Насими Исфара, № 34 от 27 октября 2020 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 34 (9363) *** Чоршанбе, 28. 10. 2020

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад Рӯзи 25-уми октябри соли 2020, соати 15:30 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд.

Т

авре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд. Онҳо даъво пеш меоранд, ки маҳалли кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд. Мавриди зикр аст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст. Хушбахтона, аз тирпаронии марзбонони қирғиз сокинони Хоҷаи Аъло осеб надидаанд. Корҳо дар маҳалли муноқиша муваққатан қатъ карда шуданд. Байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ду кишвар гуфтушунид идома дорад. АМИТ "ХОВАР".

Бо мақсади шиносоӣ бо ҳолати имрӯзаи санитарии марказҳои савдо ва хизматрасонӣ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ, ҳамчунин сатҳи нарху навои маводи ғизоӣ муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода бо ҳамроҳии масъулини дахлдори соҳаҳо аз Бозори марказии шаҳр боздид ба амал овард.

Ҳ

ангоми боздид муовини раиси шаҳри Исфара сароғоз бо нарху навои маҳсулот, аз ҷумла нон, орду равған, биринҷу гўшт, меваҷот ва дигар маводи мавриди ниёзи мардум шиносоӣ пайдо намуд. Ҳамзамон бо боздиди бозор Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода қаноатмандии худро аз фаровонии молу маҳсулот дар бозори марказии шаҳри Исфара изҳор дошта, ба масъулини сохторҳои масъули соҳаи савдо супориш дод, ки ҳамарӯза доири танзиму нигоҳдории нархҳои бозорҳои шаҳр тадбирҳои мушаххас андешанд ва ба пастравии нархи маҳсулот мусоидат намоянд. Ҳамзамон ба масъулини соҳаи беҳдошту санитарӣ, савдо ва Маркази Агентии "Тоҷикстандарт"

Фарзандони Президент Дар зиндагӣ кам касонро вохӯрдан мумкин аст, ки ба ғайр аз фарзандони худ боз дигар кӯдаконро ба фарзандӣ қабул ва тарбия мекунанду онҳоро ба воя мерасонанд. Яке аз ин гуна шахсон Раҳнамо Собирова, ҳамшираи шавқати Беморхонаи Чоркӯҳ мебошад, ки ба ғайр аз фарзандонаш боз ба дигар кӯдакон модарӣ кардааст. Бароятон фишурдае аз амалкарди Раҳнамо Собироваро меорем. Раҳнамо яке аз ҳуҷраҳои беморхонаи амрози асаби деҳоти Чоркӯҳро кушода, вориди он гашт. Рӯи кат Бибираҳима - зани миёнасол менишаст ва бо ворид шудани Раҳнамо бо чеҳраи хаставу ожангзада пайкари камқувваташро рост нигаҳ дошта, чашмони камнурашро сӯи аёдаткунанда дӯхт. Пас аз ҳолпурсӣ, Раҳнамо меваҳои овардаашро назди бемор гузошт. Диққати ӯро ҷавонписаре, ки дар як кунҷи ҳуҷра бо сари хам ва дар ҳолати хиҷолат меистод, ба худ кашид. Ҷавон либоси фарсуда, пойафзоли нимдошт, ки гӯё соли дароз аз гарду чанг тоза нашуда буд ба бар дошт. Ҷавонписар бо ворид шудани Раҳнамо хайрухуш намуда, оҷилона ҳуҷраи беморхонаро тарк кард. - Писари хоҳарзодаи ғӯрамаргам, номаш Умед, - гуё ба саволи дар дил пурсидаи Раҳнамо ҷавоб мегуфта бошад, иброз дошт холаи Бибираҳима ва илова кард,- Бекасу кӯй аст, падараш низ фоҷиабор ба ҳалокат расид. Ғами онон маро пир кард. Дар ботини Раҳнамо оташаке фурӯзон гашт, ки онро Бибираҳима афӯхт, оташи меҳр, шавқат, саховатмандӣ ва инсондӯстӣ. Рӯзи дигар Раҳнамо роҳи Умедро бетоқатона интизорӣ кашид. Ӯ ногаҳон аз кӯчаи паҳлуи беморхона пайдо шуд. Умедро сӯяш хонд. Вақте, ки дасташро рӯи сари Умед гузошт, Умедро гӯё барқ зада бошад, як қад парид, чашмонаш бузург гаштанд, вуҷудашро эҳсоси гуворое фаро гирифт, эҳсоси навозиши модар, эҳсосоте, ки ӯ дар тифлӣ гум карда буд.

