"Насими Исфара", № 31, от 1 сентября 2021 года.

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 31 (9400) *** Чоршанбе, 1. 09. 2021

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Мукофоти баланд муборак!

Авф ба шарафи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстӣ ва ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд.

Бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур барои фаъолияти пурсамар, амалҳои созандаву бунёдкорона ва саҳми назаррас дар рушди кишвар бо медали ҷашнии "30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардонида шуд. Мукофоти баланд муборак бошад, муҳтарам раиси шаҳр!

Б

о мақсади қабули Қонуни мазкур бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 6 сентябри соли 2021 даъват карда шуд. Қонуни авф нисбат ба доираи васеи маҳкумшудагон ва шахсоне, ки парвандаи онҳо таҳти таҳқиқ, тафтишоти пешакӣ ва дар баррасии судӣ қарор доранд, татбиқ мегардад. Лоиҳаи Қонун шахсони зеринро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо пурра озод мекунад: шахсоне, ки: аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд; нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст; ҷазо нисбати онҳо шартан татбиқ карда нашудааст; ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд; шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шудаанд; ба ҷазои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шудаанд; барои ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта маҳкум шудаанд ва зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ кардаанд. Дар лоиҳаи қонун нисбат ба занҳо, ноболиғон, шахсони синнашон аз 55 боло, маъюбон, беморони дараҷаи вазнин, шахсони дорои мукофотҳои давлатӣ, иштирокчиёни ҷанг ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва шаҳрвандони хориҷӣ бартарӣ дода шудааст. Онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод карда мешаванд, агар ҷинояти содиркардаашон ба ҷиноятҳое, ки нисбат ба онҳо дар Қонун “Дар бораи авф” маҳдудиятҳо пешбинӣ шудааст, мансуб набошад. Тибқи маълумоти пешакӣ қонун нисбати 16 000 нафар татбиқ мегардад ва аз ин миқдор 10 700 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои боқимондаи ҷазо озод мегарданд. Аз ҷумла, 800 нафар гумонбаршавандагон ва айбдоршавандагон, 350 нафар судшавандагон, қариб 3000 нафар маҳкумшудагон аз муассисаҳои ислоҳӣ, 1900 нафар маҳкумшудагон аз колонияҳои ислоҳии сукунат ва 4650 нафар маҳкумшудагон аз нозироти корҳои ислоҳӣ озод карда мешаванд. Муҳлати ҷазои 5300 нафар маҳкумшудагон кам карда мешавад. Авф нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои махсусан вазнинро бо ҳолатҳои вазнинкунанда содир намудаанд, инчунин онҳое, ки қаблан дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз 25 октябри соли 2019 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ё адои боқимондаи ҷазо озод шуда буданд ва боз ҷинояти қасдона содир кардаанд, татбиқ намегардад. Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти татбиқкунандаи он бояд дар муҳлати ду моҳ иҷро карда шавад. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор гардидаанд, ки баъди ду моҳи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд. Қонун баъд аз қабули он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва имзои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар матбуот нашр мегардад. www.khovar.tj

Таҷлили иди ангиштканон Дар шаҳраки Шӯроб ба ифтихори Рӯзи касбии ангиштканон, ки ҳамасола якшанбеи охири моҳи август таҷлил карда мешавад, чорабинии бошукӯҳе баргузор гардид.

касбиашон сидқан шодбош гуфтанд. Бояд тазаккур дод, ки ангиштканони коргоҳи мазкур бо дарки масъулияти баланд мекӯшанд фаъолияти худро дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, истихроҷи зеризаминии ангишт ва нақшаҳои бар зимма ар ҷараёни ҷамъомади тантанавӣ гирифтаашонро сари вақт иҷро муовини аввали раиси вилояти намоянд. Суғд Хол Ҳайдар, муовини раиси Аз ин ҷост, ки ҷомеаи меҳнатии ҶСШК шаҳри Исфара Ҷаъфар Ҳайдарзода, "Ангишт"-и шаҳри Исфара имрўзҳо директори генералии Корхонаи воҳиди бо дарки масъулияти баланди касбӣ давлатии «Ангишти Тоҷик» Сайфиддин ва саъйи саҳмгузорӣ дар тараққиёти Аслиддинзода ва сарвари кулли ҶСК мамлакат ва баландбардории «Ангишт» Насимҷон Каримов вобаста некуаҳволии мардум суботкорона ба рушди соҳаи энергетика ва нақши меҳнат мекунад. ҶСШК «Ангишт» дар таъмини аҳолӣ ва Ҷоизи зикр аст, ки маъмурияти хоҷагии халқ бо яке аз сӯзишвориҳои корхона рабту низоми дурусту муҳим ибрози андеша намуда, самарабахши фаъолияти корхонаро ангиштканони конҳои Шӯробро бо рӯзи роҳандозӣ намуда, бо истифода аз

Д

Қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба оилаҳои шаҳидон Аз ҷониби раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба 10 оилаҳои шаҳидони муноқишаҳои наздисарҳадии таърихи 28-29 апрел рухдода аз шаҳри Исфара қитъаҳои наздиҳавлигӣ дода шуд.

