29 2015

Page 1

Хештанро хайр хо[b, хайрхо[и халr бош!

НАСИМИ

Оғози нашр 24 апрели соли 1932 ***

ИСФАРА

№ 29 (9110) ***

Чоршанбе, 17. 06. 2015.

НАШРИЯИ МАRОМОТИ ИXРОИЯИ {ОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ША{РИ ИСФАРА

Ифтитохи маркази хизматрасони ва хатнасури 20 писарбача Бо ширкати раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир дар маркази шаҳр дар доираи тадбирҳои тарҳрезигашта ба истиқболи Рӯзи Ваҳдати миллӣ маркази хизматрасонии «Абдуворис» ба истифода дода шуд.

Р

аиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир зимни муборакбодӣ ёдоварӣ шуд, ки қаблан дар ин мавзеъ иншооти кӯҳнасохту истифода-

нашавандае ҷойгир шуда буд ва онро соҳибкорон - бародарон Абдуқаҳҳор ва Абдувоҳид Қаҳҳоровҳо бо мусоидати роҳбарияти шаҳр ва нияти неки

созандагӣ хусусӣ гардонида, барои ободониаш камари ҳиммат бастанд. Бинокорони ҶДММ “Оро” мувофиқи лоиҳаи омодасохтаи меъмори ҳунарманд Шарифҷон Маҷидов санаи 8 августи соли 2014 корҳои сохтмонӣ ва азнавсозии иншоотро оғоз карда, тавонистанд, ки дар мӯҳлати 10 моҳ бо харҷи 230 ҳазор сомонӣ маблағ онро бо тарҳу намуди муосир бунёд намоянд. Марказ аз бинои замонавии дуошёна иборат буда, дар ошёнаи якум толори хурд, қабулгоҳи меҳмонон, ошхона ва нуқтаҳои хизматрасонӣ, дар ошёнаи дуввум толори баргузории ҷашну маъракаҳо ҷойгир шудаанд. Ба шарофати ифтитоҳёбии маркази хизматрасонии «Аб-

Имкониятхо бояд истифода шаванд

Раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир кормандони Барномаи Рушди СММ – мушовири иқтисодии идораи минтақавии Барнома Дилафрӯз Мавлонова ва мутахассиси ҳамин идора оид ба идоракунии маҳал дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани шароити зисти аҳолии 9 навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Хукумати Федератсияи Русия дастгирӣ карда мешавад, ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот ва сӯҳбатҳои муфид ҷонибҳо тадбирандешиҳои ло-

иҳавиро, ки се соли минбаъда роҳандозӣ хоҳанд шуд мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамзамон имконияти амалигардонии силсилаи лоҳиаҳои иҷтимоии иловагӣ ва ва самтҳои ҳамкориҳои минбаъдаро муҳокима намуданд. аҳрдори Исфара Зоҳидзода Даврони Абдуқодир аз масъулини соҳаҳои кишоварзӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, ҳолатҳои фавқулодда, бахши сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, кумитаи рушди иқтисод, касбомӯзонӣ ва назорати байто-

Ш

Ифротгарои: тахдид ба чавонон

М

увофиқ ба нақшаи кории МИМҲД ва тибқи дастуру супоришҳои раиси шаҳр Зоҳидзода Даврони Абдуқодир имрӯзҳо дар партави мулоқоти Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуфи Аҳмадзод бо фаъолони Исфара гурӯҳҳои корӣ бо сокинони маҳалҳои мухталифи шаҳру деҳот мулоқот менамоянд. Дар ин росто дар маҷлисгоҳи МИМҲД бо ширкати намояндагони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, дигар ҷомеаҳои меҳнатӣ ва кумитаи маҳаллаҳо ҷамъомад баргузор гардид, ки дар ҷараёни он сармуҳаррири рӯзномаи «Насими Исфара» Абдумуталиб Шарифов ва сарвари ташкилоти ҷамъиятии «Шото» Сулаймонхон

Султонов баромад намуда, вобаста ба масъалаҳое, ки зимни ташрифи Прокурори генералӣ ба Исфара мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддӣ қарор дода шуда буданд, изҳори назар карданд. Абдумуталиб Шарифов зимни суханронӣ иллати чунин зуҳуроти номатлубро чун пайомади бехабарии нобахшидании волидайн аз аҳволи руҳиву равонии фарзандон, каммаърифативу камсаводии аҳли ҷомеа ва зудбоварии ҷавонони тоҷик арзёбӣ намуд. Ҳамзамон ишора бар он карда шуд, ки ғолибан тарғиботчиёни ақидаҳои террористиву экстремистӣ фаъолияти худро дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ба таври густурда ба роҳ гузоштаанд, ки назорату пайгирии онҳо дар ин фазои барои ҷавонон маҳбуб

дуворис» 15 нафар сокинони шаҳр соҳиби ҷойи кори доимӣ гаштаанд ва бино бар суханони соҳибмулконаш дар ояндаи наздик шумораи кормандони он ба маротиб меафзояд. Раиси шаҳр бунёди ин маркази зебои хизматрасониро натиҷаи ҳамкории судманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо бахши хусусӣ арзёбӣ намуд. Нафаре чанд аз соҳибкорони муваффақи шаҳр, ки айни замон дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ дошта, дар раванди маросими ифтитоҳёбии иншооти мазкур ба ҳайси меҳмон ҳузур доштанд, омодагии худро ҷиҳати сармоягузорӣ барои бунёди иншоотҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ва ба ин васила вусъат бахшидани раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ дар Исфарамарз изҳор намуданд. Амали хайри дигаре, ки дар раванди ҷамъомад анҷом дода шуд, баргузории тӯйи суннатӣ ё худ хатнасури 20 нафар писарбачаҳо аз оилаҳои камбизоати шаҳр аст. Шаҳрдори Исфара ҳамзамон бо шодбошгӯйии самимонаи соҳибҷашнон ба ҳар яке аз писарбачаҳо тӯҳфаҳои тӯёна тақдим намуд. "МИТ".

рии давлатӣ супориш дод, ки бо тезӣ лоиҳаҳоро дар иртибот бо масоили ҳаллашон аввалиндараҷа, ки дар Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Исфара барои солҳои 2013 – 2017 пешбинӣ шудаанд, пешниҳод намоянд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои самаранок ва бомуваффақият амалӣ гардонидани тадбирҳои лоиҳавӣ бо истифода аз ҳама воситаву имкониятҳо ҷаҳду талош хоҳанд кард. "НИ".

басо кори душвор аст. Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Шото» Сулаймонхон Султонов, сарвари Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим Ҳокимҷон Сафаров ва чанде дигарон дар навбати худ вобаста ба роҳу усулҳои ҳифзи ҷавонон аз гаравиш ба гурӯҳҳои ифротӣ изҳор назар карданд. Дар ҷараёни нишаст ба таври хоса таъкид карда шуд, ки роҳи ягона ва наздики решакансозии ақидаҳои террористиву экстремистӣ дар ҷомеа ин тақвият бахшидани умури таълиму тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ, эҳтиромгузорӣ ба соҳибихтиёриии милливу давлатӣ, фароҳамсозии шароити созгори бештар ба таҳсилу кори ҷавонон ва баландбардории дарки масъулияти шаҳрвандӣ дар ҷомеа мебошад. "НИ".

Омодаги ба чашн Дар бошишгоҳи саҳроии “Кишоварзони Навгилем” таҳти раёсати муовини аввали раиси шаҳр Содирхон Қосимӣ ситоди омодагӣ ба баргузории Рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.

Д

ар он С. Қосимӣ вобаста ба арзишмандии Ваҳдати миллӣ ва ҳампояи истиқлолияти давлатӣ будани он ҳарф зада, дар назди ҳозирин вазифаҳои иҷроишашон ҳатмиро то санаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ гузошт. Қайд гардид, ки санаи 20 июн дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара шанбегии умумихалқӣ доир карда мешаваду аёдати собиқадорони меҳнат ва оилаҳои ниёзманд дар арафаи ин санаи фархунда роҳандозӣ мегардад. Бояд ҳар як муассисаву корхона новобаста аз шакли моликият баҳри таҷлили хотирмони ин сана ва насби шиору овезаҳо омодагиҳо бинад. Инчунин то рӯзи 25 июн бояд бошишгоҳи саҳроии “Кишоварзони Навгилем”, ки ҷойи баргузории тантанаҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Исфара интихоб гардидааст, ҳаматарафа тайёр бошад. Сипас Т.Файзуллоева, муовини раиси шаҳр, Файзиддинов С., раиси хоҷагии “Кишоварзони Навгилем”ва А.Абдусатторов раис МНДРА-50 мулоҳизаҳои худро баён намуданд. "НИ".

Дар Хонобод сохиби чойи кор шуданд Бо мақсади бо корҳои доимиву мавсимӣ таъмин намудан ва ба касбомӯзӣ ҷалб кардани бекорон дар ҷамоати деҳоти Хонобод ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ баргузор гардид.

Б

ино ба иттилои сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр Нурилло Қурбонов дар ҷараёни чорабинии мазкур аз ҷониби корхонаву ташкилот ва муассисаҳо ба интихоби корҷӯяндагон 356 адад ҷойҳои холии корӣ пешниҳод кардаанд ва 7 нафар бекорон ба корҳои доимиву мавсимӣ роҳхат гирифтаву 24 нафари дигар худро дар курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзии «Филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» номнавис намудаанд. Дар рафти чорабинӣ

вобаста ба механизмҳои давлатии бо кор таъминкунӣ, бо касбомӯзӣ фаро гирифтани аҳолӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ ва адрасу атласбофӣ, пешгирии қонуншиканиву ҷинояткорӣ ва зуҳуроти дигари номатлуби ҷомеа изҳори назар карда шуд. Бояд тазаккур дод, ки дар давраи сипаригардидаи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара 7 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ баргузор гардида, дар натиҷаи онҳо 58 нафар бо ҷойи кори доимӣ, 43 нафар бо корҳои мавсимӣ ва 1134 нафар бо роҳхатҳо ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ таъмин гардиданд. Ҳамчунин дар ин рӯз дар ҷамоати деҳоти Хонобод ба 18 нафар бонувони маҳаллӣ, ки курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро дар бахшҳои қолинбофиву пазандагӣ хатм кардаанд, шаҳодатномаҳои тахассусӣ дода шуданд. "НИ".


Turn static files into dynamic content formats.

Create a flipbook
Issuu converts static files into: digital portfolios, online yearbooks, online catalogs, digital photo albums and more. Sign up and create your flipbook.