Skip to main content

"Насими Исфара", № 31 от 17 августа 2022 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 31 (9446) *** Чоршанбе, 17. 08. 2022

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Фишурдаи сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд 9 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар масъулон истиқбол гирифтанд.

Бӯстон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Филиали Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро дар вилояти Суғд расман ифтитоҳ бахшиданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо бинои навбунёди филиали Агентӣ, шароити кории фароҳамоварда шинос шуда, таъкид доштанд, ки ин ниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзимгари давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва ҳамоҳангсози амнияти химиявӣ ва биологӣ нақши муҳим дорад. Ҳамчунин Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Коргоҳи дӯзандагии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро ба истифода доданд. Коргоҳи дӯзандагӣ дар заминаи корхонаи фаръии “Зари Суғд”-и Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон” дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳм гузоштан дар татбиқи саноатикунонии босуръати мамлакат ташкил гардидааст. Дар коргоҳи дӯзандагӣ истеҳсоли либоси мактабӣ, либосҳои махсус барои кормандони соҳаҳои гуногун ба роҳ монда шуда, ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи бештар равона шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти дӯзандагиву истеҳсолӣ аз давлатҳои Туркия, Чин ва Ӯзбекистон ворид карда шуда, дар умум маблағи сармоягузорӣ қариб 2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Коргоҳи қолинбофии Корхонаи воҳиди давлатии “Фулузоти нодири Тоҷикистон”-ро мавриди

баҳрабардорӣ қарор доданд. Коргоҳи қолинбофии дастӣ бо истифода аз нахи абрешим дар мамлакат нахустин буда, дар коргоҳ ҳунармандони тоҷик дар якҷоягӣ бо ҳунармандони кишвари дӯсту бародар - Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба бофтан ва омода намудани қолинҳои хуштарҳ машғуланд. Дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дурахшон Бӯстон”-ро ба истифода доданд. Барои бунёди корхона ва таъмини таҷҳизоти технологияи инноватсионӣ 7 миллион сомонӣ маблағ харҷ карда шудааст. Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ аз ширкатҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин харидорӣ ва насб карда шуда, маҳсулот дар таҷҳизоту дастгоҳи муосир бо риояи технологияҳо дар якчанд марҳила амалӣ мегардад. Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ 20 тонна ва дар як сол 240 тонна коркарди ашёи хом мебошад.

Бобоҷон Ғафуров Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ва полиэтилении Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ориён Пак”-ро мавриди истифода қарор доданд. Корхонаи мазкур дар масоҳати 0,54 гектар, бо харҷи 4,6 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Муинҷон Ҳусайнов, Файзуллоҷон Ӯлмасбоев ва Саидакмал Олимов бунёд шуда, аз ду ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якуми бино истеҳсоли ресмону ороиши

халтаҳо ва дар ошёнаи дуюм истеҳсол ва бандубасти халтаҳо ба роҳ монда шудааст. Зимни боздид аз корхонаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мутахассисони ин корхонаи истеҳсолӣ дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳ дода, содироти онро ба роҳ монанд. Тамоми таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас карда шудааст. Шумораи дастгоҳ аз 32 мошини бофандагӣ, 4 мошини дӯзандагӣ ва 5 дастгоҳи ресандагию ороишӣ иборат буда, маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ҷавобгӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ мебошад. Дар корхона дар як шабонарӯз аз 20 то 25 ҳазор дона халта истеҳсол карда мешавад. Нархи халтаҳо ба ҳаҷм ва сифати онҳо вобаста мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз боздид аз ангурзори Хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» ва боғи себ ва бодоми Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Муассисаи давлатии “Боғи миллии Ваҳдат” аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва анвои меваю сабзавот дидан намуданд. Дар намоишгоҳ кишоварзони меҳнатқарини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд, самараи меҳнати худро ба маъраз гузоштанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо маҳсули заҳмати сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ва

мутахассисони соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати истеҳсолу захираи кофии маводи ғизоӣ, хӯроки чорво, афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳо, таъмини бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тозаи босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар дастуру тавсияҳо доданд.

Истаравшан Дар шаҳри Истаравшан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст корхонаи бисёрсоҳавии саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарафи рӯз”-ро ба истифода дода, бо раванди истеҳсоли маҳсулоти ватании ивазкунандаи воридот дар он шинос гардиданд. Корхонаи муосири саноатӣ бо харҷи зиёда аз 6 миллион сомонӣ сохта ва бо дастгоҳу технологияи муосир муҷаҳҳаз карда шудааст. Масоҳати умумии корхонаи муосири саноатӣ 7135 метри мураббаъро ташкил дода, биноҳои истеҳсолии он дар майдони 1850 метри мураббаъ сохта шудаанд. Самти асосии фаъолияти корхонаи нави саноатӣ ба истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии ивазкунандаи воридот равона гардида, бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он 100 нафар сокини маҳаллӣ, аз ҷумла занону духтарони хонашин бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гардиданд. Бо ширкати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нури Истаравшан” мавриди баҳрабардорӣ қарор

дода шуд. Дар коргоҳи нассоҷии корхона 60 дастоҳу таҷҳизоти ҷӯроббофӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид ва наслу насб гардида, дар он 40 нафар занону духтарони хонанишин бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Иқтидори истеҳсолии коргоҳи мазкур 800 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, ба иттилои масъулон, оянда бо васеъсозии фаъолият ин нишондиҳанда боз ҳам боло хоҳад рафт. Ашёи хом, аз ҷумла ресмон барои омода намудани ҷӯроб аз дохили кишвар ва қисман аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас шуда, дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ аз он маҳсулоти ивазкунандаи воридот омода карда мешавад. Ҷӯробҳои истеҳсолии корхона баробари таъмини бозори дохилӣ ба кишварҳои хориҷӣ низ содирот мегарданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин шаҳр ҳамчунин биноҳои нави шуъбаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд. Дар шаҳри Истаравшан Маҷмааи хизматрасонии “Истаравшан Плаза” низ дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар ошёнаи якуми бино мағоза ва маркази хизматрасонӣ, дар ошёнаи дуюм ва сеюм меҳмонхона иборат аз 16 ҳуҷра, аз ошёнаи 4 то 13-ум 36 хонаи истиқоматии 1, 2 ва 3-ҳуҷрадор ҷойгир буда, иншоот дар майдони 0,9 гектар сохта шудааст. (Давомаш дар саҳ. 2).


2

"Насими ИСФАРА"

17 августи соли 2022

№ 31 (9446)

Дар ҳафт моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят 5,5 миллиард сомониро ташкил кардааст.

Фишурдаи сафари кории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд

(Аввалаш дар саҳ.1). Пас аз маросими ифтитоҳи расмӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо 110 нафар ятим, ки 89 нафараш хонандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан ва 21 нафари дигар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр мебошанд, мулоқот карданд. Дар ин рӯз ятимони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан аз меҳрубониву ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардида, ба онҳо сару либоси мактабӣ ва туҳфаҳои пулӣ тақдим карда шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан”-ро мавриди истифода қарор доданд. Коллеҷ аз рӯи 13 ихтисосу равияҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла санъат ва ҳунарҳои бостонии гулдӯзӣ, зардӯзӣ, кашидадӯзӣ, адрасу атласбофӣ ва қолинбофӣ мутахассисони соҳибмаълумот тайёр менамояд.

Конибодом Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии №10 (Кӯдакистони “Зангӯла”)-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои нави Кӯдакистони

“Зангӯла” барои таълиму тарбияи 150 нафар кӯдак пешбинӣ гардида, бо мақсади рушди соҳаи маориф ва амалисозии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар зарфи як сол аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бо харҷи 3,5 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин рӯз ҳамчунин ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом Паранда” оғози расмӣ бахшида шуд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом Паранда” дар деҳоти ба номи Абулқосим Лоҳутии шаҳри Конибодом дар заминаи тадбирҳои вобаста ба амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати мамлакат бо сармоягузории соҳибкорони вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис дода шуда, барои истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда пешбинӣ гардидааст. Фабрикаи парандапарварӣ дар як сол иқтидори истеҳсоли 2 ҳазор тонна гӯшти мурғро дорад. Пасон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии ба номи Роҳбар Қосимови шаҳри Конибодом хати оби полезиро ба истифода дода, бо нашъунамои пахта ва дигар намудҳои зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ шинос шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом бинои иловагии беморхонаи марказӣ ва боғи истироҳатию фароғатии “Истиқлол”-ро ифтитоҳ карданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағгузории Вазорати адлия ва сохторҳои он бунёд карда шуд. Иншоот аз ду ошёна бо таҳхона иборат буда, дар ошёнаи якум равзанаи ягона, китобхона бо гирд овардани китобҳои нависандагони маъруфи тоҷик ва дастурҳои соҳавӣ, утоқи кории кормандону мутахассисони Бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳри Гулистон, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои кории нотариусони давлатӣ ва толори ақди никоҳ ҷой дода шудаанд. Зимни шиносоӣ бо имконияти фароҳамоварда барои фаъолият ва хизматрасонӣ ба шаҳрвандон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои бинокориву сохтмонӣ баҳои хуб дода, таъкид намуданд, ки кормандону мутахассисони мақомоти адлия бояд дар самти татбиқи босамари стратегияву барномаҳои давлатӣ, хизматрасониҳои саривақтиву босифат ба аҳолӣ, баланд Сониян, ба фаъолияти Коргоҳи бардоштани маърифати ҳуқуқии коркарди меваи хушки Ҷамъияти шаҳрвандон ва тарғибу ташвиқи саҳомии кушодаи “Конибодом” одобу маърифати оиладорӣ саҳм гузоранд. оғози расмӣ бахшида шуд. Коргоҳи коркарди меваи хушки мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Бобиев бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ 12 август Асосгузори сулҳу сохта шуда, аз утоқи озмоишгоҳ, буғхона, утоқи муҳандис, ваҳдати миллӣ - Пешвои анборхона ва дигар иншооти миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ёрирасон иборат мебошад. Дар шаҳри Конибодом ҳамчунин Раҳмон бинои асосии табобатии бо иштироки Асосгузори сулҳу Беморхонаи клиникавии шаҳрии ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, №1-и шаҳри Хуҷандро баъди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмиру навсозии куллӣ ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурияти беморхона, Маҷмааи хизматрасонии “Тоҷи Стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, заррин”- мавриди баҳрабардорӣ чойхонаи миллӣ, меҳмонхона қарор дода шуда, дар ин ҷо ба ва коргоҳи истеҳсоли оксигени 100 нафар ятими кулл аз шаҳри тиббиро ифтитоҳ бахшиданд. Ба Сарвари давлат муҳтарам Конибодом ва ноҳияҳои Ҷаббор Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ Расулову Бобоҷон Ғафуров дода шуд, ки бинои асосии туҳфа тақдим гардиданд. табобатии беморхона баъди Ташаббуси башардӯстона дар заминаи ғамхориҳои ҳамешагии 50 соли истифода бори нахуст Пешвои миллат нисбат ба пурра таъмир шуда, бо дастгоҳу муосири тиббӣ ятимону бепарасторон ва дигар таҷҳизоти муҷаҳҳаз ва ба меъёру талаботи табақаҳои эҳтиёҷманди ҷомеа тандурустӣ мутобиқ роҳандозӣ гардид, ки хусусияти соҳаи гардонида шудааст. доимӣ касб карда, нишонаи Бинои асосии Беморхонаи раъиятпарварӣ ва татбиқи клиникавии №1-и шаҳри муваффақонаи сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Хуҷанд аз 4 ошёна иборат буда, масоҳати беш аз 5600 метри Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. мураббаъро дар бар мегирад ва аз 8 шуъбаи беморхона, аз ҷумла шуъбаи қабул, шуъбаҳои наҷот ва беҳискунӣ, ҷарроҳии 12 август Асосгузори сулҳу калонсолон иборат аст. Дар вахдати миллӣ - Пешвои бино 72 ҳуҷраи бистаринамоии миллат, Президенти Ҷумҳурии беморон барои 227 кати беморӣ Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ мавҷуд мебошад. Роҳбари давлат муҳтарам Раҳмон дар шаҳри Гулистон бинои нави Маркази адлияро Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри мавриди баҳрабардорӣ қарор Хуҷанд муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 18 - «Шукуфаи доданд. Иншооти нави Маркази адлия Истиқлол»-ро мавриди истифода дар шаҳри Гулистон бо дастгирии қарор доданд.

