Skip to main content

"Насими Исфара", № 35, от 6 октября 2021 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 35 (9404) *** Чоршанбе, 6. 10. 2021

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Маркази хизматрасонӣ, нуқтаи ёрии таъҷилӣ ва синфхонаҳои иловагӣ Хуршед Ҳоҷиев ба маблағи 300 Дар Ҷамоати деҳоти ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Ба Чоркӯҳ маркази хизматрасонӣ, нуқтаи ёрии нуқтаи ёрии таъҷилӣ ҳамзамон аз тарафи соҳибкор Комилҷон таъҷилӣ ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода Мансуров як мошини ёрии таъҷилӣ ба маблағи 150 ҳазор шуданд. сомонӣ туҳфа карда шуд.

Д

ар маросими ифтитоҳи иншоотҳои мазкур раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, нахуст дар маркази ҷамоат маркази хизматрасонии соҳибкор Нуриддин Азизовро ба истифода дод. Дар ин марказ, ки дорои ошхона, чойхона барои калонсолон ва дорухона буда, бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ сохта шудааст, то 40 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд. Иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гашта, ба аҳолӣ ва меҳмонон хизмат мерасонад. Раиси вилоят ба фаъолияти соҳибкор баҳои баланд дода, ташкили чунин марказҳои хизматрасонии муосирро дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот зарур арзёбӣ кард. Сипас, дар маҳаллаи Сари Бозори ҷамоат нуқтаи ёрии таъҷилӣ ифтитоҳ шуд. Бинои мазкур аз ҷониби соҳибкор

Раиси вилоят иқдоми соҳибкоронро ситоиш карда, таъкид дошт, ки саҳми чунин саховатмандон дар рушди деҳот назаррас буда, ин амали онҳо намунаи ибрат аст. Инчунин гуфта шуд, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар оянда ба ҷамоат ду адад нақлиёти ёрии тиббӣ расонида мешавад. Раҷаббой Аҳмадзода инчунин дар ифтитоҳи синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70 ширкат варзида, бо хонандагони мактаб суҳбат кард. Раиси вилоят аз толибилмон даъват намуд, ки бо баҳои аъло таҳсил карда, дар оянда чун мутахассисони кордон ба воя расанд. Синфхонаҳои иловагӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта шудаанд.

Баистифодадиҳии ду майдончаи варзишӣ Дар маросими баистифодадиҳии ду майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Ворух раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуда, бо сокинон мулоқот намуд.

Р

оҳбари вилоят зимни суҳбат доир ба ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ дар вилоят маълумот дода, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи омодагиҳо ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят беш аз 7500 иншоот, аз ҷумла дар шаҳри Исфара 500 иншооти гуногун бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд, ки бешак барои

баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд. Дар ин раванд саҳми соҳибкорони бонангу номус низ шоистаи таҳсин буда, маҳз бо талошу заҳматҳои онҳо иншооти гуногун бо шумули майдончаҳои варзишӣ сохта шуданд. Бунёди майдончаҳо дар Ҷамоати деҳоти Ворух, ки яке дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 ва дигаре дар маҳаллаи Боғдорӣ ҷойгир аст, худ далели равшани ин гуфтаҳост. Ҳарду майдончаи варзишӣ бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, барои гузаронидани бозии футбол пешбинӣ гардидааст. Боиси зикр аст, ки ба яке аз ин майдонча номи марҳум Расоиддин Тешаеви дар рафти муноқишаҳои наздисарҳадӣ ҳалокшуда гузошта шуд, ки ёду хотираи ӯро зинда нигоҳ медорад.

Таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси шаҳрӣ доир гардид.

Д

ар ҷараёни он масъалаҳои рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ”, ҳисоботи комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат, хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии “Майдон, №14” Рустам Рустамов дар бораи рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ, дар бораи ворид намудани тағйирот ба буҷети шаҳри Исфара барои соли 2021 ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз рӯйи масъалаи якум муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи даъватӣ Бобоиён Мадина Абдуяқинзода баромад карда, аз ҷумла иттилоъ дод, ки барои сари вақт таъмин намудани Фармони Президенти кишвар оид ба сафарбарнамоии ҷавонон

Иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ баргузор гардид ба хизмати ҳарбӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудаанд. Онҳо дар ҳамҷоягӣ бо фаъолон баҳри иҷрои самараноки нақшаи даъват тарғибу ташвиқи фарогирро ба роҳ мондаанд. Алҳол 186 нафар ба даста номнавис шуда, беш аз 60 нафар ҷавонон бо таҳсил дар Ташкилоти мададгори мудофиа соҳиби касб гаштаанд. Дар ин самт ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ ва Навгилем пешсаф мебошанд. Мавсуф дар баромади худ ҳамзамон ба баъзе камбудиҳои ҷойдошта дар самти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ изҳори назар кард. Вобаста ба масъалаи якум вакилон Г. Ҷӯраева ва И.Бобоев изҳори назар намуданд. Сипас, вакилон ҳисоботи комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои сиёсати аграрӣ, хӯрокворӣ, меҳнат, хизматрасонӣ ба аҳолиро шуниданд. Аз рӯйи ин масъала муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи мазкур М. Муҳиддинзода ба сухан баромада, дар робита ба ҳолати соҳаи аграрӣ дар Исфара, кишти зироатҳо, таъминот бо озуқаворӣ, рушди соҳаи чорводорию

парандапарварӣ маълумот дод. Ҳисоботи вакил Рустам Рустамов аз ҳавзаи интихоботии “Майдон №14” фарогири масъалаҳои иҷрои ваколатҳои вакилӣ, саҳмгирӣ дар ободонӣ, кумак ба ниёзмандону эҳтиёҷмандон, бурдани корҳои тарғиботӣ дар сафарбарии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ буд. Вобаста ба ҳамаи масъалаҳои рӯзнома иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси шаҳрӣ қарорҳои дахлдор қабул кард. Баъдан дар назди вакилон намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шарифҷон Аҳмедов суханронӣ намуд. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода зимни ҷамъбасти кори иҷлосия бори дигар зарурати таъмини иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷа, аз қабили иҷрои саривақтии нақшаи даъвати тирамоҳӣ, пардохти андозҳо, ваколатҳои вакилӣ, идома додани корҳои ободонӣ ва тақвият додани фаъолияти ташвиқотию тарғиботиро гӯшзад намуд.

