"Насими Исфара", № 3 от 19 января 2022 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** №3 (9418) *** Чоршанбе, 19. 01. 2022

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Арзи сипоси мардуми Исфара

Мардуми сарбаланди шаҳру деҳоти Исфара дар қатори дигар сокинони шаҳру навоҳии кишвар дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукргузорӣ аз фазои осудаи кишвар зиндагӣ ва фаъолият намуда, барои амалан татбиқ намудани дастуру супоришҳои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, ки барои фароҳам овардани зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст, саъю кӯшиш менамоянд. Соли 2021 барои мардуми Исфара, хосса деҳоти Ворух ва шаҳраки Шӯроб соли таърихӣ ва хотирмон буд. Аз як ҷониб таҷлили ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби дигар ташрифи Пешвои муаззами миллат ба деҳаи Ворух ва шаҳраки Шӯроб аз рӯйдодҳое буданд, ки дар саҳифаҳои китоби таърихи Исфара бо ҳарфҳои заррин сабт гардиданд. Бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ибтикор ва дастгириҳои пайвастаи раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва мусоидату заҳматҳои шабонарӯзии раиси шаҳри Исфара муҳтарам Баҳодурзода Баҳоваддин дар як муддати кӯтоҳ деҳаи Ворух ба яке аз деҳаҳои зебои кишвар табдил ёфт. Ба шаҳраки Шӯроб хатти оби нӯшокии алоҳида кашида шуд. Аз корҳои созандагиву ободкорӣ, ки танҳо дар ҳудуди деҳоти Ворух рӯйи кор омад, метавон мисолҳои зиёдеро овард. Аз ҷумла туфайли қадами мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 50метр ва боғи фароғатӣ дар маркази деҳа, Маркази хизматрасонии «Наврӯз» аз ҷониби соҳибкор Зиёваддин Зокиров, мактаби нави замонавӣ дар маҳаллаи Сангтуда бо 720 ҷойи нишаст дар ду баст, 8 синфхонаи иловагӣ дар МТМУ №23, Маҷмааи варзишию истироҳатӣсайёҳии “Ширин” аз ҷониби соҳибкор Сорбон Савриддинов бунёд шуда, Қасри фарҳанг бо 460 ҷойи нишаст азнавсозӣ гардид ва ба маҳаллаҳои Сангтуда ва Тоҷикон хатти оби ошомиданӣ кашида шуд. Умуман, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташрифашон ба деҳоти Ворух 11 иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар давоми сол бошад, дар маҷмӯъ 48 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд, ки он барзиёд аз нақша аст. Ин нишондод дар шаҳру деҳоти Исфара 501 ададро дарбар мегирад.

Кулли сокинони шаҳру деҳоти Исфара низ ҳар яке дар ободонии кӯчаю маҳалла, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва манзили худ саъю кӯшиш ва саҳмгузорӣ намуданд. Бо ҷаҳди онҳо роҳҳои дохили деҳаву маҳаллаҳо, байни деҳаҳову шаҳракҳо мумфарш карда шуданду ободониву созандагӣ ва кабудизоркунӣ раванди тоза касб кард. Шоистаи таҳсин аст, ки ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаро фарзандони асилу соҳибкорони ватандӯсти Исфара, ки дар хориҷи кишвар қарор доранд, бо хайрандешиву олиҳимматӣ амалан ҷонибдорӣ карданд. 70 фоизи корҳои дар ин давра иҷрошуда ба кӯшишу ғайрати соҳибкорони ватанию бурунмарзӣ марбут мебошад. Ҳамин тавр, натиҷаи заҳмат ва фаъолияти назарраси мардуми Исфара, хосса сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва шаҳраки Шӯроб буд, ки Ҷамоати деҳоти Ворух дар соли 2021 ғолиби бахши “Деҳоти беҳтарин”-и озмуни вилоятии «Оила, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот ва шаҳраки беҳтарин» гардида, бо Диплом ва 6000 сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуд. Шаҳраки Шӯроб бошад, байни шаҳракҳои вилояти Суғд дар озмуни мазкур ҷойи дуюмро ишғол кард. Албатта, дар ҳамаи ин ободкорӣ ва қадрдонӣ мардуми Исфара таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Тоҷикистонро эҳсос менамоянд. Дар ин маврид мардуми Исфара аз намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Саймумин Ятимов, Вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шералӣ Мирзо, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим, Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ширин Амонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Зулфия Давлатзода, раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, раиси шаҳри Исфара муҳтарам Баҳодурзода Баҳоваддин, роҳбарияти Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дар симои сардори он Умаров Мақсудҷон, ҳамаи раисони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки аз ҳолу аҳволи мардуми Исфара хабар гирифтанд, миннатдор ҳастанд ва барои дастгириашон арзи сипос менамоянд.

Д

ар ҷараёни он зикр карда шуд, ки Паёми Пешвои миллат фарогири ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар буда, он қутбнамои ҷомеа ба сӯйи рушду тараққӣ мебошад. Бояд ҳар як сокини кишвар, аз ҷумла мардуми Исфара нуқтаҳои Паёмро сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор диҳанду баҳри таҷлили сазовори 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ аз имрӯз дучанд заҳмат кашанд. - Шукрона бояд кард, ки – изҳор дошт дар баромади худ Баҳоваддин Баҳодурзода, - Тоҷикистон чунин Сарвари муаззам ва раҳнамо дорад. Маҳз туфайли заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар кишвари мо сулҳу субот ҳукмфармост, дар ҳамаи соҳаҳо пешрафт таъмин карда шудааст. Аз 83 фоизи соли 1999 ба 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шудани сатҳи камбизоатӣ, аз 277 ҳазор нафар муштариёни алоқаи телефонӣ дар соли 1991 ба 8 миллион расидани шумораи онҳо дар соли 2021, дар замони истиқлолият соҳиби замини наздиҳавлигӣ барои бунёди хонаҳои истиқоматӣ гардидани 1 миллиону 400 ҳазор оила ва сол то сол зиёд гардидани ҳаҷми музди меҳнат дар ҳамаи бахшҳо далели ғамхориҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо хушбахттарин халқе ҳастем, ки Худованд ба мо Роҳбари хирадманду дурандешро ато намудааст. Паёми Пешвои миллат барномаи мукаммали рушд барои ҳаёти мост, ки метавонем дар сурати амалӣ намудани он ба тамоми дастовардҳо

Паём - роҳнамои амал

Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат Раиси шаҳри Исфара, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода бобати фаҳмонида додани нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, аҳли ҷамоатчигӣ ва интихобкунандагон мулоқот доир кард.

ноил гардем ва беҳтарину шоистатарин зиндагиро ба даст оварем. Ҷавобан ба ин ғамхориҳо ва пешрафтҳо, дар идомаи баромади худ қайд кард раиси шаҳр, вакили маҷлисҳои вилоятиву шаҳрӣ Б. Баҳодурзода, - моро зарур аст, ки ҳар як нуқтаи Паёмро дарк кунем, ба наздикони худ фаҳмонем, дар мулоқоту

Мулоқоти вакил бо мардум Дар доираи вохӯриҳо бо интихобкунандагон вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии "Навобод, №12" Зафарҷон Олимов бо интихобкунандагон мулоқот намуда, ба ҳозирин муҳтавои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳу тавзеҳ дод. Мулоқотро муовини раиси шаҳри Исфара Мадина Бобоиён ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки имрӯзҳо дар шаҳру деҳоти Исфара баргузории мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлиси вакилони

халқи вилояти Суғд бо интихобкунандагон идома дорад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Зафарҷон Олимов доир ба самтҳои гуногунҷабҳаи Паёми Пешвои муаззами миллат иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳнамоии Президенти мамлакат баҳри рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар соҳаҳо лоиҳаҳои сармоягузории давлатиро ба маблағи 91 миллиард сомонӣ татбиқ намуд ва ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ

вохӯриҳо шарҳу тавзеҳ диҳем ва муҳимтар аз ҳама, дар партави он корҳои созандагиву бунёдкориро идома дода, баҳри пешрафти Тоҷикистон, пешгирии амалҳои номатлуб, тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи садоқат ба Ватан ва меҳанпарастӣ талош варзем.

равона гардидааст. Инчунин дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда ба истифода дода шуд. Тазаккур ёфт, ки ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Дар ин ҷода дар бист соли охир 3 стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, 2 барномаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва стратегияи дарозмуддати рушди кишвар қабул ва амалӣ гардида, ҳоло татбиқи "Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030" ва 176 барномаи давлатӣ идома дорад. Дар интиҳо чанде аз интихобкунандагон баромад намуда, ба саволу дархостҳои пешниҳоднамудаи худ посухҳои мушаххас гирифтанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.