Skip to main content

"Насими Исфара", № 29 от 18 августа 2021 года

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 29 (9398) *** Чоршанбе, 18. 08. 2021

ИСФАРА

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Шиносоӣ бо раванди бунёди иншоотҳои ҷашнӣ Ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аз як қатор иншоотҳои ҷашнии таъиноти иҷтимоию иқтисодӣ боздид ба амал овард.

Б

аҳоваддин Баҳодурзода таъкид дошт, ки иншоотҳои супоридашаванда бояд бо сифати баланд бунёд карда шуда, ба ҳамаи талаботи мавҷудаи меъмориву соҳавӣ ҷавобгӯй бошанд. Ҳамчунин зикр карда шуд, ки баҳри истиқболи сазовори ҷашни бузурги милливу давлатӣ ва дар пайгирӣ аз

Омодагӣ ба фасли сармо Дар шаҳри Исфара ҷиҳати татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 20212022» тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар машварати корие, ки таҳти сарварии раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо иштироки роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳои дахлдор доир гардид, тазаккур дода шуд, ки бо мақсади иҷрои қарори зикршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори раиси шаҳр «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Исфара барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022» ба тасвиб расида, ситоди махсус таъсис ёфтааст. Тибқи нақшаи чорабиниҳои таҳиягардида вазифаи ҳар як ташкилоту муассиса ба таври мушаххас муайян карда шудааст. Дар ҷаласа супориш дода шуд, ки дар раванди омодагӣ ба фасли сармо таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ равона гардида, сӯзишворӣ, ангишт, ҳезум ва дигар маводи зарурӣ саривақт бояд захира карда шаванд. Раиси шаҳр зимни вазифагузорӣ таъкид намуд, ки баҳри ҷамъоварии саривақтии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, фаъолияти самарабахш ва мунтазами ташкилоту муассисаҳои шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистон тадбирҳои мушаххас роҳандозӣ гарданд.

даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ширкати фаъолонаи соҳибкорон дар раванди умури бунёдкориву созандагӣ, соҳибкорони Исфара бо нишони дастгирӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эътимоди қавӣ ба фардои неки Ватани маҳбуб дар маъракаи ободонӣ мавқеи пешсафиро ихтиёр намудаанд. Раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода зимни суҳбат бо соҳибмулкони иншоотҳо ҷиҳати вусъати корҳои сохтмонӣ, дар амал татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи Пешвои миллат, дастгирии иқдомҳои шоистаи шаҳрвандон ва андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода, даъват ба амал овард, ки баҳри ободу хуррамнамоии шаҳри азизамон кӯшиш намоянд.

Дар шаҳри Исфара намоиши маҳсулоти нонӣ таҳти унвони "Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам" доир гардид.

Д

ар намоиши мазкур, ки бо ширкати муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Мавзуна дар маҷмааи фарҳангию фароғатии «Васл»-и шаҳр сурат гирифт, ҳунари волои нонпазҳо ва маҳсулоти нонии корхонаҳо ба таври васеъ муаррифӣ гардид. Фарҳангшиносон мегӯянд, ки аз қадим барои мардуми тоҷик нон Мардуми волоназари мо мақоли хубе дорад: «Аз некон боғ мемонад».

Б

але, ин сухан дар ҳамаи асру замонҳо қиммати худро дошту дорад. Чун аз кӯчаю паскӯчаҳои хурду бузурги Чоркӯҳи бостонӣ гузар менамоӣ, ҷонат роҳат мекунад. Аз чуқурию пастию баландиҳои пештара осоре нест. Дигар касе парвои барфу борон ё нақлиёти қимматбаҳои худ надорад. Ҳама ҷо саросар мумфаршу ҳамвор. Пиру ҷавон ҳамагӣ ба падару модари ононе, ки ҳамин иқдоми наҷибро оғоз намуданду онро бо сарбаландӣ анҷом бахшиданд, раҳмату офаринҳо мефиристанд. Охир, дар ҳамаи асру замонҳо, аз азал дараҷаю мартабаи шахсони ободкор аз вайронкор садҳо маротиба баланд аст. Шомгоҳон чун аз кӯчаҳои васеи аксарияти маҳаллаҳои Чоркӯҳ гузар менамоӣ, аз нури рангобаранги чароғҳояш ба ваҷд меоӣ. Охир, ин дар ҳақиқат нури истиқлол аст. Дигар он кӯчаҳои тангу торик ва ҳавлнок дар саҳифаҳои таърих мондаанд. Ҳар як чароғ ҳусни худро дорад. Баъзе ранги парчами Ватан, баъзе ранги лолаю гул, баъзе ранги офтобу моҳтоб доранд. Кас гумон менамояд, ки дар кӯчаҳои ягон шаҳри афсонавӣ гаштааст. Ин манзара ба забони кас боз оёти шукри

Таҳти раёсати раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода бо ширкати муовинони раиси шаҳр, масъулини воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроия, раисони ҷамоатҳо, сарварони корхонаю муассисаҳо ва дигар масъулини соҳа машварати корӣ баргузор гардид.

Д

ар рафти машварат вобаста ба ҷараёни корҳои

«Covid-19»: тақвияти корҳо пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» ва чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ аз масъулин бозпурсӣ ба амал оварда шуда, ҷиҳати таҳти назорат нигоҳ доштани вазъи санитарӣ - эпидемиологӣ, кам кардани ҳолатҳои сирояти сокинон аз бемории коронавируси нав ва вусъат бахшидани раванди эмгузаронӣ бар зидди «Covid-19» супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Боздид аз муассисаи тандурустӣ

Раиси шаҳри Исфара Баҳодурзода Баҳоваддин Баҳодур аз Беморхонаи марказии шаҳр дидан намуд. Зимни боздид шаҳрдор бо вазъи хизматрасонии тиббӣ дар шуъбаи сироятӣ ва дигар шуъбаҳои беморхона, фаъолияти табибону кормандони миёнасоҳаи тиб дар самти табобат ва пешгирии паҳншавии бемории коронавируси нав, сатҳи таъминот бо дорувориҳо ва таҷҳизоти тиббии зарурӣ, аз ҷумла оксигенератор аз наздик шинос шуд.

"Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам" азизу муътабар буда, ҳамчун неъмати бебаҳо зиннатдиҳандаи дастархони мардум мебошад. Дар озмун маҳорату истеъдоди кадбонуҳои шаҳраку деҳот, муассисаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаву муассисаҳо бори дигар исбот намуд, ки дар Исфара ба рушди ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла, ҳунари нонпазӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Хусусан ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ анъанаҳои фарҳанги миллии мо эҳё гардид ва

яке аз онҳо озмуни ҷумҳуриявии «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» ба ҳисоб меравад. Аз роҳандозӣ шудани ин иқдоми наҷиб сокинони Исфара хуш истиқбол намуданд. Ин ташаббус бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, дар шинохти анъанаҳои мардумӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани неъматҳои моддии мамлакат нақши

Падидаи истиқлол Ватану Истиқлолиятро меораду ҳамагон аст. Ин иқдом қулфи бисёр ба ташаббускорону созандагони мушкилотро боз намуд. "Соле, ки накӯст, аз баҳораш ин зебоӣ аҳсану офарин хонданро пайдост", -мегӯянд. Гарчанде ки водор месозад. Ҳар саҳар чун дар маҳаллаҳои ин сохтор навташкил аст, вале мухталифи деҳа кормандони фаъолияти мунтазамаш боиси хоҷагии коммуналии ҷамоатро бо хотирҷамъӣ ва ифтихор мебошад. тракторашон мебинӣ, сидқан бовар Бинанда ба ҷидду ҷаҳд ва ғайрати менамоӣ, ки ҳусни деҳа рӯз ба рӯз кормандони он зеҳн монда, бовар менамояд, ки дигар домани ин иқдоми дигар шуда истодааст. Бале, солҳои охир ҳусни деҳаи нек интиҳо надорад. Ҳусни таваҷҷуҳу бостонии Чоркӯҳ босуръат ва ба хушбинӣ ба ташкилу фаъолияти куллӣ дигар мешавад. Вай боз ҳам назарраси хоҷагии коммуналӣ аз он бо ғайрату ташаббусу ҷонбозиҳои аст, ки муҳит тозаю озода мегардад. фарзандони баору номус ва Мардум аз хавфу хатари бемориҳо саховатмандаш дилкаштару наҷот меёбанд. Падидаи ба ҳар ҷо дилработар мегардад. Зиёда аз 30 - чуқурию пастию ҷӯйҳо партофтани километр асфалтпӯш шудани роҳҳои партовҳо хотима меёбад. Чун Чоркӯҳ дохили деҳа ин гуфтаҳоро тақвият минтақаи сайёҳист, ҳусни кӯчаҳо дигар аз ифлосиҳо намекоҳад. медиҳад. Ободкорӣ солҳои охир дар ин Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз қадимулайём минтақаи сайёҳӣ аст. ҷамоати овозадор ба ҳукми анъана Мавзеъҳои таърихӣ, тамошобоб даромадааст. Дар чанд соли охир варзишгоҳҳо, боғчаҳо, ва тамаддуни ҳазорсолаи он дар чандин маърази диққату омӯзиш қарор мактабҳо, гармобаҳо, чойхонаю дорад. Ҳар рӯз ба таъриху тамаддуни мағозаҳо қомат афрохтаанд. Дар пурғановати он мухлисону сайёҳони сари ҳамаи ин иқдомҳо шахсони соҳибкорони зиёд мароқ зоҳир менамоянд. Ба масъулиятшиносу роҳ мондани фаъолияти босамари бомаърифат истодаанд, ки тору хоҷагии коммуналӣ бешубҳа писанди пуди ҳастии худро ба тору пуди

Таъкид гардид, ки вазъияти нигаронкунандаи имрӯза пеш аз ҳама аз масъулини соҳа ва роҳбарони зинаҳои гуногун риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва бурдани корҳои дурусти фаҳмондадиҳиро талаб менамояд. То ба эътидол омадани вазъияти пандемияи коронавируси нав сокинони шаҳру деҳотро зарур аст, ки талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоянд.

Шаҳрдори Исфара ба кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии омма барои заҳмати шабонарӯзии сангинашон дар шароити начандон содаи имрӯза изҳори миннатдорӣ намуда, баҳри саҳлгардонии фаъолияти кормандони соҳаи тандурустӣ ва рафъи баъзе монеаҳои дар раванди табобати беморон мавҷудбуда ба масъулин дастуру супориш ва маслиҳатҳои муфид дод. бориз мегузорад. Муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён зимни ифтитоҳи ин намоиш зикр кард, ки лаззати нони тоҷикӣ ва ҳунари нонпазии бонувони тоҷик дар ҷаҳон ҳамто надорад ва ҳадаф аз баргузории маъракаи имрӯза ҳам арҷгузорӣ ба ҳунари нонпазӣ, тарғиби нони тоҷикӣ ва дарёфти беҳтарин нонпазҳо мебошад. Дар намоишгоҳи мазкур кадбонуҳо аз тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаву муассисаҳо ҳунари нонпазии хешро пешниҳоди сокинону меҳмонони шаҳр гардониданд. Ғолибони озмун бо Диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуда, барои иштирок дар озмуни вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Ватан, сулҳу ваҳдат ва ободкориву созандагӣ пайвастаанд. Ҳеҷ кас ба ҷуз худи мо Ватанамонро обод намесозад. Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, ки дар тан хуни гарми меҳанпарварӣ дорад, дар ободкории ин макони аҷдодӣ масъул аст. Иқдоме, ки дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оғоз шудааст, танҳо ба хотири намоиш нест. Ин иқдом дарси намунавии ибратомӯз барои насли наврас аст. Алҳол мо дар остонаи ҷашни муқаддаси 30-солагии Истиқлолияти Ватани азизамон қарор дорем. Дар тӯли ин 30 сол дар домани Ватан иқдомҳое амалӣ гардиданд, ки ҳеҷ вақт ба амал наомада буданд. Ба падару модарон, шахсони умрдидаю таҷрибаомӯхта, омӯзгорон, ҷомеаҳои меҳнатӣ, фаъолон зарур аст, ки дар муқоиса аз таърихи дирӯзу имрӯзи мо ба насли наврас қиссаҳо кунанд, то наслҳои оянда анъанаи неки ободкориҳои падаронро идома дода, дар оянда баҳри таҳкими бинои истиқлолияти воқеӣ хишти муҳаббат ниҳоданро омӯзанд. Исматуллоҳи АБДУЛЛОҲ, аъзои ИЖТ, Аълочии маориф, фарҳанг ва матбуоти ҶТ, директори МТМУ №25.


2

"Насими ИСФАРА"

18 августи соли 2021

№ 29 (9398)

Мардтинате аз кӯҳсори тоҷик

Санаи 29-уми апрелро мардум ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Аз пагоҳии ин рӯзи баҳори сабзпӯш мардум дар тараддуди кишти зироат дар дашту дамани деҳа паҳну парешон машғули кор буданд. Деҳаи Хоҷаи Аъло аҷаб манзараи гуворо ва дилкаш дошт. Фотимабону ҳамшираи шавқати маркази саломатӣ низ мисли ҳамарӯза бо гирифтани дуои хушдомани пираш Очахон сӯи коргоҳаш шитофт. - Субҳона накардӣ, духтарам. Хуб мебуд аз нони дирӯз пухтаам донае бо худ мебурдӣ. -Хуб модарҷон, - Фотимабону ҳеҷ гумон надошт, ки нони хушдоманаш барои ӯ панҷ рӯз қуввати дил ва дармон мебахшад. Расулҷон Ҳоҷиев - сардухтури маркази саломатии деҳа ва пизишки соҳибкасб Нисориддин Ҳамроев - масъули сифати кори ин даргоҳ чунон муҳити солими корӣ муҳайё сохта буданд, ки ягон корманд хастагии худро эҳсос намекард ва ҳама қаноатманд аз кору пайкори худ буданд. Дармонгоҳ хонаи дуюми онҳо гашта буд. Нисфирӯзӣ вақте, ки ҳама пас аз хӯрдани таом дар тараддуди оғози соати нави корӣ буданд, садои даҳшатноки таркиши гулӯла, ларзиши шишаи тирезаҳо, зери пой ҷунбидани замин изтироби мардумро бедор кард. Кас гумон надошт, ки дар як деҳаи дурдасти кӯҳистон муноқишаи сарҳадӣ бо рехтани хуни беш аз даҳ нафар ҷавонмардони меҳан ибтидо мегирад. Садои гӯшхарош аз таъсири кӯҳҳои атроф беист аксандозӣ мекарданд. Офтоб ба ғуруб мерафт. Аввалин ҷароҳатбардоштагон оварда шуданд. Дар майдони муқовимат мардуми мулкии зиёде барои дифои муқаддасоти худ замини аҷдодӣ гирд омада буданд. Хабар расид, ки ронандаи ёрии таъҷилӣ осеби сар - контузия бардоштааст ва имконияти фаъолияти минбаъда надорад, инчунин эҳтиёҷмандон ба кумаки тиббӣ низ зиёданд. Кадоме аз шумоён довталабона ба майдони муҳориба рафтанро дорад? -Ин ҷо ҳама серкоранд, иҷозат диҳед ман равам,- бо қатъият гуфт, Фотимабону. Омирона садо додани суханони ин зани қавиирода боиси он гардид, ки сардухтур розӣ шавад. “Головной" ин мавзеи набард ва муқовимат аз маркази деҳаи Хоҷаи Аъло чандон дур набуд. Вақте ки пизишкон борхалтаҳои саҳроии худро гирифта, ба майдони гирудорҳо ҳозир шуданд, Фотимабону манзараеро дид ҳузнангез, даҳшатнок. Садои ваҳмангези тир, ки аз фарозу нишебиҳои кӯҳҳои атроф партоб

мешуд ба торҳои асаб чанг меандохт. Оташаки чашмони сарбозони сарҳадӣ ва ҷавонони шуҷои аз рустоҳои атроф Сурх, Чоркӯҳ, Сароб, Чордеҳ омада, далерии довталабонаи озодамардони Исфара неруи тоза ба тану рахна ба девори муқовимати душман заданд. Ҳамоно нишонгирони ғаддор аз кишвари ҳамсоя атрофи кӯҳҳои Сирт, Суқум, Робкаш мустақар шуда, аз паи шикори мардуми бумӣ буданд. Қалпоқпӯшони аз дурии 47 километри саҳрои Бодгард омада мисли ҳарвақта аз таҳҳамулпазирӣ ва оқибатандешии соҳибватанон шерак шуда, ба ғасби содаи ин сарзамин умед доштанд. Ин даъфа онҳо сахт иштибоҳ карданд. Соҳили дарёи Исфара - аз як тараф кӯҳи бузурги Суқум, аз тарафи дигар деҳаи зебоманзари Хоҷаи Аъло шоҳиди набарди Ҳурмузиён бо Аҳриман буданд. Аввалин манзарае, ки пеши назари Фотимабону ҳувайдо гашт, ин хуни аз қабати мӯйҳои чун қир сиёҳи марзбон ҷушзада буд. Сарбоз бо ангуштони хоколудааш хуни шоридаистодаро аз пеши чашмонаш дур месохт. Дар чеҳрааш осори таҳлука ва ҳаросро надид. Ин дам мавҷи таркиш Фотимабонуро ба замин андохт. Баъд аз каме ба худ омада, эҳсос намуд, ки вуҷудаш бо амри тақдир осеб надидааст. Ӯ хазида-хазида аз як мавзеъ ба дигар мавзеъ мерафт, ба осебдидагон ва ҷароҳатбардоштагон кумак мекард. Вақте ки ҷасади беҷони Ҳасанро аз мошини зиреҳпӯш поён оварданд, инону ихтиёрро аз даст дод, қалби занона, модаронааш моломоли ҳасрат гашт. Беихтиёр гирист, сахт гирист. Ин ҷавонписари шӯхтабиати хатлониро тамоми мардуми деҳа хуб мешинохтанд. Фотимабону то шомгоҳон дар сангар қарор дошт. Ба Бобонодир, ки аз ҳарду пояш захм бардошта буд, кумак намуд. Ҷароҳати аз сар гирифтаи Бобохон ва Муқимҷони захми тан доштаро низ марҳам намуд. Шоҳиди далерию шуҷоати Фарҳоду Некрӯй, Ғуломҷону Субҳониддин, Иззатуллоҳу Салоҳиддин гашт. Дар аввали шаб ҳамроҳии сардухтур Расулҷон ба дармонгоҳ баргашт. Пеши назараш манзараҳои риққатовари набарди имрӯза ҷилвагар гаштанд. Ҷароҳати аз қисми рӯй бардоштаи духтури дармонгоҳ Мирҳомид Қозизода, такопӯи ҳамширагони шафқати ин даргоҳи наҷот гумон кард абадӣ дар хотираш мемонад. Фотимабону он шаб ва шабони дигарро дар маҷмуъ панҷ шабро дар маркази саломатӣ паси сар намуд. Ҳуҷраҳо тангӣ мекарданд. Дар рӯи кати ҷарроҳӣ раиси шаҳр бо ҷароҳати сангин бистарӣ буданд. Эшон дар ин рӯзҳои тақдирсоз мавзеъро тарк накарда, барои эҳсоси масъулият ва ватандорӣ ҳар як амали масъулонро пайгирӣ менамуданд. Панҷ шабонарӯз дар як маркази кучаки саломатии деҳаи кӯҳистон даҳҳо нафар умр ба сар бурданд. Яке саломатии худро барқарор мекард, дигаре барқароркунанда буд. Фотимабону рӯзи панҷуми кориаш луқмаи охирини нони хонаводагиашро ба даҳон бурда, хастаҳолии бузургро эҳсос намуд. Барои фурӯ бурдани луқмаи даҳонаш маҷол надошт. Лекин аз саҳмгузорӣ дар ҳифзи Ватан - Модар ва аз эҳсоси нангу номуси ҷӯшзадаи ватандорӣ қаноатманд буд. Додихудо ШАРИФЗОДА, деҳаи Хоҷаи Аъло.

Чораҳои муҳофизатӣ аз «Covid-19»

Пӯшидани ниқоб ва дастпӯшак дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

Мунтазам тоза кардани телефону дигар таҷҳизот бо антисептикҳо

Мунтазам шустани дастон бо собуни моеъ ва антисептикҳо

Худдорӣ аз дастфишорӣ

Маҳдуд кардани рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва риояи фосилаи иҷтимоӣ

Истифодаи танҳо воситаҳои гигиенаи шахсӣ

18 август - Рӯзи кормандони соҳаи тиб

Табибон посдори бахти инсонанд

Аҳли ҷомеаи меҳнатии ҶСК осоишгоҳи "Зумрад" (сарвараш вакили маҷлисҳои шаҳрӣ ва вилоятӣ Абдулмумин Ҳалимов) имсол низ иди касбии хешро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол мегиранд. Табибон ва кулли кормандони ин даргоҳи овозадор ҳар яке баҳри хизмати шоиставу дилгармона камари ҳиммат баста, рисолати касбии хешро содиқона ба иҷро мерасонанд. Дар арафаи рӯзи табибон аз сардухтури осоишгоҳ, номзади илми тиб Зуҳурулло Зоидбоев оиди табиби беҳтарини ин даргоҳ пурсон шудем. Сардухтур дар посухи суол иброз дошт: - Ҳамаи табибони мо арзанда ҳастанд, биёед оиди фаъолияти духтури амрози занона Фотимахон чизе нависед. Ба қабули он кас даромадан ҳам кори саҳл не... Ҳангоме ба назди ҳуҷраи кории табиби амрози занона Фотимахон Мӯсоева наздик шудан, маънои суханони сардухтур бароям маълум гашт. Пушти дар занҳои зиёд - истироҳаткунандагон ва ҳам якчанд нафар занҳо аз шаҳру деҳот навбат мепоиданд. Вақти анҷоми соати корӣ табибро дар даромадгоҳи осоишгоҳ мунтазир шудам. Баъди хеле интизориҳо Фотимахон Мӯсоева корро ба анҷом расонида, роҳ сӯи хона гирифта буд. Аз чеҳрааш маълум мегардид, ки хеле хаста шудааст. Пас аз салому алейк аввалин саволи ман ин буд: - Монда шудед, муаллима? Фотимахон бо табассуми гарму ба худ хос ҷавоб дод: - Не, ако, агар шахс касбашро дӯст дорад, ҳеҷ гоҳ мондагиро ҳис намекунад. Ҳар гоҳе ки беморе ва ё корафтодае аз ҳуҷраи кориам боқаноатмандӣ миннатдорӣ карда берун мешавад, ман худро хеле хушбахт меҳисобам. Фотимахон Мӯсоева зодаи

шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) аст. Соли 1981 мактаби таҳсилоти миёнаи рақами 43-и шаҳри мазкурро хатм карда, ҳуҷҷатҳои худро ба Донишгоҳи тиббии пойтахт ба номи Абуалӣ ибни Сино месупорад ва баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо донишҷӯйи ин даргоҳ мешавад. Соли 1987 донишгоҳро бомуваффақият ба итмом расонида, як муддат дар беморхонаи клиникавии дил, воқеъ дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад. Соли 1993 ҳамроҳи шавҳараш ба Исфара омада, чанд муддат дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара ва давоми чор сол дар беморхонаи ҷамоати деҳоти Кӯлканд меҳнат мекунад. Давоми 10 сол дар шуъбаи таваллуди Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба сифати табиби акушер - гинеколог адои вазифа намудааст. Фотимахон Мӯсоева баҳри баланд бардоштани савияи дониш давоми солҳои 2005 - 2007 дар ординатураи клиникавии шаҳри Душанбе таҳсил намуда, ба Исфара баргашт ва бо таклифи сардухтури онвақтаи осоишгоҳи “Зумрад” шодравон Зоирбой Восидов баъди ташкил гардидани ҳуҷраи табобати бемориҳои амрози занона ба ин даргоҳ ба кор омад. Давоми 15 сол мешавад, ки дар ин ҷо софдилона меҳнат намуда, ҳам дар байни ҷомеаи меҳнатӣ ва ҳам дар байни истироҳаткунандагон соҳиби обрӯву эътибори хосса гардидааст. Мунирахон САНГИНОВА, сардори шуъбаи кадрҳои осоишгоҳ: - Фотимахон дар баробари серкорӣ дар осоишгоҳ вазифаи раиси шӯрои занонро бар уҳда доранд ва дар ҳалли мушкилоти занону бонувон саҳми назаррас мегузоранд. Тоҳирҷон МУЛЛОҶОНОВ, раиси иттифоқи касабаи осоишгоҳ: - Бо Фотимахон мо дар донишгоҳ ҳамсабақ будем. Ҷавонзани хеле самимӣ ва меҳнатдӯст буда, дар пешрафти кори осоишгоҳ ҳиссаи калон дорад. Донагул ШАРИПОВА, сокини шаҳри Душанбе: - Соли панҷум аст, ки ба осоишгоҳи "Зумрад" меоям.

Фотимахон дар баробари табиби хуб будан, ҳамчунин бо муомилаи хушу табассумҳои ширинаш моро дармон мебахшад. Саодат АБДУЛЛОЕВА, сокини шаҳри Истаравшан: - Фотимахон ҷони одам аст. Ӯ ба ҳар гуна таърифу тавсиф арзанда мебошад. Медонистам, ки Фотимахон бо ҷавони исфарагӣ - Сафохон Мӯсоев, ки донишгоҳро дар шаҳри Душанбе ба итмом расонидаву имрӯзҳо дар Ҷамоати деҳоти Шаҳрак корманди масъул аст, оила барпо намудааст. Ман аз Фотимахон оиди чӣ тавр оила барпо намудан бо ҷавони исфарагиро мепурсам. Ӯ бо табассум ба нақл оғоз мекунад: - Дар шаҳри Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) дар ҳамсоягии мо рӯзноманигори шинохта, муҳаррири онвақтаи рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Қурғонтеппа” Муқимҷон Абдураҳмонов бо оилаашон - муаллимаи арҷманд Сабоҳат Сатторова зиндагӣ мекарданд. Сабоҳат Сатторова дар мактаби мо сарвар буданд ва ба мо сабақ ҳам меомӯзонданд. Дар курси чорум мо як гурӯҳ донишҷӯён ба Исфара ба таҷрибаомӯзӣ омадем. Он вақт муаллима Сабоҳат Сатторова низ ҳангоми таътил дар Исфара қарор доштанд. Рӯзе муаллима маро ҳамроҳи дугонаам ба хонаашон ба меҳмонӣ даъват намуданд. Он вақт онҳо поёнтари боғи фарҳанги шаҳр, дар кӯчаи Садовая зиндагӣ мекарданд. Дар ҳамон ҷо модари Сабоҳат Сатторова маро маъқул карданд. Яъне ман ба додари муаллима Сабоҳат Сатторова Сафохон ба шавҳар баромадам. Ман аз тақдир розӣ ҳастам, ки маро бо ин ҷавонмард рӯ ба рӯ кард. Аз ҳаёти якҷоя мо се фарзанд дорем. Фарзанди калониам Алишер солиёни зиёд дар бонки “Эсхата” фаъолият намуд. Писари дуюмам Шерозҷон соҳибкор буда, ягона духтарам Сурайё дар факултаи ҳуқуқшинос - менеҷменти яке аз донишгоҳҳои шаҳри Душанбе таҳсил мекунад. Мо соҳиби чор набераи дустрӯяк мебошем, ки хеле дӯсташон медорам. Мухтадил ҶӮРАЕВ, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон.

таъсири манфӣ расонида, онҳоро тарсончак, ё баръакс сангдилу бераҳм месозад. Аз ҳама бадаш он аст, ки дар давоми ҳафта ҳаррӯз аз субҳ то шом ё нимаи шаб дар назди монитор нишастан касро аз ҷиҳати равонӣ ба компютер побанд карда мемонад. Вобастагии компютерӣ низ ба мисли нашъамандӣ ва шаробхӯрӣ як навъ беморӣ буда, барои аз он халос шудан ба равоншинос муроҷиат намудан лозим меояд. Барои он ки компютер ба саломатӣ ва руҳияи фарзандони шумо таъсири манфӣ нарасонад, вақти дар курсии компютер нишастани фарзандонатонро ҳатман зери назорат гиред. Кӯшиш Ҷаҳони муосирро бидуни компютерӣ ба ҳисоб мераванд, намоед, ки фарзандонатон компютер тасаввур кардан ки қобилияти ҷалбкунандагӣ танҳо дар вақти муайян сари мумкин нест. Пас аз пайдо дошта, ҳатто калонсолонро компютер нишаста, бо бозиҳои шудани компютер тағйироти метавонад ба доми худ кашад. манфиатовар машғул шаванд куллӣ дар ҳаёти инсон ба Аз ин рӯ волидонро лозим ва аз он маълумотҳоеро амал омад ва имрӯз он аст, ки барои фарзандонашон бигиранд, ки барои омӯхтани дар ҳама соҳаҳо мавқеи бозиҳои муфиди компютериро илму дониш ва васеъ кардани худро ишғол карда, барои интихоб намоянд, то онҳо ҷаҳонбиниашон лозим осонии кор кумак мерасонад. вақтро ба бозиҳои бемаънии мешавад. Яке аз паҳнгаштатарин даҳшатангез сарф накунанд. Нигора СОДИҚОВА, усули заҳролуд кардани Равоншиносон ҳушдор донишҷӯи бахши 3-и майнаи наврасон бо ғояҳои медиҳанд, ки тамошои ДДХ ба номи академик экстремистию террористӣ филму бозиҳои даҳшатангези Б. Ғафуров. ва ҷиноятҳои дигар бозиҳои компютерӣ ба асаби кӯдакон

