Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
ИСФАРА
Оғози нашр 24 апрели соли 1932 ***
№ 34 (9115) ***
Чоршанбе, 29. 07. 2015.
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Баимзорасии меморандум Дар Маҷмааи истироҳативу фароғатии «Зумрадшоҳ» маросими баимзорасии меморандуми якдигарфаҳмӣ байни татбиқкунандагони лоиҳаи “Таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария дар деҳот, водии Фарғона, Тоҷикистон” баргузор гардид.
кимияти давлатии шаҳр, корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия, раисони ҷамоатҳои деҳоти Кӯлканд, Чилгазӣ ва Лаккон, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, сарварони идораву сохторҳои марбута, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони васоити ахбори умум ширкат доштанд. Ҷойизи зикр аст, ки лоиҳаи мазкур дар асоси созишнома байни Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйи кор омада, бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар Тоҷикистон дар 3 ноҳияи ҳадафноки вилояти Суғд, аз ҷумла Исфара ар он роҳбарият ва намояндагони Котиботи байналхалқии захираҳои татбиқ карда мешавад, ки арзиши лоиҳавии об дар Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳо- он беш аз 5 миллион доллари амрикоиро
Д
Раиси нави Лаккон
Дар ҷамоати деҳоти Лаккон сессияи ғайринавбатӣ барпо ва масъалаи ташкилиро дида баромад.
Раиси ҷамоат Н. Азимов мувофиқи аризааш аз вазифа озод ва ба ҷои ӯ Назаров Солиҷон раиси ҷамоати Лаккон интихоб гардид. олиҷон Назаров 14 марти соли 1969 дар деҳаи Лаккон таваллуд шудааст. Соли 1995 дар шаҳри Душанбе техникуми кишоварзиро ва соли 2008 ДДХ ба номи Б. Fафуров, факултаи ҳуқуқшиносиро хатм намудааст. То ин вақт сарвари хоҷагии деҳқонии № 4-и деҳа буд. Савриддин АМИНОВ, мухбири ҷамоатӣ.
С
Дар Исфара аввалин нуқтаи таъминоти сӯзишвории мансуб ба ҶДММ «Газпромнефти Тоҷикистон» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
ташкил медиҳад. Тавре раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва директори лоиҳаи “Таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария дар деҳот, водии Фарғона, Тоҷикистон” Оливер Норманд зимни суханронии хеш изҳор намуданд, ҳадафи асосӣ аз таҳия ва амалисозии лоиҳа - беҳтар гардонидани саломатӣ ва некӯаҳволии аҳолии деҳот ба воситаи таъмини устувори оби нӯшокию санитарияи бехатар, беҳдошту тарбияи гигиенӣ, ҷорӣ намудани мафҳуми идоракунии ғайримарказонидашудаи шабакаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва санитария дар деҳоти сераҳолии Исфара - Кӯлканд ва Чилгазӣ маҳсуб меёбад. Ба меморандуми якдигарфаҳмӣ байни татбиқкунандагони лоиҳа - директори лоиҳаи “Таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария дар деҳот, водии Фарғона, Тоҷикистон” Оливер Норманд, раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир ва директори корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳр Умаров Ҳасанхон имзо гузоштанд. Сипас, муаррифии лоиҳа сурат гирифта, сармуҳандиси лоиҳа Друва Мани Пауделҳ, роҳбари гурӯҳи миллӣ Махфират Абдуллоева ва мушовири лоиҳа дар вилояти Суғд Раҳбар Ҳомидова ба суолу пурсишҳои сершумори аҳли ҷамъомад посухҳо доданд. Тавре зикр гардид, дар рӯзҳои наздиктарин натиҷаҳои тендер оид ба лоиҳакашии шабакаи обтаъминкунии Чилгазӣ эълон мегардад. Бояд тазаккур дод, ки лоиҳа бо дастгирии молиявии Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, бо саҳмгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва корхонаи давлатии фаръии обтаъминкунӣ ва канализатсия ва ҳам саҳми молиявии худи аҳолии маҳал амалӣ карда мешавад. Ба шарофати амалигашти ин иқдоми воқеан ҳам арзишманд дар навбати аввал беш аз 32 ҳазор нафар сокинони деҳоти Кӯлканд ва Чилгазӣ бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд. "МИТ".
Аввалин НТС-и "Газпромнефти Точикистон"
Н
уқтаи мазкур дар асл 15умин нуқтаи бо таҷҳизоти муосири рақамии соҳавӣ ва мувофиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ муҷаҳҳазгардонидаи ширкат дар қаламрави кишвар маҳсуб меёбад. Таъмини фаровонии намудҳои гуногуни сӯзишворӣ дар бозори дохилӣ, пешниҳоди сӯзишвории босифат ва аз ҷиҳати экологӣ безарар, фароҳам овардани шароити беҳтарин барои соҳибони воситаҳои нақлиёт, хизматрасонии шоиста ва дар маҷмӯъ мусоидатнамоӣ ҷиҳати пешрафти хоҷагии халқ ва таъ-
мини рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр ҳадафи асосии амалигардонии ин иқдом арзёбӣ гардид. Роҳбарияти ширкат ҳамзамон бо изҳори миннатдорӣ ба унвонии шаҳрдори Исфара Даврон Зоҳидзода ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои созандаи ширкатҳои ватанӣ, вусъати ҳамкориҳо бо бахши хусусӣ ба хадамотҳои зудамали шаҳр – ба «Ёрии таъҷилӣ», идораи
оташнишонӣ ва шӯъбачаи навбатдории Шӯъбаи корҳои дохилии шаҳр кортҳои сӯзишворӣ тақдим намуд. Иншооти мазкур ҳамчунон дорои иншоотҳои ёрирасон ва мағозаи тӯли 24 соат амалкунанда буда, ба туфайли баистифодадиҳии он 15 нафар сокинони шаҳр соҳиби ҷойи кори доимӣ ва музди меҳнати хуб гаштанд. Бояд гуфт, ки ҶДММ «Газпромнефти Тоҷикистон» айни замон 35 дар сади воридоту таъминоти сӯзишвориро дар мамлакат анҷом медиҳад.
Мулокоти Шариф Назарзода бо фаъолон Мулоқоти сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода бо фаъолони шаҳру деҳот таҳти сарварии раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир баргузор гардид.
П
айваста зиёд шудани теъдоди ҷинояткорӣ, пастравии интизоми риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва таъмини иҷроиши Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», афзунгардии майли бархе аз бонувон ба тариқи либоспӯшии ба маданияти миллӣ бегона, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайрирасмии ифротӣ ва кашида шудани бархе аз онҳо ба набардҳои бемаънӣ дар кишварҳои Сурияву Ироқ аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки зимни мулоқот садо доданд. Сардори раёсати корҳои дохилии вилоят дар баромади худ зикр кард, ки дар шаҳру деҳоти Исфара ба имрӯз 251 ҳазору 300 нафар аҳолӣ зиндагӣ ба сар мебарад, ки ба 16,2 дар сади аҳолии вилоят баробар аст. Аз ин миқдор 97 ҳазору 800 нафар ноболиғон мебошанд. Ҷавонон 32 фоизи шумораи умумии аҳолиро ташкил медиҳанд. Дар ин давра 8 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор карда шудаасту 22 килограмм моддаҳои нашъадор мусодира гардидаанд. Нисбати 1181 нафар падару модарон бинобар риоя накардани талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд. Аз соли 2010 то моҳи июни соли равон дар ҳудуди вилояти Суғд 336 нафар шаҳрвандон бо ҷурми содирнамоии ҷиноятҳои вобаста ба терроризму экстремизм дастгир карда шудаанд, ки 66 нафарашон сокинони шаҳру деҳоти Исфара мебошанд. Сардори раёсати корҳои дохилӣ сабаби умдаи шомилшавии ҷавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ чун пайомади бетарафии аҳли ҷомеа ба ин масъала маънидод намуд. Дар музокира имомхатиби масҷиди ҷомеи «Умари Одил» Ҷ.Шаҳобиддинов, мудири бахши кор бо зан ва оила Г. Ҳамроева, сарвари ҶДММ «Наҷот» М. Исомаддинова, раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Б. Шаропов, муовини раиси шӯрои собиқадорони шаҳр К. Музаффаров, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара М. Эгамзод ва дигарон баромад намуданд. Дар фарҷом раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир дар радифи корҳои то ин дам анҷомдодашуда, истифодаи усулҳои самарабахши гурӯҳҳои таъсисдодашудаи мақомоти иҷроияву корбарии онҳо дар маҳаллҳо ва роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тахрибкор дар Исфара андешаронӣ намуда, бори дигар фаъолонро таъкид бар он дошт, ки дар ин росто фаъолиятро густурдатар намоянд.