И

қдоми мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, ба дастгирии оилаҳои шаҳидони муноқишаҳо равона карда шудааст. Қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба 8 оила аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, 1 оила аз Ҷамоати деҳоти Ворух ва 1 оила аз Ҷамоати деҳоти Сурх дода шуд. Ҳамчунин дар ин радиф варзишгари номӣ Муҳаммадхӯҷа Ёқубов ва 2 оилаи камбизоат низ бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз шаҳри Исфара таъмин карда шуданд. Бояд тазаккур дод, ки вазъи оилаҳои дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ талафоти ҷонӣ

додаву зарардида, раванди таҳсили фарзандони онҳо мудом таҳти назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, хосса раиси шаҳр Баҳодурзода Баҳоваддин қарор дорад. - Мо аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Исфара муҳтарам Баҳоваддин Баҳодурзода миннатдор ҳастем, - мегӯяд намояндаи яке аз оилаҳои дар муноқишаҳои наздисарҳадӣ ҷабрдида Ниёзов Раҳматҷон, -. Зеро дар лаҳзаҳои вазнин дар паҳлуи мо буданд, дасти кумаку мадад дароз намуданд. Бо иқдоми бевоситаи шаҳрдор аз шаҳри Исфара замини наздиҳавлигӣ доданд. Ҳамаи ин бори дигар моро бовар мекунонад, ки Ҳукумати кишвар мудом дар ғами мардум аст. Ин ҳолатро ман дар зиндагӣ ва сарнавишти худ дидам. Воқеан ҳам дасти мадад дароз намудан ба аъзои оилаҳои шаҳидгаштагони муноқишаҳои наздисарҳадӣ, расонидани кумаки

воситаю имконоти мавҷуда барои мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии корхона, воридсозии таҷҳизоти ҳозиразамони технологӣ Дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ва дар ин замина таъмини пешрафти фаъолият ва пайваста зиёд намудани бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти ҳаҷми истихроҷи ангишт саъю кӯшиш давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби менамояд. Халқии Демократии Тоҷикистон дар Хосса бояд қайд намуд, ки ҶСК «Ангишт» чиҳати таъминоти ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон муассисаҳои буҷетӣ ва аҳолии шаҳру ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии ноҳияҳои вилояти Суғд бо сӯзишвории Тоҷикистон ва Федератсияи футболи арзону дастрас – ангишти хубсифат, Тоҷикистон дар кишвар мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд саҳми чашмрас гузошта истодааст. Табиист, ки ҳамзамон бо зиёд шудани барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” байни ҳаҷми истихроҷи ангишт ва талаботи дастаҳои футболи ғайрикасбии шаҳру рӯзафзун ба он аз ҷониби роҳбарияти ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро корхона дар самти қадршиносии ташкил ва баргузор намуда истодааст. Дар ин росто Кумитаи иҷроияи ранҷу заҳмати кормандон ва таъмини ҳавасмандии онҳо низ чораҳои ҲХДТ дар шаҳри Исфара бо мақсади таъмини фароғати мадании сокинон, мушаххас андешида мешавад. Дар рафти ҷамъомади тантанавӣ муайян намудани беҳтарин дастаҳои пешқадамони истеҳсолот ва футболи ғайрикасбии шаҳри Исфара собиқадорони соҳа бо Ифтихорнома инчунин таъмини бевоситаи иҷрои ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз “Барномаи рушди футбол дар шаҳри Исфара барои солҳои 2017 – 2021” гардонида шуданд. марҳилаи 2-юми мусобиқаро миёни

молию пулӣ ба онҳо, дар муддати кӯтоҳ бунёди хонаҳои нави замонавӣ ба оилаҳои зарардида дар деҳаҳои Сомониён ва Хоҷаи Аъло, бо саҳмгузории соҳибкорону нафарони ватандӯсту меҳанпараст тадбирандешӣ дар ҳалли мушкилоти аҳолии наздимарзӣ аз ҷумлаи он амалҳоест, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр шиори доимии худ қарор додааст. -Додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ин охири кор нест, мегӯянд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. - Дар назар аст, ки минбаъд низ бо ҷалби захираҳои дохилӣ, қувваи соҳибкорону ватанпарастон ба оилаҳои ҷабрдидаи муноқишаҳои наздисарҳадӣ кумаку мадад расонида шавад. Зимни суҳбат бо аҳли оилаи фавтидагон раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода таъкид намуд, ки қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷоннисориҳои фарзонагони давр, ки барои ҳифзи хоки сарзамин синаи худро сипар сохтанд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегардад.

Ҷамъбасти мусобиқаи футбол

10 дастаҳои ғайрикасбии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти Исфара аз санаи 12 то 28 августи соли ҷорӣ баргузор намуд. Даври 2-юми мусобиқаи футболи хурд санаи 28-уми август ҷамъбаст гардида, дастаи “1988”-и маркази шаҳр мақоми аввал, дастаи “Навгилем”-и Ҷамоати деҳоти Навгилем ҷои дуюм ва дастаи “Боғдорӣ”-и Ҷамоати деҳоти Кӯлканд зинаи сеюмро ишғол намуданд. Дар ҷамъбасти чорабинӣ ғолибон бо диплом, Сипоснома, медал ва туҳфаҳои хотиравии КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара қадрдонӣ гардиданд. Инчунин дастаи ғолиб соҳиби Ҷоми ҲХДТ ва роҳхат барои иштирок дар марҳилаи сеюми мусобиқаи мазкур (сатҳи вилоятӣ) гардид.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.