Мавқеъ

Зарари бозиҳои компютерӣ


3

"Насими ИСФАРА"

18 августа 2021 года

О людях труда

Уважение и славу принесла земля Хаитбой-амак Зоидов родился в большой семье в рабочем посёлке Нефтеабад. Здесь же окончил с/ш № 4 им. А Рудаки. По достижении восемнадцатилетнего возраста хорошо сложенного физически парня призвали в ряды Советской Армии. Три года службы прошли в строительном батальоне в Московской области. Там он впервые увидел огромные бескрайние поля и леса. А здесь, в своём районе 0,500,60 га – это уже целое одно поле, где по краям растут урючины и тутовник. Может быть, уже тогда молодому парню в душе пришла любовь к земле-кормилице… После демобилизации окончил курсы водителей при ПТУ-10 посёлка и был принят шофёром в автоколонну № 4 Исфаринской автобазы № 35. Но Хаитбоя почему-то всё время тянуло к земле, к полевым работам. И он пошёл поливальщиком в тогдашний колхоз им. Я.М. Свердлова. Трудился добросовестно, с любовью и старанием. Ведь

в колхозе – ненормированный рабочий день, каждому – по труду. В бригаде знатного руководителя, депутата горсовета – Мархаматхон Якубовой заговорили о Х. Зоидове, как передовом колхознике, лучшем поливальщике, внедрившим ночной полив выращиваемых овощей. По урожайности и качеству выращенных овощей, зерновых и абрикосов бригада была в числе лучших в Исфаринском районе. После реорганизации колхозов,

№ 29 (9398)

совхозов и создания дехканских хозяйств семье Зоидова тоже выделили землю и сады, почти полтора гектара. Теперь он с семьёй полностью отдался земле, неустанной работе на ней. Учился сам, передавал накопленный опыт молодым. Хаитбой-амак усвоил свою философию, что раньше, на вахте нефтяников-шоферов работал для себя, для зарплаты, а в дехканском хозяйстве, ухаживая за саженцами и растениями, получает урожай и делится с людьми, обогащает их дастархан и кормит свою семью. «Именно это имел в виду, - говорит Хаитбой, - Лидер нации, Президент РТ, уважаемый Эмомали Рахмон в своём выступлении в кишлаке Ворух, подчёркивая эффективное использование земельных участков и обеспечение продуктами питания. Это еще больше воодушевило нас, простых земледельцев». В его дехканском хозяйстве радует глаз урожай томатов, картофеля, моркови, зелени, огурцов. А в саду зеленеют плодовые деревья, привитые лучшими сортами яблок, абрикосов, персиков, айвы, вишни и черешни. Свой добросовестный труд славный сын земли Хаитбой Зоидов посвящает в качестве достойного подарка 30-летнему юбилею Независимости Республики Таджикистан. Мухсинжон ЁСИНЖАНОВ, наш обществ. корреспондент.

Третий сектор

С пользой для всех Двенадцать молодых людей из приграничных сел Лаккон, Сомониён и Ходжаи Ало города Исфары участвовали в пятидневном тренинге, связанном с темами: конфликт и пути решения, медиация, цифровая безопасность, лидерство и волонтёрство, глобальная гражданственность и гражданская ответственность. Данный тренинг, который прошел в рамках проекта «Развитие Мирных Сёл» в Учебном центре Национального банка Таджикистана, расположенном в городе Гулистон Согдийской области, еще раз показал, что данные темы соответствуют требованиям времени. Один из тренеров - журналист, главный редактор газеты «Насими Исфара» М. Шарипов отметил

активное участие молодежи в обсуждении тем и подчеркнул отражение того факта, что молодые люди в курсе происходящих событий, более того, осведомлены о насущных проблемах общества. Они также осознали, что позиция жителей приграничных сел в социальных сетях имеет важное значение и может повлечь разные последствия. Другими словами, используя «враждебный язык» в Интернете, мы можем усилить враждебность или, наоборот, воздерживаясь от агрессивных слов и действий, можем предпринять шаги для укрепления дружбы и мира. Кроме этого, Акбар Довудов - один из участников тренинга из села

Сомониён, сказал, что они поделятся своими знаниями со своими сверстниками, потому что те могут сыграть важную роль в укреплении мира и стабильности в регионе. Пятидневный тренинг, который проходил с 26 по 30 июля т.г. является частью проекта «Развитие Мирных Сёл» который реализуется DVV International в сотрудничестве с Ассоциацией образования взрослых Таджикистана при финансовой поддержке Европейского Союза и софинансировании Федерального министерства экономического развития Германии (BMZ). НАШ КОРР.

Ободонӣ

Вақте синфхона таъмир мегардад...

- Дар синфхонае таҳсил мекардем, ки хеле фарсудаву таъмирталаб буд. Вақте вориди он мешудем, аз ҳолати синфхона дилтангу маъюс мегаштем. Маъмурияти муассиса пайваста кӯшиш мекард, ки бо кумаки соҳибкоре ё саховатманде ба қадри имкон баъзе синфхонаҳоро таъмир кунад. Мутаассифона, ин гуна тасмимҳои маъмурият на ҳамеша ҷонибдорӣ меёфт ва аксарияти синфхонаҳо таъмир намешуданд, - мегӯяд хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 Алишер Сафаров ва идома медиҳад: - Дар ниҳоят орзуи деринтизори мо ҷомаи амал пӯшид. Ҳамроҳи ҳамсолон ва дигар ҷавонони деҳаи Сурх дар тренингҳои баргузоркардаи ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” иштирок кардем. Дар анҷом якҷоя бо ҳамсинфонам Муҳсин Ашӯрмамадов, Файзиддин Султонов, омӯзгорони ҷавон Идрисхон Иброҳимов, Рухшона

Маҳкамова ва Темур Охонов ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи нақшаи фаъолият таҳия намудем. зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон” Нақшаи фаъолияти мо дастгирӣ бо дастгирии Сафоратхонаи ИМА ёфт. Синфхонаи мактабамонро дар Тоҷикистон таҳти номи “Омӯзиш таъмир кардему фаршашро нав ва иштироки фаъолона дар ҳаёти намудем. Боварии комил дорам, ки ҷомеаҳо - роҳ ба сӯи сулҳофарӣ ва баъди хатми мактаб ва рафтани субот” амалӣ карда мешавад. Лоиҳа мо низ ин ташаббускории мо то 14-уми сентябри соли 2021 дар ба дигарон намунаи ибрат минтақаҳои мақсадноки Исфара мешавад. Хонандагони фаъолу (Ҷамоатҳои деҳоти Чоркӯҳ ва Сурх) масъулиятшинос ин иқдоми моро роҳандозӣ мегардад. идома хоҳанд дод. Мақсади лоиҳа мусоидат намудан - Яке аз сабабҳои интихоби ба таъмини устувории ҷавонони ин мушкилӣ, яъне таъмири марбут ба гурӯҳҳои осебпазири синфхонаҳо он аст, ки, - идома синнашон аз 14 то 28-сола аз таъсиру медиҳад суханашро Алишер хатарҳои гурӯҳҳои зӯровар тавассути Сафаров, - мо мехоҳем таҳсил дар таҳсилот, аз ҷумла саводнокии шароити хубтару беҳтар сурат расонаӣ бо тағйир додани рафтори гирад. То ки мактаббачагон бо онҳо ва ширкати фаъолонаашон дар таҳсил дар синфхонаҳои барҳаво ҳаёти ҷамъиятӣ аст. предметҳои фанниро беҳтар Ёдовар мешавем, ки дар доираи аз худ кунанд. Дар зиндагӣ роҳи лоиҳаи мазкур санаҳои 23-24 июли худро дарёбанд ва ба ҳар гуна соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти пайроҳаҳои нодурусту гурӯҳҳои миёнаи умумии №29 бо иштироки ифротӣ шомил нагарданд. ҷавонони деҳоти Сурх дар мавзӯъҳои Нақшаи фаъолияте, ки онро Алишер “Низоъ ва роҳҳои ҳалли он”, “Пешгирии Сафаров зикр кард, дар доираи лоиҳа зӯроварӣ дар оила”, “Амнияти рақамӣ, амалӣ шудааст. Лоиҳаи мазкур бошад, факчекинг”, “Таҳаммулпазирӣ”, аз моҳи сентябри соли 2020 аз ҷониби “Баланд бардоштани малакаи роҳбарӣ

«Главное в жизни – работа». Л.ФЕЙХТВАНГЕР.

Твои люди, Исфара!

Жизнь, посвящённая науке

Шоди Махлоевич Тоиров родился 20 апреля 1946 года в семье рабочего. Местом рождения учёного было высокогорное селение Ворух, подарившее нашей Родине много достойных сыновей и дочерей. По окончании средней школы в 1960 году молодой Тоиров поступает на первый курс Таджикского государственного университета. Переведясь на отделение математики престижного по советским меркам Воронежского университета, успешно оканчивает его в 1965 году. После окончания ВУЗа Шоди Махлоевич Тоиров отдаёт долг своей Родине, проходя службу в её вооружённых силах. После демобилизации с 1969 по 1970 годы он работает ассистентом кафедры Таджикского государственного университета. С 1972 по 1975 годы Тоиров – аспирант Таджикского госуниверситета. В 1975 году под руководством Владислава Яковлевича Стеценко Шоди Махлоевич защитил диссертацию по теме "К геометрии полуупорядоченных топологических векторных пространств" и стал кандидатом физико-математических наук. В 1976 – 79 годы Тоиров работает старшим преподавателем в родном университете. Показав незаурядные способности, в 1975 году получает звание доцента. Вся его дальнейшая деятельность до обретения нашей республикой независимости и тяжелых лет гражданской ва ташкил намудани даста” тренинг ва мастер-класс оид ба навиштани нақшаи фаъолият гузаронида шуд. Ҳадафи нақшаи фаъолият таъсиргузорӣ ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва кам кардани хатари ин гуна гурӯҳҳо ба шуури ҷавонон мебошад. Дар тренинг 18 нафар хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони ҷавон ширкат варзиданд. Тренинги мазкур барои баландбардории маърифати ҷавонон оид ба бартараф кардани ҳама гуна муаммоҳо, омӯзонидани роҳҳои гуногуни баромадан аз ҳолатҳои муноқишавӣ, қобилияти гӯш кардани шахси дигар, қобилияти ҳамдардӣ ва рушди малакаҳои коммуникатсионӣ дар раванди муоширати байнишахсӣ, маълумоти макаммал гирифтан оид ба малакаҳои таҳаммулпазирӣ равона карда шуда буд. Гузашта аз ин иштирокчиён аз фаъолияти худ бобати муноқишаҳои сатҳи мактабӣ, масъулони ҷамоат ва шӯрои занон оид ба низоъҳои оилавӣ андешаронӣ карданд. Иштирокчиён зикр намуданд, ки донишҳои гирифтаашон ба онҳо имкон медиҳад, то минбаъд ба масъалаи низоъ аз дигар тараф назар андозанду барои роҳ надодан ба сарзании он ва дар сурати мабодои рух додан баҳри идоракуниаш талош варзанд. Ф.САЙИДОВ.

войны связана с Таджикским госуниверситетом. Первые годы независимости дали старт многим новым высшим учебным заведениям и большое число специалистов Госуниверситета, Политехнического института, Сельхозинститута стали профессиональным костяком в новых учебных заведениях. Шоди Махлоевич в 1996 году перевёлся в Таджикский институт предпринимательства и обслуживания города Душанбе, где проработал в качестве доцента кафедры вплоть до 2003 года. В 2003 году Тоиров переезжает на север нашей республики. Здесь, до 2005 года он работает в качестве заведующего кафедры информационных технологий Баткентского государственного университета. С 2005 по 2010 годы Тоиров – заведующий кафедрой информационных и инновационных технологий. Даже выйдя на пенсию в 2010 году Шоди Махлоевич, не покладая рук, работает на ниве народного образования, сначала в качестве доцента кафедры в Исфаринском технологическом колледже, а затем с мая 2012 года доцентом кафедры Исфаринского филиала технологического университета Таджикистана. В 2018 году замечательный учёный и педагог заболевает тяжёлой болезнью, от которой он уже не оправился. 19 июля 2019 года сердце Шоди Махлоевича Тоирова перестало биться. Шоди Махлоевич подготовил и воспитал целую плеяду замечательных специалистов в области информационных технологий. Требовательный и строгий, всегда стремившийся навстречу всяческим инновациям в области техники и образования, он навсегда останется в сердцах его многочисленных учеников и людей, долгие годы работавших с ним. И.М. ХОМИДОВ, доцент, кандидат экономических наук. Ф. САЛИМОВ, ст. преподаватель филиала Технологического университета Таджикистана в г. Исфаре(ФТУТИ).

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тибии шаҳри Исфара” озмуни ҷойҳои холии кориро ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: 1. Декани факултаи “Кори ҳамширагӣ”; 2. Мудири шуъбаи кор ба кадрҳо; 3. Сардори бахши таҷрибаомӯзӣ; 4.Омӯзгори фанни информатика; 5.Омӯзгори фанни забони англисӣ. Телефонҳо барои маълумоти иловагӣ: 2-54-41 ва (91) - 86422-00.


4

"Насими ИСФАРА"

18 августи соли 2021

№ 29 (9398)

Аз одамӣ нишоне ҷуз нақши дасти ӯ нест, Дорад ҷаҳон бақое худ аз нишони миллат.

Ғиёсиддин Файёзов 14 феврали соли 1948 дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1966 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22и Ҷамоати деҳоти Ворухро хатм карда, худи ҳамин сол барои гирифтани маълумоти олӣ ба Донишгоҳи кимиёвӣ-технологии ба номи Д.И.Менделееви шаҳри Москва дохил шуд. Соли 1971 онро бо ихтисоси муҳандис-технолог хатм кардааст. Сипас, дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ду сол ба ҳайси командири барои аз вобастагии гази табиию взводи кимиёвӣ хизмати Ватанро мазут раҳо додани фаъолияти иҷро кардааст. буғхонаи корхона истифода аз Соли 1973 фаъолияти худро сӯзишвории ангишту обӣ оғоз шуданд. ба ҳайси муҳандис дар заводи Солҳои охир бо мақсади истеҳсоли гидрометаллургии шаҳри Исфара маҳсулоти серхаридору рақобатнок (ҳоло “Тамохуш”) оғоз менамояд. корбасти технологияи коркарди Донишҳои амиқи технологиву кронҳои сурбии зарду лимӯранг, истеҳсолӣ ба ӯ имкон медиҳанд, ки катализаторҳои ванадийдор, аз ғашҳо соли 1974 вазифаи сардори шуъбаи тозагардонии флюорит ва ҳамчунин истеҳсолию техникиро ба уҳда гирад. ҷудо кардани руҳ аз консентрати Он солҳо солҳои ташаккулу рушди корхонаи муштараки “Зарнисор” соҳаи электроника дар ИҶШС ба таҳти роҳбарии Ғиёсиддин Файёзов ҳисоб мерафтанд ва барои ин роҳандозӣ шуда буданд. Мавриди мақсадҳо истеҳсоли маводҳои наву дар истеҳсолот истифодабарии онҳо босифатро ба роҳ мондан зарур буд. бештар аз 130 ҷойи нави кор таъсис Аз ин хотир истеҳсоли карбонати меёбанд. стронсии доирашакл, барии металлии Далелҳои дар боло овардашуда тозатарин, пайвастагиҳои висмуту ҳиссаи каме аз руйихати амалҳое ванадийро роҳандозӣ мекарданд. мебошанд, ки дар тӯли фаъолияти Аксари ин корҳо таҳти сарварии пурмаҳсули меҳнатии Ғиёсиддин шуъбаи истеҳсолию техникӣ сурат Файёзов анҷом дода шудаанд. мегирифт, яъне созмондеҳи онҳо Ғиёсиддин Файёзовро ҳамчун Ғиёсиддин Файёзов буд. шахси эҷодкору навовар мешиносанд. Дар солҳои 90-уми асри гузашта ба масъалаҳои сифати маҳсулот масъалаҳои дигар, ба мисли ба роҳ иқтидорҳои аз кор бозистода, Бештар аз 50 таклифҳои навоварии эътибори ҷиддӣ додан пеш омада мондани истеҳсоли маҳсулоти нав - барномаи “Сурмаи Тоҷикистон” ӯ мавриди баҳрабардорӣ қарор буд, чунки пешрафти соҳаи саноат ба люминофорҳо дар асоси металлҳои таҳия ва барои истеҳсоли сурма гирифтанд, ки самараи иқтисодии он вобастагии қавӣ дошт. Дар қатори нодир, рений ва ҳафтоксиди он, технологияю коргоҳ омода карда онҳо бештар аз 500 ҳазор сӯми ташкил медоданд. чорабиниҳои техникӣ (масалан, карбонату фосфати стронсий барои шуданд. Дар ҳамкорӣ бо ширкати шӯравиро ворид кардани таҷҳизоти наву худкор) истеҳсоли люминофорҳо, хӯлаҳои “Салоса” ин кор идома ёфт ва Ғиёсиддин Файёзов соҳиби 11 барои ҳалли ин масъала ҳамчунин дорои алюминию стронсий, хокаи технологияи бепартову безарари шаҳодатномаи муаллифӣ ва якчанд чорабиниҳои ташкилӣ аҳамияти тозакардашудаи платина ба миён он таҳия гардид. Ҳамаи ин корҳо патент буда, ба унвони фахрии хизматнишондодаи хосса доштанд. Барои моҳиронаю омада, ҳалли худро ёфта буданд. имкон медоданд, ки ҷойҳои корӣ “Ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон” сазовор аниқ танзим кардани равандҳои Пас аз пошхӯрии ИҶШС бо нигоҳ дошта шаванд ва корхона аз технологӣ бояд он низ равшану возеҳ супориши Ҳукумати Ҷумҳурии фаъолият намонад. Дар ин ҷода гардидааст. Ҳамчунин байни рафиқону дӯстону нишон дода мешуд. Ин кор имкон Тоҷикистон дар заводи саҳми Ғиёсиддин Файёзов хеле ҳамкорон шахси обрӯманд буд, чунки медод, ки маҳсулоти истеҳсолӣ аз гидрометаллургӣ корҳои аз маъдану назаррас буд. талаботи стандартҳои давлатӣ ҳам консентрат ҷудо кардани тиллою Дар аввали асри нав, вақте хислатҳои неку писандидаи хоксориву ҳалолкориву дида, беҳтар истеҳсол карда шавад. нуқра оғоз шуданд. Давоми як роҳбандиҳо оғоз шуд, корхонаи ҳалимгуфторӣ, Кормандони шуъба таҳти сарварии сол таҷҳизоти навро васл карда, кимиёвӣ қариб аз кор боз истод. кушодагӯӣ дошт. Афсӯс, ки ҳаёт вафо Ғиёсиддин Файёзов ин ҳуҷҷатҳоро технологияи навро сари кор оварда, Ғиёсиддин Файёзов ба ин корхона накард ва санаи 7 августи соли 2021 саривақт таҳия карда буданд. азхудкунии он оғоз ёфт. Ҳамчунин, омад ва таҳти сарварии ӯ истеҳсоли бо дунёи фонӣ падруд гуфт. Инҷо мехоҳем як лаҳзаи дигареро Дар миёнаи солҳои 90-ум барои вусъати корҳо ва истифодаи нуриҳои маъдании комплексӣ ва

Шамъи хотира

Навоваре рафт, ки ихтирооташ миллион доллар фоида овардааст

Минбари хонанда

Омӯзгор ва сифатҳои касбии ӯ Омӯзгор муҳаррики донишандӯзии шогирдаш аст.

Б

аъди солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо аксарияти омӯзгорон касби пуршарафи худро тарк намуданд, дар мактабҳо норасоии кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ ба назар мерасид. Абуалӣ ибни Сино вобаста ба ин масъала чунин мегӯяд: «Тарбиякунандаи кӯдак бояд дорои сифоти зерин бошад: оқил, бодиёнат, донандаи хуби масоили тарбияи нафс, донандаи хуби роҳҳои тарбияи кӯдакон, бовиқору ҷиддӣ, хушахлоқу нармхӯ, зирак, ҷавонмард ва поксурату поктинат». Муҳимтарин сифатҳое, ки мавҷудияти он барои муаллим зарур ҳисобида мешавад, ба таври зайланд: 1. Омӯзгор бояд ба андозаи лозима аз фанни ахлоқ, сиёсат, ҷомеашиносӣ ва иқтисод бохабар бошад, зеро ӯ барои ҷомеа хизмат мекунад ва хонандагонро ҳамчун узви фаъол ва судманди ҷомеа ба воя мерасонад. Барои омӯзгор бидуни огоҳӣ аз вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва арзишҳои ахлоқии ҷомеа

адо намудани рисолати устодӣ имконнопазир аст. 2. Омӯзгорро мебояд нисбат ба хонандагони худ мушфиқу меҳрубон ва дилсӯз бошад, то бо ин роҳ дили шогирдонашро ба асорат гирад. Хонандагон аз устоди сангдил нафрат хоҳанд кард ва аз ин хислат муаллим миёни талабагон эҳтиромро аз даст медиҳад ва шогирдон нисбат ба ӯ бовар намекунанд. Риояи низом аз ҷониби хонандагон танҳо болои эҳтиром ва итоат асос ёфтааст, на бар сахтгириҳои беасосу бемавриди омӯзгор. Чунончӣ, Мавлавӣ дар ин бора фармудааст: Сахтгириву таассуб хомӣ аст,

