3 2017

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

ИСФАРА

Оғози нашр 24/04/1932 ***

№ 3 (9186) ***

Чоршанбе,

18 январи соли 2017

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Муроҷиатномаи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар Ҳамватанони азиз! Тавре ки медонед, дар кишвари мо соҳаи энергетика сол аз сол рушд ёфта, Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ тамоми имконияту захираҳоро сафарбар намудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ ва хусусан солҳои охир яке аз мушкилоти асосии мардуми кишвар норасоии нерӯи барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон мебошад, ки маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ баъзе солҳо аз моҳи сентябр то моҳҳои март ва ҳатто апрел идома пайдо мекард. Мо имконият надоштем, ки ҳатто пойтахти мамлакат ва дигар шаҳрҳои саноатиро пурра бо нерӯи барқ таъмин намоем. Бо мақсади бартараф на-

мудани чунин ҳолати ногувор дар кишвар тадриҷан ду нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ ва даҳҳо нерӯгоҳи хурд сохта, хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор бунёд карда шуданд. Ба шарофати бунёди хатти интиқоли барқи 500 - киловолтаи «Ҷануб-Шимол» ва таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи энергетика низоми ягонаи энергетикии мамлакат ба вуҷуд оварда шуд. Танҳо соли гузашта ман аз ҳашт иншооти муҳимми энергетикии кишвар боздид намуда, дар маросими ба фаъолият оғоз кардани дастгоҳи тақсимкунандаи элегазии 500 – киловолта дар нерӯгоҳи барқи обии «Норак», оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-

ТАЪИНОТИ КАДРӢ

1000 ва оғози лоиҳаи таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии «Сарбанд» иштирок намудам. Соли гузашта навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба истифода дода шуд, ки дар самти амалӣ гардидани нақшаҳои афзалиятноки энергетикии кишвар рӯйдоди хеле муҳим ба шумор меравад. Айни замон, бо дарназардошти фаъолияти самараноки маркази зикршуда бо иқтидори 400 мегаватт ва бо пайвастшавии иқтидорҳои иловагии энергетикӣ, инчунин, кифоя будани захираи об дар обанборҳои кишвар мо имкон пайдо кардем, ки бе ворид намудани нерӯи барқ аз хориҷа соли ҷорӣ таъминоти барқро хеле беҳтар гардонем. То имрӯз таъминоти аҳолӣ бо нерӯи барқ дар як шабонарӯз 18 соатро ташкил медод.

Бо қарори раиси шаҳр Умаров Собит Идрисович мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр таъин гардид. Мавсуф соли 1960 дар дехаи Навгилем, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шуда, хатмкардаи Донишкадаи саноати бофандагии шаҳри Маскав мебошад. Фаъолияти меҳнатиаш аз вазифаи муҳандис, устои ЗГМИ (19831986) шурӯъ гашта, минбаъд ба ҳайси котиби якуми кумитаи комсомолии шаҳри Исфара (1986-1992), мудири шуъбаи иҷтимоию иқтисодӣ ва ояндабинии кумиҷроияи шаҳр (1992-1995), раиси кумитаи

иқтисод ва робитаҳои иқтисодии берунии ҳукумати шаҳр (1995-1998), директори генералии иттиҳодияи истеҳсоли ҶС «Чароғ» (1998), муовини аввали раиси шаҳр (1998-2001), мудири шуъбаи саноат ва энергетикаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ (2001-2003) кор кардааст. Аз соли 2003 то 2016 вазифаи муовинии директори филиали Ширкати «ТА Девелопмент групп ЛЛС» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Бо фармони директори Муассисаи давлатии «Маркази эҳё ва рушди атласу адрасбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ»-и вилояти Суғд Моҳинисо Мирзоева мутахассиси пешбари шуъбаи эҳё ва рушди атласу ад-

расбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои халқӣ дар шаҳри Исфара таъин карда шуд. Моҳинисо Мирзоева 49 сол дошта, хатмкардаи техникуми саноати хӯроквории шаҳр ва Донишгоҳи давлатии Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон буда, то ба вазифаи нав гузаштан мутахассиси шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр буд.

Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд. Бардошта шудани маҳдудият имкон медиҳад, ки ташвишу ногувориҳои зиндагии ҳамватанонамон камтар гардида, барои рушди муназзами иқтисодиёти кишвар шароити бештар пайдо шавад. Вобаста ба ин, ман аз кулли ҳамватанони азиз ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо хоҳиш менамоям, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранд, ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд. Зеро сарфакорона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар сокини кишвар буда, дар айни замон кафолат медиҳад, ки таҷҳизоту дастгоҳҳои низоми энергетикӣ ва шабакаҳои интиқоли барқ дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта, фаъолияти муназзаму боэътимоди онҳо таъмин карда шавад. Шаҳри Душанбе, 13 январи соли 2017.

Дидбонгоҳи "Гулистон" кушода шуд

Дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон»-и Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд ба истифода дода шуд.

Он бо маблағгузории Бонки осиёии рушд дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ «Лоиҳаи минтақавии такмили хадамоти назди сарҳадӣ»-и Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2015 оғоз гардида, дар зарфи беш аз 1,5 сол ба анҷом расонида шуданд. Дидбонгоҳи гумрукии «Гулистон» дорои тамоми шароит ва инфрасохтори муосир, аз ҷумла бинои равзанаи ягона, ду нуқтаи назорати иҷозатдиҳӣ, хобгоҳ, майдончаи варзишӣ, гармхона буда, ба шабакаҳои обу корезӣ ва гармидиҳӣ пайваст аст. Ҳамзамон маҷмааи тозабунёд бо таҷҳизоти назоратии замонавӣ, аз қабили тарозуи рақамии 100 тоннагӣ, камераҳои назоратӣ ва таҷҳизоти озмоишии муосир муҷаҳҳаз гардидааст.

Суҳбати раиси шаҳр бо ҷавонон дар партави Паём

Дар партави Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров вохӯрии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо ҷавонони фаъоли шаҳру деҳот баргузор гардид. Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров дар баромади худ нуктаҳои муҳимтарини Паёми Президенти мамлакатро дар робита ба сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурӣ шарҳу тавзеҳ дода, аз ҷумла қайд кард, ки "давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон ҳамчун қишри созандаву ояндаи ҷомеа бетафовут намебошанд. Пешвои миллат аз эътимоду боварии худ нисбат ба ҷавонон зикр намуданд, ки ин натиҷаи сиёсати оқилонаи ҳукумат дар муносибат бо ҷавонон мебошад." Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар навбати худ дар алоқамандии раванди татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳри Исфара, бурду бохти фаъолият ва саҳми ҷавонон дар пешбурди ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ гузориш пеш овард. Иброз дошт, ки бо мақсади ҷалби ҷавонону наврасон ва оммавӣ гардонидани варзиш дар шаҳру деҳоти Исфара 13 адад майдончаҳои хурди муосири варзишӣ бо маблағи зиёда аз 1,5 млн. сомонӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Минбаъд як қатор ҷавонон баромад карда, изҳор доштанд, ки дар ҷавоб ба ин дастгириву боварии Сарвари давлат ҳамаҷониба кӯшиш мекунанд бо донишу рафтори намунавӣ номбардори миллату Ватани хеш гарданд. Дар анҷоми мулоқот маросими тантанавии савгандёдкунии гуруҳи ҷавононе, ки ба тозагӣ ба хизмати давлатӣ шурӯъ кардаанд, баргузор гардид. *** Имрӯзҳо гурӯҳҳои тарғиботӣ, ки ба ҳайати онҳо мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров, директори Маркази исломшиносӣ Файзулло Баротзода, устоди Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Аъзам Худойдодов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шарофиддинова, раиси ТҶ "Шото" Сулаймонхон Султонов ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара Бурҳонбек Асадуллоев шомиланд, дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо мардум мулоқотҳо доир карда истодаанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.
3 2017 by Абдумуталиб Шарипов - Issuu