30-солагии Истиқлоли давлатӣ муборак бод! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 32 (9401) *** Сешанбе, 7. 09. 2021
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Мукофот муборак, муаллима Гулафзо Савриддинова! Тавре ки маълум аст, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ходимони давлатӣ - роҳбарони ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия, собиқ роҳбарони парламент ва аъзои Ҳукумати мамлакат мукофотҳои давлатӣ супориданд.
М
ояи ифтихор ва сарфарозист, ки дар раванди ин чорабинии бошукуҳи идона фаъолияти софдилона ва заҳматҳои ходими давлатию сиёсӣ, ширкатдори Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, модари мушфиқу зани қавиирода Гулафзо Савриддинова низ дар самти таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти кишвари азизамон бо медали ҷашнии "30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қадршиносӣ ёфт. Гулафзо Савриддинова 12-уми сентябри соли 1947 дар шаҳри Исфара таваллуд шудааст. Таҳсилкардаи Донишгоҳи хоҷагии халқи Москва (1969), Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд (1985). Фаъолияти меҳнатиаш аз иқтисодчии идораи савдои шаҳраки Шӯроб с. 1969 оғоз шудааст. Раиси иттифоқи касабаи кормандони саноати маҳаллӣ, раиси XМШ (19721977), муовини раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳри Исфара (1977-1980), котиби кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист (1980-1983), раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи шаҳр (1982-1983), котиби якуми кумитаи ҳизби коммунисти шаҳри Исфара (1983-1985), мудири шуъбаи маданият, шуъбаи савдо ва хизматрасонии маишии КМ ПК Тоҷикистон (19851988), котиби аввали кумитаи шаҳрии ҳизб ва раиси Шӯрои депутатҳои халқ, раиси шаҳри Исфара (1988-1996), муовини раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997-2000) ва муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000 - 2005). Мукофоти давлатӣ муборак бошад, муаллимаи азиз!
Қадршиносии заҳматҳо Раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ 5 нафар ҳамдиёронамон - Исматулло Абдуллоев, Таибиддин Муҳаммедов, Сабзиддин Файзиддинов, Абдуманнон Эрматов ва Сорбон Савриддиновро, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали "Хизмати шоиста" сарфароз гардонида шудаанд, ба ҳузур пазируфт.
Ш
аҳрдори Исфара зимнан аз ҷаҳди шоёни эшон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ҳалли муаммову мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии шаҳру деҳоти Исфара ёдовар шуда, ба онҳо миннатдории самимонаи роҳбарияти давлат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро иброз дошт.
Сипас, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашӯрбек дар вазъи тантанавӣ ба накӯфарзандони зикршудаи Исфара мукофотҳои давлатиро супорид.
Ҳамдиёрони азиз! Дар интиҳои асри ХХ миллати куҳанбунёди мо ба дастоварди бузургтарини таърихӣ, яъне Истиқлолияти давлатӣ ноил шуд, соҳиби давлати комилан мустақили миллӣ гардид, ки ҳоло мо дар остонаи солгарди ин рӯйдоди муҳимму сарнавиштсоз қарор дорем. Дар ин лаҳзаҳои пурнишот, бо як ҷаҳон ифтихору шодмонӣ шумо, ҳамдиёрони арҷмандро ба ифтихори 30-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик мебошад, самимона табрик мегӯям. Истиқлолияти давлатӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол муқаддам ба он соҳиб гардид, дар таърихи халқи тоҷик нодиртарин падидаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад”. Ифтихормандона бояд гуфт, ки 30 соли соҳибистиқлолии мамлакат ҳамчун 30 зинаи камолоти миллату давлат дар ҷодаи эҳё ва рушди давлатдории миллии мо нақши бузург дорад. 30 соли соҳибистиқлолӣ барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро интихоб ва давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи худро бунёд намоем. Боиси шукргузорист, ки кишвари мо дар давоми 30 соли сипаригашта пайгирона то ба зинаи давлатдории муосир расид ва ҳоло ба сӯи марҳалаи тозаи инкишофи хеш бо қадамҳои устувор пеш меравад. Бо ифтихору сарфарозӣ изҳор медорем, ки ҳамаи корҳои азими созандагиро, ки таҳти сарварию роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо то имрӯз дар кишвари маҳбубамон амалӣ намудем, ба номи мубораку муқаддаси Истиқлолият анҷом додем. Зеро истиқлолият барои мо рамзи пойдории давлат, ҳастии миллат ва шарафу эътибори Тоҷикистони азизамон мебошад.
ТАБРИКОТИ раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода бахшида ба 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ
Тоҷикистони соҳибистиқлоли соҳибхираду соҳибэҳтиром аст. мо имрӯз узви фаъоли беш аз 80 Мову шумо, дӯстони азиз, одамони созмони бонуфузи ҳамгироиву хушбахт ҳастем, ки давлати ҳамкориҳои бисёрҷонибаи соҳибистиқлол дорем, номаи байналмилаливу минтақавӣ буда, тақдири худро бо дасти худамон бо зиёда аз 160 мамлакати дунё менависем ва халқи эҷодгару робитаҳои дипломатӣ, ҳамкориҳои бунёдкорамон таърихи навини судманди тиҷоративу иқтисодӣ ва худро бо дасти худ эҷод ва бунёд фарҳангиву гуманитарӣ дорад. мекунад. Аз ин лиҳоз, орзу мекунам, Дӯстони арҷманд! ки 30 соли соҳибистиқлолӣ дар дили Тавре муҳтарам Пешвои миллат ҳар як фарзанди бонангу номуси зимни суханронии хеш қайд диёр оташи меҳр, ҳамдиливу карданд: ”Тоҷикистон сарзамини ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад пурганҷ аст, вале беҳтарин ва донаҳои умеду эътимодро ва қиматтарин ганҷинаи он ба фардои неки Ватан ба нумӯъ фарзандони бонангу номусаш оварад. мебошанд, ки Ватани худро чун Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, бо модар дӯст медоранд ва тамоми орзуи ҷовидонагии истиқлолияти имконияту нерӯи худро барои миллию давлатиамон, бори дигар ободии он равона мекунанд”. шумо, ҳамдиёрони арҷмандро Боварии комил дорем, ки ҳар бо ин ҷашни фархунда сидқан як фарди бонангу номуси диёр бо муборакбод мегӯям. Ба Тоҷикистони шукрона аз сулҳу субот ба неъмати азиз истиқлолияти ҷовидонӣ, бебаҳои тақдир, яъне Истиқлолияти пешрафту шукуфоӣ, ба ҳар яки давлатӣ арҷ мегузорад ва барои Шумо бахту саодат, ба хонадонатон таҳкими дастовардҳои он, аз сулҳу сафо ва осоишу ободии ҷумла барои ободиву осудагии рӯзгор орзу дорам. Исфараи бостонӣ, ки як гӯшаи зебои Ватани аҷдодиамон аст, Ҷашни бузурги истиқлолу саҳми ватандӯстонаи худро дареғ озодӣ муборак, ҳамшаҳриёни намедорад. азиз! Истиқлолият шараф ва номуси ҳар як миллати озодандеш ва
Ҷамъомади идона дар Ворух Бахшида ба 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳанги деҳаи Ворух бо ширкати аҳли ҷамоатчигӣ ва фаъолони шаҳру деҳоти Исфара ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.
Р
аиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода ва муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда,
доир ба нақши соҳибихтиёрии милливу давлатӣ дар рушду нумӯи мамлакат ва зарурати арҷгузорӣ ба ин неъмати бебаҳо сухан гуфтанд.
Зимни ҳамоиш ба як гурӯҳ кормандони касбу кори гуногун, ки дар пешрафти бахшҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт саҳми босазо гузоштаанд, Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара тақдим гардиданд. Дар анҷом барномаи консертии идонаи кормандони бахши фарҳанги шаҳр, ки ситоишгари Ватани маҳбубу Истиқлоли он буд, манзури ҳозирин гардонида шуд.