32 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

***

№ 32 (9167)

ИСФАРА

***

Чоршанбе,

31 августи соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И

Қадршиносӣ

Супоридани мукофотҳои давлатӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи калони кормандони касбу кори гуногунро, ки дар фаъолияти худ ба дастовардҳои намоён ноил гардидаанд, бо мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомию махсус ва ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонданд. Аз ҷумла, раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо медали "Хизмати шоиста" ва сарояндаи мумтоз Исроилҷон Файзиддинов бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шуданд. Мукофотҳои давлатӣ муборак, ҳамдиёрон!

Н/И

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо мақсади шиносоӣ бо рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба Исфара сафари корӣ анҷом дод. Нахуст раиси вилоят аз маҳалли аҳолинишине, ки манзилҳои зисти сокинон ҳангоми боришоти зиёд ва омадани сел зарар дидааст, боздид ба амал оварда, якчанд хонаҳои истиқоматии сокинони маҳаллаҳои Даҳанақул ва Мирсаид Миршакари ҷамоати деҳоти Шаҳракро мавриди назар қарор дод. Тавре иттилоъ дода шуд, пас аз боришоти зиёди санаи 16- уми август ба манзили сокинон ба миқдори зиёд селоба ва лойқа даромада, ба иншооти истиқомативу ёрирасони шаҳрвандон ва зироатҳои заминҳои наздиҳавлигии онҳо хисорот ворид намудаст. Бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ аз лаҳзаҳои нахустин таҳти таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, бо дастури раиси вилоят гурӯҳи босалоҳияти кории вилоятӣ таҳти роҳбарии муо-

Н/И

Ташрифи раиси вилоят ба Исфара

Боздид аз ҷойи офат

винони раиси вилоят аз мавзеъҳои зарардида боздид ва ҳисоротро муайян намуд. Бо мусоидати гурӯҳи корӣ ба сокинон кӯмакҳои гуногуни хӯрокаву пӯшока ва масолеҳи сохтмон дастрас гардид. Ҳангоми шиносоӣ ва сӯҳбат бо шаҳрвандони аз офат зарардида раиси вилоят таъкид дошт, ки ҳаН/И

маи онҳо таҳти ғамхории давлату ҳукумат қарор доранд ва ҳамаҷиҳата дастгирӣ карда мешаванд. Бо дастури роҳбари вилоят ба ин маҳалли аҳолинишин миқдори муайяни кӯмакҳо аз қабили пӯшока, лавозимоти рӯзгор, масолеҳи сохтмон ва маводи хӯрока аз қабили орду равған, биринҷ ва ғайра

Ҳашари умумихалқӣ

Кӯмак ба зарардидагон Бо мақсади роҳандозии корҳои барқароркунӣ ва аз селовардҳо тоза намудани

маҳалҳои аҳолинишини аз офати табиӣ зарардида санаи 27 август ҳашари умумихалқӣ баргузор шуд.

Дар раванди он, дар қатори садҳо нафар сокинони шаҳр ва аъзоёни ҷомеаҳои меҳнатӣ ҳамчунин кормандони мақомоти

Бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар минтақаҳои наздисарҳадии шаҳри Исфара ва ноҳияи Боткон силсилаи чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ баргузор гардиданд.

Равзанаи нишастҳо

Таҳлили дирӯз, нақшаи фардо

Дар толори Кохи фарҳанги шаҳр машварати августии омӯзгорон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он кормандони соҳаи маориф аз бурду бохти як соли сипаришудаи худ натиҷабардорӣ ва вазифаҳоро барои соли хониши нав муайян намуданд.

Дар ҷараёни он раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд Набиҷон Раҳмонов ва сардори раёсати маорифи шаҳр Бобохон Саидов баромад карданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар миқёси шаҳри Исфара 82 адад муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 75 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 литсей, мактаб-интернати махсус барои бачаҳои чашмонашон зарир, хонаи бачагон, бахши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии шаҳракҳои Нефтободу Шӯроб, муассисаи таълимии давлатии коллеҷи тиббии шаҳри Исфара, Маркази таълими калонсолон ва муассисаи тахсилоти иловагӣ фаъолият доранд, ки дар умум 46339 нафар хонандагонро ба таъ-

иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таҳти сарварии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ширкати фаъолона доштанд. Ҳашарчиҳо ба мардуми аз офати табиӣ зарардида дар тоза намудани ҳавзҳои обнигаҳдорӣ ва саҳни ҳавлиашон аз селовардҳо, барқарор сохтани деворҳои харобгардида ва фароҳам оварда-

лиму тарбия фаро гирифта, ба онҳо 3235 нафар омӯзгорони соҳибмаълумоту соҳибихтисос таълим дода истодаанд. Имсол аз 3772 нафар хатмкунандагон 2252 нафар ҳуҷҷатҳои худро ба Маркази миллии тестӣ супориданд, ки нисбати соли гузашта 623 нафар зиёд аст. Дар натиҷа 1610 нафар шогирдони мактабҳои Исфара соҳиби номи баланди донишҷўй гаштанд. Ҳамчунин 21 нафар тариқи квотаи президентӣ ба донишгоҳҳои олӣ дохил шуданд. Директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 Абдувалӣ Аҳадов, омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 Зулола Шукурова ва мудири кӯдакистони №12 Сабоҳат Саидова бобати пешбурди кори таълиму тарбия мулоҳизаҳои судманд баён доштанд. Дар фарҷоми машварат ба як қатор кормандони соҳаи маориф Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Дар саҳни мактаби деҳаи Оқсой губернатори вилояти Боткон Абиш Халмурзаев, муовини аввали губернатор Алишер Абдираҳмонов, иҷрокунандаи вазифаи ҳокими ноҳияи Боткон Талайбек Ибрагимов, раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, мудири шӯъбаи маъмурӣ-ҳуқуқии МИҲД вилояти Суғд Муқимҷон Саидов, намояндаи ваколатдори вилояти Суғд дар вилояти Боткон Ғиёсиддин Эсанов ва намояндагони ҷамоатҳои наздисарҳадӣ, ҷавонону фаъолон ҷамъ омаданд. Губернатори вилояти Боткон Абиш Халмурзаев ва раиси шаҳри Исфара Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҳозиринро бо ҷашнҳои миллии дар пеш истода сидқан муборакбод гуфта, таҳкими

дастрас гардид, ки аз ин сокинон хушҳол гаштанд. Дар шаҳраки Сомониён раиси вилоят сарбандеро, ки барои пешгирии сел бунёд гардидааст, мавриди назар қарор дод. Ба масъулини вилояту шаҳр дастур дода шуд, ки дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин сарбанди мазкурро ба пуррагӣ барқарор созанд. Дар ҳамин мавзеъ раиси вилоят хонаҳои истиқоматии якчанд шаҳрвандонро, ки бештар зарар дидаанд, аз назар гузаронд. Аз ҷумла манзили истиқоматии Аминҷон Ғафуров, ки дар қисмати болоии шаҳрак қарор дорад, аз омадани сел ҳисороти зиёд дидааст. Ба манзилҳои зисти дигар сокинон низ сел зарар расонидааст. Раиси вилоят ҳангоми боздид қайд намуд, ки ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои ин офат ва сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ба онҳо ҳамаҷиҳата кӯмак расонида хоҳад шуд.

ни шароитҳои нисбатан беҳтари будубош дар манзилгоҳҳо мадад расониданд. Бино ба иттилои корманди масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара Шавқат Бобоев пас аз сар задани офати табиӣ ва хароб гардидани шабакаҳои бо обтаъминкунӣ вазъи санитариву эпидемиологии мавзеъҳои офатзада басо нигаронкунанда буданд. Дар ҷараёни ҳашар дар 80 ҳавлиҳои сокинон ҳавзҳо барқарор ва дар онҳо дар ҳаҷми умумии беш аз ҳазор метри мукааб об захира карда шуд.

Н/И

Дар арзҳои дӯстӣ

Ҳамсояҳо наздиктар мешаванд

муносибатҳои дўстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ноҳияи Боткон ва шаҳри Исфараро самти афзалиятноки фаъолият арзёбӣ намуданд. Аз ҷониби сокинони деҳаҳои ҳамсоя барномаи ҷолиби фарҳангӣ намоиш дода шуда, аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш мусобиқаҳо сурат гирифтанд. Дар деҳаи Охтатир бошад, меҳмонон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, дар маросими ифтитоҳи майдони футболи хурд иштирок намуданд. Чунин ҳамоиши идона дар деҳаҳои Самарқандаки ноҳияи Боткон ва Сурхи шаҳри Исфара баргузор гардид.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.