30-31 2015.qxp имруз_Layout 1 24.12.2015 9:08 Страница 1
Имруз Аз имрeз коре ба фардо намон, Чb донb, ки фардо чb гардад замон!
Хафтаномаи чамъиятию сиёси
№ 30-31 (309-310)
ДАЪВАТИ ИҶЛОСИЯИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚ Мутобиқ ба қарори раиси шаҳри Исфара санаи 28 декабр Иҷлосияи чоруми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, даъвати панҷум доир мегардад. Дар назар аст, ки Иҷлосияи мазкур масъалаҳои зеринро баррасӣ намояд: * Ҳисоботи раиси шаҳри Исфара «Оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии
аз 25 декабри соли 2015 шаҳри Исфара дар ёздаҳ моҳи соли 2015»; * Оид ба иҷрои буҷети соли 2014 ва тасдиқи буҷети давлатии шаҳр барои соли 2016; * Дар бораи муқаррар намудани андозҳои маҳаллӣ дар шаҳри Исфара барои соли 2016; * Дар бораи ворид намудани тағйирот ба нақшаи даромад ва хароҷоти буҷети маҳаллии шаҳри Исфара дар соли 2015; * Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии «Сари Осиё», № 5 Ҷалилова Фотима дар бораи рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ; * Тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр.
email: gazeta-imruz@mail.ru
www.tojinfo.ru
Исфара, кeчаи Марказb-10.
БО ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ФАРДОИ ДУРАХШОН
“БЕҲТАРИН ОИЛАИ ЭҶОДКОР”-И ВИЛОЯТ Озмуни вилоятии «Оилаи намунавии соли 2015» ҷамъбаст ва дар он оилаи Пӯлодовҳо аз Исфара беҳтарин оилаи эҷодкори вилояти Суғд дониста шуданд. Озмуни мазкур бино ба гуфти корманди шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Гулчеҳра Раҳимова аз рӯйи панҷ бахш. аз ҷумла оилаи ҳунармандон, эҷодкорон, эҳёгари анъанаҳои миллӣ, намунавӣ ва беҳтарин оилаи ҷавон сурат гирифта, дар онҳо оилаҳо аз 18 шаҳру навоҳии вилояти Суғд байни ҳам сабқат намуданд. Дар ин озмун аз Исфара оилаи Пӯлодовҳо аз деҳаи Чилгазӣ иштирок ва дар бахши оилаи эҷодкор беҳтарин шинохта шуданд.
Мавлонидин Пӯлодов собиқадори матбуот буда, беш аз 10 сол сармуҳарририи рӯзномаи «Насими Исфара» 1982-1992-ро бар ӯҳда дошт. Дар рӯзномаҳои «Пионери Тоҷикистон», «Машъал» ва «Ҳақиқати Суғд» фаъолият бурдааст. Замоне сарвари бахшии Исфарагии бунёди забон буд. Ҳамсараш Ӯғулой Маҳкамова собиқадори соҳаи маориф буда, беш аз 42 сол зиндагии якҷоя доранд. Фарзандонро соҳиби маълумоти олӣ намудаанд. Фарзандонашон ҳарчанд дар соҳаи гуногун кор менамоянд, аммо соҳиби маҷмӯаи ашъор ҳастанд. Якеи онҳо Шарофат Абдуллоева аст, ки бо номи Шарофат чакидаҳои хомааш пешкаши ҳаводорони шеъри ноб гаштааст.
