30 17 08 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

ИСФАРА

***

№ 30 (9165) ***

Чоршанбе,

17 августи соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Исфара ба таҷлил омода аст? Бо супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ошноӣ бо сатҳу сифати корҳои омодагӣ ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Исфара нозири давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти мамлакат Зоҳирҷон Ҳикматуллозода ва муовини аввали сардори ситоди Агентии таъминоти махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатзода Раҷабалӣ Маҳмадшоҳ ташриф оварданд.

Меҳмонон таи чанд рӯз дар манотиқи мухталиф бо умури созандагӣ ва омодагӣ ба ҷашни бузурги милливу давлатӣ шинос шуданд. Дар мулоқоти намояндагони Дастгоҳи Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо роҳбарияти шаҳр, сарварони ҷомеаҳои меҳнатӣ ва фаъолон, ки дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор гардид, Зоҳирҷон Ҳикматуллозода ва Саодатзода Раҷабалӣ Маҳмадшоҳ аз муовинони раиси шаҳр ва масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сарварони соҳаҳо вобаста ба корҳои дар самти истиқболи сазовори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозпурсии қатъӣ ба амал оварданд. Зимнан дар робита бо эҳсос карда нашудани шукуҳи идона дар ҳудуди шаҳр, ба миқдори кофӣ дида нашудани Парчами миллӣ, шиору овезаҳои тарғибгари аҳамияти истиқлолияти давлативу баёнгари азму ниятҳои неку ободгаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, суст ба роҳ монда шудани раванди ташкили чорабиниҳои идонаву ободонӣ, дар кӯчаву хиёбонҳову ба пуррагӣ бардошта нашудани партовҳои қади роҳ эродҳои ҷиддӣ гирифта шуд. Масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони муассисаву корхона ва ташкилоту идораҳо вазифадор карда шуданд, ки дар рӯзҳои наздик ҷиҳати рафъи камбудиву ноқисиҳои ҷойдошта тадбирҳои муассир ва мушаххас андешанд. Дар анҷом раиси шаҳр Раулзода Дилшод Ҷабборӣ бо баробари изҳори ташаккур барои дастуру маслиҳатҳои муфид, онҳоро бовар кунонид, ки дар фурсатҳои кутоҳтарин камбудиҳои ҷойдошта бартараф карда мешаванд ва мардуми шарафманди шаҳру деҳоти Исфара ҷашни саиди милливу давлатиро дар сатҳу сифати баланди сиёсиву ташкилӣ истиқбол хоҳанд гирифт.

25 соли барқчиён

Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо аҳли фарҳанг мулоқот кард. Сароғоз мудири бахши фарҳанги шаҳр Сабурхон Амонуллоев баромад намуда, бо зикри дастовардҳо аз мушкилоту норасоиҳои мавҷуда ҳарф зад. Гуфт, ки дар ҷамоатҳои деҳоти калонтарин – Хонобод, Чоркӯҳ ва Навгилем умуман хонаҳои фарҳанг вуҷуд надоранд. Иншоотҳои фарҳангӣ аксаран ба таъмири хушсифат ниёз дошта, дар онҳо норасоии асбобҳои мусиқӣ эҳсос мегардад. Таъминоти китобхонаҳо бо китоб беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад ва дар ин радиф дар ҳаллу фасли муаммоҳои ҷойдошта дастгирии мақомоти иҷроия даркор аст. Минбаъд мудири клуби сайёр Меъроҷиддин Нарзиев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исроилҷон Файзиддинов ва мудири хонаи маданияти деҳаи Ворух Маҳмудҷон Ниёзов дар иртибот бо зарурияти харидории таъҷилии баландгӯякҳои замонавию асбобҳои мусиқӣ ва таъмири хонаи маданияти деҳаи Ворух изҳори назар карданд. Исроилҷон Файзиддинов иброз намуд, ки барои саривақт ва босифат анҷом ёфтани корҳои азнавсозӣ дар гулбоғи

Мулоқот бо аҳли фарҳанг

ба номи Сайфи Исфарангӣ 5 ҳазор сомонӣ маблағ ирсол хоҳад намуд. Маҳмудҷон Ниёзов бошад, изҳори омодагӣ намуд, ки маоши якмоҳаи худро ба суратҳисоби ободонии боғи фарҳанги шаҳр гузаронад. Умуман кормандони бахши фарҳанги шаҳр тасмим гирифтанд, музди меҳнати якрӯзаи худро ба ин ҷабҳаи созандагӣ гузаронанд. Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар навбати худ аз фурсати пешомада барои баргузории мулоқоти самимӣ ва

гуфтушуниди ошкоро бо аҳли фарҳанг изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон бо ваъдаи дастгирӣ аз иқдомҳои неки кормандони соҳа дар осонгардонии мушкилоти мавҷуда ва вазифагузориҳои мушаххас иттилоъ пеш овард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тасмим гирифтааст, дар ояндаи на он қадар дур дар Исфара Қасри фарҳанги наве бунёд намояд. Иншооти мазкур аз 800 ҷойи нишаст, китобхонаи замонавӣ, толорҳо барои баргузории нишастҳои матбуотӣ, машқи

ансамблҳои шашмақомсароён, мусиқии муосир ва дастаи ҳунарии рақсӣ, ҳамчунин ҳуҷраҳои корӣ иборат хоҳад буд. Он Қасри фарҳанге, ки айни ҳол дар маркази шаҳр амал мекунад, ҳанӯз соли 1964 бунёд шудаву бо вуҷуди намои меъмории зебо доштан толори асосии он ҳамагӣ барои 400 нафар тамошобин пешбинӣ шудааст ва ба талаботи маркази маъмурии минтақаи дорои беш аз 257 ҳазор аҳолӣ ҷавобгӯй намебошад.

Сардори нави раёсати маориф Дар қароргоҳи раёсати маориф таҳти сарварии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ маросими муаррифии сардори нав баргузор гардид.

Зикр шуд, ки бо қарори раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ № 466 аз 11 августи соли 2016 ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Бобо Маҳмудович сардори раёсати маорифи шаҳр таъин карда шуд. Саидов Бобо Маҳмудович 10уми июли соли 1959 дар шаҳри

Дар «Шабакаҳои барқии Исфара» ба ифтихори 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҷонишини раиси Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» Убайдуллозода Ғолиб, сармуҳаррири рӯзномаи «Насими Исфара» Абдумуталиб Шарифов ва шоир

Исфара таваллуд шудаву соли 1981 Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинободро (ҳозира ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) бо ихтисоси муаллими фанҳои физика ва математика хатм кардааст. Аз ҳамон сол то соли 1995 ба ҳайси муаллими физика ва математика дар мактаби миёнаи № 16 ва мудири хоҷагии ӯрдугоҳи ҳарбӣ – варзишии шӯъбаи маориф фаъолият бурдааст. Миёнаи солҳои 1995 – 2002 дар литсейи забонҳои шаҳр ҳамчун омӯзгори фанни физикаю математика ва муовини директор оид ба таълим кор кардаву ду соли минбаъда дар баробари омӯзгори литсейи № 1 будан,

Исматуллоҳ Абдуллоҳ ҷамъомад баргузор шуд.

Дар ин нишаст меҳмонон вобаста ба корҳои дар даврони истиқлолият анҷомдодаи барқчиёни кишвар, бунёди неругоҳҳо ва кашидани хаттҳои баландшиддат мисолҳо оварда, оид ба бунёдкории 25-сола дар Исфара, амалигашти 338 лоиҳаҳои хурду бузург дар минтақа изҳори назар карданд. Шоир Исматуллоҳ Абдуллоҳ бо қироати шеърҳо табъи ҳозиринро шод ва Қосим Сулаймонӣ сардори «Шабакаҳои барқии Исфара» оид ба дастоварди барқчиёни Исфара иттилоъ дод.

мушовири фанни физика ва математикаи идораи маорифи шаҳр буд. Аз соли 2004 то соли 2015 дар вазифаҳои пурмасъули идораи маорифи шаҳр – мудири кабинети методӣ, сармутахассис ва мудири хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф пурсамар заҳмат кашидааст. Аз моҳи марти соли 2015 то ба вазифаи сардори раёсати маориф таъин шуданаш масъулияти муовинии сардори раёсати маорифро бар зимма дошт. Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо баробари таҳният гуфтани сарвари нави маорифчиён дар назди кормандони соҳаи таълиму тарбия дар

Ба "Ҳидоят" об омад

Ба маҳаллаи "Ҳидоят"-и ҷамоати деҳоти Навгилем хатти оби нӯшокӣ кашида шуд.

Дарозии хатти оби нӯшокии мазкур 4042 метр буда, тавассу-

робита бо зарурияти боз ҳам баландтар бардоштани нишондиҳандаҳои таълиму тадрис дар мактабҳо, ба таври шоиста истиқбол намудани соли нави хониш, 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини саривақтии иҷрои нақшаҳо дар самти омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2016 – 2017 супоришҳои мушаххас гузошт. ти он беш аз 1800 нафар шодоб гардиданд. Дар ин кори хайр, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва ҷамоати деҳа амалӣ гашт, саҳми раиси кумитаи маҳалла Наимҷон Муллоев, сокинон Абдусалом Ҷабборов, Аҳмадалӣ Каримов, Сайдалихӯҷа Нуруллоев ва дигарон калон аст. Муқсидҷон САТТОРОВ.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.