Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 30 (9445) *** Чоршанбе, 10. 08. 2022
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Сардори нави Раёсати маорифи шаҳр
Мулоқот бо раиси Маҷлиси намояндагон Дар Кохи фарҳанги шаҳр мулоқоти раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо фаъолону сокинони шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва ноҳияи Ашт баргузор гардид.
Д
ар мулоқот муовини раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, муовинон ва роҳбарони дастгоҳи раисони шаҳру ноҳияҳои болозикр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохторӣ, зиёиён ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доштанд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимнан аз солҳои вазнину нахустини соҳибистиқлолии Тоҷикистон, заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳ ва вайронаҳои даргириҳои мусаллаҳона, баргардонидани гурезаҳо ба Ватан ва нон ба рӯйи дастархони мардум, раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикиву амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ ёдовар гардида, ҳамагонро ба шукронаи зиндагии осудаи имрӯзаву ширкати фаъолона дар умури бунёдкориву созандагӣ даъват намуд. Дар фарҷоми мулоқот муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода ҷиҳати самаранок ва оқилона истифодабарии замин, бо сифати аъло анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои сохташавандаи ҷашнӣ ва зарурати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои муҳимми сиёсии дарпешистода ибрози ақида намуд. Нуктаҳои муҳим аз баромади Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муҳаммадтоҳир Зокирзода: дастархони пурбор ва ободии рӯзгори мо самараи Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва тадбирҳои хирадмандона ва халқпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст; - Роҳбари давлат ҳар ҷое, ки рафтанд, ҳар ҷаҳду талоше, ки карданд, барои беҳбудии рӯзгори мардум буд; - имрӯз ҷавонон дар фазои осоишта зиндагӣ намуда, фикр мекунанд, ки рӯзгор ҳамеша чунин файз дошт. Вале ин файз, ободиву субот осон ба даст наомадааст. Танҳо барои имзо шудани Истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон талошу
Д
ар толори маҷлисгоҳи Мактаби байналмилалии «Академияи Контакт Интернейшнл» бо ширкати раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода, вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд М. Набизода, директорони муассисаҳои таълимӣ ва
сарварони кӯдакистонҳо муаррифии сардори нави Раёсати маорифи шаҳр доир гардид. Мутобиқ ба пешниҳоди раиси шаҳр ва розигии вазири маориф Маруфзода Мансурхоҷа сардори Раёсати маорифи Исфара таъин шуд. Мансурхоҷа Маруфзода дастпарвари Филиали хуҷандии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ба номи Садриддин Айнӣ буда, онҳоро бо ихтисосҳои технологияи истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии
қишлоқ ва омӯзгор ба итмом расонидааст. Номбурда дар соҳаҳои гуногун фаъолият бурда, солҳои 2014-2016 директори МТМУ № 2-и шаҳри Исфара буд. Солҳои 2016-2018 бошад, ҳамчун мушовири Раёсати маориф фаъолият кардааст. Аз моҳи марти соли 2018 то сардори Раёсати маорифи Исфара таъин шудан вазифаи пурмасъули мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро бар уҳда дошт.
ташаббусҳои Президенти кишвар се солу се моҳу се ҳафтаву се рӯз тӯл кашид ва 27 июни соли 1997 ин воқеаи хеле муҳим ба амал омад; таърихро наметавон баргардонд, вале рисолати мактабу маориф аст, ки ҳар лаҳза барои ҷавонон аз таърихи Истиқлоли давлатӣ, Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Иҷлосияи гирифт. тақдирсози миллат ном Дар ансамбли эстрадии гирифтааст, Ваҳдати миллӣ "Рахшон" санъаткорони ва таърихи муосири миллати беҳтарини ҷавони шаҳр тоҷик ҳарф зад, дарс гуфт. гирд оварда шудаанд, ки - санаи 18 июни соли ҷорӣ ҳар яке соҳиби истеъдоди Пешвои миллат дар вохӯрӣ нодир мебошанд ва бо сокинони вилояти Хатлон астаи футболи "Исфара" имрӯз дар ар даври вилоятии аллакай байни сокинони масъулинро дастур доданд, ки даври финалӣ барои дарёфти Ҷоми озмуни ҷумҳуриявии шаҳру деҳоти Исфара бобати захира намудани маводи вилоят бо дастаи "Мастчоҳ"-и ноҳияи Мастчоҳ Ватани обрӯву эътибори хосса хӯрокаи дусола мардумро "Тоҷикистон қувваозмоӣ намуда, пирӯзӣ ба даст овард. пайдо кардаанд. сафарбар намоянд ва корҳои азизи ман" ансамбли Бозӣ дар вақти асосӣ бо ҳисоби 2 бар 2 анҷом Ансамбли эстрадии эстрадии "Рахшон", ки таблиғотӣ баранд. Иқлими ёфт. Дар зарбаи ездаҳметра бошад, бо ҳисоби Тоҷикистони биҳиштосо роҳбариашро санъаткори "Рахшон"-ро бо пирӯзии 5 бар 4 футболбозони Исфара ғолиб гардида, барои гирифтани ду - се ҳосил ҷавону умедбахш Ҳамза дурахшон сидқан шодбош барандаи Ҷоми вилояти Суғд шуданд. Ҳакимзода бар уҳда гуфта, барояш дар давраи мувофиқ аст; Аз футболбозони Исфара музаффариятҳои озмун дар ҷаҳони имрӯзаи дорад, мақоми аввалро ҷумҳуриявии нав ба навро интизорем. пурталотум огоҳии сиёсии ишғол намуда, ба даври комёбӣ таманно мекунем! ҳар фарди ҷомеаи мо зарур аст. ҷумҳуриявии озмун роҳхат Ватанро воқеан бо қалб ва амал Ҳамаи нафароне, ки дӯст дошт. Ҳувияти миллиро пос дошт; баъди истеъмоли хӯрок - воқеаҳои Бадахшон маҳз бо дар яке аз қаҳвахонаҳои дасисабозии дастандаркорони овозадори шаҳр заҳролуд нотавонбин ва душманони шудаанд, бо доруву миллат ба амал омадааст. дармон ва табобати Душманони миллат сулҳу ройгон дар муассисаҳои суботи Тоҷикистонро чашми табобатии шаҳр фаро дидан надоранд. Ҳамеша гирифта мешаванд. дар пайи он ҳастанд, ки дар раҳи рушди кишвар халале н дастури раиси шаҳри эҷод намоянд. Бештар вақт Исфара Баҳоваддин масъалаҳои ҳассосе ва ё қалбҳои Баҳодурзода ба роҳбарияти соддаеро ҳадаф мегиранд, то Беморхонаи марказии шаҳр, бо истифода аз онҳо аз пашша Маркази назорати давлатии фил созанд ва фазои ороми санитарию эпидемиологӣ ва Ватанро ғуборолуд намоянд; Кумаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ - баҳри ваҳдати миллӣ ва зимни баргузории ҷаласаи корӣ якпорчагии Тоҷикистон бо бо ширкати масъулини соҳаҳои дасту дили пок ва нияти хоҷагии халқи шаҳр садо дод. нек камар бубандем ва Ҳамзамон шаҳрдори Исфара вазъи беҳдоштии тарабхонаву баъди истеъмоли хӯрок дар ин мушкилотамонро дар якҷоягӣ аз масъулин қотеъона талаб ошхонаҳо ва нуқтаҳои савдою қаҳвахона ба муассисаҳои тиббӣ бо гомҳои устувор ҳал намоем; намуд, ки гунаҳкорони ҳодиса марказҳои хизматрасонӣ пурзӯр муроҷиат намудаанд, ки алҳол - он афроде, ки дар минтақаҳои 10 нафарашон дар шуъбаи ба ҷавобгарӣ кашида шуда, карда шавад. марзӣ зиндагӣ мекунанд, бояд Ёдовар мешавем, ки ин бемориҳои сироятӣ бистарӣ фаъолияти сохторҳои санитарию ҳар яке марзбон бошанд. Марзу ҳодиса чанд рӯз қабл рух дода, мебошанд. эпидемиологӣ ва бехатариии буми диёрро бояд муқаддас чандин нафар сокинони шаҳр озуқаворӣ дар самти назорати дошт.
Пирӯзии дурахшони "Рахшон"
Ғолибияти футболбозони Исфара
Д
Д
Вобаста ба заҳролудшавии чанде аз сокинон
И
Ҳамдиёрони азиз!
Аз ҳамаи Шумо эҳтиромона хоҳиш дорем, ки дар мавсими гармо аз истеъмоли маҳсулоти зудвайроншаванда худдорӣ намоед. Ҳангоми харидории маҳсулоти кремдор, аз қабили шириниҳову кулчақандҳо, торту рулет, маҳсулоти ширӣ, ба мисли сметанаву қаймоқ, ҷурғоту майонезҳо пеш аз ҳама ба муҳлати истифодаи онҳо диққати махсус диҳед. Эътибор диҳед, ки ин маҳсулот дар ҳавои гарм ба фурӯш гузошта нашуда бошанд. Зеро маҳсулоти мазкур зудвайроншаванда буда, истеъмоли онҳо боиси заҳролудшавӣ ва гирифторӣ ба беморӣ мегардад. МНДСЭ-И ШАҲР.
2
"Насими ИСФАРА"
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба китобхонаи марказии шаҳри Исфара 356 адад китобҳои тозанашр туҳфа карда шуд. Рухдоди мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти китобхонаҳо чун ба маркази таълим ва тарбия таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад. Дӯстдорони китоб ва китобдорони Исфараи бостонӣ аз туфҳаи пурарзиши Пешвои муаззами миллат шукргузор буда, дар ҷавоб ба ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунанд, ки савияи дониши худро боло бардошта, дар роҳи худшиносиву ватандорӣ ва пешрафти Тоҷикистон азиз саҳмгузор бошанд. Китоб - дӯст, ҳамдам, ҳамроз, ҳамдил ва ҳамнафаси инсон. Китоб - дору ва дармони ҳама дардҳои маънавии инсон. Китоб ганҷест, ки дар он тамоми ҳикмати зиндагӣ нуҳуфтааст. Китоб махзанест, ки аз он ҳамагон баҳра мегиранду роҳи зиндагии шоистаи худро муайян мекунанд. Китоб ойинаест, ки инсон тавассути рӯй овардан ба он тамоми камбудиҳои худро мебинад ва метавонад ислоҳ кунад. Алъон дар шаҳру деҳоти Исфара 22 адад китобхона бо 181307 адад адабиётҳои гуногун ва 37 номгӯй рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ ва 500000 адабиёти элек-
10 августи соли 2022
Китобхонӣ зиёд мешавад?
тронӣ ҳамарӯза дар хизмати хонандагони сершумор аз табақаҳои гуногуни ҷомеа қарор доранд. Боиси хурсандист, ки давоми 7 моҳи сипаригаштаи соли равон аз китобхонаҳои шаҳру деҳоти Исфара бештар аз 8550 нафар хонандагон истифода бурдаанд, ки дар қиёс ба нишондоди солҳои гузашта 1000 нафар бештар аст. Аз шумораи умумии хонандагони доимӣ 7387 нафар бо забони тоҷикӣ, 165 нафар бо забони русӣ, 950 нафар бо забони ӯзбекӣ ва 48 нафар бо забонҳои дигар истифода бурдаанд. Аз ин шумора 4850 нафарро то 15 солаҳо,
Стипендияи президентӣ
ар маҷлисгоҳи мактаби байналмилалии Контакт интернейшл озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Исфара барои соли хониши 2022-2023 гузаронида шуд.
И
Хабари бардурӯғ
ттилои “Радиои Озодӣ” дар бораи он ки гӯё, ки дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавзеи “Қуммазор” садои тирпарронӣ соати 10-и шаби 7 ба 8 августи соли равон баланд шуда бошад, асоси воқеӣ надорад.
Мумфаршкунии 8 километр роҳ
Б
ино бар суханони раиси Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Лайсиддин Юсупов имрӯзҳо сокинони деҳоти Чоркӯҳ ният доранд 8 километр роҳҳоро мумфарш намоянд. Дар арафаи ҷашнхои бузурги милливу давлатӣ мардуми шарифи Исфара бо вусъати корҳои ободонӣ дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳо ҷаҳд доранд, ки ин шаҳри бостонӣ боз ҳам рушду тараққӣ ва зебову ороста гардад.
Мулоқот дар "Бародарон"
Д
Дӯсти азизи ман китоб, Бо ӯ намоям сарҳисоб.
9 август - Рӯзи умумиҷаҳонии китобдӯстон
Як хафтаи Исфара Д
№ 30 (9445)
ар маҷмааи “Бародарон”-и Ҷамоати деҳоти Кӯлканд вобаста ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ҳизбу созмонҳои террористиюиифротгаро бо намояндагони ташкилоту корхонаҳо, ҷомеаи меҳнатӣ ва муассисаҳои таълимиву фарҳангӣ мулоқот гузаронида шуд.
2100 нафарро то 21 солаҳо ва 1600 нафарро калонсолон ташкил медиҳанд. Бештари хонандагон омӯзгорони мактабҳои миёна, олӣ ва миёнаи махсус мебошанд. Моҳи январи соли равон бо дастгирии раиси шаҳр муҳтарам Баҳоваддин Баҳодурзода ба китобхона 1055 адад китобҳои тозанашр ворид карда шуданд, ки барои афзудани сафи хонандагон мусоидат намуд. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик бо дастгириҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз ҷониби нашриётҳои давлатии “Адиб” ва “Адабиёти бачагона” дар доираи
Дар ҳадиси Расули Акрам (с.) омадааст: «Замоне меояд, ки ҳизбу ҳаракатҳои зиёде пайдо мешаванду ҳар яки онҳо дурӯғро рост вонамуд карда, аҳли имонро аз роҳи ҳақ дур мекунанд. Онҳо аз Ислом ба монанди тир аз камон мебароянд.» Бо назардошти гуфтаҳои Пайғамбари киром (с.) ҳамаи моро дар шароити имрӯза ҳушёриву зиракӣ мебояд. Ҷаҳду кӯшиш лозим аст, ки ғаразро аз ҳақиқат ҷудо намоем, ба доми тафриқандозону манфиатхоҳон наафтем. Фирефтаи ақидаҳои ғайр, ки мехоҳанд манфиатҳои худро дар дохили Тоҷикистон пиёда созанд, нагардем. Зеро воқеаҳои дар ҷаҳон рухдодаистода, аз ҷумла ҳодисаҳои дар кишварҳои ҳамсоя бавуҷудомада нишон медиҳанд, ки давлатҳои абарқудрати дунё дар минтақаи Осиёи Марказӣ манфиатҳои геополитикии худро болотар аз ҳама арзиш мегузоранду мавқеашонро на ҳамеша пешгӯйӣ кардан мумкин аст. Гузашта аз ҳама мустақилияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати дохиливу хориҷӣ, ки ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва расидан ба ормонҳои мардуми кишвар нигаронида шудааст, ҷаҳду талоши Пешвои миллат дар самти ноилгардӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ва раҳо ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ на ба ҳамаи сиёсатмадорони минтақаву ҷаҳон маъқуланд. Пӯшида нест, ки гурӯҳҳои муайяни дар Афғонистон ба истеҳсол ва дар сайёра ба тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир
барномаи давлатии “Рушди муассисаҳои фарҳангии вилояти Суғд барои солҳои 2021-2025” наздик ба 500 адад адабиёти нав ворид карда мешавад. Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ бо мақсади ҷалби хонандагон ба китобхона ва зиёд кардани муҳаббати онҳо ба китобхонӣ бо дастгирии ШВКД-1 ҶТ дар шаҳри Исфара ва ТҶ “Ормони дилҳо” озумни шаҳрии “Китобхони беҳтарин” ташкил карда шуд, ки дар даври аввали он беш аз 500 нафар хонандагони мактабҳои миёна ширкат варзида, 116 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Дар ҷамъбаст 21 нафар ғолибон муайян карда шуданд, ки ҳар яке зиёда аз 100 адад китоби бадеӣ хондаанд. Бо дарки аҳамияти китоб ва дониш дар сохтани миллат ва давлати тавоно аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон гардид, то шаҳрвандони кишвар барои андӯхтани донишу маърифат талоши бештар варзанд. Зеро ба ҳар андоза, ки шинохти инсон аз олам ва қонунҳои табиию ҷамъиятии он афзоиш ёбад, ба ҳамон андоза зиндагонӣ беҳтар мегардад.
Сарчашмаи илмасту ноб, Ақлам физояд обу тоб. Соли чорум аст,ки озмуни мазкур дар миқёси шаҳру деҳоти Исфара бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Раёсати маориф ва бахши фарҳанг дар китобхонаи марказии шаҳр, ба номи А. Лоҳутӣ дар сатҳи баланд доир мегардад. Давоми моҳҳои феврал - июни соли равон давраҳои якум ва дуюми озмун дар минтақаҳо ва тӯли панҷ рӯз дар китобхонаи маркази ҷараён гирифт, ки дар он бештар аз 5000 ҳазор дӯстдорони китоб фаъолона ширкат варзиданд. Акнун 51 нафар моҳи октябр дар даври вилоятӣ ширкат хоҳанд варзид. Бо мақсади таъмини ширкати фаъолонаи довталабон дар даври вилоятӣ ҳар ҳафта рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа дар китобхонаи марказӣ машғулиятҳо гузаронида мешаванд. Таҳлилҳо бозгӯӣ аз он доранд, ки дар вақти таътили тобистона, танҳо моҳҳои июн ва июл беш аз 8255 нафар хонандагони мактабҳои миёна аз 22 китобхона 18431 китобҳоро ба орият гирифта, мутолеа намудаанд. Дар ин муддат ба китобхонаи марказӣ (шуъбаи бачагона), китобхона-бахшҳои деҳоти Ворух, Сурх, Лаккон, Хонобод ва шаҳраки Навобод нисбатан бештар хонандагон ташриф овардаанд. Сабурхон АМОНУЛЛОЕВ, директори китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳр.
Мо ва мавқеи мо
То ба кай бетарафӣ мекунем?
машғулбуда, тавассути тезутунд кардани вазъи сиёсӣ дар минтақа мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ намоянд. Агар Осиёи Марказиро тахтаи шоҳмот гӯем, қариб ҳамаи бозингарон дар рӯии он бо муҳраҳои терроризми байналхалқӣ бозӣ мекунанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ғайрирасмии моҷароҷӯи динӣ дар ниқоби эҳёгарони арзишҳои исломӣ ба қиммати мусибату парешониҳои сари миллионҳо нафар мусулмонони бегуноҳ мерехтаашон симу зар ғун мекунанд. Дар сарватҷамъкунии тоифаи мазкур бархе аз ҷавонони диёри мо низ ғолибан бешуурона кумак мерасонанд, ки ин натанҳо хиёнат ба Ватан, балки хиёнат ба дини мубини
Ислом аст. Бетарафӣ низ дар дини мубини Ислом сахт маҳкум карда мешавад. Ҳар мусулмон ҳангоми шоҳиди рафтори бад шудан бояд бо даст, агар имкон надошта бошад, бо забон, ба ин ҳам қудрат пайдо накунад, бо қалб ба он муқобилият намояд. Дар шомилшавии даҳҳо нафар ҳамдиёронамон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайрирасмии моҷароҷӯ то андозае ҳамаи мо гунаҳкорем. Аққалан ба он хотир, ки охирҳои солҳои 90-уму ибтидои ҳазораи сеюм нисбат ба матлаби меҳмонҳои сершумори нохондаи масоҷиду маҳфилҳои хонагӣ, ки аз шаҳру навоҳии дигар меомаданд, бепарво будем. Сари вақт дарк накардем, ки онҳо бародарон ва
фарзандони моро бо даъват ба роҳи "рост" ба кирдорҳои ноҳақ ҳидоят мекунанд. Наход барои расидан ба ҳушёрии воқеии сиёсӣ моро чашидани талхии багаравгирии одамон, таркишҳои даҳшатбори биноҳои истиқоматӣ ва қатлу ғорат зарур бошад?! Вақти он расидааст, ки мо ҳама сарҷамъ бошем, аз қафои онҳое, ки мехоҳанд бо истифода аз ҳисси диниамон миёни мардум тафриқа меандозанд, наравем. Нагузорем, ки дини мо мавриди истифодаи гурӯҳҳои ғаразҷӯй ва манфиатхоҳ гардад. Фаромӯш насозем, ки бетарафӣ ҳам гуноҳи сахт аст. Абдумуталиб ШАРИФОВ.
3
"Насими ИСФАРА"
10 август соли 2022
№ 30 (9445)
Шири модар тифлро ҷони дигар, Дар равони ӯ равад бештар.
Аз 1 то 10 август Даҳрӯзаи умумиҷаҳонии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон таҳти шиори
"Занҷири гарми дастгирӣ барои синамакконӣ"
Тифли ширмакро чӣ тавр ба воя расонем? Афзалиятҳои равонии (психологии) ширдиҳии пистонӣ Ширдиҳии пистонӣ ба ташаккули муносибатҳои нарм байни модару кӯдак мусоидат менамояд, ки аз он модар эҳсоси қаноатмандӣ меёбад. Тамоси наздик бо кӯдак дарҳол баъди зоиш ба тавлид ва ташаккули ин муносибат мусоидат мекунад. Агар кӯдакон дарҳол пас аз таваллуд бо модар бимонанд ва шири пистон бихӯранд камтар гиря карда, зудтар ба камол мерасанд. Модароне, ки шири пистон медиҳанд ба кӯдакони худ меҳрубонтаранд. Кӯшиши шабонгаҳҳо камтар таваҷҷуҳ ва ширмаккиро талаб мекунад. Модарон аз кӯдакони худ камтар рӯй мегардонанд ва онҳоро камтар сарзаниш мекунанд. Натиҷаи баъзе аз тадқиқотҳо
шаҳодат медиҳанд, ки ширдиҳии пистонӣ ба рушди ақлонии кӯдак низ мусоидат мекунад. Атфоли ҳангоми таваллуд вазни кам дошта, ки аз ҳафтаҳои аввал ба ширдиҳии пистонӣ фаро гирифта шуда буданд, ҳангоми санҷишҳои ақлонӣ, нисбат ба кӯдакони ғизои сунъӣ қабул намуда дар синни калонтар натиҷаҳои хубтар нишон доданд.
