3 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

***

ИСФАРА

№ 3 (9138) ***

Ҷумъа,

15 январи соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Расулзода Дилшод Чаббори - раиси шахри Исфара

ФАРМОНИ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин намудани Расулзода Д.Ҷ. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: Расулзода Дилшод Ҷабборӣ раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд таъин карда шавад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. ш. Душанбе, 11 январи соли 2016, № 605.

МУАРРИФӢ

Расулзода Дилшод Ҷабборӣ 10 ноябри соли 1970 дар шаҳри Исфара, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи № 1 ба Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Қазони Федератсияи Русия дохил шуда, онро соли 1994 бо ихтисоси муҳандис – технологи кимиё хатм намудааст. Соли 2009 аспирантураи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба итмом расонида, рисолаи номзади илмҳои техникиро бомуваффақият ҳимоя кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1994 ба ҳайси лаборант-устои заводи гидрометаллургии шаҳри Исфара (ҶСК “Тамохуш-ЗГМИ”) оғоз намудааст. Н/И

Солҳои 1997-2000 дар иттиҳодияи истеҳсолии “Ленинободнафтугаз”, солҳои 20002003 дар кумитаи иқтисод ва робитаҳои берунии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва солҳои 2003-2006 дар вазифаи директори ҶСШК “Фарзона” фаъолият бурда, солҳои 2006-2012 дар вазифаҳои сардори шӯъба, муовин ва сардори Раёсати Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Моҳи январи соли 2012 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон директори генералии ҶСК “Корхонаи кимиёвӣ”-и Исфара таъин гардид. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2002 аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои кумитаи иҷроия ва раёсати ҲХДТ дар шаҳри Исфара мебошад. Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Навобод”, № 12 ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара аз ҳавзаи интихоботии “Навобод”, № 9 мебошад. *** Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ маҷлиси васеи фаъолони шаҳр баргузор гардид, ки дар раванди он аз ҷониби раиси вилоят фармони Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи озод намудани Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз вазифаи раиси

Илҳом

ПЕШВОИ МО (МУВАШШАҲ) Пешвои ин халқу Ватан, эй Рустами майдони мо, Эмомалӣ Раҳмони мо, эй соя аз Яздони мо. Шукрона дорем мо ҳама аз тинҷиву осудагӣ, Вирди забони халқи мо ободиву созандагӣ. Ормони ҳар тоҷикзабон гул мекунад аз дасти ту, Иқболу бахти тоҷикон чун офтоб андар тулӯъ. Меҳру вафои мо ба ту бесарҳад асту бекарон, Ин миллати фархундаро ту раҳнамоӣ ҷовидон. Лоиқ ба пешвоӣ тӯӣ, эй родмарди Меҳанам, Лоиқ ба тоҷи шоҳиӣ, Синои дарди Меҳанам. Арзанда фарзанди азиз ҳастӣ барои тоҷикон, Табрик мегӯем туро, Пешвои миллат, мо ба ҷон. Шавкати МАВЛОН, омӯзгор.

Арзандаи бовари

Мардуми меҳнатқарини хоҷагии тиҷоратӣ-тухмипарварии Чоркӯҳ қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдат-Пешвои миллат»-ро бо хушнудӣ ва ҳамовозии гарму ҷӯшон пазируфтанд. Вобаста ба ин воқеаи таърихӣ дар ҳамаи 16 дастаи хоҷагӣ ҷамъомадҳои коргарон баргузор гардид. Дар ҷамъомадҳо роҳбарияти хоҷагӣ баромад намуда, оиди саҳми Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи

шаҳри Исфара бо сабаби ба кори дигар гузаштан ва ба маснади раиси шаҳри Исфара таъин намудани Расулзода Дилшод Ҷабборӣ» қироат карда шуд. Абдураҳмон Қодирӣ раиси нави шаҳр Дилшод Расулзодаро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, барои меҳнати софдилона ба собиқ раиси шаҳр Даврон Зоҳидзода изҳори миннатдорӣ намуд. Минбаъд раиси шӯрои собиқадорони шаҳр Ҷамолиддин Нуриддинов, собиқадори меҳнат Ҳайдархӯҷа Тӯхтаев, мудири шӯъбаи САҲШ Муҳиба Ёқубова ва раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Бадриддин Шарофов баромад намуда, барои фаъолияти пурсамар ва ҳамкориҳои судманд ба Зоҳидзода Даврони Абдуқодир арзи ташаккур ва ба Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар вазифаи пурмасъулият барори кору муваффақиятҳо таманно намуданд. Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ таваҷҷӯҳи фаъолони шаҳрро ба иҷрои бечуну чарои нақшаи андоз, рушди соҳаи саноат, вобаста ба талаботи бозор ба роҳ гузоштани маъракаи кишти зироатҳои кишоварзӣ дар мавсими нав, ба кор андохтани корхонаҳои нисбатан бузурги коркарди меваю сабзавот, бознигарӣ намудани фаъолияти он корхонаҳои истеҳсолие, ки пас аз ғайридавлатӣ гардидан мубталои ҳолати карахтӣ шудаанд, ҷалби беш аз 30 ҳазор нафар занони хонашини Исфара ба корҳои муфиди хонагӣ, ташкили тренингҳои омӯзишӣ бо беш аз 10 ҳазор

Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷаҳду талошҳои ӯ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ҷонбозиҳо дар густариши ваҳдату якпорчагӣ, иқдомҳои наҷиби созандагӣ ва бунёдкорӣ суханронӣ намуданд. Зикр карда шуд, ки мақоми Cарвари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ҳақиқатан баробари бузургтарин абармардони таърихи кӯҳанбунёди мо ва ҷаҳони муосир қарор дорад. Баромаду таклифҳои Пешвои миллат аз минбарҳои баланди Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид аз он шҳодат медиҳад, ки ин шахсияти бузурги таърихи муосир ҳақиқатан натанҳо дар фикри ободии кишвар, балки дар андешаи осудагӣ ва тараққиёти умумибашарист. Ин эҳёгари миллат Тоҷикистонро дар арсаи олам муаррифӣ намуда, забон, фарҳанг ва тамаддуни бою қадимаи тоҷиконро ба ҷаҳониён шиносонд. Қабули қонуни зикршуда ҳар як коргари хоҷагии моро водор месозад, ки аз сидқи дил ба нафъи Ватани азиз ва халқи ҷоноҷон зафармандона меҳнат намоянд. Онҳо ваъда доданд, ки пешсафиро аз даст надода, дар соли 2016 ҳосили рекордии гандуми тухмӣ ба даст меоранд. Неъматбой ОЛИМОВ, раиси хоҷагии тиҷоратӣтухмипарварии Чоркӯҳ.

нафар деҳқонон, ки ба тозагӣ соҳиби заминҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқониву инфиродӣ шудаанд, бунёди боғоти нав дар заминаи боғҳои пиршуда ва идомаи анъанаҳои неки боғдории Исфара, баланд бардоштани сатҳи кушодани ҷиноятҳо ва андешидани чораҳо дар мавриди пешгирии худкушӣ ва сӯйиқасд ба он дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара ҷалб намуда, барои бартарафсози камбудиву нуқсонҳои дар самтҳои мазкур ҷой дошта дастуру ҳидоятҳо дод. Ҳамчунин раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд тасмим гирифтааст давоми соли 2016-ум ҷиҳати аз байн бурдани эҳтиёҷоти сокинони шаҳру деҳоти Исфара ба қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ барои бунёди инфрасохтори шаҳраки Моҳпарӣ, аз қабили дастрасӣ ба оби нӯшокиву қувваи барқ ва сохтани роҳ аз ҳисоби буҷети вилоят маблағи муайянро ҷудо намояд.

Озмун байни собикадорон Шӯрои собиқадорони шаҳр ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун эълон намуд. Озмуни шаҳрӣ «Беҳтарин ташкилоти ибтидоии собиқадорон» ном дошта, қарори марбутаи раёсати шӯрои мазкур қабул карда шуд. Бино ба гуфти Каримбой Музаффаров, муовини раН/И

Амали хайр

Дастгири ниёзмандон

Дар арафаи Соли нави мелодӣ сарвари корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Субҳи Ватан» Абдуманнон Эрматов иқдоми хайреро ба ҷо овард. Номбурда ба 40 тан аз сокино-

иси шӯрои собиқадорони шаҳр мақсади озмун дар радифи беҳтар намудани кори ташкилотҳои ибтидоӣ, муҳайё кардани шароити мусоид ба фаъолияти ташкилотҳои мазкур, аёдати собиқадорони ниёзманду сатҳу сифати хизматрасонӣ ба онон, инчунин ҳавасмангардонии ташкилотҳои ибтидоии фаъол мебошад. Дар назар аст, ки озмун дар арафаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст ва ғолибон бо мукофотҳои пуливу Дипломҳо сарфароз гардонида мешаванд. ни камбизоат ва шахсони маъюб ҷамоати деҳоти Хонобод маводи орд, равған, биринҷ ва нӯшобаҳои ташнашикан тӯҳфа намуд. Аз ин амали савоб ба мо раиси ҷамоати Хонобод Суруриддин Зиёваддинов иттилоъ дода, ба масъулини корхонаи «Субҳи Ватан» арзи сипос баён намуд. Мухтадил ҶӯРАЕВ.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.