Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
Оғози нашр 24/04/1932
НАСИМИ
www.nasimisfara.com
ИСФАРА
***
№ 35 (9170) ***
Чоршанбе,
21 сентябри соли 2016
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Мулоқот бо интихобкунандагон Мувофиқ ба нақшаи кории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ имрӯзҳо дар гӯшаву канори мамлакат мулоқоту вохӯриҳои вакилони ин ниҳод бо интихобкунандагон баргузор мегардад.
Дар ин радиф дар шаҳри Исфара вакили МН МО ҶТ, раиси кумитаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода ва вакили МН МО ҶТ аз ҳавзаи интихоботии «Исфара №20» Мавзуна Шарофиддинова бо интихобкунандагон мулоқоти самимиву судманде анҷом доданд. Дар ҷараёни нишаст вакилон роҷеъ ба рисолат ва фаъолияти МН МО ҶТ, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷӣ
Мувофиқ ба лоиҳаи «Ҳамкориҳои наздисарҳадӣ баҳри ноил гардидан ба сулҳи устувор ва инкишоф»-и Барномаи рушди СММ дар маҷмааи «Ҷаҳони нав» нишасти якҷояи намояндагони мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва доираҳои соҳибкории шаҳри Исфараи ҶТ ва ноҳияи Боткони ҶҚ баргузор гардид. Дар ҷараёни он лоиҳаҳои «Ҳамкориҳои наздисарҳадӣ баҳри ноил гар-
"Навид" соҳиби ҷоизаи ТЭФИ Барномаи ҳамарӯзаи иттилоотии «Навид»-и шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон - «Сафина» ба дарёфти ҷоизаи Фестивали VI байналмилалии «ТЭФИ-Содружество» дар Ереван ноил гардид.
Ҷашнвораи «ТЭФИ-Содружество» бори шашум таҳти унвони «Хабарҳо - касби мо» гузаронида мешавад, ки на танҳо майдони намоиши маҳорати касбии журналистони телевизионҳои як қатор кишварҳои ИДМ, Гурҷистон ва кишварҳои Балтика гардидааст, балки ҳамчунин ба як майдони таҷриба ва ибрози андешаву афкор оид ба масоили рӯзмарраи ин соҳа табдил ёфтааст. Дар фестивал ҳудуди 90 барномаҳои 40 шабакаҳои телевизионии 12 кишвари узви ИДМ ва давлатҳои хориҷи наздик пешниҳод шуда буданд. Лозим ба зикр аст, ки дар ноил гардидан ба ин дастоварди азим кормандони намояндагии телевизиони “Сафина” дар шаҳри Исфара Наимҷон Юнусов, Набиҷон Худойбердиев ва Иззатулло Муҳаммедов низ саҳми хоса гузоштаанд. Аз ин хотир онҳоро низ сидқан муборакбод мегӯем.
Дар интихоботи Думаи давлатии Русия, дар овоздиҳии рӯзи 18 сентябр дар вилояти Киров сиёсатмадори тоҷиктабор Раҳим Азимов пирӯз шуд. Ин сиёсатмадори узви ҳизби ҳокими «Русияи воҳид» бо 51,29 дар сади овозҳо бар рақибони худ дастболо шуд. Дар интихобот Раҳим Азимов шахси боэътимоди Владимир Путин, Президенти Русия буд. Раҳим Азимов зодаи шаҳраки Шӯроби шаҳри Исфара мебошад. Раҳим Азимов соли 1964 дар оилаи коргар ба дунё омада, Донишгоҳи маъданшиносии ба номи Г.В.Плеханови шаҳри Ленинградро аз рӯи ихтисоси «Технология ва механизатсияи коркарди маъдан» хатм кардааст. Баъди хатми донишгоҳ ӯ дар Русия монда, дар соҳаи саноат фаъолият бурдааст. Соли 1996 дар мақоми намояндаи доимии Ҷумҳурии Комӣ дар назди Президенти Русия, раҳбари иҷроияи барномаҳои Бунёди минтақавӣ барои Шимоли Русия будааст. Дар оғози солҳои 2000-ум узви Шӯрои Федератсия, баъдан узви кумита оид ба назорат аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кор карда, дар солҳои 2008 то 2012 профессори Донишгоҳи маъданшиносии Санкт-Петербург, муовини раҳбари кулли корпоратсияи «Ростехнология» буд. Соли 2015 муовини раис оид ба масоили иҷтимоии «Корхонаи кимиёвии Кирово» ОАО «ОХК «Урал-
ва нақшаҳои бунёдкоронаву созандаи Ҳукумати кишвар ва моҳияти иқдомҳои ободкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон каломронӣ намуданд. Сипас, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 Шаҳлохон Абдуманнонова, донишҷӯи соли дуюми коллеҷи тиббии шаҳр Зумрад Ҳомидзода ва имомхатиби масҷиди ҷомеи маркази шаҳр Ҷамолиддин Шаҳобиддинов ба музокира баромада, вобаста ба масъалаҳои зикршуда андешаҳояшонро баён доштанд.