аскарӣ сабру таҳаммул, шуҷоату далерӣ, бурдбориву сарбаландӣ ва музаффариятҳои беназирро таманно намуд. Дар ҷараёни ҳамоиш ҳамчунин раиси Шўрои собиқадорони шаҳр Содирхон Қосимӣ ва модари Дар рӯзи нахустини маъракаи тирамоҳии даъвати даъватшаванда Зевархон ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Собирова ба ҷавонони дар Тоҷикистон дар майдони Шоҳ Исмоили Сомонии маркази мавсими тирамоҳӣ дар қатори аввалинҳо ба адои хизмати шаҳр ба муносибати гусели гурӯҳи аввалини ихтиёриён ҳарбӣ сафарбаршаванда изҳори бо ширкати роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳалии миннатдорӣ карда, фотеҳаи нек ҳокимияти давлатӣ, кормандони комиссариати ҳарбӣ, доданд. масъулини мизҳои ҳарбии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Сарбози ба тозагӣ хизмати собиқадорони ҷангу меҳнат ва сокинони сершумор аскариро ба итмом расонида ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Муҳаммаддаврон Болтаев иброз дошт, ки хизмат дар сафи Раиси шаҳр Баҳоваддин Темурмалику Восеъ ва даҳҳо Қувваҳои Мусаллаҳ мактаби Баҳодурзода шукуҳи дигаронро, ки хушбахтии комили мукаммали ҳаёт ва обутоби нишотангези маросими худро дар ору номуси меҳандорӣ ахлоқиву арсаи нахустини сафарбарнамоии шинохтаву баҳри ҳифзу ҳимояи пурифтихори ҷисмонӣ, шуҷоату далерӣ тирамоҳӣ ба сафи Артиши сарзамини аҷдодии хеш ва бояд ҷавонони синни миллиро шаҳодати болоравии ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, мебошад даъватӣ барои ба ҷо овардани масъулияти шаҳрвандии ҷавонон тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандорӣ хизмати Ватан ва волидайни онҳо, нишони арзёбӣ карда, ҳомиёни ояндаи ҳиммат банданд. Модар камари шукргузорӣ ба Ватани осудаву Ватанро ба хизмати содиқонаю Даъватшавандагон Баҳоваддин ором ва ободии макон ва оғози бошарафона ҳидоят намуд. Пӯлодов ва Исмоилҷон Собиров неку муташаккилонаи мавсими Муовини Вазири мудофиаи дар назди аҳли ҷамъомад аз даъвати тирамоҳӣ маънидод Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусаттор номи ҷавонмардони намуд. Зеро, дар рӯзи якуми Шоҳиён, ки дар ҳамоиш ба ҳайси ки ифтихори баланди ҳақиқие, даъват ҷамоатҳои деҳоти Воруху меҳмони фахрӣ ширкат дошт, доранду Ватанашонро аз миллӣ сидқи Чоркӯҳ аз иҷрои меъёрҳои зимни суханронӣ аз муқаддас дил дӯст медоранд, ботантана муқарраргардида бо сарбаландӣ будани Ватан ва ҳатмӣ будани ваъда доданд, ки дар сафи мужда расониданд. хизмати ҳарбӣ ёдовар шуда, Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Шаҳрдор бо зикри он, ки бо таъкиди зарурияти эҳсоси хизмати бо сари аҷдодони хирадманди мо аз масъулияти баланд вобаста ба баланду Модар-Ватанро дасту дили пок адо қадимулайём мардонагии дифоъ аз марзу буми Тоҷикистони хоҳанд кард ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи соҳибистиқлол ва шарафу номуси Барномаи фарҳангӣ анҷомВатан ва ҷонфидоӣ ба номи миллат дар шароити мураккаби бахши чорабинӣ гардид. Ватан медиданд, бузургмардоне сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ба чун Спитамену Деваштич, ҷавонон дар адои хизмати

Гусели гурӯҳи аввалини ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ


2

"Насими ИСФАРА"

6 октябри соли 2021

№ 35 (9404)

Чоркӯҳ ва Ворух нақшаи даъватро иҷро карданд

Дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ дар рўзи нахустини маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи пешбинишуда пурра ва саривақт иҷро шуд.

Д

ар натиҷаи роҳандозии дурусту муассири корҳои фаҳмондадиҳӣ аз

Бахшида ба Рӯзи омӯзгорон дар Қасри “Шифокорон”-и осоишгоҳи “Зумрад” бо иштироки раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

ҷониби гурӯҳҳои таблиғотию ташвиқотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фаъолон дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ ба муносибати гусели гурӯҳи ҷавонони ватандӯст, ки ихтиёран ва бо амри дилу виҷдон азми адои хизмати Модар - Ватанро кардаанд, ҷамъомади ботантана баргузор гардид.

Хизмат ба Ватан кори ҳама мардон аст, Дурӣ зи Ватан шеваи номардон аст.

Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода баробари изҳори сипос ва таманниёти нек ба наваскарон, хизмат ба Ватан – Модарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ карда, аз таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат бобати муҳайё намудани шароити хуби хизмати ҳарбӣ ва зисти сарбозону афсарон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ёдовар шуд. «Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи кишвар мебошад», - изҳор дошт Баҳоваддин Баҳодурзода. Собиқадори меҳнат аз деҳаи Ворух Бобоаҳмад Аҳмадов хизмат ба ВатанМодарро рисолати фарзандӣ ва қарзи шаҳрвандӣ арзёбӣ карда, гуфт, ки мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд. Ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастани ҷавонон падидаи сурурбахш буда, шаҳодати он аст, ки ҷавонони мо баҳри ҳимояи марзу буми аҷдодии хеш, таҳкими сулҳу осоиштагӣ ва дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳаматарафа омодаанд. Дар фарҷом модарони даъватшудагон бо пайгирӣ аз анъанаҳои дерин ба аскарбачагони оянда нон газониданд. Барномаи рангини фарҳангӣ хотири иштирокдоронро болида гардонид.

Таҷлили Рӯзи омӯзгорон

Д

ар ҷараёни он шаҳрдори Исфара саҳми арзандаи омӯзгоронро дар ҳаёти ҳамарӯза ва таълиму тарбияи шоистаи насли наврас тазаккур дода, изҳори умедворӣ намуд, ки минбаъд низ омӯзгорон ба рисолати хеш содиқ хоҳанд монд. -Давлату ҳукумат бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, - иброз дошт раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода, - ба рушди илму фарҳанг ва маънавияти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони дорои донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Ба таъбири Пешвои миллат дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар навбати аввал аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад. Аз ҳамин нигоҳ вуҷуди устод, муаллим ва омӯзгор, ки машъали илму донишро дар пайкари зиндагӣ фурӯзон менамояд, болотар аз пиндор ва дурахшонтар аз таҷаллии хуршед аст. Шахсияти омӯзгор

намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозӯъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ӯст. Лозим ба таъкид аст, ки ҳоло дар Исфара 87 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 74 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 литсей, 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ, 1 мактаб-интернат ва 1 хонаи бачагон фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3267 нафар омӯзгорон (2220 нафар занҳо) фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2694 нафар бо таҳсилоти олӣ (82,5%), 227 нафар бо таҳсилоти олии нопурра (6,96%) ва 346 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ (10,6%) мебошанд. Дар қатори муассисаҳои таълимии соҳаи маориф дар Исфара инчунин Филиали

Раёсати молия ба кор даъват мекунад Раёсати молия дар шаҳри Исфара барои ишғоли ҷойҳои кории холии маъмурии зерин озмун эълон менамояд: 1. Муовини сардор – сардори шуъбаи идоракунии буҷети давлатӣ, музди маош 2151 сомонӣ; 2. Сардори шуъбаи хазинадорӣ, музди маош 1760 сомонӣ; 3. Сармутахассиси шуъбаи хазинадорӣ, музди маош

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, литсейҳои касбӣ-техникии шаҳракҳои Нефтободу Шӯроб, Муассисаи таълимии давлатии Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара, Филиали Маркази таълими калонсолон ва мактабҳои санъат кору фаъолият доранд. Дар раванди чорабинии ба Рӯзи омӯзгорон бахшидашуда ба муаллимони пешқадами муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот ва собиқадорони соҳа Сипосномаву туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара супорида шуд. Ба чанде аз омӯзгорони пешсаф ва собиқадорон бошад, ҳамчун нишони арҷгузорӣ ба заҳматҳо роҳхат ба осоишгоҳи “Зумрад” тақдим гардид. Барномаи ҷолиби фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ буд.

1311 сомонӣ; 4. Мутахассиси пешбари шуъбаи хазинадорӣ, музди маош 804 сомонӣ; 5. Мутахассиси пешбари шуъбаи аудити дохила, музди маош 804 сомонӣ; 6. Мутахассиси шуъбаи банақшагирии даромадҳои давлатӣ, музди маош 660 сомонӣ; 7. Мутахассиси шуъбаи идоракунии буҷети давлатӣ, музди маош 660 сомонӣ. Довталабон метавонанд маълумотҳои заруриро аз Раёсати молия дастрас намоянд. Суроға: шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 20, бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, ошёнаи сеюм. РАЁСАТИ МОЛИЯ.

01 хабар медиҳад

Тавсияҳои Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Исфара Барои пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳодисаҳои сӯхтор дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2021-2022 қоидаҳои зеринро риоя намоед: 1. Роҳбарони идораву муассиса ва корхонаву ташкилотҳои соҳаҳои мухталифро зарур аст, ки бо ҳамаи коргарону хизматчиёнашон оид ба риояи чораҳои бехатарӣ аз сӯхтор (дар ҳолатҳои зарурӣ бо ҷалби кормандони хадамоти оташнишонӣ) дастурамалдиҳиҳои дахлдорро гузаронанд; 2. Истифодабарии асбобҳои маишии барқӣ, компютерҳо, конденсионерҳо ва ғайраро таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҳамарӯза баъди анҷоми кор шахсан оид ба хомӯш намудани онҳо аз шабакаи барқ эътимод ҳосил намоянд; 3. Вазъи нигаҳдории маводҳои сӯзандаро дар анборҳо ва утоқҳои кории муассисаҳо таҳти назорат қарор дода, ба нигаҳдории якҷояи маводҳои мухталиф роҳ надиҳанд; 4. Ҳафтае як маротиба аз вазъи ҳуҷраҳои хоҷагиҳои ёрирасон, таҳхонаҳои бинову иморатҳои ҳудуди иншооташон дидан намуда, дар ин ҷойҳо нигоҳ доштани партовҳо, қоғазпораҳо, боқимондаҳои мебел, инчунин ҳезум ва коҳро қатъиян манъ намоянд; 5. Кашидани тамокуро дар ҳудуди муассисаҳо қатъиян манъ намуда, бо ин мақсад ҷойҳои алоҳидаро пешбинӣ намоянд; 6. Моҳе як маротиба вазъи коршоямии ноқилҳои барқӣ, асбобу таҷҳизоти барқиро мавриди санҷиш қарор дода, ҷиҳати иваз намудан ва таъмири қитъаҳои корношоями шабакаи барқгузар ва таъмири корношоямиҳо тадбирҳои таъхирнопазирро андешанд; 7. Ҳолати коршоямии воситаҳои аввалиндараҷаи оташнишониро шахсан санҷида, ҷиҳати аз уҳдаи истифодабарии онҳо баромадани ҳар як корманд чораҳои фаврӣ андешанд; 8. Ба ҳолатҳои банд кардани роҳҳои таҳлия ба биноҳо ва ба миён овардани монеаҳо дар роҳҳои мошингарди атрофи иморатҳо роҳ надиҳанд; 9. Печҳо дар ҷойҳои махсус таҷҳизонида шуда, дар болои тунукаи андозааш 1 ё 1,5 метр ҷойгир карда шаванд; 10. Барои роҳ надодан ба заҳролудшавии одамон, қубурҳои дудбаро ҳар ҳафта як маротиба аз дуд тоза карда шавад; 11. Хусусияти сохтмони болопӯши биноро ба инобат гирифта, қубурҳои дудбаро на аз болои бом, балки аз деворҳои канорӣ ба андозаи 1 метр бароварда шавад; 12. Ба ҷойгир намудани асбобҳои гармидиҳии барқӣ ё печҳо дар наздикии деворҳои бо масолеҳи даргиранда руйпӯшшуда, инчунин дар атрофи гармкунакҳои барқӣ ва печҳо ҷойгир намудани масолеҳи даргиранда, аз қабили пардаи дару тирезаҳо, мизу курсиҳо ва палосу қолинҳо қатъиян роҳ дода нашаванд; 13. Дар болои асбобҳои барқии гармидиҳӣ ва печҳо ба хушконидани либосу дигар маводҳои даргиранда роҳ дода нашавад; 14. Барои истифодабарии дурусту бехавфи асбобҳои гармидиҳии барқӣ, печҳо ва бурдани назорати доимӣ, бо фармонҳои алоҳида шахсони масъул таъин карда шуда, вазифаҳои онҳо ба таври мушаххас муқаррар карда шавад; 15. Барои таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар назди ҳар як печ оташхомӯшкунаки дастии тамғаи ОП-5 гузошта шавад. Боварии комил дорем, ки бо риояи тавсияномаҳои болоӣ масъулин дар таҳкими бехатарӣ аз сӯхтори бинову иморатҳо, муҳимтар аз ҳама дар таъмини амнияти коргарону хизматчиёнашон ва ҳифзи ҳаёту саломатии онҳо саҳмгузор хоҳанд буд. М.АБДУРАҲИМЗОДА, капитани хизмати дохилӣ.


3

"Насими ИСФАРА"

Забони модарӣ ягона нишонаест, ки маҳз тавассути он мансубияти инсон ба миллат муайян карда мешавад. То ба имрӯз илм бештар аз ин далели муътамади мансубияти шахсро ба фардияти инсонӣ, падару модар, сарзамини аҷдодӣ, таърихи пайдоиш ва рушди миллӣ, урфу одати шоистаи дар тӯли ҳазорсолаҳо шинохташуда дарёфт накардааст. Забони модарии мо - забони тоҷикист. Он яке аз муқаддасоти миллӣ ва аз бузургтарин арзиш ва бозгӯи фарҳангу маънавиёти миллат ба ҳисоб меравад. Забони тоҷикӣ на фақат ҷавҳари ҳастии миллати мо, балки нишонаи барҷастаи қадимӣ будани фарҳанги мост. Таърих гувоҳ аст, ки аҷдоди тоҷикон борҳо бо нерӯмандтарин истилогарон рӯ ба рӯ шудаанд, вале бо бартарии фарҳанг, асолати ойину суннатҳо ва андешаи миллии худ бар онҳо ғолиб омада, ҳуввияти миллии худро нигоҳ доштаанд. Чун ба таърихи забони тоҷикӣ менигарем, мебинем, ки он дар давраи салтанати Сомониён рушду нумӯъ ёфта, дар олам мақоми баландро соҳиб шудааст. Ба гуфти муаррихон дар аҳди Сомониён забони тоҷикӣ ҳамчун забони шеъру шоирӣ, забони илму адаб бо покиву шириниаш воқеан оламгир шуд. Ва албатта, ин мартабаи олиро ба забони тоҷикӣ, пеш аз ҳама, соҳиби он - халқи тамаддунофари мо, адибону олимони хушқалам ва меҳанпарастамон бахшидаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки танҳо истиқлоли сиёсӣ омили аслии истиқлоли забонӣ мебошад. Чун забони тоҷикӣ дар сатҳи истиқлоли забонӣ мақом ёфт, пас аз барҳам хӯрдани давлати Сомониён, адами истиқлоли давлатӣ, забони тоҷикӣ дар замони ҳукмронии бегонагон низ асолати худро нигоҳ дошта тавонист ва забони дарбор, аҳли ҳунар, фарҳанг ва адаб буд ва дар мақоми забони муоширати байни давлатҳо қарор дошт. Бо вуҷуди он ки даври гардун ба миллати тоҷик ҷабри беандозаро насиб гардонид, халқи тоҷик “сипари боэътимод”забони модариро аз даст надод. Аз ин хотир, Пешвои миллат мафҳуми истиқлоли давлатиро бо истиқлоли забонӣ тавъам медонанд: “Забони тоҷикӣ ва рушду ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлоли давлативу

6 октябри соли 2021

№ 35 (9404)

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон, Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

Нақши истиқлолият дар пойдории забони давлатӣ сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлоли забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад”. Аз таърих аён аст, ки забон бе пуштибонии сиёсиву ҳуқуқӣ наметавонад рушд кунад, инкишоф ёбад ва вазифаи таърихии худро иҷро намояд. Танҳо пас аз давлати Сомониён забони миллии мо дар даврони истиқлолият дар мақоми забони давлатӣ қарор ёфт. Аз вазифаҳо ва ҳадафи асосӣ қарор доштани масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва густариши он, ҳифзи арзишҳои миллии забон дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳам ҳукумати кишвар андешидани чораву тадбирҳои муассир ва назорат аз болои он далели ин фикр аст. Ин маънӣ дар баёни муъҷази Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ ёфтааст: “Забон рукни асосии миллат ва давлат аст, миллату давлат соҳиб ва пуштибони забонанд. Забон омили асосии рушду камоли миллат ва давлат аст. Ин аст, ки забон ва миллату давлат дар паноҳи якдигаранд”. Забони тоҷикӣ дорои мақоми давлатӣ гардид ва дар моддаи дуюми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин омада: “Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”. Муҳимтарин ҳуҷҷате, ки дар асоси он фаъолияти забон ба роҳ монда шуд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад, ки ҳанӯз соли 1989 дар иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул гардида, ба тавсиб расида буд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” коргузории мақомоти ҳокимият, идораҳои давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои

ҷамъиятиро бо забони давлатӣ талаб кард, вазъи ҳуқуқӣ ва истифодаи танҳо забони тоҷикӣ (давлатӣ)-ро муайян намуд ва забони русиро “забони муоширати байни халқҳо дар ҳудуди Тоҷикистон” эълом дошт. Бо гузашти замон - бист соли амал он натавонист, талаботу ниёзҳои рӯзафзуни ҷомеаи кишварро дар даврони соҳибистиқлолӣ пурра қонеъ гардонад. Аз ин рӯ зарурати аз нав ворид намудану тағйироту иловаҳо ба миён омад ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябри соли 2009 бо таҳрири нав ба тасвиб расид. Доир ба аҳамияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо тағйироту иловаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштаанд: “Ин қонун вазъи ҳуқуқӣ, истифода ва дурнамои рушди забони давлатиро дар шароити кунунии муносибатҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар танзим ва муқаррар менамояд. Қонуни мазкур дар асоси меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ дар иртибот ба вазъи ҳуқуқии забони давлатӣ таҳия гардида, дар он меъёрҳои истифодаи дигар забонҳо, аз ҷумла забонҳои ақаллиятҳои миллии сокинони кишвар низ муқаррар гардидааст ”. Эмомалӣ Раҳмон забони модариро аз далелҳои муътамад ва дастоварди тамаддуни мардуми тоҷик ва ҳамзамон, рукни муҳимми таъминкунандаи амнияти давлатдории миллӣ донистаанд: “Арҷ гузоштан ба забони модарӣ омили сарчашмаи бақои ваҳдати миллӣ ва яке аз рукнҳои устувори давлатдорӣ ба ҳисоб меравад”. Бақои ваҳдату амнияти миллӣ бо омӯхтану донистани асосҳои таърихии чандҳазорсола, ки дар осори аҷдодонамон бо забони шевои тоҷикӣ офарида шудаанд

ва беҳтарин дурдонаҳо ва асолати суханро дар худ таҷассум кардаанд, даст медиҳад. Инчунин, нерӯманд гардидани забони модарӣ тавассути ворид шудани истилоҳҳои нав, ки дар олами ихтирооту кашфиёт ва иқтисодиёту техника падид меоянд, ба амал меояд. Зеро, забон ба маҷрои зиндагӣ-таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мутобиқ шуда, мазмунҳои тоза ва талаботи мардум ҷавобгӯро ифода карда тавонистанаш лозим аст. Аз ин рӯ, мо - соҳибзабононро зарур аст, ки вожаву истилоҳҳои нави ба забон вориднамудаамонро ба талабот ва меъёрҳои забон ҷавобгӯ намоем, то асолати миллӣ латма наёбад. Ба хотири инкишофи забони модарӣ Президенти кишвар дар назди олимон вазифаҳои мушаххас гузошта буданд: “Яке аз вазифаҳои асосӣ ва пурифтихори Институти забон ва адабиёт дар давраи истиқлолият пуштибонӣ ва густариши забони давлатӣ, таҳкими мақому мартабаи он аз ҳисоби захираи забони классикӣ ва халқӣ, суфтаву ғанитар намудани забони адабӣ, оммафаҳм намудани забони нашрияҳо, пеш аз ҳама китобҳои дарсӣ, забони матбуот ва тоза нигоҳ доштани забони муошират мебошад”. Ба дараҷаи баланд донистани забони давлатӣ аз вазифаи муҳимми ҳар фарди тоҷик ва аз беҳтарин сифатҳои масъулиятшиносии ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб рафта, ба ватандӯст, корбари соҳибтахассусу моҳир ва соҳибкори муваффақ шудани шахс тавъам аст. Бо баробари дар сатҳи баланд донистани забони давлатӣ бо мақсади ҷорӣ кардани илму техника ва технологияи муосир ба хотири пешрафти минбаъдаи мамлакат ва ба роҳ мондани робитаҳои соҳаҳои гуногун бо давлатҳои тараққикарда донистани забонҳои хориҷӣ, алалхусус русӣ ва англисӣ зарур аст. Муҳаббат ба Ватану миллат моро водор мекунад, ки аз

маккадона ва ғайраҳо кумак мерасонем. - Боз чӣ гуфтаниҳо доред? -Оид ба устодонам, қайд намудан ба маврид аст, ки собиқ раисони хоҷагӣ шодравон Зокирхӯҷа Ҳасанов, Аълохон Мақсудов, Ҷамолиддин Нуриддинов, Суҳбати мо бо марди деҳқон Додохон Сабуров, ки синну солаш аз 71 боло рафтаасту сарагроном Ҳабибулло Зокиров, беш аз 38 сол сардории дастаи саҳроии № 6-и кооперативи тиҷоратии “Кишоварзони Болтабой Сатторов, Додохон Нуриддинов, сарварони дастаҳои Навгилем”-ро бар уҳда дорад. Абдухаллоқ Воҳидов, Дар маҷмӯъ дар даста 26 нафар, ҳадде зарари офати табиии аввали саҳроӣ -Мегӯянд, ҳар касбу кор устод Абдухаллоқ Ёқубов, Аҳмадбой 12 нафар мард, 14 нафар занон кор баҳорро ҷуброн кунем. дорад... -Бале, устоди аввалини ман мекунанд. Аз 11 гектар гандумзор 50 Раҳматов ба ман ҳаққи устодӣ Маслиҳати мутахассисони сентнерӣ, аз 4,2 гектар силос- доранд. Аз фаъолияти корбарии дар интихоби деҳқонӣ шодравон Абдусабур Бобоев мебошанд. Он соҳитаҷриба, ташкилотчиёни кори хӯроки чорво 411 сентнерӣ ҳосил онҳо сабақ гирифтаам. Айни ҳол дар парваришу шахс дар хоҷагии мазкур ҳамчун кишоварзӣ ва вазифагузории онҳо гирифтем. Ҳоло ният дорем, ки аз механизатор, комбайнчӣ солҳои дар ҷаласаи кории ҳар ҳафтаина, 1,2 гектар ҷуворимаккаи дон барои нигоҳубини зироатҳои киштшуда Абдумуталиб ки рӯзи чоршанбе таҳти раиси тухмӣ зиёда аз 60 сентнерӣ ҳосил деҳқонон зиёд кор кардаанд. Маҷидов, Абдумалик Раҳматов, Касби деҳқонӣ касби пуршараф хоҷагӣ Сабзиддин Файзиддинов ба даст орем. бо ҳисси ва тандурустӣ аст. Дар ҳавои бо иштироки сардорони соҳаҳои Ҷашни муқаддасу бузурги Аюбой Пӯлодов меҳнат кушод бо замин гӯё гуфтугӯй мухталифи хоҷагӣ гузаронида миллиамон 30-солагии масъулиятшиносӣ менамоӣ. Замин моро мехӯронад, мешавад, натиҷаи хуб медиҳад. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии мекунанд. Ёрдамчии сардори даста Яҳёхӯҷа -Асосгузори сулҳу ваҳдати мепӯшонад ва ба худ қабул Тоҷикистонро бо меҳнати зарбдор дар баробари миллӣ – Пешвои миллат, мекунад. ва рӯёнидани ҳосили фаровон Исматуллоев онҳо барои баланд бардоштани Президенти Ҷумҳурии Пас аз адои хизмати Ватансазовор истиқбол гирифтем. ҳосилнокии зироатҳо пурмаҳсул Модар ҳафт сол котиби ташкилоти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ -Шогирд тарбия намудаед? кор мекунад. ибтидоии комсомоли хоҷагии Раҳмон дар паёмҳои ҳамасолаи - Идомабахши кору касби инсон Мувофиқ ба қоидаҳои пиллачигӣ ҷомеавии “Октябр” (имрӯза КТ ба Маҷлиси Олии мамлакат шогирд аст. Имрӯзҳо мисли ман дар истифодаи самараноки заминро вазифаи сардори дастаҳои саҳроӣ 9 қуттӣ кирмакро парваришу ”Кишоварзони Навгилем”) будам. Аз соли 1978 дар вазифаи тазаккур медиҳанд. Дар шогирдон Абдуқавӣ Собиров, нигоҳубин кардему аз ҳар як қуттӣ сардори дастаи саҳроӣ фаъолияти дастаи шумо дар ин самт чӣ Абдуқодир Тошматов кор карда 60 килоӣ ашёи хоми саноатӣ ба тадбирандешиҳо роҳандаозӣ меҳнатӣ дорам. меоянд, ки собиқаи кориашон дар даст омад. мешавад? -Тарзу усули корбарии Шумо. ин кори роҳбарӣ аз 25 сол зиёд аст. -Сипос ба Шумо барои суҳбати самимӣ! - Мавсими гузашта, бинобар -Истифодаи самараноки обу -Аз ҷониби хоҷагӣ ва дастаи -Саломату сарбаланд бошед! замин, интихоби тухмии кишт номусоидии обу ҳаво аз боғоти шумо оё камбизоатон дастгирӣ мешуда, шароитҳои хуби корӣ, зардолу ҳосил нагирифтем. Лекин меёбанд? Мусоҳиб муомилаи хуб ба коргарон, сари дар 35 га майдони зери боғ -Ду оилаи камбизоат дорем. Ба Абдумалик АҲМАДОВ. вақт қадр кардани заҳмати ҳар яки парвариши зироатҳои гуногунро онҳо аз ҳисоби хоҷагӣ (раис- С. ба роҳ гузошта, тавонистем бо Файзиддинов) бо маблағ, гандум, онҳост. рӯёнидани ҳосили фаровон то

Мусоҳибаи мо

Сардори кордону ташкилотчӣ

дастовардҳо ва муваффақиятҳои хориҷиён ва давлатҳои пешрафта баҳравар шавем ва барои рушди бемайлони кишвар истифода барем. Такя ба далелҳои илмӣ доир ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Ҳар касе забони модарии худро хуб медонад, барои ӯ омӯхтани забонҳои хориҷӣ осон мегардад”. Дар ин самт барои кулли мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтаринанд. Пешво ба дараҷаи аъло аз захираҳои бойи луғавии забони модарӣ баҳравар буда, дар андешаҳояшон доир ба корҳои таҳқиқоти илмӣ, дар таҳлилу баррасии зуҳуроти таърихӣ ва олами муосир, ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа ва хулосаҳои муҳим дар кулли соҳаҳои давлатдорӣ нишонаи огоҳ будан аз тамоми ҷузъиёт ва назокати забону забоншиносӣ возеҳ аён аст. Рисолати соҳибмиллативу соҳибзабониамон ин аст, ки ба татбиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба рушду такмили минбаъдаи забони давлатӣ ва таҳкими меъёрҳои он мусоидат мекунад, дар танзими истилоҳоти илмӣ, фаъолияти коргузорӣ, ҳифз ва покиза нигоҳ доштани забони адабӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати забони давлатӣ кӯшиш намоем. Чун Пешво забони модариро эҳтиром намоем, мунтазам барои устувор гардидани пояҳои забони давлатиамон саъю талош намуда, барои ғанӣ гардидани фонди луғавӣ, рушд ва нумӯи он талош варзем, ҳамчун меросбари кору пайкори аҷдодон истиқлоли забонро пойдор ва ҷовидонӣ нигоҳ дорем. Эҳтиром гузоштан ба забони модарӣ-эҳтиром гузоштан ба Ватан, ба модар, ба миллат, ба фарҳанг ва тамаддуни хеш аст. Н. РИЗОЕВА, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, унвонҷӯйи ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров.

Эълон! Ташкилоти ҷамъиятии «Умед» дар шаҳри Исфара барои ишғоли ҷойи холии корӣ ба вазифаи омӯзгори пазандагӣ озмун эълон мекунад.

Талаботи тахассусӣ: Маълумоти олӣ ё олии нопурра, ки иҷрои самараноки вазифаи пазандагии (қаннодӣ) дар лоиҳа гузоштаро таъмин намояд.

