"Насими Исфара", № 34 от 29 сентября 2021 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 34 (9403) *** Чоршанбе, 29. 09. 2021

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳр Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандонро баргузор намуд.

Қ

абл аз шурӯъ ба шунидани муроҷиатҳо зикр карда шуд, ки қабули шаҳрвандон дар партави сиёсати мардумпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ҳадафи он огаҳӣ ёфтан аз муаммову мушкилоти сокинон ва мусоидат дар ҳалли саривақтии онҳо мебошад. Дар ҷараёни қабул сокинон вобаста ба масъалаҳои мухталиф, аз қабили ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, таъмири роҳҳо, идомаи таҳсили фарзандон дар донишгоҳҳо, муаммоҳои оилавӣ, дастрасӣ ба кумакҳои моддию молиявӣ муроҷиат карданд. Баҳоваддин Баҳодурзода аз қабули шаҳрвандон натиҷагирӣ намуда, ба масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супориш дод, ки ба ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон эътибори зарурӣ дода, мушкилоти онҳоро сари вақт ҳал намоянд. Мардуми шарифи тоҷик аз қадимулайём бо тамаддуну фарҳанги оламшумул ва ахлоқи ҳамидаи хеш шуҳрат дошт. Таърихи ин миллат таърихи ҳимоят аз хоку марзу бум, нангу номуси миллӣ ва хонаводагӣ, посдорӣ аз номи неки аҷдодон ва ифтихор аз тамаддуну фарҳанги асили инсонпарварона аст. Ҳифзу ҳимояи Ватан дар дини мубини Ислом низ ҷойгоҳи хосе дорад ва Худованди таъоло мусулмононро ба ҳифзи марзу буми Ватани худ амр кардааст. Аз ин лиҳоз, ҳар як фарди ватандўстро мебояд ба Ватану миллат ва фарҳанги худ содиқ бошад, зеро дўст доштани Ватан, ҳифзи марзу бум, амнияту осудагӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу муқаддасоти он қарзи ҳар як мусулмон ба ҳисоб меравад. Дар таълимоти динӣ фармудае ҳаст, ки дўст доштани Ватанро ба ҳама воҷиб мегардонад: «Ҳуббу-лватани мина-л-имон», яъне дўст доштани Ватан аз гўшаи имон аст. «Ҳуббу-л-ватан» дўст доштани Ватан аст, муҳофизати Ватан аст, хизмати Ватан аст, обод кардани он аст, садоқат ва ростӣ аст. Аз ин хотир, ба ҳар яки мо воҷиб аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем ва вазифадорем, ки Ватани худро ҳимоя намоем, чунки ҳимояи Ватан савоби беандоза дорад. Уламои Ислом мегўянд, ки «Як шаб ҳимояи Ватан беҳтар аз тамоми некиҳост ва манзалати ҳомии Ватан мисли фариштагони нигаҳбон аст». Худованди мутаъол дар сураи «Оли Имрон» мефармояд: «Эй муъминон сабр кунед ва дар

Бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи футболи кишвар бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” байни дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дастаи футболи "1988"-и Исфара дар вилоят ҷойи сеюм

Д

ар ин росто Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо мақсади таъмини фароғати мадании сокинон, муайян намудани беҳтарин дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳри Исфара, инчунин таъмини бевоситаи иҷрои “Барномаи рушди футбол дар шаҳри Исфара барои солҳои 2017 – 2021” марҳилаи 2-юми мусобиқаро миёни 10 дастаи ғайрикасбии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Исфара баргузор намуд. Дар ҷамъбаст дастаи “1988”-и маркази шаҳр сазовори ҷойи якум, дастаи “Навгилем”-и Ҷамоати деҳоти Навгилем ҷойи дуюм ва дастаи

“Боғдорӣ”-и Ҷамоати деҳоти Кӯлканд сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Санаи 23-уми сентябр бошад, дар майдончаи варзишии "Боғи ғалаба"-и шаҳри Хуҷанд марҳилаи сеюми мусобиқа барои дарёфти "Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон"