Баҳри сулҳи устувор
дидан ба сулҳи устувор ва инкишоф» ва «Мусоидат ба тиҷорат»-и Барномаи рушди СММ, ки дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Боткон амалӣ гардонида мешаванд, муаррифӣ карда шуд. Сипас, ширкатдорон бо натиҷаи тадқиқоти 6 моҳаи аз тарафи кормандони лоиҳа вобаста бо шарту шароит ва имкониятҳои мавҷудаи рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва робитаҳои тиҷоратии наздисарҳадӣ анҷомдодашуда ба тафсил ошно шуда, перомуни масъала фикру дархостҳои хешро иброз намуданд.
Фарзанди Исфара дар Думаи давлатии Русия
хим» таъин шуд. Хатмкардаи Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Донишгоҳи умури дохилии Санкт-Петербург ва доктори улуми техникӣ мебошад. Раҳим Азимов дар тӯли 26 соли зиндагӣ ҳамроҳ бо ҳамсараш Елена се фарзандро ба воя расондааст. Дар таърихи Русияи соҳибистиқлол ҳеҷ гоҳ тоҷиктаборон ба узвияти парлумони ин кишвар ворид нашудаанд, ҳарчанд намояндагони Тоҷикистон дар ҳукумати ин кишвар ва сохторҳои тиҷоративу молӣ кор мекунанд.
Н/И
22 сентябр - Рӯзи Рӯдакӣ
Поягузори адабиёти форсу тоҷик Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод, Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод! Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод, Рӯзе, ки туро набинам он рӯз мабод! *** Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад, В-ар бикшойӣ, ҷангали боз андозад, В-ар печу хамаш зи якдигар бикшоянд, Доман-доман мушки Тароз андозад. *** Чун субҳ алам зад ба ҳисомат монад, Чун якшаба шуд моҳ, ба ҷамоат монад! Тақдир ба аспи тезгомат монад, Рӯзӣ ба ато додани омат монад! *** Ҷуз ҳодиса ҳаргиз талабам кас накунад, Як пурсиши гарм ҷуз табам кас накунад, В-ар ҷон ба лаб оядам ба ҷуз мардуми чашм, Як қатраи об бар лабам кас накунад. *** Номат шунавам, дил зи фараҳ зинда шавад, Ҳоли ман аз иқболи ту фархунда шавад, В-аз ғайри ту ҳар ҷо сухан ояд ба миён, Хотир ба ҳазор ғам пароканда шавад. *** Омад бари ман. Кӣ? Ёр. Кай? Вақти саҳар. Тарсанда зи кӣ? Зи хасм. Хасмаш кӣ? Падар! Додам-ш ду бӯса. Бар куҷо? Бар лаби тар! Лаб буд? На! Чӣ буд? Ақиқ! Чун буд? Чу шакар! *** Ҳон ташнаҷигар, маҷӯй з-ин боғ самар, Бедистонест ин риёзӣ ба ду дар! Беҳуда намон, ки боғбонат ба қафост, Чун хок нишаста гиру чун бод гузар! *** Чун кушта бибинам ду лаб гашта фароз, В-аз ҷон диҳӣ ин қолаби фарсуда ба оз, Бар болинам нишину мегӯй ба ноз, К-ай кушта туро ману пушаймон шуда боз! *** Дар ҷустани он нигори пуркинаву ҷанг, Гаштем саропойи ҷаҳон бо дили танг, Шуд даст зи кору монд пой аз рафтор, Ин баски ба сар задему он баски ба санг! *** Бар ишқи туям на сабр пайдост, на дил, Бе рӯйи туям на ақл бар ҷост, на дил! Ин ғам, ки марост кӯҳи Қоф аст, на ғам, Ин дил ки турост, санги хорост, на дил! *** Воҷиб набувад ба кас-бар афзолу карам, Воҷиб бошад, ҳаройина, шукри ниъам, Тақсир накард хоҷа бар новоҷиб, Ман бар воҷиб чи гуна тақсир кунам?! *** Юсуфрӯйе, к-аз ӯ фиғон кард дилам, Чун дасти занони мисриён кард дилам. З-оғоз ба бӯса меҳрубон кард дилам, Имрӯз нишонаи ғамон кард дилам!