Аҳамияти синамакконӣ Синамакконӣ воситаи пурсамари пешгирии ҳамл (то 98%) дар 6 моҳи пас аз таваллуд мебошад, албатта танҳо дар сурати мунтазам шабонарӯз макконидани тифл, махсусан агар дар ин муддат модар ҳайз набинад. Пас аз таваллуд фавран ба синамакконӣ шуруъ кардани тифл барои афтонидани ҳамроҳак (машима) ёрӣ мерасонад, зеро
Шири модар шираи ҷони ман То 6-моҳагӣ кӯдак танҳо ба шири модар ниёз дорад. Аз ин рӯ, тез-тез ба кӯдак мувофиқи хоҳишаш дар як шабонарӯз на камтар аз 8 маротиба шири пистонӣ диҳед. Кӯдаконе, ки сина маконида мешаванд дар муқоиса бо кӯдаконе, ки аз омехтаи шири ҳайвонот ва шири хушк истифода мебаранд, умуман солим ҳастанд ва барои рушд ва инкишофи комил комёб мегарданд. Тифлони навзод баъд аз таваллуд шудан бояд дарҳол ба модарон дода шаванд. Онҳо бояд бо модар алоқаи бадан ба бадан дошта бошанд ва модар бояд дар давоми як соати баъд аз таваллуд синамаккониро оғоз намояд. Синамаконӣ тифлони навзод ва кӯдакони хурдсолро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ медорад. То синни 2-солагӣ ва зиёда аз он додани шири модар солимӣ ва рушди миллионҳо кӯдаконро метавонад ба таври назаррас беҳтар гардонад.
Аломатҳои дурусти ба пистон гузоштани кӯдак:
* Даҳони кӯдак пурра кушода ва лаби поёни кӯдак ба берун қат мешавад; * Манаҳи кӯдак ба синаи модар бармехӯрад; * Ҳаракатҳои синамакконӣ давомдор ва амиқанд; * Қисми зиёди доираи пистон дар даҳони кӯдак аст; * Пистон дард намекунад; * Садои фурӯбарии шир шунида мешавад.
Ҳолати дурусти модар ҳангоми синамакконӣ:
* Кӯдакатонро аз сарпеч озод намоед ва ё аз гаҳвора бо мақсади озодии ҳаракат кушоед; * Мавқеи муносибро, ки дар он ҳолат худро бемалол ҳис мекунед (нишаста, якпаҳлӯ ва ғайра) ёбед; * Кӯдакро ба оғӯш гиред, то ки сар ва бадани кӯдак ба шумо гардонида шуда бошад.
Бартарии ширдиҳии пистонӣ барои кӯдак:
* Хӯроки ҳамеша тоза ва гарм; * Дорои тамоми моддаҳои ғизоӣ; * Сабук ва хубҳазмшаванда; * Мусоидат ба рушд ва инкишофи муътадили кӯдак; * Муҳофизат аз сироятҳо; * Дастрас ва камхарҷ; * Барпо шудани муносибати гарм байни модару кӯдак аз рӯзҳои аввал. Ҳар як модар метавонад кӯдакашро бо шири пистон парвариш кунад. Организми модар хеле оқил аст ва чӣ қадаре, ки шир лозим бошад, ҳамон миқдор ширро ҳосил мекунад. Барои он, ки шир ба таври кофӣ ҳосил гардад, кӯдакро тез-тез макконидан лозим аст. Н. МАДИБРАГИМОВА, муовини сартабиб. С.ҶАЛОЛОВА, сарвари Маркази ширдиҳии пистонӣ.
маккидани тифл кашишхӯрии батнро пурзӯр мегардонад. Афзалиятҳои ҳамҷоя будани модару кӯдак макконидан мувофиқи хоҳиш
ва
Якҷоя будани модару кӯдак ва маконидан мувофиқи хоҳиш дар ташаккули алоқаҳои эмотсионалӣ ва ширдиҳии пистонӣ ёрӣ мерасонад.
Афзалиятҳои якҷоя будан:
бештар эътимод мебанданд; • Ширдиҳии пистонӣ бештар давом мекунад.
Бартарияти мувофиқи хоҳиш маконидан:
Тавсия барои модарон
• Шири пистон зудтар меояд; • Кӯдак зудтар вазн зам мекунад; • Мушкилиҳо ба монанди дуруштии ғадудҳои пистон камтар дучор меояд; • Кӯдак макиданро ба осонӣ ёд мегирад.
• Модар метавонад ба кӯдак эътино зоҳир кунад, ки барои тавлид ва ташаккули алоқаҳои Пешгирии эҳсосотӣ ёрӣ мерасонад; • Тифл камтар гиря мекунад, камшавии шир сабабҳои додани шиша ба ӯ камтар мешавад; * Бо тарзи дуруст ва тез-тез • Модарон ба синамакконӣ макконидани сина;
Ҳамасола бо фарорасии фасли тобистон шумораи беморони дарунрав меафзояд. Чунки ҳавои гарм барои афзоиши микроорганизмҳо мусоидат мекунад. Азбаски микроорганизмҳои гуногун дар гирду атроф - об, ашёҳои рӯзгор, маводҳои хӯрока зиёд мешаванд эҳтимолияти беморшавии одамон, алалхусус бачагон меафзояд. Бемориҳои дарунравӣ, домана, исҳоли хунин, кирми рӯда, зардпарвинҳои А ва Е-ро беҳуда "Бемориҳои дастони чиркин» намегӯянд. Одамон ҳангоми ба қоидаҳои гигиенаи шахсӣ риоя накардан - дастонро бо собун нашустан, нӯшидани оби наҷӯшонида, истеъмоли меваҳои ношуста, истеъмоли хӯрокҳои муҳлаташон гузашта ё вайроншуда, метавонад ин микробҳо ё заҳри онҳоро истеъмол карда, сироят ёбанд.
Нишонаҳои беморӣ:
- фазлаи тунуки тез-тези зиёда аз 3 маротиба дар як шабонарӯз; - ҳароратбаландӣ; - қайкунӣ; - кам шудани пешоб ё набудани он; - дарди шикам;
• Тифли худро баъди 30-60 дақиқаи таваллуд рӯйи сина гузоред; • Кӯдакро то синни 6 моҳагӣ танҳо бо шири пистон парвариш кунед; • Додани ғизои иловагиро пас аз 6 моҳагӣ сар кунед; • Ширдиҳиро то 2-солагӣ ва аз он бештар давом диҳед. М.НАБИЕВА, акушер-гинекологи БМШ.
Ҳазлҳои хунуки тобистони гарм
- хушкшавии пӯст; - набудани оби дида (ашк дар кӯдакон); - бемадорӣ, сустии мушакҳо; - бетоқатӣ. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки беморони дарунрав дар давоми сол зиёда аз 47% миқдори умумии маризонро ташкил медиҳад. Муолиҷаи бемор он вақт самарабахш шуда метавонад, ки агар волидайни кӯдаки бемор ё шахси бемор саривақт ба духтур муроҷиат кунанд. Ин барои табобат аҳамияти калон дорад. Дар бархе аз кӯдакони то 5 сола, ки гирифтори бемориҳои дарунравӣ шудаанд бештар оризаҳои вайроншавии кори гурдаҳо, вайроншавии системаи лахтшавии хун дида мешавад, ки баъзан ба марг оварда мерасонад.
Дарунравӣ (Диарея)
Дарунравӣ - ин қазои ҳоҷати зудзуд бо оби зиёд буда, кӯдакони синни то 2 сола бисёр вазнин ва хатарнок мегузаронанд. Дарунравиро микробҳое ба вуҷуд меоранд, ки дар навбати аввал дар наҷосат ҷойгир шуда, ба воситаи даҳон ба организм дохил мешаванд. Ин ҳолат бештар дар ҷойҳое ба вуҷуд меояд, ки партовҳо тоза карда намешаванд, қоидаҳои санитарию гигиенӣ риоя намегарданд, аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд ё кӯдакон шири модарро истеъмол намекунанд. Кӯдаконе, ки танҳо шири модарро истеъмол мекунанд, камтар ба дарунравӣ дучор мегарданд. Дарунравӣ яке аз сабабҳои асосии фавти синну соли барвақтӣ ба ҳисоб меравад. Аломатҳои дарунравӣ дар як рӯз 3 маротиба ё бештар аз он зоҳир шудани наҷосати обакӣ мебошад. Дар чунин ҳолат падару модарон бояд фавран ба кормандони тиб муроҷиат кунанд. То расидани ёрии тиббӣ
* Ба кӯдакон то 6-моҳагӣ оби ҷӯшонидашуда ё чой додан лозим нест; * Нӯшидани як пиёла оби ҷӯшонида пеш аз синамакконӣ; * Маконидани кӯдак мутобиқи талаботаш; * То синни 6-моҳагӣ фақат маконидани шири модар; * Шабона макконидани кӯдак.
кӯдак бояд маҳлули намакдор (ОРС) ё моеъҳои дигар нӯшад (оби менералии бегаз, оби ҷӯшонидашуда, шири модар ва ҷурғот). Дарунравӣ бадани кӯдакро дар муддати кӯтоҳ камоб гардонида, эҳтимол дорад сабаби фавти кӯдак шавад. Агар дар кӯдак муддати як соат наҷосати обакӣ ё хунин мушоҳида шавад, ҳаёти ӯ зери хатар аст ва волидайни кӯдак ҳатман барои ёрӣ ба корманди тиб муроҷиат намоянд. Синамакконии кӯдакони ширмак метавонад шиддат ва пайдарҳамии дарунравиро паст намояд. Ҳангоми пайдо шудани яке аз нишонаҳои зерин фавран ба муассисаҳои тиббӣ муроҷиат кунед: - кӯдак нӯшида ва ё худ синаро маккида натавонад; - ҳарорати бадани кӯдак баланд шавад; - дилбеҳузурӣ ва партофтани пай дар пай; - зиёд шудани дарунравии пай дар пай; - ҳолати бемор вазнин шавад;
Пешгирии ин беморӣ хеле осон аст:
- дастонро пеш аз хӯрокхурӣ ва баъди қазои ҳоҷат ҳатман бояд бо собун шуст; - истеъмоли оби ҷӯшонидашуда; - таомро барои истифодабари яккарата омода намудан; - меваҷотро пеш аз истеъмол бо оби ҷӯшонида тоза шустан; - мубориза бо магасҳо; - дар ҷои хунук (яхдон) нигоҳ доштани хӯрока. Дар сурати пайдо шудани аломатҳои бемории дарунравӣ ҳатман ба духтури оилавӣ муроҷиат кунед. О. ЁРМАТОВА, мутахассиси МТТҲС, духтури сироятшинос. - пайдо шудани хун дар миҷози бемор. Кӯдаки гирифтори бемории дарунравӣ бояд мунтазам қабули ғизоро давом диҳад. Дар давраи шифоёбӣ қабули як таоми иловагӣ дар муддати ду ҳафтаи аввал хеле муҳим аст. Барои пешгирии дарунравӣ ҳамаи наҷосатро ба ҳоҷатхона партофтан ё зери хок кардан лозим аст. Риояи қоидаҳои тозагӣ кӯдакро аз дарунравӣ эмин нигоҳ медорад. Баъди қазои ҳоҷат, пеш аз таом ва макконидани кӯдак дастро бо собун тоза шустан ҳатмист. С. АБДУЛЛОЕВ, директори МНДСЭ ш. Исфара.
4
"Насими ИСФАРА"
Наберачаам хабар овард, ки ба наздикӣ дар клуби деҳа консерти калон бо иштироки як ҳунарманди шинохта барпо мешудааст. Шодиву хурсандии наберачаҳоям Акбару Сомонро ҳадду канор набуд . Ниҳоят он рӯзи муайяншудаву деринтизор ҳам фаро расид. Ман наберачаҳоямро гирифта, барои он ки бе ҷои нишаст намонем, сӯи клуби деҳа шитофтам. Назди клуби деҳа замин кафидаву одам баромада буд. Фаҳмидем, ки дари даромади клубро фарроши ин даргоҳ холаи Саодат бехабар қулф задасту калидро бо худ бурдааст. Мудири клуб Фаррух барои калид ба хонаи холаи Саодат рафтааст ва ҳамагон Фаррухро интизор буданд. Ҳамин дам Фаррух дар даст калид ҳозир шуду, ҳама худро сӯи дари клуби бозшуда зад. Бо азобе ҳамроҳи набераҳо ман низ вориди клуби деҳа шудаму дар як кунҷе барои худу наберагон ҷой пайдо намудем. Нафароне, ки соҳиби ҷой шуданд, хусусан кӯдакон аз хушнудӣ қарсак мезаданду баъзеи дигар нафарон, ки бе ҷойи нишаст монда буданд, ҳайрону лол бо таъби хираву гирифта рост меистоданд. Аз вақти муайяншудаи консерт соате сипарӣ гашту консерт оғоз намеёфт. Хабар омад, ки аз сабаби носозии роҳ мошини
10 августи соли 2022
№ 30 (9445)
Шохи бебар арчи бошад аз дарахти мевадор, Чун наорад мева бор, андар шумори ҳезум аст.
ифтихори писарчааш низ қарсак зананд. Пас аз ду-се суруд баранда ҳозиринро ба устодони ҳунарманд, ба амаку аммааш, тағову холааш ва дигар хешовандонаш шинос менамуду ҳамагонро маҷбур мекард, ки ба ифтихори эшон низ қарсак зананд. Наберачаҳоям = Бо қалами ҳар гоҳ ҳайратомез сӯи ман ҳаҷв = менагирастанд ва кафи дастонашонро молиш медоданд. ҳунармандон вайрон Дар ниҳояти кор ровии шудааст. Пас аз консерт ҳамагонро ба ҳайъати чанд муддат хабар навозандагону аҳли ансамбл шуд, ки ҳунармандон шинос намуд ва албатта, аҳли омаданд. толор маҷбур ба ифтихори эшон Аз шодиву нишот низ кафкӯбӣ намуданд. Дар аҳли нишаст ва интиҳо барои мудири клуб низ нафароне, ки рост барои ташкили чунин чорабинии каф мекӯфтанд. Ниҳоят меистоданд, қарсак мезаданду ҳунарманд рӯи саҳна хонда фарҳангӣ кафкӯбӣ карда шуду ҳаёҳуй мекарданд. Ду набераам шуду аҳли толор боз ҳам барои баранда аҳли нишастро бори низ дар қатори ҳамагон қарсак ӯ қарсак заданд. дигар хуш омадед гуфт ва аз мезаданд. анҷоми консерт хабар дод. Баъди ду се суруд баранда боз Ниҳоят баъди интизориҳои Ҳамагон, аз ҷумла ду набераи рӯи саҳна омаду хабар расонд, зиёд нафаре рӯи саҳна баромад ки хурдакаки банда низ қарсакзанон дар консерти имрӯза падару ва ҳамагон гумон карданд, ки модари толорро тарк намудем. ҳунарманд ҳузур доранд. консерт оғоз ёфт ва боз ба Ӯ падару модари ҳунармандро Ҳангоме ба мошин нишаста, эҳтироми он нафар қарсак ба осмони ҳафтум бароварду сӯи хона роҳ пеш гирифтем, заданд. таърифу тавсиф намуд ҳарду набераам баробар кафи Маълум гашт, ки он нафар онҳоро ва аз аҳли нишаст хоҳиш намуд, дастҳои кӯчаки аз қарсак сурх корманди техникӣ будаасту ки ба ифтихорашон қарсак шудаашонро ба ман нишон дода, баҳри аз назар гузаронидани шавад. Мардум маҷбур қарсак савол доданд: асбобҳои техникӣ рӯи саҳна мезаданд ва ду набераи банда - Бобоҷон, мо пул дода, ба клуб баромадааст. Ниҳоят барандаи баҳри тамошои консерт рафтем, консерт рӯи саҳна омаду ба низ ба аҳли толор пайравӣ ё барои қарсакзанӣ? намуда, қарсак мезаданд. ҳозирин таъзим кард. Ростӣ намедонистам, ба Ҳунарманд ба саҳна баромаду Мавҷи қарсак баланд шуд. эълон дошт, саволи онҳо чӣ ҷавоб диҳам. ки писарчааш Баранда аз қарсакҳои мухлисон низ майли сурудхонӣ дорад илҳом гирифта, гаштаву Мухтадил ҶӮРАЕВ. баргашта таъзим мекарду ва ӯро рӯи саҳна хонду аз мухлисон маҷбур ба эҳтиромаш ҳозирин хоҳиш намуд, ки ба
Карсакконсерт
ДИҚҚАТ : МУЗОЯДА
нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ба 960 (нуҳсаду шаст) сомонӣ баробар мебошад. Барои иштирок дар музояда аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри иштироккунанда ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда Исфара музоядаро оид ба фурӯши молҳои мешаванд: мусодирашудаи зерин барпо менамояд. - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти Маҳалли баргузории музояда: шаҳри Исфара, маблағи кафолатпулӣ. ошёнаи 3-и бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти - барои шахсони ҳуқуқӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи давлатии шаҳри Исфара. бақайдгирии давлатӣ; Вақти баргузорӣ: 26 августи соли 2022, соати 14- - барои шахсони воқеӣ - нусхаи шиноснома ё 00. ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият. Қабули дархостҳо барои иштирок дар музояда Ғолиби музояда ба ғайр аз арзиши мол боҷи ва бақайдгирии иштироккунандагон аз рӯзи нашри комиссиониро ба андозаи 5 фоиз ва боҷи давлатиро эълон оғоз ёфта, як соат пеш аз саршавии музояда ба андозаи 0,1 фоиз аз ҳаҷми фурӯши молҳо ба анҷом меёбад. суратҳисоби бахш пардохт менамояд. Тарзи гузаронидани музояда: англисӣ. Маълумоти иловагиро тавассути телефонҳои Андозаи кафолатпулӣ барои иштирок дар 2-77-47, 918-22-58-22 ва 98-898-21-21 гирифта музояда бо пули сомонӣ мутаносибан ба 15 метавонед.
Рӯйхати молҳои ба фурӯш баровардашаванда
Зарбулмасалҳои ҳиндӣ
Аз оби ором, саги ором ва душмани ором битарс. *** Ба чашми ошиқ ҳатто ғоз фаришта метобад. *** Кори бошитоб натиҷаи намедиҳад.
*** Дар хона ними нон беҳ аз нони пурра дар ғарибӣ. *** Ҷав коридӣ, умеди гандум макун. *** Мурдаи як паланг – туйи ҳазор рӯбоҳ. *** Хар ҳарчанд даванд бошад ҳам, асп шуда наметавонад. *** Камбағалӣ намекушад, аммо хурсандшавӣ ҳам намегузорад. *** Ҳар ғизои кам хушмазза аст. *** Кӯҳу сангҳоро бод мекунад, одамиро сухан.
АЗ САБАБИ ГУМ ШУДАН ЭЪТИБОР НАДОРАНД
Назоратхон додааст.
Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи БП №744302, ки МТМУ №28 солҳои таҳсили 19801981 ба Почоева Ниссо додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи ШМҲ №0005215, ки МТМУ №36 солҳои таҳсили 2004-2005 ба Бобоева Шоҳидахон Мизробҷоновна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи А №248811, ки муассисаи таълимии давлатии литсейи №2 солҳои таҳсили 19941995 ба Ҷӯраева Монатхон Абдумуталибовна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи ТШТА №0183778, ки МТМУ №67 солҳои таҳсили 20082009 ба Ҳабибулозода Фарзона додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи А №021609, ки МТМУ № 29 солҳои таҳсили 19911992 ба Самадов Иброҳим Қурбонович додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи умумии силсилаи Т-АТА №247680, ки МТМУ №31 ба Ходжиева
Эзоҳ: Дар сурати харидорӣ намудани аспи бузӣ, аз тарафи ғолиб маблағи нигоҳдории аспи бузӣ дар алоҳидагӣ пардохт карда мешавад. "Насими Исфара" Муассис: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97
Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи генерал Бобо Маҳкамов 63. Телефон: (8 34 62) 2-49-73. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.
хуб
вайрон
Саидходжаевна
*** Аттестати № 4170, ки Омӯзишгоҳи касбии техникии № 6 бо фармони 25 к аз 16 июни соли 1984 ба Бобоев Нумонхуджа Файзуллоевич додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи силсилаи ТАТА № 3877269, ки МТМУ № 27 солҳои хониши 19891990 ба Ишонхонова Маърифат Шомамадовна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи силсилаи АБ № 091533, ки МТМУ № 32 солҳои таҳсили 1999-2000 ба Маматқулова Муноҷотхон Муҳамадҷоновна додааст. *** Патенти соҳибкори инфиродӣ (РЯМ 5530265373), ки Нозироти андози шаҳри Исфара 12 марти соли 2021 ба Шамсидинова Шаҳлохон Муродҷоновна додааст. *** Патенти соҳибкори инфиродӣ (РЯМ 5530218430), ки Нозироти андози шаҳри Исфара ба Шамсидинов Аслидин Садридинович додааст. *** Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, дар китоби бақайдгирии КДФ “БММҒ” дар суроғаи шаҳри Исфара ҷамоати Навгилем таҳти №1194, дараҷаи №0487288 ба номи Ҳасанов Солӣ ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ба қайд гирифта шудааст.
Идораи рӯзномаи "Насими Исфара" ва созмони шаҳрии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба узви ИЖТ Субҳон Ёдгорӣ нисбат ба даргузашти ҲАМСАРАШ ҳамдардӣ баён намуда, дар ин рӯзҳои мусибатбор ба ӯву наздиконаш аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил хоҳонанд.
Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 9. 08. 2022. Адади нашр 4300. САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.
ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________