ҷамъбаст гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи "Содирхон Ҳофиз" - и шаҳри Хуҷанд ҷойи якум, дастаи "Истаравшан"-и шаҳри Истаравшан ҷойи дуюм ва дастаи "1988"-и шаҳри Исфара сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ гуноҳи кабира аст иқомат дошт, охир ба Ватанаш баргашт. Ҳазрати Юсуф (а) дар Миср мулки шоҳӣ дошт, охир ба Ватан баргашт. Ҳазрати Иброҳим (а) дар ҳаққи Ватани хеш дуо кард, Худованд дуояшро мустаҷоб гардонид. Айни замон даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз гардида, иддае аз ҷавонони ба нангу номус бо сари баланд ва бо ихтиёри худ барои адои қарзи шаҳрвандӣ ва имонӣ ҳозир мешаванд, аммо баъзе аз ҷавонони ноогоҳ аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ намуда, пинҳон мешаванд, ба муҳоҷират мераванд ё баҳонаи дигаре меҷўянд. Гузашта аз ин, баъзе сабр қадам устувор доред дар хатар мемонанд, то падару модарон низ дар ин кор ба фарзандонашон мусоидат ва омода бошед ва аз Худо мардум осуда бошанд). битарсед, бошад, ки растагор Паёмбари Худо (с) мефармоянд: мекунанд. Дар ҳаққи чунин шавед». Муфассирини киром «Ду чашмест, ки ҳаргиз дар оташи афрод Пайғамбари Худо (с) мегўянд: ибораи «Ва робиту» дӯзах намесўзад, яке аз тарси Худо чунин фармудаанд: «Иҷтанибуаш-ширку - «Омода бошед» дар ҳаққи гиря мекунад, дигаре дар роҳи с-сабъал-мубиқот: марзбонон аст. дўст доштани Ватан мижа назада, биллоҳ ва … ат-таваллӣ явмаДар ҳадисе аз Пайғамбар (с) хидмат мекунад». Дар ин сухани з-заҳф», яъне «Аз ҳафт чизи омадааст: «Фариштагон се овозро Расули Худо (с) ҳеҷ шакку шубҳае ҳалоккунанда дурӣ ҷўед – Ширк ба таъҷил ба осмон мерасонанд»: нест, пас ҳар касе барои ҳифзи овардан ба Худо ва … саркашӣ аз Овози қалами нависандагон Ватан камари ҳиммат бастааст, Артиш»! Чунин тоифа дар замони (зеро барои осудаҳолӣ ва аз оташи дўзах дар амон хоҳад бародарии мардум заҳмат буд. Ба ҳамин мазмуну маънӣ Ҳазрати Мўсо (а) низ аз хизмат мекашанд). бузургон гуфтаанд: «Вафодории саркашӣ намуда, гуфтанд: «Эй Овози чархресии занон инсон дар дўст доштани Ватан, Мӯсо, … Мо ин ҷо менишинем, (фазилати меҳнати ҳалол). мардум ва хидмат барои онҳо ту ва Парвардигорат бираведу набард кунед» (сураи Моида, ояти Овози қадами марзбонон зоҳир мешавад». (марзбонон шабҳо бедорӣ Агар ба таърихи пайғамбарон 24). Дар Қуръони карим омадааст, мекашанд, то ки дигарон дар назар кунем, мебинем, ки Ҳазрати ки, Ҳазрати Мўсо ин тоифаро аз амон бихобанд ва ҷони худро Мўсо (а) ҳарчанд дар Мадян сабаби саркашӣ намуданашон

фосиқ хонд. Дар замони Ҳазрати Муҳаммад (с) низ онҳое, ки аз даъвати Паёмбар (с) сар тофтанд, аз раҳмати Худо маҳрум гаштанд. Пас, саркашӣ аз ҳимояи Ватан гуноҳи кабира буда, мусоидаткунандаи он, яъне баъзе падару модарон низ ба ин гуноҳ шариканд! Саркашӣ аз ин масъулияти имонӣ ва шаҳрвандӣ як навъ нифоқу беимонӣ низ шумурда мешавад ва касе ба ин вазифаи муҳим беэътиноӣ мекунад, маҳрум аз хайру саодат ва ноком дар дунёву охират хоҳад шуд. Хидмати ҳарбӣ мактабест, ки ба ҷавонон дарси матонату шуҷоат, далерию ғайрат, нангу номуси мардонагӣ ва сабру таҳаммул меомўзад. Ҷавононе, ки ин таълимгоҳро ба поён мерасонанд, ақли комилу ҷисми солим ва обутобёфта ба даст меоранд ва дар зиндагии ояндаи худ комёб мегарданд. Ҳар яки мо вазифадорем ва бароямон воҷиб аст, ки нигаҳбони сулҳу субот, тинҷиву оромӣ бошем, фарзандони худро дар руҳияи ватандўстӣ тарбия намуда, ба хизмати ҳарбӣ барои ҳимояи марзу буми Ватан ҳидоят ва равон намоем. shuroiulamo.tj.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
"Насими Исфара", № 34 от 29 сентября 2021 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu