Насими Исфара, № 33 от 21 октября 2020 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 33 (9362) *** Чоршанбе, 21. 10. 2020

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Аз иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ то ҷамъбасти нуҳмоҳа Дар Исфара иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати шашум) ва маҷлиси васеи фаъолони шаҳр баргузор гардид.

Н

ахуст иҷлосия доир шуда, дар он вакилон баъд аз тасдиқи ҳайати котибот ва рӯзнома ба баррасии масъалаҳо шурӯъ карданд. Нахуст аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома «Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, №600 «Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ дар солҳои 2010-2020» гузориши муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён шунида шуд. Номбурда зикр намуд, ки дар ҳудуди кишвар 1500 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бунёд шудаву дар назар аст, ки дар Исфара беш аз 62 иншоотҳои соҳа сохта ба истифода шаванд. Дар самти омода кардани кадрҳои соҳа низ фаъолияти густурда роҳандозӣ карда шуда, танҳо дар Беморхонаи марказии шаҳр беш аз 580 нафар мутахассисони миёнасоҳаи тиб барои дарёфти ҷойи кор дар навбат истодаанд. Дар ҳамин ҳол дар шаҳру деҳоти Исфара 74 нафар табибон, аз ҷумла табибони оилавӣ намерасанд. Ба ин хотир борҳо аз ҷониби раиси шаҳр мулоқот бо муҳассилин ва хатмкунандагони муассисаҳои тиббӣ доир гардид. Қобили зикр аст, ки дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино 250 нафар зодагони Исфара ва дар умум 300 нафар дар муассисаҳои тиббӣ таҳсил карда истодаанд ва ин теъдод метавонад дар таъмин бо кадрҳои соҳа назаррас арзёбӣ гардад. Дар баробари муовини раиси шаҳр масъалаи синну соли табибон ва ба хориҷи кишвар рафтани кормандони соҳаи тандурустиро нигаронкунанда ҳисобид. Оид ба масъалаи дуюм ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Себзор», №7 Ҳакима Атохонова шунида шуд. Сипас, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Сари Осиё» №5 Икром Бобоев дар назди вакилон аз рафти иҷрои ваколатҳои вакилиаш ҳисобот дод. Дар идомаи иҷлосия вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара аз ҳавзаи интихоботии “Баланд” №26, раиси Кумитаи иҷроияи

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Суруриддин Зиёваддинзода вобаста ба масъалаҳои иҷрои ваколатҳои вакилӣ, саҳми вакилон дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ ва пешбурди корҳои ободонӣ суханронӣ намуд. Минбаъд аз ҷониби вакилон масъала «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара аз ҳавзаи интихоботии “Маҳмудҷон Воҳидов” №6 Орифзода Манучеҳр” мавриди баррасӣ қарор ёфта, ҳамчунин санаи баргузории интихоботи миёнадаврӣ ва ҳайати комиссияи шаҳрии интихоботӣ тасдиқ карда шуд. Пас аз муҳокимаи масъала дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2018-2020” вакилон доир ба ин ва дигар масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои дахлдор қабул карданд. Вакилон ҳамзамон як қатор қарорҳои раиси шаҳрро низ тасдиқ намуданд. Баъд аз иҷлосияи Маҷлиси шаҳрӣ ҷаласаи васеи фаъолони шаҳр баргузор гардид, ки он натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳрро дар давоми 9 моҳи сипаригаштаи соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дод. Сароғоз оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр давоми 9 моҳи соли 2020 муовини раиси шаҳри Исфара Оятулло Раҳматзода гузориш пеш овард. Тавре гуфта шуд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара давоми 9 моҳи соли 2020 тамоми имконияту захираҳои худро барои таъмини дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуд ва дар натиҷа рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар кулли соҳаҳо таъмин гардид. Дар нуҳ моҳи соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,2% иҷро шуда, ба буҷет 96 млн 44 ҳазор сомонӣ ва ё 217,7 ҳазор сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 98,4% иҷро шуда, ба буҷет 54,1 млн. сомонӣ ворид карда шуд, ки аз нақша 859,9 ҳазор сомонӣ кам мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти маҳсулоти сектори хусусӣ ва хизматрасониҳо 288,4 млн.

сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш 106,4% таъмин гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Аз тарафи корхонаҳои дар қайди оморбуда дар ин давра ба андозаи 100,5 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд, ки ба 93,5%-и нишондиҳандаи нуҳ моҳи соли 2019 баробар аст. Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди афзоиши коркард ва содироти меваи хушк тадбирҳои амалӣ андешида шуда, корхонаҳои коркард ва бандубасти меваи хушк ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Исфарафуд”, “Баракат Исфара”, “Оро Исфара”, “Экофрукт Исфара” ва “Висол Исфара” суръати афзоиши истеҳсоли маҳсулотро аз 117,3% то 286,8% таъмин намуданд. Дар натиҷаи ин ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо соҳибкорони инфиродӣ содироти меваи хушк ба хориҷи кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 4073 тонна афзоиш ёфта, ба 9037 тонна баробар гардид. Дар раванди ҷаласа раиси шаҳр Акрам Сулаймонзода аз масъулин дар алоқамандии камбудию норасоӣ ва мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла, оид ба раванди иҷрои нақшаи андоз, фаъолияти самараноки корхонаҳои саноатӣ, пардохти қарзи музди меҳнат, вусъат бахшидани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, омодагӣ ба зимистони дарпешистода, анҷоми босифати кишти тирамоҳӣ, фаъолияти самараноки гармхонаҳо, муташаккилона гузаронидани маъракаи тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пурсиш ба амал оварда, зимнан роҳбарони соҳаҳои марбутаро ҷиҳати таъмини самаранокии самтҳои фаъолият, иҷрои саривақтӣ ва босифати воридот ба буҷети давлатӣ, вусъати корҳои ободонӣ, иҷрои ҳадафҳои муҳим, таъмини рушди соҳаҳо ва ҳам омодагии комил ба мавсими зимистонгузаронӣ ва амсоли ин ҷиддан муваззаф намуд. Шаҳрдори Исфара дар фарҷом изҳори боварӣ кард, ки мардуми меҳнатдӯсти Исфара аз иҷрои вазифаҳои дар наздашон истода сарбаландона баромада, рушди воқеии иқтисодиву иҷтимоиро дар ҳамаи самтҳо таъмин намуда, ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамон саҳми босазо мегузоранд. Дар маҷлиси фаъолони Исфара муовини раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода ширкат ва суханронӣ намуд.

Ба "Насими Исфара" обуна шавед!

Ба таваҷҷуҳи сокинони шаҳри Исфара, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ ва хонандагони доимии нашрияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ расонида мешавад, ки маъракаи обунашавӣ ба рӯзномаи «Насими Исфара» барои соли 2021 идома дорад. Лозим ба ёдрасист, ки арзиши обуна барои як сол ҳамагӣ 70 сомонӣ буда, дархостҳо бевосита дар идораи рӯзномаи «Насими Исфара» қабул карда мешаванд. Суроғаи мо: шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. Телефонҳо барои тамосгирӣ: 2 – 49 – 73 ва 2 – 44 – 57. Инчунин Шумо метавонед дар Маркази алоқаи почтаи шаҳри Исфара ба рӯзномаи "Насими Исфара" обуна гардед.

Хизмати Ватан ифтихори ман аст Қосимҷон Маҳмудов - фарзанди раиси ҷамоати деҳоти Кӯлканд Аббосиддин Маҳмудов бо хоҳиши худ барои адои хизмати ҳарбӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафт.

Қ

осимҷон Маҳмудов шунавандаи соли сеюми Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мегӯяд, ки ҳар ҷавон бояд аз мактаби шуҷоату мардонагӣ гузарад ва дар ҳифзи марзу бум ва осоиштагии кишвар саҳм гузорад. Ватан ҷойгоҳи муқаддасест, ки аҷдодони мо онро мерос гузоштаанд. Пас пос доштан, ҳимоя намудан ва азизу муқаддас доштани он барои ҳар яки мо ҳам қарз асту ҳам фарз, - гуфт ӯ зимни суҳбат. Боиси қаноатмандист, ки имрўзҳо дар қатори ҳазорҳо ҷавонони баору номус ва далеру шуҷои кишварамон ҷавонони ватандӯсти исфарагӣ низ ихтиёран барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ барои хизмат намудан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон камари ҳиммат бастаанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизмати сарбозон дар ҳама қисмҳои низомии кишвар ҳамаи шароитҳои зарурӣ муҳайё карда шудаанд. Маҳз фароҳамсохти шароитҳои созгор дар қисмҳои низомӣ ба он мусоидат менамояд, ки кунун ҷавонон пурра бо ихтиёри худашон ё бо даъвати аввалини комиссариати ҳарбӣ ба комиссияи ҳарбӣ ҳозир шуда истодаанд. Ин албатта, шаҳодати ҳис намудани ўҳдадориҳои шаҳрвандӣ аз тарафи ҳар як сокини кишвар аст. Албатта, адо намудани хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавони баору номуси кишвари азизамон хеле муҳим аст. Маҳз, сарбози Ватан будан ин омўхтани дарси обутобёбӣ, матонат, ҷасорат ва ҷавонмардӣ мебошад.

Аз ҳаёти аҳзоби сиёсӣ

Натиҷагирӣ аз фаъолият Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара доир шуд.

мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар он натиҷаҳои бадастомада, камбудиҳои ҷойдошта, роҳҳои ҳалли онҳо ва нақшаҳо барои ар маҷлиси минбаъда Кумитаи иҷроияи фаъолияти ҲХДТ дар шаҳри Исфара мавриди баррасӣ қарор як масъала " Ҳисобот оид ёфтанд. Дар охири маҷлис ба фаъолияти Кумитаи як гурӯҳ иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри бошад, ҳизб бо Исфара дар нуҳ моҳи фаъолони Ифтихорномаи Кумитаи соли 2020 ва ҷамъбасти фаъолияти Ситоди иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри п е ш а з и н т и х о б о т и и Исфара ва туҳфаҳои сарфароз интихоботи Президенти хотиравӣ гардонида шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Д


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.