Сайфи Исфарангӣ - 830 сол Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
www.nasimisfara.com
ИСФАРА
Оғози нашр 24/04/1932 ***
№ 31 (9166) ***
Чоршанбе,
24 августи соли 2016
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Н/И
Ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Н/И
Аз маҷлиси фаъолони шаҳр
Вазифаҳо муайянанд Маҷлиси фаъолон таҳти раёсати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ масъалаҳои рафти барқароркунии оқибатҳои офати табии санаи 16 август рухдода, раванди ҷамъоварии маблағи андоз ва омодагӣ ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти Исфараро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ифтитоҳи Маркази адлия Дар арафаи ҷашни бузург – 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исфара бинои муҳташами Маркази адлия барои кормандони сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариус, иҷрочиёни суди шаҳр ифтитоҳ ёфт. Дар он инчунин Маркази ҷавонон ҷойгир мебошад. Маросими ботантанаи ифтитоҳёбии ин иншооти муҳиму арзишманди ҷашнӣ бо иштироки Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам, раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сарварони ҷомеаҳои меҳнатӣ ва меҳмонони сершумор сурат гирифт. Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо баробари хайрамақдам гуфтани меҳмонони арҷманд ба Исфараи бостонӣ, қайд кард, ки бунёд ва мавриди истифода қарор ёфтани иншооти мазкур аз вусъати тоза гирифтани сиёсати созандаи давлату Ҳукумат гувоҳӣ медиҳад. Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам таъкид
дошт, ки бунёди Маркази адлия дар асоси «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» бо супоришу дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадааст. Яке аз ҷавонони фаъоли шаҳр Искандар Абдуқаҳҳоров шодиву нишот ва арзи сипоси ҷавонони Исфараро баён дошта, гуфт, ки бунёди маркази ҷавонон орзуи деринаи ҷавонони исфарамарз буд ва дар чунин рӯзҳои нек , бо шарофати соҳибистиқлолии мамлакат ва сиёсату иқдомоти созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти давлату Ҳукумат амалӣ мегардад. Бояд тазаккур дод, ки сохтмони
5 озмун ба 25-солагӣ
Дар маҷмааи «Ҷаҳони нав» озмунҳои шаҳрии «Нони гарми меҳнатиро дида мемолам ба чашм», «Қанноди беҳтарин», «Зардӯзи беҳтарин», «Заргари беҳтарин» ва «Сад ранги чакан» баргузор гарданд.
Дар саҳни маҷмаа зиёда аз 45 нафар қаннодону нонпазҳо, дӯзандаву бофандаҳо ва дигар ҳу-
нармандони мардумӣ маҳсули дастони хешро пешкаш карданд. Ҳайати ҳакамон таҳти сарварии
иншоот аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тавассути Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 5 миллиону 191 ҳазор сомонӣ сурат гирифта, муҷаҳҳазгардониии он 656 ҳазору 978 сомониро ташкил медиҳад. Иншоот аз ҷониби бинокорони ҳунарманди ҶДММ «Ремстройсервис»-и шаҳри Душанбе давоми ду сол мутобиқ ба талаботи меъморию сохтмони муосир бунёд гардидааст. Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бино идораҳои маъмурии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, нотариус ва судиҷрочиёни шаҳр ҷойгир шудаанд, ки бо тамоми шароитҳои зарурии корӣ таъмин мебошанд. Дар ошёнаи сеюми бино Маркази ҷавонони шаҳр бо масоҳати умумии 504 метри мураббаъ ҷойгир буда, аз 4 утоқи корӣ, 2 синфхонаи калони таълимӣ, ҳуҷраи омӯзишӣ, маркази компютерӣ ва маҷлисгоҳи барҳавои дорои 180 ҷои нишаст иборат аст.
муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева аз намоиш дидан карда, фикру мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба рушд додани ҳунарҳои қадимаву мусоир баён доштанд. Бо қарори ҳайати ҳакамон дар бахши қаннодӣ Илҳом Қодиров аз ҷамъияти матлуботи шаҳр, нонпазӣ - коргоҳи «Нони Исфара», зардузӣ - Гулнора Ортиқова, заргарӣ - Абдурасул Шералиев ва чакан тарбиятгарони кӯдакистони рақами 21 ғолиб омаданд.
Аз рӯйи масъалаи якум муовини сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Исфара У. Файзуллоев оиди оқибатҳои офати табиӣ, раванди барқарорсозӣ ва кӯмак ба зарардидагон маълумоти муфассал дод. Аз ҷумла қайд кард, ки барои муайян намудани ҳисороти расонидаи сел 9 гуруҳ таъсис дода шудаву аъзоёни он бевосита бо мардум мулоқот, аз беш аз 520 хона дидан ва ҳаҷми зарари расонидашударо аниқ карданд. Бино ба гуфти ӯ дар натиҷаи ин офати табиӣ 6 адад хонаҳои сокинон ба пуррагӣ ва 10 адад қисман хароб гаштааст. Аз рӯйи ҳисоби пешакӣ зарари расонидаи офат 14 миллиону 239 ҳазор сомониро дарбар мегирад. Ҳоло корҳои барқароркунӣ идома ёфта, хурду бузурги Исфара ба зарардидагон кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонида истодаанд. Роҳҳои вайроншуда аз нав барқарор карда мешаванд. Дар ҳошияи баромади У.Файзуллоев раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо Н/И
зикри дастгирии соҳибкорон ва шахсони алоҳидаву як қатор ташкилоту муассиса ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бори дигар аз фаъолон даъват ба амал овард, ки дар ин рӯзҳои вазнин ба зарардидагон дасти мадад дароз намоянд. Барои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи имкониятҳоро равона созанд. Вобаста ба масоили марбут ба ҷамъоварии маблағи андозҳо бошад, муовини раиси шаҳр М.Олимов гузориш дод. Қайд кард, ки ба санаи 20 август ҳаҷми иҷрои нақшаи андоз 30 фоизро дар бар мегирад. Дар пардохти саривақтии андозҳо корхонаи кимиёвӣ ва комбинати масолеҳи бинокорӣ барин корхонаҳо пешсаф ҳастанд. –Дар моҳи август бояд 8,8 миллион сомонӣ маблағи андоз ҷамъоварӣ гардад, ки аз ин 2,9 миллион сомониаш ба андозсупорандагони калон рост меояд, - қайд кард дар баромади худ М.Олимов. Оиди пардохти саривақтӣ ва ҳатмии андозҳо раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз масъулин ва роҳбарони сохторҳои алоҳида пурсиш ба амал овард, иҷрои ҳатмии нақшаи андозро таъкид дошт. Баъди маълумоти муовини раиси шаҳр Т.Файзуллоева оид ба омодагии шаҳру деҳоти Исфара ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бори дигар аз муҳимияти ҷашн, роҳандозии корҳои мафкуравию иттилоотӣ ва рӯҳияи идона гирифтани шаҳру деҳот ва муассисаву ташкилотҳо изҳори назар кард. Қайд намуд, ки таҷлили сазовори 25-умин солгарди Иститиқлолияти давлатӣ нишон аз ҳисси баланди ватандорӣ ва ифтихор аз миллату давлати худ мебошад.
Равзанаи нишастҳо
Мулоқот бо Абдуллозода
Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо ҷавонони касбу кори гуногун мулоқот кард.
Инчунин дар мулоқоти мазкур муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева, сардори раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Зариф Мирдадо иштирок намуданд. Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву худогоҳӣ ва хештаншиносии ҷавонон, нақши ҷавонон дар ҳаёти сиёсии кишвар ва та-
ваҷӯҳи давлат нисбати онҳо сухан намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки барои пешрафту шукуфоии ватани озод саҳми арзандаи худро гузоранд. Дар рафти мулоқот донишҷӯи соли чоруми бахши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара Мижгона Аъзамова, гирандаи стипендияи раиси шаҳр Марворид Тешаева, варзишгар Муртазохӯҷа Ҳусейнхӯҷаев, омӯзгор Умарҷон Қодиров ва донишҷӯи соли якуми ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Фарангис Бобоева ба сухан баромада, барои дастгирии ҳамешагии ҷавонон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд. Ба якчанд нафар ҷавонон, ки дар чорабиниҳои гуногуни ҷамъиятӣ иштироки фаъолона доранд, Сипосномаи раиси Кумита ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.