Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 апрели соли 1932
ИСФАРА
***
№ 32 (9113) ***
Чоршанбе, 15. 07. 2015.
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Зохидзода Даврони Абдукодир, раиси шахр:
Иди саиди Фитр муборак!
Ҳамдиёрони азиз! Инак, баъд аз анҷоми моҳи шарифи Рамазон - моҳи тоату ибодат, риёзати ҷисму рӯҳ, таҳорати зоҳиру ботин ва рӯй овардан ба сӯи камолоти инсонӣ мо иди саиди Фитрро бо хуррамиву хурсандӣ, покиву озодагӣ, эътиқоду боварӣ, имондориву тақво ва порсоиву парҳезгорӣ истиқбол менамоем. Бино бар гуфтори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - «Моҳи мубораки Рамазон ва иди саиди Фитр аз ҷумлаи суннатҳои бисёр муқаддаси диниву миллии мардуми мусулмони мо буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат, бахшиши гуноҳ ва талаби аъмоли хайру созандаро дар худ таҷассум кардаанд». Дӯстони азиз! Моҳи Рамазон барои мо як фурсати хеле хубе буд, то пиромуни арзишҳои ҷовидонаи башарӣ, ки мардумонро якҷо ва муттаҳид месозад, онҳоро ба ҳимматбаландӣ, саховатпешагӣ ва ҷавонмардӣ ҳидоят менамояд, биандешем.
С
ароғоз Зоҳидзода Даврони Абдуқодир бо зикри нақшу мақоми бузурги матбуот ва журналистон дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангиву маънавии шаҳр оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии он дар давоми нимсолаи аввали соли 2015 маълумоти мушаххас дод ва дар маҷмӯъ шаш моҳи сипаришудаи соли равонро барои мардуми Исфара марҳилаи тақвиятбахшии дастовардҳо арзёбӣ намуд. Тавре зикр гардид, дар ин муддат бино бар маълумоти оморӣ ба маблағи 130,9 млн. сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол ва хизматрасонии пулакӣ ба анҷом расонида шудааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 124,6 фисадро ташкил медиҳад. Ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшуда бо нархҳои муқоисавӣ мутаносибан 25,9 млн сомонӣ зиёдтар мебошад. Дар ин муддат, дар ҳудуди шаҳр 21 лоиҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ амалӣ гардиданд, ки дар натиҷа 18 млн. 435 ҳазор сомонӣ (2,92 млн. доллари ИМА) маблағҳои хориҷӣ азхуд карда шуданд. Нишондоди мазкур, наздики 21,4%-и ҳаҷми умумии буҷети шаҳрро барои соли 2015 ташкил мекунад. Дар раванди нишасти матбуотӣ директори ҶДММ “Телевизиони Исфара” Саҳбон Қурбонов, роҳбари намо-
Дар раванди ин моҳи муборак хутбаву мавъизаҳои ходимони дин дар масҷидҳо, сӯҳбатҳои уламои ислом бо мардуми рӯзадор дар бисту нӯҳ шаби ифтор зимни тафсири оятҳои карима, шарҳи ҳадисҳои набавӣ, нақли ривоятҳо аз рӯзгори родмардони илму фарҳанг ва бузургони дин бисту нуҳ дарси одобу ахлоқ, худшиносиву Худошиносӣ буданд. Дар ин моҳи муборак, дар баробари тоату ибодат ба ҷо овардани корҳои хайр, хабардор шудан аз ҳоли беморону мӯҳтоҷон ва ғамхорӣ дар ҳаққи ниёзмандон мароми ҳамарӯзаи мардуми солеҳи мо буд Чун дар арафаи иди мубораки Фитр қарор дорем, мехоҳам ёдовар бишавам, ки яке аз маъниҳои калимаи "фитр" ҷомеа мебошад. Аз ин нуқтаи назар иди саиди Фитр таҷассумгари ваҳдати аҳли ҷомеа буда, дар давоми асрҳо ба густариши дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият, раҳму шафқат, ҳамдиливу ҳамраъйӣ ва ҳамбастагии миёни одамон боис гардидааст. Ин ҷавҳари ахлоқӣ мову шуморо пеш
аз ҳама барои анҷом додани корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқ, худшиносиву Худошиносӣ ва кӯмаку дастгирии ҳамдигар ҳидоят месозад. Яъне, мову шуморо зарур аст, ки тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар пайгирӣ аз амалҳои солеҳи аҷдодон имрӯзу ҳамарӯз бо шукрона аз соҳибистиқлолии кишвар ба фарзандону наберагон, ҳамсояву хешу таборон роҳи дурусти зиндагиро фаҳмонем, онҳоро ба ватандӯстиву худшиносӣ ва эҳтироми калонсолон даъват намоем, фарқи байни неку бад, хайру шарр ва ҳаққу ноҳақро ба наврасону ҷавонон бифаҳмонем, ба қадри сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расиданро омӯзонем, аҳли ҷомеаро ба роҳи рост ва зиндагии босаодат раҳнамоӣ бикунем. Дар ин лаҳзаҳо, ки мо дар арафаи ин иди мубораки суннатии мардумамон, яъне иди саиди Фитр қарор дорем, бо изҳори итминон ба ояндаи неки кишвари соҳибистиқлоламон ҳамаи шумо - ҳамдиёрони азизро ба ин муносибат самимона шодбош мегӯям. Бароятон имону эътиқоди комил, ибодати мақбули даргоҳи илоҳӣ, иҷобати дуоҳо, бахту иқболи нек ва рӯзгори осудаву пурсаодат орзу менамоям. Идатон муборак бошад!
Ру ба ру бо ахли калам Нишасти матбуотии раиси шаҳрро, ки бо ширкати кормандони васоити ахбори умуми маҳаллӣ ва вилоятиву ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, аҳли қалам ошкорову муассир арзёбӣ карданд.
Бунёди бинои нав огоз шуд Дар ҳудуди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55-и деҳаи Чилгазӣ бо ташаббуси кумитаи падару модарони хонандагон ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоати деҳа ва саҳмгузории сокинону соҳибкорони саховатманд бунёди бинои нави иловагии таълимӣ оғоз ёфт.
З
оҳидзода Даврони Абдуқодир, раиси шаҳр дар ҷараёни ҷамъомади тантанавии ба ин муносибат доиргардида баромад намуда, бо баробари зикри ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбари давлат, Ҳукумати ҶТ ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр нисбат ба соҳаи маориф тазаккур дод, ки нафарони имрӯзҳо ба рушду нумӯи мактабу маориф ҷаҳддошта ашхосе мебошанд, ки мехоҳанд минбаъд Тоҷикистони азизро орому осуда ва мардуми онро ободу саодатманд бинанд. Раиси ҷамоат Нуриддин Каримов мегӯяд, ки шурӯъ ба сохтмони бинои иловагӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55 иқдоми нек ва саривақтӣ буд. Зеро бо баробари дар маҳаллаҳои нав сокиншавии теъдоди ҳарчӣ бештари оилаҳо дар таълимгоҳ мавҷуд будани ҷойҳои нишасти иловагии талабагиро тақозо дорад. Арзиши лоиҳавии бино беш аз 1 миллион сомониро ташкил медиҳад ва дар назар аст, ки минбаъд дар ин бинои таълимии замонавӣ дар 8 синфхона 240 нафар хонандагон таҳсил хоҳанд кард.
Роххо обод мешаванд Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир якҷоя бо пирони барнодил ва ширкати сокинони ҷамоатҳои деҳоти Навгилем ва Кӯлканд азнавсозӣ ва таъмири куллии 1 километр роҳи самти Исфара-Ботконро оғоз бахшид, ки он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ амалӣ мегардад.
яндагии МД “Телевизиони Сафина” дар шаҳри Исфара Наимҷон Юнусов, сармуҳаррири рӯзномаи “Насими Исфара” Абдумуталлиб Шарифов, сармуҳаррири МҒД “Радиои Исфара” Набиҷон Худойбердиев, сардабири маҷаллаи “Ганҷи Исфара” Нарзуллои Азизиён, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Хазинаи маърифат” Исматҷон
Пӯлодов, мухбири махсуси ҳафтаномаи “Саломат бошед” Субҳиддин Сайфиддинов ва дигар ширкатдорон ба суолу пурсишҳои хеш посухҳои қонеъкунанда гирифтанд. Кормандони васоити ахбори умум оид ба вазъи ҷамъиятиву сиёсӣ, дурнамои соҳаи саноати шаҳр, таҳкими ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузории хориҷӣ,
идомаи иқдомоти ободонии роҳҳо, потенсиали кадрӣ, рафти омодагӣ ба ҷашни адиби маъруф Сайфи Исфарангӣ ва амсоли ин бо шаҳрдори Исфара гуфтугузор ва табодули назар доштанд. "МИТ". Расм аз ТВ Исфара.
Т
авре чанде аз сокинони шаҳр зимни суханрониҳои хеш изхор доштанд, амалигашти силсилаиқдомоти пешгирифтаи роҳбарияти шаҳр ҷиҳати беҳбуд бахшидани ҳолати роҳҳои автомобилгарди шаҳру деҳот, алалхусус таъмиру азнавсозии роҳҳои дохили маҳаллаҳо боиси ризоият ва қаноатмандии мардум гаштааст. Бино бар иттилои сардори муассисаи давлатии нигахдории роххои автомобилии шахр Абдухаллоқ Абдусатторов то санаи 12 июли соли 2015 наздик 5 км роҳҳо азнавсозию таъмири куллӣ, 56 километр таъмири ҷорӣ ва 20 километр шағалпӯш карда шудаанд.