мушфиқ, шахси кордону медиҳад. пуртаҷриба, ёрирасону мушкилкушо Дар ин радиф бо ташаббуси эҳтиромашон мекунем, бо ин санаи директори генералии корхона фархунда шодбош мегӯем. Ҳарчанд Наҷотхон Исомаддинова ҷиҳати ин 20 соли фаъолият саҳлу осон баландбардории маърифатнокии набуд, аммо саъйи комили ин зани кормандон ҳар сол ду маротиба кордону қавиирода боис гардид, ки рӯз вохӯриву мулоқотҳо бо ходимони то рӯз сатҳу сифати хизматрасонии намоёни давлативу ҷамъиятӣ, олимон нақлиётии коргоҳи мо беҳтар шуда, ва шоирону нависандагони маҳбуби обрӯву нуфузи он байни мардум афзун кишвар доир мегардад. шавад. Ҳамзамон ҳамасола барои баланд Ба он кас тани сиҳату баофият, умри
Суруди ронанда
Хидматат аз субҳ то шом баҳри мардум бо ният, Ҳимматат афзуну нонат бас ҳалолу ҳам лазиз. Нақлиётат нақл дорад Ман туро ронанда не, донанда гӯям, сӯйи шаҳру деҳу марз, эй азиз, Қаҳрамони роҳ ҳастӣ, ҳам нигаҳбону ҳафиз. Ҳолдон, огоҳу доно соҳиби ақлу тамиз. "Насими Исфара" Муассис: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №321/РЗ-97
Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Бобо Маҳкамов 63. Телефон: (8 34 62) 2-49-73. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
Аз 10 то 20 сентябри соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳру деҳоти Исфара амалиёти «Автобус» гузаронида шуда истодааст. Иқдоми мазкур бо мақсади баланд бардоштани ҳолтаи техникӣ ва саривақт аз санҷиши техникӣ гузаронидани воситаҳои нақлиёт, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки воситаҳои нақлиёти мусофирбар, азнавтаҷҳизонӣ бе иҷозати мақомотҳои дахлдор, дарози пурбаракат орзумандем. насби ғайриқонунии сигналҳои Бошад, ки Наҷотхон Исомаддинова махсуси овозӣ ва чароғҳои ҳамеша эмин аз газандҳои рӯзгор равшанидиҳандаи ғайристандартӣ, бимонанду дуои модаронаашон тӯшаи интишори ғайриқонунии реклама, роҳи сафеди мо бошад. вайрон намудани қоидаҳои Бо эҳтиром бозистӣ, аз меъёр зиёд савор аз номи ронандагону кормандони кардани мусофирон ва пешгирии ҶДММ ”Наҷот”: қонуншиканиҳо роҳандозӣ шудааст. А. МАСРУРОВ, сардори кулли Аз ин хотир аз ронандагон хоҳиш бригадирҳои хатсайр, мекунем, ки талаботи қоидаҳои Шараф ҚОСИМОВ, раиси ҳаракат дар роҳро риоя намуда, созмони ҷавонони коргоҳ, ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар Фаррух САИДОВ, нагузоранд. раиси ташкилоти ибтидоии ҷавонони ҲХДТ, Ш.БОБОҶОНЗОДА, М. ИШОНОВА, мудири шуъбаи нозири калони тарғибу иттифоқи касаба, ташвиқи ХРД ШБДА ШКВД-1 ҶТ Бузургмеҳр АБДУҲАФИЗЗОДА, дар шаҳри Исфара. менеҷери таксиҳои 99-22.
Иштиёқи меҳри ту бар ҳар мусофир бешумор, Гӯиё хешу табор ҳастанду ту шахси азиз. Хастагӣ эҳсоси ту нест, дар вуҷуди хештан, Истироҳат фикри ту нест, Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 13. 09. 2022. Адади нашр 4300. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
Ман туро аҳсант гӯям,
кори худ донӣ фариз.
эй шаҳи роҳу ҷадал, Дасту поят дард набинад, эй ҳабибу эй анис. Роҳи ту испеду номат сабт бо ҳарфи тило, Дар дили ҳар хосу ому ёди дилҳои азиз! ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________