Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 29 (9260) *** Чоршанбе, 25. 07. 2018
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин бародарон Муҳаммадхӯҷа ва Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаевҳоро, ки дар кишвар аз ҷумлаи шоҳмотбозони номӣ маҳсуб меёбанд, ба суҳбати хосса даъват кард.
Омодагӣ ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Дар ҷаласа Саломзода Таҳти раёсати раиси шаҳр Сиҷоуддин бобати омодагӣ ва Саломзода Сиҷоуддин ҷараёни корҳои созандагиву ҷаласаи ситоди шаҳрӣ ободонӣ бахшида ба ин ҷашни оид ба ҷараёни корҳои бузурги давлатӣ ҳисобот дода, ободониву созандагӣ аз ҷумла таъкид намуд, ки дар бахшида ба ҷашни шаҳру деҳоти Исфара таҳти муқаддаси миллӣ – 30 шиори «1300 рӯзи меҳнати - солагии Истиқлолияти зарбдор ба истиқболи 30-солагии давлатии Ҷумҳурии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тадбирҳои шоиста Тоҷикистон баргузор роҳандозӣ мегарданд. Ҳамзамон, гардид.
Д
ар ҷаласа намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – роҳбари гурӯҳи корӣ дар шаҳри Исфара Сафаралӣ Наҷмиддинов, муовинони раиси шаҳр, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони муассисаву ташкилотҳо ва фаъолони шаҳр ширкат варзиданд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов зимни суханронии хеш аз ҳадафу моҳияти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҷеъ ба корҳои созандагиву ободонии дар шаҳри Исфара басубут расида, фаъолияти пурсамари ҷомеаҳои меҳнатӣ ва нақшаи чорабиниҳои минбаъда ҳарф зад.
нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ бахшида ба истиқболи ин ҷашни бузург таҳия гардида, тибқи он бунёду азнавсозии беш аз 120 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст. Дар ин раванд корхонаҳои саноатӣ, иншоотҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ба маблағи беш аз 803 миллиону 865 ҳазор сомонӣ бунёду азнавсозӣ карда мешаванд. Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов аз ҷараёни корҳои омодагӣ ба ҷашни бузург дар Исфара изҳори қаноатмандӣ намуда, дастур дод, ки корбарӣ дар ин самт пурзӯр карда шуда, нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ такмил дода шавад ва дар заминаи тадбирҳои андешида шуда маҳфилу озмунҳои гуногун гузаронида шавад.
Шаҳрдор бародарони шоҳмотбоз Ҳусейнхоҷаевҳоро дастгирӣ мекунад Нишасти матбуотӣ Рӯ ба рӯ бо рӯзноманигорон М Н/И
улоқоти мазкур баъд занони шоҳмотбози беҳтарини аз анҷоми Чемпионати кишварҳои дунё, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон оид Тоҷикистонро эълон карда буд, ба шоҳмот байни мардон ва ки бар асоси он гроссмейстер бонувон, ки дар он Мустафохӯҷа Фаррух Амонатов дар садри Ҳусейнхоҷаев медали нуқра ба дастаи мардони шоҳмотбози даст овард, сурат гирифт. Тоҷикистон ҷой гирифтааст. Баъд Бародари ӯ - устоди дараҷаи аз ӯ Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхоҷаев, байналмилалӣ оид ба шоҳмот Икром Иброҳимов, Мустафохӯҷа Муҳаммадхӯҷа Ҳусейнхоҷаев Ҳусейнхоҷаев, Муҳаммад чанде қабл дар мусобиқоти Собиров, Суҳроб Ҳамдамов, тиҷоратие, ки дар кишвари Амин Қобилов, Алишер Каримов, Павлодар сурат гирифт, ба Андрей Онишенко ва Олуча дарёфти ҷойи аввал соҳиб Ҷумъаев қарор доранд. гардидааст. Раиси шаҳри Исфара Мавриди зикр аст, ки Саломзода Сиҷоуддин дар Федератсияи байналмилалии фарҷоми суҳбати озоду шоҳмот (FIDE) ҳанӯз соли самимонаи худ бо бародарон 2016 даҳгонаи мардону Муҳаммадхӯҷа ва Мустафохуҷа Н/И
МАРКАЗИ МАТБУОТИИ РАИСИ ШАҲР.
Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давдатӣ
Арзи сипос
Н/И
Миннатдорем
Ташкилоти ҷамъиятии Маркази милливу фарҳангии тоҷикон "Ваҳдат" дар шаҳри Сургути Федератсияи Россия ба Раёсати маорифи шаҳри Исфара барои ҳадяи башардӯстона - китобҳои дарсии "Забони русӣ" ва "Адабиёти тоҷик" миннатдории самимонаи худро баён менамояд. Туҳфаи Раёсати маориф ба фарзандони мо, муҳоҷирони меҳнатии бо амри тақдир аз Ватан дурафтода дар худшиносиву худогоҳӣ ва ба таври бояду шояд дар фурсати кӯтоҳ мутобиқгардӣ ба макони будубоши феълӣ кумаки беназир мекунад. Ташкилоти ҷамъиятии Маркази милливу фарҳангии тоҷикон "Ваҳдат" дар шаҳри Сургут бо тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷикистонӣ, ки алъон дар минтақаи Мухтори Хантиву Мансӣ-Югра кору фаъолият доранд, робитаи зич дошта, ба онҳо ҳамаҷониба мадад мерасонад.
Ҳусейнхоҷаевҳо изҳор дошт, ки дар мавриди зарурат онҳоро ҳамеша ва ҳамаҷиҳата дастгирӣ хоҳад кард. -Танҳо шумо шаъну эътибори варзишии Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоред, - таъкид дошт, шаҳрдор. Бародарон Ҳусейнхоҷаевҳо дар ояндаи наздик дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба шоҳмот, ки дар шаҳри Батумӣ баргузор мегардад, дар ҳайати дастаи шоҳмотбозони Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид.
Дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари тадбирандешиҳо дар самти баландбардории сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, дар ҷабҳаи ободу зебо гардонидани ҳудуди ин шифохона низ корҳои мушаххаси зиёде рӯйи кор оварда мешаванд. Қобили тазаккур аст, ки солҳои охир дар Беморхонаи марказӣ дар аксарияти шуъбаҳо корҳои муайяни вобаста ба таъмиру тармим ва муҷаҳҳазгардонӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, фароҳам овардани шароитҳои созгор барои табобатгирандагон
Ободкориҳои беморхона
ва аёдаткунандагон, ҳамчунин шинонидани гулу гулбуттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ анҷом дода шудаанд. Ахиран, бо иқдоми роҳбарияти беморхонаи марказӣ ва дастгирии чанде аз соҳибкорони саховатманди маҳаллӣ дар ҳудуди беморхона мумфаршкунии роҳ то ба шуъбаи эҳёи калонсолон ва роҳравҳои атрофи мудирияти муассисаи тиббии мазкур ба маблағи беш аз 120 ҳазор сомонӣ анҷом дода шуд. Чанде аз кормандон ва корафтодагони беморхона зимни суҳбат бо мо иброз доштанд, ки аз табдирҳои ободкоронаи имрӯза комилан ҷонибдорӣ менамоянд. Зеро ҳам кору ҳам табобат маҳз дар муҳити тозаву озода ва ободу зебо маҳсули бештар ба бор хоҳад овард.
Дар толори хурди маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳри Исфара дар давраи шашмоҳаи аввали соли равон бо ҳузури намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бахтиёр Эҳсонзода, муовинони раиси шаҳр Ҷаъфархӯҷа Ҳайдарзода, Муҳаммад Муҳиддинзода, ҳамчунин котиби матбуотии раиси шаҳр Иқбол Тешаев нишасти матбуотии муовини раиси шаҳр Умарзода Собит Идрис доир гардид. Сароғоз Умарзода Собит Идрис дар назди кормандони расонаҳои хабарии ҷумҳуриявию вилоятӣ ва маҳаллӣ ба таври мухтасар оид ба нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти шаш моҳи сипаришуда маълумот пеш овард. Зимнан гуфта шуд, ки дар натиҷаи саъю кӯшиши мақомоти маҳаллӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ, дар маҷмуъ, 103,7% таъмин гардида, ба буҷет 60,7 млн сомонӣ ё 2,2 млн сомонӣ зиёд маблағ ворид гардид. Воридоти маблағи буҷети маҳаллӣ 37,8 млн сомониро ташкил дод, ки ба 104,1%-и нақша баробар буда, аз он 1,5 млн. сомонӣ зиёд аст. Хароҷоти буҷети маҳаллӣ нисбати нақшаи пешбинишуда ба андозаи 99,4% иҷро шуда, маблағи 47 млн. сомониро ташкил дод. Дар давраи ҳисоботӣ маҷмуи маҳсулоти саноатӣ 161,5 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19,5 млн сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш ба 113,8% баробар гардид.
Тибқи маълумотҳои гумрукӣ дар нимсолаи аввал ҳаҷми молу маҳсулоти содиротшаванда ба андозаи 2 млн. доллари ИМА афзоиш ёфта, маблағи 4,95 млн. долларро ташкил намуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бошад, ба 112,2 млн. баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 104,6%-ро ташкил намуд. Ба ҷойи 30 гектари нақша дар майдони 116 гектар боғи нав аз ҳисоби талу теппаҳо бунёд ва 170 гектар боғоти кӯҳна ва бесамар аз нав барқарор шуда, дар майдони 10 гектар боғҳои интенсивӣ бо истифодаи ниҳолҳои қадпасти себу гелос ва сиёҳолу бунёд гардиданд. Кишоварзон дар майдони 7517 гектар, аз ҷумла дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонии инфиродӣ дар майдони 4947 гектар кишти баҳорӣ гузарониданд, ки нисбат ба соли гузашта 73 гектар зиёд мебошад. Минбаъд рӯзноманигорон ба муовини раиси шаҳр Умарзода Собит Идрис вобаста ба масъалаҳои таъмини аҳолӣ бо манзилгоҳ, вазъи феълии корхонаҳои калонтарини шаҳр ҶСК «Тамохуш» ва ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ», истихроҷи ангишт дар ҶСК «Ангишт», сатҳи таъминот бо кадрҳои маҳаллӣ, таъсири бозшавии сарҳад бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ба фаъолият шурӯъ намудани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба сатҳи фаровонии бозори истеъмолӣ, дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҷониби сохторҳои давлатӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳо, тадбирандешиҳо дар самти паст намудани эҳтимолияти сарзании офатҳои табиӣ ва ҳисорот аз онҳо суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мукаммалу мушаххас гирифтанд.