Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 30 (9399) *** Чоршанбе, 25. 08. 2021
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд Дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супориданд.
Қ
абл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ намудани заҳмати намояндагони касбу кори гуногун ва шахсони содиқу обрӯманди ҷомеа рамзи сипосгузорӣ ба хизматҳои шоёни онҳо дар ҷодаи пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ мебошад. Истиқлолу озодӣ бузургтарин
неъмат ва боарзиштарин дастоварди шумо - дар ин толор нишастагон соли 2021 қадрдонӣ шуданд. миллати тоҷик баъди ҳазор соли арзанда мебошад. Роҳбарияти давлат Дар маросими супоридани бедавлатӣ ба ҳисоб меравад. ва Ҳукумати мамлакат заҳмати мукофотҳои давлатӣ бо Фармони Маҳз ба шарофати истиқлол дар софдилона, хизмати содиқона ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар харитаи сиёсии дунё Тоҷикистон фаъолияти созандаи ҳар шахсро ба бораи сарфарозгардонии кормандони ҳамчун давлати соҳибихтиёр ба вуҷуд таври шоиста қадрдонӣ мекунад. соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, омад ва ба ҳайси узви баробарҳуқуқи Ҳамин тавр, дар фазои тантанавӣ истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. барои дастовардҳои баланди мақомоти маҳаллии ҳокимияти Истиқлоли давлатӣ дар сарнавишти истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ миллати тоҷик гардиши куллӣ гардида, самаранок дар хизмати давлатӣ, ва соҳибкорон” барои саҳми арзанда ба мардуми Тоҷикистон имконияти рушди илму фарҳанг, тандурустӣ, дар рушди илму фарҳанги мамлакат, нодири таърихии бунёди давлати хизматрасонӣ ва дигар бахшҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, фаъолияти мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои хоҷагии халқи мамлакат бештар аз самаранок дар хизмати давлатӣ ва кишвар, халқи он ва эҷоди аркони 120 нафар корманди соҳаи илму дастовардҳои баланди истеҳсолӣ 34 давлатдории муосирро муҳайё намуд. фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли нафар бо унвони фахрии Корманди Президенти мамлакат зикр мол ва хизматрасониҳо, мақомоти шоистаи Тоҷикистон, 2 нафар бо намуданд, ки чун анъана дар арафаи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар унвони фахрии Нависандаи халқии ҳар ҷашн мо корҳои анҷомдодаи худро хизматчиёни давлатӣ, аз ҷониби Тоҷикистон, 5 нафар бо унвони фахрии таҳлилу ҷамъбаст мекунем, хулосаву Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, 1 натиҷагирӣ менамоем ва вазифаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нафар бо унвони фахрии Ҳофизи минбаъдаро муайяну мушаххас мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии халқии Тоҷикистон, 5 нафар бо месозем. Тоҷикистон – унвони фахрии Корманди унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Мо то имрӯз барои пешрафти шоистаи Тоҷикистон, унвони фахрии Тоҷикистон, 1 нафар бо ордени Дӯстӣ, соҳаҳои саноат, нақлиёт, энергетика, Нависандаи халқии Тоҷикистон, 2 нафар бо ордени Шараф дараҷаи I, сохтмон, бахши хусусӣ, рушди унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии 13 нафар бо ордени Шараф дараҷаи содирот, азхудкунии заминҳои нави Тоҷикистон, унвони фахрии Ҳофизи II, 29 нафар бо медали Хизмати обёришаванда, кишоварзӣ, рушди халқии Тоҷикистон, унвони фахрии шоиста, 4 нафар бо медали ҷашнии сайёҳӣ, илму маориф, тандурустӣ, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, “30-солагии Истиқлолияти давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, ордени Дӯстӣ, ордени Шараф дараҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 2 нафар бо татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва I, ордени Шараф дараҷаи II, медали Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оила, рушди варзиш ва идома додани Хизмати шоиста, медали ҷашнии сарфароз гардиданд. татбиқи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҳамчунин тибқи қарори комиссияи созанда корҳои зиёдеро ба анҷом Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Ифтихорномаи дарёфти ҷоизаи ба номи Исмоили расонидем. Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷоизаи ба номи Сомонӣ дар соли 2021, ки бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоили Сомонӣ дар соли 2021 ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шудааст, 12 нафар барандагони намуданд, ки дар амалӣ гардидани барои олимон ва омӯзгорони фанҳои Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар корҳои зикршуда ҳиссаи ҳар яки табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021 гардиданд.
Машварати августии омӯзгорон
Дар толори Кохи фарҳанги шаҳри Исфара машварати августии омӯзгорон баргузор гардид, ки дар ҷараёни он кормандони соҳаи маориф дар ҳузури раиси шаҳр Баҳоваддин Баҳодурзода аз бурду бохтҳои як соли сипаришудаи худ натиҷабардорӣ намуда, вазифаҳоро барои соли хониши нав муайян карданд.
Н
ахуст ширкатдорони чорабинӣ аз намоиши дастранҷи мактабиён ва аъзои маҳфилҳои ҳунармандони наврас, ки дар даромадгоҳи Кохи фарҳанг ороста шуда буд, дидан намуданд. Дар маърӯзаи сардори раёсати маорифи шаҳр Бобохон Саидзода оид ба фаъолият дар соли таҳсили 20202021 ва вазифаҳо барои соли хониши нав аз ҷумла зикр гардид, ки дар шаҳри Исфара айни ҳол 87 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 74 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 9 литсей, 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 2 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ, 1 мактаб-интернат ва 1 хонаи бачагон фаъолият менамоянд, ки дар онҳо дар давоми соли таҳсил 50032 нафар хонанда (24567 нафар духтарон) аз
таҳсил фаро гирифта шуда буданд ва ин нисбат ба соли таҳсили гузашта 608 нафар зиёд мебошад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3267 нафар омӯзгорон (2220 нафар занҳо) фаъолият мебаранд, ки аз онҳо 2694 нафар бо таҳсилоти олӣ (82,5%), 227 нафар бо таҳсилоти олии нопурра (6,96%) ва 346 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ (10,6%) мебошанд. Шумораи омӯзгорон нисбат ба соли таҳсили қаблӣ 74 нафар зиёд шудааст. Имсол натиҷаи олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои хонандагони синфҳои 5-11 назаррас буд. Зеро хонандагони 29 муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Исфара ба гирифтани 101 ҷойи ифтихорӣ ноил гардиданд. Сипас, раиси шаҳри Исфара
Баҳоваддин Баҳодурзода дар назди ҳозирин баромад намуда, зимнан афзуд, ки «Сатҳи рушди ин ё он давлатро пеш аз ҳама пешрафту инкишофи илму маориф, сатҳи тарбияву маърифатнокии аҳолӣ ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои навини техникаву технологияи муосир муайян мекунад. Баланд бардоштани сатҳу сифати дониш дар муассисаҳои таълимӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва барои расидан ба ин мақсад дар муассисаҳои таълимии шаҳри Исфара шароити мусоиди таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст". Шаҳрдори Исфара таваҷҷуҳи аҳли маорифро бештар ба масъалаҳои ободонӣ ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ, баландбардории маҳорату малакаи тахассусии омӯзгорон, таъмини самаранокии раванди таълим ва тарбияи ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ дар ниҳоди хонандагон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, ҳамчунин риояи қатъии талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷалб кард. Дар фарҷоми машварат ба як қатор кормандони соҳаи маориф Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсати маориф супорида шуданд. Дар кори машварат намояндаи раёсати маорифи вилояти Суғд С. Раҳматов ширкат ва суханронӣ кард. Барномаи фарҳангӣ анҷомбахши чорабинӣ гардид.
18 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо олимони кишвар бо мақсади ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар кардани сифати таҳқиқоти илмӣ дар ҳамаи институту марказҳои илмии академӣ пешниҳод намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои ҳавасманд гардонидани олимону омӯзгорони фанҳои табиӣ ва дақиқу риёзӣ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис диҳад ва ҳар сол 15 нафар омӯзгорону олимони беҳтарин бо ин мукофот сарфароз гардонида шаванд. Бори аввал тибқи қарори комиссияи дарёфти ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2021, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 15 нафар омӯзгорони беҳтарин соҳиби ҷоиза гардиданд. Дар анҷоми маросими мукофотсупорӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳамаи нафаронеро, ки барои фаъолияти пурсамар дар роҳи рушду пешрафти ҷомеа аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ имконияту қобилияти зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони мамлакат равона месозанд. АМИТ "ХОВАР"
Ба ҳар оила китоби "Тоҷикон"
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара аз туҳфаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хушҳол ҳастанд.
К
итоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳамчун туҳфаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шарафи ҷашни 30 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфара дастрас гардид. Ин туҳфаи арзишманд аз ҷониби
муовини вазири молия Сафарзода Рукмина ва дигар намояндагон ба Исфара оварда шуда, ба аҳолӣ тақдим карда шуда истодааст. Муовини раиси шаҳр Бобоиён Мадина Абдуяқинзода дар остонаи таҷлили 30-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба исфарагиён тақдим шудани туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нишони таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти мамлакат ба Исфара арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки китоби "Тоҷикон" ба ҳар хонадони исфарагӣ дастрас карда мешавад. Зеро ин шоҳасар дар шинохти ҳуввияти миллӣ нақши калидӣ касб карда, дар баландбардории ҳисси ватанхоҳиву ватанпарастии ҷомеа саҳми барҷаста дорад.