Ҳуҷҷатҳои зарурӣ:

* Нусхаи шиноснома; * Нусхаи диплом. Муҳлати охирини ҳуҷҷатҳо: 20.10.2021.

қабули

Суроға: шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ, 22. Телефон барои тамос: 927-4547-40. Роҳбарият ва кумитаи Иттифоқи касабаи БМШ аз даргузашти собиқ мудири шуъбаи таваллудхонаи БМШ АТОУЛЛОЕВА ҲАЛИМА ХОДЖАЕВНА андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.


4

"Насими ИСФАРА"

6 октября 2021 года

№ 35 (9404)

«Среди людей самый лучший тот, кто народу больше пользы принесёт». Алишер НАВОИ.

Наши интервью

ООО "Наджот": полезные дела, достойные свершения Текущий год для всех таджикистанев особый, он знаменует собой замечательную дату тридцатилетнего юбилея Независимости республики, которую все мы недавно повсеместно отметили в торжественной обстановке и которая стала, как бы, подведением итогов её славных трудовых и общественно-политических достижений. Не поздно, думается, и сегодня говорить о них, тем более, что коллектив, о котором пойдёт речь, вполне достоин того, чтобы еще раз напомнить о славных делах, поскольку их сфера деятельности очень важна для блага людей, для каждого из нас, ведь общественным транспортом пользуется большинство исфаринцев. На днях наш корреспондент встретился с генеральным директором ООО «Наджот» Наджотхон Исомаддиновой и побеседовал с ней о результатах трудовой деятельности коллектива с периода его создания.

- Наджотхон Ибнияминзода, несколько слов об истории создания Вашего предприятия, как всё начиналось? - Прежде всего, необходимо отметить, что по причине существующего тогда не совсем должного решения вопросов пассажирского обслуживания исфаринцев, с добрыми целями и чистым сердцем нами в январе 2003 года было решено создать общество с ограниченной ответственностью «Наджот» и, таким образом, объединив водителей со своими современными транспортными средствами и имеющими хороший опыт и стаж работы, направить на качественное и эффективное обслуживание пассажиров, обепечить их и специалистов с соответствующим профессиональным образованием широким фронтом работ. Своё развитие предприятие получило не только стараниями и усилиями его руководителей, но, в особенности, благодаря действенной поддержке, прежде всего Лидера нации, Президента Республики Таджикистан, образно говоря, "подлинного отца" предпринимателей страны, уважаемого Эмомали числе одиннадцать специалистов высшим профессиональным Рахмона, руководителей бывшего – с Государственного антимонопольного образованием. - Численность подвижного Комитета, предпринимателей РТ, руководства областного и состава тоже изменилась? - Да, число микроавтобусов городского органов государственной власти, Министерства транспорта, германского производства «Мерседес бывшей транспортной инспекции - Спринтер» с одной единицы выросло РТ и Ассоциации автомобильного до 119 , включая четыре единицы микроавтобусов «Газель». Все они пассажирского транспорта РТ. Так и началась наша деятельность, недавних годов выпуска, находятся с учётом серьёзности и важности в хорошем техническом состоянии поставленных перед собой и в соответствии с духом времени первоочередных задач, с высоким обслуживают пассажиров. чувством ответственности перед - Как изменялся объём каждым соответствующим законом и решением Правительства пассажироперевозок и другие показатели? государства. - С 2003 года до 1 сентября 2021 года Принимая во внимание чёткое выполнение требований объём пассажироперевозок возрос с делопроизводства и качества 204 тысяч до 75 миллионов 635 тысяч пассажирского обслуживания пассажиров, пассажирооборот – с в масштабах республики, 2751 пассажирокилометра до 119 млн Министерством транспорта РТ 31 032 тысяч псж/км. Если в 2003 году октября 2003 года нам был выдан было уплачено 1283 сомони налогов, Сертификат соответствия за № 00001. то уже на сегодня – 708686 сомони. Со стороны водителей за патент было уплачено в 2003 году 6072 сомони, - Каков сегодня количественный сейчас эта цифра составляет 3 млн состав Вашего предприятия? - За истекшее с начала создания 550 тысяч 281 сомони. время число водителей пассажирских - Есть ли какие-либо нарекания микроавтобусов типа «Газель» с 17 человек возросло до 123, пассажиров на работу ваших легковых такси – с трёх до сорока водителей и подвижного состава? -За все девятнадцать лет пяти. Пятнадцать человек, в том

Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд Аттестати маълумоти миёнаи А № 040913, ки МТМУ № 45 солҳои таҳсили 1989-1990 ба Боиров Боир Собитович додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи А № 100904, ки МТМУ № 45 солҳои таҳсили 1991-1992 ба Кенҷаева Ҳусния Шукуровна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи силсилаи А № 105762, ки МТМУ

№ 45 солҳои таҳсили 1984-1985 ба Ҳалимова Машфарат Вақосовна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи силсилаи А № 040935, ки МТМУ № 45 солҳои таҳсили 1989-1990 ба Ҳомидова Очабону Тошхуҷаевна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи силсилаи АЗ № 0992824, ки МТМУ № 29 соли таҳсили 1991 ба Йулдошева Муҳайё Мирмуҳамадовна додааст. *** Аттестати маълумоти асосии

"Насими Исфара" Муассис: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97

его питьевых нужд. В мае текущего года приобрели 800 метров труб и электрокабель для строительства водяной насосной станции от канала Матпари, что позволило обеспечить поливной водой имеющиеся зелёные насаждения и выращивать бахчевые для дастархана наших тружеников. Также, в честь славного юбилея нашей республики – 30-летия Независимости были построены и сданы такие технические пункты, как монтажника, электрика, ремонта аккумуляторов, электроцех, моторный цех.

- О каких добрых делах коллектива можно еще рассказать? - В их числе можно назвать приобретение на 60000 сомони акций для строительства Рогунской гидроэлектростанции, оказание финансовой помощи пострадавшим от стихийных бедствий жителям Куляба, Ашта, Истаравшана и Горного Бадахшана. В 2006 году был организован швейный цех, где работой были обеспечены три опытных для пассажиров. В июле 2005 швеи, они обучали 18 девушек-сирот года и феврале 20011 года нашим и из малообеспеченных семей на коллективом был выигран конкурс- шестимесячных курсах. Тогда же по тендер на маршруты «Исфара- инициативе ООО «Наджот» и при поддержке Комитета женщин РТ были Худжанд» и «Исфара-Нефтеабад». организованы четырёхмесячные курсы профессиональных водителей - Как возводилось и такси-женщин, которые успешно обустраивалось ваше окончили шесть местных девушек. предприятие? По ходатайству ООО Особо примечательным для нас стали «Наджот» Хукуматом города для 2019-2021 г.г., когда была организована электронного такси строительства технологической базы деятельность и административных помещений в «Экспресс» с коротким номером 9922. предгорной местности в 2005 году Сейчас 170 водителей такси этой был выделен земельный участок. Он службы круглосуточно обслуживают состоял из девятнадцати частей с потребности клиентов. Кроме этого, бесчисленными нагромождениями с целью экономии топлива и более камней, без света и воды. Лишь в оперативного обслуживания клиентов 2006 году после соответствующих в период пандемии по доставке работ по разравниванию участка продуктов и медикаментов, нами три скутера он превратился в пригодную для были приобретены деятельности ООО «Наджот» строительства землю. С марта производства Южной Кореи. Их не поступило ни одного (кроме 2007 года до 20 октября 2014 услугами можно воспользоваться, благодарностей) замечания со года с помощью одиннадцати позвонив по номеру 1777. За стороны пассажиров, также не было электрогенераторов (движков), истекший период нашим коллективом зарегистрировано ни одного дорожно- привозных воды и почвы было обслужено 4420 различных и других транспортного происшествия по продолжалось строительство культурно-массовых вине наших водителей. В целях необходимых объектов предприятия, мероприятий, в том числе для ОВД, горвоенкомата, благоустройства и усиления в которые вошли пункты ежедневного МИОГВ, общества работы по безопасности дорожного технического контроля за состоянием погранзастав, инвалидов, малообеспеченных движения по инициативе руководства подвижного состава, рабочие предприятия установлено более 170 помещения диспетчера, механика, семей, предоставлен бесплатно дорожных знаков. инженера, врача и сторожа. пассажирский транспорт на общую Дополнительно на 55 сотках был сумму более одного миллиона сомони. - Расскажите об обслуживаемых разбит сад. Из-за нехватки воды - Как были оценены достижения вами маршрутах. многие саженцы, к сожалению, не ООО «Наджот» является принялись, но оставшиеся десятки, Ваши и всего коллектива? - В 2011 году накануне основателем девяти новых маршрутов ставшие уже плодовыми деревьями, двадцатилетнего юбилея (№№ 9, 9а,10, 11,12, «Ворух-Худжанд», украшают сейчас территорию «Исфара- Канибадам», «Исфара- предприятия. В 2014 году был также Независимости РТ была награждена знаком «Почётный Худжанд», «Кулькент-Худжанд» и сооружен хауз на 104 квадратных нагрудным Министерства имеет на них соответствующие метра воды. В том же году были транспортник» паспорта. Традиционные маршруты построены и сданы в эксплуатацию транспорта Республики Таджикистан, еще с советских времён (Сурх, три ремонтных цеха, в которых а за участие в конкурсах «Фарах-2012» Богистон, Шураб, КИМ, которые 15-18 успешно трудятся столько же мастеров и «Фарах-2014», организованных лет до этого толком не обслуживались, и слесарей. Для достаточного Ассоциацией женщин РТ – премиями полностью восстановлены, по ним бесперебойного обеспечения и ценными подарками. организовано регулярное сообщение. предприятия электроэнергией было - Новых Вам трудовых свершений По просьбе населения и председателей сооружено 2,2 км высоковольтных джамоатов маршрут «Офтобруй» линий электропередач, на благо народа, спасибо за продлён до местечка Гизолон, электроподстанция, на что было содержательное интервью. - Взаимно. маршрут №11 «Тухтакул-Зумрад» - израсходовано 450 тысяч сомони. В до фермы имени Суфро Бокиевой и 2017 году от хауза-водохранилища Беседу вёл маршрут «9а» - до 14-го микрорайона. посёлка Сомониён до нашего В. МАРТЫНЕНКО. Это значительно повлияло на предприятия было проложено 2,7 км создание дополнительных удобств пластмассовых труб для обеспечения силсилаи БП № 289018, ки МТМУ № 29 солҳои таҳсили 1969-1970 ба Нозимова Бишари додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи силсилаи А №163368, ки МТМУ № 23 солҳои таҳсили 19871988 ба Овлододова Санавбар Ҷурабоевна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи силсилаи А № 365274, ки МТМУ № 33 солҳои таҳсили 1981-1982 ба Эгамова Назира Мирисоевна додааст. ***

Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. Телефонҳо: (8 34 62) 2-49-73; 2-44-57. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.

Аттестати маълумоти миёнаи силсилаи А № 039051, ки МТМУ № 1 солҳои таҳсили 19891990 ба Зокирова Муқаддас Абдуфаттоевна додааст. *** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи № 013400, ки МТМУ № 32 солҳои хониши 1983-1984 ба Баҳовадинов Вайдилло Ульмасович додааст. *** Аттестати маълумоти асосии силсилаи Т-ШТА № 0938843, ки МТМУ № 49 соли таҳсили 2013 ба Ибодуллозода Мавзуна додааст. ***

Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 5. 10. 2021. Адади нашр 4300. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.

Аттестати маълумоти миёнаи БП № 711263, ки МТМУ № 21 соли таҳсили 1979 ба Сайдуллоева Мағруба Исмоиловна додааст. *** Шиносномаи миллии, ки ШВКД1-и шаҳри Исфара ба Эргашев Алишер Алиевич додааст бинобар гум шудан эътибор надорад. *** Шиносномаи миллии А № 0932614, ки ШКД-1-и шаҳри Исфара (ШВКД-1) ба Абдурашидова Солеҳа додааст, бинобар гум шудан эътибор надорад.

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ, Тайибахон МАҲМУДОВА. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
"Насими Исфара", № 35, от 6 октября 2021 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu