29 2016

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

Оғози нашр 24/04/1932

НАСИМИ

www.nasimisfara.com

***

№ 29 (9164)

ИСФАРА

***

Чоршанбе,

10 августи соли 2016

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Дастаи "Навгилем" барандаи Ҷом Дар мусобиқаи футбол барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳр 12 даста қувваозмоӣ намуда, дар давраи ниҳоӣ бозӣ байни дастаҳои "Навгилем" ва "Чорқишлоқ" доир шуд.

Нахустин шуда ҳисобро дар қисмати аввали бозӣ футболбозони дастаи «Чорқишлоқ» кушоданд. Нимаи дуюми вохўрӣ бо ҳуҷумҳои пай дар пайи футболбозони «Навгилем» оғоз гардид. Онҳо то охири бозӣ фаъолнокии бештар нишон дода, ба дарвозаи ҳарифони худ ду тўби беҷавоб заданд. Ҳамин тариқ, вохўрии ин дастаҳо, ки хеле шавқовар сурат гирифт, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи «Навгилем» анҷом ёфт. Раиси федератсияи футболи Исфара, раиси шаҳр Расулзода Дилшод Ҷабборӣ дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони мусобиқа – футболбозони дастаи «Навгилем» Ҷом ва тўҳфаҳои хотиравиро супурд.

Футболбозон Парвиз Зокиров аз дастаи "Навгилем" дарвозабони беҳтарин, Аббос Мамадҷонов аз дастаи "Чорқишлоқ" ҳимоятгари беҳтарин, Акмал Мирзоев аз дастаи "Чорқишлоқ" ҳамлагари беҳтарин ва Дадахон Восидов аз дастаи "Навгилем" нишонзани беҳтарин дониста шуданд. Бозии мазкур ба ифтихори 25солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони футболи хурди ҳудуди гулбоғи ба номи Сайфи Исфарангӣ гузаронида шуда, бино ба суханони сардовари мусобиқа, намояндаи федератсияи футболи Тоҷикистон Абдуваққос Воҳидов мусобиқа байни 12 дастаҳои беҳтарини футбол як моҳ идома дошт.

Оби нӯшокӣ ба Сомониён Ба истиқболи 25солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонаҳои истиқоматии сокинони шаҳраки Сомониён кашидани хатти оби нӯшокӣ оғоз гардид.

Дар маросими шурӯи корҳо муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ баромад намуда, аҳамияти бунёди хати нави обро тазаккур дод. Лозим ба зикр аст, ки хати

об аз ҳавзи захиравӣ, ки соли 2015-ум дар доираи бунёди хати оби Навобод – Сомониён – Моҳпарӣ сохта шудааст, то иқоматгоҳҳои аҳолӣ бо қубури қутраш 125 миллиметра ба масофаи беш аз 9 ҳазор метр кашида мешавад. Ҳоло корҳо бо тариқи ҳашар, бо ҷалби 1 адад экскватор аз ҳисоби идораи обтаъминкунӣ ва канализатсия ва 2 адад трактор аз ҳисоби сокинон ҷараён дошта, интизор меравад, корҳои лоиҳавӣ то санаи 9-уми сентябр ба анҷом мерасад.

Дар озмуни мазкур намояндагони 12 марказҳои таълимӣ – истеҳсолии атласу адрасбофӣ ширкат варзиданд. Мувофиқ ба низомномаи озмун ғолибон дар 4 бахш муайян карда шуданд. Дар бахши «Бофандаи моҳир» намояндаи ҷамоати деҳоти Кӯлканд, дар бахши «Сифати беҳтарини адраси дастӣ» намояндаи ҷамоати деҳоти Навгилем, дар бахши «Нақши беҳтарин, ҳалли тобиш ва обу ранги дастӣ» намояндагони ҷамоатҳои деҳоти Сурх ва Лаккон ва дар бахши асосӣ - «Адрасбофи беҳтарин» намояндаи ҷамоати деҳоти Хонобод ғолиб дониста шуданд. Пирӯзёрони бахшҳои «Бофандаи моҳир» ва «Адрасбофи беҳтарин» ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд. Дар давраи дуюми озмун, ки дар Кохи Рўдакии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, 40 нафар ғолибони даври аввал аз тамоми шаҳру навоҳии вилояти Суғд барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ мубориза бурданд. Тибқи хулосаи ҳакамон соҳиби Шоҳҷоиза ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 ҳазор сомонӣ Муҳайё Юсупова бонуи ҳунарманд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дониста шуд. Намояндаи шаҳри Исфара Мунира Охонова аз ҷамоати деҳоти Кӯлканд дар шарти «Бофандаи моҳир» ҷойи дуюмро сазовор ва соҳиби 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гардид. Бонуи ҳанарманд аз

Таҳти сарварии муовини раиси шаҳр Таборакхон Файзуллоева ҷаласаи шӯрои занон баргузор гардид.

Дар он мудири шӯъбаи кор бо занон ва оила Г. Ҳамроева оид ба фаъолияти нимсолаи аввали соли равон гузориш пеш овард. Сипас Г. Савриддинова, Қ. Абророва ва Г. Бобоева оид ба масъалаҳои фарогирии духтарон ба зинаи сеюми таҳсил, таъмини шароитҳои созгор барои дохилшавии духтарон ба макотиби олӣ ва вазъи бо кор таъмин намудани духтароне, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил намудаанд, изҳори назар

Дар доираи ҳафтаи умумиҷаҳонии «Ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» дар маҷмааи «Ҷаҳони нав» таҳти унвони «Синамаконӣ — калиди рушди устувор» ҳамоиш баргузор гардид.

"Адрасбофи беҳтарин" ва грантҳои раиси вилоят

Бо мақсади тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матоъҳои атлас ва адрас, дарёфти беҳтарин ҳунармандони санъати дастии адрасбофӣ, бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарон ва ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни бонувони ҳунарманди шаҳру деҳоти Исфара озмуни «Адрасбофи беҳтарин» гузаронида шуд.

ҷамоати деҳоти Хонобод Гулсун Ғаффорова бошад, бо Сипосномаи раиси вилоят ва як адад дастгоҳи адрасбофӣ қадршиносӣ карда шуд. Ҳамзамон дар ин рӯз дар маркази вилоят маросими ба бонувони соҳибкор супоридани грантҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баргузор гардид. Чорабинии мазкур тибқи қарори раиси вилоят аз 29-уми январи

соли 2016 «Дар бораи таъсиси грантҳо барои дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ» сурат гирифт, ки дар ҷараёни он соҳибкор Карима Қозиева аз ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ва Муҳаббат Исмонова аз ҷамоати деҳоти Навгилем ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ барои гирифтани грантҳои раиси вилояти Суғд шарафёб гардиданд.

Шӯрои занон: аз маъракаороӣ то таҳсили духтарон карданд. Қайд карда шуд, ки то имрӯз 92 фоизи хатмкунандагони синфи 9 аз ҷумлаи духтарон ба идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ фаро гирифта шудаанду 19 нафар духтарони тибқи квотаи президентӣ дар макотиби олӣ таҳсил доранд. Мудири бахши кор бо дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои

Ҳамоиш дар "Ҷаҳони нав"

намуданд. Ҳамчунин дар рафти чорабинӣ озмуДар раванди он ба фарзандони хурд- ни «Ҳуҷраи беҳтарини модару кӯдак» соли кормандони соҳаи тандурустӣ им- ҷамъбаст карда шуд, ки мувофиқ ба кон дода шуд, ки байни ҳам дар бахши баҳогузории аъзои ҳакамон ҷойи аввал расмкашӣ дар мавзӯи «Оила» сабақат ба шӯъбаи амрози дохилаи беморхонаи намоянд. Ҳамчунин байни 20 шӯъбаҳои марказӣ дода шуд. Зинаҳои минбаъдаи беморхонаи марказии шаҳр озмуни ове- ифтихориро мувофиқан шӯъбаи бемозаҳо дар мавзӯи «Ҳимояи ғизодиҳии риҳои кӯдакона ва шӯъбаи бемориҳои табиии кӯдакон» баргузор гардид, ки сироятии кӯдакона ишғол карданд. Ғодар он қисми навзодони таваллудхона либони озмунҳои мазкур ва кӯдакони соҳиби мақоми аввал, шӯъбаи амрози дар расмкашӣ фаъолнокии бештар дил ҷойи дуюм ва шӯъбаи бемориҳои зоҳир намуда, бо Сипоснома ва тӯҳдавраи навзодӣ зинаи сеюмро ишғол фаҳои хотиравии маъмурияти беморхо-

миллӣ Обидбой Аҳмадов бошад, изҳор дошт, ки дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот маъракаороӣ ба эътидол омада бошад ҳам, дар маҳаллаҳои маркази шаҳр маҳз дар пайи бемасъулиятии бонувони саркор барпо намудани маъракаҳои серхароҷот идома доранд. Дар фарҷом муовини раиси шаҳр, раиси шӯрои занон Т.Файзуллоева вазифаи аъзоёни шӯроро ба давраи минбаъда муайян намуд.

наи марказии шаҳр сарфароз гардонида шуданд. Ба ҳамоиши мазкур суруду таронаҳои дилнишини санъаткорони шинохтаи диёр аз ҷумлаи Зокирҷон Обидов, Нигина Ассомаддинова, Фотима Ашӯрова ва дигарон ҷилои тоза бахшиданд. Дар доираи ҳафтаи умумиҷаҳонии «Ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» аз ҷониби пизишкони беморхонаи марказии шаҳр дар байни модарони ҷавон сӯҳбату вохӯриҳо доир сохта шуда, дар рӯзномаи шаҳрии «Насими Исфара» силсилаи маводҳо ва дар телевизион ва радиои Исфара баромади духтурон нашру пахш гардиданд. Дар байни аҳолӣ оид ба афзалиятҳои ширдиҳии пистонӣ 100 адад ва оид ба ғизои солим 150 адад буклетҳо паҳн карда шудаанд.


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.