Хуҷанд

Гулистон

ҷисмашро чунон захмӣ намудаанд, ки аз шиддати дардаш ба банд омада забонҳо. Мутмаинам, ки агар мардуми Афғонистону духтарони афғон Пайкари хуншору пайванди Зеро имрӯз духтари афғонро ба нафаси роҳат бикашанд, гусаставу зери бори миннати мисли як фоҷиа тафсир ва ғарқ истеъдоди онро доранд, ки бегонагон мондаи мардуми дар сукуташ кардаанд, сӯхтаанд, созандаи сулҳу оромиш бошанду мазлуми Афғонистонро мебинаму шикастаанд. ишқ биёфаранд. Зеро дирӯз шукронаи соҳибватаниву Шикорчиёни сарнавишт тақдири модарони тоҷик низ шабеҳи онҳо соҳибистиқлолӣ ва соҳиби ин хаммаслаки афғонии маро рӯзҳои фоҷиаборро дида буданду қисмати хеш буданро мекунам. қимор задаанд, қалбашро оташу

Марди худодод

имрӯз бо чеҳраи болидаву хандаи беғаш дар ҳоли тақдирсозии худанд. Дар барқарорсозии сулҳу субот дар кишвар ва то ба ин рӯзҳои пурсаодат расидан бидуни ҳеҷ як шакку шубҳа нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умдаву барҷаста аст ва

Муассисаи таълимии томактабии «Шукуфаи Истиқлол» аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, барои таълими 250 нафар кӯдак пешбинӣ шудааст. Дар ин муассисаи таълимии замонавӣ 13 нафар мураббӣ дар 10 гурӯҳ ба таълиму тарбияи дӯстрӯякон машғуланд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Хуҷанд бинои нуҳошёнаи истиқоматиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Қобили зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат бо мақсади дастгирии мутахассисони соҳаҳои гуногун бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд гардидааст. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ калиди манзилҳои нави истиқоматиро тақдим намуданд. Маҳз бо ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат 45 нафар дар ин бинои хуштарҳу зебо соҳиби хонаҳои истиқоматӣ гардиданд ва барои ин ташаббуси инсондӯстона ба Ҳукумати мамлакат миннатдорӣ баён намуданд. Дар бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ 10 манзили якҳуҷрагӣ, 18 адад дуҳуҷрагӣ ва 17 манзили сеҳуҷрагӣ ҷой дода шудаанд. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, корҳои сохтмониро ширкатҳои ватанӣ мутобиқ ба талаботи меъморӣ анҷом додаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ортопедия ва технологияи муосир”-ро мавриди истифода қарор доданд. Бояд таъкид намуд, ки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ортопедия ва технологияи муосир” аввалин маркази махсусгардонидашудаи осебшиносӣ ва раддодӣ дар ҷумҳуриамон буда, бо таҷҳизоти замонавии ташхису табобат муҷаҳҳаз мебошад. Дар марказ дастгоҳҳои артоскопӣ, рентгени рақамӣ, таҷҳизоти электронӣ–оптикӣ, ултрасадо, денситометрия, кардиомонитор, тамизгардонӣ, мизи ҷарроҳӣ, кати функсионалии “Армед” истифода мегардад.

месазад имрӯз барои ин неъмати бебаҳо пеши Роҳбари давлат сари таъзим фуруд орем ва аз сиёсати созандаашон дар амал ҷонибдорӣ намоем. Г. КЕНҶАЕВА, омӯзгори МДТ " Коллеҷи тиббӣ"-и шаҳри Исфара.


3

"Насими ИСФАРА"

17 август соли 2022

№ 31 (9446)

Дар вилояти Суғд бунёди 12 130 иншооту биноҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ пешбинӣ шудааст.

Машварати кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд

12 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи мураккаби ҷаҳон оид ба масъалаҳои таъмин намудани рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодӣ, натиҷагирӣ аз иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, Ҳукумати мамлакат ва раванди ободкориву созандагӣ дар назди роҳбарону фаъолони вилояти Суғд вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Таъкид гардид, ки буҳронҳои иқтисодиву сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархҳои ҷаҳонӣ ба аксари намудҳои молу маҳсулот, бахусус, маҳсулоти озуқаворӣ ва илова бар ин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ дар қатори дигар давлатҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон низ таъсири манфӣ расонида истодаанд. Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти вобаста ба он камобии шадид ва хушксолӣ, норасоии маҳсулоти озуқа қариб дар тамоми кишварҳои олам, кам шудани истеҳсоли ғалладона дар мавсими солҳои 2022-2023, манъ ё маҳдуд кардани содироти маҳсулоти озуқа аз кишварҳои истеҳсолкунанда ва мушкилоти дигар, аллакай, боиси ба миён омадани хатари гуруснагӣ дар даҳҳо кишвари сайёра гардидааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар чунин шароити ҳассос таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал, ташкил кардани захираи маводи ғизоӣ дар ҳар як оила ва пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, исрофи озуқаворӣ ва риояи талаботи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” вазифаи ҷонии роҳбарони вазорату идораҳо, аз ҷумла роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таъмини фаъолияти муназзаму устувори соҳаҳои иқтисоди миллӣ, идома додани нақшаҳои созандагиву бунёдкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои мавҷуда ва ҷалби сарчашмаҳои иловагии рушд дар назди роҳбарону масъулони вилоят вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Барои расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, татбиқи барномаҳои рушди соҳавӣ ва маҳаллӣ зарур шумурда шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҳлили вазъи иҷрои барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таъкид намуданд, ки ҳарчанд суръати рушди иқтисодӣ дар кишвар дар нимсолаи якуми соли 2022 дар сатҳи 7,4 фоиз таъмин гардид, аммо ин нишондиҳанда назар ба

ҳамин давраи соли гузашта 1,3 банди фоизӣ паст мебошад. Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои сифатнок ва саривақтии лоиҳаҳои дар барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилоят барои солҳои 2021-2025 пешбинишуда супориш дода шуд, ки банақшагириро барои оянда воқеъбинона, бо дарназардошти ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ва риояи принсипҳои “иқтисоди сабз” ба роҳ монанд. Ба роҳбарону фаъолони вилоят вобаста ба ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати амалӣ намудани лоиҳаҳо, татбиқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ дастурҳо дода шуд. Таъкид гардид, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳо “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 1-уми июли соли 2022 тасдиқ гардид, дар вилояти Суғд бунёди 12130 иншооту биноҳои иҷтимоиву истеҳсолӣ ва инфрасохторӣ пешбинӣ шудааст. Барои иҷрои нақшаҳои тасдиқшуда роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он аз Сарвари давлат дастур гирифтанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар ҳафт моҳи аввали соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии вилоят 5,5 миллиард сомониро ташкил кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи гузашта 12 фоиз зиёд мебошад. Зикр гардид, ки ҳарчанд майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар сатҳи соли гузашта иҷро шудааст, вале тибқи натиҷаҳои ченаки назоратӣ иҷрои дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятиву деҳқонии вилоят дар майдони 3,2 ҳазор гектар ва пахта 1,8 ҳазор гектар таъмин нагардидааст. Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бо истифода аз ҳама захираву имкониятҳо, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигию президентӣ зиёд намудани кишти такрориро аз ҳисоби шолӣ, маккадон, лӯбиёгиҳо ва картошка таъмин намоянд. Барои вайронкунии қонунгузории замин, ки дар вилоят 3100 ҳолатро ташкил медиҳад, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирӣ кардани қонунвайронкуниҳо оид ба замин тадбирҳои қатъӣ андешида, ҳолатҳои дар ин самт ошкоргардидаро фавран бартараф намоянд. Роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки доир ба ташкили фермаҳои чорводорию парандапарварӣ, инчунин, ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ

дар минтақаҳои мусоид ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳаҳои зикршуда тадбирҳои иловагӣ андешанд. Тибқи маълумот ҳоло дар ҳудуди вилоят 36 сардхона бо иқтидори умумии 8700 тонна мавриди истифода қарор дорад, ки барои пурра таъмин намудани эҳтиёҷоти бозори истеъмолӣ ҳанӯз кофӣ нест. Ҳамчунин, дар вилоят 476 гармхона ба масоҳати 25 гектар фаъолият дорад, ки ин нишондиҳанда низ ҳанӯз кам мебошад. Зарур шумурда шуд, ки таҷрибаи муосири бунёди гармхонаҳо ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар онҳо омӯхта шуда, тарзу усул ва истифодаи технологияҳои пешқадам васеъ ҷорӣ гардад. Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони ватаниву хориҷӣ ҷиҳати зиёд намудани майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ, ташкили корхонаҳои бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ барои мунтазам бо маҳсулот таъмин намудани бозори дохилӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд. Барои дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода муҳтоҷиву танқисӣ накашидани аҳолӣ ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи ғизоӣ роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки бояд омодагии ҳар як оиларо назорат кунанд ва аз натиҷаи корҳо дар ин масъала то 1 октябри соли 2022 ба Президенти мамлакат ахборот пешниҳод намоянд. Дар нимсолаи якуми соли 2022 ба вилоят ҳамагӣ 83 миллион доллар сармояи мустақими хориҷӣ ворид шудааст, ки беш аз 95 фоизи он танҳо ба шаҳри Гулистон рост меояд. Яъне ба дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят сармояи мустақими хориҷӣ умуман ворид нашудааст, ки чунин ҳолат хеле нигаронкунанда мебошад. Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ба ин васила ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим корро тақвият бахшанд. Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ вазифадор шуданд, ки барои таъмин намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна ба қарзҳои имтиёзноку дарозмуҳлат ва афзоиш додани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Дар натиҷаи чораҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва рушди соҳаи саноат дар ҳафт моҳи аввали соли 2022 дар вилояти Суғд 90 корхонаву

коргоҳҳои нав бо 2100 ҷойи нави корӣ таъсис дода шудааст. Дар натиҷа ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 фоиз афзоиш ёфта, ба 12,9 миллиард сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нишондиҳанда беш аз 58 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он ки дар вилояти Суғд қариб 40 фоизи ҳаҷми умумии пиллаи кишвар истеҳсол карда мешавад, солҳои охир коркарди он дар ҳудуди вилоят кам ба назар мерасад. Дар ҳафт моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли пилла дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 фоиз коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳа истеҳсолкунандагонеро, ки ба коркарди пилла, матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии аз онҳо истеҳсолшаванда машғуланд, аз тамоми андозҳо озод намудааст. Аз ин рӯ, ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳру ноҳияҳои он ва ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав супориш дода шуд, ки бо мақсади татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар фаъолияти худро доир ба ташкили корхонаҳои коркарди ашёи хом ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ вусъат бахшанд. Вазорати саноат ва технологияҳои нав ҳамчунин вазифадор гардид, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сармоягузорон барои ҷоннок намудани фаъолияти корхонаҳои амалкунанда ва барқарор кардани фаъолияти корхонаҳои азкормонда тадбирҳои қатъӣ андешида, ҷиҳати рушди содироти маҳсулот чораҷӯӣ намояд. Тибқи ҳисоботи оморӣ ҳаҷми истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаву коргоҳҳои вилоят дар ҳафт моҳи аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи миқдор 1,7 баробар ва аз рӯи арзиш 39 фоиз афзоиш ёфтааст, аммо сатҳи таъминнокӣ бо он ҳамагӣ 26 фоиз мебошад, ки қонеъкунанда нест. Бинобар ин, роҳбарони вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ислоҳи ин камбудӣ чораҳои фаврӣ ва қатъӣ андешанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва соҳибкорону сармоягузорон барои рушди соҳаи коркарди пӯст, бамаротиб афзоиш додани истеҳсоли пойафзол ва дигар маҳсулоти чармӣ супориш доданд, ки фаъолияти корхонаҳои амалкунандаро ҷоннок намуда, ҳамзамон бо ин, корхонаҳои азкормондаро фавран барқарор созад ва доир ба ташкили корхонаҳои нав чораҷӯӣ намояд. Ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор рушди соҳаҳои саноати сабуку хӯрокворӣ, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон ва дорусозиро бо ворид намудани технологияҳои муосир ва истифодаи ҳарчи

бештари захираҳои ашёи хоми вилоят таъмин карда, ба ин васила ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашударо афзоиш диҳанд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ба рушду тараққиёти ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла вилояти Суғд мусоидат карда истодааст ва дар ояндаи наздик шаҳру ноҳияҳои вилоят боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинон хеле беҳтар мегардад. Вале барои расидан ба ҳадафҳои нек истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоии вилоят зарур аст, ки ин раванд пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии роҳбарону фаъолони вилоят ва кулли сокинони он вобаста мебошад. Дар ин раванд, Сарвари давлат ҳамаи роҳбарон, шахсони масъул ва фаъолонро ҳушдор сохтанд, ки бо мақсади таъмин намудани амнияти давлату ҷомеа корро дар самти мубориза бо ҳама гуна таҳдиду хатарҳо ва ҷинояткориҳо, пеш аз ҳама, терроризму экстремизм, радикализми динӣ ва хурофотпарастӣ ба таври қатъӣ пурзӯр карда, ба масъалаи ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин, кумак ба онҳо муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини сохторҳои дахлдор барои омодагии муассисаҳои таълимӣ, инчунин, ба мавсими тирамоҳу зимистон тайёр кардани муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ дастуру супоришҳо доданд. Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар, амалисозии нақшаву ниятҳои созандаи Роҳбарияти давлату Ҳукумат вазири саноат ва технологияҳои нав Шералӣ Кабир, директори ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” Абдумуталиб Абдуллоев, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, раисони шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Панҷакент, Гулистон, Вазири кишоварзӣ Саъдӣ Каримзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳисобот доданд. Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯсту матиниродаи вилояти Суғд, бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта гардонида, ҷашни бузурги 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.


4

"Насими ИСФАРА"

Табибон посбони Табибон роздони

17 августи соли 2022

дардмандонанд. Табибон бо аҷал дасту гиребонанд, Анису ҳам шарики дарди инсонанд.

Ин гуфтаҳоро метавон ба Шероз Ҳомидов нисбат дод. Табиби ҷавоне, ки дар оилаи духтури шинохта ба дунё омадааст. Падараш табиби варзида Болтабой Ҳомидов давоми солиёни зиёд дар осоишгоҳи "Зумрад” вазифаҳои мудири шуъба ва муовини сардухтурро ба уҳда доштанд ва бо меҳнати софдилонаи хеш дар пешрафту тараққиёти осоишгоҳ саҳми назаррас гузоштаанд. Имрӯзҳо Ако Болтабой дар ҳалқаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронанд. Меҳри касби душвору пурифтихори сайқал дод. Ӯ соли 2011 ба осоишгоҳи табибиро дар дили Шероз падараш "Зумрад” ҳамчун духтури уролог ба ҷой додаанд. Ин буд, ки ӯ баъди кор даъват шуд. Соли 2016 бошад, хатми МТМУ № 7-и маркази шаҳр дар кафедраи андрологияи шаҳри ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба Маскав курси махсусро хатм кард. номи Абӯалӣ ибни Сино дохил шуда, Ҳамчунин соли 2021 дар кафедраи ин даргоҳи бонуфузро соли 2003 баъди дипломии ДДТТ ихтисоси бомуваффақият хатм кард. духтури УСО (УЗИ)-ро соҳиб гашт. Шероз Ҳомидов якчанд муддат Дониши баланд ва қобилияти ҳамчун магистранти Донишгоҳи ташкилотчигиву кордониашро ба тиббии Тоҷикистон фаъолият бурд назар гирифта, роҳбарияти осоишгоҳ ва донишу маҳорати касбиашро ӯро ба вазифаи пурмасъулият -

Шаҳри Исфара тӯли солҳои зиёд ҳамчун шаҳри саноатӣ ба шумор меравад. Корхонаҳои зиёди саноатӣ бо истихроҷи маъданҳо, ангиштсанг, нафту газ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, молҳои ниёзи аввал, пайвастҳои кимиёвӣ, металлҳо, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва бандубасти он машғуланд. Аз рӯйи нишондодҳои сифатӣ ва бозоргонӣ рақобатпазир мебошанд. Шаҳри мо дорои канданиҳои зиёди фоиданоки ҳам зеризаминӣ ва ҳам рӯизаминист. Моро кӯҳҳои гуногуни рангоранги сурх, сафед ва сиёҳу қаҳваранг иҳота кардаанд, ки ҳар яке таркиби хоси кимиёвии худро дорад. Шояд солҳои тӯлонӣ дар натиҷаи обшуста шудани талу теппаҳо, маводҳои таркибии микрозаррачаҳои муфид ба таркиби хоки маҳал гузаштаанд, ки сабаби ҳосилхез шудани майдонҳои кишти ноҳия гардидаанд. Омӯзиши пасткӯҳҳо, ҷинсҳои табиии моро иҳотакарда нишон медиҳад, ки онҳо дар таркиби худ дар қатори дигар микроэлементҳои муфид то 7-10% микрозаррачаҳои калий низ дорад. Шаҳрамон бо меваҳои шаҳдрези гуногуннавъ машҳури олам гаштааст. Истеъмоли зардолу хусусиятҳои калони табобатӣ дорад ва калий аз зардолу ва шарбати он ба организми мо ворид гардида, ҳамчун танзимдиҳандаи кори дил аҳамияти калони табобатӣ дорад. Дар таркиби хоку қабатҳои корами майдонҳои моро иҳотакарда ба миқдори кофӣ оҳан низ дучор меояд, ки ба таркиби растаниҳо ва меваҷот дохил мешавад ва мо онро истеъмол менамоем. Табиат пурасрор аст ва имрӯзҳо ҳар яки мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки муъҷизаҳои табиат барои инсон ва беҳдошти саломатии ӯ хизмат намояд. Мо дар оила ва муассиса бояд аз усулҳои одитарини тайёр кардани маҳлулҳои гиёҳдармонӣ, ба монанди зардолу, себ, хуч ва ғайраҳо истифода барем, ки хеле муфид аст. Хурсандиовар аст, ки имрӯзҳо дар шаҳрамон барои истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, маъданҳо, хоку ҷинсҳои кӯҳии маҳаллӣ корҳои зиёде ба сомон расонида мешаванд. Истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва саноатӣ дар ҳоли афзоиш аст. А. АКРАМОВ, омӯзгори калони Коллеҷи тиббии шаҳри Исфара.

Дар олами муосир хатари терроризм ва гурӯҳҳои ифротӣ - яке аз масъалаҳои мубрами рӯз буда, омилҳо, хусусиятҳо, харобаҳои он аз ҷониби илмҳои гуногуни ҷомеашиносӣ мавриди омӯзиш ва тадқиқи илмӣ қарор гирифтааст. Ин раванди номатлуб ҷомеаи башариро нигарон намудааасту баҳри пешгирии амалҳои террористӣ роҳу усулҳои самарабахши муборизаро рӯи кор меоранд. Ба ин маънӣ, омӯзиши ҳамаҷонибаи ин масъала талаби замон мебошад. Дар ин радиф ҷараёни экстремизми сиёсӣ аз терроризм пешсаф аст. Экстремизми сиёсӣ аслан аз фаъолияти канорае таркиб ёфтааст, ки одатан тавассути зӯроварӣ барои воқеӣ гардонидани ҳадафҳои сиёсӣ истифода мешаванд. Илова бар ин экстремизми сиёсӣ бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ аён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба зуҳуроти мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст. Аз ин хотир зарурати дарки амиқ ва фаҳми васею ҳамаҷонибаи он пеш меояд. Экстремизм аз вожаи фаронсавии “extremism” ва лотинии “extremus” гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравоӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро

Бо пайроҳаи падар мудири шуъбаи табобатӣ таъин кард. Ҳангоме хостем бо Шероз Ҳомидов ҳамсуҳбат шавем, назди ҳуҷраи кориаш нафарони зиёд дар навбат меистоданд. Танҳо вақти хӯроки нисфирӯзӣ чанд лаҳза бо Шероз тавонистем ҳамсуҳбат шавем, ки фишурдаи онро ин ҷо меорем. - Табобат дар осоишгоҳ дар ҷои аввал меистад ва албатта, мо, наздик ба 40 нафар кормандони шуъбаи табобатӣ вазифадорем, ки ҳамарӯза ба 400 то 450 нафар истироҳаткунандагон хизмати шоиста намоем , - иброз дошт ҳамсуҳбатам. Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши табибон ва кормандони ҳифзи саломатиро назаррас арзёбӣ намуда, дар яке аз суханрониҳояшон қайд кардаанд: "Табибон на танҳо бо донишу малакаи андӯхтаи хеш

дорад. Экстремист - шахсест, ки фаъолияташ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд. Ба ин маънӣ дар тӯли чанд даҳсолаи охир диққати олимони диншинос ва сиёсатшинос ба ислом ва нақши он дар равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар кишварҳое, ки аксарияти аҳолии онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд, равона карда шудааст. Сабаби асосии чунин таваҷҷуҳ афзоиш ва шиддат ёфтани таъсири ислом ба сиёсати ҷаҳонӣ мебошад. Дар охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқои Шимолӣ раванди сиёсишавии ислом ва исломишавии сиёсат оғоз ёфт. Сабаби асосии таҳкими чунин мақом дар сиёсати ин кишварҳо дар он мебошад, ки ислом метавонад ва қодир аст, ҳамчун як низоми том ва мукаммали динӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти фардиро ба танзим дароварад ва идора намояд. Ақоиди мазкур хусусан дар байни аъзои ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои

Ҳалокати велосипедрон Санаи 12 августи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 20.30 дақиқа ронандаи автомошинаи тамғаи “Опел-Астра”, рақами қайди давлатиаш 64 57 ВR 02TJ Абдукаримов Ҳасанҷон Эшматҷонович (соли таваллудаш 1983, миллаташ ӯзбек, маълумоташ миёна, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, бекор, пештар суд нашудааст, сокини Ҷамоати деҳоти Хонобод, кӯчаи Р.Тургунов, ҳавлии № 36) ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Кӯчкак-Гулистон, ҳудуди деҳаи Офтобрӯйи Ҷамоати деҳоти Навгилем бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон Алиназаров Қаҳрамон Ҷабборович (соли таваллудаш 01.06.1988, сокини Ҷамоати деҳоти Навгилем, кӯчаи Офтобрӯй, ҳавлии № 383, миллаташ ӯзбек, маълумоташ миёна, суд нашудааст, оиладор, соҳиби 3 фарзанд)-ро, ки дар роҳи мазкур ҳаракат мекард, аз пушташ пахш мекунад. Дар натиҷа Алиназаров Қ. ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба беморхонаи шаҳри Исфара интиқол меёбад ва дар ин ҷо аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат мерасад. Оид ба ҳодисаи мазкур маводи аввалиндараҷа тартиб дода шудааст. Ш. БОБОҶОНЗОДА, нозири калони тарғибу ташвиқи ХРД ШБДА ШВКД-1 дар шаҳри Исфара.

Муассис: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст.

беморонро шифо мебахшанд, ҳамчунин онҳо бо суханҳои меҳрбор ва рафтори ҳамида ба беморон қуввату дармон медиҳанд". Шероз Ҳомидов ва кулли кормандони шуъбаи табобатии осоишгоҳи "Зумрад” ин гуфтаҳои Сарвари давлатро шиори ҳамарӯзаи хеш қарор додаанд. Ҳамеша ба мардум хизмати хуб мерасонанд ва мизоҷон низ аз хизмати хуби онҳо қаноатманд ҳастанд. Ин ҷо метавон номҳои кормандони беҳтарини шуъба: табиб Сиёвуш Саидов, табиби гиёҳшинос Маҳмудҷон Маҳмудҷонов, ҳамшираи калони тиб Истадхон Собирова ва хоҳари хоҷагидор Шоиста Сиддиқоваро боэҳтиром ба забон овард. Ҳангоми суҳбат сардори шуъбаи кадрҳои осоишгоҳ Мунирахон Сангинова иброз медорад, ки Шероз Ҳомидов дар баробари иҷрои

босифати кору вазифаҳои ҳаррӯзааш, ҳамчунин дар корҳои ҷамъиятӣ низ фаъол аст. "Месазад, ки дар бораи ин гуна кормандон нависед", - таъкид мекунад Мунирахон. Истироҳаткунандагони осоишгоҳ Раҷабалӣ Раҳимов ва Соро Раҳимова низ қаноатмандии хешро аз хизмати хубу муомилаи кормандони шуъбаи табобатӣ бо сарварии Шероз Ҳомидов зикр намуданд. Шероз Ҳомидов соҳиби чор фарзанд ва ҳамсари меҳрубон аст. Боварӣ ва умед дорем, ки дар оянда низ Шероз Ҳомидов ва дигар мутахассисони варзида обрӯ ва нуфузи осоишгоҳи "Зумрад”-ро, ки имрӯзҳо ободу зебо мегардад, боз ҳам баланд мебардоранд. Шероз Ҳомидов ва кулли кормандони соҳаи саломатии диёрро ба фарорасии Иди касбиашон самимона муборакбод гуфта, дар роҳи хизмат ба мардуми диёр комёбиҳо таманно дорем: Дастони шифобахши Шумо дард набинад, Домони сафобахши Шумо гард набинад. М. ҶӮРАЕВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

Ифротгароӣ - монеаи рушди ҷомеа

БДА хабар медиҳад

"Насими Исфара"

Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97

Табибон посбони бахти инсонанд, Табибон роздони дардмандонанд.

18 август - Рӯзи кормандони соҳаи тиб

бахти инсонанд,

Ҳадаф рушди саноат

№ 31 (9446)

Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Бобо Маҳкамов 63. Телефон: (8 34 62) 2-49-73. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.

сиёсӣ, ки барои бо ормонҳо ва меъёрҳои исломӣ мутобиқ сохтани сиёсати давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа мубориза мебаранд, хеле роиҷ буда, ҳаматарафа таблиғу ташвиқ карда мешаванд. Омӯзиш ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи масъалаи мазкур, яъне падидаи сиёсишавии ислом, таъриху идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои диниву сиёсии исломӣ барои муҳаққиқони ҷомеашиноси тоҷик аз он сабаб зарур мебошад, ки тавассути он мо бо ин падидаи диниву сиёсӣ аз наздик шинос шуда, характери аҳдофи диниву сиёсии онҳоро дуруст баҳо дода метавонем. Ҳамчунин, аз тариқи бонизоми ин масъала чигунагии таносуби байни ҳадаф ва идеологияи созмонҳо ва ҳаракатҳои нави диниву сиёсӣ аз як тараф ва арзишҳои динӣ, миллӣ ва сиёсии Тоҷикистон, аз тарафи дигар муайян карда мешавад. Аз ин сабаб мо бояд дар раванди омӯзиш таърих ва идеологияи ин созмонҳо ва ҳаракатҳоро дуруст муайян намоем ва кадоме аз ин ҳаракатҳо ба набзи ҳаёти диниву сиёсии ҷомеаи кишварамон мувофиқ ва кадомашон мухолифу хатарнок аст, аз бар кунем.

Чанде пеш бо маслиҳати дӯстонам бо нияти барқарор кардани саломатиам ба осоишгоҳи "Зумрад” рафта, дар давоми даҳ рӯз истироҳат кардам. Ин даргоҳ дар ҳақиқат махзани шифо буда, сабабгори дармонёбии ҳазорон дардмандони ватанӣ ва бурунмарзӣ гардидааст. Бинобар ин дармонгоҳ байни халқҳои мамолики собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур мебошад. Махсусан давоиҳо аз қабили муми кӯҳӣ ва оби бахши гидросулфат қобили қайд аст. Таъсири давоиро дар шифоёбиву беҳгардии дарди дардмандон муомилаи хубу меҳрубонона ва лафзи ширини кормандони ин дармонгоҳ пурра менамояд. Дар арафаи иди касбии коркунони тиб мехостам миннатдории самимии хешро ба коргарони шуъбаи давоӣ бо муми кӯҳӣ изҳор

Арзи сипос

Сарбаланд бошед! намоям. Дар ин шуъба таҳти роҳбарии мудири кордону пуртаҷриба Баҳодурҷон Сафаров кормандони масъулиятноку поквиҷдон меҳнат мекунанд. Қобили қайд аст, ки ҳамшираи шафқат Ҷавоҳира Каримова, муммонҳо — Ёсинҷон Атоҷонов, Умарбой Аъзамов ва мумпаз Абдусамӣ Холиқов бо муомилаи ширину каломи дармонбахши хеш сазовори таҳсину миннатдории мизоҷон гардидаанд.

Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 16. 08. 2022. Адади нашр 4300. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.

Ф. ЭШОНИЁН.

Мисоли равшани чунин созмону ҳаракатҳои барои фазои анъанавии динии Тоҷикистон бегона ва хатарнок Ҳизби таҳрир ва Салафия мебошанд, ки дар даҳсолаи нахустини замони истиқлолият бо ин ё он роҳ ба кишвари мо ворид шуда, набзи ҳаёти диниву сиёсии кишварамонро халалдор мекарданд. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон алалхусус ҷавонон, ки ҳамчун неруи асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, аз он иборат аст, ки аз таълимоти гурӯҳҳои манфиатҷӯе, ки дини мубини исломро бо терроризм айният медиҳанд ва тундгароиро омили ҳифзи ислом муаррифӣ мекунанд, худдорӣ намоянд. Зеро дар натиҷаи гароиш ба ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои радикаливу террористӣ ҳам ҷони худро аз даст медиҳанд ва ҳам сабаби аз байн бурдани ҷони одамони бегуноҳ мешаванд. М. АХМЕДОВ, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара.

АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи БП №711728, ки МТМУ №28 солҳои таҳсили 19781979 ба Абдуллоева Авҷинисо Сангиновна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи А №069222, ки МТМУ №12 солҳои таҳсили 1986-1987 ба Ғафурова Фотима Абдуқудӯсовна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи А №060154, ки МТМУ №33 солҳои таҳсили 19911992 ба Яхьёева Мухлисхон Бафобоевна додааст. *** Дипломи К №053313, ки Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом бо ихтисоси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ 30 июни соли 1967 таҳти рақами қайди 131 ба Мамадалиев Халим додааст.

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
"Насими Исфара", № 31 от 17 августа 2022 года by Абдумуталиб Шарипов - Issuu