МАРҲИЛАИ ТОЗАИ БУНЁДКОРИҲО Давоми соли 2015 дар шаҳру деҳоти Исфара дар радифи рушди соҳаи кишоварзию таъмиру тармими роҳҳо ва беҳтар кардани шароити кормандон ба раванди сохтмон диққати хоса доданд. Ин аст, ки айни замон сохтмони зиёда аз 60 иншоотҳои таъминоти гуногуни истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ роҳандозӣ гардидааст. Бино ба гуфти М.Бузургхӯҷаев, мудири бахши иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара дар доираи амалигашти «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017»
сохтмони Маркази адлия барои кормандони САҲШ, нотариус ва судиҷрочиёни шаҳр, бинои хизматии прокуратураи шаҳр, таъмиру азнавсозии бинои якуми беморхонаи марказии шаҳр тибқи нақша сурат мегиранд. Инчунин мутобиқи нақшаи генералии шаҳри Исфара, дар маркази шаҳр 7 бинои панҷ-шашошёнаи истиқоматӣ сохта шуда истодааст. Мутобиқ ба маълумоти расмӣ давоми 11 моҳи соли 2015 ба маблағи 21,4 млн сомонӣ корҳои пудратӣ дар Исфара ба иҷро расида шудааст, ки нисбати ҳамин да
Тел: 2-61-62
Ҳамагон огоҳӣ дорем, ки Тоҷикистон ва халқи сарбаланди он бо кадом маҳрумиятҳову мушкилиҳо имрӯз соҳиби ояндаи дурахшону осмони соф гаштааст. Ва дар ин ҷода ба таърих рӯй овардан аз сабақ холӣ нест. Ҳодисаҳои сиёсии августи соли 1991 дар шаҳри Москва сабаб гашт, то ки аз харитаи ҷаҳонӣ номи як давлати абарқудрат, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Сотсиалистии Шӯравӣ (ИҶСШ - СССР) бардошта шуда, ба ивази он 15 давлати нав пайдо гардад. Дар қатори онҳо санаи 9 сентябри ҳамон сол тоҷикон низ баъд аз 1000 соли сулолаи Сомониён соҳиби давлати соҳибистиқлол, Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштанд. Ин рӯйдоди таърихӣ боиси хурсандии шаҳрвандон шуда, барои умеду орзуҳои рангин аз ояндаи дурахшони Ватани маҳбубамон дарак дод. Чунин ҳолат бархе аз душманони миллати қадима ва куҳанфарҳанги моро ором намегузошт. Ин буд, ки бо мақсади аз байн бурдани давлати ҷавони соҳибихтиёр хоҷаҳои бурунмарзӣ, бо истифода аз нерӯҳои носолими ба истилоҳ «демократу равшанфикр», тавонистанд дар ҳудуди Тоҷикистон бӯҳрони тӯлонии сиёсиро ба вуҷуд оварда, сипас, аз моҳи майи соли 1992 миллатро ба доми ҷанги бародаркуш кашанд. Гирдоби қазияи шаҳрвандӣ дар замоне сар зад, ки вазъи сиёсию иқтисодии ҳамаи давлатҳои собиқ Шӯравӣ, бахусус Тоҷикистон дар ҳолати ногувор қарор дошт. Идеологияи коммунистие, ки зери таъсири он тӯли 70 сол якчанд насли пешин ба воя расида буд, аз байн рафт. Бар ивази ақидаҳои қаблӣ ғояҳои гуногуни ба мардуми мо бегона ба тарзи сунъӣ ба кишвар ворид карда шуда, сабаби нофаҳмиҳою низоъ, маҳалгароӣ ва ба якчанд гурӯҳ тақсим гардидани ҷомеа гардид. Кинаю адовати шадид ва
хусумат нисбати якдигар, бесарусомонию беҳокимиятӣ, зуҳуроти тахрибкоронаи диндорони ғайр ба он расонид, ки хуни мардуми бегуноҳ рехта шуд, шаҳру деҳоти минтақаҳои алоҳида ба харобазор мубаддал гаштанд. Аҳолии осоишта қашшоқ гашта, ақли оммаро ноилоҷию бедармонӣ фаро гирифт. Шумораи гурезагоне, ки дар кишвари Афғонистон азобу уқубати ғарибӣ мечашиданд ба як миллион расида буд. Ба замми ин роҳбарони он давра аз ӯҳдаи иҷрои рисолати хеш дар назди халқу меҳан набаромада, пайдарпай ба истеъфо мерафтанд. Кор то ба дараҷае расид, ки пойтахти азизамон як муддат зери тасарруфи қувваҳои ғаразноки аз хориҷа идорашаванда афтода, ба давлати миллии тоҷикон хатари аз байн рафтан таҳдид мекард. Маҳз дар чунин вазъияти ноустувор, моҳи ноябри соли 1992 фалак ба тоҷикон раҳм кард. Дар Хуҷанди бостонӣ Иҷлосияи XVI -уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда, ба иҷлосияи тақдирсоз мубаддал гардид. Чунки маҳз дар он ҷо бо интихоб гардидан ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омад. «Ман ба халқу миллатам сулҳу ваҳдат меорам. То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ором намехобам», - ин буд аввалин суханҳои сарвари тозаинтихоби Чумхурии Точикистон. Оре, дар пеш мушкилиҳои зиёде буданд, ки роҳи ҳалли онҳо дар таърихи навин амсоле надорад. Зиёда аз як миллион гуреза дар ғарибӣ, ҳазорҳо манзили валангор, корхонаю истеҳсолоти бефаъолият ва робитаҳои иқтисодии кандашуда бо кишварҳои ҳамсоя, бонкҳои холӣ, роҳҳои вайрона, мардуми бекору гурусна, ҳазорҳо ятимон, авҷи ҷинояткорӣ, бунбасти
коммуникатсионӣ, тобеияти энергетикӣ, сарҳади кушода, набудани Артиши миллӣ ва инчунин, дигар институтҳои таҷрибадори давлатдорӣ, дигар мушкилию норасоиҳо – чунин аст меросе, ки насиби ин марди шуҷоъ гардид. Ба ҳамаи мушкилиҳо нигоҳ накарда, соли 1993 Артиши миллӣ ва Гвардияи миллӣ ташкил карда шуд. Соли 1994 мардуми Тоҷикистон соҳиби Сарқонун (Конститутсия)-и нав гардида, Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Дар марҳилаҳои гуногуни роҳбарӣ Ҷаноби Олӣ борҳо ҷони худро зери хатар гузошта, ба минтақаҳои даргир, аз ҷумла Афғонистон сафар кард. Бо роҳбарони мухолифини онвақта гуфтушунидҳои босамар барпо намуда, оқибат ба мақсади сулҳпарастонаи худ расид. Санаи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия Созишномаи ризоияти сулҳи тоҷикон ба имзо расида, Тоҷикистон аз гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфт. Ҳамзамон, ҳамаи гурезагон аз ғарибӣ ба Ватани худ баргардонида шуданд. Солҳои минбаъда Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯшишу заҳмат ва сиёсати хирадмандонаи худ, бо гузаронидани чорабиниҳои муҳими сиёсӣ баҳри эҳё намудани таъриху фарҳанги ниёгон, пос доштани хотири фарзандони барӯманди миллат, бо ташаббус ва амалӣ гардонидани лоиҳаҳои бузургу беҳамто, ба мисли сохтмони шоҳроҳҳою нақбҳои ҳозирзамон, роҳи оҳан, нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», нерӯгоҳҳои «Помир-1», «Помир-2» ва ғайра, мусоидат ба рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, соҳибкорӣ, сохтмони иншоотҳои саноатию маишӣ ва манзил, муттаҳид намудани тоҷикони дунё, инчунин бо дигар кирдорҳои нек тавонист ба дилу дидаи ҳар як фарди тоҷикистонӣ ҷой гирифта, соҳиби ифтихори миллӣ гардад. Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Ҷаноби Олӣ Эмомали Рахмон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохта шуда, сазовори нуфузу эҳтироми хос гардидааст. Бо камоли эҳтиром ва боварии комил метавон гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон пешвои миллат буда, дар назди ҷаҳониён таҷассумгари симои безаволи тоҷикон мебошад. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистони азизро фардои дурахшон интизор аст.