Боздид аз бозори марказӣ

-Умедҷон, мехоҳӣ фарзандони ман бошӣ? Ҳамроҳи писари худам бузург мешавӣ, ҳар чизе, ки ба фарзандонам харидам, барои ту низ мехарам, - бо қатъият гуфт Раҳнамо. Он навозиши модарона ва бӯи модар, умед ба фардои нек Умедро маҷбур сохт розӣ шавад. Аз рӯзи дигар Умед ҳарчанд либоси тоза, нони гарм, сухани нарм ва оилаи нави пур аз меҳри муҳаббатро ёфт, чеҳрааш ҳамоно ҷиддӣ буд. -Ба ту чӣ шуд писарам, чизе намерасад? -Бале модар, ин ҷо нони гарм мехӯрам, сарпараст дорам, аммо ду хоҳари хурдсол дорам, ба хусус хоҳари хурдиам Ёсуман, тамоман навозиши модарро надидааст. Агарчӣ дар мактаб-интернати махсус аз ҳама шароитҳо бархӯрдор, дилам хун мегиряд, бо ёди онҳо.

дар шаҳри Исфара супориш дода шуд, ки нарху наво, сифатнокӣ ва бехатарии махсулоти гӯштиро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Муовини раиси шаҳри Исфара Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода инчунин ба маъмурияти бозор бобати риояи бечунучарои қоидаҳои беҳдоштӣ, фароҳамсохти шароитҳои созгор ба фурӯшандагону харидорон, ба талаботҳои муосир ҷавобгӯ ба роҳ

-Мехоҳӣ онҳоро биёрем, буридаи нонамонро бо ҳам мебинем, оилаи бузург мешавем? Рӯзи дигар бо такудави зиёд ва бо иҷозати ташкилотҳои махсус Фотима ва Ёсумани кӯчак низ шомили ин оила гаштанд. Дар миён чор сол бо буду нобудаш сипарӣ гашт. Кӯдакон бузург гаштанд, ҳар яке чун кабӯтарони озод ба самои зиндагӣ болу пар кушода дар парвоз шуданд. Раҳнамо Собирова кист? - ҳамшираи тиббии бахши кӯдаконаи беморхонаи №2-и деҳаи Чоркӯҳ. Вақте ки аз шарҳи ин рӯйдодро бо мардум пайгирӣ намудем бисёр паҳлуҳои ҷолиби он рӯшан гашт. Аз Раҳнамо пурсидам: -Ятимонро калон кардан душвор набуд? Гуфт: -Маро модаркалонам калон карданд. Зани ниҳоят сахӣ буданд, субҳгоҳон назди дарвоза сари кӯча мебаромаданд, то ягон нафарро ёбанду субҳонаашонро бо ҳам тановул кунанд, танҳохӯрро ёраш шайтон мегуфтанд. Вақте Умедҷонро хонадор кардам, ӯ аз ман модар гуфта, дуо хост, мушкилиҳоям фаромӯш гаштанд, аҳд карда будам, ки ягон дирам пули шавҳари муҳоҷирамро масраф намекунам. Қарз гирифтам, аз маоши андакам тадриҷан бармегардонидам. Рӯзе нафари қарздода маро дар кӯча дида гуфт, ки ту дигар қарздор нестӣ. Пурсидам: -Чаро? Гуфт: -Ман ҳам аз Худованд умед дорам, медонам пулро ба тӯи Умедҷон сарф кардӣ, ҳалолат бод! -Гуворотарин лаҳза кай буд? -Вақте Умедҷон аз кишвари Россия бо дастмуздаш омаду хонаи падариашро таъмир кард, маблағе ба ман дароз кард, гуфтам ба тӯи арӯсии хоҳарат нигаҳ дор. Шод гашт. -Намедонам Шуморо чӣ гуям? Ҳамаи ятимони кишвар худро фарзандони Президент меноманд. Президентамон сарвари ятимпарвар ва худшиносу худошинос ҳастанд. Мо ҳам пайравони Президент ҳастем! Ҷавоҳирлаъл ШАРИФЗОДА.

мондани фаъолияти бозор ва барои корҳои ободонию созандагӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, таъкид дошт, ки зимни фаъолияти корӣ мунтазам корҳои безараргардониро анҷом дода, назорати риояи фосилаи иҷтимоӣ, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемиявиро пурзӯр намоянд.

Ба "Насими Исфара" обуна шавед! Ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳри Исфара, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ ва хонандагони доимии нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ расонида мешавад, ки маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаи «Насими Исфара» барои соли 2021 идома дорад. Лозим ба ёдрасист, ки арзиши обуна барои як сол ҳамагӣ 70 сомонӣ буда, дархостҳо бевосита дар идораи рӯзномаи «Насими Исфара» қабул карда мешаванд. Суроғаи мо: шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. Телефонҳо барои тамосгирӣ: 2 – 49 – 73 ва 2 – 44 – 57. Инчунин Шумо метавонед дар Маркази алоқаи почтаи шаҳри Исфара ба рӯзномаи "Насими Исфара" обуна гардед.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.