Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 апрели соли 1932
ИСФАРА
***
№ 33 (9114) ***
Чоршанбе, 22. 07. 2015.
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Вазифахо барои оянда мушаххасанд Маҷлиси фаъолон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 сурат гирифт.
Т
авре дар маърӯзаи манзурнамудаи муовини раиси шаҳр Муртазо Олимов қайд гардид, натиҷаҳои фаъолият ва дастовардҳои меҳнаткашони шаҳр дар кулли самту соҳаҳо нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2014 беҳтару назаррас аст. Аз ҷумла, таъмини рушди 24,7 фоизаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонии пулакӣ, 1,5 маротиба афзудани масоҳати кишти баҳории зироатҳо, бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 млн. сомонӣ зиёд истеҳсол гардидани
маҳсулоти кишоварзӣ, роҳандозии сохтмони зиёда аз 60 иншоотҳои истеҳсолию иҷтимоӣ, тиҷоративу хизматрасонӣ ва дар ҳаҷми 1,2 млн. сомонӣ зиёдтар аз нақша иҷро гардидани корҳои пудратӣ, 2,5 маротиба зиёд таъмин гардидани иҷрои нақшаи гулзорнамоии кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мавзеъҳои фарҳангиву истироҳатӣ, вусъатёбии доираи ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ ва амалигашти 21 лоиҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ тавассути сармоягузории хориҷӣ, густариши пайвастаи ҳамкории
Икдоми начиби Навгилемиён Азнавсозӣ ва пурра мумфарш намудани 1,3 километр роҳи кӯчаи марказии ҷамоати деҳоти Навгилем иқдоми шоистаест.
Т
авре дар маросими оғози азнавсозии роҳи мазкур раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир изҳор дошт, шоистатарин амале, ки сарҷамъии мардуми Исфара ва назари некбинонаю амали собитқадамонаи ононро исбот намуд, ободонии роҳҳо маҳсуб меёбад. Дар ин давра, бо истифода аз буҷети давлатӣ ва саҳмгузории аҳолӣ зиёда аз 5 километр роҳ, аз ҷумла роҳҳои дохили маҳаллаҳо азнавсозӣ ва 56 километр таъмири ҷорӣ карда шуданд ва амалигашти ин ташаббус тақвиятбахшандаи амалҳо дар самти беҳбуд ёфтани ҳолати роҳҳои автомобилгарди шаҳру деҳоти Исфара аст. Бино бар суханони раиси ҷамоати деҳоти Навгилем Муҳибулло Убайдуллоев 50 дар сади хароҷоти таъмири куллии роҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 50 дар сади дигар аз ҳисоби саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ сурат мегирад ва давоми соли равон ҳудуди беш аз 2,5 километр роҳ дар Навгилем таъмиру обод карда хоҳанд шуд.
мақомоти иҷроия бо бахши хусусӣ чун дастовардҳои назаррас зикри худро ёфтанд. Аммо бо вуҷуди ин қадар нишондоду комёбиҳо ва корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ анҷомдодашуда назару гуфтори воқеъбинонаи раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир нисбати ғайриқаноатбахш будани натиҷаҳои фаъолияти масъулин дар таъмини сифатноки андоз, амалигашти лоиҳаҳои «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» ба нақша гирифташуда, коҳиш ёфтани ҳаҷми маҳсулот дар корхонаю коргоҳҳои азими истеҳсолие чун ҷамъиятҳои саҳҳомии «Тамохуш-ЗГМИ», «Комбинати масолеҳи бинокорӣ», «Чароғ» ва амсоли ин интиқодӣ ва ҳидоятгар ба суйи пешрафт буд. Ҳамзамон, таҳлили амиқу ҳамаҷонибаи сабабу омилҳои аслии камбудию норасоиҳои дар соҳаҳои гуногун ҷойдошта, тавсия ва пешниҳодоти мушаххас оид ба роҳҳои ҳаллу бартарафнамоии проблемаҳои мавҷуда барои ширкатдорони ҷаласа муассир ва чорасоз буданд. Роҳбарони корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби шаҳрдори Исфара барои иҷрои комилу барзиёди нақшаҳои пешбинигаштаи истеҳсолӣ, ӯҳдадориҳои дар назди раиси вилояти Суғд ба зимма гирифтаашон ва дар маҷмӯъ таъмини рушди беш аз 30 дар сади соҳа муаззаф гардиданд. Дар раванди ҷаласа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Обидҷон Шарофов ширкат ва суханронӣ дошт. "МИТ".
Бо иқдоми бевоситаи раиси вилояти Суғд беш аз 100 нафар омӯзгорони фаъоли вилоят, ғолибони озмуну олимпиадаҳо, ҷамъ аз 14 шаҳру навоҳии вилоят дар осоишгоҳи «Зумрад» бо роҳхатҳои имтиёзнок фароғату истироҳат намуданд.
Т
ӯли 10-12 рӯз омӯзгорон дар баробари фароғату истироҳат, ҳамчунин аз мавзеҳои таърихии шаҳру деҳот -Лангари Моҳиён, мақбараи Ҳазрати Шоҳи деҳаи Чоркӯҳ, Осорхонаи тибби тоҷики ба номи Мирзо Олимов, чойхонаи миллии «Сино» дидан намуданд. Давоми истироҳату фароғат барои омӯзгорон ва кулли истироҳаткунандагон маъмурияти осоишгоҳ нақшаи чорабиниҳои фарҳангиро тартиб дода буд.
Мулокоти Даврон Зохидзода бо Оке Петерсон Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо Сафири фавқулодда ва мухтори шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оке Петерсон, ки бо мақсади боздид аз шаҳри Исфара ва густаришбахшии ҳамкориҳои серҷабҳа ба ин шаҳри бостонӣ сафар карда буд, вохӯриву мулоқот орост.
Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Хуҷандро ҷиҳати баланд бардоштани имкониятҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дастгирии лоиҳаҳои хурд оид ба ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ барои занони Исфара ва таъмини иштироки бонувон дар раванди демократикунонии ҷомеа ар ҷараёни мулоқот масоили изҳор дошт. муҳиме чун сатҳу дараҷаи ҳамРаиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абкориҳои судманди мақомоти иҷроияи дуқодир низ ҳавасмандӣ ва ҷонибдории ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ташкилотҳои байналхалқӣ, шарикони шаҳрро аз густариши ҳамкориҳо, алалрушд ва бахши хусусӣ, рафти амали- хусус ҷиҳати мусоидатнамоии ҳамаҷогашти лоиҳаҳои иҷтимоии аз ҷониби ниба барои амалигашти лоиҳаҳои иҷтиСАҲА дастгириёфта, вазъи минтақаҳои моӣ баён намуд. сарҳадӣ ва роҳандозии муносибатҳои Ҷойизи зикр аст, ки ин нахустин сафанеку дӯстона бо ҳамсоягон, раванди ри Оке Петерсон ба Исфарамарз буд ва муҳоҷирати меҳнатӣ, мавқею мақоми дар раванди боздид ӯро сарвари идораи занон дар ҷомеа, мустаҳкамнамоии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо заминаи моддию техникии марказҳои дар шаҳри Хуҷанд Шанджив Тиручел захиравии бонувон, роҳҳои пешгириву ҳамроҳӣ дошт. мубориза алайҳи радикализму экстреОке Петерсон ва ҳамроҳонаш баъд аз мизм мавриди баррасӣ қарор ёфтанд. анҷоми мулоқот бо шаҳрдори Исфара Тавре зикр гардид, то ин муддат бо аз маркази захиравии бонувони шаҳр дастгирии САҲА як силсила лоиҳаҳои ва ҳам бахши дар шаҳраки Нафтобод хурди пешниҳоднамудаи ташкилотҳои амалкунандаи он боздид ба амал оварҷамъиятии Исфара бо маблағи умумии данд. 105 ҳазор евро дастгирӣ ва амалӣ карда "МИТ". шудаанд. Мавсуф омодагии Сафорати шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикисон ва ҳам идораи Созмони Амният ва
Д
Истирохати ройгони 100 муаллим дар Зумрад Ҳар бегоҳ дар майдончаи рақсии осоишгоҳ меҳмонон дар доираи барномаҳои фарҳангӣ - фароғату истироҳат менамуданд. Табъи онҳоро баромадҳои ҳунармандони барномаи «Лаҳзаҳои гуворо» Холмурод Сиддиқов, Ҷумъахон Сироҷов, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Исроилҷон Файзиддинов, Бахтиёр Иброҳимов, Аълочиёни фарҳанги Тоҷикистон Юсуфхӯҷа Қурбонов, Меҳроҷ Сангинов хеле шод намуд. Ҳамчунин бо супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳунармандон ва адибони вилоят дар ҳайати сардори раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев, адибон Додохон Эгамзод, Мӯҳсин Аминзода, санъаткорони номӣ Муҳиддин Fозиев, Нозими
Юсуфзод, Ҳалимҷон Салимӣ, гурӯҳи духтарон аз мактаби рақсии «Зебо» меҳмони истироҳаткунандагон гардида, бо як барномаи ҷолиб таъби ҳозиринро болида гардониданд. Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Хайриниссо Юсуфӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик Мирзо Шукурзода, рӯзноманигор Ҳусайни Нарзулло дар баромадҳои хеш оиди мавқеи омӯзгор дар ҷомеа ҳарф заданд. Роҳбарони гурӯҳ - мудири шӯъбаҳои кадрҳои раёсати маорифи вилоят Аҳмадҷон Солиҷонов, директори маркази технология ва информатикаи раёсати маорифи вилоят Абдуқодир Мусоев дар сӯҳбат қаноатмандии кулли омӯзгоронро иброз доштанд.
Омӯзгорон Зӯҳро Азаматова, Зебо Аминова, аз шаҳри Хуҷанд, Норӣ Қаҳҳорова аз Қайроқум, Рустамҷон Ҷӯраев аз Конибодом, Лутфиддин Аҳмадҷонов аз Ашт, Одилҷон Ирматов аз Спитамен, Башорат Олимова аз Бобоҷон Fафуров, Саломат Холова аз Зафаробод, Нурӣ Турдиева аз Fончӣ, Насрулло Урунов аз Панҷакент, Рӯзибой Мирзоев аз Мастчоҳ, Абдуҳамид Назаров аз Айнӣ барои пазироӣ, меҳмондорӣ ва табобату истироҳати хуб ба кулли кормандони осоишгоҳи «Зумрад» бахусус ба сарвари ин даргоҳ Зафарҷон Олимов минатдории самими хешро иброз доштанд. Мухтадил ҶӮРАЕВ.