Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 30 (9212) *** Чоршанбе 9. 08. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
Лавозимоти мактабӣ бо нархҳои арзон Дар назди бинои маҷмааи савдои «Марҳабо»-и маркази шаҳр ярмарка - фурўши лавозимоти мактабӣ ба кори худ оғоз кард.
Ҷоизи қайд аст, ки ярмаркаи мазкур бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мусоидати раёсати маориф ташкил карда шуда, дар ин ҷо корхонаву коргоҳҳои дўзандагии ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара маҳсулоти истеҳсолнамудаи худро пешниҳоди хонандагону волидайни онҳо намуданд. Дар маросими ифтитоҳи ярмарка, ки бо иштироки толибилмону омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр, падару модарон ва намояндагони ҷомеаҳои
Бо ширкати раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар деҳаи Чоркӯҳ зинаи нави мумфаршкунии роҳҳои дохили деҳа оғоз гашт.
Тавре ба мо раиси ҷамоати Чоркўҳ Шукурхон Насриев иттилоъ дод, то ба имрўз бо маблағгузории соҳибкорони маҳаллӣ, кўмаки сокинон, техникаву нақлиёт ва кормандони муассисаи
меҳнатӣ сурат гирифт, муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин Қудрат ва раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ҳузур ва каломронӣ доштанд. Дар ҷараёни ҳамоиш гуфта шуд, ки дар соли нави хониш дар Исфара барои 28 ҳазору 200 нафар толибилм дўхтани либоси ягонаи мактабӣ ба нақша гирифта шудааст ва то имрўз барои 16 ҳазор нафар хонандагон либос дўхта шудааст, ки 57 фоизро ташкил медиҳад. Аз номи маорифчиёни шаҳр сарвари муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 67 Софияхон Ҷалилова баромад намуда, ба Пешвои миллат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр барои ғамхориҳои доимӣ дар ҳаққи
мактабу маориф изҳори миннатдорӣ кард ва аз номи кормандони соҳаи таълиму тарбия ваъда дод, ки муаллимон минбаъд ҳам бо корбаст аз тамоми воситаву имкониятҳо кўшиш ба харҷ хоҳанд дод, то рисолати худро дар назди халқу давлат бо сарбаландӣ адо карда бошанд. Дар рафти чорабинӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии қишри осебпазири ҷомеа муовини раиси вилоят Файзуллозода Заробиддин Қудрат ва раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ ба 300 нафар хонандагон аз оилаҳои ниёзманд сару либос тақдим намуданд. Боиси қайд аст, ки дар ин рўз ҳамчунин бо иқдоми сарвари корхонаи дӯзандагии «Салимабону» Салима Исматова ба 150 нафар ва коргоҳи дӯзандагии «Ҷаҳоноро» ба 80 нафар либосҳои мактабӣ туҳфа карда шуд. Ярмаркаи мазкур ҳамарӯза аз соати 8:00 то соати 17:00 дарҳояшро ба рўйи харидорон боз мекунад.
Чоркӯҳ обод мешавад назорати давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳр дар масофаи 3 000 метр роҳи марказии маҳаллаи Таги Сада бо харҷи беш аз 200 ҳазор сомонӣ мумфарши гарм хобонида шудаву дар 2 километр роҳи байни мадрасаи Чоркўҳ ва даромадгоҳи деҳаи Хоҷаи Аъло бо харҷи 37 ҳазор сомонӣ корҳои вобаста ба таъмири ҷории роҳ дар сатҳу сифати лозимӣ анҷом дода шудаанд. Дар маҳаллаҳои Масчиди Миёна, Чакалак ва Мирзоҳо дар маҷмўъ дар масофаи 1 километр умури вобаста ба тахту ҳамворкунӣ ва шағалпўшнамоии роҳ ба итмом расидаву дар назар аст, ки ояндаи наздик дар ин масофа низ мумфарши гарм хобонида хоҳад шуд.
Муаррифии асарҳои Эмомалӣ Раҳмон Дар китобхонаи марказии шаҳр муаррифии асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Лозим ба зикр аст, ки ин асарҳои Пешвои миллат чанде пеш тавассути "Корвони китоб" ба китобхона дастрас шуда буданд. Дар ҷараёни он мудири бахши фарҳанги шаҳр Сабурхон Амонуллоев ва масъулини китобхона бо баробари муаррифии асарҳои Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон "Чеҳраҳои мандагор", «Забони миллат-ҳастии миллат», "Точикон дар оинаи таърих" аз ҷаҳду талоши Пешвои миллат дар солҳои мухталиф баҳри қатъ намудани ҷанги шаҳрвандӣ, сарҷамъ намудани миллат, таҳкими сулҳу субот ва заҳматҳо дар самти таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти энергетикиву озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ёдовар шуданд.
Маблағи харҷ дар ин мавзеъ наздики 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ҷамоати деҳоти Чоркўҳ тасмим гирифтааст то охири сол нишондиҳандаи роҳҳои ободро дар ҳудуди деҳа ба маротиб зиёд кунад. Ҳамчунин дар Чоркўҳ дар доираи чорабиниҳо бахшида ба 26- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-солагии баргузории Иҷлосияи тақдирсози 16-ум Шўрои Олии Тоҷикистон боз ҳам бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бинои ҷамоат аз таъмири хушсифат бароварда шуда, кўчаи марказии деҳа аз беморхона то ба бинои ҷамоат бо харҷи 18 ҳазор сомонӣ пурра чароғон карда шуд.
Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат Ширкатдорони Форуми ҷумҳуриявии кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва дигар намояндагони ҷавонони фаъоли мамлакат таҳти унвони "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" ба шаҳри Исфара ташриф оварданд.
О
нҳо дар даромадгоҳи шаҳр аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷавонони фаъоли шаҳр гарм истиқбол гирифта шуданд. Дар мизи мудаввари ҷумҳуриявӣ дар мавзўи "Нақши ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ" пас аз каломи муқаддимавии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ як қатор намояндагони кумитаву вазорат ва идораҳои ҷумҳуриявӣ баромад намуда, бо маъние изҳор доштанд, ки имрўз ҳукумати мамлакат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳим саҳми ҷавононро назаррас унвон намудааст. Махсусан, таблиғи насли наврас ба омўзиши мероси таърихӣ, ташаккули худшиносиву худогоҳии миллӣ аз таваҷҷўҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҳёву шинохти арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад. Ба ҳамин хотир аст, ки Пешвои миллат, борҳо таъкид намудаанд: «Ҷавонон бояд номбардори ниёгони хирадманд, сулҳпарвар, эҷодкор ва баору номуси хеш бошанд». Моҳияти ин нуктаи муҳими таъкид намудаи Президенти мамлакат, пеш аз ҳама, дар ҷалби ҷавонон ба маърифати арзишҳои таърихии ниёгон ифодаи худро пайдо мекунад. Боиси сарфарозист, ки ҳамин гуна нигоҳ ба таъриху фарҳанг ва арзишҳои маънавии гузашта дар
Дар чойхонаи "Марворид"-и шаҳр шоми мақомхонӣ баргузор гардид.
"Шоми мақомхонӣ" дар "Марворид" Он дар доираи нақшаи чорабиниҳои бахши фарҳанг вобаста ба "Соли ҷавонон" ва ҷиҳати баланд бардоштани мақоми мусиқии анъанавии тоҷикӣ дар ҷомеаи муосир ва рушди ҳамаҷонибаи тафаккури бадеӣ ва маънавии ҷавонон сурат гирифт. Дар ҷараёни он ду нафар ҳунармандони ҷавони "Ансамбли мақом"-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон Зоиршоҳ Ҳайдаров ва Абдурауф Абдурозиқов баромад намуданд. Бояд гуфт, ки Зоиршоҳ Ҳайдаров зодаи Исфара, соҳиби шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни чумхуриявии телевизионии мақомхонон таҳти унвони «Ганҷҳои ҳунар»мебошад. Абдурауф Абдурозиқов бошад, дастпарвари консерваторияи миллӣ буда, ба ў Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Усмонҷон Юсуфов ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мастона Эргашева ҳаққи устодӣ доранд.
ҷомеаи мо миёни ҷавонон сол аз сол тавсеа пайдо менамояд. Ин шаҳодат аз он медиҳад, ки сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат барои тарбияи фикриву маънавии насли ҷавон нақши равшан мегузорад. Афзудани шумораи ҷавонони лаёқатманд, олимону шоирон, ихтироъкорон, ҳунармандони ҷавон ва тарбияи аксари онҳо дар рўҳияи худогоҳӣ аз ин амри муҳим дарак медиҳад. Дар ҷараёни мизи мудаввар ҳамчунин ба масъалаҳои мусоидати ҷавонон ба таъмини иҷроиши қонунҳои ҶТ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" ва "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ байни ҷавонон ва шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар шаҳри Исфара ширкатдорони Форуми ҷумҳуриявии "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат" имкон доштанд аз маконҳои таърихиву сайёҳӣ дидан намоянд. Ба ҷавонони фаъоли кишвар хусусан шиносоӣ бо осорхонаи тиббӣ тоҷик дар осоишгоҳи "Зумрад" басо муассиркунанда буд. Минбаъд бошад, дар гулбоғи ба номи Сайфуддини Исфарангии маркази шаҳр бахшида ба Соли ҷавонон барномаи фарҳангӣ доир гардид, ки дар раванди он зиндагии осудаву ором, раванди бунёдкориву созандагӣ ва орзуву ормонҳои айёми ҷавонӣ васфу ситоиш карда шуданд. Ҳамчунин дар ин макон шомгоҳ ба муносибати Соли ҷавонон гулхан афрўхта шуд. Форуми ҷавонон бо ибтикори кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Суғд роҳандозӣ гардид.
Конференсияи об
Дар идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр дар мавзўи " Даҳсолаи амал "Об барои рушди устувор - солҳои 2018 - 2028" конфронси илмӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни конфронс муовини раиси шаҳр М. Муҳиддинзода, мутахассисони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ ва собиқадорони соҳаи оби вилоят ширкат доштанд. Пас аз каломи муқаддимавии сардори идораи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр Р. Шомирсаидов вобаста ба мавзўъ котиби шўрои ҳавзавии дарёи Исфара А. Раҳматов маърўза намуд. Дар анҷоми нишаст хизмати бисёрсолаи яке аз фидоиёни соҳаи беҳдошти замин ва обёрии шаҳр Яҳёхон Қурбонов хоса тазаккур дода шуд. Аз саҳми ин мутахассси чашмикордон собиқадори меҳнат А.Шомирсаидов, сармуҳандиси идораи беҳдошти замин ва обёрӣ А. Аҳадов, раиси кооперативи тиҷоратӣ - тухмипарварии "Чоркўҳ" Н. Олимов, шарикдарсону ҳамкорон ёдовар шуданд.