"Насими Исфара" Муассис: мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара. Рӯзнома дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Шаҳодатномаи бақайдгирӣ: №038/РЗ-97

То ҷанинӣ, кор(а)-т хуношомӣ аст. Қобили зикр аст, ки набояд устод бештар аз ҳадди лозим нармхӯ бошад, зеро дар баъзе мавридҳо шояд хонандагон аз ин рафтори ӯ сӯйистифода намоянд. Агар устод боҳикмат, зирак ва ҷиддӣ бошад, шогирдон эҳсос мекунанд, ки ба омӯзгор ниёз доранд ва ҳатман барои рафъи мушкилоти худ ба назди устодашон ҳозир мешаванд. Ҷиддият ба он маъност, ки ӯ бояд дар ҳар коре, ки азм кард, онро ба субот расонад ва барои иҷрои он дудила набошад. Иртиботи устоду шогирд бояд шабеҳи муносибати байни бародар ва додар бошад: дар баъзе фурсатҳо сахтгиронаву

Суроға: 735920, шаҳри Исфара, кӯчаи Марказӣ 10. Телефонҳо: (8 34 62) 2-49-73; 2-44-57. Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон аст.

гоҳи дигар дилсӯзона ва бо муҳаббат. Соати дарсӣ натанҳо барои ошноӣ бо мавзӯи нав, балки барои бохабар шудан аз мушкилоти шогирдон ва барои кумак ба онҳо низ истифода шавад. Аз ин нуқтаи назар, устод барои адои ин масъулият бояд амин ва боихлос бошад. Аз худ садоқат нишон диҳад ва маълумоти муфидро барои талабагон интиқол дода, аз маълумоти зараровар худдорӣ намояд. Олими ҳақиқӣ касест, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯйи илму маърифат камар баста, худро аз сафи хонандагон боло намедонад. Дар асоси он чӣ зикр гашт, метавон гуфт, ки вазифаи асосии муаллим аз тарбия иборат аст, яъне, пеш аз ҳама, тарбиятгар аст ва таълим ҷузъе аз касби тарбиявӣ дониста мешавад. Тамоми ислоҳотеро, ки мо дар амали таълимӣ ҷустуҷӯ дорем ва ҳамеша дар орзуи ба даст овардани он ҳастем, ин аст, ки муаллим саропо мураббӣ бошад, то барои ба даст овардани камолот ва расидан ба он барои сохтани шогирдони тавонои равшанфикри боимону хушахлоқ кӯшиш намояд. Наргис АРТИКОВА, корманди Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара.

САРМУҲАРРИР: Абдумуталиб ШАРИФОВ.

ГУРӮҲИ ДӮСТОН.

Аз сабаби гум шудан эътибор надоранд Аттестати маълумоти миёнаи № 307342, ки МТМУ № 27 соли хониши 1974 ба Раҷабова Майрамхон Асатовна додааст. *** Аттестати маълумоти асосии № 029110, ки МТМУ № 48 соли хониши 1979 ба Ҳусенова Каромат Шукуровна додааст. *** Дипломи силсилаи ҶТ № 0137087 рақами қайд 13699, ки МДТ “Литсейи касбии техникии саноати кӯҳии шаҳри Исфара” бо тахассуси “Дӯзанда”-и дараҷаи сеюм ба Зарипова Саидахон Абдуяқиновна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи № 206568, ки МТМУ № 41 соли таҳсили 1989 ба Усмонова Ҳикоятхон додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи БП № 876392, ки МТМУ № 12 солҳои хониши 1981-1982 ба Бобоева Гулчеҳра Разоқовна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи А № 167353, ки МТМУ № 22 солҳои таҳсили 1992-1993 ба Бобокомилова Мутриба Абдураҳмоновна додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи ШМҲ № 0019628, ки МТМУ № 17 соли хониши 2004 ба Файзиев Имомидин Баҳронович додааст. *** Аттестати маълумоти миёнаи силсилаи АБ № 877290, ки МТМУ № 13 солҳои хониши 1981-1982 ба Ҳомидова Мӯҳтарам Маҳмудовна додааст.

*** Аттестати маълумоти миёнаи силсилаи А № 039312, ки МТМУ № 28 солҳои хониши 19891990 ба Раҳимова Матлуба Кукановна додааст.

Матолиби рӯзномаи "Насими Исфара"-ро бо нишон додани манбаъ истифода бурдан мумкин аст. Еmail: nasimiisfara@mail.ru Иҷозат ба чоп: 17. 08. 2021. Адади нашр 4300.

аз фаъолияти марҳум баён кунем. Солҳои 90-ум қубурҳои партовгузар зиёда аз 12 км аз такшони намакҳо қариб пур шуда, иқтидори истеҳсолиро хеле коҳиш дода буд. Маълум аст, ки бо истифода аз интибиторҳо ҷудошавии намакҳоро кам кардан мумкин аст. Вале чунин моддаи зарурии ба ин соҳа ростмеомадаро олимони мо дарёфт карда наметавонистанд. Аз як мактуби Вазорати металлургияи рангаи ИҶШС бармеомад, ки ба ин масъала дар Нижний Тагил низ машғул мебошанд. Барои ҳалли ин масъала олимонро аз шаҳри Свердловск (Екатеринбурги ҳозира) даъват карда, якҷоя санҷишу таҳқиқот гузаронидем ва ба хулоса омадем, ки яке аз интибиторҳои онҳоро истифода бурдан мумкин аст. Бо исрори Ғиёсиддин Файёзов параметрҳои технологии истифодаи онро аниқ кардем. Баъди як моҳи истифода сарэнергетики корхона А.Милтсин омада хабар дод, ки қубурҳо тоза шудаанд, яъне такшоншавӣ пешгирӣ гардида, такшони куҳна низ ҳал шуда рафта истодааст. Ҳамин тавр, дарёфти ин технология имкон дод, ки зарурати иваз кардани 12 км қубурҳо аз байн рафт ва маводу қувваи корӣ сарфа шуданд. Ин яке аз оддитарин мисоли ҳаётӣ, ки истеъдоди хуби навоварӣ доштани Ғиёсиддин Файёзовро нишон медиҳад. Ё худ дар охири асри гузашта барои табобату пешгирии бемориҳо мардум ба гиёҳҳои шифобахш рӯй оварда буданд. Омӯзиши маъхази тибби қадима ва имкониятҳои илми замона ба ӯ имконият доданд, ки якчанд чой ва дамобаҳои дармонбахшро аз гиёҳҳои маҳаллӣ омода созад. Бисёр дӯстону рафиқон бо маслиҳати Ғиёсиддин Файёзов барои табобати хоришак, бемориҳои дилу гурда, узвҳои ҳозима, ҷигару талхадон аз онҳо истифода бурда, шифо ёфтаанд. Афсӯс, ки марги беамон аз байни мо ин инсони заминӣ ва дилсӯзу навоварро бурд. Ҷояш ҷаннат ва хонаи охираташ обод бошад!

ҲАЙАТИ ЭҶОДӢ: Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ, Фатҳулло САЙИДОВ, Тайибахон МАҲМУДОВА. Рӯзнома дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № _________


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook