30 2015

Page 1

РУЗИ ВАХДАТИ МИЛЛИ МУБОРАК! Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 апрели соли 1932 ***

ИСФАРА

№ 30 (9111) ***

Чоршанбе, 24. 06. 2015.

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Зоҳидзода Даврони Абдуқодир, раиси шаҳри Исфара:

РУЗИ НАЧОТИ МИЛЛАТ МУБОРАК БОД!

Ҳамдиёрони азиз! Санаи 27 июни соли 1997 ҳамчун рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар саҳфаи таърихи давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад. Аз он хотир, ки ба гуфтори Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: - "Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулоддаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт". Агарчӣ расмияти сиёсии имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон санаи 27 июни соли 1997 анҷом пазируфт, аммо марҳилаи сулҳо-

фаринӣ ва талош барои таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвар аз минбари Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон, бо паёми сулҳнисори Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтаву нидои "Ман ба шумо сулҳ меоварам" –и Ҷаноби Олӣ дар қалби ҳазорҳо мардуми ранҷури диёр шӯълаи умедро фурӯзон карда буд. Аммо, роҳи сулҳ барои мо –тоҷикону тоҷикистониён роҳи осону ҳамвор набуд. Зеро то он рӯзҳо модели тайёри ҳалли мушкилот ва мухолифат вуҷуд надошт. Роҳбарияти давлат дар раванди ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ бо намояндагони собиқ мухолифин, ки қариб чор сол идома ёфтанд, ба хотири сулҳу салоҳ гузаштҳо мекард, фазои боварию эътимодро фароҳам меовард. Ҳамшаҳриёни гиромӣ! Ваҳдат барои мо номаи

тақдир, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва кафили хушбахтии халқамон аст. Мо бояд истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадр кунем, онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем. Ҳеч гоҳ фаромӯш накунем, ки пояи давлати мо бар ҳамин мафҳумҳо асос ёфтаанд. Бо шукргузорӣ аз суботу оромӣ ва рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз ман ҳар яки Шуморо бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ - ваҳдати фарогир, халалнопазир ва ҷовидонаи тоҷикон сидқан табрику муборакбод мегӯям Ба Ватани маҳбубамон ваҳдати пойдору устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба хонадони ҳар яки Шумо оромиву осудагӣ, хуррамӣ ва саодати рӯзгорро таманно дорам. Орзуманди он ҳастам, ки ҳидоятҳои ваҳдатофарини Пешвои тавонои миллат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ормонҳои волои ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ ҳамеша раҳнамову илҳомбахши мардуми кишвари мо бошанд. ҶАШНИ ФАРХУНДАИ ВАҲДАТ БАРОЯТОН ФАРХУНДА БОД!

Дар арафаи таҷлили солгарди навбатии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинону соҳибкорон таъмири куллии яке аз кӯчаҳои маркази шаҳр, ки номи Бобоҷон Ғафуровро дорад, оғоз гардид.

Роххои автомобилгард обод мешаванд Дар xараёни xамъомаде, ки ба ин муносибат доир карда шуд раиси ша[р Зо[идзода Даврони Абдуrодир ва чанд тан аз сокинону собиrадорон баромад карда, шурeъ шудани раванди мавсими нави таъмиру азнавсозии ро[[оро нишони сарxамъиву якдигарфа[мb, устувории сул[у суббот дар xомеа ва якмаромии сохтор[ои давлативу xомеаи ша[рвандb дар самти ободу зебо гардонидани диёри ма[буб арзёбb намуданд. Бино бар суханони Зо[идзода Даврони Абдуrодир тибrи дастуроти Президенти мамлакат кор[ои лои[агирии азнавсозии ро[и Исфара – Хуxанд, ки rитъаи

18,2 километраи он аз [удуди ша[р мегузарад анxом ёфта, [уxxату санад[ои зарурb ба вазорати наrлиёт ва ба Бонки умумиxа[онb ирсол гардидааст. Рeз[ои наздик азнавсозии пули мошингузари де[аи Чорrишлоr низ оuоз хо[ад ёфт. Лозим ба тазаккур аст, кeчаи Бобоxон Uафуров, ки беш аз 1 километр дарозb ва 10 метр па[ноb дорад, бо вуxуди яке аз кeча[ои сер[аракату асосии ша[р будан, наздик ба 30 соли охир умуман ягон намуди таъмирро надида буд. Раиси муассисаи назорати давлатии ро[[ои автомобилгарди ша[р Абдухаллоr Абдусатторов дар сe[бат бо

Зардолухушккунии ИСФАРАГИХО дар ХАТЛОН

Садҳо нафар соҳибкорони инфиродӣ аз шаҳру деҳоти Исфара, ки манбаи асосии даромадашон аз ҷамъоварӣ, хушконидан ва тиҷорати меваҷот аст, имрӯзҳо дар шаҳру навоҳии ҷануби кишвар бо ғунучини зардолу машғуланд.

Тавре маълум аст, бар асари сардиҳои ғайримуқаррарии охири моҳи март ва аввали моҳи апрел аз 10292 гектар боғоти Исфара ба 9076 гектар зарари ҷиддӣ расида буд. Аз офати табиӣ 8678 гектар боғоти меваҳои донакдор ва 251 гектар ангурзорҳо хисорот дидаанд, ки маблағи умумии зарари расида 26 миллиону 818 сомониро ташкил додааст. Дар доираи нақшаи чораби-

ниҳои бартарафсозии пайомадҳои нохуши офати табиии мазкур мувофиқ ба ризоияти тарафайни роҳбарияти вилоятҳои Суғд ва Хатлон, раисони як қатор шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо ҳамроҳии сарварони корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҷиҳати баррасии масъалаи харидории меваю сабзавот ба манотиқи ҷануби кишвар сафари корӣ анҷом доданд.

Дар натиҷаи сафар таҳти сарварии раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир 4 корхонаҳои консервабарории шаҳр оид ба харидорӣ ва коркарди меваю сабзавот бо хоҷагиҳои боғпарварии вилояти Хатлон шартномаҳоро ба имзо расониданд. Бино ба афзудаи директори ҶДММ «Субҳи Ватан» Абдуманнон Эрматов чунин тадбирандешиҳо имкон додааст то мушкило-

ти таъмини корхона бо ашёи хом осон гардонида шавад. Котиби матбуоти раиси шаҳр Иқбол Тешаев бошад, дар навбати худ изҳор дошт, ки алъон беш аз 100 нафар соҳибкорони шаҳрамон бо ҷалби аз 10 то 15 нафар сокинони деҳот ба ҳайси коргарони мавсимӣ дар боғоти навоҳии Восеъ, Фархор, Шаҳритуз, Қубодиён ва Бохтар саргарми ҷамъоварӣ ва хушконидани меваҷот мебошанд. Соҳибкори дигар Хайрулло Ризоев афзуд, ки дар пайи боздиди роҳбарияти шаҳр аз вилояти Хатлон аз тариқи фаъолият дар хоҷагиҳои боғпарварии минтақаи ҷануб боғдорони Исфара имкон пайдо намуданд, ки зарари аввали баҳор дидаашонро ҷуброн

мо из[ор дошт, ки xи[ати ба анxом расонидани кор[ои вобаста ба таъмири асосии ро[и кeчаи мазкур харxи 300 [азор сомонb пешбинb шудааст ва то имрeз дар ин xода аллакай сокинони ша[р, со[ибкорон ва албатта, маrомоти иxроияи ма[алии [окимияти давлатb са[мгузорb намудаанд. Имсол ро[созони ша[р тасмим гирифтаанд бо дастгирии вазорати наrлиёт, маrомоти иxроияи [окимияти давлатии ша[р ва мардуми саховатманд 14,7 километрро аз таъмири асосиву 70 километрро аз таъмири xорb бароранд. "НИ".

намоянд. Тибқи гуфтаи Ризоев ӯ дар навоҳии Восеъ ва Фархор майдони 15 гектар боғотро ба иҷора гирифтаву бо ҷалби 5 нафар сокинони Исфараву 10 нафар мардуми маҳаллӣ ба ғунучин ва хушконидани ҳосил машғул аст. Тавре аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ иттилоъ додаанд, алъон беш аз 30 нафар соҳибкорони инфиродии деҳа дар манотиқи мухталифи қисмати ҷануби Ҷумҳурӣ андармони ҷамъоварии ҳосили боғот мебошанд. Масалан, хешовандон Нусратулло ва Саиднӯъмон Аҳтамовҳо дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритуз 13 гектар боғотро ба иҷора гирифта, 17 нафар сокинони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва 34 нафар аҳолии маҳаллиро ба кор ҷалб намудаанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.