Skip to main content

33 2015

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 апрели соли 1932

ИСФАРА

***

№ 33 (9114) ***

Чоршанбе, 22. 07. 2015.

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Вазифахо барои оянда мушаххасанд Маҷлиси фаъолон оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 сурат гирифт.

Т

авре дар маърӯзаи манзурнамудаи муовини раиси шаҳр Муртазо Олимов қайд гардид, натиҷаҳои фаъолият ва дастовардҳои меҳнаткашони шаҳр дар кулли самту соҳаҳо нисбат ба нишондоди ҳамин давраи соли 2014 беҳтару назаррас аст. Аз ҷумла, таъмини рушди 24,7 фоизаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва хизматрасонии пулакӣ, 1,5 маротиба афзудани масоҳати кишти баҳории зироатҳо, бо нархҳои муқоисавӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,6 млн. сомонӣ зиёд истеҳсол гардидани

маҳсулоти кишоварзӣ, роҳандозии сохтмони зиёда аз 60 иншоотҳои истеҳсолию иҷтимоӣ, тиҷоративу хизматрасонӣ ва дар ҳаҷми 1,2 млн. сомонӣ зиёдтар аз нақша иҷро гардидани корҳои пудратӣ, 2,5 маротиба зиёд таъмин гардидани иҷрои нақшаи гулзорнамоии кӯчаву хиёбонҳо, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва мавзеъҳои фарҳангиву истироҳатӣ, вусъатёбии доираи ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналхалқиву минтақавӣ ва амалигашти 21 лоиҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ тавассути сармоягузории хориҷӣ, густариши пайвастаи ҳамкории

Икдоми начиби Навгилемиён Азнавсозӣ ва пурра мумфарш намудани 1,3 километр роҳи кӯчаи марказии ҷамоати деҳоти Навгилем иқдоми шоистаест.

Т

авре дар маросими оғози азнавсозии роҳи мазкур раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир изҳор дошт, шоистатарин амале, ки сарҷамъии мардуми Исфара ва назари некбинонаю амали собитқадамонаи ононро исбот намуд, ободонии роҳҳо маҳсуб меёбад. Дар ин давра, бо истифода аз буҷети давлатӣ ва саҳмгузории аҳолӣ зиёда аз 5 километр роҳ, аз ҷумла роҳҳои дохили маҳаллаҳо азнавсозӣ ва 56 километр таъмири ҷорӣ карда шуданд ва амалигашти ин ташаббус тақвиятбахшандаи амалҳо дар самти беҳбуд ёфтани ҳолати роҳҳои автомобилгарди шаҳру деҳоти Исфара аст. Бино бар суханони раиси ҷамоати деҳоти Навгилем Муҳибулло Убайдуллоев 50 дар сади хароҷоти таъмири куллии роҳ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва 50 дар сади дигар аз ҳисоби саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ сурат мегирад ва давоми соли равон ҳудуди беш аз 2,5 километр роҳ дар Навгилем таъмиру обод карда хоҳанд шуд.

мақомоти иҷроия бо бахши хусусӣ чун дастовардҳои назаррас зикри худро ёфтанд. Аммо бо вуҷуди ин қадар нишондоду комёбиҳо ва корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ анҷомдодашуда назару гуфтори воқеъбинонаи раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир нисбати ғайриқаноатбахш будани натиҷаҳои фаъолияти масъулин дар таъмини сифатноки андоз, амалигашти лоиҳаҳои «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» ба нақша гирифташуда, коҳиш ёфтани ҳаҷми маҳсулот дар корхонаю коргоҳҳои азими истеҳсолие чун ҷамъиятҳои саҳҳомии «Тамохуш-ЗГМИ», «Комбинати масолеҳи бинокорӣ», «Чароғ» ва амсоли ин интиқодӣ ва ҳидоятгар ба суйи пешрафт буд. Ҳамзамон, таҳлили амиқу ҳамаҷонибаи сабабу омилҳои аслии камбудию норасоиҳои дар соҳаҳои гуногун ҷойдошта, тавсия ва пешниҳодоти мушаххас оид ба роҳҳои ҳаллу бартарафнамоии проблемаҳои мавҷуда барои ширкатдорони ҷаласа муассир ва чорасоз буданд. Роҳбарони корхонаҳои саноатӣ аз ҷониби шаҳрдори Исфара барои иҷрои комилу барзиёди нақшаҳои пешбинигаштаи истеҳсолӣ, ӯҳдадориҳои дар назди раиси вилояти Суғд ба зимма гирифтаашон ва дар маҷмӯъ таъмини рушди беш аз 30 дар сади соҳа муаззаф гардиданд. Дар раванди ҷаласа намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Обидҷон Шарофов ширкат ва суханронӣ дошт. "МИТ".

Бо иқдоми бевоситаи раиси вилояти Суғд беш аз 100 нафар омӯзгорони фаъоли вилоят, ғолибони озмуну олимпиадаҳо, ҷамъ аз 14 шаҳру навоҳии вилоят дар осоишгоҳи «Зумрад» бо роҳхатҳои имтиёзнок фароғату истироҳат намуданд.

Т

ӯли 10-12 рӯз омӯзгорон дар баробари фароғату истироҳат, ҳамчунин аз мавзеҳои таърихии шаҳру деҳот -Лангари Моҳиён, мақбараи Ҳазрати Шоҳи деҳаи Чоркӯҳ, Осорхонаи тибби тоҷики ба номи Мирзо Олимов, чойхонаи миллии «Сино» дидан намуданд. Давоми истироҳату фароғат барои омӯзгорон ва кулли истироҳаткунандагон маъмурияти осоишгоҳ нақшаи чорабиниҳои фарҳангиро тартиб дода буд.

Мулокоти Даврон Зохидзода бо Оке Петерсон Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо Сафири фавқулодда ва мухтори шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Оке Петерсон, ки бо мақсади боздид аз шаҳри Исфара ва густаришбахшии ҳамкориҳои серҷабҳа ба ин шаҳри бостонӣ сафар карда буд, вохӯриву мулоқот орост.

Ҳамкории Аврупо дар шаҳри Хуҷандро ҷиҳати баланд бардоштани имкониятҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дастгирии лоиҳаҳои хурд оид ба ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ барои занони Исфара ва таъмини иштироки бонувон дар раванди демократикунонии ҷомеа ар ҷараёни мулоқот масоили изҳор дошт. муҳиме чун сатҳу дараҷаи ҳамРаиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абкориҳои судманди мақомоти иҷроияи дуқодир низ ҳавасмандӣ ва ҷонибдории ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ташкилотҳои байналхалқӣ, шарикони шаҳрро аз густариши ҳамкориҳо, алалрушд ва бахши хусусӣ, рафти амали- хусус ҷиҳати мусоидатнамоии ҳамаҷогашти лоиҳаҳои иҷтимоии аз ҷониби ниба барои амалигашти лоиҳаҳои иҷтиСАҲА дастгириёфта, вазъи минтақаҳои моӣ баён намуд. сарҳадӣ ва роҳандозии муносибатҳои Ҷойизи зикр аст, ки ин нахустин сафанеку дӯстона бо ҳамсоягон, раванди ри Оке Петерсон ба Исфарамарз буд ва муҳоҷирати меҳнатӣ, мавқею мақоми дар раванди боздид ӯро сарвари идораи занон дар ҷомеа, мустаҳкамнамоии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо заминаи моддию техникии марказҳои дар шаҳри Хуҷанд Шанджив Тиручел захиравии бонувон, роҳҳои пешгириву ҳамроҳӣ дошт. мубориза алайҳи радикализму экстреОке Петерсон ва ҳамроҳонаш баъд аз мизм мавриди баррасӣ қарор ёфтанд. анҷоми мулоқот бо шаҳрдори Исфара Тавре зикр гардид, то ин муддат бо аз маркази захиравии бонувони шаҳр дастгирии САҲА як силсила лоиҳаҳои ва ҳам бахши дар шаҳраки Нафтобод хурди пешниҳоднамудаи ташкилотҳои амалкунандаи он боздид ба амал оварҷамъиятии Исфара бо маблағи умумии данд. 105 ҳазор евро дастгирӣ ва амалӣ карда "МИТ". шудаанд. Мавсуф омодагии Сафорати шоҳигарии Шветсия дар Ҷумҳурии Тоҷикисон ва ҳам идораи Созмони Амният ва

Д

Истирохати ройгони 100 муаллим дар Зумрад Ҳар бегоҳ дар майдончаи рақсии осоишгоҳ меҳмонон дар доираи барномаҳои фарҳангӣ - фароғату истироҳат менамуданд. Табъи онҳоро баромадҳои ҳунармандони барномаи «Лаҳзаҳои гуворо» Холмурод Сиддиқов, Ҷумъахон Сироҷов, Ҳунарпешагони шоистаи Тоҷикистон Исроилҷон Файзиддинов, Бахтиёр Иброҳимов, Аълочиёни фарҳанги Тоҷикистон Юсуфхӯҷа Қурбонов, Меҳроҷ Сангинов хеле шод намуд. Ҳамчунин бо супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳунармандон ва адибони вилоят дар ҳайати сардори раёсати фарҳанги вилоят Ориф Набиев, адибон Додохон Эгамзод, Мӯҳсин Аминзода, санъаткорони номӣ Муҳиддин Fозиев, Нозими

Юсуфзод, Ҳалимҷон Салимӣ, гурӯҳи духтарон аз мактаби рақсии «Зебо» меҳмони истироҳаткунандагон гардида, бо як барномаи ҷолиб таъби ҳозиринро болида гардониданд. Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Хайриниссо Юсуфӣ, яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик Мирзо Шукурзода, рӯзноманигор Ҳусайни Нарзулло дар баромадҳои хеш оиди мавқеи омӯзгор дар ҷомеа ҳарф заданд. Роҳбарони гурӯҳ - мудири шӯъбаҳои кадрҳои раёсати маорифи вилоят Аҳмадҷон Солиҷонов, директори маркази технология ва информатикаи раёсати маорифи вилоят Абдуқодир Мусоев дар сӯҳбат қаноатмандии кулли омӯзгоронро иброз доштанд.

Омӯзгорон Зӯҳро Азаматова, Зебо Аминова, аз шаҳри Хуҷанд, Норӣ Қаҳҳорова аз Қайроқум, Рустамҷон Ҷӯраев аз Конибодом, Лутфиддин Аҳмадҷонов аз Ашт, Одилҷон Ирматов аз Спитамен, Башорат Олимова аз Бобоҷон Fафуров, Саломат Холова аз Зафаробод, Нурӣ Турдиева аз Fончӣ, Насрулло Урунов аз Панҷакент, Рӯзибой Мирзоев аз Мастчоҳ, Абдуҳамид Назаров аз Айнӣ барои пазироӣ, меҳмондорӣ ва табобату истироҳати хуб ба кулли кормандони осоишгоҳи «Зумрад» бахусус ба сарвари ин даргоҳ Зафарҷон Олимов минатдории самими хешро иброз доштанд. Мухтадил ҶӮРАЕВ.


25 июл - Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ

Доиман дар рох

Эхтиёт бошед, Шуморо дар хона интизоранд

Тажлили р=зи наылиётчиён ин аржгузорц ва ыадршиносии оньоест, ки рисолаташон сариваыт ва бемалолу бароьат бурдани мардум аз як манзил ба манзили дигар, зудтару бехатар расонидани борьои гуногун ба жойьои зурурц мебошад. Ба ин хотир мо дар остонаи иди касбии инсоньое, ки ьамеша дар роь ьастанд, бо раиси кумитаи муттаьидаи иттифоыи касабаи ЖДММ «МНА-35» Жанобиддин Самадов с=ьбате доштем, ки м=ьтавои онро пешниьоди хонандагон менамоем. -Ба нишондиьандаьои шаш моьи сипаришудаи Чутанов Абдуллоҷон, ронандаи ҶДММ "Арсенал" имсола назар андозем,- гуфт ьамс=ьбати мо,- наышаьои ьажм ва гардиши бору мусофирон нисбат ба ьамин давраи порсола дар муассисаьои наылиётии «МНА-35», «Арсенал» ва «Танзим» сад дар сад ижро гардиданд. Сатьу сифати хизматрасонц низ дар мажрои талаботи р=з ва табъу завыи мизожон ыарор дода шуд. Корьои тарбиявц ва машщулиятьои ом=зишц дар байни ронанданон дар доираи чорабиниьои тарьрезишуда гузаштанд. Аз ьар жиьат фароьам овардани шароити хуби корц ва дастгирии моддиву маънавии ронандагон, дар пайи он ба аьолц хизмати арзанда намудану эьтиёжоти онро ыонеъ гардонидан, саьм гирифтан дар пешравию муваффаыиятьои соьа марому маысади асосии роьбарият ва иттифоыи касаба меМаҳкамов Баҳромиддин, бошад. ронандаи ҶДММ "Танзим" Гуфтан лозим аст, ки бар иловаи фаъолияти р=змарра жомеаьои меьнатии се муассисаи дар боло номбаршуда ьамчунин дар амалишавии тадбирьои созандаву хайрхоьонаи маыомоти ижроияи ьокимияти давлатии шаьр фаъолона ширкат меварзанд, дар коргоььои хеш чорабиниьои гуногуни варзишиву фарьангиро доир месозанд. Ташкил ва гузаронидани Жоми «МНА-35» оид ба футбол ва гиромидошти собиыадорони жангу меьнат аз жумлаи оньост. Умуман дар муассисаьои наылиётц набзи кор бомаром дар тапидан аст, ронандагон доиман дар роььо сафари бобарору пурбаракатеро ба нафъи жомеа анжом медиьанд. С. АНУШЕРВОН. Ғаниев Абдумуқаддис, ронандаи ҶДММ "МНА-35"

Н/И

Нуқтаи назар

Созмони накукору хайрандеш

Дар синфи панxум мехондам. Ро[бари синфамон гуфтанд, ки паго[ дар мактаб xамъомади хубе барпо мешавад ва [ама бояд дар он иштирок намоем. Рeзи дигар са[ни мактаб идона оро дода шуда буд. Хонандагони синф[ои болоb либос[ои якхела ва нишонадор ба бар карда буданд. Духтарону писарон намоиши омодакардаи худро, ки «Аз хатари мина э[тиёт бошед!» буд, пешни[оди устодону шогирдони намуданд. Баромади он[о хеле xолиб буд. Су-

НАСИМИ ИСФАРА

руд хонданд, раrс карданд, са[нача[о нишон доданд, бози[ои гуногунро иxро намуда, бача[оро бо таври оддb аз хатари мина ва сайру гашт дар кe[[о ого[ мекарданд. Бего[b дар бораи [унарнамоии [аммактабонам ба падару модарам гуфтам ва орзу кардам, ки чун он[о хонандагони мо низ фаъол бошанд. Аз байн сол[о гузашт. Мо дар синфи 10 мехондем. Дар бораи Xамъияти {илоли А[мари Тоxикистон ро[бари синфамон дарси тарбиявb гузаштанд. Ман аз муаллима китобчаеро дар бораи фаъолияти X{АТ гирифта хондам. Маълумотам доир ба ин созмон зиёд шуд. Ч{АТ яке аз кe[антарин ташкилoт[ои башардeстона дар кишвар буда, 23 декабри соли 1927 ташкил шудааст. Соли 1992 {укумати Xум[урии Тоxикистон Ч{АТ – ро ба [айси xамъияти умумиxум[уриявии мустаrим, ихтиёрb ва иxтимоb пазируфт. Дар соли 1997 X{АТ узви Федератсияи байналмилалии Xамъият[ои Салиби Сурх ва {илоли А[мар гардид.

Беҳуда нагуфтаанд, ки нақлиёт ва одам ба мисли обу моҳианд. Дигар ҳаёти рӯзмарраи моро бе нақлиёт тасаввур намудан имкон надорад. Гумон дорам, шояд садсолаҳо қабл, ки мушкилоти мардум тавассути хару аспу ароба ҳал мегардид, на идораи махсусе вуҷуд дошту на сохтори алоҳидае. Дар натиҷаи рушди илму техника ва расидан ба қуллаҳои баланди ихтироот айни ҳол нақлиёт ҷузъи ҷудонашавандаи рӯзгори мо гардидааст ва хонае нест, ки дар он мошин набошад. Имрӯз соҳаи нақлиёти Тоҷикистон, мин ҷумла дар Исфараи мо бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр, ба хусус раиси шаҳрамон, мӯҳтарам Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз соҳаҳои пешрафтаи миқёси вилоят ба ҳисоб меравад. Ба мардум дар соҳаи нақлиёт ташкилотҳое чун “Наҷот”, “МНА-35”, “Танзим” ва “Арсенал” хизмат мерасонанд. Дар рушду тараққиёти ин соҳа каминаи камтарин ҳам саҳми худро дорад. Имрӯз ҷомеаи меҳнатии беш аз 200 нафараи мо талош менамояд бо саҳмгузорӣ дар ҳалли мушкилоти мардум ва осон кардани равуои онҳо дар ободии диёрамон нақши босазо гузорад. Албатта, пӯшида нест, ки беш аз 90 дар сади нақлиётҳо хусусианду новобаста аз ин ронандагону ҳайати муҳандисию техникӣ талош мекунанд, дар равуои мардум аз манзиле ба манзил мушкилот пеш наояд. Биноан дар арафаи иди касбии нақлиётчиён нафареро аз ҶДММ “Наҷот” хоса зикр карданӣ нестам, зеро кулли онҳо арзандаи ҳама гуна мукофотҳову фаъолияташон сазовори беҳтарин подош мебошад. Танҳо аз фурсати муносиб истифода намуда, собиқадорони меҳнат, аввалин гузорандагони хишти соҳаи нақлиёт дар Исфара, мутахассисону роҳсозон, масъулини соҳаи нақлиёт, ронандагони нақлиётҳои боркашу мусофирбар ва умуман ҳамаи онҳоеро, ки бо соҳаи мо алоқаманд

X{АТ дар ёрии башардeстона ба rурбониёни офат[ои табиb ба мисли сел, лаuжиши замин, хушксолb ва зилзила, ки мутаассифона, зуд-зуд дар Тоxикистон руй меди[ад, наrши асосb мебозад. Инчунин дар пешгирии бемори[о дар доираи лои[аи «Мубориза алай[и бемории сил» кор[ои таблиuотb мебарад, барномаи «Ого[онидани а[олb аз хатари мина»-ро ро[андозb менамояд. {амаи ин маълумот[оро мехондаму хурсанд мешудам ва меандешидам, ки мо [ам метавонем бар нафъи xомеа коре ё амалеро ба xо биёрем. {оло ман донишxeям. Азми rатъb дорам, ки ихтиёрии Ч{АТ мешавам ва ба нафъи xомеа хизмат менамоям. Xавонони [амсоламро низ даъват менамоям, ки аъзои ин созмони хайрандешу накeкор шаванд. Мо xавонем ва чb тавре ки Президенти ма[бубамон мегeянд: «Xавонон – ояндаи миллатанд». Мукаррама ФАЙЗУЛЛОЕВА, донишҷӯи ФДТТИ.

Н/И

22 . 07. 2015

Сана

№ 33

2

ҳастанд, бо рӯзи касбӣ шодбош менамоям. Басо хурсандиовар аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ, меҳрубониҳои Сарвари кишвар, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як қатор қоғазбозиҳои ноҷоя ва бюрократия дар соҳаи нақлиёт, аз қабили гирифтани сертификату иҷозатнома аз байн рафтаву дар пардохти андоз сабукиҳо рӯйи кор омад. Гузашта аз ин шоҳиди онем, ки қариб ҳар рӯз дар ин ё он гӯшаи шаҳри зебоманзарамон бо ташаббус раиси шаҳрамону дастгирии мардуми маҳал мумфаршкунии роҳҳову таъмири онҳо сурат гирифта истодааст. Ҳамаи ин иқдомҳои неку наҷиб мо – нақлиётчиёнро ба меҳнат боз дилгармтар месозад. Саъю талош менамоем барои дар оянда низ ба роҳ мондани хизматрасонии босифат ва маданӣ ба аҳолӣ аз ҳамаи имкониятҳо истифода барем. Бори дигар нақлиётчиёни сарбаландро бо ин санаи фархунда муборакбод намуда, ба ронандагони азиз гуфтаниям, ки эҳтиёт бошед, Шуморо дар хона пайвандони меҳрубон интизоранд. Наҷотхон ИСОМАДДИНОВА, Нақлиётчии фахрии Ҷумҳурии Тоҷкистон, директори генералии ҶДММ “Наҷот”.

Маърифати ҳуқуқӣ

Биёед, маслихат гиред!

Имрeз[о ба rабулго[и ваколатдор оид ба [уrуrи инсон дар ша[р сокинони зиёде оиди гирифтани ёрии [уrуrии ройгон муроxиат менамоянд. Дар се мо[и охир аз тарафи ро[бари rабулго[ зиёда аз 60 ариза ва муроxиати сокинони ша[ру но[ия rабул ва мавриди баррасb rарор гирифтанд. Cокини ша[р А. Б. ба rабулго[ муроxиат намуда, rайд карданд, ки мe[лати [афт сол боз бо шав[араш зиндагонb намекунад Ду нафар фарзанд дорад. Фарзандонаш дар синфи 11 ва 9-и мактаби миёна мехонанд. E барои аз шав[араш гирифтани се сотих rитъаи замин ва сохтани манзилго[ ба куxо ва чи гуна муроxиат намуданашро намедонад. Баъди аз тарифи ро[бари rабулго[ санxидани муроxиат маълум шуд, ки ша[рванд А. Б. дар [еx куxо кор намекунад, ягон хел даромади иловагb надорад ва баъди гирифтани rитъаи замин [ам маблаuи муайяне барои сохтмон надорад. Фарзандонаш дар хонаи падарашон зиндагонb мекунанд. Падарашон дар ма[аллаи 13 rитъаи замини назди[авлигb дорад ва

фарзандонаш ният доранд, ки баъди хатми мактаб бо ёрдами падарашон дар ин rитъаи замин хонаи истиrоматb сохта, модарашонро оварда, ниго[убин намоянд. {амин тавр, муроxиати ша[рванд А. Б. бо ро[и созиш [аллу фасли худро ёфт. Ё ки сокини xамоати Кeлканд Г. У. дар муроxиати худ rайд кард, ки бо [амсараш зиёда аз 6 сол боз зиндагонb намекунад. Гарчанде бо нико[и мусулмонb ба шав[ар баромада бошад [ам байни он[о [амаваrт xанxол давом дорад. E намедонад, ба куxо ва бо чи гуна [уxxат[о муроxиат намояд. Баъди гирифтани масли[ат[ои [уrуrb мувофиrи rонун[ои амалкунанда Г.У. аз [амсараш xудо шуда, зиндагонии навро оuоз кард. Rабулго[и xамъиятии ваколатдор оид ба [уrуrи инсон ба ша[рвандони ша[ру де[от масли[ат[ои [уrуrии ройгон дода, бо баробари ин [уrуrу вазифа[ои он[оро мувофиrи rонун[ои амалкунанда дар [олат[ои xойдошта [ифз менамояд. М. МАҲКАМОВ, роҳбари қабулгоҳ.


бобояш – Домулло Абдухаллоқ номгузорӣ шудааст. Худи Ҳомидҷон бошад, илми казоии динӣ надорад ва ба гуфти модаркалонам дар илми “совет” низ қаторӣ мебошад. Худованд ба ӯ илм надода бошад ҳам, аммо соҳибамал гардонидааст. Даррав ба ёдатон раисӣ наояд, амали ӯ болотар аз раисист. Кораш таъмири роҳи Исфара – Чоркӯҳ буд. Навҷавон будем, субҳи барвақт вақте мардум аз масҷид ҷониби хонаҳояшон мешитофтанд, ӯ сӯйи роҳи калон мерафт, зеро қиблаи оромишаш ободии роҳҳо буд. Дар сари китфаш бел буду дар миёнаш порае нон. Андеша мекардем “аз субҳи содиқ то намози шом” ният кардааст, ки ба мардум хизмат кунад. Ҳарчанд дигар ӯро дар роҳҳо намебинам, аммо бо ҳамин симои хоксоронаву омиёна дар лавҳи хотирҳо нишастааст. Гумон мекунам аз ҳама бештар дар ҳаққи ӯ дуо кардаанд. Дуои самимӣ ва

Браво, "дарож н и к "

Дар маҳаллаи мо Ҳомидҷонҳо зиёданд. То лақаби онҳоро нагиред, кас сарфаҳм намеравад, ки сухан бобати кадом Ҳомидҷон меравад, Ҳомидҷони “гӯрков”, Ҳомидҷони “бачақапак”, Ҳомидҷони “дарожник” ва ё дигар Ҳомидҷон. Лақаб ба Ҳомидҷонҳо беҳуда начаспидааст. Балки ифодагари кору амал ва хислату хусусияти онҳост. Ин ҷо мехоҳам дар бораи яке аз ин Ҳомидҷонҳо – Ҳомидҷони “дарожник” нависам. Ҳомидҷони “дарожник” дар ҳамсоягии бародарам зиндагӣ мекунад. Бобову бобокалонҳояш аз мардуми соҳибилм буданд. Ба ҳадде, ки яке аз масҷидҳои панҷвақтаи деҳаи Чоркӯҳ ба номи

Н/И

холӣ аз риёву чоплусӣ. Вақте ба чеҳраи дар офтоб сӯхтаи ӯ нигоҳ мекунед, бе ихтиёр ҳақиқати зиндагиро ҳис менамоед. Ҳис мекунед, ки бояд касби худро аз таҳти дил дӯст дошт, барои иҷрои кору вазифа масъул бояд буд ва барои “показуха” набояд фаъолият бурд. Барои ӯ саису раис дар як сатҳ буданду муҳимтарин арзиш одаму одамгарӣ ба ҳисоб мерафт. Баъди анҷоми кор дар қади роҳ меистод ва бо ишораи даст мошинеро манъ намекард. Балки интизори микроавтобусҳои хатсайр мегашт. Чеҳрааш ба ҳамаи равандагони роҳи Исфара-Ворух шинос буд ва ҳама аз мусофир шудани ӯ дар нақлиёташон худро хушбахт ҳис

Сухани гарм

Рахмати калон, Осифхон Мамадов

Дар ҷомеа шахсиятҳое ҳастанд, ки будани онҳо ва фаъолияташон ҳамеша боиси пешрафт мегардаду шиори амалашон дасти мадад дароз намудан ба корафтодагон аст. Яке аз ин гуна инсонҳо дар гузашта муовини раиси шаҳр Осифхон Мамадов мебошанд. Номбурда ҳини адои вазифа бо муроҷиаткунандагон меҳрубону дилсӯз буданду дасти навозиши падарона доштанд. Кӯшиш мекарданд, мушкилоти аҳолӣ ҳал ва проблемаҳои ҷойдошта осон гардад. Барои он кас рӯзи истироҳат ва шанбеву

менамуданд. Гӯё ҳамроҳи ӯ дасти Худоро медиданд. -Ман мегӯяд, -Ҳомидҷон, - аз соли 1991 инҷониб ба таъмири роҳҳо машғул шудам. Соли 2012 бо сабаби маъюбӣ ба нафақа баромадам. Дар давоми 21 соли корам ягон бор “кори ману кори ту” накарда, кори иҷро менамударо ба сомон расонидам. –Инро бинед, давом медиҳад суханашро акои “дарожник”-и мо, - мумкин таъмири роҳ ва пур кардани чуқурчаҳои он барои баъзеҳо кори беҳуда намояд. Аммо ман ҳис мекунам, ки ин беҳуда нест, ба шумо не, ба ваё, ба ваё не ба каси дигар фоидаам мерасад-ку. Ҳеҷ набошад, роҳ ҳамвор шавад, равуои мусофирон роҳаттар мегардад, ҳамту не. Бале, ҳамту, акои Ҳомидҷон. Шумо депутат нестед, аммо бештар аз вакилони мардумӣ мардумитар будед, беҳизбеду аз мо барин ҳизбиён мардумсолортар. Агар шоирона гӯям: Каъбаи умедатон халқ буду бас. Абдуллоев Хайрулло, устои роҳи қитъаи Исфара – Ворух, нисбати қаҳрамони мо – Бобоев Ҳомидҷон мегӯяд: - Ҳомидҷон одами қобил буд. Новобаста аз маъюбии худ талош мекард, ки дар ҳамвор кардани роҳҳо ва таъмири он ҳисса гузорад. Ин гуна шахсон ангуштшуморанд. Се сол мешавад бо сабаби саломатӣ дар нафақа асту ҳамроҳи мо нест, лекин холӣ будани ҷояш ҳоло ҳам эҳсос мегардад. Шамсиалиев Абдуқодир, сарвари ҶДММ “Танзим” илова мекунад: -Дар роҳ будани Ҳомидҷон ва ба таъмир машғул шудани он кас барои ронандагон фоли нек буд. Ҳис мекардем, рӯзе, ки ин марди меҳнатӣ машғули кор аст, он рӯз кушоишу сафои дил ҳамсафари мост. Ӯро як ҷузъи рӯзгори ронандагӣ мепиндоштем. Агарчӣ ягон бор сари чанбари мошин нанишастааст, аммо сирри дили ронандагонро медонисту дарк мекард, ки роҳи ҳамвор боиси осудахотири мусофирон мебошад. Браво, акои Ҳомидҷон Бобоев, ё ба қавли халқ Ҳомидҷони “дарожник”. Роҳҳо таъмир шуда истодаанду валангор, валангор шуда истодаанду боз аз сари нав мумфарш. Нақлиёт зиёд шудаву теъдоди раҳакиён афзудааст. Аммо чеҳраи офтобхӯрдаатон бо либоси махсуси роҳсозону бел ҳамоно як ҷузъи ҷудонашавандаи он аст. Дар кӯчароҳи хотирҳо аломати роҳ шудаед – аломати масъулиятшиносиву меҳнатқаринии роҳсози тоҷик!!! Абдумуталиб ШАРИФОВ.

якшанбе ҷой надошт. Маҳз туфайли дастгирӣ ва масъулиятшиносии Мамадов О. бо роҳнамоиҳои раиси шаҳр мӯҳтарам Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бинои истиқоматии мо ,ки солиёни дароз таъмирталаб буд, ба худ намуди ҷозиб гирифт. Худашон, ки масъули бахши ободии шаҳр буданд, ҳар як ободиву бунёдкории Исфарамарз давоми чанд соли охир ба ному пайкори он кас алоқаманд мебошад. Таманнои онро дорем, ки сафи ин гуна мардони масъулиятшинос ва заминиву ғамхори халқ дар ҷомеа зиёд бошад. Ҳамеша дар офият бошед, раҳмати калон, Осифхон Амруллоевич! Марҳабои ФИРӮЗ.

НАСИМИ ИСФАРА

22. 07. 2015

Сиёсӣ шудани дин ва мавҷудияти ҳокимиятҳои динӣ дар ҷомеа хатарот ва зиддиятҳои онро бештар месозад.

№ 33

3

ХНИТ ва ДИ аз як сарчашма об мехуранд Чун тиннату замирашон сиёҳ аст, ин рангро либосу ливои худ кардаанд. Зеро вуҷудашон сиёҳ асту ақлашон сиёҳу нияташон сиёҳ. Аммо аз ранги сурх лаззат мебаранд. Мехоҳанд ҳама Машриқзаминро бо ин ранг лолагун созанд. Ранге, ки асосаш хуни инсонист. Хуни мусулмонист. Хуне, ки бо дасти ҳамдину ҳамкеш мерезад. Бо омехтаи ин ду ранг кӯшиши давлатсозӣ доранд. Номашро ҳам гузоштаанд – Давлати исломӣ. Давлате, ки мехоҳанд дар пояи ҳазорон сарҳои бурида, ҷонҳои зинда зери хок карда, наврасону кӯдакони бо ваҳшонияти хос қатлнамуда бисозанд. Тибқи иттилооти расонаҳои расмӣ дирӯз ду занро сар буриданд, ду кӯдакро чормех карданд, танҳо ба хотири он, ки рӯза надоштаанд. Масҷидеро тарконидаанд, ки 27 нафар намозгузор дар пайи он кушта шудааст. Ба маҳалаи курднишин ҳамлаи интиҳорӣ анҷом додаанд ва дар натиҷа беш аз 20 нафар мӯйсафедону занону оҷиза ва тифлони маъсум ба қатл расонида шудаанд. Ҳамарӯза чунин кушторҳо идома доранд. Давоми чанд моҳи охир беш аз 3 ҳазор нафарро ба қатл расониданд. Ҳамаи ин бадбахтист. Вале бадбахттар аз ин он аст, ки ҳамватанони моро дар ин ҷангҳои мусулмонкуш лақабҳое мисли «Абумаҳдӣ ат-Тоҷикӣ» ва монанди инҳо дода, ҳамчун силоҳ истифода мебаранд. Баъди гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушӣ раҳнамун месозанд ва ин манқуртҳои ақлбохта бо боварию итмонони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлаашон даҳҳо нафар бегуноҳро ба коми марг мефиристанд. Оё ҳамин аст исломе, ки ҳамарӯза барои мо талқин мекунанд? Сукутро аломати ризо гуфтаанд. Шахсан банда дар Тоҷикистон таблиғи «ҷиҳоду шаҳодат»-ро танҳо аз забони роҳбарони ҲНИТ, пеш аз ҳама Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ шунидаам. Ин калимаҳо зимни ҳар як вохӯрии онҳо бо ҷавонон, ки ду-се соли охир баъди ҳар як намози ҷумъа дар дафтари марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе баргузор мешуданд, даҳҳо бор садо медоданд. Ва заминаи образи мусбӣ гирифтани ин вожаҳо дар мағзи ҷавонони тоҷик низ аз ҳамин ҷо сарчашма гирифтааст. Ҳамаи ин падидаҳо дар ҷои хушку холӣ пайдо нашудаанд. Ҳама занҷираи як ҳақиқатанд. Давлати исломӣ дар кадом замина арзи зуҳур кард? Аз қавли коршиносони рус соли 2012 Арабистони Саудӣ, Қатар ва Туркия бо роҳнамоӣ, ҳидоят ва маблағгузории Ғарб мухолифини Ҳукумати Сурияро дастгирӣ ва пуштибонӣ намуданд, ки режими барояшон номақбули Башар Асадро аз байн бу-

баранд. Вале муваффақ нашуданд. Ҷини аз кӯза сардодаашон, чун хешро дар муқобили артиши Сурия оҷизтар дид, самти ҳуҷумашро тағир дод ва рӯ ҷониби Ироқ баргардонид. Минтақа ба вазъе гирифтор шуд, ки ҳоло дорад. Аҷибтарин тарафи қазия ин аст, ки имрӯз Ғарб ва кишварҳои зикргардидаи минтақа террористони Давлати исломиро дар қаламрави Ироқ бомбаборон мекунанду дар ҳудуди Сурия дастгирию пуштибонӣ. Барои фарди ноогоҳ ҳатман суоле пеш меояд, ки ҳамаи инро бо ҲНИТ чӣ нисбатест? Посух ба ин пурсишро метавон аз таҳлили муносибатҳо пайдо кард. Пеш аз ҳама, аз пайвастагии ҲНИТ бо ҳаракати «Ихвонулмуслимин». Барои ҳеҷ кас пӯшида нест, ки пуштибони аслии молии ин ҳаракат аслан Саудӣ ва Қатар мебошанд. Пешвоёни маънавии созмон, ба шумули Юсуфӣ Қарзовӣ дар Қатар паноҳгоҳ ёфтаанд ва аз ҳамон ҷо фаъолияти ихвону бахшҳояшро дар кишварҳои минтақа, аз ҷумла ҲНИТ, идораю роҳнамоӣ мекунанд. Ҳидоятгари бевоситаи Қарзовӣ бошад, ҳоҷат ба муаррифӣ надорад, зеро худи арабҳо барояш лақаби «Муфтии НАТО»-ро арзонӣ доштаанд. Аввали моҳи июни соли ҷорӣ, додгоҳи Миср собиқ Президенти кишвар ва роҳбари «Ихвон ул муслимин» Муҳаммад Мурсӣ ва як қатор ҳамдастонашро бо ҷурми хиёнат ба Ватан, ҷосусӣ ба нафъи дигар кишварҳо ва содир кардани як қатор ҷиноятҳои вазнин ба эъдом ва ҳабси абад маҳкум кард. 29 июн бошад, Ҳишом Баракот, додситони кулли Миср бар асари таркиши мина дар шимоли шаҳри Қоҳира кушта шуд. Суиқасд ба номбурда дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамчун амали террористӣ маҳкум карда шуд. Аммо наҳзатиҳои Тоҷикистон бо қалами яке аз идеологҳои пешгоми худ Ҳикматулло Сайфуллозода бо нишоту қаноатманди ин хабарро пахш карданд ва сарлавҳаи онро «Аз мукофоти амал ғофил машав» гузоштанд (nahzat.tj аз 30.06.2015). Ҳоҷати шарҳи дигар нест. Танҳо аз ҳамин ҷо бармеояд, ки ҲНИТ дар пайроҳаи фаъолияти хеш ҳатто куштори инсонро қабул дорад ва мепазирад. Гарчанде ин амал муқобили (қонунро канор мегузорем) фармудаҳои қуръони худовандӣ бошад. Ва мантиқи фалсафаи «ҷиҳоду шаҳодат»-и наҳзатӣ низ пушти ҳамин манфиатҳои ҳизбӣ ниҳон аст. Онҳо ҳамон исломеро қабул доранд, ки худ мехоҳанду хоҷагони хориҷиашон. Ҳамон исломи мусулмонкуш. Исломе, ки ранги сиёҳу торикиро байрақи худ кардаву обу замини бархе аз кишварҳои минтақаро бо хуни мусулмон лолагун сохтааст… Анвари КОМИЛ

Рав, некӣ кун, ки даҳр некӣ монад, Ӯ некиро зи некӯвон Инсони нексиришту некШахсони корафтодае ба назнастонад. хоҳ барои шахси корафтода даш омада, бо қаноатмандӣ меМол аз ҳама монд, ҳамеша дасти кӯмак дароз раванд. Бо эҳтиром номи ӯро аз ту ҳам хоҳад монд, мекунад. Яке аз ин гуна ҷа- ба забон меоранд ва пайрави Он беҳ, ки ба ҷои мол вонмардони ширинсухану кору рафтори ӯянд. некӣ монад. хоксор Муртазо Эгамзод меИн ҷавонмарди хушмуомила Эгамзод Муртазо Машрафӣ бошад. хирадмандиро аз падару мо- ҳамеша ҷавононро ба ободии Аз он рӯзе, ки Эгамзод Мур- дараш омӯхтааст. Волидонаш Ватани азизаш Тоҷикистон ҳитазо Машрафӣ ба ҳайси раис ӯро ба некию накӯкорӣ ҳидоят доят менамояд. ба кор оғоз кард, гӯё, ки фаъо- менамоянд, то ки ба шахсони Мо ҷавонон ба ӯ муваффақилияти ҳизб ранги дигар гирифт. корафтода дасти кӯмак дароз ятҳо хоҳонем. Бо кордониву саховатмандии кунад. Х. НЕЪМАТОВА. ин ҷавони донишманд даҳҳо Падару модараш ба фарзаннамояндагони ташкилоту му- дашон гӯё чунин таълим меассисаҳо аъзои ҳизб гаштанд. диҳанд:

Чавонмарди ташаббускор


Н/И

Руҷӯъ

НОЛАИ ДИЛ Очаҷон!... Зиндагӣ ин қадар ҳам вазнину сангин будааст. Шабҳоям торику рӯзҳоям дароз, дӯстон каму душманон бисёр. Очаҷон! Вақте ту аз мо рафтӣ, ман бача будам, ғарқи нозу эркагиҳо будам. Очаҷон!... Ман медонистам, ту бо талхиҳои зиндагӣ тоқат карда натавонистӣ. Медонам, ту аз ин дунёи фаношаванда охиратро беҳтар донистӣ. Медонам, ба мо не, бо ҳуррони ҷаннат ҳамроҳиро ихтиёр кардӣ. Очаҷон!... Мехоҳам мисли дигарон маро аз дур садоям кунӣ. Ман мехоҳам туро дар маъракаҳо аз байни дугонаҳоят ёбам. Мехоҳам муддаои диламро бипурсӣ. Очаҷон!... Ман бо умеде зиндагӣ мекунам, ки дар охират ҳамроҳ бошем. Бо он умед зиндаам, ки паси ибодатҳоям бароят дуо гӯям… Мехоҳам орзуҳои амалинагаштаи туро амалӣ гардонам. Очаҷон! Имрӯз чунон дилгир гаштам, ки намехоҳам ба касе ҳамсӯҳбат шавам ва касеро бубинам ё чизе бихӯрам. Фақат маро фариштаҳои раҳмонӣ ёриям мекунанд ва мегӯянд, ки ин суханонро ба дугонаҳоям бигӯям. Очаҷон! Минбаъд ман бо дугонаҳоям мегӯям, ки Шумо модаратонро азиз доред ва эҳтиром кунед. Шарму ҳаёро фаромӯш накунед. Беҳтарини вақтатонро ба тақво ва хизмати халқ гузаронед, ки сарбаландии дунёву охират аз инҳост ва ҳосил аз дунё ин аст. Модарҷон! Агар дар ҳаёт мебудед, ҳаргиз намеранҷонидаматон. Кӯшиш мекардам амрҳоятонро иҷро кунам ва ҳамеша ҳамроҳу ёратон бошам.!.. -Оҳ… Очаҷон!.. Очаҷон!. Дилором ЗОИДБОЕВА, омӯзгори МТМУ № 29.

А[мадбой Кимсанов 73 сол муrаддам дар де[аи Чилгазb дар оилаи де[оrни асил таваллуд шудаву соли 1960 мактаби миёнаи №60, ба номи Олег Кошевой (имрeза МТМУ №37)-ро хатм намуда, бо тавсия ва дуо[ои неки падараш Кимсанбой ва бародари калонаш Абдуллобой ба ша[ри Сталинобод рафта, ба факултаи механиконии кишоварзии Донишго[и аграрии Тоxикистон дохил мешавад ва онро соли 1965 бо муваффаrият хатм мекунад. Сипас, бо ро[хати вазорати кишоварзb ва донишго[ ба но[ияи навташкили Вахш ра[сипор гардид. А[мадбой Кимсанов дар колхози ба номи «Ленинград»-и ин но[ия давоми 5 соли минбаъда [амчун сарму[андис пурсамар фаъолият бурда, соли 1970 ба аспирантураи кафедраи истифодабарии мошину трактор[ои Донишго[и кишоварзии ша[ри Ленинград (имрeза Санкт – Петербург) дохил мешавад ва соли 1973 рисолаи номзадиашро бо сарбаландb [имоя мекунад. Фаъолияти пурсамари педагогии e аз [амон давра то ба имрeз дар Донишго[и аграрии Тоxикистон идома дошта, ин xо А. Кимсанов аз вазифаи ассистентb то мудири кафедра расидааст. Давоми ин сол[о А[мадбой Кимсанов сад[о мутахассисони чашмикордони со[аи кишоварзиро тарбия намудааст, ки имрeз[о дар гeшаву канори мухталифи Тоxики-

Н/И

Фарзандони ту, Исфарамарз

Гухарчини дарёи илм стон ба[ри пешрафту тараrrиёти мамлакат са[мгузорb менамоянд. Гузашта аз он А[мадбой Кимсанов давоми фаъолияти ме[натиаш ду китоби дарсb, як монография, чор дастурамал барои механизаторон, се брошюра, зиёда аз 32 маrола[ои илмb, 121 дастурамал ба ёрии донишxeён – мутахассисони xавон ва uайра[оро таълиф намудааст. Олими мазкур бо вуxуди серкорb мудом ба масъалаи тарбияи [аматарафаи фарзандон диrrати xиддb медод. Ин аст, ки панx писари e бо [идояти падар донишго[[ои мухталифро хатм намуда, имрeз[о дар со[а[ои гуногун ба[ри пешрафти мамлакат са[ми шоён мегузоранд. Хизмат[ои номзади илм[ои техникb, Аълочии маорифи Тоxикистон А[мадбой Кимсанов бо медал[ои xашнии «100 солагии В. И. Ленин», «60 солагии Uалаба дар Xанги Бузурги Ватании сол[ои 1941

АЁДАТИ БЕМОР -Бисмило[ир ра[м о н и р ра[им, ило[о rадам расид, бало нарасад, ило[о ба дард[ои додааш худоя худаш шифо ди[ад, омин ва раббил оламин, - гуфт Оразбек даст ба рeй кашида, ва бо мeза[ои корпeшаки серчангу хокаш рeи кeрпачаи кимхоб чорзону нишаст. -Хeш омадb, - гуфт бемор рeи xойга[ нишаста. -Маъзурам дор,-гуфт Оразбек,-як [афта боз дар кeчаву бозор надидамат, пурсон шавам тани гарм дорад, гуфтанд, охир ман ба ту хобамро гуфтанb будам, хеле хоби наuз дидамат. -Чb хел хоб? -Хоб бинам,-гуфт Оразбек пиёлаи чойи аз термос рехтаи беморро ба даст гирифта, - ба ра[матии бобоям, ки як мо[ пеш ин дунёи фониро тарк карда буданд, даст

=Бо қалами ҳаҷв=

ба даст гирифта дар би[ишт сайр карда гаштаb ва ту ба бари куртаи сафедат мева чида истодаb. -Хоби наuз,-гуфт бемор о[иста,-[амаро Худо аз би[ишт насиба ди[ад. -Зиндагb-дия, [амсоя,-узрхо[b кард Оразбек,-[озир аз са[ро омадам, фурсати ба хона рафтан нашуд. Хeш худи [оло чи таври, ранги рeят [ам лимон барин забзард шудааст? -Ба худо шукр, бемориам рафъ шуда, саломатиам барrарор шуда истодаасту каме бемадорb азият меди[ад. -Бемадорb гуфтb? – [ай-[ай ин гапро дигар ба забон нагир, ки ра[матии бобои 90 солаам 2-3 рeз бемадор шуданду ба он дунё рахти сафар бастанд. Боз куxоят дард мекунад? -Кам-кам пой[оям дард доранд,-гуфт бемору хомeш шуд. -Ин гапро аз да[онат шамол барад,-гуфт Оразбек xиддb шуда,- ра[матии rиблаго[ам аз [амин дарди пой бандагb карда буданд-дия, сад афсeс!

- 1945», «65 солагии Uалаба дар Xанги Бузурги Ватании сол[ои 1941 – 1945», «15 солагии Гвардияи миллии Xум[урии Тоxикистон», да[[о ра[матномаву ифтихорнома[ои вазорат[oи кишоварзb, маориф, "Тоxикселхозтехника"-ву xамъияти «Дониш» сарфароз гардонида шудааст. Урмонҷон ИБРОМОВ, собиқадори маориф.

Беморе, ки навакак озод нишаста буду чой мерехт, ба болин такя карда монд. -Хайр, хуш, ки бошад, дигар [амаи узв[оят си[атанд? -Бале, дигар узв[о си[ату духтурон 2-3 рeзи дигар оромакак хоб кун, мегeянд, зеро го[-го[ сулфа домангир шуда истодааст. -Оббое,-гуфт Оразбек,-ана [амин сулфа буд, ки бечора амакам rариб ним сол «Хуб, хуб» сулфида гаштанду дигар сари асо нашуданд, шушат, ки бемор шуд месулфиву месулфb ва охирон бо Азроил рe ба рe мешавb. Бемор аз болин лаuжида худро зери кeрпа гирифта, вонамуд кард, ки хобиданb аст. Оразбек пиёлаи чойро rурт кашиду: -Бисёр хоб нарав. Хоби дуру дароз додари марг аст. Узв[ои баданат карахт шуда, якбора мурданатро нафа[мида мемонb. Бемор хомeш буд. Оразбек аз хона баромада, ба зан[ои дар берун буда, фармуд, ки ба [ар э[тимол аз бемор бохабар бошанд. Баъди ду рeз он[о дар кeча вохeрданд. -Аспи тозb барин-ку?-хуш[ол шуд Оразбек,-[оло, ки ман умедамро канда будам. -Хайрият, ки ба аёдат дертар рафта будb,-гуфт бемор табассумкунон,-вагарна ман [оло бо бобокалонат дар би[ишт сайр доштам… Субҳониддин БОБОХОЛОВ.

ЭЪЛОН Суди ша[ри Исфара таклиф менамояд, ки

БАРОИ ЧАВОНОНИ СОХИБЛАЁКАТ -Шумо нерeи эxодкорb ва навоварии худро дар санъати ороишb васеъ ва иrтидор додан мехо[ед? -Ватанро бо [усни зебои [унар[ои миллии дастb ва санъати муосири замонавb орзуи ороиш доред? -Шумо мехо[ед, санъати ороишb восита ва имконият барои рушду инкишофи [амсолони шумо бошад?

ТАНХО БАРОИ ШУМО! Шуморо ба гeшаи би[иштосои ша[рамон, eрдуго[и ба номи Гагарини назди раёсати маорифи ша[р барои истиро[ату омeзиш та[ти шиори “Ширкат намо! {аёти худро рангин намо» даъват мекунем. Устодон ва мутахассисони касбb бо барнома[ои омeзишию амалии рушди малакаи навовариву эxодкорb дар санъати миллb ва муосири замонавb, инкишофи rобилияти худамалигардонb, ватандeстb ва дигар хосият[ои некро дар давоми 5 рeзи мо[и августи соли равон фаро хо[анд гирифт. Агар лаёrати санъати ороишb, ташкилотчигb ва синни 16-25 сола дошта бошед, ба суроuаи ташкилоти xамъятии “ШОТО”, ша[ри Исфара, xамоати де[оти Навгилем. кeчаи Бузургзода 126A. тел моб \992927498598\ идора +992 (3462)20098 ва почтаи skiflager@gmail.com \ барои гирифтани «Дархостнома» муроxиат намоед. Иштирокчиён тариrи озмун интихоб карда мешаванд. Иштирок ройгон.

МО ИНТИЗОРЕМ.

«НАСИМИ ИСФАРА» МУАССИС: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА САРМУҲАРРИР Абдумуталиб ШАРИФОВ

НАСИМИ ИСФАРА

22. 07. 2015

Эй писар, гар ба гуфтан афтад кор, Ғайри ҳарфи накӯ магӯ зинҳор.

№ 33

4

Мову Шумо

ша[рванд Бобоев Умарбой Аюббоевич, соли таваллудаш 9 сентябри соли 1978, xои охирини истиrоматаш ша[ри Исфара, кeчаи X. Лафизов (пештара К. Маркс) [авлии 196 дар ма[алли истиrомат аз соли 2009 аз хусуси xои зисташ ягон маълумот нест, ба суди ша[ри Исфараи вилояти Суuд [озир шавад, ё оиди xои зисташ хабардор намояд. Аз ша[рвандоне, ки Бобоев Умарбой Аюббоевичро мешиносанд ва xои зисти eро медонанд хо[ишмандем ба суди ша[ри Исфара хабар ди[анд.

СУДИ ША{РИ ИСФАРА.

АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД Ша[одатномаи маълумоти миёнаи А № 069655, ки МТМУ № 33 соли хониши 1986-1987 ба Додо-

боев Абду[абиб додааст. * * * Гуво[номаи шахсии XТ № 506114, ки rисми [арбии 02267 мо[и марти соли 2015 ба Абдура[монова Хуршеда додааст.

Кормандони идораи рӯзномаи "Насими Исфара ва созмони шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба котиби масъули рӯзнома Субҳиддин Сайфиддинов нисбати даргузашти МОДАРАРӮСАШ ҳамдардӣ баён намуда, ба ӯву наздикони марҳум сабру тасаллият мехоҳанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муовини мудири бахши фарҳанг Сабурхон Амонуллоев нисбати даргузашти ПАДАРАШ ҳамдардии амиқ баён намуда, ба ӯву наздикони марҳум дар ин рӯзҳои мусибатбор аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил таманно дорад. Маъмурият, ҷомеаи меҳнатии МСМ «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Исфара нисбати вафоти бемаҳалли сармутахассиси шӯъбаи меторология УМАРОВ САДРИДДИН андӯҳгин буда, ба аҳли оила ва наздикони марҳум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳанд.

Ҳайати эҷодӣ: Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ.

Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муллифон вогузор аст.

Нишонӣ: ш. Исфара, кӯч. Марказӣ 10. Телефонҳо: 2-49-73; 2-44-57. Еmail: nasimiisfara@mail.ru

Матолиби рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дигар васоити ахбори омма бо нишондoди манбаъ метавонанд истифода баранд.

Масъули шумора: Н. ХУДОЙБЕРДИЕВ. Ҳуруфчин: М. ҚУРБОНОВА.

Рӯзнома таҳти рақами 002/РЗ дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст.

Дар ҶДММ "Вектор-Канд" чоп шудааст. Супориши № ____________

Иҷозат ба чоп: 21. 07. 2015. Адади нашр: 4300.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook