Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!
НАСИМИ
Оғози нашр 24 / 04 / 1932 *** № 29 (9211) *** Чоршанбе 2. 08. 2017
ИСФАРА
НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА
ДАР МУЛОҚОТ БО ЛАККОНИҲО Раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ аз деҳаи Лаккон дидан кард.
Н
ахуст шаҳрдори Исфара бо раванди корҳои саҳроӣ, нашъунамои зироатҳо ва тараддудҳои заҳматкашони хоҷагиҳои деҳқонӣ шинос шуд. Ба раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки баъди мавриди истифода қарор додани насоси нави обкашӣ, ки бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид сурат гирифтааст, вазъи таъминот бо оби полезӣ беҳтар гардида, имрӯзҳо нашъунамои полезиҳо, аз ҷумла харбузаву тарбуз , помидор ва офтобпараст хуб аст. Бояд қайд намуд, ки бо дарназардошти мавқеи ҷойгиршавӣ ва иқлими хоси маҳал дар мавзеи Лаккон асосан полезиҳо, хӯроки чорво, сабзавот ва зироатҳои техникӣ кишт ва парвариш карда мешаванд. Ҷойизи зикр аст, ки бинобар ба шароит мутобиқ, камхароҷот ва сердаромад буданаш, беш аз 70 фоизи заминҳои кишоварзии Лакконро кишти офтобпараст ташкил медиҳад. Баъдан дар бинои МТМУ № 39-и деҳа аз ҷониби раиси шаҳр қабули шаҳрвандон сурат гирифт, ки дар ҷараёни он беш аз 15 нафар сокинон оид ба ҳалли мушкилоти хеш ба шаҳрдори Исфара муроҷиат намуданд. Минбаъд дар толори ҳамин муас-
Волидайн дар қисмҳои ҳарбӣ 30 нафар падару модарон бо шароити хизмати фарзандони худ дар қисмҳои ҳарбии шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ шинос шуданд.
вазорати мудофиа рӯйи кор омад. Дар суҳбат модари сарбоз Нигина Халилова аз ҷамоати шаҳраки Нефтобод қайд кард, ки шароити хизмат хеле хуб буда, ӯ шод аст, ки ду фарзандаш - Бахтовар ва Диловар бо сарбаландӣ хизмати Модар-Ватанро адо карда истон гуна имконият дар асоси даанд. амри раиси шаҳр Дилшод Рафохон Пӯлодова аз деҳаи Ҷабборӣ бо дастгирии бевоси- Навгилем бошад, сарбозиро таи мақомоти иҷроияи ҳокимияти мактаби обутоби бадан, шуҷоадавлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо ту мардонагӣ ва дарёфти дӯстон
И
ҳисобида, худро модари хушбахт мегӯяд. Зеро писараш Маҳмудҷон дар қисми ҳарбии 0123 дар баробари адои қарзи фарзандӣ дӯстони ҷонӣ аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон пайдо кардааст. Ин гуна дидорбинии волидон аз қисмҳои ҳарбӣ ба ҳукми анъана даромада, он мунтазам доир шуда истодааст.
ба уҳда дошта, 1 нафар ба ҳайси раиси ҷамоат, 6 нафар ҳамчун муовини раис ва 5 нафар ба сифати котиби ҷамоатҳо фаъолият мебаранд. 826 нафар занон дар соҳаи саноат, беш аз 7000 нафар дар соҳаи кишоварзӣ, 1997 нафар дар Фаъолияти шуъбаи кор бо за- соҳаи маориф, 2377 нафар дар соҳаи тандурустӣ ва зиёда аз 2500 нафар бонон ва оила дар давраи шашнувон дар соҳаи савдою хизматрасонӣ моҳаи аввал натиҷабардорӣ босамар меҳнат мекунанд. карда шуд. Дар қисмати музокира мудири шуъДар он мудири шуъба М. Назирова баи САҲШ М. Ёқубӣ, муовини сардори қайд кард, ки айни замон дар Исфара хадамоти госпиталии шаҳр Н. Мадибрашумораи занони дар ҳайати роҳбари- гимова, нозири минтақавии ШВКД-2 О. кунандаи ҳамаи зинаҳои идоракунии Саидова ва собиқадори меҳнат, ходими давлатӣ фаъолиятдошта 297 нафарро намоёни давлативу ҷамъиятӣ Г. Савриддинова баромад намуданд. ташкил медиҳад. Дар фароварди нишаст бонувони Дар байни кадрҳои роҳбарикунанда 5 нафар занон сарварии раёсату идо- фаъоли шаҳр нақшаи кории шуъбаро раҳо, шуъбаҳову бахшҳои мақомоти ба давраи минбаъдаи фаъолият муҳоиҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро кима ва тасдиқ карданд.
Фаъолияти занон дар 6 моҳ
Сипосгузорем
Бо дастгирии раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ 40 нафар собиқадорон барои сайёҳат ба Хуҷанд рафтанд. Дар ҷараёни он собиқадорон аз маҷмааи Истиқлол, Боғи миллӣ ва чойхонаҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфтаи Хуҷанд дидан намуданд. Бинобар ин ба раиси шаҳрамон ва маъмурияти ҶС "Корхонаи кимиёвӣ" барои фароҳам овардани шароити сайёҳати собиқадорон арзи сипос менамоем. К. МУЗАФФАРОВ, муовини раиси шӯрои собиқадорон.
Дар толори Қасри фарҳанг ба ифтихори 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ, Соли ҷавонон ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври аввали Фестивали ҳунарии ҷумҳуриявии нобиноён таҳти унвони “Дунёи меҳр” шуда гузашт. Ҳакамони озмун миёни 19 нафар довталабон 3 нафарро ба даври ниҳоӣ роҳхат доданд. Инҳо Мафтуна Сабурова, Мадина Аюбова ва Истад Рӯзиева мебошанд.
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар маҳаллаи Баҳор «Бозори деҳқон» фаъол гардидааст.
Д
сиса Расулзода Дилшод Ҷабборӣ бо сокинони деҳаи наздисарҳадии Лаккон мулоқот анҷом дод. Дар раванди мулоқот масъалаҳои ҳалталаби деҳа баррасӣ гардида, раиси шаҳр дар назди масъулин вобаста ба ҳалли мусбати онҳо вазифагузорӣ намуд. Аз ҷумла масоили таъминот бо оби полезиву нӯшокӣ, бунёди чойхонаву ҳаммом, клуб ва варзишгоҳи замонавӣ, тақвияти муносибати дӯстона бо ҳамсояҳо дархостҳое буданд, ки дар робита ба онҳо дастуроти мушаххаси шаҳрдори Исфара садо доданд. Бояд гуфт, ки ҷамоати деҳоти Лаккон дар мавзеи наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир буда, беш аз 7000 нафар аҳолӣ дорад. Дар ҳудуди ҷамоат зиёда аз 1000 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият менамояд.
"Деҳқонбозор" дар "Навбаҳор"
ар бозори мазкур маҳсулоти хоҷагии қишлоқ, полезиву тармеваҳо бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди харидорон гардонида мешаванд. Масъулини соҳа мегӯянд, ки чунин муомилоти бевоситаи деҳқон бо харидорон дар ҳифзи нарху навои бозори истеъмолӣ аз болоравӣ ва ҳавасмандгардии хоҷа-
гиҳои деҳқонӣ ба маҳсули ниҳоии меҳнати аъзоёнашон мусоидат хоҳад кард. Нархи сабзавотҳо ва зироатҳои полезӣ, аз ҷумла харбузаву тарбуз дар "Бозори деҳқон"-и маҳаллаи Баҳор дар муқоиса бо Бозори марказӣ аз 20 то 40 фоиз арзонтаранд.
112 нафар коргар шуданд Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли ҷавонон ва 25 - солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ бо мақсади ба кори доимӣ таъмин намудан ва бо касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бешуғл дар филиали муассисаи давлатии "Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон" ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид.
"Дунёи меҳр" Озмун бо шартҳои хониши бадеии шеъру тарона, навозиши асбобҳои миллӣ, иҷрои сурудҳои фолклорӣ, классикӣ ва хориҷӣ доир шуда, ҳадафи он дарёфти истеъдодҳо дар байни шахсони нобино ва қувваи босираашон суст, хештаншиносии наврасону ҷавонон буд. Озмуни мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон доир гардид.
Д
ар ҷараёни ярмаркаи мазкур корхонаву муассиса ва ташкилотҳои ширкатдор ба интихоби корҷӯяндагон беш аз 382 адад ҷойҳои холии кориро бо музди аз 400 то 1500 сомонӣ пешниҳод намуданд. Ҳамзамон аз тарафи Хадамоти муҳоҷирати шаҳр вобаста ба ҷойҳои холии кории дар хориҷи кишвар мавҷуд буда иттилоъ паҳн карда шуд. Дар натиҷа 12 нафар ба ҷойҳои кории доимӣ ва 28 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ роҳхат
Д
ар доираи лоиҳаи "Беҳтар намудани дастрасии наврасон, хусусан ҷавондухтарону ҷавонписарони осебпазир ба кӯмаки равонӣ ва машваратии хизматрасониҳои хайрхоҳона ба ҷавонони вилояти Суғд", ки бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони СММ аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии "Насли ҷавони Тоҷикистон" амалӣ гардонида мешавад, ҷаласаи аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни он мудирон ва мутахассисони шуъбаҳои маориф, тандурустӣ, кор бо ҷавонон, кор
гирифтанд. Дар ҷараёни ярмарка намоиши дастранҷи муҳассилини курсҳои касбомӯзии Маркази таълими калонсолон ва нафароне, ки тавассути қарзҳои имтиёзноки Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр фаъолияти соҳибкориашонро ба роҳ гузоштаанд, доир карда шуд. Бояд зикр намуд, ки давоми 7 моҳи соли 2017 дар шаҳру деҳоти Исфара 9 ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, тавассути онҳо 112 нафар бекорон бо кор таъмин ва 235 нафар ба касбомӯзӣ номнавис карда шудаанд.
560 кӯдаки осебпазир? бо ноболиғон, ҳуқуқи кӯдак ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ширкат доштанд. Лозим ба зикр аст, ки тайи муддати амалигардонии лоиҳа дар вилояти Суғд 2 ҳазору 547 нафар ва дар шаҳру деҳоти Исфара 560 нафар кӯдакони осебпазир муайян ва мавриди таваҷҷӯҳи хоса қарор дода шудаанд.
Манфиати халқашро ҳимоя мекард
НАСИМИ ИСФАРА
02. 08. 2017
Ҳар як ваҷаби хоки Ватан саҷдагаҳи мост, Ҳар шохаи гул дар Ватанам қиблаи дилҳост.
№ 29
2
Ё худ мавқеъгириҳои раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев дар баҳсҳои сарҳадӣ чӣ гуна буд?
Баҳсу моҷаро барои истифодаи обу замин байни кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла байни Тоҷикистону Қирғизистон солҳои тӯлонӣ аст, ки тезу тунд ва ҳалталаб мебошад. Бори аввал байни сокинони наздисарҳадӣ моҳи декабри соли 1974 дар деҳаи Ворух барои истифодаи замин задухӯрд рӯй дода, боиси захм бардоштани шаҳрвандони ҳарду ҷониб гардид. Мутаасифона ин бархӯрд аз ҷой доштани баҳсҳои ҳалталаб дар муносибатҳои марзию заминистифодабарӣ дарак дода бошад ҳам, барои ёфтани роҳи ҳалли онҳо ва пешгирии пайдошавии дигар моҷароҳои марзӣ чораҳои амалӣ андешида нашуданд. Дар натиҷа дере нагузашта дар ҳамон мавзеи Меҳнатободи Ворух бори дигар байни ворухиҳою қирғизҳо задухӯрди шадиди хунин рӯй дод. Аммо Ҳукумати Шӯравӣ ин дафъа ҳам ба ин моҷарои то рафт вазнину хавфнок гардидаистода аз паси панҷа нигоҳ карда, онро ба халқҳои мустақилгаштаи тоҷику қирғиз мерос гузошт. Аз барҳам хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ қариб 30 сол гузашта, дар ин минтақаи Исфара моҷароҳо борҳо рӯй дода, аз тири яроқи сарҳадбонони қирғиз якчанд нафар тоҷик ҷон бохтаю мағозаю автомашинаҳо ба коми оташ рафта бошанд ҳам, ин баҳс то ҳол ҳалли худро наёфта, боиси мутташаниҷ мондани вазъият ва сабаби рӯй додани бархӯрди дигари вазнин шуда истодааст. Тоҷикон дар вуҷуд доштани баҳсҳо дар истифодаи замину обро дар ин минтақа аз собиқ роҳбарони ҳизбию давлатии Тоҷикистон медонанд ва мегӯянд, ки онҳо бо мақсади озод шудан аз андози замин бисёр заминҳои дар истифода набудаи захираи давлатиро ба Қирғизистон гузашт намудаанд. Қирғизистон бинобар ҷумҳурии чорводор буданаш бо қарори Ҳукумати Иттифоқи Шӯравӣ аз додани андози замин озод буд. Аз ин хотир бо гузашти солҳо, хати сарҳади онҳо аз теғаи кӯҳҳою баландиҳо “хазида” ба ҳамворӣ фаромада, то маҳалҳои зисти тоҷикон омадааст. Ин ҳақиқати мутлақ аст. Лекин бояд зикр кард, ки баҳс барои истифодабарии замину об дар ин минтақаи наздисарҳадӣ сабабҳои дигари таърихӣ дорад ва имрӯз ҳал кардани онҳо кори мушкилу мураккаб буда, таҳаммулу гузашткунии тарафайнро тақозо мекунад. Зеро то замони инқилоби Шӯравӣ халқҳои дар ин минтақа сукунатдошта, давлати миллии худро бунёду марзу буми
онро муайян накарда буданд. Онҳо дар ҳолати паҳну парокандагӣ қарор доштанд. Қирғизҳо ҳам давлати миллии соҳиби марзу буми муайян надоштанд. Онҳо бо қисми шимоли Тоҷикистон ҳанӯз солҳои 70-уми қарни ХIХ ба Русия ҳамроҳ шуда ба Генерал-губернатори Туркистон итоат мекарданд ва байни онҳо сарҳади давлатӣ мавҷуд набуд. Аз ин рӯ имрӯз тоҷикҳо дар Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Қирғизистон ва Қазоқистон дар бисёр шаҳру маҳалҳои тоҷикнишини бунёдкардаашон сукунат карда истодаанд. Чӣ тавре дида мешавад тақсимоти ҳудудию маъмурии соли 1924 дар Осиёи Миёна гузаронидаи ҳукумати Шӯравӣ ҳам ба муттаҳид намудани миллати тоҷик ва барпо кардани давлати миллиаш равона нашуда буд. Ин тақсимоти ноадолатона, баръакс дар байни халқҳои дар Осиёи Миёна сукунатдошта ба тоҷикон зиёдтар зарар расонд. Дар натиҷаи ин тақсимот онҳо на фақат аз минтақаю вилоятҳои таърихан тоҷикнишину ободу пешрафтаашон, ки аз замони қадим маркази илму маърифат буданд, маҳрум шуданд, инчунин дар ҳудуди ба онҳо ҷудокарда қисмат шуда, дар ду тарафи кӯҳҳои касногузари бе алоқаи нақлиёти заминӣ боз дар ҳолати парокандагӣ монданд. Шаҳрҳои Исфараю Конибодом, ки сокинонаш асосан тоҷикон буданд, дар ҳудуди Ӯзбекистон монданд. Фақат баъди ҷумҳурии мустақили иттифоқӣ шудани Тоҷикистон ва кӯшишу талошҳои зиёд нимаи солҳои 30ум ин шаҳрҳо ба Тоҷикистон баргардонида шуданд. Бояд зикр намуд, ки ҷудокунии ҳудудию маъмурии дар Осиёи Миёна суратгирифта, ба ғайр аз ҳуқуқҳои тоҷиконро маҳдуд намуда, онҳоро дар як давлат муттаҳид накарданаш, байни халқҳои ин минтақа моҷароангезонанда буд. Ин тақсимот марзи Ҷумҳурии Тоҷикистону Қирғизистонро аломатгузорӣ накард ва байни онҳо дар ин минтақа заминҳои дар гардиш қарордоштаю истифодашавандаро дар маҳалҳои аҳолинишин тақсим намуда, ҳудуди онҳоро дар заминҳои истифоданашаванда муайян накарда буд. Нотамом мондани тақсимоти ҳудудию маъмурӣ ва беаломатгузорӣ мондани марзи Тоҷикистону Қирғизистонро дар ин минтақа кори комиссияи байнидавлатии ҳар ду ҷумҳурӣ, ки баъди соҳибистиқлол гардиданашон таъсис дода шуд, тасдиқ мекунад. Ин комиссия аломатгузории сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистонро оғоз намуда, аммо чанд сол гузашта бошад ҳам ба охир нарасонидааст. Беэътиноӣ нисбат ба ҳуқуқҳои тоҷикон бо он алоқаманд аст, ки русҳо ба ӯзбекҳою қирғизҳо наздиктару қаринтар мебошанд. Чӣ тавре дар боло нишон дода шуд, онҳо ҳанӯз то инқилоби Шӯравӣ
ба Русия пайваста буданд ва дар замони Шӯравӣ ҳам онҳо аз илтифоти русҳо бештар истифода мебурданд. Барои Русияи инқилоби Шӯравиро дар Туркистон роҳбаринамуда аснои ҷудокунии ҳудудию маъмурии Осиёи Миёна, тоҷикҳо чун “фарзанди ӯгай” буданд. Баҳснок мондани масъалаҳои марзӣ байни ҷумҳуриҳо дар замони Шӯравӣ муҳиму ташвишовар набуд. Зеро давлати Шӯравӣ хонаи умумии ҳамаи ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ҳисоб мешуд. Сарҳади байни ҷумҳуриҳои иттифоқӣ шартан чун марзи дохилии байни воҳидҳои маъмурӣ буд ва бо иродаи марказ минтақаю вилоятҳо аз ихтиёри як ҷумҳурӣ ба дигар ҷумҳурӣ бе гузаронидани раъйпурсӣ дода мешуданд. Мисоли чунин муносибати марказ минтақаи Қримро аз тобеияти Русия бе гузаронидани раъйпурсии халқҳо ба Украина тақдим карданаш мебошад. Ба ғайр аз ин ҳеҷ кас шак намеовард, ки давлати Шӯравии абарқудрат, чун дигар империяҳои аз таърих ба мо маълум бардавом мавҷудият накарда зуд барҳам мехӯрад. Аз қадимулайём тоҷикони Исфара ба заминистифодабарӣ машғул шуда, деҳқонию боғпарварӣ менамуданд. Барои равнақ додани ин машғулияташон заминҳои талу теппа ва доманакӯҳи атрофи маҳалашонро ҳамвору обшор намуда, истифода мебурданд ва ё дар минтақаҳои сербориши кӯҳӣ, ба лалмикорӣ машғул мешуданд. Қирғизҳо бошанд ба чорводорӣ машғул шуда, асосан бодиянишинӣ мекарданд, яъне кӯчманчӣ буданд. Дар ҳамворӣ ҷои зисти доимӣ надоштанд ва ба чарондани чорвои тоҷикони маҳал машғул шуда, дар манзилҳои дар назди маҳалҳои тоҷиконсохта зимистонро мегузаронданд.
Солҳои 60 – уми қарни гузашта қирғизҳо шуғли мушкилу дар он солҳо камдаромадшудаи чорводориро партофта, аз кӯҳҳо ба ҳамворӣ фаромаданд. Охири солҳои 60уми қарни гузашта, онҳо аз мавзеъҳои кӯҳии Кэх, Тӯшқалиқ, Кишамиш, ки дар атрофи деҳаи Ворух буданд, кӯчида заминҳои аломатгузорӣ нашудаи назди деҳаи Хоҷаи Аълоро ҷойи зисти доимии худ интихоб карданд. Бо дастгирии ҳокимияти маҳаллияшон ба набудани хатти марз байни ду ҷумҳурӣ нигоҳ накарда, заминҳои бекорхобидаи мавзеи соҳили дарёи Ворух, ки аз он ҷо роҳи автомобилгарди Исфара - Ворух мегузашт ва дигар қитъаҳоро худсарона ишғол намуданд.
Онҳо ба тоҷикон имконият намедоданд, ки аз ҳисоби ин заминҳои аломатгузорӣ нашуда заминҳоро истифода ва маҳалли зисташонро васеътар намоянд. Бо ин мақсад манзилҳояшонро дар канори маҳалҳои тоҷикнишин сохта, бо онҳо ҳамсояи девордармиён, ё роҳу тангкӯчаи мегузаштагиашонро дар мобайн мемонданд. Дар натиҷа маҳалҳои тоҷику қирғиз омехташуда дар Ворух, Хоҷаи Аъло ва Чоркӯҳ пайдо шуданд, ки онҳо ба низоми маҳалсозӣ дар марзи давлатӣ номувофиқ мебошад. Ворухиҳо ҳам бо мақсади қонеъ намудани эҳтиёҷи афзудаистодаи аҳолии маҳаллиашон қарор доданд, дар мавзеи Оқсой, ки дар тарафи чапи дарёи Ворух воқеъ буд, замини бекорхобидаро обшор намуда, ба истифода дароранд. Ба онҳо тааллуқ доштани ин мавзеъ шубҳа надошт. Зеро дар он ҷо оромгоҳи бузурги деҳа, Хоҷаи Ғор воқеъ ва дигар далелҳои таърихӣ ин ҳақиқатро тасдиқ мекарданд. Корҳои азхудкунии замини ин мавзеъ якчанд сол ошкоро дар пеши назари қирғизҳо ба итмом расонида шуда бошад ҳам, онҳо ягон эътирозу норизогӣ нисбат ба ин иқдоми ворухиҳо намекарданд. Баъди аввал бо насос, пас оби худҷорӣ оварда ин мавзеъро аз сангу хор тоза карда, пастию баландиҳояшро ҳамвор намуда, бошишгоҳҳои саҳроиро сохта, боғҳоро бунёду заминро кишту кор кардан, онҳо барои ба даст даровардани ин заминҳо иғвою моҷароро оғоз намуданд. Ҷониби қирғизҳо ба ҷои масъалаашонро бо роҳи гуфтушуниду мувофиқи нишондоди қонун ва тартиби муқарраршуда ҳал кардан, қувваю зӯриро истифода бурданд. Ҳамин тавр байни тоҷикону қирғизҳо охири моҳи декабри соли 1974 ҷангҷол ба вуҷуд омада, боиси зарари ҷисмонӣ гирифтани одамони ҳар ду ҷониб гардид. Барои ором намудани вазъ ва гирифтани пеши роҳи ин амалҳо милитсия ва сарбозон истифода шуда, дар ин минтақа вазъияти фавқуллода эълон карда, комиссияи муштараки байнидавлатӣ барои ҳал намудани ин масъалаи баҳсӣ таъсис дода шуд. Бо мақсади зудтар ба марказ дар бораи ором шудани вазъ гузориш додан ё бо дигар сабаб комиссия ба зудӣ барои 500 гек-
тар замини бо азобу машаққат ва хароҷоти калон обод кардаи ворухиҳоро бо бошишгоҳҳои саҳроиаш ба қирғизҳо додан ба хулоса меояд. Дар баробари ба ворухиҳо таърихан таалуқ доштани заминро ба назар нагирифтанаш, комиссия сарфи назар намуд, ки қирғизҳо дар ин маҳал барои истифода бурдани ин миқдор замин қувваи корӣ надоранд. Ҳол он ки дар деҳаи аҳолиаш он замон аз 10 ҳазор нафар зиёди Ворух бекорон бисёр буданд, ба назар гирифтани ин масъала шарт буд.
Қирғизҳо барои банд намудани замини аз ворухиҳо кашида гирифтаашон, як гурӯҳи қаблан шартан маҳкумшудагонро аз шимоли ҷумҳуриашон оварда, дар манзилҳои дар ду тарафи роҳи автомобилгарди Ворух – Исфара сохтаашон маскун намуданд. Беадолатии комиссияи муштарак роҳдода, на фақат боғҳои ворухиҳо бунёднамударо бе нигоҳубин мононда хушк ва заминҳои ободкардаашонро бе кишту кор мононд, инчунин вазъиятро ба ҷои орому муътадил намуданаш деҳаи Ворухро дар иҳотаи (анклава) Қирғизистон мононда, моҷароангез намуд. Минбаъд қирғизҳо ҳаракати автомашинаҳоро дар ин роҳ таҳти назорати маъмурию ҳуқуқии худ гирифта, сабабгори моҷароҳои дигар шуданд. Аз ҷумла ба ҳаракати автомашинаҳои роҳгузари тоҷикон монеъ шудан, санг партофта шишаҳояшро шикастан, ронандаю мусофиронашро зада маҷрӯҳ кардан ва ё ба кашонидани борҳояшону гузаронидани чорвояшон халал расонидан кори муқаррарӣ гаштааст. Ё бо ҳар баҳона ягона роҳи автомобилгарди деҳаи Ворухро, ки бо Исфараю дигар минтақаҳо мепайвандад, якчанд рӯз баста ба рафтуомади мардум монеъ шудан вазъиятро ноорому тоқатнопазир карда истодааст. (Давомаш дар саҳ.3).
Эй Ватан бо ҷон харидори туам!
Манфиати халқашро ҳимоя мекард
НАСИМИ ИСФАРА
02. 08. 2017
Сарҳади ту саргаҳи нанг асту ор,
№ 29
3
Ё худ мавқеъгириҳои раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Иззатулло Ҳаёев дар баҳсҳои сарҳадӣ чӣ гуна буд?
(Аввалаш дар саҳ.2).
Дар заминаи ин ва дигар баҳсҳои ҳалталаби марзии ҷойдошта, бори дигар тобистони соли 1989 дар ҳамин ҷо бархӯрди шадид байни тоҷикону қирғизҳо ба вуҷуд омад. Қирғизҳои ба ин задухӯрд тайёридида аз яроқи оташфишон истифода бурда, 18 нафар ворухиҳоро маҷрӯҳ карданд. Барои орому тинҷ намудани вазъ бори дуюм дар ин ҷо вазъияти фавқуллода ва қуюди шабгардӣ (соати комендантӣ) эълон карда шуд. Он вақт дар вазифаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекардам. Тақрибан пас аз ду ҳафтаи моҷарои сарҳадӣ дар бинои Шӯрои вазирон бо муовини Раиси Шӯрои Вазирон, Раиси Комитети Агросаноатии Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, В. Воҳидов, ки Раиси комиссияи баробарҳуқуқ аз ҷониби Тоҷикистон таъин шуда буд, во хӯрдам. Дар вақти суҳбат ӯ дар бораи вазъи Исфара аз омода шудани протоколи созиш ва ба ин протокол норизогӣ изҳор намуда, аз имзо даст кашидани аъзои комиссия баён намуд ва аз ман хоҳиш кард, ки ба Исфара рафта, ҳамдиёронамро барои ба протоколи созиши комиссияи баробарҳуқуқ тартибдода имзоҳояшонро гузоштан розӣ намоям. Азбаски барои иҷро намудани ин масъалаи муҳим супориши ӯ ба ман салоҳият намедод, аз иҷрои он худдорӣ намудам. Баъди якчанд рӯз Раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон И. Ҳ. Ҳаёев маро даъват намуда, супориш доданд, ки ба Исфара рафта, протоколи созиши комиссияи байнидавлатӣ тартибдода аз тарафи аъзои комиссия имзо шуданашро мусоидат намоям. И. Ҳ. Ҳаёевро аз давраи дар Кӯлоб кор карданам медонистам. Аввал Раиси Комитети иҷроияи Шӯрои депутатҳои вилояти Кӯлоб, баъд котиби аввали Кумитаи Ҳизби коммунисти вилояти Кӯлоб кор мекарданд. Ҳамчун роҳбар серталабу босалоҳият ва нисбат ба халқ ғамхору дилсӯз ва хоксору кордон буданд. Барои иҷро намудани ин супориш ҳамроҳи ман аз Душанбе ба шаҳри Хуҷанд муовини аввали вазири алоқа И. Усмонов омаданд. Дар фурудгоҳи Хуҷанд моро муовини раиси Комитети Иҷроияи вилояти Ленинобод, раиси Комитети Агросаноатии вилоят М. Орифов ва имомхатиби масҷиди ҷомеаи вилоят М. Мукаррамов пешвоз гирифта, ҳамроҳи мо ба шаҳри Исфара омаданд. Котиби аввали кумитаи ҳизбии шаҳри Исфара Г. Савридинова, ки дар утоқи кориашон мунтазири мо буданд, моро бо протокол шинос намуданд. Протокол аз як ҷумла иборат буда, фақат эътироф намудани заминистифодабарии ҷориро
муқаррар менамуд ва онро танҳо раиси комиссия имзо намуда буд. Аз суханони котиби аввал маълум шуд, ки аъзои комиссия бинобар ба муқаррароти протокол норозӣ буданашон аз имзо гузоштан ба протокол даст кашидаанд. Бо протоколи созиш шинос шуда, дарк намудан мушкил набуд, ки вай рӯякӣ ва яктарафа ва ба манфиати қирғизҳо тартиб дода шуда, ваҷҳу талабҳои тоҷикон ба назар гирифта нашудааст. Имзо намудани ин протокол масъалаҳои гузоштаи тоҷиконро бе баррасӣ мононда, вазъияти онҳоро бадтар намуда, сабабгори боз тезу тундшавии муносибатҳои байни тоҷикону қирғизҳо дар ин минтақа мегардид. Дар вохӯрӣ аъзои комиссия сабабҳои имзо накарданашонро ба ҳолатҳои дар боло нишондода алоқаманд намуданд. Пеш аз ҳама муқаррароти ин протокол ҳуқуқи ворухиҳоро ба заминҳои баҳсӣ қатъ мекард ва масъалаи ниҳоят вазнин, кушодани роҳи автомобилгарди мустақими Ворух – Исфараро ҳал намекард. Агар ба тартиби заминистифодабарии қирғизҳо пешниҳоднамуда розӣ шуда, протоколро имзо менамуданд, рӯирост эътирофи дар анклава мондани Ворух буд. Инчунин муҳлати иҷораи чарогоҳи тобистонае, ки қирғизҳо ба муҳлати 50 сол дода буданд, баррасӣ нагардида буд. Бинобар ин шартномаи нави иҷораро бастан ё барои чорвои исфарагиҳо чарогоҳи тобистона ҷудо кардан зарур буд. Ба ғайр аз ин бисёр масъалаҳои дигар сарфи назари комиссия шуда буд. Далелҳо ба қирғизҳо тааллуқ надоштани заминҳои худсарона ишғолнамуда ва Ворухро дар иҳотаи Қирғизистон мононданашонро тасдиқ намоянд ҳам, протокол ба онҳо гузашт кардани ин заминҳоро муқаррар менамуд
Шӯрои Олӣ гирдиҳамоӣ ташкил намуда, талаб доранд, ки протоколи комиссияи баробарҳуқуқ тартибдода дар иҷлосия тасдиқ карда нашавад. Аммо ба рӯзномаи Иҷлосияи Шӯрои Олӣ баррасӣ карда, ратификатсия кардани ин масъала дохил нашуда буд. Давоми таърихи ин протоколи комиссияи баробарҳуқуқ тартибдодаро раиси он вақтаи комитети иҷроияи шаҳри Исфара М. Исломиддинов чунин нақл намуданд: -Муҳлате пас аз гузаштани Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар шаҳри Бодканди Қирғизистон, вохӯрии роҳбарони аввали Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад. Барои дар ин вохӯрӣ иштирок намудан котиби аввали Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Қ. Махкамов ва Раиси Шӯрои вазирон И. Ҳаёев ба шаҳри Исфара меоянд. Онҳоро ба шаҳри Бодканд муовини раиси комиҷроия, раиси комитети Агросаноатии вилоят М. Орифов, котиби аввали комитети ҳизби коммунисти шаҳри Исфара Г. Савридинова ва М. Исломиддинов ҳамроҳӣ мекунанд. Дар комитети ҳизби коммунисти ноҳияи Бодканд онҳоро котиби аввали Комитети Марказии Ҳизби Коммунистии Қирғизистон Масолиев бо Раиси Шӯрои Вазирони Қирғизистон ва намояндаи Маскав котиби КМ ҲКИШ, узви Бюрои сиёсӣ Гиренко А. Н. мунтазир буданд. Гиренко аз Маскав пештар ба он ҷо омада буд. Қиёфаи онҳо баъди шабнишинии давомнок хеле хастаю шалпар менамуд. Баъди ба паси мизи машварат нишастан намояндаи марказ Гиренко А. Н, манфиатдориашро нисбат ба қирғизҳо пинҳон надошта, аз Раиси Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Ҳаёев мепурсад, ки барои чӣ протоколи комиссияи баробарҳуқуқ тартибдодаро ба имзо нарасондааст. И. Ҳ. Ҳаёев ҷавоб медиҳад, ки бо ин Ин протокол бо гузаштҳои протокол мардуми минтақа розӣ нест. Бинобар ин ба имзо расонияктарафаи зиёдаш вазъида нашуд. Гиренко баъди шунияти ниҳоят вазнини ворудани ҷавоби И. Ҳаёев бо оҳанги хиҳоро боз вазнинтар менофорам ва густохона нисбат ба кард. Бинобар ин ба қарор яке аз роҳбарони аввали Ҷумҳуомадем, ки масъалаҳои рии Тоҷикистон мегӯяд: “Агар ҳалталаби ҷойдоштаро халқатро розӣ кунонда, протоаввал ба Раиси Шӯрои ва- колро ба имзо расонида натавозирон И.Ҳ. Ҳаёев маълум ниста бошӣ, ту Раиси Шӯрои вазирон шуда кор карда наметавонӣ. намоем. Ҳамин тавр супоБа истеъфо рафтанат лозим аст”. ришро иҷро накарда, беАз ин муносибати ниҳоят дағагоҳии ҳамон рӯз ба шаҳри лу беэътиноёна нисбат ба халқи Душанбе баргаштем. тоҷик ва роҳбари воломақоми Рӯзи дигар ба назди Раиси ҷумҳурӣ И. Ҳаёев ба ғазаб омада, Шӯрои вазирон И. Ҳ. Ҳаёев даро- бо мушташ ба рӯи миз зада, аз мада, дар бораи хулосаҳоям оид ҷояш хеста ҷавоб медиҳад: ба сабабҳои аъзои комиссия ба “ Чаро ту маро бо испротокол имзо нагузоштанаш ахтеъфо метарсонӣ, ман борот додам. Шояд аз иҷро нашуаз истеъфо наметарсам, дани супориши додаашон бошад, ки И. Ҳ. Ҳаёев чеҳраашон тира омода ҳастам худи ҳозир гашта хомӯш монданд. Дар назда- ба истеъфо равам, лекин шон монданро нолозим шумори- ман ба халқам хиёнат нада, иҷозат пурсида рафтам. Пас мекунам, манфиатҳояшро аз якчанд рӯз Иҷлосияи Шӯрои намефурӯшам. Ту маро аз Олӣ баргузор шуд. Дар вақти таистеъфо натарсон”. наффуси иҷлосия, аз вакилони исфарагӣ шунидам, ки як гурӯҳ Баъди ҷавоби сазовору самимӣ исфарагиҳо дар майдони назди
ва босалоҳиятонаи И. Ҳаёев Гиренко А. Н. гӯё баъди шабнишинӣ ҳушёр шуда бошад, чӣ гуфта давом додани вохӯриро надониста мемонад. Ин тавр сурат гирифтани вохӯриро мунтазир набуданаш маълум шуд. Дар чунин гуфтугӯи роҳбарони аввали ҷумҳуриамон бо роҳбари марказ, ки рӯиросту берӯбинона оғоз шуда буд, иштирок намуданашонро муносиб надониста, М. Орифов ва М. Исломиддинов бо ҳамдигар ишора намуда, аз толор берун мебароянд. Баъди 3 соат гуфтушуниди роҳбарони аввал ба охир мерасад ва дар роҳи бозгашт И. Ҳаёев хабар медиҳанд, ки ин протокол ҳеҷ гоҳ имзо намешавад. Дар ин вохӯрии вазнину мураккаб роҳбарони ҷумҳуриамон нишон дода тавонистанд, ки протоколи созиш яктарафа тартиб дода шудааст ва талабу дархости ворухиҳоро бе баррасӣ монондааст. Бинобар ин роҳбарон дар бораи кори худашро давом додани комиссияи баробарҳуқуқ ба хулоса меоянд.
Ба туфайли ҷасорат ва иродаи қавию ҳисси ватанпарастии Раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон И. Ҳаёев дар гуфтушуниди сатҳи баланд оид ба баррасии масъалаҳои баҳсии заминистифодабарию марзӣ байни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон бори аввал муқовимат нишон дода, манфиатҳои халқи тоҷик ҳимоя карда шуд. Бояд зикр намуд, ки Протоколи комиссияи баробарҳуқуқ аз ҷониби Тоҷикистон фақат имзои раиси комиссияро дошту ратификатсия нашуда бошад ҳам, муқаррароти вайро қирғизҳо ба иҷро расонида, дар ноҳияи Конибодом хати сарҳадашонро тағйир дода, чоҳҳои нефткаширо ба ҳудуди Қирғизистон дохил намуданд.
Баъди пош хӯрдани Иттифоқи Шӯравӣ ва созмон додани комиссияи ҳукуматӣ барои ҳал намудани масъалаҳои марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон вақти зиёд гузашта бошад ҳам, дар ҳалли ин масъала ягон пешравии ҷиддӣ мушоҳида нашуда истодааст. Монеаи сангини пеши роҳи зудтар ҳалшавии ин масъаларо гирифтаистода дар бумбасти нақлиётӣ қарор доштани ҷумҳуриамон ва ягона роҳи автомобилгарде, ки Тоҷикистонро бо воситаи вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон бо
дигар ҳамсояҳои ҳамкорамон мепайвандад, мебошад. Қирғизистон дар вазъияти номусоиди коммуникатсионӣ қарор доштани Тоҷикистонро истифода бурда, ҳалли масъалаҳои марзиро мушкилу кашол дода истодааст. Беҳтарин воситаи хусумату зиддиятро бартараф ва дӯстиро мустаҳкам намуда, ҳамкориро ривоҷу равнақдиҳанда буданашро ба назар гирифта, Тоҷикистон ба ҳамсояаш бисёр гузаштҳо намудааст. Аз ҷумла дархости Қирғизистонро рад накарда, барои ноҳияҳои Лайлаку Бодкандро бо роҳи автомобилгарди мустақим пайвастан ба онҳо аз деҳаи Чоркӯҳ ба тарафи Яккауруки Қирғизистон барои роҳ кушодан иҷозат дода шуд. Ҳоло қирғизҳо ин роҳро ҳамчун роҳи дохилии худашон истифода мебаранд ва нақлиётҳои сабукраву боркаши онҳо бе санҷишу назорати сарҳадию расмиёти гумрукӣ ба ҳар ду ноҳияҳои вилояти Бодканд рафтуомад намуда истодаанд. Ё ин ки баъди моҷарою задухӯрдҳои охирин дар деҳаҳои Воруху Хоҷаи Аъло ба қирғизҳо дар заминҳои баҳсӣ сохтани роҳу пули мустақими деҳаи Оқсойро бо ноҳияи Бодканд пайваст мекардагӣ иҷозат дода шуд. Ҳоло онҳо дар ин минтақа сохтмони ин роҳро идома дода истодаанд. Сохтани ин роҳ ба қирғизҳо имконият медиҳад, ки оянда бо воситаи мавзеи Оқсою Сарёзӣ ба тарафи ноҳияи Лайлак роҳи мошингарди мавсимии мавҷудбударо тармим намуда, ҳаракати доимии нақлиёташонро байни ноҳияҳои Бодканду Лайлак барқарор намоянд. Аммо амалишавии гузашти ҳамсояҳо дар бораи кушодани роҳи мустақими деҳаи Ворухро ба шаҳри Исфара ва дигар минтақаҳо мепайвастагӣ, кашол ёфта истодааст.
Дар назар бояд дошт, ки баъди ба итмом расидани бунёди роҳи мустақиме, ки ноҳияҳои Бодканду Лайлакро тавассути Оқсой мепайвандад ва нолозим шудани роҳи ҳудуди деҳаи деҳаи Чоркӯҳро убуркунанда кушодани роҳи мустақими Ворух ва аз анклава баровардани он боз мушкилтар мегардад. Ҳизбилло ХОҶАЕВ, судяи мустаъфӣ, ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Н/И
Соли 2017- Соли ҷавонон
Паёми олими ҷавон аз Торонто
Бо назардошти он, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанду онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи миллат ва давлат мебошанд, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон шудааст. Ҷавонони мо дар дохил ва хориҷи мамлакат дар бахшҳои мухталиф таҳсил карда, соҳиби касбу ихтисосҳое шуда истодаанд, ки барои кишварамон зарур мебошанд. Яке аз чунин ҷавонони муваффақ номзади илмҳои кимиё, корманди илмии Донишгоҳи шаҳри Торонтои Канада Махсуд Саидаминов мебошад. Махсуд Саидаминов 23-юми марти соли 1988 дар оилаи Н/И
яке аз фарзандони фарзонаи шаҳри Исфара профессор Исматбой Саидаминов ба дунё омадааст. Дастпарвари литсейи рақами 1 (мактаби муаллим Азизов) мебошад. Солҳои 2003 ва 2005 дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба фанни кимиё сазовори мақоми аввал ва медали тилло ва соли 2005 дар олимпиадаи байналхалқии менделеевӣ соҳиби медали биринҷӣ шудааст. Соли 2005 ба гирифтани стипендияи Президенти ҶТ ва соли 2012 ба стипендияи Президенти Федератсияи Русия мушарраф гардидааст. Соли 2005 литсейи рақами 1-и шаҳри Исфараро бо медали тилло хатм намудаву ба факултаи кимиёи Донишгоҳи Давлатии шаҳри Маскав дохил шуда, соли 2010 онро низ бо дипломи сурх ба итмом расонида, васати солҳои 2010 - 2013 дар ҳамин донишгоҳи бонуфуз рисолаи номзадии худро ҳифз намудааст. Давоми се соли оянда дар Донишгоҳи илмӣ - технологии Шоҳ Абдуллоҳи кишвари Арабистони Саудӣ ҳамчун “Postdoc” -докторант фаъолият дошт. Ибтидо аз моҳи январи соли 2017 дар яке аз донишгоҳҳои соҳибэҳтироми шаҳри Торонтои Канада ба сифати корманди илмӣ кор мекунад.
Хабар аз "Зумрад"
Табобат + Фароғат = ...
Дар ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад» (сарвараш Абдулмумин Ҳалимов) имрӯзҳо мавсими курортӣ фаро расидаву истироҳаткунандагон ҳам хеле зиёданд. Ба гуфти сардухтури осоишгоҳ, номзади илмҳои тиб Зуҳрулло Зоидбоев дар осоишгоҳ беморон ба беш аз 40 намуди табобат фаро гирифта шудаанд. Чанде пеш барои боз ҳам беҳтар гаштани сатҳи сифати табобат ба осоишгоҳ наздик 20 намуд дастгоҳҳои замонавӣ ворид гардиданд. Fайр аз табобат барои хушу хотирмон гузаштани вақти холигии истироҳаткунандагон дар ин даргоҳ корҳои зиёд ва сомон расонида мешавад. Нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шудаасту ҳар бегоҳ барои фароғати меҳмонон чорабиниҳои гуН/И
Мизи гирд
Дар масъалаи ВНМО Дар тарабхонаи "Шоҳона" мизи гирд дар мавзӯи "Ҳамкории иҷтимоӣ баҳри беҳтар кардани хизматрасонӣ ба шахсони мубталои ВНМО (СПИД)" доир шуд. Дар он сохторҳои марбута ва ташкилотҳои ҷамъиятии дар ин самт фаъолиятдошта иштирок карда, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба беҳтар кардани вазъ ва пешгирии ин вабои аср дар байни ҷомеа, ба хусус кӯдакон ибрози назар карданд. Дар мизи гирд намояндаи Барномаи лоиҳавии ВНМО дар Тоҷикистон Б.Исмоилова ширкат ва баромад дошт. М.САТТОРОВ.
Чанде пеш Махсуд Саидаминов байни беш аз 1000 нафар довталабон мукофоти Бантинг (banting.fellowships-bources. gc.ca) - ро, ки ҳамасола ба 23 нафар олимони ҷавони бахши табиатшиносии ҷаҳон аз ҷониби ҳукумати Канада дода мешавад, дарёфт намуд. Махсуд Саидаминов муаллифи беш аз 40 мақолаҳои илмӣ мебошад, ки бархе аз онҳо дар маҷаллаҳои маъруфи илмии ИМА "Nature" ва "American Chemical Society" ба табъ расидаанд. Олими ҷавон М. Саидаминов бо беш аз 20 гурўҳҳои илмии дунё, аз қабили гурўҳҳои илмӣ дар Оксфорд, Ноттрдам, Торонто, MIT (ИМА), ЕTH (Сюрих, Шветсария) ҳамкориҳои зич дорад. М. Саидаминов якум шуда ҳалшавии баръакси перовскитҳоро дар маҳлулкунандаҳои гуногун муайян карда, дар асоси он роҳи нави кристалликунонии перовскитҳоро кашф намудааст. Ин кашфиёт 5 мақолаи илмиро дар бар гирифтаву роҳи нави кристаликунонии мазкурро имрўзҳо гурўҳҳои илмии беҳтарини дунё истифода мебаранд. Кашфиёти мазкур барои такмили батареяҳои офтобӣ басо муҳим мебошад. Кашфиёти дигари М. Саидаминов сорбенти магнитии нефт мебошад, ки дар ҷамъ-
НАСИМИ ИСФАРА
оварии нефти дар пайи садамаҳои гуногун ба дарёву кўл ва баҳру уқёнусҳо роҳ ёфта зарур мебошад. 1 грамм сорбенти кашфкардаи Махсуд Саидаминов метавонад то 80 грамм нефтро аз об ҷудо намояд. Боз як кашфиёти ин олими ҷавони исфарагӣ фотодетектори нави ҳассосе мебошад, ки дар истеҳсоли дастгоҳҳои аксбардории бидуни батарея коркунанда корбаст карда мешавад. Дар поёни суҳбат пас аз он, ки аз нияти мо дар хусуси таълифи маводе барои рўзнома огаҳӣ ёфт, Махсуд эҳтиромона хоҳиш кард, ки хизматҳои нафарони ўро ба дарёфти роҳи дурусти зиндагӣ, ба роҳи илму дониш ҳидоятнамуда падари шодравонаш Исматбой Саидаминов, модари ғамхору меҳрубонаш Мутаҳҳар Саидаминова ва устодони сахтгиру дилсўз Абдулафиз Азизову Абдуваҳҳоб Қориевро ҳатман зикр намоем. Алъон Махсуд Саидаминов дар шаҳри Торонтои кишвари Канада ҳамроҳи ҳамсараш Нозанин ва фарзандаш Амир зиндагӣ мекунад. Зимни суҳбати кўтоҳе бароямон дарёфтан мушкил набуд, ки Махсуд аз дастовардҳо, роҳи интихобкардаи ҳаётӣ, аз орзуву ормонҳои дар дил дошта ва умуман аз зиндагии худ розӣ аст ва аз фардо низ умедҳои зиёд дорад. Имрўз барои Тоҷикистон маҳз чунин ҷавонон лозиманд. Н. ХУДОЙБЕРДИЕВ.
Н/И
02. 08. 2017
Дар ҷавонӣ саъй кун, гар бехалал хоҳӣ амал, Мева бенуқсон бувад чун аз дарахти навбар аст.
№ 29
4
Ахбори судӣ
Гунаҳгор дар пардохт накардани алимент Сокини деҳаи Ворух Диловар Решаев бо Бисаида Решаева соли 1999 оила барпо намуда, соҳиби се фарзанд гардид. Аз сабабҳои муноқишаҳои оилавӣ ва якдигарнофаҳмӣ соли 2014 онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Мутобиқ ба ҳалномаҳои судӣ Диловар Решаев мебоист ба фарзандонаш алимент медод. Аммо Д. Решаев бе сабабҳои узрнок аз пардохти алимент барои таъминоти фарзандони хурдсолаш барқасдона саркашӣ кард, ки қарзи ӯ то 12 июни соли 2017 4810 сомониро ташкил дод. Суди шаҳр Решаев Диловарро, ки дар рафти баррасии парванда зарари расонидаашро пурра барқарор намудааст, бо моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 120 соат ва дар як рӯз на зиёда аз чор соат таъин кард.
Дуздӣ дар мастӣ Шавкат Хабибулин, сокини шаҳраки Шӯроб, ки қаблан чор маротиба суд шудааст, дар ҳолати мастӣ даст ба дуздӣ задааст. Ӯ ба назди хонаи Оромиддин Ҳамдиддинов рафта, аз набудани соҳиби хона истифода карда, 8 адад кӯрпаҳои якхела бо арзиши 3000 сомонӣ, як адад қолини ранга бо арзиши 300 сомонӣ ва дигар ашёи рӯзгорро ба яғмо бурдааст, ки маблағи умумии он 3700 сомониро ташкил медиҳад. Суд Ҳабибулин Шавкатро бо моддаи 244 қисми 2 бандҳои “а,в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомашон сахтро таъин намуд. А. РАҲИМЗОДА, судяи суди шаҳр.
ногун бо дараҷаи баланд ва иштироки васеи истироҳаткунандагон барпо мегарданд. Чунончӣ таи чанд ҳафтаи охир истироҳаткунанИҷрочиёни суди шаҳри Исфара дар дагон аз вохӯрӣ бо шоир Элмурод Турсунов, Ҳунармандони Халқии Тоҷикистон Сайрам Исоева, асоси истеҳсолоти иҷроиши № 85/2 Гулсара Абдуллоева, Дилбар Умарова ва гурӯҳи аз 9 январи соли 2017 музоядаи ом«Лаҳзаҳои гуворо» Зулфия Тӯйчиева, собиқадори мавӣ оид ба фурӯши озоди амволи соҳаи матбуот Бобоҷон Наврӯз бархӯрдор шуда, ба ҳабсгирифта - хонаи истиқоматии аз тамошои базми ханда ва иштироки театр-сту- воқеъ дар шаҳри Исфара, ҷамоати дияҳои «Коно ва Доно», «Fарибшо-компания», ба- деҳоти Хонобод, деҳаи Яккачинор, ромади санъаткорон Меҳрубони Равшан, Хосият кӯчаи Тоҷиев, ҳавлии 22, ки ба қарзҚодирова, Латофат Қаҳҳорова, Анварҷон Эргашев дор Кенҷаева Наргиза тааллуқ дорад, эълон менамоянд. ғизои маънавӣ бардоштанд. Нархи ибтидоии манзили истиқоFайр аз ин чанде пеш ба осоишгоҳ микроавтобуматӣ: 85410 (ҳаштоду панҷ ҳазору си «Мерседес-Спринтер» харидорӣ гардид, ки бо воситаи он истироҳаткунандагон аз ҷойҳои таъ- чораду даҳ) сомонӣ; Вақти баргузорӣ: 8 августи соли рихӣ боздид ба амал оварданд. Мухтадил ҶӮРАЕВ, роҳбари Аз сабаби гум шудан бахши фарҳанги ҶСК «Осоишгоҳи Зумрад».
Диққат, музояда!
2017. соати 10.00. Ҷойи баргузорӣ: утоқи кории иҷрочиёни суди шаҳр дар маркази адлия. Шахсони дар музояда иштирок менамуда се рӯз пеш аз оғози музояда 5 фоиз аз маблағи ибтидоӣ ба депозити иҷрочиёни суд, ки дар “Амонатбонк”-и шаҳри Исфара мебошад, супорида, бо расид оиди пардохти маблағ метавонанд дар музояда ширкат намоянд. Маълумоти иловагиро тавассути иҷрочиёни суди шаҳри Исфара, ки дар бинои маркази адлия ҷойгир мебошад, гирифта метавонед. ИҶРОЧИЁНИ СУДИ ШАҲР. додааст.
*** Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Дар шаҳри Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи А № 248248, ки МТМУ № 8 соли хоН/И Варзиш Костонайи Т-ШТУ № 0259654, ки МТМУ № 39 ниши 1994-1995 ба Валиева ГулсаҶумҳурии Қасоли хониши 2008-2009 ба Сангинов ра Абдухолиқовна додааст. *** зоқистон муСубҳон Заҳридинович додааст. Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи собиқаи бай*** налмиллалӣ Шаҳодатномаи маълумоти миёнаи Т-ШТУ № 0261547, ки МТМУ № 14 А № 358973, ки МТМУ № 49 соли хо- соли хониши 2008-2009 ба Абдулҷиҳати гиромидошти хотираи пиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниши 1988 ба Азизова Илтифотхон лоев Шарофҷон Ҳусенбоевич додааст. неки ноиби ҳам унвони чемпиони Ҷумҳурии додааст. *** * * * президентҳои Қирғизистонро мушарраф гардиШаҳодатномаи маълумоти миёнаи Шаҳодатномаи маълумоти асосии федератсияи бокси вилояти да буд. Костонай Орал ва Корган Айте- Ногуфта намонад, ки А.Ҳоми- Т-АТА № 0084750, ки МТМУ № 13 А № 100832, ки МТМУ № 6 соли хосоли хониши 2013-2014 ба Ашӯрма- ниши 1992 ба Самадов Неъматулло новҳо баргузор гардид. дов хонандаи синфи 11-и МТМУ тов Мансурҷон Исмоилҷонович Саъдуллоевич додааст. Дар ин қувваозмоӣ дар ҳайати № 1-и шаҳр мебошад. *** додааст. дастаи вилояти Суғд дастпарва- Мураббиён ва варзишгарон ба Шаҳодатномаи маълумоти асосии *** ри мактаби варзишии № 1-и шаҳр роҳбари тарабхонаи "Меҳрубон", А № 206347, ки МТМУ № 12 соли хоШаҳодатномаи маълумоти асосии Абдуҳомид Ҳомидов (мураббиё- соҳибкори инфиродӣ Сўҳроб Ханаш Набихон Валиев ва Равшан лифаев ва сардори роҳи оҳани № 201507, ки МТМУ № 1 соли хони- ниши 1993 ба Самадов Фирӯз Ҷаши 1968 ба Ибрагимова Мавлуда нобиддинович додааст. Ҳакимов) ширкат варзида, дар
эътибор надоранд
Медали биринҷии Абдуҳомид
вазни 64 килограмм мақоми ифтихории сеюмро соҳибӣ кард. Лозим ба зикр аст, ки А. Ҳомидов cоли гузашта ҳам унвони че-
«НАСИМИ ИСФАРА» МУАССИС: МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ИСФАРА САРМУҲАРРИР Абдумуталиб ШАРИФОВ
шаҳр Абдулазиз Почоев барои кўмаку дастгирӣ ҷиҳати ширКулли кормандони КШ ТҶММ-и Исфара ба собиқ раиси ин ташкилот Одикат дар мусобиқаи басо муҳиму лов Ҳасанбой нисбати вафоти фарзандашон собиқ корманди ҳамин ташкилот шавқовар изҳори ташаккур меку- ОДИЛОВ ҲАКИМБОЙ ҳамдардӣ баён намуда, дар ин рӯзҳои мусибат ба аҳли нанд. оила ва наздикони онҳо аз даргоҳи Худованд сабру тасаллият мехоҳанд.
Ҳайати эҷодӣ: Субҳиддин САЙФИДДИНОВ, Владимир МАРТИНЕНКО, Набиҷон ХУДОЙБЕРДИЕВ. Рӯзнома таҳти рақами 002/РЗ дар Вазорати фарҳанги ҶТ номнавис шудааст.
Рӯзнома ба хотири гуногунандешӣ маводеро низ чоп мекунад, ки хилофи назараш мебошад. Масъулияти маводи чопшуда ба дӯши муаллифон вогузор аст. Матолиби рӯзномаи «Насими Исфара»-ро дигар васоити ахбори омма бо нишондoди манбаъ метавонанд истифода баранд. Дар ҶДММ "Набӣ Фахрӣ" чоп шудааст. Супориши № ____________ Адади нашр: 4700.
www.nasimisfara.info
Нишонӣ: ш. Исфара, кӯч. Марказӣ 10. Телефонҳо: 2-49-73; 2-44-57. Еmail: nasimiisfara@mail.ru
Масъули шумора: Н. ХУДОЙБЕРДИЕВ. Ҳуруфчин: М. ҚУРБОНОВА. Иҷозат ба чоп: 01. 08. 2017.